Все записи автора admin

CPJ тақозои 16 сол зиндон барои Исмоиловро маҳкум кард

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе дархости намояндаи додситонӣ барои 16 сол маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистонро, маҳкум кардааст.[/b]

Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Амирҷон Ғафуров, намояндаи додситонӣ, аз додгоҳ талаб кард, ки ин хабарнигор ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шуда ва тибқи қонуни авф 2 сол аз ин ҳукм кам карда шавад.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоилов дар ҷаласаи додгоҳ иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилашро рад кард ва гуфт, ки бегуноҳии вай бояд дар додгоҳ собит шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли «Нури зиндагӣ», ба “тамаъҷӯӣ, барангехтани низоъи маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир” муттаҳам шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ идомаи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум карда ва мегӯяд, ки аз дархости додситонӣ барои таъйини замони тӯлонии зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Дар баёнияи ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён мехонем, ки дар сурати иҷрои дархости додситонӣ оқои Исмоилов нахустин хабарнигори тоҷик дар даҳ соли ахир хоҳад буд, ки равонаи зиндон хоҳад шуд.

Ин созмон мегӯяд, ки тибқи парванда, оқои Исмоилов ба «тӯҳмат», «таҳқир» ва «барангехтани низоъи маҳаллӣ» дар матлабе таҳти унвони «Ашт вайрон мешавад. Гунаҳкор кист?» дар моҳи августи соли 2010 дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ» муттаҳам шудааст.

Аммо таҳқиқи ин созмон нишон додааст, ки дар ин мақола «Исмоилов аз ҳукумат ва мақомоти интизомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, интиқод карда ба фасодкорӣ, суиистифода аз мақом ва сирқати маболиғи давлатӣ ишора кардааст.»

Вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоилов низ мегӯяд, ки ин қазия ба далели нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт тавассути муваккилаш сурат гирифтааст.

Оқои Исмоилов аз 23 ноябри соли гузашта дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Қаблан вакили мудофеъи вай гуфта буд, ки дар ҷараёни таҳқиқи муқаддамотии ин парванда иттиҳомоти аслӣ, яъне — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ», алайҳи вай собит нашудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон низ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Қаблан созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки оқои сареъан Исмоиловро озод кунад, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо вокунише нишон надодаанд.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.

Қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои баррасии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбеи 3 октябр дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Тайи ду соли ахир чандин рӯзноманигор ва нашрияи мустақил дар Тоҷикистон барои нашри матолиби интиқодомез дар бораи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/09/110930_sq_aa_ismoilov.shtml

«ФОРС»: НАТОИҶИ НАХУСТИН ДАВРАИ ОМӮЗИШИИ РӮЗНОМАНИГОРӢ МУСБАТАНД

[b]Нахустин давраи омӯзишии рӯзноманигорӣ, ки бо ибтикори намояндагии хабаргузории «Форс»- и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон ёфта буд, бо додани гувоҳномаҳо ба ширкаткунандагони он анҷом пазируфт.[/b]

Сӣ нафар рӯзноманигори тоҷик, ки аз нашрияҳо, расонаҳои электронии ахбори бонуфузи ҳам ҳукуматӣ ва ҳам мустақил дар ин ҳамоиши хабарнигорон намояндагӣ мекарданд, дар зарфи панҷ рӯз дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигорӣ дар шароити бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» аз дарсҳои устодони маъруфи ҶИЭ, докторони илм Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ, ки ҳамзамон бо расонаҳои хабарии Эрон ҳамкорӣ мекунанд, бархурдор шуданд.

Иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ, азҷумла Ҷумъаи Мирзо, сардабири ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ», Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон», Неъмати Неъматзода, рӯзноманигори мустақил, Шарифи Мисайзод, хабарнигори радиои Тоҷикистон ва дигарон ибрози қаноатмандӣ намуданд, ки дар ин рӯзҳо аз устодон ва ҳамкорони эронии худ донишҳо ва таҷоруберо касб карданд, ки истифодаи онҳо дар фаъолияти рӯзноманигориашон муфид хоҳад буд. Пешниҳод шуд, ки ин гуна давраҳои омӯзишӣ аз ин ба баъд пайваста бештару самараноктар созмондиҳӣ шаванд.

Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози хурсандӣ намуд, ки давраи омӯзишии рӯзноманигорон бо натиҷаҳои хуб анҷом ёфт. «Дар шароити кунунӣ хабарнигорони мо ба чунин як омӯзиш ниёз доранд. Мо ҳамарӯза бо он маводе, ки дар рӯзномаҳои Тоҷикистон чоп мешавад шинос мешавем ва мутаассифона, бисёр ноқисиҳоро мебинем, ки барои аз байн бурдани онҳо омӯзиш ва таҷриба даркор аст. Омӯзиши таҷрибаи дӯстони мо албатта ба манфиати кори мост. Ва ин иқдомро дар оянда низ инкишоф бояд дод», афзуд ӯ.

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷуҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ибрози ташаккур аз хабаргузории «Форс» ва ҳамкории Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар баргузор кардани ин давраи омӯзишии хабарнигорӣ натоиҷи маҳфили панҷрӯзаи рӯзноманигоронро арзишманд ва муфид арзёбӣ кард. Ба гуфтаи сафир ин давраҳои омӯзишӣ дар оянда низ пайваста баргузор хоҳанд шуд ва қарор аст дар ояндаи наздик ҳадди аққал понздаҳ тан аз ин рӯзноманигорон давраи омӯзишии хешро барои чанд рӯз дар Ҷумҳурии Ислом Эрон идома бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки хабаргузории «Форс» аввалин хабаргузории ғайридавлатии Эрон буда дар соли 2002 таъсис ёфта ва ҳоло яке аз шинохтатарин расонаҳои ин кишвар ба шумор меравад. Ин хабаргузорӣ бо ҳадафи барқарор кардани иртибот бо мухотабони хориҷии худ дар соли 2005 пойгоҳи англисӣ, сипас арабӣ ва туркии худро низ эҷод кард ва дар ояндаи начандор дур роҳандозии бахши русиро низ дар назар гирифтааст.

Тоҷикистон нахустин кишвари Шӯравии собиқ аст, ки дар беш аз ду соли пеш хабаргузории «Форс» намояндагии худро ташкил кард ва аз ин тариқ ба муаррифии беҳтари ин кишвари дӯст ва ҳамзабон барои хонандагони сершумори худ ноил гардид. Аввалин раҳбари намояндагии ин хабаргузорӣ дар Тоҷикистон журналист ва таҳлилгари маъруфи кишварамон Қосими Бекмуҳаммад мебошад. Эҷоди бахши тоҷикии (кириллии) «Форс» низ дар дастури барномаҳои ояндаи ин хабаргузорӣ қарор дошта ва ин иқдом ба унвони фурсати муносиб дар ҷиҳати ошноии бештари мардуми ду кишвар ва мубодилаи тавлидоти расонаии Эрон ва Тоҷикистон дониста мешавад.

«Форс» имрӯз инчунин дар кишварҳои мухталифи дунё, назири Лубнон, Сурия, Миср, Фаластин, Ироқ, Афғонистон, Покистон, Урдун, Сингапур, Ҳинд, Қирғизистон, Туркманистон, Англия, Амрико, Фаронса ва ғайра хабарнигор дорад.

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6244.html

ХАБАРНИГОРОН СОҲИБИ ГУВОҲНОМА ГАРДИДАНД

[b]30 нафар хабарнигорони тоҷик, ки намояндагони расонаҳои мухталифи Тоҷикистонанд, муддати панҷ рӯз давраи омӯзиширо гузашта, соҳиби гувоҳнома гардиданд. Гувоҳномаҳоро 30 сентябр дар маросими ботантана ба хабарнигорони тоҷик Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.[/b]

— «Нахустин давраи омӯзишӣ, ки бо иқдомоти хабаргузории «Форс»-и Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон созмон дода шуда буд, ҳадафаш ошноии журналистони тоҷик бо рӯзноманигории Эрон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии хабарнигорони тоҷик пайваста бо дарназардошти вазъи журнализми байналмилалӣ ва технологияи муосири марбут ба журналистика дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳон буд», мегӯяд роҳбари намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе Қосими Бегмуҳаммад.

Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи қариб як ҳафта ба хабарнигорони тоҷик ду тан аз устодони ботаҷрибаи бахши рӯзноманигории Эрон- Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигорӣ дар шароити бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс доданд.14.55.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/18825-habarnigoron-so1203ibi-guvo1203noma-gardidand.html

Раиси Кумитаи забон: «Барои таҳқир 16 сол намедиҳанд»

[b]Додситон дар нисбати Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» 16 соли зиндонро дархост кардааст.[/b]

Дархости додситонӣ пас аз он сурат гирифт, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости додгоҳ ташхиси забонии матолиби нашркардаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро анҷом додааст.

Аммо Додхудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба РО гуфт, ки «ташхиси забонӣ умдатан пас аз анҷоми марҳилаҳои таҳқиқии парванда сурат мегирад. Мо ин корро бо дархости додгоҳ ва ба хотири муайян кардани маънои луғавии бархе аз калимаҳо, ки оё маънии таҳқиромез доранд ё на анҷом додем. Дар воқеъ дар мақолаҳои навиштаи ин хабарнигор калимаҳои таҳқиромез ва тӯҳмат буданд, аммо барои таҳқир 16 сол намедиҳанд. Вай, ки одам накуштааст».

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=131]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=131[/url]

Источник:

Раиси Кумитаи забон: «Барои таҳқир 16 сол намедиҳанд»

[b]Додситон дар нисбати Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» 16 соли зиндонро дархост кардааст.[/b]

Дархости додситонӣ пас аз он сурат гирифт, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости додгоҳ ташхиси забонии матолиби нашркардаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро анҷом додааст.

Аммо Додхудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба РО гуфт, ки «ташхиси забонӣ умдатан пас аз анҷоми марҳилаҳои таҳқиқии парванда сурат мегирад. Мо ин корро бо дархости додгоҳ ва ба хотири муайян кардани маънои луғавии бархе аз калимаҳо, ки оё маънии таҳқиромез доранд ё на анҷом додем. Дар воқеъ дар мақолаҳои навиштаи ин хабарнигор калимаҳои таҳқиромез ва тӯҳмат буданд, аммо барои таҳқир 16 сол намедиҳанд. Вай, ки одам накуштааст».

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, шояд додситон далели дигаре барои дархости худ доштааст. Зеро ба эътиқоди Додхудо Саймиддинов, бо ду, се ва ё чаҳор калимае, ки таҳқир дониста шудаанд, додгоҳ ҳукм намекунад.

[b]»ИСМОИЛОВРО ОЗОД КУНЕД»[/b]

Дар ҳамин ҳол Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) низ аз ҷараёни муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти нави худ ин созмони байнулмилалӣ аз мақомоти тоҷик хост, айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» бекор ва парвандаи ӯ баста шавад.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, аз хабари он ки намояндаи додситонӣ барои Исмоилов ҳукми 16 соли ҳабсро дархост кардааст, шадиданнигарон шуда, гуфтааст, дар сурати қабул шудани ин ҳукм Муҳаммадюсуф Исмоилов аввалин рӯзноманигори тоҷик хоҳад буд, ки дар даҳ соли охир ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-«АФРӮЗ» аз дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоилов нигаронии шадид намуда онро боиси эҷоди даҳшат дар маҳофили рӯзноманигорӣ унвон кардааст.

Дар баёнияи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки ин рӯзноманигор маҳз барои матолиби интиқодияш таъқиб ва маҳкум мешавад ва ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб аст, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва ба ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: «Мутманин бошед, ки агар ин иттифоқ биуфтад, Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд.»

Дар баёнияи ин созмони хабаригорӣ ҳамчунин омадааст, ки агар ин иттифоқ сурат бигирад, ба имиҷи байналмилалаии Тоҷикисто латма ворид хоҳад кард: «Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин, Тоҷикистонро дар ақсои олам шармсор хоҳад кард. Ҳоло он, ки ба назари мо мавриди таҳқиру тӯҳмат дар матолиби ин муаллиф ҷой надорад. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт ва касе ҳам тавзеҳ талаб нахоҳад кард.»

«АФРӮЗ» дар хотима аз раиси ҷумҳур ба унвони кафили озодиҳои шаҳрвандӣ тақозо кардааст, ки дар ин қазия мудохила кунад.

Дар воқеъ, дар ҷаласаи додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 29-уми сентябр намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хост Исмоилов ба 16 соли ҳабс маҳкум шавад, вале ҳамзамон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв ин мӯҳлат метавонад ду сол камтар, яъне 14 сол бошад.

Хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир, тамаъҷӯӣ ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад. Муҳаббат Ҷӯраева — вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, айбномаи нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан бекор карда шавад, зеро исботи худро наёфтааст. Аммо Кумитаи забони Тоҷикистон мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кардааст. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Cозмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро вокуниши мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида, ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Рӯзи 29-уми сентябр раҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов «хосияти фармоишӣ» дорад ва дар заминаи навиштаҳои интиқодии ӯ ба миён омадааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24344591.html

Нигаронии созмонҳо аз сарнавишти хабарнигори тоҷик

[b]Созмонҳои мудофеъи озодии баён аз муҳокимаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик башиддат ибрози нигаронӣ карданд, ки додситонҳо хостаанд, ӯ ба 14 соли зиндон маҳкум шавад.[/b]

Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар шаҳри Порис имрӯз бо нашри баёнияе гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин”. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, “мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.“ Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи “Нурӣ Зиндагӣ” дар Аштро, мақомоти расмии ноҳия бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифоъаш мегӯянд, ин иттиҳомот беасос аст ва Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо ба хотири интиқоди мақомоти расмӣ ба додгоҳ кашида шудааст.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20110930/538/538.html?id=24344770

Баёнияи

[b]Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон -АФРӮЗ[/b]

Дархости 16 соли зиндон барои Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» боиси нигаронии шадиди мо ва ҳатто эҷоди навъе даҳшат дар миёни маҳофили хабарнигорӣ шудааст.

Мо бар он боварем, ки М. Исмоилов маҳз бо сабаби дар матбуот чоп шудани матолиби интиқодияш мавриди таъқиб қарор гирифта ва маҳкум мешавад. Беш аз 10 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштан ва дархости ҳукми 16 соли зиндон ба М. Исмоилов, на танҳо ба хотири муҷозот ба амалкарди ӯст. Балки ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва бо ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.

Аммо дар ҳар сурат муҳим ин аст, ки ин амалкард бар зарари озодии баён дар Тоҷикистон аст ва бар имиҷи байналмилалии кишвар ба шиддат латма мезанад.

Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин ҳам Тоҷикистонро дар ақсои олам шарсмор хоҳад кард. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт ва касе ҳам тавзеҳ талаб нахоҳад кард.

Мутманин бошед, ки агар ин иттифоқ биуфтад, ки Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд.

Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон — АФРӯЗ аз тӯл кашидан ва печида шудани қазияи додгоҳии Маҳмадюсуф Исмоилов нигарон аст ва талаби ҳарчӣ зудтар озод шудани ӯро дорад. Мо аз Президенти Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ба унвони кафили озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ин қазия мудохила кунад.

[b]Адолати Мирзо,
Раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз».[/b]

Источник:

CPJ тақозои 16 сол зиндон барои Исмоиловро маҳкум кард

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе дархости намояндаи додситонӣ барои 16 сол маҳкумияти Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигоре маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистонро, маҳкум кардааст.[/b]

Дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи панҷшанбеи 29 сентябр, ки дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Амирҷон Ғафуров, намояндаи додситонӣ, аз додгоҳ талаб кард, ки ин хабарнигор ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шуда ва тибқи қонуни авф 2 сол аз ин ҳукм кам карда шавад.

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоилов дар ҷаласаи додгоҳ иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилашро рад кард ва гуфт, ки бегуноҳии вай бояд дар додгоҳ собит шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақилли «Нури зиндагӣ», ба “тамаъҷӯӣ, барангехтани низоъи маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир” муттаҳам шудааст.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ идомаи боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум карда ва мегӯяд, ки аз дархости додситонӣ барои таъйини замони тӯлонии зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Дар баёнияи ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён мехонем, ки дар сурати иҷрои дархости додситонӣ оқои Исмоилов нахустин хабарнигори тоҷик дар даҳ соли ахир хоҳад буд, ки равонаи зиндон хоҳад шуд.

Ин созмон мегӯяд, ки тибқи парванда, оқои Исмоилов ба «тӯҳмат», «таҳқир» ва «барангехтани низоъи маҳаллӣ» дар матлабе таҳти унвони «Ашт вайрон мешавад. Гунаҳкор кист?» дар моҳи августи соли 2010 дар ҳафтаномаи «Нури Зиндагӣ» муттаҳам шудааст.

Аммо таҳқиқи ин созмон нишон додааст, ки дар ин мақола «Исмоилов аз ҳукумат ва мақомоти интизомии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, интиқод карда ба фасодкорӣ, суиистифода аз мақом ва сирқати маболиғи давлатӣ ишора кардааст.»

Вакили мудофеъи Маҳмадюсуф Исмоилов низ мегӯяд, ки ин қазия ба далели нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт тавассути муваккилаш сурат гирифтааст.

Оқои Исмоилов аз 23 ноябри соли гузашта дар яке аз боздоштгоҳҳои вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.

Қаблан вакили мудофеъи вай гуфта буд, ки дар ҷараёни таҳқиқи муқаддамотии ин парванда иттиҳомоти аслӣ, яъне — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ», алайҳи вай собит нашудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон низ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Қаблан созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки оқои сареъан Исмоиловро озод кунад, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо вокунише нишон надодаанд.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шуда буданд.

Қарор аст ҷаласаи ояндаи додгоҳ барои баррасии парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбеи 3 октябр дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.

Тайи ду соли ахир чандин рӯзноманигор ва нашрияи мустақил дар Тоҷикистон барои нашри матолиби интиқодомез дар бораи ниҳодҳои давлатӣ ба додгоҳ кашида шудаанд.

Источник:

Додситон хостори 16 сол маҳкумияти Исмоилов шуд

[b]Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов рӯзи душанбе, 3-юми октябр, идома хоҳад кард.[/b]

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ки дар баррасии парвандаи Исмоилов дар Хуҷанд иштирок дошт, хабар дод.

Вай гуфт, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоиловро намуда, вале ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв гуфтааст, додгоҳ ду сол камтар, яъне 14 сол барои ин хабарнигори тоҷик ҳукми зиндон содир намояд.

Муҳаббат Ҷӯраева — вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан сафед карда шавад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, айби Муҳаммадюсуф Исмоилов исботи худро наёфта ва ӯ тӯли тақрибан даҳ моҳи ахир дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст.

Хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад.

Ба гуфтаи вакили мудофеи айбдоршаванда Муҳаббат Ҷӯраева, дар ҷараёни бозбинии додгоҳии парванда иттиҳомоти асосии алайҳи нафари таҳти ҳимояташ — «тамаъҷӯӣ» ва «маҳалгароӣ» исбот нашудааст.

Сипас, моҳи июни соли ҷорӣ бо дархости вакили мудофеъ ҷиҳати ташхиси забоншиносии мақолаҳои Исмоилов парвандаи вай ба Фарҳангистони улум ва сипас ба Кумитаи забон ирсол шуда, ин кумита мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кард. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори «Нури зиндагӣ» вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони «Хабарнигорони бидуни марз» ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24343451.html

Ба рӯзноманигорон тамғаи «ҳамкорӣ бо ифротгароён» задан талоши пинҳон кардани камбудиҳои фаъолияти худ аст

26 -27 сентябри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як конфронси маҷозӣ дар мавзӯи «Рушди матбуоти озод дар шароити мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи конфронси маҷозиро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=130]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=130[/url]

Источник: