Все записи автора admin

Интиқоди Amnesty International аз Тоҷикистон

[b]Aфви Байналмилал дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро танқид кард, ки соли гузашта низ ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоштааст.[/b]

Дар гузориши Вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2010 омадааст, дар он сол аз Тоҷикистон ҳамчунон доир ба бадрафтории мақомоти интизомӣ бо боздоштшудагон ва азияту шиканҷаи зиндониён гузоришҳо мерасиданд. Матбуоти мустақил ҳамчунон барои интиқоди ҳукумат мавриди таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифт ва мавориди зӯровариву латукӯби занон камтар нашуд.

Намояндагони созмони Авфи Байналмилал, мақараш дар Ландан, барои ошноии наздик ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи март ба кишвар сафар кардаанд ва ҳамон вазъеро дидаанд, ки соли 2009 низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд.

[b]Матни пурраи маводро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=57]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=57[/url]

Источник:

Интиқоди Amnesty International аз Тоҷикистон

[b]Aфви Байналмилал дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро танқид кард, ки соли гузашта низ ба ҳуқуқи инсон эҳтиром нагузоштааст.[/b]

Дар гузориши Вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон дар соли 2010 омадааст, дар он сол аз Тоҷикистон ҳамчунон доир ба бадрафтории мақомоти интизомӣ бо боздоштшудагон ва азияту шиканҷаи зиндониён гузоришҳо мерасиданд. Матбуоти мустақил ҳамчунон барои интиқоди ҳукумат мавриди таъқибу таҳдиди мақомот қарор гирифт ва мавориди зӯровариву латукӯби занон камтар нашуд.

Намояндагони созмони Авфи Байналмилал, мақараш дар Ландан, барои ошноии наздик ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон моҳи март ба кишвар сафар кардаанд ва ҳамон вазъеро дидаанд, ки соли 2009 низ дар Тоҷикистон мушоҳида мешуд.

[b]МАВОРИДИ НАҚЗИ ҲУҚУҚИ БАШАР[/b]

Анна Зандер Плазмман, як масъули Авфи Байналмилал дар умури Осиёи Марказӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, созмон аз он бисёр нигарон аст, ки дар Тоҷикистон ҳамчунон мавориди шиканҷаву азияти маҳбусон ва беҷазо мондани масъулони ин гуна ҷиноятҳо ба чашм мерасад. “Соли гузашта низ мо пайваста доир ба азияту шиканҷа ва дигар бадрафториҳо аз тарафи маъмурони ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон гузориш дарёфт мекардем. Таҷрибаи боздошт ва то ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ дар инзиво нигаҳ доштани муттаҳам дар байни ниҳодҳои интизомӣ роиҷ аст, ки ин хатари азияту бадрафторӣ бо боздоштшударо бештар мекунад. Соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон ҳамчунон эътирофоти ҳосилшуда таҳти шиканҷаро ба ҳайси далел ба инобат мегирифтанд. Ҷабрдидаҳо аз тарси зӯроварӣ аз тарафи кормандони маъмурони интизомӣ бисёр кам шикоят мекарданд. Беҷазо мондани кормандони бадрафтор ҳам як расм аст.”

Созмони Авфи Байналмилал, қазияи Неъматулло Бӯтақозиев, як шаҳрванди ӯзбактабори Қирғизистонро мисол овардааст, ки соли гузашта дар Тоҷикистон дастгир ва ба гуфтаи худаш аз тарафи маъмурони амниятӣ шиканҷа шуд. Бӯтақозиевро дар ниҳоят аз Тоҷикистон ихроҷ карданд, ки сипас додгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон ӯро аз боздошт раҳо кард. Созмони Авфи Байналмилал ҳамчунин қазияи Илҳом Усмонов, як сокини ноҳияи Хуҷандро мисол овардааст, ки 3-юми ноябр бо иттиҳоми таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ боздошт шуда ва 9 рӯз ҳаққи муошират бо касеро надоштааст ва дар он рӯзҳо ӯро ба нерӯи барқ монда ва ба баданаш оби доғ рехтаанд. Иддаое, ки ба гуфтаи додситонии Хуҷанд дурӯғ аст.

[b]ВАЗЪИ НАЧАНДОН ХУБИ МАТБУОТ[/b]

Созмони Авфи Байналмилал сипас ба вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон пардохтааст, ки ба гуфтаи созмон, ҳоли чандон хубе надошт. Анна Зандер Плазманн ба Радиои Озодӣ гуфт, расонаҳои мустақил барои интиқоди ҳукумат таҳти таъқиб қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, Авфи Байналмилал мехоҳад, то он банди Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ки хабарнигорони тоҷикро аксар вақт аз гуфтани воқеъияту ҳарфи ҳақ метарсонад, лағв шавад. “Ба эътиқоди Авфи Байналмилал, давлати Тоҷикистон бояд он банди қонунро, ки барои тавҳину бӯҳтон ҷазо муқаррар кардааст, лағв намояд. Мо ҳамчунин ба ин боварем, ки бояд ҳеҷ хабарнигорро барои ҳаққи озодии андешаву баёнаш ба додгоҳ накашанд. Дар робита ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, бояд тазмин дода шавад, ки ҷазо беш аз ҳад сахт набошад ва ҳам ҷазо барои он набошад, ки хабарнигор аз ҳаққи худ, яъне озодии ақидаву баён истифода кардааст. “

Соли гузашта, муҳаррирону хабарнигорони чандин рӯзномаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Озодагон”, “Миллат”, “Азия Плюс”, “Нигоҳ”, “Фараж”, “Пайкон” рӯзҳои худро дар муҳокимаҳои додгоҳӣ кӯр карданд, ки даъвогарон ҳам дар он додгоҳҳо мақомоти расмии Тоҷикистон буданд ва моҷароҳои баъзе аз онҳо то кунун идома дорад. Дар идомаи гузориши худ доир ба вазъи ҳуқуқи инсон дар соли 2010, созмони Авфи Байналмилал, дигарбора аз вусъати хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардааст, ин зуҳурот ба як расм табдил шудааст.

[b]ХУШУНАТ АЛАЙҲИ ЗАНОН ВУҶУД ДОШТААСТ[/b]

Анна Зандер Плаззман ба Радиои Озодӣ гуфт, агарчӣ ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта барои маҳви хушунат алайҳи занон гомҳое бардошт, аммо ба ҳукумат муяссар нашуд, бар асоси тааҳҳудоти байналмилалиаш занонро аз хушунати хонаводагӣ эмин нигаҳ дорад: “Хушунат алайҳи занон ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ боқӣ монд. Аз сеяк то нисфи занони тоҷик дар тӯли ҳаёти худ аз тарафи шавҳар ва ё аъзои дигари хонавода хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ дидаанд. Дастрасии занон ба низоми додгоҳӣ бисёр маҳдуд аст, ки ин боиси пӯшида мондани мавориди зиёди хушунати хонаводагӣ мешавад. Паноҳгоҳҳои кофӣ ва ё сарпаноҳи амн барои занони ҷабрдида ниҳоят кам аст. Тарҳи “Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ аз хушунати хонаводагӣ” солҳо пеш таҳия шуда, аммо то кунун барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод нашудааст.”

Таври маълум, мақомоти Тоҷикистон аксар вақт баҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба вазъ дар кишварро ноодилона медонанд ва мегӯянд, ба ҳуқуқи мардум дар кишвар эҳтиром мегузоранд ва агар нақзи ҳуқуқ ҳам бошад ба он андоза нест, ки ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24099894.html

Ба ҳабс гирифтани узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Алиҷон Муҳаммад

[b]Нимаи дуюми рӯзи ҷумъа узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Алиҷон Муҳаммад бо қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора ба TojNews ҳимоятчии гумонбаршуда Нурулло Каримов иттилоъ дод.[/b]

Ба гуфтаи мавсуф, муовини раиси суди мазкур Зебунисо Абдуллоева ин қарорро дар заминаи дархости Раёсати тафтишотӣ (РТ)-и Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон бо розигии Прокуратураи генералии Тоҷикистон қабул кардааст, ки «беасос ва ғайриқонунӣ мебошад».

Бинобар иттилои ӯ, «ҳанӯз 2-юми марти соли ҷорӣ бо қарори муовини аввали Прокурори генералии Тоҷикистон Абдуқодир Муҳаммадиев нисбати Алиҷон Муҳаммад бо моддаи 247 («қаллобӣ») қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буду тафтиши он ба ӯҳдаи РТ ВКД вогузошта шуд. Баъди ба итмом расидани мӯҳлати тафтишот ва бинобар заифии мавод 3-юми май РТ ВКД бо моддаи 237 («авбошӣ») қисми 2, банди «б» нисбати ӯ парванда оғоз намуд, ки аз нигоҳи мо истифода аз моддаи ба ном «навбатдор» («держурная статья») ва кӯшиши асосноккунии чораи ҳабс аст.

Баҳси Алиҷон Муҳаммад бо ҳама пурпечиҳояш ҳамагӣ шуда, як баҳси шаҳрвандӣ, яъне хариду фурӯши хона аст ва бинобар он ки айбдоршаванда ҷойи зисти муайян дошта, падари панҷ фарзанд асту ягон даъвати муфаттишро бе эътибор намондааст, бар замми ин, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар мебошад, ҳич зарурати ба ҳабс гирифтани ӯ набуд.

Далели мақомот, ки «дар ҳолати дар озодӣ мондан ӯ метавонад ба тафтишот таъсир расонида, барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш намудани парвандаи ҷиноятӣ мамониат кунад» ягон асос надорад. Зеро мӯҳлати думоҳаи тафтишоти парванда гузашт… Дар мӯҳлати муайяннамудаи қонун мо аз болои ин қарори беадолатона ва ғайриқонунӣ ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ мебарем».

Дар ҳоле, ки қонунгузорӣ мӯҳлати шикоят ва эътироз аз болои чунин қарорҳои судиро се рӯз муайян намудааст, нимаи дуюми рӯзи ҷумъа интихоб шудани рӯзи ҳабс бесабаб нест, аммо ба гуфтаи адвокат Нурулло Каримов, «ин қазия паҳлӯҳои боз ҳам аҷибтар дорад, ки маҳз ба фаъолияти журналистии Алиҷон Муҳаммад рабт дорад. Агар як мақолаи ӯ дар нашрияи «Нигоҳ» бо номи «Пора дода ва ситонда мешавад. Ҳама медонанд ва хомӯшанд!!! Ё чӣ бояд кард, то «облава» ва коррупсия дар Комиссариатҳои ҳарбӣ набошанд?» ғайримустақим ба таъқиби ҷиноии ӯ сабаб гашта бошад, мақолаи дуюмаш дар нашрияи «Минбари халқ» боиси ташвишҳои мансабдорони алоҳида гаштааст. Мо умед дорем, ки бо тамом шудани тафтишот парда аз рӯи «қаҳрамон»-ҳои асосӣ ва манфиатбардорони ин қазия бардошта хоҳад шуд».

Мавриди зикр аст, ки бегоҳи рӯзи ба ҳабс гирифтани Алиҷон Муҳаммад як номаи саркушодаи ӯ бо се сабти аудиои дигари ба ҳамин қазия рабтдошта ба ихтиёри воситаҳои ахбори оммаи кишвар вогузошта шудааст, ки дар он мӯҳтавои ин қазия баён гаштааст.

Дар ҳоли ҳозир, сабтҳои мавриди зикрро TojNews низ мавриди омӯзиш қарор додааст ва бо ба итмом расидани таҳқиқ онҳо дастраси умум хоҳанд гашт.

Дар идораи нашрияи «Нигоҳ» ба TojNews тасдиқ карданд, ки аз ин қазия огаҳанд ва «он матлаб, ки 4-уми августи соли 2010 (№ 20 (191)) ба нашр расида буд, воқеъан ҳам боиси ташвиши мансабдорони алоҳида шуд, вале баъди чанд кӯшиши номуваффақи маълум намудани шахсияти муаллиф аз идораи «Нигоҳ» омаду рафти масъулин бас шуда буд. Он мақола дар асоси ахбор ва ҳуҷҷатҳои дастраскардаи як манбаъи иттилоотии Алиҷон Муҳаммад омода шуда буд, ки маъшуқа ё ҳамзисти як тан аз масъулини воломақоми Комиссияи тиббии назоратии Комиссариати ҳарбии муттаҳидаи шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ будааст. Зан он замон аз маъшуқ ё шавҳараш ранҷида, кӯшиш кардааст, ки маълумот дар бораи амалҳои характери ҷиноятҳои коррупсионӣ доштаи шаҳрванд А.Б.-ро ба шиноси наваш Алиҷон Муҳаммад ифшо кунад.

То ҷое мо огоҳем, баъди ба ҳам омадани он ду тан, аввалӣ, ки хонаашро ба Алиҷон Муҳаммад дар асоси қонунгузории кишвар аллакай фурӯхта будааст, дубора он манзилро ишғол мекунад ва шартномаи хариду фурӯши дар Идораи нотариалии ноҳияи Сино ба қайд гирифтаашро эътироф намекунад. Ин амал боиси баҳси ҷонибҳо ва муроҷиати Алиҷон Муҳаммад ба мақомот гаштааст, вале бо сабабҳои барои мо алҳол номаълум ин баҳси амалан гражданӣ боиси ба ҳабс гирифтани ахирӣ гашт.

Дар ҳоли ҳозир мо ба таҳқиқу омӯзиши амиқи ин қазия машғул ҳастем ва ба он назарем, ки ягон асоси қонунӣ ва зарурати ба ҳабс гирифтани Алиҷони Муҳаммад вуҷуд надорад. Ӯ дар доираҳои журналистӣ, коршиносӣ ва ҳатто сиёсӣ нафари маъруф аст ва ҳич хатаре ба ҷомеъа надорад. Умедворем, ки суди марҳилаи баъдӣ ин қарори ғайриқонунии судиро бекор мекунад ва ин қазия ҳамчун баҳси шаҳрвандӣ ҳалли мантиқии худро меёбад».

Мавриди зикр аст, ки Алиҷон Муҳаммад 45 сол дошта, соҳиби панҷ фарзанд аст. Ӯ аз солҳои 2000-ум узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, мақолаҳояшро дар нашрияҳои гуногуни ватанӣ ба табъ мерасонад. Инчунин, ӯ аз солҳои 2000-ум узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, чанд сол қабл сарварии Созмони байналмилалии «Вароруд»-ро низ ба ӯҳда дошт ва дар ҳимоя аз ҳуқуқҳои тоҷикони Узбакистон фаъол буд.

Фаромарзи ФОЗИЛ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=14345&Itemid=28

Хабарнигор озод шуд, ронанда муҷозот

[b]Додгоҳи ноҳияи Сино парвандаи хабарнигори “Имрӯз-нюс” Мирзомуроди Бозор ва Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаро, ки бар пояи шикояти корманди “Воҳиди махсус”-и ВКД оғоз шуда буд, ба анҷом расонид.[/b]

Додгоҳ хабарнигорро бегуноҳ ҳисобида, ронандаи “Тангем”-ро ба иҷрои 180 соат корҳои ислоҳӣ муҷозот кардааст.

Бино ба қарори додгоҳ, ронанда бар асоси салоҳдиди Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳар рӯз ба ҷуз иҷрои корҳои худ, чаҳор соат корҳои ҷамъиятиро низ анҷом хоҳад дод.

Муҳокимаи парвандаи мазкур рӯзи 20-уми апрели соли равон бар асоси шикояти Қаландар Нозиров, як масъули “Воҳиди махусус”-и Вазорати умури дохилӣ оғоз шуда буд. Мавсуф шикоят кардааст, ки хабарнигор ва ронанда бо нашри як матлаб ӯро бидуни асос дар гирифтани ришва муттаҳам кардаанд.

Дар шикояти ӯ аз ҷумла омада буд, ки Мирзомуроди Бозор ва ронандаи «Тангем» ӯро таҳқир ва тӯҳмат намуда, обрӯяшро дар назди ҳамкорон ва ҷомеа паст задаанд.
Хабарнигори «Имрӯз-News» рӯзи чаҳоруми марти соли ҷорӣ бо шикояти ронандаи мусофирбари тамғаи «Тангем» зери унвони «06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» матлаберо ба нашр расонида буд.

Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов ба хабарнигор нақл кардааст, ки нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ барои гӯиё нақзи қоидаи роҳ 10 сомонӣ ришва гирифтааст.

Ин парванда аз силсилаи баррасиҳои анҷомшудаи кормандони мақомоти давлатӣ бо хабарнигорон аст. Қаблан, дар додгоҳи ноҳияи Сино баҳси беш аз яксолаи се додраси Додгоҳи олӣ бо се нашрияи мустақили “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” бо мусолиҳа анҷомид.

Пас аз он додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ бар асоси даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон қарор баровард, ки фаъолияти Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” қатъ шавад.

Аммо ҳанӯз баҳси нашрияи “Азия-Плюс” бо Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ ва ҳафтаномаи “Чархи гардун” бо собиқ узви парлумон, Сайвалӣ Нуров идома дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24099559.html

Дархости АМРМТ аз мақомот барои таҳаммули интиқодоти расонаӣ

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бо судури як баёния аз мақомҳои давлатии ин кишвар хостааст, ки дар баробари матолиби интиқодии расонаҳо таҳаммул кунанд ва шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигоронро пас бигиранд.[/b]

Бино ба иттилоъи ин созмон, ки баёнияаш рӯзи панҷшанбеи 12 май мунташир шуд, ҳамакнун дар додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ парванда алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон баррасӣ мешаванд.

[b]Матни пурраи матлабро дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=56]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=56[/url]

Источник:

Дархости АМРМТ аз мақомот барои таҳаммули интиқодоти расонаӣ

[b]Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бо судури як баёния аз мақомҳои давлатии ин кишвар хостааст, ки дар баробари матолиби интиқодии расонаҳо таҳаммул кунанд ва шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигоронро пас бигиранд.[/b]

Бино ба иттилоъи ин созмон, ки баёнияаш рӯзи панҷшанбеи 12 май мунташир шуд, ҳамакнун дар додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ парванда алайҳи расонаҳо ва хабарнигорон баррасӣ мешаванд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ ё НАНСМИТ), ҳамзамон ҳалли мусолиматомези қазияи Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев ва Маҳмадисо Саидов, се додрас, бо нашрияҳои мустақилли “Фараж”, “Озодагон” ва “ASIA-Plus”-ро нишонаи беҳбуд ёфтани вазъияти озодии баён ва таҳкими усули демукросӣ дар ин кишвар медонад.

Баррасии ин парванда дар моҳи гузашта ба далели даст кашидани муддаъиён аз даъвои худ алайҳи нашрияҳои мустақил мутаваққиф шуд.

Ба эътиқоди коршиносони АМРМТ, ин гом дар пайи вокуниши муддаъиён ба аксулъамали созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҷомеъаи байналмилалӣ бардошта шуда, аммо ба ҳеч ваҷҳ маънии латма задан ба эътибори қувваи қазоияро надорад.

Масъулони ин созмон мегӯянд, ки баръакс ин иқдоми додрасҳо (судяҳо) ба хотири канор гузоштани ғурури шахсию гурӯҳӣ ва риъояти манофеъи ҷомеъа сурат гирифтааст.

Ҳамзамон, оқои Қаршибоев таъкид кард, ки Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, бар асоси шикояти чанд тан аз мақомоти ҳукумати маҳаллии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва дар муддати шаш моҳ дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Зимнан, оқои Исмоилов ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ муттаҳам шудааст.

Аммо масъулони АМРМТ илали боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомӣ марбут хондаанд.

Дар баёнияи Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон омадааст: «Дар ҷараёни баррасии парвандаҳо ба иттиҳоми тавҳин ва тӯҳмат дар Тоҷикистон рӯшан шудааст, ки дар бештари маворид матолиби интиқодии хабарнигорон аз фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳамчун тавҳин ва тӯҳмат маънидод шуда ва рӯзноманигорон мавриди таъқиб қарор мегиранд.»

Гуфта мешавад, умдатан мақомот матолиби интиқодиро на дар чорчӯби муқаррароти ҳуқуқӣ, балки бар асоси бинишҳои худ шарҳу тавзеҳ медиҳанд.

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳои АМРМТ, риъоят нашудани мавозини байналмилалӣ ба ҳангоми барраси қазияҳои додгоҳӣ ба маҳдуд шудани озодии баён, ки аз ҳуқуқи аслии башар маҳсуб мешавад, мунҷар хоҳад шуд.

Дар ин баёния ба унвони мисол аз даъвои Анвар Тағоймуродов, раиси пешини Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати дохила ва ҳоло муъовини вазири дохила бо хабарнигори “ASIA-Plus” ва Сайвалӣ Нуров, намояндаи пешини порлумон, бо нашрияи “Чархи гардун” ёдоварӣ шудааст, ки ҳар ду қазия низ ба фаъолияти тахассусии хабарнигорон рабт мегирад.

АМРМТ дар баёнияи худ аз расонаҳою хабарнигорон даъват карда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон эҳтиром қоил шаванд ва аз мақомоти давлатӣ хостааст, ки шикоёти додгоҳии худ алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳоро бозпас гиранд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон, мегӯяд, ки қавонини ин кишвар барои ҳар фарди ҷомеъа, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, имкони дифоъ аз ҳуқуқ, обрӯю эътибор ва ҳайсияти худ аз роҳҳои қонуниро фароҳам сохтааст.

Ҳамзамон, оқои Сафаров таъкид кард, ки мумкин аст муддаъӣ дар ҷаласаи додгоҳ даъвои худро бозпас гирифта ва қазия ба таври сулҳомез ҳал шавад.

Ӯ гуфт, ки дар бархе маворид мақомоти давлатӣ ба интиқоди бепоя ё ташреҳи нодурусти суханонашон эътино накарда ва нашрияҳо ё хабарнигоронро ба додгоҳ намекашанд.

Муъовини раиси Маркази мутолеъоти истиротежики Тоҷикистон гуфт, ки борҳо бархе аз нашрияҳо, аз ҷумла “ASIA-Plus”, сӯҳбатҳои ӯ ё Сӯҳроб Шарифов, раиси ин ниҳодро, таҳриф кардаанд, аммо онҳо аз нашрияҳо ба додгоҳ шикоят набурда ва баҳсҳои додгоҳӣ бо расонаҳоро “сарфи беҳудаи вақт” хондаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/05/110512_mm_nansmit_statement.shtml

Даъвати Анҷумани миллии расонаҳои мустақил

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ аз афроди мансабдор ва шахсиятҳои шинохта дар кишвар даъват кардааст, то дар баробари танқиди хабарнигорон таҳаммулпазир бошанд.Ин созмони ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон дар Тоҷикистон гуфтааст, ҳоло ҳадди ақалл панҷ парвандаи хабарнигорон ва нашрияҳои тоҷикӣ дар додгоҳҳои кишвар идома дорад, ки бештар ба фаъолиятҳои касбии онҳо марбут аст. НАНСМИТ дар ин изҳороти худ аз хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ” дар Ашт, Маҳмадюсуф Исмоилов, ёдоварӣ кардааст, ки тақрибан шаш моҳ инҷониб дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад. Инчунин, баҳси додгоҳии Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилӣ бо нашрияи «Азия-Плюс» ва собиқ депутат — Сайвалӣ Нуров бо ҳафтаномаи «Чархи гардун» ҷараён дорад.

«Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд»,-таъкид шудааст дар изҳороти НАНСМИТ.

Дар баробари ин, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз хабарнигорон низ хостааст, то ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110512/538/538.html?id=24099126

ИЗҲОРОТИ

[b]Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон[/b]

[b]ш. Душанбе, 12 майи соли 2011[/b]

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мутақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) шахсони мансабдор ва маъруфро даъват мекунад, ки ба танқид таҳаммулпазир бошанд ва даъвоҳои судии худро аз болои ВАО ва журналистони мамлакат бозпас гиранд. Тибқи маълумоти анҷуман, ҳоло ҳадди ақал панҷ парванда бо иштироки ВАО ва журналистон дар истеҳсолоти судӣ қарор доранд.

Қарори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар бораи қатъ кардани истеҳсолоти парвандаи шаҳрвандӣ оид ба даъвои се нафар судяҳои Суди олӣ — Нур Нуров, Улуғбек Маҳмадшоев, Маҳмадиссо Саидов ва судяи суди шаҳри Душанбе Фахриддин Додометов аз болои адвокат Солиҷон Ҷӯраев ва газетаҳои «Фараж», «Озодагон» ва «Азия-Плюс», ки аллакай ҳукми қонунӣ пайдо кардааст, аломати хуби устувор гаштани принсипҳои демократии озодии сухан ва ВАО дар ҷумҳурӣ мебошад.

Парвандаи мазкур бо сабаби аз даъвои худ даст кашидани даъвогарон дар асоси моддаҳои 176 ва 225 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ қатъ карда шуд. Тибқи арзёбии коршиносон, иқдоми мазкур ҷавоби даъвогарон ба даъватҳои ҷомеаи журналистӣ ва байналмилалӣ перомуни парвандаи мазкур мебошад. Ин амал ҳаргиз шаъну шараф ва эътибор, инчунин эътибори кории ҳокимияти судиро кам накарда, баръакс, шоҳиди даст кашидани онҳо аз даъвоҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ буда, барои риояи гаштани манфиатҳои ҷомеа равона гардидааст.

Бо вуҷуди он, хабаргузори рӯзномаи «Нури зандагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов қариб шаш моҳ инҷониб дар маҳбас нигоҳ дошта мешавад. Парвандаи ҷиноятии вай бо аризаи як қатор шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт оғоз карда шудааст. Исмоилов бо ҷиноятҳое айбдор карда мешавад, ки онҳоро моддаҳои 135, қисми 2, 136 қисми 2, 189, қисми 2 ва 250 қисми 2 пешбинӣ мекунанд. Даъвогарони парвандаи рӯзномаҳои «Азия-плюс» ва «Чархи гардун» ҳам мансабдорони баландмақом ва шахсони маъруф – собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, ҳоло муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Анвар Тағоймуродов ва собиқ намояндаи мардумӣ дар парламон Сайвалӣ Нуров мебошанд. Таҳлили мавод гувоҳӣ медиҳад, ки парвандаҳои номбаршуда ва дигар дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва ғайра бо иштироки журналистон ба фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошанд.

Таҷрибаи баррасӣ кардани парвандаҳои оид ба тӯҳмат ва таҳқир дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки журналистон дар аксари мавридҳо бо сабаби танқиди шахсони мансабдор мавриди таъқиб қарор мегиранд, яъне дар воқеъ табдили мафҳумҳои танқид ва тӯҳмат ба амал меояд. Худи қаҳрамонони мақолаҳо, маъмулан, дар даъвоҳояшон на ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ, балки танҳо эҳсосоти аз мақолаҳо ҳосилкардаашонро ба асос мегиранд. Коршиносони ҳуқуқии анҷуман дар андешаанд, ки нодида гирифтани меъёрҳои байналмилалӣ ҳангоми баррасӣ гаштани парвандаҳои таҳқиру тӯҳмат ба маҳдуд гаштани озодии сухан, ки яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон шинохта мешавад, боис мегарданд

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ҳамчун созмони ҷонибдори меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии фаъолияти журналист, зарурати ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар арҷ гузоштани ҳамаи табақаҳои ҷомеаро қайд менамояд. Дар баробари ин, аз ВАО ва журналистони ҷумҳурӣ даъват ба амал меорем, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро новобаста аз мақоми иҷтимоиашон дар ҷомеа эҳтиром кунанд.

АМВАОМТ ҳамаи шахсони мансабдори давлатиро даъват менамояд, ки ба судяҳои Суди олии ҷумҳурӣ ва судяи суди шаҳри Душанбе, ки аз даъвоҳояшон ба рӯзномаҳо даст кашидаанд, пайравӣ намуда, даъвоҳои худро аз болои матбуоти тоҷик бозпас гиранд.

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,
Раиси АМВАОМТ[/b]

Источник:

Қонун болост ё дарбон?

[b]Дар баррасии парвандаи Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ бо Вазорати адлия журналистон ду маротиба ҳангоми мурофиаи кушода дар беруни дар монданд.[/b]

Дарбони додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои ворид шудани журналистон ба толори мурофиаи суд монеа эҷод карда буд. Ў далел пеш меовард, ки аз боло супориш шудааст, то ба журналистон иҷозаи ворид шуданро надиҳад.Вале раисикунандаи парванда сабаби роҳ надодани журналистон ба мурофиаи кушодро аз дархост накардани ҷонибҳои парвандаашон баррасишаванда дар мавриди ширкати онҳо дар мурофиа шарҳ дод.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мониторинги созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон роҳ надодан ба мурофиаҳои судии ошкоро аз ҷониби судяҳои алоҳида бисёр ба назар мерасид ва танҳо дар ду соли ахир вазъият то андозае беҳтар гаштааст.

Абдухалил Раҷабов, раҳбари Раёсати судҳои Шўрои адлия мегўяд, ки принсипи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар моддаи 19-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Принсипи мазкур дар мавридҳои пешбиникардаи қонун васеъ истифода шуда, имконияти озодона ба толори мурофиаи судӣ даромадани ҳамаи шахсон, аз он ҷумла, намояндагони ВАО-ро таъмин месозад. Судҳо ҳамчунин вазифадор шудаанд, ки талаботи Кодекси мурофиавии ҷиноятиро дар бораи ошкоро будани муҳокимаи судӣ дар ҳамаи зинаҳои судӣ риоя намуда, ба вайрон кардани принсипи мазкур роҳ надиҳанд ва беасос иштироки шаҳрвандону намояндагони ВАО-ро дар толори суд рад накунанд.

Ҳоло саволе пайдо мешавад, ки вақте намояндагони ВАО ё дигар одамон ҳаққи қонунии иштирок дар мурофиаи судии кушодро доранд, чаро судяҳои алоҳида ин ҳуқуқи қонунии онҳоро сарфи назар карда, барояшон монеа эҷод мекунанд ва дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?

Дар ин маврид коршиносон андешаҳои мухталиф доранд. Гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ, ба хусус мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони васоити ахбори омма бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар робита ба ин масъала мактаби мустақили рўзноманигории «Тоҷикистон — асри XXI» лоиҳаеро таҳти унвони «Инъикоси масоили адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тавассути ВАО» роҳандозӣ кардааст, ки дар оғози лоиҳа 6-уми майи соли ҷорӣ дар толори Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлативу созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО мизи мудаввар баргузор шуд. Ҳадафи ин чорабиниро сарвари мактаби мазкур Сафо Сафаров чунин арзёбӣ кард: «Мақсади мизи мудаввар мусоидат ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО-и Тоҷикистон ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ мебошад. Дар ҷараёни лоиҳа 20 рўзноманигор аз манотиқи гуногуни кишвар ба омўзиш ва инъикоси ин масъала ҷалб карда мешаванд. Умедворем, ки мизи мудаввар боис мегардад, то як гуна ҳусни тафоҳум миёни намояндагони мақомоти давлатӣ, додгоҳӣ, ниҳодҳои қудратии кишвар, созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ВАО ба роҳ монда шавад».

[b]Шаффофияти муҳокимаи судӣ [/b]

Гуфта мешавад, ки аксар вақт кормандони додгоҳ ба журналистон ҳангоми иҷрои вазифа монеаҳо эҷод мекунанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Асотсиатсияи миллии расонаҳои мустақил гуфт: «Мо шоҳиди чунин ҳодисаҳо ҳам мешавем, ки новобаста аз мавҷудияти қарори плениуми Суди олӣ, новобаста аз он ки ҳама дар сухан ҷонибдори шаффофияти фаъолияти худ ҳастанд, бештар барои инъикос кардани ин масъалаҳо монеа эҷод мекунанд». Ў бар ин назар аст, ки барои бартараф кардани мушкили мавҷуда дар баробари омўзонидани рўзноманигорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо низ бояд омўзонида шаванд. То ин ки бо вуҷуди донистани ҳуқуқҳояшон, аз ўҳдадориҳои худ низ огоҳ бошанд ва ҳангоми фаъолияти рўзноманигорон ба онҳо монеа эҷод накунанд.

Ба қавли сарвари Марказ оид ба ҳуқуқи инсон Нурмаҳмад Халилов, судяҳои алоҳидае ҳастанд, ки барои ширкат дар мурофиаҳои кушод роҳ намедиҳанд. Ў афзуд, ки дар суди ноҳияи Рўдакӣ ва суди шаҳри Хуҷанд чунин ҳолатҳо ҷой доштанд. Вале солҳои ахир чунин проблемаҳо камтар ба назар мерасанд.

Абдухалил Раҷабов, сардори Раёсати судҳои Шўрои адлияи ҶТ иброз дошт, ки агар ҳолатҳои роҳ надодани судяҳои алоҳида дар мурофиаҳои судии ошкоро ба назар расад, нафароне, ки ҳуқуқашон поймол шудааст, ба Шўрои адлия ба таври хаттӣ метавонанд муроҷиат кунанд ва нисбати чунин судяҳо ҳатман чораҷўӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои ҷавоби муроҷиати расмиро гирифтан зиёд интизор шудан лозим меояд, вале корафтодагон дар ҳолатҳои роҳ надодани судя ба мурофиаи кушод метавонанд ба раиси суд ё муовинонаш шикоят кунанд. Аммо Қаршибоев мисол меорад, ки ҳамин гуна ҳолат дар суди иқтисодӣ буд ва нафареро аз толори мурофиа берун карданд, лекин дар ҳамин вақту соат на раиси суд ва на муовинаш ҳузур надоштанд, то ки он нафар аз амали ғайриқонунии раисикунандаи суд ба онҳо муроҷиат кунад.

[b]Ба раисикунандаи суд либос маъқул нашуд, ё…?[/b]

Тибқи қонун шахсони иштироккунандаи мурофиаи ошкорои судӣ ҳуқуқ доранд ҷараёни муҳокимаи судиро дар коғаз ё диктофон сабт кунанд. Вале ба қавли Абдухалил Раҷабов, суратгирӣ ва сабти видео танҳо бо иҷозати раисикунандаи парванда мумкин аст. Раисикунандаи парванда метавонад дар ҳамаи ҳолатҳое, ки зарур мешуморад, сабти видеоӣ ё суратгириро манъ кунад.

Ба ин гуна манъкуниҳои раисикунандаи суд Нуриддин Қаршибоев изҳори норизоӣ кард. Вай гуфт, ки беҳтар аст, агар номгўи он ҷиноятҳое, ки вобаста ба он мурофиаҳои пўшидаи судӣ гузаронида мешаванд, мушаххас гардад ва мардум донанд, ки дар чунин мурофиа ширкат кардан имкон надорад. Дар баробари ин шояд дар асоси мактуб ё омода кардани ягон зерсанади ҳуқуқӣ талабот ва амри раисикунандаи суд барои иштирок накардани одамон дар мурофиаи кушодаи судӣ, манъи сабти овоз ё гирифтани навору акс аз ҷониби рўзноманигорон асоснок карда шавад. «Ман барои ширкат дар мурофиа омадам, шояд либосам ба раисикунандаи суд маъқул нашудааст, ё амалам писанд наомадааст, яъне дар кадом асос ман наметавонам сурат ё ба навор нагирам?» — мегўяд ў. Ба андешаи номбурда, барои ҳамкорӣ имкониятҳои хеле зиёд ҳаст, муҳим аз ҳама омодагии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва судӣ барои таъмин кардани шаффофият ва таҳти ҳисобот қарор додани фаъолияти худашон дар назди ҷомеа аст. Ва дар ин ҳолат метавон барои таъмини волоияти қонун дар ҷомеа иқдоме кард.

Дар ҳамин ҳол намояндагони мақомоти давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки омодаи ҳамкориянд, вале дар баъзе ҳолат гуфтаҳои онҳо аз ҷониби журналистон таҳриф мешавад. Анвар Юсупов, муовини авали раиси Суди олии ҶТ гуфт: «Мо омодаем, ки бо ВАО ҳамкорӣ намоем. Журналистон метавонанд пеш аз навиштани мақола бо судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, сўҳбат намоянд. Лекин чунин ҳамкорӣ ба он маъно нест, ки махфиятҳои судиро журналистон дар матбуот нашр кунанд».

Тибқи моддаи 5-и қонуни матбуот шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти заруриро диҳанд. Вале бисёр вақт намояндаҳои расмии давлатӣ аз додани маълумот худдорӣ мекунанд ва журналистонро ба якҷониба баррасӣ кардани мавзўъ айбдор месозанд, мегўяд сармуҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» Марат Мамадшоев. «Мо намехоҳем, ки Шумо аз ягон кас ҷонибдорӣ кунед. Аксар вақт судяҳо мегўянд, ки парванда дар ҳоли баррасист ва ҳеҷ чиз шарҳ дода наметавонем. Мо шарҳ намехоҳем, танҳо гўед, ки шаҳрванд фалонӣ ба кадом ҷиноят гумонбар дониста мешавад ва дар сурати исботи худро ёфтани он чӣ сарнавиште ўро интизор аст», — иброз дошт ў.

[b]ВАО гунаҳкор ҳисобад, ҷиноят нест?[/b]

Мамадшоев мегўяд, дар ғарб ВАО бар ин ақидаанд, ки онҳо вазифадор нестанд, меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро риоя созанд, аммо дар сурати мавҷудияти меъёрҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ, бояд ба он такя кунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки меъёри эҳтимолияти бегуноҳиро бояд мақомоти расмӣ риоя кунанд, зеро қарори охирин ҳамеша аз ҷониби мақомоти судӣ бароварда мешавад. «Шахси ҳирфаӣ танҳо фактҳои дар даст доштаро месанҷад, на тахмину гумонро. Вақте мақомоти судӣ дар Тоҷикистон мегўянд, ки ВАО ба суд фишор меорад, ин эрод дар нисбати ВАО аз ҳад зиёд аст. Мо воқеан шаффофиятро мехоҳем, то ҷомеа донад, ки дар ин соҳа чӣ ба амал меояд», — иброз дошт ў.

Ба андешаи ҳуқуқшиносон, судяҳо то замоне, ки ҳалномаи судӣ набаромадааст, дар бораи натиҷаи баррасии парванда набояд пешгўӣ кунанд ва танҳо метавонанд дар хусуси ба кадом ҷиноят гумонбар будан ё дар ҳоли баррасӣ қарор доштани парванда сухан гўянд. Нигина Баҳриева, сарвари Бунёди ҷамъиятии «Nota Bene» дар ин бора гуфт: «Эҳтимолияти бегуноҳӣ ба масъулияти мақомоти давлатӣ дохил мешавад. Агар ВАО дар бораи эҳтимолияти гунаҳкорӣ ё бегуноҳии инсон сухан ронад, ин вайрон кардани қонун нест, вале агар намояндаи ҳокимият оид ба гунаҳкорӣ ё бегуноҳӣ то эълони ҳалномаи судӣ ибрози назар кунад, дар ин ҳолат масъалаи мустақилияти судӣ ба миён меояд».

Номбурда афзуд, ки озодии изҳори ақида маҳдудиятҳои худро дорад ва яке аз мақсадҳое, ки барои ҳифзи онҳо метавон ҳуқуқи инсонро маҳдуд кард, эътибори адолати судӣ мебошад. «Агар дар ҷараёни мурофиа сухан дар бораи он равад, ки ин судя дар қабули қарор мустақил нест, яъне ба эътибори адолати судӣ дахолати мустақим шавад, дар ин ҳолат ҷавобгарии муайян ба миён меояд», — изҳор дошт Баҳриева.

Ба қавли ў, ҳам кормандони ВАО ва ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ бояд ин хусусиятҳоро ба назар гиранд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ВАО метавонанд ҷараёни мурофиаҳои судиро инъикос кунанд ва судяҳо метавонанд парвандаро то эълони қарори судӣ шарҳ надиҳанд. Ҳамзамон рўзноманигорон оид ба мўҳтавои парвандаи ҷиноятӣ зимни иштирок дар ҷараёни мурофиаҳои судӣ маълумот пайдо карда метавонанд. Вагарна имкон дорад, ки шарҳи судя дар ҷараёни мурофиа аз ҷониби рўзноманигорон ба таври гуногун маънидод карда шавад.

Гуфта мешавад, ки дар баробари ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва намояндагони ВАО ҳамчунин риояи ўҳдадориҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мушаххас шудани номгўи амалҳое, ки дар асоси он раисикунандаи баррасии парванда мурофиаро ба таври пўшида ё кушода метавонад гузаронад ва шаффофият дар фаъолияти давлатӣ хеле муҳим аст. Зеро танҳо бо ин роҳ волоияти қонунро таъмин кардан имконпазир мегардад. Дар акси ҳол тамоми қонуну қарорҳо ба ҷои амалӣ шудан, танҳо дар рўи коғаз мемонанд.

Исфандиёр ХАЛИЛӢ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/334-2011-05-10-11-44-51.html

Пас аз чанд соат тақдири хабарнигори «Имрӯз-News» маълум мешавад

Қарор аст, пас аз чанд лаҳза дар суди ноҳияи Синои пойтахт баррасии парвандаи марбут ба хабарнигори рӯзномаи «Имрӯз-News» хотима ёбад. Маърифат Ашӯрмамедова, судяи суди ноҳияи Синои Душанбе, ки масъули баррасии парвандаи мазкур аст, гуфт, идомаи баррасӣ соати 15:30 сурат пазируфта, он ниҳоӣ мешавад.

«06008 аз ман 10 сомонӣ ришва гирифт!» унвони матлаби рӯзномаи «Имрӯз-News» дар санаи 3-юми марти соли равон аст, ки боиси оғози парванда алайҳи хабарнигори нашрия шуд. Дар ин матлаб Маҳмадраҷаб Шарипов, як ронандаи «Тангем» гуфтааст, нозири роҳ бо рақами сарисинагиии 06008 аз ӯ 10 сомонӣ пора гирифтааст. Муаллифи матлаб Мирзомуроди Бозор оид ба ин қазия ба БДА-и ҷумҳуриявӣ муроҷиат намудааст. Аз дафтари матбуотии ин ниҳод гуфтаанд, ки воқеан ронандае аз қонуншикании нозири роҳ ба онҳо шикоят бурдааст. Масъули дафтари матбуотӣ ба хабарнигор гуфтааст, аз рӯи рақами сарисинагӣ шахсияти нозирро муайян кардаанд, ки як масъули «Воҳиди махсус»-и ВКД будааст ва барои чораандешӣ ба раҳбарияти он дархост фиристодаанд. Баъди нашри ин матлаб Қаландар Назаров, сарнозири ротаи бехатарии ҳаракати воҳиди махсус алайҳи хабарнигор Мирзомуроди Бозор ва ронандаи «Тангем» Маҳмадраҷаб Шарипов аризаи шикоятӣ навишта иддао дорад, нисбати вай таҳқир ва тӯҳмат кардаанд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/331—l-newsr-.html