[b](Конфронси маҷозӣ)
Рӯзи 5 сентябри соли равон дар фазои Facebook – саҳифаи «Тоҷикисони навин» бо ибтикори гурӯҳи рӯшанфикрони тоҷик конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Оё рӯзноманигорони Тоҷикистон метавонанд ҳамраъйю муттаҳид шаванд?» баргузор гардид, ки фишурдаи онро ба самъи Шумо пешкаш менамоем.[/b]
[i]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:
Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)
Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон
Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори мустақил ва рӯшанфикр
Додоҷон Атовуллоев, рӯзноманигор
Ҳумайрои Бахтиёр, рӯзноманигори ҷавон
Бобои Наврузи Сурӣ, рӯшанфикр аз деҳаи Сурхи ноҳияи Исфара.[/i]
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дӯстони гиромӣ, мамнунам, ки мо ба мувофиқа расидем, то конфронси маҷозиро дар мавзӯи «Оё рӯзноманигорони Тоҷикистон метавонанд ҳарраъйю муттаҳид шаванд?» дар ҳамин саҳифаи «Тоҷикистони навин» баъди чанд дақиқа оғоз намоем. Хуб мебуд, ки ҳар яки мо назари худро мӯъҷаз ва мухтасар нависем. Суолҳо барои андеша: Ҳамраъйӣ дар чӣ зуҳур меёбад? Кадом мисолҳои онро медонед ё шоҳиду иштирокчии он будед? Чӣ сабабҳо метавонанд бар зарари ҳамраъйии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бошад? Хуб, лутфан оғоз мекунем!?
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дуруд бар ҳамагӣ. Ба назари ман, ҳамбастагии ҳирфаии рӯзноманигорон зарурати ҳифзи ҳайсият, эътибор ва амнияти якояки рӯзноманигорон аст. Журнолистҳо метавонанд дорои дидгоҳҳои гуногуни сиёсию иҷтимоъӣ бошанд, аммо дар заминаи ҳирфаӣ метавонанд ва бояд муттаҳид бошанд, то ҳам имкони азияту озорашон аз сӯи мақомот аз байн биравад ва ҳам чун як нерӯи мунсаҷими бузург ба пешбурди ҷомеъа мусоъидат кунанд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ҳумайро, Шумо чи назар доред?
[b]Ҳумайро Бахтиёр:[/b] Дуруд бар дӯстони хабарнигорам! Ба назари ман, дар сурати ҳамраъйӣ мушкилот барои худи хабарнигорон хеле камтар хоҳад шуд. Ёдам ҳаст, дар як нишасти матбуотии вазорати умури хориҷа дар сурати посух нагирифтан масъули вазорат хабарнигорро як каме танбеҳ дод (ҳол он, ки хабарнигор ҳақ буд). Пас аз ин аз миён як рӯзноманигори дигар гуфт, ки ҳампешааш дуруст мегӯяд. Дар натиҷа он масъул воқеан ҷавоби носаҳеҳ доданашро тасдиқ кард. Бубинед, ки дар сурати муттаҳид шудан мо барои фаъолияти худ фазои мусоидеро фароҳам меоварем.
[b]Бобои Сурӣ:[/b] Дуруд бар дӯстон. Мо гарчанд рӯзноманигор нестем, вале ҳамчу як равшанфикри миллат ҳамбастагии рӯзноманигоронро дастгирӣ мекунем. Ва албатта умед дорем, ва боварии комил дорем, бо ёрии дӯстони рӯзноманигоронамон фикру ақоиди худро бо миллатамон баррасӣ кунем.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Барои мисол, мавзеъи ягона ё ғолиби рӯзноманигорон дар мавриди масоили сарнавиштсозе чун ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад ҷилави як иштибоҳи бузурги нимқарниро бигирад.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Дар остонаи ҷашни Истиқлоли кишвар, ин тасмим аз сӯи давлатмардони мо, мухолифи истиқлол аст. Ҳузури нерӯҳои низомии як кишвари бегона дар хоки мо, он ҳам барои 49 сол, ки ним қарн аст, нақзи сареҳи истиқлолият ва тамомияти арзии мост. Ҳоло ки ҳанӯз ин тавофуқ ба тасвиби порлумон нарасида, бояд ба гӯши марокизи тасмим дар кишвар бирасад, ки аз як чунин тасмиме даст бардоранд, бо сарнавишти кишвар бозӣ накунанд. Фаразан агар ин корро ба маслиҳати кишвар медонанд, чун як тасмими сарнавиштсоз аст, бояд референдум баргузор шавад.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Бидуни гуфтаҳои боло, чи бояд кард, ки дар Тоҷикистон ҳамраъйии воқеии рӯзноманигорон таҳким ёбад? Қабл аз ҳама, оё худи ин ҳамраъйӣ ҳаст?
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Ҳамраъйи чун панибратство суде надорад. Рақобати солим ба суди кор аст. Вақте чанд рӯзнома аз ҳисоби пули бедардимиён (аз буҷа) дармеояд, аллакай ин имтиёз ба ҳунарвар не, ба лаббайкзан аст.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ва аммо, дар робита бо авомиле, ки мунҷар ба адами ҳамраъйӣ миёни рӯзноманигорон мешавад, бояд арз кунам, ки муҳимтарин омил, дастгоҳҳои давлатӣ аст. Яъне давлат метавонад ба роҳатӣ миёни рӯзноманигорон ихтилоф бипошад. Роҳи пешгирӣ ҳам ба назари ман, ҳамон рӯ кардан аст. Яъне дар мавориде рӯзноманигори мустақил ва ҳақҷӯ чорае надорад ҷуз он ки масоилро рӯ кунад ва расонаиш намояд. Омили дигар ҳам, пул аст, ки дигар баҳсаш ҷудост.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дигар ин ки фазои хасмона миёни рӯзноманигорони дарборӣ ва мустақилро бояд аз байн бурд. Мақомотро аз роҳҳои қонунӣ бояд водошт, ки ҳамаи рӯзноманигоронро бо як чашм бибинад ва хабарнигорони мустақилро ҳам ба сафарҳову гуфтугӯҳои расмӣ даъват кунад. Ин табъизи шуғлӣ бояд решакан шавад ва дар ин замина Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон бояд ҷидду ҷаҳди бештар ба харҷ диҳад. Дар мавриди амнияти шуғлӣ ҳодисаҳои латукӯби Раҷаб Мирзо, Сайфуллоҳзода ва ахиран Хуршеди Атоуллоҳро метавон намуна овард. Намедонам ниҳодҳои хабарнигории Тоҷикистон дар ин замина чиҳо кардаанд, ки ҳанӯз ҳам шоҳиди ин рӯйдодҳои нанговар мешавем.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дар мавриди латукуби Сойфулозода ва Хуршеди Атовулло, ки имсол рух дод, иқдомҳо аз ҷониби ниҳодҳои рӯзноманигорӣ ба назар расиданд, вале вокуниш аз сӯи моқомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯшан ба назар намерасад. Дар масъалаи Сайфуллозода, мутассифона, натиҷае нест.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Пӯзиш аз пурҳарфӣ. Ба иллати тангии фурсат маҷбурам гуфтаниҳоямро пушти сари ҳам бирезам.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ба назари Шумо, феълан чомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон ҳамраъй аст?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Аввалан, ҳамин ниҳод, ки ҷаноби шумо (Қаршибоев) сарпарастии онро ба ӯҳда доред, тақвият шавад, дар мавқеъҳои лозим, иқдомҳои шуҷоона бардорад, ба унвони мисол, дар ҳамин ду рухдод (латукӯби ду рӯзноманигор) мебоист корро сахт пайгирӣ мекард, ки ба назарам иҷломе ҷиддӣ бардошта нашуд. Баъд, ба ҳеҷ сурат вобаста ба давлат набошад ва ҳар гоҳ рӯзноманигоре таҳти фишор қарор бигирад, ҳамин ниҳод бошад, ки аз ӯ дифоъ ба амал оварад, ба ҳамон сурат, ки ахиран иқдоме дар қазияи хабарнигори ВВС анҷом гирифт.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ташаккур барои маслиҳат, шояд иқдоми ниҳоди мо муассир набуд, ба сабаби бетафовут будани дигар ниҳодҳо?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ин худ ҳамраъйӣ миёни рӯзноманигоронро ба вуҷуд меоварад, яъне вақте пушти худро муҳкам мебинанд, дар он сурат, бо шуҷоат ба кори худ идома медиҳанд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Дӯстон, ба андешаи Шумо чӣ халал мерасонад, ки рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳамраъй бошанд? Хусумат, ҷудоиандозӣ, рақобати носолим ё чизи дигар?
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Ҳамаи он унсурҳое. ки гуфтед, ҳаст, ба назари ман. Аммо муҳимтар аз ҳама, ноогоҳии рӯзноманигорон аз рисолати худ аст, ки монеъ аз иттиҳодашон мешавад. Бархе рӯзноманигориро навъе кори косибӣ медонанд ва вориди рақобатҳои бозорӣ шудаанд, ки бо ахлоқи рӯзноманигорӣ созгор нест.
[b]Бобои Сурӣ:[/b] Ва бояд камтар ҷуръатмандтар ҳам шаванд, вақте як ҳамкасбашон аз тарафи кормандони давлатӣ (бидуни ягон асос) ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, эшон бояд ҳуқуқи ӯро талаб кунанд.
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Масъалаи усулӣ ва калидӣ дар сохтори давлату давлатдорист. Дар кишвари ноозод имкони рушди мабуоти озод нест ва нахоҳад буд.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Масъалаи дигар он, ки шунида мешавад, дастгоҳҳои давлатӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ҳатто мустақиллаш нуфуз дорад ва расонаҳо ба навъе вобаста ҳастанд. Агар ин воқеият дошта бошад, чаро худи ҳамин масъала дар расона матраҳ намешавад? Бояд шуҷоатмандона инро матраҳ кард.
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Ҳатто тоҷирон меҳаросанд, ки ба рӯзномаҳое, ки ҳукуматро танқид мекунанд, реклом диҳанд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] То кадом андоза даъвои Додоҷон асос дорад? Магар дар Тоҷикистон матбуот озод нест? Баҳои созмонҳои рӯзноманигории ҷаҳони чӣ гуна аст?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ахиран ҳатто шунидам расонаҳои хориҷӣ ҳам ба навъе вобаста ба давлат ҳастанд. Агар ин ҳақиқат дошта бошад, ин мусибат аст, бояд бо расонаӣ кардан, пеши роҳи чунин падидаҳо гирифта шавад.
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] »Полуправда — хуже лжи» мегӯянд. Он чи дар матбуоти имрӯз мебинем, ана ҳамин полуправда аст.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Бо назари оқои Атовуллоев ҳамнавоям, фикр мекунам далели кофӣ дар ин замина вуҷуд дорад.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Мехостам дар робита ба гуфтаҳои боло, назари шуморо нисбати рисолати рӯзноманигорӣ ва расонаҳо дар ҷомеаи муосир бифаҳмам. Мо боз 15 дақиқа вақт дорем.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Мусалламан, матбуъоти ба ростӣ озод дар Тоҷикистон орзуе беш нест. Маъмулан, дар муқоиса бо ӯзбакҳо матбуъоти моро озод медонанд. Аммо як пурсиши содда: Оё касе аз рӯзноманигорони тоҷик метавонад даромадҳои худи Раҳмон ва хонаводаашро таҳқиқ кунад ва бо далелҳо риштаматлабҳое мунташир кунад ва ҳеҷ балое ба сараш наояд?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ҳатто расонаҳои хориҷии фаъол дар дохили Тоҷикистон дар заминаи масоили марбут ба Раҳмон ҷуръати ҳарф задан надоранд, то чи расад ба расонаҳои дохилӣ.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Худи шумо, оқои Қаршибоев, ин мавзӯъро беҳтар медонед, чун дар дохили кишвар ҳастед. Оё ба назари шумо матбуъоти Тоҷикистонро метавон озод номид?
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Сад дар сад бо Дориюш розиям.
[b]Бобои Сурӣ:[/b] Дустон мо набояд ба рӯзноманигорон фишор биёрем, барои ин ки ҳар яки мо аз демократияи давлатиамон огоҳем.
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Бадбахтона, журналистка ҳам дар ин кишвари мариз бемор аст. Рӯзномаҳоро мехонию шармат меояд. Хат ғалат, маънӣ ғалат, имло ғалат… Примитив….
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Дар матбуъоти Тоҷикистон хатҳои сурхи бисёр захим ва маргборе вуҷуд доранд, ки метавон онҳоро нодида гирифт ва матлабе мунташир кард, аммо дар паи он бояд омода бошед, ки балое бароятон дасту по кунанд: ё тӯҳматномае алайҳи шумо дар матбуъоти дарборию нимадарборӣ мунташир мешавад ё калтак мехӯред ё зиндонӣ мешавед ё мегурезонанд, ё ба он дунё табъид мешавед. Магар ғайр аз ин аст?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ошкортар бигӯем, назари дӯстонро мехостам бидонам, оё расонаҳое чун Озодӣ ва ВВС дар ин замина «озоданд»? Агар на, чаро?
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Бахои ман ба матбуоти Точикистон: ВАО дар Тоҷикистон нисбатан озод аст. Мо наметавонем дар бораи озодии мутлақи расонаҳо дар кишвар сухан ронем. Барои ислоҳи вазъият ҳар кас метавонад саҳме дошта бошад, на дар сухан, балки дар амал!
[b]Бобои Сурӣ:[/b] Оқои Қаршибоеви азиз, аз шумо хоҳиш доштам ҳамин мақолаи Дориюши гиромӣ навиштаро, агар имконият бошад, ба чоп диҳетон бисьёр сипосгузорӣ мекардам. То дар ватан ҳам бидонанд ба кадом ботлоқе ғӯтида истодаанд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Хоҳиш мекунам, бештар сари таъмини ҳамраъйӣ назаратонро бигӯед. Назари шумо ба оодии матбуот дар Тоҷикистон боиси қадрдонист, вале аз мавзӯи конфронси маҷозӣ дур наравед. Сипос!
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Замоне радиои Озодӣ машҳур буд. Чун Соҷидаи Мирзо раҳбари бахши точикӣ шуд, аз Озодӣ номаш монд… пеши роҳи пайдоиши мақолаву таҳлилҳои танқидиро мегирад. Басо мекӯшад, ки ба ҳарифони сиёсии Раҳмонов минбар надиҳад. Зеро ӯ ба Зарифӣ ваъда кардааст, ки » имиҷи президентро мебардорад».
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Пас Худо ҳамаи моро раҳмат кунад!
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Хоҳиш мекунам, ба иззати нафси ҳамкасбон нарасем. Зеро ин мавод мавриди истифода дар расонаҳо қарор мегирад.
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Ҳамраъйӣ дар миёни рӯзноманигорон нест. Аҷиб ҳам нест. Дар миёни миллати тикка пора рӯзноманигоронаш ҳам тикка пора мешаванд. Роҳи эҷоди иттиҳоду инсиҷом боло бурдани огоҳиҳои рӯзноманигорон аз рисолаташон аст. Чун бо ҷуръату азхудгузаштагии рӯзноманигорон аст, ки ҷомеъа ба озодиҳои бештар даст меёбад. Ҳеҷ давлате ба ихтиёри худаш ба матбуъот озодӣ надодааст. Барои ин ганҷ бояд ранҷҳои фаровон кашид.
[b]Бобои Сурӣ:[/b] На ҳоло роёна дар даст дорем, дӯстони бомаърифат дорем, орзуҳоро ба хок супоридан барвақт аст.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Оқои Қаршибоеви гиромӣ, хулосаи ман ин аст, ки мо ба ҷои эҷоди ҳамраъйӣ, беҳтар аст ба ҳалли ин масоил, ки ин ҷо матраҳ шуд, бипардозем. Оё чунин нест?
[b]Дориюш Раҷабиён:[/b] Иттиҳод рамзи пирӯзист ва чун иттиҳод надорем, бозандаем дар ҳар сатҳе. На танҳо миёни рӯзноманигорон.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ташаккур, Дориюш! Ман мехостам дар ҳамин ҷо ба сӯҳбатамон нуқтаи таммат гузорам. Боз 3 дақиқа вақт ҳаст. Касе моҳиятан боз назари худро иброз медорад?
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b] Ба ҷои андешаи эҷоди ҳамраъйӣ, ба назар мерасад муҳим ҳалли масоиле аст, ки ин ҷо матраҳ шуданд ва бигузор расонаӣ шаванд.
[b]Додоҷон Атовуллоев:[/b] Озодӣ бозичае нест, ки осон бихарӣ, самбуса нест, ки дили роҳбареро биёбӣ. Барои ОЗОДӢ ҷонбозӣ мебояд!!! Дар Тоҷикистон озодие ба ҷуз мурдан вуҷуд надорад!!!! Ва озодии матбуот ҳамчунин!!!!
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b] Ман наметавонам ба ин фикр розӣ бошам. Албатта мушкилоте, ки шумоён иброз доштед, дар фазои итттилоотии Тоҷикистон вуҷуд дорад, мо ҳатталимкон барои ҳалли онҳо кӯшиш хоҳем кард ва аз Шумо низ даъват мекунем, ки мушоҳид ё нозир не, балки саҳмгир дар ҳалли қазияҳо бошед. Аз ҳамаи Шумо барои ширкататон дар ин сӯҳбати маҷозӣ миннатдорам. Як чизро бароятон ваъда медиҳам: мазмуну мундариҷаи ин конфронсро ба самъи ҳамкасбон дар Тоҷикистон мерасонам. Ташаккур!
АМВАОМТ (НАНСМИТ)
Источник: http://www.facebook.com/groups/132266500197220/?view=permalink&id=147263362030867#!/groups/132266500