Все записи автора admin

«Агар президент Раҳмон инро дарк карда бошад…»

[b]Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори «Озодагон» бо журналисти маъруф, устоди донишгоҳи Гурҷистон Олег Панфилов.[/b]

[b]- Олег Валентинович, дар бораи Тоҷикистон матбуоти Русия ба сифати як кишвари рӯ ба Ғарб сӯҳбат мекунад. Шумо, ки ба ахбор ва ҳаводиси мо таваҷҷӯҳи бештар доред, ба ин гуна иддао розӣ ҳастед?[/b]

— Гуфтан мумкин аст, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ҳар гуна робита бо кишварҳои ғарбӣ ба як навъ рашк муносибат мекунанд. Ё аз рӯи принсипи «танҳо бо мо». Ҳарчанд, то ҷое, ки ман медонам, ҳамаи лоиҳаҳои иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ё бебарор буданд, ё аз ҳаракат бозмондаанд. Дар ин сурат, Тоҷикистон мисли ҳар мамлакати дигари мустақил ҳақ дорад бо ҳар кишваре ҳамкорӣ намояд, ки ба ӯ лоиҳаҳои воқеӣ пешниҳод мекунад ва иҷрои муваффақи онҳоро ваъда медиҳад. Фаъолият доштан аз рӯи принсипи русии «биёед ором, вале бепул дӯстӣ кунем» барои Тоҷикистон манфиате надорад. Инро фаҳмидан мумкин. Зеро кишвар дар бунбасти геополитикиву иқтисодӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат дар натиҷаи амбитсияҳои Кремлу Тошканд, вазъи Афғонистон ба миён омадааст. Биноан, Тоҷикистон маҷбур аст, ки шарикони воқеиро ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Муҳим нест, ки онҳо дар куҷоанд — дар Ғарб, ё Шарқ.

Албатта дар Душанбе дарк мекунанд, ки сиёсати бузургманишинонаи русӣ бисёр рашкин аст, вале ҳолати вуҷуддошта ин кишварро водор менамояд, ки дӯстони боэътимоди худро пайдо кунад.

[b]- Дуруст аст, аммо хабарҳо низ ҳокӣ аз онанд, ки дар ин авохир омаду рафти намояндагони Ғарб ба Душанбе хеле зиёд асту раҳбарияти Тоҷикистон низ зуд — зуд меҳмони онҳо мегарданд. Дар мо гуфтани ин мафҳумро, ки сиёсати хориҷии мо дар асоси дарҳои кушод бунёд шудааст, хеле дӯст доранд. Бовуҷуд, ҳатто дар зинаҳои раҳбарӣ низ иқроранд: мо «ҷанги иттилоотӣ» — ро бохтаем! Бархе аз коршиносон гуфтаанд, ки чунин сурат гирифтани кор, амри табиист, чун раҳбарияти феълӣ «насли пахта»-анд, на насли «hi-tech». Бар иловаи ин дар ин ҷабҳа Шумо боз кадом мушкилотро мебинед?[/b]

— Дар ин гуна ҳолатҳо ман андешаи радикалӣ дорам. Яъне бояд мисли Гурҷистон ба иқдомҳои маҳдудкунанда даст зад — ҳам дар соҳаи иқтисод, ҳам сиёсат ва ҳам иттилоотӣ. Дар ин кишвар ягон шабакаи хабарии телевизионии Русия фаъол нест. Аммо истифода аз шабакаҳои фароғативу маърифатӣ озоданд. Тифлис аз рӯзҳои аввали ҷанг бо Русия дар моҳи августи соли 2008 тасмим гирифт, ки аз таъсири хабарии русӣ озод шавад. Ин мавқеи дуруст аст. Аввалан, барои он ки таблиғи телевизионии Русия ягон пайванде бо озодии сухан надорад. Он тарғибу ташвиқ асту бас. Дуюм, шабакаҳои телевизионии русӣ бисёр талош доштанд, ки мафкураи мардуми Гурҷистонро зери таъсири худ бигиранд. Ва ахиран, сиёсати иттилоотии шабакаҳои телевизионии Русия бисёр маҳдуд, яъне нимаҳақ аст.

Чунин мавқеъгириҳои ҳукумати Гурҷистон аллакай натиҷаҳои мусбати худро ба бор овард. Ин ҳам дар ҳоле, ки сиёсатмадорони русгаро дар ин кишвар нуфузу эътибор надоранд. Ҳатто ба гирдиҳамоиву иқдомҳои мухолифини русгарои ҳукумати Саакашвили теъдоди бисёр хурди мардум ҳозир мешаванд.

Табиист, ки тағйири фазои хабарӣ насли ҷавонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ водор менамояд ва ҳоло дар Гурҷистон ҳамаи толибилмону донишҷӯён то андозае бо англисӣ ҳарф мезананд. Дар донишгоҳҳо, аз ҷумла донишгоҳе, ки ман дарс медиҳам, қисмати бештари дарсҳо бо англисӣ сурат мегиранд. Марказҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ, арабӣ, форсӣ, туркӣ хеле зиёд шудаанд. Албатта аз фазои русӣ комилан берун шудан душвор аст, аммо бояд донист, ки ин шарт аст. Зеро, ба андешаи ман, забони муосири русӣ ба рушди ҷомеа мусоидат намекунад. Дуруст аст, ки русзабонҳо дар Гурҷистон ҳастанд, вале дар ин кишвар мактаб ва гуфтугӯ бо ҷаҳони берун тариқи забони англисӣ ва дигар забонҳои аврупоӣ сурат мегирад. Ҳоло мехоҳанд таҳқиқоте анҷом додаву забони муосири гурҷиро аз мафҳумҳое чун «пора», «садақа», «ба кор қабул кардан» ва дигарон, ки дар замони шӯравӣ аз забони русӣ ба гурҷӣ ворид шудаанд, тоза кунанд. Фазои забонӣ тағйир меёбад, ки дар натиҷа менталитети мардум низ дигар мешавад. Ин фазо забони тозаи гурҷӣ ва байналхалқии англисиро ба вуҷуд меорад. Барои ин маҳдудсозии фазои забони русӣ нақши асосӣ бозид. Дурусттараш, маҳдудсозии фазои ахбории русӣ, ки дар заминаи сиёсати таҷовузкоронаи хабарӣ ба вуҷуд омада буд.

[b]- Соли 2008, вақте «ҷанги панҷрӯза бо Русия» оғоз шуд, ба Шумо пешниҳод намуданд, ки дар Гурҷистон ба сифати «ҳимоятгари иттилоотӣ» ба кор биёед. Тоҷикистон барои Шумо кишвари бегона нест. Агар чунин пешниҳод аз сӯи раҳбарияти тоҷик гирифта мешуд, онро мепазируфтед? Ё шояд ягон шарту шароите доред, ки он дар Гурҷистон ҳасту дар Тоҷикистон не?[/b]

— Саволи аҷиб. Аҷобат дар он аст, ки ба ман касе иҷборан ин масъулиятро пешниҳод накардааст. Худам чунин тасмим гирифтам. Зеро беш аз 15 сол аст, ки ба омӯзиши тарғиботи русӣ ва ҷангҳои хабарӣ машғулам. Гурҷистон ҳини ҷанг ба ин саводи ман ниёз пайдо кард ва ман онро барои барҳам зада натавонистани ягона кишвари пасошӯравӣ аз ҷониби Русия (Гурҷистон мехост аз империяи ғуломии Русия озод шавад) масраф кардам. Барои ин, «баҳри хидматҳои хос дар назди Ватан» ба ман шаҳрвандии Гурҷистонро доданд. Бовуҷуд, ман шаҳрвандии Тоҷикистонро то ҳанӯз ҳифз кардаам. Дар ҳоле, ки банда ҳич гоҳ шиносномаи русӣ надоштам. Яъне ба сифати шаҳрванди Тоҷикистон ман омодаам, ки ба ватани худ хизмат кунам. Албатта, агар чунин эҳтиёҷро эҳсос кунанд.

[b]- Аммо маълум аст, ки барои ҳимояи дилхоҳ мамлакат дар фазои беруна омилҳои ватанӣ заруранд. Масалан, Саакашвили, ҳанӯз вақте дар аҳди Шеварднадзе вазири адлия буд, ягона нафаре буд, ки ба нишони эътироз бар зидди ришвахорӣ истеъфо дод. Пас аз соли 2004, чун худаш ба қудрат расид, ин муборизаро авҷ дод. Барои Тоҷикистон кадом омилҳо муҳимтаранд, ки дар хориҷи кишвар ба ҳарфи мо бовар кунанд? [/b]

— Дар шароити феълӣ танҳо як омил барои бунёди давлати муосир муҳим аст — ирода ва хоҳиши элитаи сиёсӣ. Ба Гурҷистон аз кишварҳои пасошӯравӣ меҳмонони зиёде меоянд ва аз натиҷаҳои ислоҳот, хоса ислоҳот дар пулис, набудани ришвахорӣ ва азнавсозии идораи давлатӣ ба ҳайрат меоянд. Бисёриашон фаҳмида наметавонанд, ки ба чунин натиҷаҳо — барҳам задани БДА (ГАИ), дар чанд дақиқа ба қайд гирифта тавонистани созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ, (рӯзномаҳоро бошад бидуни сабт фаъол кардан мумкин аст!) чӣ гуна даст ёфтан мумкин? Тибқи талаботи Қонуни асосӣ дар Гурҷистон ҳукумат наметавонад рӯзнома дошта бошад. Дар Кодекси ҷиноӣ ягон банде вуҷуд надорад, ки журналистонро мавриди пайгирӣ қарор бидиҳад. Ин иродаи сиёсии онҳоест, ки шаш сол пеш ислоҳотро оғоз намуданд. Натиҷаҳои ин ислоҳот ҳайратбарангезанд. Ҳамин рӯзи шанбеи гузашта ман дар яке аз тарабхонаҳои Батуми шиноси худ — вазири ҳифзи муҳити зист Гогу Хачидзеро дидам, ки нақора менавохт. Ҳамаи онҳое, ки дар тарабхона нишаста буданд, медонистанд, ки ӯ вазир асту 32 сол дорад. Аммо касе тааҷҷуб намекунад. Зеро дар Гурҷистон ҳукумат шаффоф аст. Вазирҳо бидуни муҳофиз, аксари вақт худашон дар сари чанбараки мошин мешинанд. ? барои худ ва дӯстонаш нақора менавохт. Чун нақоранавози хубест. Яъне, иродаи сиёсӣ вақте ҳосил мешавад, ки қонун барои ҳама якнавохт аст. Новобаста аз он ки ӯ вазир аст, ё коргари одӣ. Ана барои чӣ ҳайатҳои аз мамолики пасошӯравӣ ба Тифлис омада ин ҳамаро мебинанду ҳайратзада онро тарк мекунанд, аммо дар ватани худ роҳандозӣ намекунанд.

[b]- Дар Тоҷикистон солҳо боз дар бораи ҳайати «ҳукумати нафақахӯрон» сӯҳбат мекунанд, аммо тағйироте намебинем. Мақомот мегӯянд, ки ҷавонон таҷрибаи раҳбариро надоранд. Дар Гурҷистон бошад аслан раҳбарии кишварро ҷавонон ба ӯҳда доранд. Ин омил ба фаъолияти ҳукумат чӣ таъсир мерасонад ва ба фикри Шумо «гвардияи кӯҳна» барои чӣ аз раҳкушоӣ ба насли ҷавон тарс дорад?[/b]

— Воқеан ҳам, дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ Гурҷистон ҷавонтарин ҳукумат дониста мешавад. Синни миёна — 30 -32, ҷавонтарин вазир — вазири кишоварзӣ Бакур Квезерели, 29 — сола аст. Онҳо ҷавононеанд, ки таҳсилоти худро дар Ғарб гирифтаанду менеҷерҳои сатҳи олианд. Принсипи асосии интихоб ба узвияти ҳукумат дар Гурҷистон ҳамин аст — менеҷер ва мутахассиси олӣ будан. Ягон омили дигар — хешутаборбозӣ, ҳамшаҳрчигӣ ва дигару дигарон нест. Бар иловаи ин Гурҷистон бисёр кишвари таҳаммулпазир аст. Ҳатто вазирони рустаборро низ дар ҳукумати Саакашвили пайдо мекунед. Вазири маориф ва илм Дмитрий Шашкин рус аст. Осетинтабор Александр Хетагури — вазири энергетика. Сафири ин кишвар дар Словакия — намояндаи арманиҳо Александр Налбандов, сафир дар Олмон — Габриела фон Габсбург — аз авлоди императории Австрияву Венгрия аст. Барои интихоби чунин одамон ду принсип ба назар гирифта мешавад- мутахассиси хуб будан ва донистани забони гурҷиву англисӣ. Тамом. Дарвоқеъ, ислоҳоти идораи давлатӣ дар заминаи ин сохта шуд, ки ҳамаи мансабдорони замони шӯравӣ аз курсии мансаб дур карда шаванд. Зеро дар симои аксари онҳо ришвахориву бюрократияро мебинанд.

[b]- Саакашвили ба сифати вазири давлатии худ тоҷири рус Каху Бендукидзеро ба ҳукумати худ даъват намуд, ки маҳз ӯ барномаи хусусигардонӣ, либераликунонии иқтисод ва қонунгузориро таҳия намуд. Ба ин восита ба кишвар сармояи фаровон сарозер шуд. Дар Тоҷикистон низ як замон чунин кӯшишҳо анҷом гирифтанд. Аз ҷумла, агар дар хотир доред, соли 2004 президент Раҳмон як мушвоири иқтисодиро, агар иштибоҳ накунам, аз Хазинаи байналхалқии асъор (МВФ) даъват намуд.

Тибқи хабарҳо барои ӯ маоши баланде низ эълон шуда буд. Баъдан дигар ӯ омад, кор кард, ё не, ҳич кас намедонад. Ба ҳар сурат дар ин бора хабаре нест. Ба фикри Шумо ҷалби хориҷиҳо ба ҳукумат то куҷо мушкилоти Тоҷикистонро коҳиш медиҳад? Чун гуфта мешавад, ба ин васила маҳалгароиву садоқатмандиро барҳам задан мумкин аст…[/b]

— Як чиз маълум аст: бо системаи кӯҳна ислоҳот анҷом додан ғайримумкин мебошад! Оё бо ранг кардани бино ҳолати он иваз мешавад? Каха Бендукидзее, ки Шумо мисол овардед, як кори асосӣ кард: шеваи иқтисодии шӯравиро тахриб намуд, моликияти шахсиро эҳё ва барои пайдоиши синфи миёна асос гузошт. Бидуни ин омилҳо рушди иқтисодиёти мусоир номумкин мебошад. Ҳич як мушовир наметавонад вазъро дигар кунад, агар система кӯҳна аст. Системаи кӯҳна бошад аломатҳои хоси худро дорад. Масалан дар Гурҷистон Шумо наметавонед портретҳои президентро дар кӯчаҳо вохӯред. Худи Саакашвилиро бошад дар тарабхона ё қаҳвахона зимни мулоқот бо дӯстонаш вохӯрдан имкон дорад. Вазирон аз ҷумлаи насли ҷавон ва бидуни муҳофиз, мамлакат хурд ва ҳама якдигарро мешиносанд. Ягон кори бад кардан акнун шармандагист. Шармандагӣ барои тамоми Гурҷистон!

[b]- Ба ғайр аз он чи ки гуфтед, аз «ретсепти гурҷӣ» Тоҷикистон боз чӣ барои худ гирифта метавонад?[/b]

— Он чи ки ҳукумати Гурҷистон ва Каха Бендукидзе мекунад ин қисми таркибии рушди маърифати муосир аст. Аз рӯи барномаи махсус Гурҷистон маблағи омӯзиши 200 ҷавонро дар донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон пардохт мекунад ва ба ин васила рушди маорифи худро таъмин мекунад. Донишгоҳҳои мо аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ фаъолият мекунанд. Яъне меъёр дигар ришваву фасод несту аз ин рӯ беҳтаринҳо ба донишгоҳ ворид мегарданд. Дар айни замон маориф комилан пулакист ва ин барои сифати беҳтари соҳа ва роҳати устодон мусоидат мекунад.

Бешак эҳёи давлатдорӣ бисёр муҳим аст. Новобаста аз он ки Гурҷистон кишвари халқу халқияти зиёд аст, ҳама — арманиҳо (5% аҳолӣ) озариҳо (6,5%), русҳо (1,5%), ва украинҳову литвониҳову полякҳову олмониҳо ба Гурҷистон чун ватани худ муносибат мекунанд. Давлат низ ба онҳо чунин муносибатро раво мебинад. Пас аз он ки аввалин натиҷаҳои ислоҳот маълум шуданд, ҳама бо ифтихор мегуфтанд: Мо тавонистем беҳтар аз ҳама ватани худро созем!

Ин маънои онро надорад, ки Гурҷистон мушкилот надорад. Дар 15 сол кишвар 4 ҷангро пушти сар кард, ки дар онҳо Русия даст дошт. Ин ҳолат боиси муҳоҷирати зиёди мардум, иқтисоди заъиф гардид. Аммо ҳангоме, ки мо нигоҳи тааҷҷуббарангези меҳмононро ба ислоҳоти анҷомдодаи худ мебинем, мояи ифтихори мост. Аз ҳама муҳимаш пуштгардонӣ аз системаи шӯравист. Менталитети мардумро танҳо дар ҳоле иваз кардан мумкин аст, ки боқимондаи идеологияи шӯравӣ ва менталитети онро барҳам диҳем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

[b]- Зимни суханронии худ дар ҷаласаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона президент Раҳмон таъкид намуд, ки солҳои охир дар баробари мушкилоти эҷоднамудаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, болоравии нархи озуқаворию сӯзишворӣ ва офатҳои шадиди табиию техногенӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хатари нав — хатари иттилоотӣ — идеологӣ рӯ ба рӯ омадааст, ки ин хатар аз терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ ҷиддитар аст. Ин гапи наве нест. Ба ҳар сурат дар доираҳои коршиносии тоҷик ва ҷаҳон дар ин бора барвақттар мегуфтанд. Чаро ба фикри Шумо ҷаноби Раҳмон ин нуктаро маҳз имрӯз муҳим арзёбӣ мекунад?[/b]

— Ба назари ман раҳбарияти кишварҳои пасошӯравӣ ҳар иқдоме, ки мекунанд, ба он хотир аст, ки худро сафед кунанд. Гурҷистон низ бӯҳрони иқтисодиро эҳсос намуд, аммо он ҳади ақалл аст, чун дар ин кишвар сиёсати дурусти иқтисодӣ роҳандозӣ шуда, менеҷерҳои хуб сари коранд. Он чи ки ба таҳоҷуми хабарӣ иртибот дорад, ман аллакай фикрамро гуфтам. Бовуҷуд, ман бисёр хурсандам, ки президент Раҳмон низ инро дарк кардааст. Фикр мекунам, барои Тоҷикистон «идеологияи экстремизм» на он қадар хатарнок аст, ки шабакаҳои телевизионии Русия хатар доранд. Ин ифротитар аз ҳар хатари дигар аст.

Ба андешаи инҷониб, бо таъқиб ва ҷустуҷӯи ифротиҳои афсонавӣ, ки бисёрии онҳо «эҷоди» КГБ -и шӯравист, вазъ беҳтар намегардад. Мубориза бо афсона доим ба хотири дур кардани мардум аз масоили муҳимтар бофта мешаванд. Агар давлат сиёсати дурусти кор бо мардум ва ҷомеаи шаҳрвандиро таҳия карда бошад, танҳо ба ӯҳдаи ҳукумат ҳалли мушкилоти иқтисодӣ боқӣ мемонад. Дар Гурҷистон низ эҳтимол ва тарси бурузи нифоқи байниқавмӣ пас аз ҷанги соли 2008 вуҷуд дошт. Вале, азбаски ҷомеа байни Русияи кремлӣ ва русҳои одӣ фарқ мегузорад, ин хатар аз байн рафт. Яъне бояд Консепсияи ризоияти миллиро бо пешвоҳои воқеии дохилӣ таҳия намуд, на бо таъиноти мансабдорон. Бидуни ризоият дар ҷомеа, бе кӯмак, бидуни муколама ва баҳс чизеро тағйир додан мумкин нест. Агар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъол набошанд, дар бораи пешрафту оромӣ ҳарф задан имкон надорад.

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/siyosi/1140-l-r.html

Мушкили ТВ «СМТ»-ро кумитаи телевизион ва радио ҳал карда наметавонад

[b]Раҳбарияти телевизиони «Симои мустақили Тоҷикистон»-ро зарур аст, барои бартараф кардани мушкили пахши барномаҳояш ба Хадамоти алоқа муроҷиат кунад.[/b]

Асадулло Раҳмонов, райиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ин нуктаро имрӯз, зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт. Ҷаноби Раҳмонов гуфт, кумитаи мо салоҳияти ҳал кардани ин мушкилро надорад. Ба қавли раиси кумита, басомади 29 баъди солҳои 1991 тибқи шартнома ба дивизияи 201-и тирандозии Русия мустақар дар Тоҷикистон таалуқ дошт, аммо мӯҳлати ин қарордод кайҳост, ки анҷом ёфтааст. Дар айни замон басомади мазкур ба шабакаи телевизионии «СМТ» тибқи қонунҳои роиҷ ва санадҳои зарурӣ дода шудааст.

Маврид ба ёдоварист, шурӯъ аз моҳи октябри соли 2009 дар пахши барномаҳои ягона шабакаи телевизионии мустақили пойтахт, мавсум ба «СМТ» мушкили фаннӣ эҷод гардида, то ин замон рӯи мавҷи 29 барномаҳои телевизиони русии «ОРТ» ва «СМТ» муштаракан намоиш дода мешаванд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1341—lr-.html

Истифодаи фиристандаҳои телевизионӣ дар Рашт

[b]Бо мақсади иҷро намудани банди 7-уми Протоколи Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 26-уми феврали соли 2010 оид ба пурра намудани пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои сарҳадӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ аз тарафи ҶСК «Телерадиоком» дар нимсолаи якуми соли 2011 наздики 90 фиристандаҳои телевизионӣ насб карда ва ба истифода дода шуд.[/b]

Дар ин бора раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, ки субҳи имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз натиҷаҳои шашмоҳаи кумита дар соли равон сухан мегуфт, иттилоъ дод.

Ӯ аз ҷумла афзуд, ки дар ноҳияи Нуробод бунгоҳи хабарии Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо таҷҳизоти ҳозиразамон ба кор шурӯъ кард.

Дар мавриди таъсиси як телевизиони муштарак байни ҷумҳуриҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо номи «Наврӯз», ки баҳсҳо татрофи он чанд вақт боз идома доранд, номбурда изҳор дошт: «Ҷониби Афғонистон дар чанд музокироти охир ширкат накарданд. Бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкорӣ карда истодаем ва айни ҳол корҳои омодагӣ идома доранд. Масоили ҳалношуда ин пахши заминӣ, пахши моҳвораи миллӣ аст, ки на ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва дигар давлатҳое, ки пахш мешавад, имконпазир аст».

Ҳамчунин номбурда изҳор дошт, ки дар тӯли 6 моҳ аз рӯйи натиҷаи санҷишҳо нисбати 105 нафар вайронкунандагони қонун ва соҳибкорони саркаш асноди лозима ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ирсол шуда, 47 нафар аз ҷониби судҳо гунаҳкор дониста шудаанд.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16122&Itemid=30

Ҳамоиши омӯзишии Шӯрои ВАО дар Мастчоҳ

[b]Дар толори китобхонаи ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки ҷомеаи рӯзноманигории ноҳия ва роҳбарияти Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ ҳамоиши омӯзишӣ доир гардид. Дар ин бора ба TojNews аз Шӯрои ВАО иттилоъ доданд.[/b]

Ба иттилои манбаъ, дар ибтидо Дабири кулли Шӯро Сангин Гулов оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ сухан кард.

Сипас раиси Шӯро Зинатулло Исмоилов перомуни Меъёрхои ахлоқӣ ва риояи онҳо дар фаъолияти ҳамарӯзаи журналистон гузориш ироа дошт. Таъкид шуд, ки асоси журналистикаи босифат масъулияти баланди журналистон ва риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои онҳост. Маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ имкон медихад, ки қазияҳои соҳа то додгоҳ кашида нашаванд ва механизми худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ масоили баҳсиро дар доираи ҷомеаи журналистӣ ҳаллу фасл менамояд.

Зимни сӯҳбати озод бо рӯзноманигорон Раиси Шӯрои ВАО дар мавриди фаъолияти ин мақоми ҷамъиятӣ маълумот дода, ба суолҳои сершумор посух гуфт. Иштироккунандагони ҳамоиш изҳор доштанд, ки бо эътирофи Меъёрҳои ахлоқӣ имкон дорад сифати журналистикаи тоҷик, аз ҷумла нашрияҳои маҳаллӣ боло равад.

Зимни мулоқот оид ба мушкилоти нашрияҳои маҳаллӣ, пурра намудани фазои иттилоотии кишвар бо маводи босифати журналистӣ ва омӯзиши проблемаҳои матбуот ва соири ВАО изҳори назар шуд. Иштироккунандагони ҳамоиш пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ оид ба риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар нашрияҳои маҳалливу минтақавӣ пажӯҳишҳо гузаронад ва натиҷаи онҳоро дар воситаҳои ахбор ба нашр расонад ё тавассути мизҳои мудаввар муаррифӣ намояд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки нашрияҳои маҳаллӣ нукоти заъфи фаъолияти худро дар ин самт пайдо намоянд ва бо тавсияҳои Шӯро ба фаъолияти бештару беҳтари худ дар самти риояи одоби касбӣ ноил гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ғайритиҷоратӣ, ихтиёрӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунии ВАО буда, фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмилалӣ, Оиннома ва Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мекунад. Муассисони ин созмон Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, АМВОТ, АМВЭАОТ, Хазинаи гиромидошт ва дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ҶДММ «Оила», «Азия-Плюс», «Бонувони Тоҷикистон» ва СМТ мебошанд.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16141&Itemid=30

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон: «Ӯрунбой Усмоновро табраъа кунед»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар баёнияи рӯзи панҷшанбеи худ дар робита ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ табраъа шавад.[/b]

Дар ин баёния мехонем: «Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озод шудани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сиро истиқбол мекунад ва аз мақомот дархост мекунад, ки ӯро комилан табраъа кунад ва ҳама гуна шароити маҳдудияти сафарро дар қиболи ӯ лағв кунад.»

Роберт Маҳоне, раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигрон гуфтааст: «Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи зиндон ба хонаводааш баргашт оҳи сабукӣ кашидем. Боздошти Усмонов ноҳақ буд ва мо аз мақомоти тоҷик мехоҳем, ки иттиҳомоти беасосро алайҳи ӯ ва маҳдудияти сафарро барои ӯ лағв кунанд.»

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=105]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=105[/url]

Источник:

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон: «Ӯрунбой Усмоновро табраъа кунед»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар баёнияи рӯзи панҷшанбеи худ дар робита ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов, аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки ин хабарнигори Би-би-сӣ табраъа шавад.
[/b]
Дар ин баёния мехонем: «Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон озод шудани Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ҷаҳонии Би-би-сиро истиқбол мекунад ва аз мақомот дархост мекунад, ки ӯро комилан табраъа кунад ва ҳама гуна шароити маҳдудияти сафарро дар қиболи ӯ лағв кунад.»

Роберт Маҳоне, раиси Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигрон гуфтааст: «Аз ин ки Ӯрунбой Усмонов пас аз як моҳи зиндон ба хонаводааш баргашт оҳи сабукӣ кашидем. Боздошти Усмонов ноҳақ буд ва мо аз мақомоти тоҷик мехоҳем, ки иттиҳомоти беасосро алайҳи ӯ ва маҳдудияти сафарро барои ӯ лағв кунанд.»

Ӯрунбой Усмонов, ки тӯли даҳ соли ахир барои барномаи Осиёи Миёнаи Бахши Ҷаҳонии Би-би-сӣ кор кардааст, рӯзи 13-уми июн тавассути маъмурони интизомӣ ва амниятӣ дар Хуҷанд. шимоли Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Вай расман дар «мушорикат дар фаъолияти созмонҳо ва аҳзобе, ки дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳ мамнуъ ҳастанд» ва дар «мусоъидат ба фаъолияти гурӯҳи ҷоноӣ» мазнун дониста мешавад.

[b]Баёнияи Би-би-сӣ дар бораи озодии машрути Усмонов[/b]

Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, пас аз боздошти беш аз якмоҳа ба манзили худаш дар Хуҷанд баргашт. Вай гуфт, ки ӯ “хаста, аммо хеле шод аст.”

Би-би-сӣ дар баёнияи марбут ба озодии машрути Ӯрунбой Усмонов навишт, ки “авлавияти мо ин аст, ки Ӯрунбойро дар миёни хонаводааш бубинем.”

Дар ин баёния мехонем, ки Ӯрунбой Усмонов пас аз зӯҳри 14-уми июл таҳти шароити вижа аз боздошт озод шуда ва ба куллия афроде, ки аз ӯ тарафдорӣ мекунанд, ибрози сипос кардааст.

Масъулони Би-би-сӣ дар баёнияи худ гуфтаанд: “Мо мунтазирем, аз ҷузъиёти бештари шароити озодии оқои Усмонов огоҳ шавем, аммо то ҷое маълум аст, ӯ то замони баргузории муҳокимаи додгоҳ дар Хуҷанд хоҳад буд.”

Питер Ҳаррокс, Раиси бахши Ҷаҳонии шабакаи Би-би-сӣ дар мавриди озодии машрути Ӯрунбой Усмонов гуфт: “Мо аз ин, ки мақомоти Тоҷикистон ба дархостҳои мо гӯш доданд, истиқбол мекунем.»

Вай афзуд: “Ҳамон гуна, ки мо пайваста таъкид доштем, мо бовар дорем, ки Ӯрунбой бегуноҳ аст ва ҳар коре ки ӯ кардааст, фаъолияти журнолистиаш барои Би-би-сӣ буд.”

Дар ин баёния аз қавли оқои Ҳаррокс ҳамчунин мехонем: “Мо медонем, ки хонавода ва дӯстони Ӯрунбой аз бозгашти ӯ ба хонааш шоданд ва аз талошҳое ки ҳамкорон дар Би-би-сӣ ва ҷаҳон дар ин замина кардаанд, қадрдонӣ мекунем.”

[b]Шодии хонавода аз бозгашти падар[/b]

Дар ҳоле, ки оқои Усмонов дар ҳоли ҳозир аз мусоҳиба худдорӣ мекунад, Ойбек Усмонов, писари ӯ дар посух ба ин савол, ки вазъи саломатӣ ва равонии падарашонро чӣ гуна дарёфтанд, гуфт: «Ӯ хеле шод аст, беҳад хурсанд аст, аммо хеле лоғар шудаанд. Мо мехоҳем, базудӣ ӯро ба пизишки асабшиносаш нишон бидиҳем.»

Аз ӯ пурсидем, ки оё оқои Усмонов дар бораи зиндагиаш дар боздошт чиҳо мегӯяд, Ойбек гуфт: «Аз бас, ки меҳмон зиёд дорем, ҳанӯз фурсати ин гуна сӯҳбат набуд, аммо падарам чун медонистанд, ки бегуноҳанд, бовар доштанд, ки озод хоҳанд шуд.»

Ойбек гуфт, ки аз ҳаяҷон ва шодӣ аҳли хонавода то дер вақт бедор буданд, чун аз дидори падар сер намешуданд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/07/110715_sq_urunboy_back_home.shtml

Соате бо Урунбой Усмонов дар манзили ӯ

[b]Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ пас аз раҳоӣ, дар миёни аҳли хонаводааш қарор дорад.[/b]

Субҳи 15-уми июл, ки барои дидани ӯ ба манзилаш, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафтем, аз чеҳраи Урунбой Усмонов ва аҳли хонаводааш аён буд, ки раҳоии вай дар замони тафтиши парванда ҳамаи онҳоро шоду рӯҳбаланд кардааст. Дарвозаи манзили ӯ боз буд ва ҳар лаҳза пайвандону ёру дӯстон, ҳамқаламону ҳамсоягон ба аёдати Усмонов меомаданд.

Урунбой Усмонов дар сӯҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфт: «Баъди раҳоӣ, боварии ман ба бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон, ки қаблан ҳам ба ин итминон доштам, қавитар шуд. Президенти кишвар — Эмомалӣ Раҳмон барои озодии ман кӯшиши зиёд карданд ва ба туфайли он ҳозир мебинед, ки дар хонаам ҳастам.»

Вай афзуд, акнун барояш шароити беҳтаре фароҳам шуда, ки саломатиашро барқарор ва табобати худро идома диҳад. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи худаш, ба сурати умум, сиҳатияш бад нест: «Умедвор ҳастам додгоҳ парвандаи маро аз рӯи адолат бозбинӣ хоҳад кард. Бо истифода аз ин имкон, ман ба ҳама ҳамкасбон, созмонҳои байналмилилаву дохилӣ, ба ҳама инсонҳои оддӣ, ки ба виҷдони пок доштани ман бовар доштанд ва маро дастгирӣ намуданд, изҳори сипос мекунам.»

Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов: «Мо ҳама бениҳоят хурсанд, ки шавҳарамро озод карданд. Ва миннатдорем аз президент, ки номаву хоҳиши моро ба инобат гирифтанд. Шукр, ки аз бегоҳи гузашта боз пайи қадами меҳмонон аз хонаи мо канда не.»

Раҳоии хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сиро рӯзноманигорон, аҳли зиё ва сокинони оддии аз қазияи Урунбой Усмонов огаҳ бо қаноатмандӣ қабул карданд. Ба ақидаи онҳо, ин нишони он аст, ки ба парвандаи Усмонов дар додгоҳ қонунӣ ва мунсифона расидагӣ хоҳад шуд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24266318.html

Гуфта ва ногуфтаҳои Сӯҳроб Шарипов

[b]Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задани инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад…[/b]

Раҳбари маркази тадқиқоти стретегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои таҳлиливу пажӯҳишии Ғарб дар гузоришҳои солонаи худ танҳо ҷиҳатҳои манфии кишварҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод карда, тарафҳои мусбиро нодида мегиранд. Ба қавли Сӯҳроб Шарипов бо ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ зимни нишасти вижае тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ба ҳар нуқтаи назари манфии чӣ ҳукумат ва чӣ созмонҳои таҳлилии ғарбӣ посух гӯянд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани суроғаи зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=104]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=104[/url]

Источник:

Гуфта ва ногуфтаҳои Сӯҳроб Шарипов

[b]Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задани инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад…[/b]

Раҳбари маркази тадқиқоти стретегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои таҳлиливу пажӯҳишии Ғарб дар гузоришҳои солонаи худ танҳо ҷиҳатҳои манфии кишварҳои Осиёи Миёнаро пешниҳод карда, тарафҳои мусбиро нодида мегиранд. Ба қавли Сӯҳроб Шарипов бо ҳамтоёни дигараш аз Осиёи Марказӣ зимни нишасти вижае тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ба ҳар нуқтаи назари манфии чӣ ҳукумат ва чӣ созмонҳои таҳлилии ғарбӣ посух гӯянд.

[b]Ноадолатӣ аз нигоҳи стратег [/b]

Сӯҳроб Шарипов, раиси маркази тадқиқоти стратегӣ ( МТС) мегӯяд, аксари гузоришҳои гурӯҳҳои пажӯҳишии ғарбӣ, ба вижа сохторҳои давлатии Амрико дар нисбати Осиёи Миёна ба куллӣ аз нуқтаи назари манфӣ таҳия мешаванд. Дар ягон ҳолат аз дигаргуниҳои мусбӣ наменависанд. Ба иддаои номбурда: «Ин тамоман нодуруст аст. Ҳам аз ҷиҳати илмӣ-тадқиқотӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ-амалӣ. Ин баҳодиҳиҳо тамоман ноадолатона мебошанд».

Гуфтан ба маврид аст, дар бештари пажӯҳишҳои созмонҳои ғарбӣ Тоҷикистон зинаҳои нокомро муаррифӣ мекунад. Раҳбари маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо нигаронӣ аз хулосаи ин гузоришҳо гуфт, ки онҳо на воқеӣ, балки ҳадафмандона таҳия мешаванд. «Ҳадафи онҳо шиддат гирифтани муносибатҳо, аз ҷумла сар задании инқилобу низоъҳо дар Тоҷикистон аст. Ман мегӯям, ки интизориҳои онҳо ҳеч вақт бароварда намешавад».

Ёдрас мекунем, чанде қабл Гурӯҳи Байналмилалии Бӯҳроншиносӣ Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои осебпазир шомил карда буд. Аммо Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, соли равон аз ҷиҳати низоми рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Тоҷикистон соли хубу бобароре хоҳад шуд.

Раҳбари МТС, ки ба манзури натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳодаш дар ҳузури хабарнигорон нишаст, афзуд, пешгӯиву гузоришҳои ҳар гуна созмонҳои пажӯҳишии байналмилалӣ ҳамасола пешниҳод мекунанд, асоси воқеӣ надоранд. Ӯ гуфт, ин гузоришҳо аз рӯи як қолаб омода шуда, якрангу якнавохтанд ва ҳар сол бидуни иловае аз нав нашр мегарданд: «Масалан, агар ба таҳлилҳои се соли охири «Интернешнл кризис групп» назар андозед, онҷо ягон дигаргунии назарасеро намебинед. Онҳо аз рӯи қолабҳо кор мекунанд. Асоси ҷараёнҳои объективии рушди минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро ба назар намегиранд».

Ба қавли Шарипов дар мулоқот бо чанд сафир ва намояндаи мақомоти байналмилалӣ, ки соли равон ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки ин пажўҳишҳо таҳлилҳои соддае беш нестанд ва набояд ҷиддӣ гирифта шаванд.

[b]«Гузоришҳоро беҷавоб намемонем»[/b]

Сӯҳроб Шарипов гуфт аввалҳои моҳи май раҳбарони марказҳои тадқиқоти стретегии кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамоиши вижае (бидуни ширкати ҷониби Ӯзбакистон ва Туркманистон) дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ҳам овард. Дар ин нишаст тасмим шудааст, ки бояд ба гузоришҳои яктарафаи Ғарб вобаста ба давлатҳои Осиёи Миёна посух гуфта шавад. «Ба гузоришҳое, ки ҳам сохторҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматии онҳо нисбат ба Осиёи Миёна хунукназарона таҳия карда, баҳои манфӣ дода мешавад, ҳаматарафа, ҷавобҳои худро хоҳем дод»,-илова намуд Шарипов. Маврид ба тазаккур аст, ки то имрӯз мақомоти расмӣ ба ҳеч як гузориши созмон ва давлатҳои ғарбӣ расман посух надодаанд.

Ба иддаои раҳбари МТС даҳ соли охир Тоҷикистон тибқи низоми давлати демократӣ рушд мекунад ва дар ин муддат дигаргуниҳои зиёди мусбӣ ба вуҷуд омаданд. Аз соли 2000-ум то ин ҷониб мутобиқи принсипҳои демократӣ ҳазорҳо қонунун қабул карда шуд, дигаргуниҳои ҷиддӣ дар системаи сиёсӣ ба миён омад, рушди системаи иқтисодӣ шакл гирифт, вале дар гузоришҳои давлатҳои ғарбӣ ҳамаи инро нодида мегиранд, мегӯяд Сӯҳроб Шарипов. Дар нишасти Алмаато ҳамчунин, зикр шудааст, ки марказҳои тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, худашон ба вазъи минтақа ва бахшҳои мухталифи он баҳои сазовор бидиҳанд ва муносибати худро бо бозингарони геополитикӣ то соли 2015 муайян намоянд. Тоҷикистон то имрӯз дар рейтинги баробарҳуқуқии зану мард, радаи давлатҳои сулҳпарвар, рейтинги озодии баён, шохиси давлати рақобатпазир дар бахши туризму ҷаҳонгардӣ дар зинаҳои нигаронкунанда қарор гирифтааст. Ҳамчунин, ҷумҳурии моро дар қатори давлатҳои «осебпазир», «худкома», «ноозод» мавқеи «ифтихорӣ» дода, дар радифи 20 кишвари нодор ворид карданд.

Абдулазизи Восеъ

Источник: http://ozodagon.com/tahlil/guzorish/1329-2011-07-14-11-52-00.html

Озодии “нотамом”-и Урунбой Усмонов

[b]Пас аз як моҳи бозпурсию таҳқиқ ва эъломияву баёнияҳо хабарнигори Би-би-сӣ аз ҳавои озодӣ нафас кашид.[/b]

Раҳоии ӯро на танҳо аҳли хонаводааш, балки ҷомеаи журналистӣ, ҳамкасбон дар Тоҷикистон ва берун аз он, сафоратҳои хориҷӣ, созмонҳои ҷаҳонӣ низ интизор буданд. Ин боздошт барои мақомоти давлатии Тоҷикистон низ “дарди сар”-и бузурге эҷод карда буд. Амале сурат гирифта буд, ки ба обрӯи байнулмилалии Тоҷикистон халал ворид кард ва ҳам аз сӯи дигар далелҳои қатъии “ҷурм”-и журналист низ дар миён набуд, зеро агар мебуд, раванд шояд тағйир намекард.

Дар нахустин лаҳзаҳои озодияш Урунбой Усмонов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз ҳамаи онҳое, ки барои раҳоии ӯ талош карданд, сипосгузорӣ кард ва гуфт, “худро хушбахт ҳис мекунам ва ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва адолати раҳбарони Тоҷикистон бовар дорам.»

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=103