[b]26 -27 сентябри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.[/b]
[b]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]
[i][b]Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)
Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон
Умед Ҷайҳонӣ, рузноманигор, таҳлилгари масоили сиёсӣ
Ҷамшеди Маъруф, рӯзноманигор
Абдулфаттоҳ Шафиев, коршиноси масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ
Абдулазиз Восеев, рӯзноманигор
Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор[/b][/i]
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
[i]Дӯстони гироми! Хотиррасон мекунам, ки мавзӯи баҳси мо «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» аст. Зеро як сол қабл, бо баҳонаи амалияти низомӣ дар водии Рашт, мақомоти қудратӣ дар Точикистон дастрасиро ба сомонаҳои интернетӣ маҳдуд карда, дар чопи нашрияҳо — «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» мушкилот эчод намуданд. Дар тӯли соли равон, ҳангоми даъво пешниҳод намудан ба суд нисбати нашрияи «Азия-плюс» аз ҷониби муовини кунунии вазири корҳои дохила Анвар Тағоймуродов, ҳангоми боздошт ва ҳабси хабарнигори Би-Би-Си Урӯнбой Усмонов низ иттиҳомоти ҳамкории рӯзноманигорон бо гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ садо доданд.
Мусаллам аст, ки қонунгузориҳои байналмилалӣ маҳдудияти озодии расонаҳоро ба хотири амнияти ҷомеа ва шаҳрвандон иҷоза медиҳанд. Вале ин маҳдудиятҳо бояд дар асоси қонун ҷорӣ карда шаванд. Ба андешаи шумо, амали мақомоти қудратӣ, ки гӯё бо сабаби мубориза алайҳи террористон ва экстремистон, тирамоҳи соли гузашта озодии расонаҳои хабариро маҳдуд карданд, то кадом андоза дуруст буд? Суоли дигар ин аст, ки сиёсати иттилоотии сохтори ҳукуматӣ дар ин ҷабҳа оё муваффақ буд? Агар не, чаро?
Ҳамзамон, аз ҳамаи шумо, эҳтиромона хоҳиш дорем, ки дар ин сӯҳбати маҷозӣ ширкат варзида, назари худро ба рушди матбуоти мустақил ва гуногунадеш дар кишварамон иброз доред.[/i]
[b]Ҷамшеди Маъруф:[/b]
Шахсан ба андешаи ман, даст ба чунин иқдом задани мақомоти зидахл тамоман нодуруст буд, чун қонун барои фаъолияти ВАО-и чӣ электронӣ ва чӣ матбуотӣ иҷоза додааст ва гумон намекунам, ки онҳо бар хилофи қонун баромада бошанд, ки сабабгори муваққатан маҳдуд кардани онҳо бошад.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Дар оғоз, лозим аст ёдовар шавам, ки ҳатман манзури шумо “Саҳми матбуот ва ё расона дар заминаи мубориза бар зидди падидаи теруризм ва ифротгароист”. Албатта теруризм дар ҳар шакл ва сурати он, на танҳо ончи дар азҳон табодур мекунад, ки мутаассифона теруризм ва ифротгароиро мутародиф бо “теруризми динӣ ва ё мазҳабӣ” қарор додаанд, ки иштибоҳ аст.
[b]Абдулфаттоҳ Шафиев:[/b]
Ба андешаи ман, талошҳои задани тамғаи «ҳамкорӣ бо ифротгароён» ба ҷабини рӯзноманигорон чизе ҷуз аз талоши пинҳон кардани камбудиҳои фаъолияти худ нест. Вале ин талошҳо ҳам аз ҷониби афроде сурат мегирад, ки аз нақш ва ҳадафи расонаҳо огоҳ нестанд ва фаҳмиши эшон дар ин росто аз замони Шӯравӣ бештар намеравад — чун расона, ба андешаи онҳо, бояд хидматгори ҳукумат бошад, ҳол он ки расона танҳо як ҳадаф дорад — расонидани иттилоъ ба шунавандаву бинандаву хонандаи худ, на бештар аз он. Афроди огоҳ ва боандеша метавонанд аз фаъолияти расонаҳо ба нафъи худ ҳам истифода баранд ва ҳам ба гунае, ки ба обрӯи расона ва озодии баён латма назанад.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Муҳимтарин рисолати расона ва ё матбуот дар ин росто, амал ба вазифаи худ бидуни таваҷҷӯҳ ба хостаҳои ҳукумат аст. Чи басо ҳукумат барои саркӯби мухолифони сиёсии худ, ки терурист ҳам нестанд, барчаспи “теруристӣ” бар онҳо бизанад, ки дар ин ҷо расона бояд барои мардум роҳро аз чоҳ нишон бидиҳад, на ин ки дунболарав ва пиёдасози хостаҳои ҳукумат дар ин замина бошад;
Дар сурати бурузи мушкил (мисли ончи як сол пеш дар Камароб иттифоқ уфтод), яке аз роҳҳои мубориза ва пайкори ҷиддӣ бо падидаҳои теруристӣ, фароҳамсозии заминаи ҳузури расона дар маҳалли ҳодиса аст, на манъи он, то воқеаро чунон ки ҳаст гузориш кунанд ва ҳатто расонаҳо имкони дастрасӣ ба он гурӯҳҳоро дошта бошанд ва бо онҳо мусоҳиба анҷом дода ва ҳарфи дили онҳо ва ё хостаҳояшонро мунъакис созанд, ки ин худ заминаи пайкор бо онҳоро барои ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ осонтар месозад. Вагарна, дар сурати манъ ва пинҳон сохтани воқеиятҳо, маҷол барои овозаҳо ва шойеот боз хоҳад шуд, ки вазъиятро бадтар ва душвортар хоҳад сохт.
Яке дигар аз рисолатҳои расона ва ё матбуот, ин аст, ки ҳарфу хостаҳои гурӯҳҳоро (масалан теруристҳоро), ки бо мусоҳиба ва гуфтугӯҳо ба дасти расона расидааст, бо коршиносон дар миён гузошта ва роҳҳои илоҷи мушкилро аз онҳо ҷӯё бишаванд. Зеро хеле аз мушкилот ҳаст, ки бидуни тавассул ба зӯр ва ё даст ба силоҳ бурдан, қобили ҳал ҳастанд. Агар он гурӯҳ, аз ифротгароёни мазҳабӣ ва ё динист, бояд расона ба коршиносони масоили динӣ ва ё руҳоният ҳарфу ҳадиси он гурӯҳро мунтақил созад, аз онон роҳи ҳал бихоҳад, шубаҳоти теруристҳоро матраҳ ва аз онҳо бихоҳад ба он шубаҳот посухи мантиқӣ бидиҳанд.
[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]
Фақат суд метавонад шахсеро ҷинояткор ном барад. Мо бояд ҳар низоъро дар фазои ҳуқуқӣ ҳаллу фасл намоем. Аъмоламон низ дар чаҳорчӯбаи қонун бошад, то ки амнияти худ ва атрофиёнамонро таъмин карда тавонем.
[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]
Масъалаи дигар он ки аҳёнан як гурӯҳи теруристӣ хостаи мантиқӣ матраҳ мекунад, ки чи басо онро баҳона ҳам қарор дода бошад. Дар ин сурат, бояд расона ва матбуот ба дунболи ҳукумат рафта ва он масъаларо назди ҳукумат тарҳ карда ва ҷӯёи посухи ҳукумат ба он биуфтанд, то баҳона ба дасти касе намонад. Мисол мезанам, яке аз масоиле ки имрӯза бархе аз ҳамин гурӯҳҳои теруристӣ онро далели муборизаи худ бо ҳукумат медонанд, маҳдуд шудани озодиҳои динӣ ва манъ аз баргузории маросими мазҳабӣ ва ғайра дар ҷомеа тавассути ҳукумат аст. Хуб, ин далел мантиқӣ ва баҷо аст, дар ин гуна маворид, ҳукумат бояд ба ин иштибоҳоти худ эътироф ва онҳоро бартараф созад, то баҳона ба дасти касе надиҳад;
Масъалаи ахир, ки мехоҳам ин ҷо арз кунам ин аст, ки расонаҳо миёни мухолифони сиёсии ҳукумати мавҷуд, гарчи дар як мухолифати шадид бо ҳукумат қарор дошта бошанд ва миёни теруристу аз ин қабил ановин ҷудоӣ андохта ва ҳамаро бо ҳам омехта накунанд, ки мутаассифона ин падида дар расонаҳои мо дида мешавад. Масалан, Ҷунбиши Ватандор, ки оқои Додоҷон Атовулло раҳбарияти онро ба дӯш дорад, ба ҳеч ваҷҳ як ҷунбиши теруристӣ ва ифротгаро нест, гарчи бо ҳукумати вақт мухолифати шадид дорад. Расонаҳо ин ҷо набояд аз ин ҷунбиш бо ановине чун “терурсит” ё “экстримист” ёд кунанд, ин айб аст, аз инсоф берун аст.
[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]
Ман низ бо назарҳои домулло Сайидюнуси Истаравшанӣ комилан мувофиқ ҳастам. Ба назар мерасад, ки дар Тоҷикистон падидаи теруризм ва тундравӣ дуруст таъриф нашудаанд (агар ҳам таърифе шуда, бояд тарҷума аз русӣ бошад ки табъан тарҷумааш дуруст нест) ва давлат ҳар гуна, ки хост ин барчаспҳоро бар мухолифонаш мечаспонаду саркӯбашон мекунад.
Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки шеваи пӯшиши хабарӣ аз манотиқи ноором ва ё раванди пайкор (ё ҷанг) бо ҳаросафканон ва тундравон низ бояд таъриф шавад. Борҳо дида шуда, ки хабарнигорон дар паи хабар ҷузъиёти амалиёти пайкор бо теруристҳоро ошкор карда ва нохудогоҳ онҳоро ёрӣ расондаанд. Ингуна мавридҳоро бояд ҳатман худи рӯзноманигорон бо давлат ва ниҳодҳояш баррасӣ кунанд ва шеваи ҳамкорӣ дар пӯшиши хабарӣ аз ин гуна рухдодҳоро таъриф кунанд.
[b]Абдулфаттоҳ Шафиев:[/b]
Ба нафъи кор мебуд, агар ниҳодҳои марбут ба расонаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаҳои вижа барои афроди тасмимгир дар сохторҳои низомӣ дар мавзӯи нақши расонаҳо ва озодии баён омӯзишҳо доир кунанд ва ба мағзи онҳо бирасонанд, ки ҷаҳон дигар шудааст, аз тирезаи идеологияи Шӯравӣ дигар ба он нанигаранд, балки бояд донанд, ки ҳар бархӯрди хашин бо расона ва рӯзноманигор обрӯи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ мерезонад ва сари намояндагони давлатро дар ҳамоишҳои байнулмилалӣ хам мекунад.
[b]Абдулазиз Восеев:[/b]
Ман фикр мекунам, тамоми ниҳодҳои марбут ба журналистон аз нав бояд унвонии Вазорати дифоъ ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон нома бинависанд, то изҳороти худро мафсир кунанд. Ё далел биёранд, ки журналистон воқеан пуштибони ифротгароёнанд ё барои дурӯғ узр бипурсанд. Агар ниходҳои журналистӣ ин корро накунанд, пас мутмаин бошед, ки дигар на як бору ду бор чунин «тамғаҳо» ба номи рӯзноманигорон ва нашрияҳои мустақил зада мешавад…
[b]Иршод Сулаймонӣ:[/b]
Ин ки матбуот аз амалҳои ҷангӣ ва бигирем терористӣ мавод интишор мекунанд ва рӯзноманигорон рисолати касбии хеш иҷро мекунанд, магар ҳамкорӣ бо терроризм хаст? Ҳаргиз не. Гузашта аз ин, воқеан дар соли гузашта, изҳороти вазири мудофиа, ки рӯзноманигоронро бо ҳамкорӣ бо террористон иттиҳом мезад, хеле нангин буд. Баъдтар дидем, ки қисме аз ин «террорист»-ҳо ба вазифаҳои давлатӣ ҷалб шуданд. Пас, кӣ ҳақ будааст? Ба ин суол оё вазири мудофиа посух доранд?
Ҳодисаи Урӯнбой Усмонов, ки сари садоҳои зиёде ба бор овард, то кунун рӯшан нашудааст. Вале он ба имиҷ ва нуфзи Тоҷикистон таъсири манфии худро гузошт. Ман фикр мекунам, то кунун дар ҳукумат мансабдорон рисолати матубот, хусусан матбуоти мустақилро дуруст нашинохтаанд ва мисли ҷомеаи моноидеологии шӯравӣ ҳанӯз ба матбуот ба сифати як ёрдамчии содиқи партия муносибат доранд. Расонаҳои мустақилро як навъ дохил дар кори худ мешуморанд ва амалкарди онҳоро мубориза алайҳи худ пиндор медиҳанд. Ин комилан нодуруст аст. Матбуоти мустақил душмани ҳукумат ва мансабдорон нестанд. Агар рисолати як мансабдор пешрав кардани соҳаи таҳти назорати худ ва ислоҳи нуқси ҷомеа бошад, пас оинаи қаднамои ин мушкилот расонаҳостанд, ки бо таассуф ин оина дар назари унҳо намои хира дорад. Муносибати мансабдорони мо ба расонаҳо мисли амалкарди муфаттишҳо аст. Муфаттишҳои Тоҷикистон ҳамаи кӯшишҳоро анҷом медиҳанд, ки гумонбарро ба суд бикашанд. Мансабдорони мо ҳам тамоми нерӯи худро ба он масраф мекунанд, ки расонаҳоро таҳти контрол нигох бидоранд. Аз ин гуна тафаккур тавақуи дигар доштан хилофи мантиқ аст.
[b]Нуриддин Қаршибоев: [/b]Барои таъмину таҳкими озодӣ худи мо бояд иқдом кунем. Мақсади конфронс низ ҳамин буд: баҳсҳои кӯчаю бозориро расонаӣ намоем, мушкилотро тавзеҳ дода, барои ҳалли онон тавсияҳо омода намоем. Ин корро каси дигаре ба ҷои мо — рӯзноманигорон намекунад. Мехостам сӯҳбати маҷозиамонро бо иқтибос аз суханронии Дуня Миятович, намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО дар ш.Варшава (26 сентябри соли 2011) ҳусни хотима бахшам.«Не может быть безопасности, если нет свободного информационного обмена, свободных СМИ в наших странах. И, наоборот, свободного потока информации и свободных СМИ не может быть, если в обществе нет безопасности».
Ташаккур аз ҳамаи Шумо, азизон, барои ибрози назар ва ширкати фаъолона дар ин конфронси маҷозӣ!
Источник: