Все записи автора admin

Посухҳои Асадуллоҳ Раҳмонов ба пурсишҳои хонандагон

[b]Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба пурсишҳои хонандагони торнамои Радиои Озодӣ посух гуфт.[/b]

Мизони суолҳои ироашуда тавассути хонандагон ба раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар қиёс ба меҳмонони қаблии «Гуфтугӯи мустақим» бесобиқа буд. Ҷаноби Раҳмонов низ ин амрро далели таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба фаъолияти ин кумита ва шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии Тоҷикистон арзёбӣ кард.

Асадуллоҳ Раҳмонов, аз рӯи имконот ва диди хеш ба аксари кулли суолҳо посух гуфт, ки бештари онҳо ба фаъолияти шабакаҳои давлатии радио ва телевизони Тоҷикистон, мӯҳтавои барномаҳо, ҳавзаи пахши барномаҳои радио ва телевизион рабт дошт.

Пахши филмҳои хориҷӣ ва таъсири фарҳанги бегона, набуди барномаҳои диниву маърифатӣ дар шабакаҳои давлатӣ, интихоби нодурусти кадрҳо дар Кумита ва шабакаҳои телевизионӣ ва вуҷуди маҳалгароӣ аз дигар масоиле буд, ки дар суоли хонандагону истифодабарандагони сомона матраҳ гардидааст.

Посухҳои Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба ин суолҳоро дар гӯшаи «Гуфтугӯи мустақим» метавонед дарёфт кунед.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249997.html

Вазъи осебпазири фазои шӯравии пешин

[b]Созмони Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House фазои ҳоким дар паҳнои шӯравии пешинро чун вазъи бӯҳронии ҷаҳони араб осебпазир медонад.[/b]

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар дар сӯҳбати вижа бо хабарнигори Радиои Озодӣ Никола Крастев гуфтааст, ки рушди ниҳодҳои демократӣ дар Молдова ва Гурҷистон ба чашм мехӯрад. Дар айни замон Волкар бар пояи як пажӯҳиши соли 20101-ум гуфтааст, агар ҷамоҳири назди баҳри Балтикро истисно намоем, 80 дар сади аҳолии кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери ҳукми низомҳои худкома ба сар мебаранд.

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар мегӯяд, соли равон ин муассиса вазъи 29 кишвари собиқ Шӯравиро ба баррасӣ гирифта, ба хулосае омадааст, ки дар кишварҳои минтақа таназзули масъулияти ниҳодҳои демократӣ эҳсос мешавад ва раҳбарони худкома бидуни кадом тағйире дар сари қудрат боқӣ мемонанду ҳеҷ ислоҳоте низ мадди назар надоранд. Ба қавли Волкар ин ҳамон вазъест, ки дар як идда кишварҳои Африқои Шимоливу Ховари Миёна дар арафаи инқилоби кишварҳои арабӣ ва ё ба истилоҳ баҳори арабӣ ҷой дошт.

Волкар меафзояд: “Мо бар пояи индекс ё худ шохисҳои демократӣ вазъи кишварҳои худкомаи собиқ Шӯравиро таҳқиқ намуда, дарёфтем, ки дар ин кишварҳо ислоҳоте татбиқ намешавад ва нишондиҳандаҳои демократии онҳо ба кишварҳои арабии мувоҷеҳ ба инқилоб шабоҳат доранд. Наметавон гуфт, ки кишварҳову ҷомеаи онҳо комилан шабеҳи ҳамдигаранд, вале вақте шумо мебинед, ки дар ин кишвар тағйири осоиштаи қудрат дар байни нерӯҳои сиёсӣ имкон надорад, ҳамчунон садои нерӯҳои муътадили сиёсӣ шунида намешавад ва бар илова фасод рушд намудаву ҳокимияти қонун сарфи назар мешавад, шабоҳатҳои низомҳо возеҳ мегарданд”.

Волкар ибрози нигаронӣ мекунад, ки вақте нерӯҳои муътадили сиёсӣ аз саҳнаи сиёсӣ канор партофта мешаванд, ҷои онҳоро нерӯҳои экстремистӣ ишғол мекунанд.

Ба ақидаи раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House кишварҳои собиқ Шӯравии дорои захираҳои бузурги маводи сӯхт, ба монанди Русия аз истихроҷи нафту гази табиӣ мафоди бузурге ба оварда, зиёд дар фикри рушди соҳаҳои дигари хоҷагиҳояшон нестанд.

Аммо дар кишварҳои арабӣ инқилобҳо аз он сабаб сар задаанд, ки мардум аз ҳукми тӯлонии раҳбарони солхӯрдаи муттаҳам бо фасод ба дод омада буд. Дар мамолики собиқ Шӯравӣ бошад, аксаран раҳбарон ҷавонанд.

Дар ин бора Волкар мегӯяд: “Вақте раҳбарони худкомаи кишварҳои собиқ Шӯравиро таҳқиқ мекунед, мебинед, ки аз миёни нӯҳ раҳбар синни фақат ду нафар аз 70-сола боло аст: Президенти Узбакистон Ислом Каримов ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Дигарон ҳама ҷавон ҳастанд: раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев 49-сола аст. Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Русия Владимир Путин 58–сола мебошанд. Президенти Русия Дмитрий Медведев аслан 45 сола аст. Агар мо амалкардҳои гузаштаи ин раҳбаронро мадди назар гирем, мебинем, ки онҳо солҳои тӯлонӣ курсиҳояшонро ҳифз карданианду ҳеҷ ислоҳоти назаррасе ҳам то ин замон татбиқ накардаанд, пас метавон тахмин кард, ки дар дурнамои сиёсии ин кишварҳо тағйири чашмгире мушоҳида нахоҳад шуд”.

Волкар мегӯяд, татбиқи ислоҳот дар кишварҳое, ки ба рукуди давомдор одат кардаанд, кори осон нест. Ӯ Мисрро мисол меорад, ки дар рӯ ба рӯи мероси сисолаи ҳукми Ҳуснӣ Муборак, яъне маъмурияти саршор аз камбудиву фасод қарор дорад, ки ислоҳ намудани он вақту нерӯи зиёд талаб мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249946.html

«Иттиҳодияи Урупо бар қазияи Урунбой Усмонов назорат мекунад»

[b]Иттиҳодияи Урупо бори дигар дар бораи қазияи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нигаронии худро иброз доштааст.[/b]

Дар баёнияи Катерин Эштон, намояндаи умури хориҷии Иттиҳодияи Урупо дар Ландан ва муъовини раиси Иттиҳодияи Урупо, омадааст, ки ин иттиҳодия бар нигаронии худ дар заминаи боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, таъкид мекунад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардни суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=91]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=91[/url]

Источник:

Мулоқоти масъулини Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов

[b]Хабарнигорон ва масъулони Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Си мулоқ намуданд.[/b]

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи 28 -уми июн доир шуд, Ҳамид Исмоил ва Исфандиёри Одина, раҳбарони бахшҳои осиёимиёнагӣ ва тоҷикистонии Би-Би-Си ва ду хабарнигори маҳаллӣ дар идораи раёсати амнияти Суғд мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Усмонов гуфт, ки таҳқиқоти аввалияи парванда узвияти хабарнигори Би-Би-Си дар Ҳизби таҳрирро собит накард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=90]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=90[/url]

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник:

Мулоқоти масъулини Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов

[b]Хабарнигорон ва масъулони Би-Би-Си бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Си мулоқ намуданд.[/b]

Дар ин мулоқот, ки субҳи рӯзи 28 -уми июн доир шуд, Ҳамид Исмоил ва Исфандиёри Одина, раҳбарони бахшҳои осиёимиёнагӣ ва тоҷикистонии Би-Би-Си ва ду хабарнигори маҳаллӣ дар идораи раёсати амнияти Суғд мулоқот карданд. Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Усмонов гуфт, ки таҳқиқоти аввалияи парванда узвияти хабарнигори Би-Би-Си дар Ҳизби таҳрирро собит накард.

Ҳамид Исмоилов, раҳбари бахши осиёимиёнагии Би-Би-Си дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: «Вай, Урунбой Усмонов низ бар онаст, ки он чӣ кардааст, дар чаҳорчӯби фаъолияти касбии хабарнигории худ анҷом додааст. Ва зиёда аз ин коре накардааст. Ва чун ман ба ӯ гуфтам, ки дар ин бора Би – Би – Си ба раисҷумҳури Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол доштааст, Усмонов ба кормандони раёсати амният изҳор дошт, ки он президенти Тоҷикистон дар ин кишвар ҷомеаи боадолатона бунёд карданист, аз ин рӯ умедвор аст масъулони парвандаи вай низ аз адолат кор хоҳанд гирифт.»

Вай афзуд, зимни суҳбати кӯтоҳмуддат бо Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би – Би – Си дар ҳузури вакили дифоъ ва муфаттиши парвандаи ӯ ҳоли ӯро ногувор дарёфт.

Вай афзуд: «Маро аз ҳама бештар ҳолати равониву рӯҳонии ӯ нигарон кард. Усмонов дар ҳолати басо руҳафтодагӣ қарор дорад. Ва ман диққати кормандони раёсати амниятро ба вазъи сиҳати ӯ ҷалб кардам, ки аз бемориҳои қалб ва қанд ранҷ мекашад ва гуфтам, ӯро, ки дар аъмолаш осори ҷиноят ошкор нашудааст, ҳар чӣ зуд озод кунанд, беҳтар аст».

Мақомоти тафтишотӣ ба далели пинҳон доштани сиррӣ тафтишотӣ аз ҳарф задан худдорӣ меварзанд. Аммо Файзинисо Воҳидова, ваккили дифоъи Усмонов мегӯяд, эҳтимол дорад тафтишот алайҳи зерҳимояаш айби пинҳон доштани вохӯрӣ бо аъзои ҳизб – ут – таҳрир дар ҷараёни фаъолияти журналистиаш, гирифтани адабиёти ин ҳизб аз онҳо ва дар ин бора расман ба мақомот хабар надоданро, мутобиқи банди 307 — и Асноди ҷиноии Тоҷикистон пешниҳод кунанд.

Ҳамин тавр, тафтиши пешакии парвандаи Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би – Би – Си ба ҷараёни дигар ворид мешавад. Ин ҳол маҳофили рӯзноманигории Тоҷикистонро ба имкони
«сафед шудан» ва раҳоии Усмонов хушбин кардааст.

Нуридин Қаршибоев, раҳбари Иттиҳолияи расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нансмит дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, аз ҷараёни тафтишоти аввалияи парванда ва собит нашудани иртиботи Урунбой Усмонов бо ҳизб – ут – таҳрир истиқбол мекунад. Ба ақидаи оқои Қаршибоев, аз ҳама муҳим, дар ҷараёни тафтиши парванда бояд меъёрҳои байнулмилалӣ ва миллии озодии баён нақз нагардад.

Вай афзуд: «Ғайр аз ин, ба назари ман, зарур аст маводе, ки Урунбой Усмонов дар мавзӯъи бархӯрд бо ҳизб – ут – таҳрир навиштааст, бояд мавриди ташхиси ҷиддии забоншиносӣ қарор бигирад, то ин ки ба таври асоснок дар навиштаҳои ӯ мавҷуд будани даъват ба ин ҳизб радъ карда Нуриддин Қаршибоев, раиси АМРМТ
шавад. Ҳамчунин, мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонуни Тоҷикистон дар бораи васоити ахбори омма рӯзноманигор дар сурати боз шудани парванда метавонад манобеъи худро ошкор созад».

Дар робита ба ин рӯзноманигор Абдувосит Салимзода мегӯяд:
«Урунбой Усмнов ба ҳайси як журналист кӯшиш мекард ба ҳар ҳодисаи муҳиме, ки дар шимоли Тоҷикистон рух медиҳад, баҳои воқеӣ бидиҳад. Вале ман ҳеҷ мушоҳида накардаам, ки вай дар гузоришҳои худ ақидаҳои ҳизб – ут – таҳрирро тарғиб мекарда бошад ё бо аъзои ин ҳизб ягон иртиботе дошта бошад. Умедворам баррасии қазияи вай одилона сурат мегирад ва исбот мегардад, ки агар вохӯриҳое ҳам бо аъзои ин ҳизб дошт, дар доираи фаъолияти рӯзноманигориаш анҷом гирифтааст».

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнири боздоштшудаи Би — Би — Си мегӯяд, вай дар доираи салоҳиятҳои худ, ба ҳайси хабарнигори сабтиномшудаи расонаи хориҷӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Қонунҳои ин кишвар фаъолият мекард, ки ба хабарнигор пинҳон доштани манбаъи иттилоъотиии худро кафолат медиҳад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24249058.html

«Таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти Усмоновро дар Ҳизби таҳрир собит накард»

[b]Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд, гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти муваккилашро дар Ҳизби таҳрир собит накардааст.[/b]

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро, ки рӯзи 13-уми июн пас аз кор ғайб зада буд ва танҳо пас аз як рӯз хабари боздошти вай ба хонаводааш расид, қаблантибқи моддаи 307 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буд.

[b]Муатни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=89]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=89[/url]

Источник:

«Таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти Усмоновро дар Ҳизби таҳрир собит накард»

[b]Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд, гуфт, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти муваккилашро дар Ҳизби таҳрир собит накардааст.[/b]

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро, ки рӯзи 13-уми июн пас аз кор ғайб зада буд ва танҳо пас аз як рӯз хабари боздошти вай ба хонаводааш расид, қаблантибқи моддаи 307 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буд.

Дар ҳоле ки таҳқиқоти муқаддамотии ин парванда таҳти назорати ҷомеъаи маданӣ ва фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бар давлати Тоҷикистон барои озодии ин хабарнигор идома дорад, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов гуфт: «Дар натиҷаи гузаронидани як қатор амалиётҳои тафтишотӣ имрӯз пурра муъаян шуд, ки дар ҳақиқат журналисти бахши ӯзбекии Би-би-сӣ узви Ҳизби Таҳрир нест ва ягон вақт ба ин гурӯҳ шомил нашудааст.»

Вай афзуд: «Ман фикр мекунам, ки тарафи тафтишоти пешакӣ низ бо ин фикри мо розӣ аст, зеро ягон далел ба даст наомад, ки ин иттиҳомро исбот карда тавонад.»

Ба гуфтаи хонуми Воҳидова, моддаи 307-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, ки оқои Усмонов тибқи он муттаҳам шудааст, дорои чандин банди мухталиф, назири таъсиси ҳизби мамнӯъ, узвият дар он, фаъолият дар он ва ё хабар надодан дар бораи он аст.

Акнун, ба гуфтаи хонум Воҳидова бозрасон талош доранд, ки хабарнигори Би-би-сиро дар заминаи иттилоъ надодан ба мақомот дар бораи фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрир муттаҳам кунанд.

Аммо вай афзуд: “Касби журналистӣ нозукиҳои худро дорад, мо наметавонем журналистро дар қатори шаҳрванди одӣ гузорем ва гӯем, ки вай бояд ҳатман тамоми амалҳоеро, ки мебинад ё дарк мекунад, ба мақомот хабар диҳад. Ин бевосита ба ҳирфаи вай вобаста аст.”

Қаблан гузориш шуда буд, ки ду нафар аз аъзои Ҳизби Таҳрир, ки алайҳи оқои Усмонов шаҳодат дода буданд, дар ҷаласаи рӯбарӯ бо вай узви ин ҳизб будани оқои Усмоновро рад карданд.

Яке аз онҳо танҳо ин нуктаро таъйид кардаст, ки нусхае аз маҷаллаи ин ҳизбро ба ин хабарнигор таҳвил дода будааст. Оқои Усмонов дар ин ҷаласа гуфта буд, ки ин маҷалларо ба манзури мутолеъаи хабарнигорӣ дарёфт кардааст.

Вакили мудофеъи оқои Усмонов мегӯяд, ки исбот хоҳад кард, ки дар ин кирдори муваккилаш ҳеҷ “амали ҷиноятӣ” вуҷуд надоштааст.

Пас аз пахши хабари боздошти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, хонаводаи ин хабарнигор, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони диплумотики кишварҳои ғарбӣ дар Тоҷикистон аз наҳваи боздошт ва эҳтимоли озори ҷисмонии ин хабарнигор ибрози нигаронии шадид карда буданд.

Нахуст шабакаи хабарии Би-би-сӣ ва сипас сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Хабари собит нашудани иттиҳоми узвияти Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ҳизби Таҳрир дар ҳоле пахш мешавад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пас аз боздошти ӯ бо пахши баёнияе ин хабарнигори Би-би-си-ро узви Ҳизби Таҳрир хонда буд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонун танҳо додгоҳ метавонад, ҷурми касеро собит бисозад ва то замони баргузории додгоҳ касеро наметавон узви ин ё он гурӯҳи мамнӯъ хонд.

Тоҷикистон дар гузоришҳои солонаи Хонаи Озодӣ, як созмони байналмилалии нозир бар хукуки башар, бо номхои — «Озодӣ дар ҷаҳон 2011» ва «Озодии матбуъот 2011» дар гурӯҳи кишварҳои ғайриозод шомил шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110627_sq_investigation.shtml

Гурӯҳи Бӯҳрон: «Боздошти хабарнигори Би-би-сӣ паёми баде ба кишварҳои ёригар»

[b]Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳушдор додааст, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон метавонад, паёми баде барои кишварҳои ёригар ба ин кишвар бошад.[/b]

Алаин Делетроз, муъовини раиси ин созмони байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз низоъ аст, боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро, ки кумакҳои умда аз Урупо ва Омрико дарёфт мекунад, такондиҳанда хонд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=88]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=88[/url]

Источник:

Гурӯҳи Бӯҳрон: «Боздошти хабарнигори Би-би-сӣ паёми баде ба кишварҳои ёригар»

[b]Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳушдор додааст, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон метавонад, паёми баде барои кишварҳои ёригар ба ин кишвар бошад.[/b]

Алаин Делетроз, муъовини раиси ин созмони байналмилалӣ, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз низоъ аст, боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистонро, ки кумакҳои умда аз Урупо ва Омрико дарёфт мекунад, такондиҳанда хонд.

Оқои Делетроз гуфт: “Дар чунин маврид давлат бояд дар зудтарин фурсат ба ин қазия таҷдиди назар кунад ва ба минтақа, хабарнигорон ва бахусус ба кишварҳои ёригараш паёми дуруст бифиристад.”

Оқои Делетроз ҳамчунин гуфт, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон, табиъатан кори худро анҷом медод ва боздошти ӯ метавонад, марҳилаи шикананда барои озодии баён дар кишвар бошад.

Вай гуфт: “Чунин раванд дар кишварҳои дигари минтақа ба чашм мехӯрад, аммо Тоҷикистон – давлатест, ки Урупо ба хусус Бритониё ва Омрико бояд бо он диолуги мустаҳкам дошта бошанд, зеро наметавон ҳам аз Ғарб кумак дарёфт кард ва ҳам бо озодии баён ва озодии матбуъот чунин рафтор кард.”

Ин мақоми созмони байналмилалӣ бо ишора ба мушкилоти фаровони кишвар дар заминаи қочоқи маводди мухаддир афзуд: “Навмедкунанда ин аст, ки як кишвари дорои мушкилоти хеле зиёд дунболи як хабарнигор меравад ва он ҳам — хабарнигори Би-би-сӣ, ки худ ҳирфаятро замонат медиҳад.”

Ин мақоми Гурӯҳи Бӯҳрон ба монандҳи чандин созмони дигари байналмилалӣ ба ин нукта, ки Тоҷикистон дар заминаи озодии матбуъот дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа обрӯи беҳтаре доштааст, таъкид кард ва аз давлати ин кишвар хост дар мавриди қазияи хабарнигори Би-би-сӣ таҷдиди назар кунад.

[b]Нигаронӣ аз вазъи равонии Ӯрунбой Усмонов[/b]

Рӯзи сешанбеи 28-уми июн нахустин дидори Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷанд бо намояндагони ин шабакаи хабарӣ дар идораи амниятии вилояти Суғд сурат гирифт.

Субҳи рӯзи сешанбе Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ ва Исфандиёри Одина, раҳбари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо ду хабарнигори маҳаллӣ бо оқои Усмонов дар ҳузури вакили мудофеъ ва як маъмури амниятӣ мулоқот карданд.

Ҳамид Исмоилов, ки ба манзури дидору гуфтугӯ бо мақомоти мухталифи Тоҷикистон дар робита ба боздошти оқои Усмонов дар Тоҷикистон ба сар мебарад, мубтакири ин дидор буд.

Ин мулоқот дар идораи раёсати амнияти шаҳри Хуҷанд ҳудудан 5 дақиқа идома дошт ва оқои Исмоилов пас аз ин дидор вазъи рӯҳии Ӯрунбой Усмоновро нигаронкунанда тавсиф кард.

Оқои Исмоилов гуфт, ки пас аз ин мулоқот вай ба мақомоти раёсати амнияти шаҳри Хуҷанд аз вазъи равонии Ӯрунбой Усмонов ибрози нигаронӣ кардааст.

Вай гуфт: “Ман ба онҳо гуфтам, ки вазъи равонии ӯ бад аст, хеле афсурда ва сокит ва то андозае тарсхӯрда ба назар мерасад. Ҳатто ба ҳангоми посух ба саволҳои ман вай ба чашми маъмури амниятӣ нигоҳ мекард.”

Ба гуфтаи оқои Исмоилов мақомоти амниятӣ дар посух ба ин ҳарфҳои вай гуфтанд, ки ҳеҷ амали ғариқонунӣ дар нисбат ба оқои Усмонов эъмол нашудааст.

Намояндагони Би-би-сӣ гуфтанд, ҳадафи аслии дидорашон бо Ӯрунбой Усмонов дилбардорӣ ва итминон додан ба оқои Усмонов дар ин маврид будааст, ки Би-би-сӣ ҳамаи талошҳоро барои озодии вай анҷом медиҳад.

Оқои Исмоилов гуфт: “Нахустин чизе, ки ман ба Ӯрунбой Усмонов гуфтам, ин буд, ки қариб ки тамоми ҷаҳон ва қабл аз ҳама ҳамкоронаш дар пуштибонӣ аз ӯ қомат бардоштаанд. Дар бораи изҳоротҳои созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои мухталиф дар пуштибонӣ аз ӯ хабар додам ва гуфтам, ки ахиран мактуби раҳбарияти Би-би-сиро ба мақомоти Тоҷикистон таслим кардам.”

Оқои Исмоилов афзуд: “Раҳбарияти ман дар ин мактуб ба мақомоти Тоҷикистон иброз доштааст, ки мо бо мақомоти Тоҷикистон ҳамеша робитаи хуб доштем ва намехоҳем ба ин робита латма ворид шавад.”

Ҳамроҳ бо намояндагони Би-би-сӣ дар дидор бо Ӯрунбой Усмонов ду хабарнигори маҳаллӣ низ буданд. Аммо ба гуфтаи вакили мудофеъи оқои Усмонов, муваккилаш “бо дарназардошти қазияи ахир бо хабарнигорон Ленура Мустафоева ва Илҳоми Ҷамолиён” нахостааст бо ин хабарнигорон сӯҳбат кунад.

Ҳамид Исмоилов, раиси бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ, ки Ӯрунбой Усмонов беш аз даҳ соли ахир барои ин бахш кор кардааст гуфт, ки тӯли чанд рӯзи ахир бо мақомоти сутӯҳи мухталиф дар Тоҷикистон дидору гуфтугӯҳо дар ин замина дошт.

Вай гуфт, ки дар тӯли ин муддат бо қазияи Ӯрунбой Усмонов ва иттиҳомоти ворида ба ӯ аз наздик ошно шуда ва дубора мутмаъин шудааст, ки хабарнигор дар ҳеҷ маврид рафтори ғайриқонунӣ надоштааст.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов иттилоъ дод, ки таҳқиқоти муқаддамотӣ узвияти муваккилашро дар Ҳизби Таҳрир собит накардааст.

Мақомоти амниятии вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро, ки рӯзи 13-уми июн пас аз кор ғайб зада буд ва танҳо пас аз як рӯз хабари боздошти вай ба хонаводааш расид, қаблан тибқи моддаи 307 қонуни кайфарӣ ё ҷиноии Тоҷикистон ба узвият дар Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда буд.

Шабакаи хабарии Би-би-сӣ, сафоратхонаҳои Бритониё ва Омрико, Иттиҳодияи Урупо, САҲУ, созмонҳои Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, Хонаи Озодӣ ва Афви Байналмилалӣ бо пахши баёнияҳое аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, Ӯрунбой Усмоновро бедиранг озод кунад.

Аммо вакили мудофеъи оқои Усмонов гуфт, ки тибқи Қонуни кайфарии Тоҷикистон, пас аз ин, ки додгоҳ ҳукми боздоштро содир мекунад, вакили мудофеъ то анҷоми мӯҳлати таҳқиқоти муқаддамотӣ (ду моҳ) ҳаққи дархости ҳабси хонагӣ ва ё озодии таҳти шароити муваккил надорад.

Раҳбарияти Шабакаи хабарии Би-би-сӣ дар Ландан тасмим гирифтааст, ки хабарнигорони бахшҳои мухталифи ин шабака ҳар рӯзи чоршанбе то замони озодии Ӯрунбой Усмонов дар рӯбарӯи сохтмони Би-би-сӣ дар Ландан ҳамоиши эътирозӣ барпо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110628_sq_urunboy_ismailov.shtml

Қазияи Усмонов дар САҲА арзёбӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар САҲА боздошти хабарнигори Би- Би-Сӣ Урунбой Усмоновро шарҳ дод.

Ҳафтаи гузашта дар Вена дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Маҷористон аз номи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити фаъолият ва фазои кории воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла боздошти хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ намуд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=87]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=87[/url]

Источник: