Все записи автора admin

Эътирози Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз сарлавҳаи «Миллат»

[b]Ман аз сарлавҳагузорӣ дар шумораи ахири ҳафтаномаи «Миллат», ки гуё Тӯраҷонзода президентро насиҳат кардаву президент қабул надоштааст, норозӣ ҳастам,- гуфт Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат ба TojNews.[/b]

— Дар ҳафтаномаи «Миллат» мақола чоп шуда ва сарлавҳа гузоштанд, ки «Тӯраҷонзода Президентро насиҳат кард, Президент қабул накард». Воқеан ман ҳеҷ гуна истилоҳи насиҳатро истифода набурдаам. Ман танҳо хоҳиш карда будам. Дар сӯҳбате, ки рӯзи аввали Рамазон бародар Раҳматкарим — хабарнигори радиои «Озодӣ» бо ман дошт, пурсид, ки агар рафту Қонун «Дар бораи масъулияту падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имзо шавад, чӣ мегуед? Ман ҷавоб додам, ки умедворам ин қонун имзо намешавад ва хоҳиш кардам, ки ин қонунро имзо накунанд. Тасвиби ин қонун дар моҳи шарифи Рамазон боиси нороҳатии мардум мешавад ва маҳрумияти даҳҳо ҳазор ҷавони аз 12 то 18-сола, ки ин гуноҳи кабира аст. Ман дар ин суханронии худ хоҳиш карда будам, ки ҷаноби Президент ин қонунро имзо накунанд. Дар ин ҷо аслан истилоҳи насиҳат ҷоиз нест, зеро насиҳатро касе мекунад, ки аз насиҳатшаванда дар синну сол бузуртар бошад. Ман дар синну сол аз эшон хурд ҳастам. Гузашта аз ин, боз эшон раиси давлат ҳастанд. Намешавад раиси давлатро насиҳат кард,- афзуд ӯ.

Мавсуф ҳамчунин афзуд, ки хоҳиш дорад иштибоҳи дар ҳафтаномаи «Миллат» батабърасида ислоҳ шавад.

Исматуллоҳи АЗИЗ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=16773&Itemid=28

Э. Раҳмон аз баландии «Кохи матбуот»-и Суғд чиҳоро дид?

[b]5-уми август бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Кохи матбуот баргузор шуд.[/b]

Ин кохи 13-ошёна баландтарин бино дар маркази вилояти Суғд аст, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ аз соли 2007 то кунун бунёд шудааст.

[b]ХУҶАНД ДАР «НАЗОРАТ»-И ХАБАРНИГОРОН[/b]

Ҷаноби Раҳмон ифтитоҳи чунин коргоҳи бузургро ба расонаҳо ва хабарнигорони Суғд табрик гуфт. Вай ҳуҷраҳои кории кохи мазкурро барои фаъолияти рӯзноманигорон хуб номид ва зимни сӯҳбати кӯтоҳ дар ҳузури хабарнигорон ҳазломез илова кард, ки аз баландии ин кох маркази вилояти Суғду фаъолияти раҳбарони вилояту шаҳр зери назари хабарнигорон хоҳад буд. Ин ҳамзамон ишорае буд ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа.

Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» дар Хуҷанд гуфт, раисҷумҳур ба ҳар дафтари корӣ даромада, бо хабарнигорон мулоқот ва барори корҳои эҷодӣ таманно намуд.

[b]РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ[/b]

Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи «Вароруд», яке аз расонаҳои мустақили вилояти Суғд гуфт, нашрияаш дар ду соли ахир дар шароити ногувори молӣ қарор дорад ва пардохти ҳаққи иҷораи дафтар барояшон ба сахтӣ даст медиҳад. Агар утоқҳои Кохи матбуот бо нархи қобили қабул пешниҳод шавад, ба ин ҷойи нав кӯч хоҳанд баст. Зеро утоқҳои Кохи матбуот дорои компютеру принтер ва шабакаи интернет аст.

Зимнан, ҳукумат расонаҳои худро дар биноҳои ҳукумативу муассисаҳои дигари давлатӣ дар канори хеш гирифтааст. Мушкили дафтар асосан хоси расонаҳои ҳамагонии мустақил аст.

Бархе рӯзноманигорони Суғд мегӯянд, ҷо додани ҳама расонаҳо дар зери як бом назорат ва контроли онҳоро барои мақомот сабук хоҳад кард.

[b]ХАБАРНИГОРОНИ ПУШТИ МИЛАҲОИ ЗИНДОН[/b]

Боз шудани Кохи матбуот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз поёни соли гузашта то кунун ду хабарнигор дар вилояти Суғд дар пайи фаъолияти касбӣ ба паси панҷара кашида шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт дар пайи чопи мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти раҳбарони ҳукумати ин маҳал бо хости ин раҳбарон моҳи нуҳум аст дар маҳбас қарор дорад.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд бо иттиҳоми собитнашудаи мансубият ба Ҳизб-ут-таҳрир як моҳро дар боздошт сипарӣ кард. Алайҳи ин ду хабарнигор парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Бархе аз хабарнигорони Суғд мегӯянд, ки онҳо ҷиҳати пешбурди кори худ ба таъмини ҳуқуқӣ ва таҳаммулпазирии раҳбарон дар баробари навиштаҳои танқидии онҳо, бештар аз коху қасрҳо ва утоқҳои муҷаҳҳаз ниёз доранд. Онҳо мегӯянд, ки танҳо гиромидошти ҳуқуқи касбиашон ба фаъолият ва баёни озоди онҳо мусоидат хоҳад кард.

Сафари кории раисҷумур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки дар зимни он Кохи матбуотро боз кард, рӯзи чоршанбеи 3-юми август аз шаҳри Панҷакент шурӯъ шуд. Анҷоми сафар рӯзи 6-уми август дар Хуҷанд бо баргузории намоиши ботантанаи ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ҷойи қаблии ҳайкали Ленин дар назар аст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24287540.html

Нургалиев: Сомонаҳои экстремистӣ бояд маҳдуд шаванд

[b]Дар қаламрави Русия ҳудуди 7,5 ҳазор сомонаи экстремистӣ фаъол аст.[/b]

Ин нуқтаро Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия имрӯз зимни суханронӣ дар шаҳри Хабаровск изҳор дошт. Номбурда, ки дар ҷаласаи комиссияи байниидоравӣ оид ба муқобила бо экстремизм дар Русия сӯҳбат мекард, зарурати андешидани тамоми чораҳоро ҷиҳати маҳдуд кардани фаъолияти чунин сомонаҳо баён дошт.

«Мо аллакай ба қонун дар бораи ВАО тағирот ворид кардем, акнун дар ҳолатҳои ҷудогона сомонаҳои интернетӣ ба ВАО алоқаманд хоҳанд буд», -афзуд вазир.

Нургалиев ҳамчунин илова намуд, ки васоити ахбори омма метавонанд, алайҳи экстремизм муборизаи беамон баранд.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/jahon/1643-2011-08-03-06-22-11.html

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.[/b]

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=110]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=110[/url]

Источник:

ДАР КАДОМ ҶАНГИ ИНТЕРНЕТӢ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБ ОМАД?

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди Tajnet- яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудавваре баргузор кард, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи технологияи иттиоолтӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ширкат карданд.[/b]

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хома» ҳусни мақтаъ бахшид. Ӯ дар бораи ҳадафу мақсадҳои ин нишаст ҳарф зада иброз дошт, ки дар ин гирдиҳамоӣ ширкаткунандагони он сиёсати рушди технологияҳои муосир, инкишофи иқтидори Tajnet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди Tajnet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъминӣ амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP ва масоили дигарро, ки хеле муҳиманд, мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.

Дар сӯҳбати мизи гирд Муҳаббатшо Рӯзадоров, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, дар бораи сиёсати давлат дар ин самт ва ҷараёни воридшавии технологияҳои навин ба ҳаёти ҷомеъа суханронӣ карда қайд намуд, ки истифодаи Интернет дар ҳаёти рӯзмараи мардуми Тоҷикистон торафт бештару васеътар ҷорӣ мегардад. Дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯро оид ба сиёсати технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ амал мекунад, ки дар он мутахассисони шинохтаи ин соҳа кору фаъолият менамоянд.

Яке аз вазифаҳои ин Шӯро агар мусоидат кардан ба густариши ТИК дар ҷомеъа бошад, вазифаи муҳими дигари он аз таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ин самт иборат мебошад. Ба гуфтаи М.уҳаббатшо Рӯзадоров истифодаи бо мақсад ва самараноки Интернет дар давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеъа дар ҳалли як проблемаи хеле бузурги давлатдорӣ ва мардуми Тоҷикистон, яъне аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо ёфтан нақши хеле муҳиме бозӣ кардааст. «Имрӯз мо метавонем, к и бо дурдасттарин ноҳияҳои худ пайваста дар алоқа бошем, сӯҳбат кунем, муколима намоем ва масъалаҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳукумати ҶТ ва давлати Тоҷикистонро матраҳ кунем, роҳҳои ҳарчи зудтари ҳаллу фасл кардани онҳоро пайдо намоем».

Суханронии Рустам Қосимов, директори Созмони ҷамъиятии «Интернет» ба мавзӯи «Таъмини амнияти манбаъҳои иттилоотӣ дар «Tajnet» бахшида шуда буд. Дар аввал ӯ дар бораи манбаъҳои иттилоотӣ, шаклу намуди онҳо тарз ва роҳҳои таъмини бехатарии фаъолияти онҳо ҳарф зада азҷумла қайд кард, ки таъмини амнияти иттилоотӣ замоне даст медиҳад, ки тамомӣ чораҳои зарурии техникиву ташкилӣ андешида шаванд.

Мониторинги фаъолияти провайдерҳои Тоҷикистон нишон дод, ки дар ин авохир таъминкунандагони шабакаи ҷаҳонии интернет ба масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аҳамияти даркориро медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин мушкилот дар ин самт вуҷуд доранд. Барои мисол ҳатто дар ҳамлаи на чандон қавие аз берун фаъолияти шабакаҳои провайдерҳои мо метавонад дучори беназмиҳо шавад. Марказҳои коркарди маълумот низ маъмулан бо проблемаи таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Мутаассифона, дар масъалаи таъмини барномаҳое, ки битавонанд амнияти иттилоотиро пайваста таъмин намоянд низ мушкилот дорем. Дар мо ширкатҳое, к и муштариёни интернетро бо барномаҳои литсензионӣ таъмин мекунанд, ангуштшумор мебошанд. Мо мутахассисони барномарезро низ дар ин самт гуфтан мумкин аст, ки қариб налорем. Яъне мутахассисонеро, ки тарҳи барномаҳоеро бисозанд, ки тавассути онҳо амнияти иттилоотӣ таъмин гардад ва агар дошта бошем ҳам онҳо бештар барои бозори берун фаъолият мекунанд.

Асомиддин Атоев, директори Академияи ТИК барои рушд, магистри илми компютерӣ, магистри илм оид ба ТИК барои рушд суханронии худро ба мавзӯи «Нақши контенти ватании Интернет дар таъмини амнияти иттилоотӣ дар асри технологияи рақамӣ» бахшид.

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев зери мафҳуми амнияти иттилоотӣ пеш аз ҳама ин ҳифзи иттилоот ва системаи иттилоотро дарк мебояд кард. Бо истинод ба Консепсияи амнияти иттилоотии кишвар қайд намуд, ки ҳангоми фаъолият дар ин соҳа пеш аз ҳама манофеи миллӣ бояд дар назар гирифта шавад, ки зери ин мафҳум манфиатҳои ҳар фард, ҷомеъа ва давлат дар назар дошта шудааст. Имрӯз як омори аҷибе дар даст дорем.

Муштариён ҳангоми аз Интернет истифода бурдан ҳамагӣ ба миқдори 10 дар сад бо манбаъҳои ватанӣ кор мекунад. 90 дар сад вақти муштариёни Интернет дар Тоҷикистон бо дидани манбаъҳои хориҷӣ масраф мешавад. Барои чӣ сомонаи Tojnews аз минтақаи TJ ба минтақаи ORG, яъне минтақаи хориҷӣ рафт? Чӣ ӯро маҷбур ба ин кор кард?

Дар яке аз мактубҳои расмии амалдорони соҳаи алоқаи кишвар ба унвони ширкатҳои провайдерӣ аз 8-уми октябри соли гузашта бо ин мазмун «Ба мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар аз Шумо хоҳиш менамоям, ки дар қатъ намудани дастрасӣ ба сомонаҳои зерин, азҷумла Tojnews.tj мусоидат намоед» дархост омада буд. Акнун худатон аз нуқтаи назари имрӯз бубинед, ки оё мо ба ҳадаф расидем? Tojnews.tj яке аз манбаъҳое мебошад, ки муштариёни зиёд дорад. Дар баробари хабару гузоришҳо дар ин сарчашма сӯҳбатҳои онлайн гузаронида мешаванд, ки мақбули хонандагони сершуморанд.

Аз он ки ба ин манбаъ нафарҳои зиёд ворид мешуданд, провайрдерҳои дохилӣ бурд мекарданд. Акнун пулҳо ба дигар минтақа мераванд. Ҳаминро бояд мо дарк кунем, ки дар кору мӯҳтавои чунин сомонаҳо ҷиҳатҳои мусбат низ кам нестанд. Масалан ба гуфтаи мутахассисони соҳа соли 2010 «дар ҷанги интернетии Роғун» сомонаҳои тоҷикистонӣ тавонистанд муштариёни худро бовар кунонанд, ки сохтмони Роғун бар зарари кадом як кишвари алоҳидае нест, баръакс он ба манфиати ҳамаи ҷонибҳост. Дар ин ҷанги Интернетӣ Тоҷикистон ғолиб омад.

Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Умрилло Меликов дар ин нишаст китоби нави хешро таҳти унвони «Иттилоот дар Интернет: танзимӣ ҳуқуқӣ» муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи муаллиф дар ин китоб асосан дар бораи ду масъала сухан меравад. Дар муносибат бо Интернет чӣ иҷозат аст ва чӣ манъ аст. Ҳар чи к и дар ҳаёти воқеӣ барои мо иҷозат аст, ҳангоми истифодаи Интернет низ ҳамон чиз иҷозат дода шудааст.

Ва ҳарчи ки ба мо дар ҳаёти воқеӣ манъ аст. ҳангоми истифодаи Интернет ҳамон чиз барои мо манъ шудааст,-мегӯяд муаллиф. Дар китоб нахуст дар бораи мафҳумҳои Интернетӣ сухан меравад. Сипас муаллиф дар бораи таърихи пайдоиши Интернет, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот тавассути Интернет, ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилоот дар Интернет дар ин китоби барои муштариёни муфид сӯҳбат мекунад.

Бахши муҳими ин китоб ба масъалаи риоя ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани ҳуқуқи муаллиф ҳангоми истифодаи Интернет бахшида шудааст. Таҷрибаи ҷаҳонии танзими муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба Интернет, шартномабандӣ ҳангоми истифодаи Интернет дар ин китоб низ муфассал мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ирина Симонова, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии «Хома» натиҷаҳои таҳлили ҳуқуқӣ оид ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар Интернетро муаррифӣ намуд. Таҳлили мазкур аз сӯйи ҳуқуқшинос Умрилло Меликов, Асомиддин Атов таҳти мушовирии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Манахов Виктор Николаевич амалӣ шуда буд. Дар натиҷаи омӯзиши мавзӯъ ва таҳлили маводҳо мо ба хулосае омадем, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар Интернет наметавон бо санаде танзим кард, мегӯяд ҳуқуқшиноси ТҶ «Хома».

Зеро дар бисёр кишварҳо муносибат ба фаъолияти Интернет мухталиф мебошанд. Масалан дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба Интернет ҳамчун ба васоити ахбори омма муносибат мекунанд. Сомонаҳоро мисли васоити ахбори омма дар вазоратҳои марбута ба қайд мегиранд. Дар Русия низ ба Интернет тақрибан ҳамин гуна муносибат мекунанд. Аммо ба ақидаи мо мавқеи хайрхоҳона ва мусбат дар масъалаи истифода аз Интернет дар қонунгузории мо ба мушоҳида мерасад.

Интернет дар мо воситаест, ки тавассути он маҳсулоти ВАО паҳн мешавад. Ин нукта дар Қонун «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва ғайра омадааст. Сипас Симонова гуфт, ки нақши Интернет дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеъа хеле муассир аст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки муштариён аксаран дар ҷустуҷӯи асноди ҳуқуқӣ ба сомонаҳои гуногун иворид мешаванд. Бартарии Интернет дар ин робита аз ВАО хеле ошкоро ба чашм мехӯрад.

Дар хотима миёни ширкаткунандагони мизи гирд баҳсу мунозираҳои муфиде атрофи масоили матраҳшуда баргузор гардид.

Султони Ҳамад, «Рӯзгор»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/5792.html

Вазорати хориҷа: Эълони аккредитатсияи журналистон

[b]Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон номнавис кардани журналистонро ба чорабиниҳои вижаи сиёсӣ шурӯъ кард.[/b]

Зимнан, раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати ин вазоратхона оғози аккредитатсияи кормандони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷиро барои чорабиниҳои зерини сатҳи олӣ, ки дар Душанбе аввали моҳи сентябри соли 2011 барпо мегарданд, эълон менамояд:

— ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ;

— ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ;

— вохӯрии чоргонаи президентони ҷумҳурии исломии Афғонистон, ҷумҳурии исломии Покистон, Федератсияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти Федератсияи Русия ба ҷумҳурии Тоҷикистон;

— сафари президенти ҷумҳурии Эрон ба ҷумҳурии Тоҷикистон.

Источник: http://ozodagon.com/khabarho/tojikiston/1618-2011-08-02-04-47-26.html

Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ

[b]29 июли соли 2011 ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии USAID, Internews Network, Институти «Ҷамъияти кушода» Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди Tajnet – яке аз заминаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ» мизи мудаввар доир менамояд.[/b]

Дар чорабинӣ сиёсати рушди технологияҳои муосир, иқтидори инкишофи TajNet ва оқибатҳои баромадан аз доираи он, афзалияти рақобатпазирии бозор барои рушди TajNet, нақши маводи ватанӣ баҳри таъмини амнияти иттилоотӣ, зарурат ва инкишофи телевизиони IP баррасӣ мегарданд.

Ҳамчунин дар доираи кори мизи мудаввар муаррифии китоби «Иттилоот дар Интернет: танзими ҳуқуқӣ» ва натиҷаи таҳлили ҳуқуқӣ оид ба муносибатҳои ҷамиъиятӣ дар Интернет, пешкаш мешавад.

Интернет фазои озод буда, аз чумлаи бузургтарин шабакаи оммавӣ дар ҷаҳон мебошад. Истифодаи интернет технологияхо дар соҳаи иқтисод, илм, фарҳанг, иҷтимоиёт, маориф ва ѓайра васеъ ба роҳ монда шудааст. Имрўз ҳамаи давлатҳои дунё бо ин шабакаи глобалӣ пайвастанд ва Интернетро пеш аз ҳама ҳамчун манбаи иттилоъ истифода мебаранд. Вале, дар баробари ин набояд фаромўш кард, ки Интернет ин воситаи ахбори умум нест, балки пеш аз ҳама фазои интиқолкунанда барои паҳншавии ВАО ва васеъшавии бозори он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ҷараёни интернетизация босуръат давом дорад. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба масъалаи ҷорӣ намудани Интернет технологияҳо ба тамоми соҳаҳо диққати махсус медиҳад. Кори босамари Шўро оид ба технолгияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК), ки дар назди Президенти ҶТ фаъолият мекунад, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ин ҷараён мунтазам авҷ мегирад, зеро заминаҳои муайяни ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавҷуданд. Дар ин замина таъмини амнияти иттилоотиро метавон ба инкишофи TajNet суръат бахшид. Ҷомеаи тоҷикон бояд иттилоро аз маъхазҳои тоҷикӣ дастрас намоянд! Ин ҷо масоил вобаста бо истифодаи сарчашмаҳои мавчуда ва хамчунин пайдо намудани манбаъҳои нави иттилоотиро бо забони тоҷикӣ бояд омўхт.

Мо бояд амиқ донем, ки дар асри рақамӣ иқтидори рушди TajNet ва нақши контенти тоҷикӣ дар устувории амнияти иттилоотӣ чи гуна аст.

Таҷрибаи ватанӣ нишон медиҳад, ки баҳри таъмини амнияти миллӣ одатан усулҳое ба кор мераванд, ки на ба ҳимояи иттилоъ ва сарчашмаи он, балки баръакс ба маҳдудшавии дастрасӣ ба онҳо равона шудаанд.

Чунин муносибат бар хилофи мақсадҳои Консепсияи давлатии сиёсати итиилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «…ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи иттилоотии байналмилалӣ ва таъмини амнияти захираҳои иттилоотии миллӣ ва инфраструктураи иттилоотию коммуникатсионӣ…» мебошад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни кори мизи мудаввар имкониятҳои рушди контенти тоҷикӣ дар фазои Интернет ва назари нав ба амнияти иттилоотӣ дар шароити кунунӣ муайян мешавад.

Ба чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Парламенти ҶТ, кормандони ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, байналмилалӣ, ВАО ва коршиносони соҳаи ТИК даъват шудаанд.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.

Источник:

Тақозои лағви бандҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир»

[b]Таъмини озодиҳои матбуотӣ яке аз мавзӯъҳои меҳварии як ҳамоиши чандҷониба дар Душанбешаҳр буд.[/b]

Ин нишаст бо ибтикори намояндагии САҲА, дафтари Омбдусмен ва ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Шӯъбаи кафолати ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандон дар Дастгоҳи раёсати ҷумуҳри Тоҷикистон доир гашт.

Дар ин нишаст бархе аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, аз ҷумла НАНСМИТ, пешниҳод карданд, ки банди «тӯҳмат» ва «тавҳин» аз санадҳои ҷиноӣ лағв шавад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори тоҷик низ дар ин робита гуфт: «Тоҷикистон кишвари демократӣ аст ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаст. Ба ин делел, зарур аст, то шароитро барои фаъолияти озоди расонаҳо, бахусус хабарнигорон эҷод кунад. Дар ҳоле ки Қирғизистон аз қонунҳои худ банди таҳқир ва тавҳинро берун кашидааст, Тоҷикистон низ бояд ба хотири таъмини озодии баён ва гуногунандешӣ аз ин банд даст бикашад.»

Ширкаткунандагони нишаст бар ин назаранд, ки бархе аз мансабдорони давлатӣ бо сӯиистифода аз бандҳои тӯҳмат ва тавҳин, болои хабарнигорон фишор ворид месозанд.

Ин дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир чандин тан аз хабарнигорони тоҷик ба чунин иттиҳом ба додгоҳ кашонида шуданд.

Зимнан қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақили «Нури зиндагӣ» бо чунин иттиҳом дар додгоҳи ноҳияи Ашт ҷараён дорад.

[b]ТАЪКИД БА РИОЯИ ҲУҚУҚИ ИНСОН[/b]

Дар ин ҷамъомад, ки як омодагӣ ба баррасии масъала дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар охири моҳи октябр дар Женева дониста мешавад, сардори шӯъбаи кафолати конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Музаффар Ашӯров гуфт, ҳукумат эътироф мекунад, ки дар ҳоли ҳозир расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии мардум дар кишвар мувофиқи матлаб нест. “Биноан гурӯҳи кории махсус дар зудтарин фурсат ба кор шурӯъ хоҳад кард,” – гуфт ҷаноби Ашӯров.

Кори гурӯҳ аз баррасии шикоятҳои шаҳрвандон ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ва тавсияҳои ин кумитаи байнулмилалӣ иборат хоҳад буд.

Вай афзуд, гурӯҳи нав аз намояндагони Додгоҳи олӣ, Додситонии кул, Вазорати адлия, Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва вазорату идораҳое таркиб хоҳад ёфт, ки аз амалкарди онҳо шикоят шудааст.

Ин дар ҳолест, ки то имрӯз Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар мавриди 22 шикояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалнома бароварда, аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба иҷро нарасидаанд. Ба ақидаи намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон ин ҳамоиш талошест, то кишвар ба ҷаласаи баррасии ҳуқуқи инсон, ки ба таври муфассал дар Женева ҷараён хоҳад гирифт, имсол омодагии бештаре дошта бошад.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (БДИПЧ) ҳар сол дар Варшава Ҳамоиши рушди башариро баргузор мекунад ва дар он низ кишварҳо аз вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Умдатан дар ин нишастҳо Тоҷикистон баҳои мусбат нагирифтааст. Дар ин ҷаласаҳо баҳои намояндагони давлат ва ҷомеаи маданӣ ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҳамдигар комилан фарқ мекард. Ҳамоиши Душанбе як навъ талоши муколамаи давлат бо созмонҳои шаҳрвандист, то назарҳо ба ҳам наздикии бештар касб кунанд.

Дар гузоришҳои солонаи созмонҳои байнулмилалӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон асосан нигаронкунанда унвон мешавад. Ахиран, ин ниҳодҳо аз қонуни нави масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон интиқод мекунад ва мегӯянд, он ҳуқуқи шаҳрвандонро маҳдуд менамояд.

Ҳамоиш дар рӯзҳое сурат мегирад, ки палатаи болоии порлумони Тоҷикистон ин қонунро ба тасвиб расонд ва эълом дошт, қонуни нав ба ҳеч шевае ҳуқуқи сокинони кишварро маҳдуд намекунад.

Гурӯҳи кории дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон барои расидагӣ ба шикоятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон ва тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар ҳоле таъсис меёбад, ки интизориҳои бузурги ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилал аз таъсиси мақоми Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон бароварда нашудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24273368.html

Чаро сиёсати иттилоотӣ муваффақ нест?

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ,раиси АМВАОМТ

(Тезиси суханронӣ дар Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, Душанбе, 22 июли соли 2011)[/b]

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин ҷаласа — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки барои муколамаи ҷонибҳо — музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Умед дорам, ки тавсияҳое, ки дар ин ҷо ироа мегарданд, дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ истифода шуда, ба рушди озодии сухан ва ВАО дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

[b]Матни пурраи маърӯзаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=109]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=109[/url]

Источник:

Чаро сиёсати иттилоотӣ муваффақ нест?

[b]Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

(Тезиси суханронӣ дар Ҷаласаи Муқаддимавӣ барои баррасии масоили ҳуқуқи инсон, Душанбе, 22 июли соли 2011)[/b]

Хонумҳо ва ҷанобон,

Пеш аз ҳама, ба созмондиҳандагони ин ҷаласа — Дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳори сипос менамоям, ки барои муколамаи ҷонибҳо — музокироти солонаи байни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам овардаанд. Умед дорам, ки тавсияҳое, ки дар ин ҷо ироа мегарданд, дар фаъолияти мақомоти марбутаи ҳокимияти давлатӣ истифода шуда, ба рушди озодии сухан ва ВАО дар кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Новобаста аз меъёрҳои эъломияви дар конунгузории кишвар дар бораи озодии баён ва фароҳам овардани шароити дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, дар амалия маҳдудиятҳо дар ин ҷабҳа ҷой доранд. Сабаби асосии ин ҳолат, муваффақ набудани сиёсати давлатии иттилоотӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон ду консепсияи давлатии марбут ба соҳаи иттилоот қабул шудааст. Консепсияи амнияти иттилоотии ҶТ ва Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ. Аслан, ин санадҳо барои мусоидат баҳри амалӣ намудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ки боиси рушди озодии баён мегардад, қабул шудаанд. Мутобиқи сиёсати иттилоотӣ дар соҳаи ВАО давлат бояд озодии сухан ва иттилоотро кафолат дода, дастрасии озоди шаҳрвандонро ба иттилооти расмӣ дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин намояд. Вале амалан, муколимаи судманд миёни субъектҳои муносибатҳои иттилоотӣ вуҷуд надошта, камбудиҳо ҳангоми таҳия, хараҷу мараҷ дар татбиқи онҳо боиси маҳдудияти ҳуқуқҳои шаҳрвандон мегарданд.

Зеро:

— дар таҳияи консепсияҳо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат надоштанд, мавқею назари онҳо, минҷумла намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорӣ, дар ин санадҳо ба эътибор гирифта нашудаанд, ҳарчанд, ки ин санадҳо ба фаъолияти ВАО робитаи мустақим доранд. Дар натиҷа, дар консепсияҳо танҳо мавқеи ҳукумат инъикос ёфтааст, ки ин боиси ихтилофи назар миёни мансабдорони мақомоти давлатӣ ва рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил гаштааст;

— дар консепсияҳо нуктаҳое вуҷуд доранд, ки хилофи меъёрҳои баёналмилалӣ ҳастанд: дар ин аснод бештар на мусоидат ба озодии иттилоот, балки кӯшишҳои таҳти назорат гирифтани фаъолияти субъектхои иттиилоотӣ, махсусан ВАО, ҷой доранд;

— дар татбиқи амалии консепсияҳо, эҳтимолан, манфиати ҷомеа ва шаҳрвандон не, балки манфиати гурӯҳию шахсӣ ба назар гирифта мешавад: мутобиқи талаботи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотӣ бояд барои рушди технологияҳои иттилоотии муосир ва Интернет шароит фароҳам оварда шавад, вале ҳодисаҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ ва кӯшишҳои маҳдуд намудани фаъолияти дастраскунандагони Интернет дар семоҳаи охири соли гузашта ва нимаи аввали соли равон аз акси ҳол шаҳодат медиҳанд;

— назария ва амалия дар татбиқи сиёсати иттилоотӣ ба ҳам мувофиқ нестанд: фаъолияти мақомоти давлатӣ дар таъмин намудани шаффофияти фаъолияташон, ба роҳ мондани мубодилаи интерактивии иттилоот аз тариқи сомонаҳои интернетӣ, ташкил намудани марказҳои иттилоотӣ ва ғайра ҷавобгӯи талаботи рӯз нест.

Ҳамзамон, дар амалияи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ кӯшишҳои пурзӯр намудани танзими давлатӣ дар соҳаи ВАО ба назар мерасад, ки ба озодии баён ва дастрасии шаҳрвандон ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот таҳдид доранд.

Дар масъалаи баргузор намудани нишастҳои матбуоти мутобиқи Амри Президенти ҶТ аз 4 марти соли 2005: аслан ин кори хуб аст, вале мундариҷаи онҳо ғайриқаноатбахш аст. Ҳамчунин дигар камбудиҳо, аз қабили ширкат накардани роҳбарони мақоми аввал, роҳ надодани рӯзноманигорони алоҳида бо сабабҳои гуногун, ба саволҳо надодани ҷавобҳои мушаххас ҷой доранд. Ҳамзамон бо сабаби мунтазам баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ, дар соҳаи муносибатҳои иттилоотӣ мавридҳои иҷро накардан ва ё номатлуб иҷро гардидани меъёрҳои қонунгузорӣ ба назар мерасанд. Баъзе роҳбарон бо баҳонаи дар рӯзҳои наздик баргузор гаштани нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон пешниҳод намудани иттилоотро рад мекунанд ё аз журналистон талаб мекунанд, ки иҷозати мақомоти болоӣ ё ашхоси мансабдори болоиро пешниҳод намоянд. Дар баъзе ҳолатҳо ба тафриқагузорӣ миёни воситаҳои ахбори ҳукуматӣ ва мустақил роҳ дода мешавад.

Қонунгузории амалкунанда ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаро пурра ҳимоя карда наметавонанд, зеро ниёз ба такмил доранд. Барои таъмини фаъолияти муваффақи онҳо, пеш аз ҳама Қонуни ҶТ «Дар бораи ВАО» бо назардошти пешниҳодоти ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи ВАО ҳарчи зудтар қабул гардида, дар ҷодаи декриминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир иқдом карда шавад.

Дар фарҷоми сухан мехостам дар бораи тағйирот ба КМҶ ҶТ, ки мувофиқи он меъёр гузоришҳои матбуотӣ барои оғози қазияи ҷиноятӣ асос шуда метавонанд, ибрози назар намоям. Ин тағйирот дар баробари пайомадҳои мусбӣ, пайомадҳои манфӣ оварда метавонад, зеро хавфи бозичаи дасти гурӯҳу ашхоси даргир шудани баъзе аз рӯзноманигоронро ниҳон дорад.

[b]Тавсияҳо:[/b]

— таҷдиди назар кардани талаботи сиёсати давлатии иттилоот бо назардошти мавқею назари созмонҳои ҷомеаи шахрвандӣ;

— таъмини минбаъдаи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ бо роҳҳои ташкили марказҳои иттилоотӣ, фаъолияти пурсамари сомонаҳои иттилоотӣ ва умури матбуоти инҳо;

— ислоҳоти низоми воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ бо назардошти таъмини плюрализми ақидаҳо;

— пешгирӣ намудани монополизми ВАО аз ҷониби давлат ё гурӯҳҳои молиявию саноатӣ;

— такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ВАО бо назардошти меъёрҳои байналмилалии озодии баён;

— де-криминализатсияи масоили тӯҳмат ва таҳқир;

— баланд бардоштани маърифати касбию ҳуқуқии рӯзноманигорон дар инъикоси масоили ҳуқуқи башар.

Источник: