[b]Ҳайъати суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон дар баёнияи муштарак дар рӯзи сешанбеи 5 июл, аз тасмими мақомоти Тоҷикистон мабнӣ бар лағви иттиҳомоти узвияти Ӯринбой Усмонов ба Ҳизби Таҳрир истиқбол кардаанд.[/b]
Ин баёния ҳамзамон аз боқӣ мондани иттиҳомот алайҳи оқои Усмонов, ки ба фаъолияти хабарнигории ӯ марбут буда ва аз чаҳорчӯби истондортҳои фаъолияти хабарнигорон берун намеравад, ибрози нигаронии амиқ кардаанд.
Суфарои кишварҳои Иттиҳодияи Урупо ибрози умедворӣ карданд, ки мақомоти Тоҷикистон дар мавриди иттиҳомоти боқимонда таҷдиди назар карда ва сареъан Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро аз боздошт озод хоҳанд кард.
Иттиҳодияи Урупо аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои истиқрори субот ва амният дар кишвар пуштибонӣ карда, ҳамзамон ба муҳим будани озодии матбуъот дар ин кишвар ва зарурати мутафиқ будан бо истондоротҳои қазойии шаффофи байналмилалӣ таъкид кардаанд.
Ӯринбой Усмонов рӯзи 13 июн ҳангоме ки аз маҳалли кор ба хона бармегашт, нопадид шуд. Як рӯз пас маъмурони амниятӣ ва пулис ӯро ба хонааш оварда, манзилашро такурӯ карданд ва дубора бо худ бурданд.
Аз он замон то кунун чандин созмони байналмилалӣ, сафоратхонаҳои ғарбӣ ва созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон дар баёнияҳои мукаррар хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуданд. Би-би-сӣ низ дар ду баёния боздошти ӯро маҳкум карда ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.
Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз низ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, то Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шимоли ин кишварро, озод кунанд.
Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International), аз созмонҳои мӯътабари дифоъи ҳуқуқи башар матлаберо таҳти унвони «Қазияи Усмонов марҳалаи ҳассосе барои Тоҷикистон аст», мунташир кардааст, ки аз паёмадҳои эҳтимолии боздошти хабарнигори Би-би-сӣ барои кишваре чун Тоҷикистон сӯҳбат мекунад.
Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳрон ҳушдор дод, ки боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон метавонад, паёми баде барои кишварҳои ёригар ба ин кишвар бошад.
Иттиҳодияи Урупо низ батозагӣ бори дигар эълом кардааст, ки аз қазияи боздошти хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон нигарон аст ва ин қазияро аз наздик дунбол мекунад.
Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буд, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад.
Ҳамчунин, ин созмон хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуда ва гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.
Бо ин ҳол, ҷониби бозрасӣ ҳоло мехоҳанд оқои Усмоновро ба «ҳамдастӣ» ё «хабар надодан ба мақомоти марбута» дар бораи мулоқоташ бо аъзои эҳтимолии Ҳизби Таҳрир муттаҳам кунад.
Вале ҳам Ӯрунбой Усмонов, ва ҳам вакили мудофеъаш ва ҳам Би-би-сӣ мегӯянд, ки мулоқоти оқои Усмонов бо аъзои Ҳизби Таҳрир дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигории ӯ сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, баъд аз зӯҳри ҳар рӯзи чаҳоршанбе хабарнигорон ва мудирони бахшҳои мухталифи Би-би-сӣ дар ҳамоиши эътирозӣ дар назди сохтмони Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ дар Ландан, дар иртибот бо боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори ин шабака дар шимоли Тоҷикистон, барпо мекунанд.
Би-би-сӣ тасмим гирифтааст, ҳар рӯзи чаҳоршанбе, то замони озодии оқои Усмонов, чунин ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор кунад.
Питер Ҳоррокс, раҳбари Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, дар номае аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хостааст, ки ба озодии Ӯрунбой Усмонов мусоъидат кунад.
Вале раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ҳеч посухе ба ин нома ва муроҷиъатномаи аҳли хонаводаи Ӯринбой Усмонов, ки рӯзи 18 май ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ ирсол шуда буд, надодааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110705_mm_urinbay_usmon.shtml