Все записи автора admin

ТВ «ПОЙТАХТ» БА ПАХШИ ШАБОНАРӯЗӣ ГУЗАШТ

[b]Аз 1-уми ноябр Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» пахши 24- соатаи барномаҳояшро бо тарҳу шакли нав дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.[/b]

—Ин имкониятро мо дар давоми 24 рӯзи кории худ амалӣ намудем,- гуфт директори навтаъйини ТВ «Пойтахт» Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ҳамчунин манбаъ афзуд, ки шакли телевизион иттилоотию фароғатӣ мебошад ва бештар аз 30 лоиҳа амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон қаблан ба пахши 24-соатаи барномаҳои худ шуруъ намуда буд.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор иброз намуд, ки амалӣ гаштани ин иқдом ба мутахассисони соҳибтаҷрибае, ки ҳоло фаъолият мекунанд, вобастагӣ дорад.

Источник: http://khovar.tj/society/25042-tv-poytaht-ba-pahshi-shabonar1263z1251-guzasht.html

ТАҒЙИРОТИ КАДРӣ ДАР РАСОНАҲОИ ҲУКУМАТӣ

[b]Нимаи дуюми дирӯз, 30-юми октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, бо Фармони Президенти Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Воробёв Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»; Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина»; Исроил Носиров аз вазифаи директори Гуруҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ҳамчунин, Саид Сиддиқов — муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сироҷиддин Иззатуллоев — сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ёқубҷон Абдуманнонов — сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов — директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»; Ҳуринисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ озод шуданд.

Ҳамчунин, Шаҳло Насриддинова — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»; Исроил Носиров — директори Гуруҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ; Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев — муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Абдурашид Хуҷамқулов — директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев — директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

Источник: http://tojnews.org/node/4673

ТАҒЙИРОТИ КАДРӣ ДАР РАСОНАҲОИ ҲУКУМАТӣ

[b]Нимаи дуюми дирӯз, 30-юми октябр, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар доданд.[/b]

Бино ба иттилои манбаъ, бо Фармони Президенти Тоҷикистон Абдукарим Ҳикматов аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод шуд ва ба ҷои ӯ Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ҳабибулло Нозирӣ аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Воробёв Владимир Василевич аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ҳайдар Ҷӯраев аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»; Абдурашид Хуҷамқулов аз вазифаи муовини якуми директори телевизиони «Сафина» ва Шаҳло Насриддинова аз вазифаи муовини директори телевизиони «Сафина»; Исроил Носиров аз вазифаи директори Гуруҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ ва Зафар Саидов аз вазифаи муовини роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Суғд озод шуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ҳамчунин, Саид Сиддиқов — муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сироҷиддин Иззатуллоев — сармуҳаррири рӯзномаи «Народная газета»; Ёқубҷон Абдуманнонов — сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» ва Абдукарим Ҳикматов — директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» таъин карда шуданд.

Бо амрҳои Президенти Тоҷикистон Камол Абдураҳимов аз вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият»; Ҳуринисо Ализода аз вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва Саид Сиддиқов аз вазифаи мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон низ озод шуданд.

Ҳамчунин, Шаҳло Насриддинова — сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»; Исроил Носиров — директори Гуруҳи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ; Ҳуринисо Ализода ва Нодир Мирзоев — муовинони директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо Президенти кишвар Абдурашид Хуҷамқулов — директори Радиои Тоҷикистон ва Самариддин Гадоев — директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои нав таъиншударо табрик гуфта, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ва риояи бечуну чарои талаботи қонунгузории кишвар ҳидоят намуд.

Источник: http://tojnews.org/node/4673

Дар пушти “фабрикаи ҷавоб” кӣ истодааст?

[b]Дар ин авохир ба идораи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон сели матлабҳои аз нигоҳи сабку услуб хеле монанд сарозер шудааст, ки аз сиёсати ҳукумат ситоиш ва аз мухолифонаш баръакс башиддат интиқод мекунанд.[/b]

Аҳли назар ин ҳамаро маҳсулоти ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб”-е медонанд, ки ба бовари онҳо, бо ҳадафи бадном кардани дигарандешон ташкил шудаанд. Манобеи огоҳ аз вуҷуди чунин ниҳодҳои “қаламбадаст” ва маошхӯр дар камаш ду вазорати интизомӣ ва идораҳои дигари вобаста ба ҳукумат сӯҳбат мекунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=212]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=212[/url]

Источник:

Раҳбари ТВ “Ҷаҳоноро” аз мақомаш барканор шудааст

[b]Раҳбари ТВ «Ҷаҳоноро»-ро барои пахши «хабари носаҳеҳ дар бораи сӯхтори «Корвон» аз мақомаш барканор кардаанд.[/b]

Маҳмудҷон Дадобоев , раҳбари телевизони мустақили «Ҷаҳоноро» дар шаҳри Чкаловск, «барои пахши хабари носаҳеҳ (ғалат) дар бораи сӯхтори «Корвон» аз мақомаш барканор шудааст.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи Маҳмудҷон Дадобоев, рӯзи 30-юми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасмимро муассиси телевизони «Ҷаҳоноро» — Охунов гирифтааст. Ба қавли хонум Муҳаббат, муассиси «Ҷаҳоноро» аз он норизоӣ кардааст, ки хабари носаҳеҳ дар бораи сӯхтори «Корвон» муносибати онҳо бо мақомотро халалдор карда, ба обрӯи телевизион латма задааст.

Аммо то кунун худи Маҳмудҷон Дадобоев дар ин маврид изҳори назаре накардааст. Тамосҳои мо низ бо ӯ то ҳоли ҳозир бенатиҷа буданд. Аммо вакили мудофеъ Муҳаббат Ҷӯраева мегӯяд, худи Маҳмудҷон Дадобоев низ барои истеъфо аз мақомаш ариза навиштааст.

Маҳмудҷон Дадобоев, яке аз кормандони ҳирфаӣ дар бахши телевизион дар вилояти Суғд аст. Вай пештар раҳбарии телевизиони мустақили СМ-1 дар шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Дар оғози моҳи октябр додситонии Суғд нисбат ба Маҳмудҷон Дадобоев, раҳбари телевизиони «Ҷаҳоноро» барои пахши хабари сӯхтори бозори “Корвон”-и Душанбе дар барномаи ахбор, парвандаи маъмурӣ боз карда буд.

Он замон аз додситонии Суғд ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки сабаби аслии боз шудани парвандаи маъмурӣ алайҳи сармуҳаррири телевизиони “Ҷаҳоноро”, “пахши носаҳеҳ”-и хабари Оҷонсии “Тоҷнюс” дар барномаи ахбори телевизиони “Ҷаҳоноро” будааст, ки шумораи эҳтимолии ҳалокшудагон дар сӯхтори бозори “Корвон”-ро “бинобар маълумоти ғайрирасмӣ”, ба ҷойи 3-8 нафар, “38 нафар” эълон кардааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24755050.html

Дар пушти “фабрикаи ҷавоб” кӣ истодааст?

[b]Дар ин авохир ба идораи нашрияҳои мустақили Тоҷикистон сели матлабҳои аз нигоҳи сабку услуб хеле монанд сарозер шудааст, ки аз сиёсати ҳукумат ситоиш ва аз мухолифонаш баръакс башиддат интиқод мекунанд.[/b]

Аҳли назар ин ҳамаро маҳсулоти ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб”-е медонанд, ки ба бовари онҳо, бо ҳадафи бадном кардани дигарандешон ташкил шудаанд. Манобеи огоҳ аз вуҷуди чунин ниҳодҳои “қаламбадаст” ва маошхӯр дар камаш ду вазорати интизомӣ ва идораҳои дигари вобаста ба ҳукумат сӯҳбат мекунанд.

[b]Вақти он аст, эй қалам…[/b]

Як нуқтаи авҷи рехтани сели маҳсулоти “фабрикаи ҷавоб” рӯзҳои нооромиҳои Бадахшон шуд. Дар он рӯзҳо, бино ба эътирофи сардабирон, ҳар рӯз ба нашрияҳо даҳҳо матлаб мерасид, ки зоҳиран гоҳо, бахусус дар пайи қатли мармузи Имомназар Имомназаров аҳдофи низомие, чун коштани тухми бадгумонӣ аз якдигар дар байни фармондеҳони саркаши Хоруғро ҳам дунбол мекард.

Саймуддин Дӯстов, сардабири ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯяд, ин сели “компромат” аз як марказ ҳамоҳангшуда менамояд: «70-80 дарсади онҳо, албатта, як муҳаррир дорад ва дар онҷо асосан бо услуби журналистикаи Шӯравӣ менависанд. Яъне, аз расидан ба шахсияти одам истиҳола намекунанд, аз маълумоте, ки аз досйеи сиёсатмадорон дар идораҳои ҷосусӣ ба даст омадааст, истифода мебаранд ва ҳам аз маълумоти баръало бардурӯғ. Фикр мекунам, ин ҳама аз як марказ идора мешавад.»

Мухотабҳои асосии ин ба истилоҳ “фабрикаи ҷавоб” чанд сол боз ҳамоно Ҳизби наҳзати исломиву раисаш Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби сотсиал-демократ Раҳматуллоҳ Зоиров, хабарнигори муқими Маскав Додоҷони Атовуллоҳ ва ҳам бародарон Тӯраҷонзодаҳоянд. Барои мисол, ба дунболи сафари Тӯраҷонзодаҳо ба Русия борони танқидҳо ба саҳифаҳои матбуот рехт. Дар чунин як матлаб ҳатто иддао мешуд, ки истиқболи баланд аз ин бародарон бо таъмини мошинҳову меҳмонсароҳои пуршукӯҳ аз ҳисоби қочоқбарони маводи мухаддир сурат гирифтааст ва ин аст, ки ин рӯҳониҳои шинохта дар мавъизаҳои худ ҳарфе зидди мухаддирот нагуфтанд.

[b]Барчаспи “девонагӣ” ба пешонии мухолифин[/b]

Вақте сиёсатмадор Иззат Амон аз азмаш барои сохтани ҳизби ҷавонон дарак дод ё баъд аз онки соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов бо таъсиси “Гурӯҳи 24” алайҳи ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2013 садо баланд кард, ҳарду ҳам ба сафи мухотабони “фабрикаи ҷавоб” пайвастанд ва дар матбуот билофосила матлабҳое пайдо шуд, ки якеро думрави Кабирӣ ба қалам медод ва дувумиро бо такя ба асноди тиббие, ки қонун ифшояшро манъ кардааст, ҳатто “девона” (шизофреник) мебаровард. Дар маҳофил ин ҳама ва ҳам матлаби нашршуда аз номи “гурӯҳи табибони равоншинос”-ро, ки ба Додоҷони Атовуллоҳ ҳам тамғаи “девонагӣ” мезад, низ аз маҳсулоти ҳамин “фабрикаи ҷавоб» мешуморанд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз раҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, мегӯяд, дар ин ҳамлаҳои матбуотӣ фаровон истифода шудани маълумоти аксаран хому носанҷида аз парвандаҳои махсуси ниҳодҳои амниятӣ соҳиби аслии ин “фабрикаи ҷавоб”-ро намудор мекунад. Ба бовари ӯ, асосан алайҳи хонаводаи онҳо ва ҳизби наҳзат равона шудани кори ин “фабрика” аз бадгумонии бархе доираҳои ҳоким дар пешорӯи интихоботи соли 2013 маншаъ мегирад.

Тӯраҷонзода мегӯяд, “инҳо гумон мекунанд, ки наҳзату Тӯраҷонзода рақиби президентанд. Инҳо гумон мекунанд, ки дар Тоҷикистон нерӯи муассир ҳамин моем. Ҳарчанд мо мегӯем, ки президентшав нестем, чунин ният надорем, лекин ҳастанд гурӯҳҳое, ки моро бадном мекунанд ва президентро метарсонанд. Албатта, як доираи муайяни мардуми хушбовар шояд ба ин чизҳо бовар ҳам кунад, вале қисми зиёд баръакс нафраташ зиёд мешавад. Дар Тоҷикистон на ҳама бовар мекунад ба матбуоти расмӣ.»

[b]“Фабрикаи ҷавоб” моли ҳукумат нест”[/b]

Бисёриҳо мутмаинанд, ки ин сели “компромат” аз сӯи мақомоти расмие танзим мешавад. Ангушти гумони як гурӯҳ мушаххасан рӯи шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раёсатҷумҳурист.
Аммо Саидалии Сиддиқ, мудири ин шӯъба, ба Радиои Озодӣ гуфт, чунин бардошт ғалат аст: «Ин гап дурӯғ аст. Шӯъбаи мо ба корҳои дигар машғул аст. Мо ба ҷавоб додану ин хел чизҳо машғул нестем аслан. Вақте дар матбуот мехонем, баъзе аз ин муаллифонро ман ҳам намедонам, ки киянд. Ба ман қаблан ҳам боре гуфтанд, ки шӯъбаи Шумо гӯиё чунин марказ ташкил кардааст. Охир, марказро расман ташкил мекунанд, ба одамон бояд маош диҳанд. Мо бо созмонҳо ҳамкорӣ мекунем, ки дар кишвар гуногунфикрӣ бошаду озодӣ ва дастрасӣ ба иттилоъ. Лекин то ҳол дар дастгоҳ ё ҳукумат марказе нест, ки махсус машғули ҷавобнависӣ бошад. Барои ин на вақт дорем ва на аз касе дастур гирифтаем. Ба вазифаи мо ҳам дохил намешавад ин. Демократия аст, менависад мардум фикрашро.»

[b]Рӯи ниёз ба нашрияҳои мустақил[/b]

Ҳамлаҳои матбуотӣ ба мунтақидони давлат дар гузашта асосан аз тариқи расонаҳои расмӣ, назири “Ҷумҳурият” ё хабаргузории давлатии “Ховар” анҷом мешуд. Дар Интернет ҳам торнамои хосе бо номи “Globus-news” пайдо шудааст, ки бахши аъзами матлабҳояш боз ҳам интиқод аз ҳизби наҳзату Тӯраҷонзодаҳост.

Аммо дар моҳҳои охир талош мешавад, то чунин матлабҳои фармоишӣ бештар дар нашрияҳои мустақил ба чоп бирасанд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, нашрияҳои мустақилро маъмулан бо таҳдиди фиристодани нозирони андозу обу барқ ваё лағви сабти ном ба чопи маҳсулоти ин “фабрика”-и, ба таъбири оқои Тӯраҷонзода, “тӯҳмату иғво” водор мекунанд. Сардабирони нашрияҳои мустақил ҳам инкор намекунанд, ки мақомҳои алоҳидае нашри ҳатмии ин ё он матлаби хосро аз онҳо хеле боисрор “хоҳиш” мекунанд.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтавори “Фараж” мегӯяд, ҷустуҷӯи минбар дар матбуоти мустақил барои чопи чунин маҳсулот низ як талоши ҳисобшуда аст, зеро ин майдон асосан дар дасти мунтақидони давлат монда буд. Ҷаноби Атовуллоҳ меафзояд, “фабрикаи ҷавоб” як навъ тавозунро дар ин майдон таъмин кард, зеро нашрияҳои мустақил дар баробари назари ҳамеша дастраси мухолифин ба мавқеъи ҳукумат ҳам дастрасӣ пайдо карданд: «Як сол пеш мавзӯъ ва мавзеъгириҳои тамоми расонаҳои мустақил якгуна буд ва чизе, ки дар саҳифаҳои онҳо эҳсос намешуд, назари ҷониби дигар, яъне назари ҳукумат буд. Касе аз ин ҷониб ҷуръат намекард, ки барои мисол, ба сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ посух диҳад. Аммо дар ин як сол марказҳои, ба қавли журналистон, “фабрикаи ҷавоб” пайдо шуд, ки вобаста ба ҳар мавзӯъ ё рӯйдод назари ҷониби ҳукуматро тавассути матбуоти мустақил ба мардум мерасонанд.»

Ба ақидаи сардабири “Нигоҳ” Саймуддин Дӯстов, рӯи ниёз ба матбуоти мустақил овардани нависандагони “фабрикаи ҷавоб” аз афзоиши нуфуз ва ба як нерӯи фикрсоз дар ҷомиаи Тоҷикистон табдил ёфтани ин нашрияҳо об мехӯрад. Сардабири “Фараж” Хуршеди Атовуллоҳ ҳам мегӯяд, сардамдорони давлат фаҳмидаанд, ки вазни маводи чопшуда дар як расонаи мустақил аз ончӣ ки дар нашрияи расмӣ рӯи чоп меояд, хеле фарқ мекунад: «Сабаби пайдоиши “фабрика” беэътибории нашрияҳои таблиғотии ҳукуматист. Инки чунин маводро барои мо меоранд, ба ин маъност, ки нашрияҳои мустақил назар ба матбуоти давлатӣ хонандаи бештар доранд ва ин расонаҳоро онҳое мехонанд, ки назарашон ба ҳаводис дигар аст. Ин аз нотавонии нашрияҳои давлатӣ ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки бо вуҷуди обунаи маҷбурӣ касе онҳоро намехонад ва баста-баста дар утоқи кории мақомоти маҳаллӣ пӯсида хоб мераванд соли дароз.”

[b]Хидмати хирсона[/b]

Матбуоти мустақил чунин матлабҳоро одатан бидуни ишорае ба манбааш нашр мекард. Нахустин расонае, ки ин табуро шикаст, “Нигоҳ” буд, ки матлаби расида дар бораи сафари Тӯраҷонзодаҳо ба Русияро ошкоро “Фабрикаи ҷавоб”, Тӯраҷонзодаҳо ва Путин” ном гузошт ва дар поварақаш шарҳ ҳам дод ки: «Фабрикаи ҷавоб» — дар доираҳои журналистӣ ва коршиносии мамлакат ниҳодеро меноманд, ки ҳамарӯза ба матлабҳои расонаҳо бо номҳои мустаори зиёд вокуниш нишон дода, аз мавзеъгириҳои ҳукумати феълӣ ҳимоят мекунанд. Дар рӯзҳои ҳассос, назири ҳаводиси Хоруғ ин ниҳод то 15-20 матлаб ҳам омода карда, тавассути суроғаи электронӣ ба ВАО ва рӯзноманигорони алоҳида мерасонд. Ин гуна матлабҳо аксаран дар расонаҳои ҳукуматӣ ба нашр мерасанд. Аз вижагиҳои дигари фаъолияти «Фабрикаи ҷавоб» бо истифода аз усулҳои журналистикаи Шӯравӣ интиқоди шадиди шахсиятҳои сиёсии мухолифи ҳукумат бо истифода аз маълумотҳои пӯшида мебошад.»

Саймуддин Дӯстов, сардабири “Нигоҳ” мегӯяд, ба сурати умум, “фабрикаи ҷавоб” ба ҳукумат ва ҷомеа бештар “хидмати хирсона” мекунад: “Бубинед, чӣ дар муҳити динӣ ва чӣ дар муҳити иттилоотӣ ҳама фаъолиятҳое, ки ин “фабрикаи ҷавоб” дошт, шиддати иҷтимоиро баръакс зиёд кард, мутаассифона. Ҷудошавии ҷомеа ба гурӯҳҳои алоҳида хеле баръало шуд, ки фикр мекунам, ин яке аз “хидматҳои хирсона”-и ҳамин “фабрикаи ҷавоб” аст.»

[b]Баҳси Тӯраҷонзода бо Мавлавӣ Абдураҳим[/b]

Матлабҳои таҳоҷумӣ алайҳи дигарандешон маъмулан бо имзоҳои мустаор чоп мешаванд ва касе, ҳатто масъулони нашрияҳо намедонанд, ки “Эҳсони Шариф”, ё “Ҷамшед Восиев”, ки ба унвони таҳлилгару шореҳ матлаб мефиристанд, дар асл вуҷуд доранд ё на. Баъзеи ин номҳо баъди нашри ҳамагӣ як матлаб ғайб мезанад.
Аммо дар ин авохир дар “Фараж” паиҳам чанд матлабу мусоҳибаи Мавлавӣ Абдураҳим чоп шуд, ки як шахси воқеист ва ҳамон Абдураҳим Каримовест, ки дар оғози солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҷои Мулло Ҳайдар Шарифзода имом-хатиби масоҷиди вилояти Кӯлоб шуду баъдан ба Афғонистон фирор кард, бо имзои сулҳ баргашт ва аз ҳисоби саҳмияи 30-фоиза ибтидо раиси гумруку баъд муовини раиси Оҷонси зидди маводи мухаддир ҳам шуд. Ӯ дар як матлабаш ба танқиди Додоҷони Атовуллоҳ пардохта, дигарашро “Ба Тӯраҷонзода эътимод накунед” ном додааст.

Вале Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мӯътақид аст, ки ин матлаб низ маҳсули “фабрикаи ҷавоб”-и ҳукумат аст ва аз Абдураҳим Каримов танҳо имзо гирифтаанд: “Ба баъзе аз ҳамин хел хидматгоронашон, яъне ба онҳое, ки бо ин идораҳо ҳамкорӣ мекунанд, матнҳоро дар дасташон медиҳанд, ки бару чоп кун. Вале Мулло Абдураҳим дар инҷо истисност. Ӯ ду ҷумла ҳам навишта наметавонад.»

Тӯраҷонзода иддао дорад, ки агар Абдураҳим Каримов дар ҳузури ом(м) иншое дар як саҳифа бинависад, 15 000 сомонӣ ҷоизааш хоҳад дод. Аммо Абдураҳим Каримов ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ончӣ ки навиштааст, бе ягон амре аз “боло” ва маҳсули қалами худи ӯст. Ӯ мегӯяд, дар бораи Тӯраҷонзодаҳо боз ҳатман чизҳои дигаре ҳам хоҳад навишт: “Аз худам буд. Касе инро аз ман нахоста буд, худам навиштам. Ин тарҷумаи ҳоли Тӯраҷонзодаҳост, ҳарфи таҳрирталабе надорад. Инро ҳар одами оддӣ мегӯяд ва ягон журналист мегираду менависадаш. Тӯраҷонзода худашро осмони чорум, ки мебинад, хайёл мекунад, ки дигар ҳама гӯлу гумроҳ асту тоқа хонадони онҳо як чизро мефаҳмад. Ӯро ман ҳанӯз аз ҳазор якашро нанависондаам. Бо як гап тамом намешавад, бисёр аст гап.”

[b]“Ҷанг”-и Чин дар Интернет ва “мактубҳои меҳнаткашон”[/b]

Чунин шеваи “набарди иттилоотӣ” дар кишварҳои дигари худкома низ фаровон таҷруба мешавад. Дар Узбакистон то ҳол мошини идеологии бозмонда аз Шӯравӣ фаъолу маҳкум кардани ин ё он шахсияти зидди давлат тавассути “мактубҳои меҳнаткашон” ҳамоно маъмул аст. Дар Чин низ ниҳодҳои хоси иборат аз ҳазорон нафар ва ҳатто сарбозони қисмҳои низомиро ҷалб мекунанд, ки дар баҳсҳои интернетӣ бо дигарандешон аз ҷониби давлат “биҷанганд.”

То кунун танҳо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таъсиси як гурӯҳи вижа барои мониторинги баҳсҳои интернетиро эътироф карда, мақомоти дигар иддаоҳо дар бораи вуҷуди “фабрикаи ҷавоб”-и ҳукуматро радд мекунанд. Аммо ба бовари, бо наздик шудани интихоботи президентии соли 2013 “фабрикаи ҷавоб” боз ҳам фаъолтар хоҳад шуд ва бояд чашмбароҳи сели бузургтари “компромат” алайҳи мухолифини давлати Тоҷикистон буд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24753815.html

Журналистон сертификат гирифтанд

[b]23 октябр дар кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари хотимавии клуби журналистони бахши экология баргузор гардид.[/b]

Муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Ҳикматулло Назиров зимни суханрониаш аз номи роҳбарияти кумита ба журналистон барои иштироки фаъолонаашон дар семинари ҳармоҳаи клуб изҳори миннатдорӣ карда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба инъикоси масоили бахши ҳифзи муҳити зист ва татбиқи сиёсати экологии Ҳукумати Тоҷикистон ҷалб намуд.

Дар анҷоми семинар Ҳикматулло Назиров ба журналистони бахши экология, аз ҷумла ба Аёзов Маҳмуд – радиои «Тоҷикистон», Ёқубов Ҷамолиддин — сармуҳаррири рӯзномаи «Наврӯзгоҳ», Мустафоқулов Шералӣ — корманди шабакаи аввал телевизион, Назиров Назир – АМИТ «Ховар», Сайфиддин Суннатӣ — рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Шарифов Далер – телевизиони «Сафина», Усмонов Мансур – радиои «Садои Душанбе», Зунунова Марҳабо – АМИТ «Ховар» ва ба дигарон сертификат супурд.

Хотирнишон месозем, ки клуби журналистони бахши экология соли 2011 дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Источник: http://khovar.tj/society/24883-zhurnaliston-sertifikat-giriftand.html

ХЕШОНИ АЙЁМИДДИН РАҲМИДДИНЗОДА ПАЙДО ШУДАНД

[b]Хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи мошине, ки боиси садама бо иштироки журналист Искандари Фирӯз шуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад, ба Беморхонаи «Қарияи Боло» ҳозир шудаанд.[/b]

Баъди қариб ду ҳафтаи садама, наздикони Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи «Тайота Ландкрузер», ки бинобар иттилои Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, ки ба сабукрави журналисти маъруфи тоҷик Искандари Фирӯз бархӯрдааст, ба беморхона ҳозир шуда, ба онҳо гуфтаанд, агар кӯмаке аз ҷониби онҳо лозим бошад, омодаанд.

Бинобар иттилои наздикони Искандари Фирӯз, имрӯз, 22-юми октябр, як мард бо ду руҳонӣ ба беморхона омада, гуфтаанд, ки хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба саволи наздикони журналист, ки беш аз ду ҳафта хешони Айёмиддин Раҳмиддинзода дар куҷо буданд, онҳо гуфтаанд, дар бораи ҳодиса нав дарак ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои ахир, Бозрасии давлатии автомобилӣ Айёмиддин Раҳмиддинзода, ронандаи 22-соларо, ки 9-уми октябри соли ҷорӣ, баъди рух додани садама аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, дар рух додани садама айбдор кард. Бинобар иттилои манбаъ, нисбати ӯ тибқи моддаи 212, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Тавре Фахриддин Зокиров, вакили дифои Ҷавоншери Искандар, писари Искандари Фирӯз, ба TojNews гуфт, айни ҳол парвандаи мазкур аз Шуъбаи марказии Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шудааст. Ду адвокат ваколати ин парвандаро гирифта, айни ҳол ба таҳқиқи он машғуланд.

Садама бо иштироки журналист дар кӯчаи Исмоили Сомонии пойтахт рух дода, Искандари Фирӯз фавран ба Маркази ҷумҳуриявии тиббии «Қарияи Боло» интиқол дода шуда, то имрӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад. Табиби Искандари Фирӯз — Файзулло Доғиев гуфт, дар ҳолати журналист ҳафтаи ахир ягон тағйирот дида намешавад ва ниҳоят вазнин унвон мешавад.

Писари 20-солаи журналист баъди як ҳафтаи муолиҷа дар ин беморхона сиҳат шудааст.

Ҳамчунин, ду нафар аз мусофирони «Тайота Ландкрузер», ки онро Айёмиддин Раҳмиддинзода идора мекард, дар «Қарияи Боло» бистарӣ ва ҷарроҳӣ шудаанд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шарҳи бештари ҳодиса худдорӣ мекунанд.

Источник: http://tojnews.org/node/4591

Баёнияи Би-би-сӣ дар бораи пахши порозит рӯи бахшҳои хабарии Би-би-сӣ

[b]Би-би-сӣ дар баёнияе эълом кардааст, ки рӯи теъдоде аз шабакаҳои родиюӣ ва телевизиюнии Би-би-сӣ барои мухотабони манотиқи Урупо ва Ховари Миёна порозитҳои (паразитҳои) амдӣ ва мутановиб (навбат ба навбат) ирсол шудааст.[/b]

Бар асоси баёния Волд Нюз, шабакаи хабарии байналмилалии Би-би-сӣ (World News), телевизиюни арабии Би-би-сӣ, ва сарвисҳои родиюии сарвиси ҷаҳонии Би-би-сӣ ба ду забони арабӣ ва англисӣ барои мухотабони манотиқи Урупо ва Ховари Миёна порозитҳои амдии мутановиберо таҷриба мекунанд.

Дар ин баёния омадааст муддате аст пахши барномаҳои теъдоде дигар аз шабакаҳои родиютелевизиюнӣ низ мухтал шудааст.

Ирсоли порозитҳо рӯи амвоҷи шабакаҳои форсизабони хориҷӣ монанди Би-би-сии форсӣ пеш аз ин мавриди интиқоди Би-би-сӣ ва маҷомеъи расонаҳои байналмилалӣ қарор гирифта буд, аммо ин бор ба назар мерасад ирсоли порозитҳо рӯи шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мухотабони забонҳои дигар ва дар бахшҳои дигаре аз ҷаҳонро низ шомил шудааст.

Би-би-сӣ дар баёнияе, ки имрӯз 18 октябр мунташир карда, навиштааст ирсоли паразитҳои амдӣ «нақзи фоҳиши қавонини байналмилалӣ дар заминаи истифода аз моҳвораҳо аст ва мо қаввиян ҳар гуна амалеро, ки ба манзури ихлол дар дастрасии озоди мухотабон ба ахбор ва иттилоъотро ба шиддат маҳкум мекунем.»

Пеш аз ин ниҳоди нозири родию ва телевизиюнҳои байналмилалии Омрико зимни маҳкум кардани ихтилол дар пахши барномаҳои родиюӣ ва телевизиюнии моҳвораии ирсолӣ ба Эрон онро таҳдиде алайҳи ҳуқуқи башар дониста ва гуфта буд, ки баъзе аз мавориди ирсоли паразит аз дохили хоки Сурия анҷом мешавад.

[b]Эрон ва паразит[/b]

Авосити моҳи ҷорӣ Фаронса ба паразит андохтани Эрон рӯи шабакаҳои моҳвораӣ, ки барномаҳои худро аз тариқи Ютелсет ва Ҳотберд пахш мекунанд, эътироз карда буд.

Ба гуфтаи ширкати фаронсавии Ютелсет, ки мудирияти моҳвораии Ютелсет ва Ҳотбердро бар уҳда дорад, Эрон аз чаҳоршанбеи 3 октябр рӯи шабакаҳои Би-би-сии форсӣ, Садои Омрико ва родиюи Фардо амдан ихтилол эҷод карда буд.

Собиқаи паразитандозӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз дастрасии эрониёни дохили кишвар ба барномаҳои моҳвораии байналмилалии форсизабон ба тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи натиҷаи эъломшудаи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ боз мегардад.

Ҳадаф аз паразитандозӣ бар шабакаҳои хабарии байналмилалӣ зоҳиран ҷилавгирӣ аз дастрасии эрониёни дохили кишвар ба ахбори марбут ба таҳаввулоти дохилӣ буд.

Эрон ҳиҷ гоҳ расман масъулияти паразитандозӣ рӯи шабакаҳои моҳавораиро напазируфтааст.

Дар ҳамин ҳол Ютелсет аз рӯзи душанбеи 15 октябр пахши барномаҳои родиютелевизиюни Ҷумҳурии Исломии Эронро аз моҳвораи Ҳотберд қатъ кардааст. Ин ширкат далели ин иқдомро таҳримҳои тозаи Урупо алайҳи Эрон эълом кардааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/10/121018_l16_bbc_jamming.shtml

БАРРАСИИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ ЖУРНАЛИСТӣ

[b]Дар шаҳри Антверпени Белгия конфронси 14-уми Иттиҳоди ташкилотҳои худтанзимкунии журналистии Аврупо ҷараён дорад.[/b]

Тавре ки аз дастгоҳи иҷроияи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон хабар доданд, дар кори он роҳбарону намояндагони ташкилотҳои машғули худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз 35 кишвари олам иштирок дошта, масоили марбут ба риояи меъёрҳои касбиву ахлоқиро баррасӣ мекунанд. Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, директори ТВ «СМТ» Зинатулло Исмоилов дар рӯзи аввали конфронс фаъолияти ин ниҳодро дар Тоҷикистон натиҷагирӣ намуда, изҳор дошт, ки риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон заминаро барои рушди бештари соҳа фароҳам овардааст. Бо ишора ба нақши муҳими ниҳоди худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ аз нақши Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар риояи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ёдоварӣ шуд. Инчунин раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳои Олмон, Ҳолланд, Швейтсария, Каталония, Озарбойҷон, Украина, Молдова, Гурҷистон ва Федератсияи Русия перомуни табодули таҷриба ва рушди зиёдтари ҳамкориҳои судманд силсилаи вохӯриҳоро анҷом дод. Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалӣ, инчунин узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Мухтор Боқизода ва дабири кулли он Хилватшоҳи Маҳмуд намояндагӣ мекунанд, – мегӯяд Зиннатулло Исмоилов ва меафзояд: ҳайати мо инчунин дар доираи ин сафар аз шаҳри Берлини Олмон боздид намуда, бо фаъолияти Шӯрои матбуотии Олмон ошно хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/24809-barrasii-meer1203oi-ahlo1179ii-faoliyati-zhurnalist1251.html