Все записи автора admin

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”

[b]Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» — Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.[/b]

Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аства ҳам бо азоб сӯҳбат мекунад.

[b]Матни пурраи мусоҳибаро дар торномаи мо баъди пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=133]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=133[/url]

Фарҳоди Милод

Источник:

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”

[b]Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» — Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.[/b]

Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аства ҳам бо азоб сӯҳбат мекунад.

Аммо Ҷумъаи Толиб аз мо хуш пазироӣ кард ва бо камоли майл ба суолҳои мо посух дод. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалак ва деҳаи дурдасти кӯҳистон бо чӣ андешаҳо зиндагӣ мекунад?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Ҳоло дар фикри он ҳастам, он чӣ ба назари дигарон бурд аст, ба бохт табдил диҳем. Бархе бар инанд, ки Бюро баста шуд ва «Пайкон» аз чоп монд, онҳо бурд карданд. Аммо ба ин меандешам, ки Худо хоҳад, ин ҳамаро ба бохти онҳову бурди мо табдил диҳем. Зеро ин раванд аз аввал то охир хилофи қонун буду ҳаст. Онҳо — судяву вазорати адлия супоришро иҷро карданд. Маризӣ сабаб шуд, ки дар зинаҳои додгоҳӣ дуруст иштирок карда натавонам. Аммо қонун иҷозат медиҳад, ки ба тариқи назоратӣ боз ба додгоҳ муроҷиат кунем. Зеро онҳо бар асоси як мактуби қалбакие, ки аз куҷое пайдо карданд, ин ҳама корро созмон дода, Бюрову нашрияро бастанд.”

[b]ЧАРО «ПАЙКОН»-РО ЧАП ГИРИФТАНД?[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Бубинед, он чӣ, ки «Пайкон» чоп мекард, дигарон ҳам чоп мекарданд. Аммо чаро фақат «Пайкон»-ро, ба истилоҳ, чап гирифтанд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Шумо агар шумораҳои «Пайкон» — ро гирифта, таҳлил кунед, мебинед, ки ягон нашрия он гуна бепарда намегуфт, ки «Пайкон» мегуфт. Дигар нашрияҳо андаке дар пеши мавод парда мекашанд. Лекин мо ҳамаро бепарда мегуфтем. Як мисол меорам. Вақте «Пайкон»-ро се моҳ бастанд, мақолаҳои омодаро ба дигарон пешниҳод кардем, аммо якашро ҳам ягон нашрия чоп накард. Вақте дигарбора ба кор шурӯъ кардем, худ ин маводро нашр намудем.”

[b]»БА ҶОИ ТАҲҚИҚ МОРО ПУРСУҶӮ МЕКАРДАНД»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар бораи ин ки «Пайкон» аз ҳар тараф таҳти фишор буд, зиёд мегӯянд. Аммо то куҷо маводи Шуморо мақомот ҷиддӣ мегирифтанд, ба онҳо чӣ вокуниш нишон медоданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Воқеан, аз ҳар тараф ба мо фишор меоварданд. Мо менавиштем, ки ин матлабро ба таваҷҷӯҳи додситонии кул пешниҳод мекунем, мехоҳем, ки ин маводро таҳқиқ кунад, санҷида барояд, аммо дар иваз моро даъват мекунанд! Ба таваҷҷӯҳи вазорати корҳои дохилӣ менависем, ки ин маводро бинад, аммо боз моро даъват мекарданд. Масалан, як мақола навиштем, ки «Ба капитани милиса чанд зан равост?» Моро даъват карданд, ба ҷои он, ки чора бинанд. Охир, чӣ кор мекунед? Чанд мавод дар бораи камбудии судяҳо навиштем, баръакс ҷавоб менависанд вобаста ба ҳаракати парванда. Чизи дақиқе дар бораи суолҳое, ки дар мавод буд, нест.”

[b]»ШАРҚИ ОЗОД» ВА ҚАРЗИ «ПАЙКОН»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Бубинед, Шумо аз «Шарқи озод» қарздор будед. Маблағро пардохта натавонистед, бастанд. Дигар ин ки Шумо дар чопхонаи дастгоҳи раисҷумҳур «Пайкон»-ро нашр мекардед. Ҳар чӣ бошаду набошад, ин нишон медиҳад, ки Шуморо он гуна ки тасаввур меравад, дар ҳошия қарор надода буданд…

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мо, воқеан, қарз доштем, аммо ин масъалаи ҳалшаванда буд. Аммо гап ҷои дигар аст. Ҳафтаномаи моро як шабонарӯз мехонданд. Шумо худатон журналист, агар дар як шумора чор саҳифаро дигар кунанд, куҷо қудрату асаб мемонад дар ман? Маводе, ки нисфаш чоп шуд, хонанда хонд, нисфи дигарашро манъ мекунанд, ки нашр накун, ба хонандаву муаллифи мақола чӣ мегӯед?”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Оё ҳамин фишорҳо ба сиҳатии Шумо таъсир карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Чӣ хел бетаъсир мемонад? Чӣ хел бетаъсир мемонанд, ки на бо ман ва на бо Фазлиддин (Фазлиддин Хоҷаев, собиқ муҳаррири «Пайкон») шартнома накарда, бо як одами кӯчагузар шартнома баста, гирифта, моро қарздор карданд. Асабонӣ мешудам. Барои навиштани ҳар маводи кормандони «Пайкон» хуни дил мехӯрдем. Аммо вақте рӯи саҳифа меояд, мегӯянд, ки не ин мавод намеравад.”

[b]БОЗГАШТ БА ЗОДГОҲ[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Аммо, Ҷумъабой, кай ва чаро ба зодгоҳатон омадед? Хуб набуд, ки дар Душанбе бошеду мушкили роҳу табиб ҳам надошта бошед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Моҳи март омадам. Фазлиддин шумораи 100-уми «Пайкон»-ро бароварду ман омадам. Дигар ин, ки дар Душанбе дар хонаи бародарам будам. Як рӯз сенздаҳ духтур омад. Гуфтанд, ки ин шахс дурӯғ худро касал гирифтааст. Ман ноилоҷ хеста ба додгоҳ рафтам. Худамро дифоъ карда наметавонистам. Ширкати ман зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ман ба додгоҳ рафтам, фақат ширкат кардам. Аммо ба ҳама ҳушдор додам, ки ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт, то ба охир мерасонам.”

[b]»ҲАМА БАРОИ ХУД КОР МЕКУНАД»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ба назари Шумо, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба баста шудани «Пайкон» то куҷо муқовимат карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, ин ҷо як нукта аст. Ҳама тоҷикему лек барои худ кор мекунем. Вақте «Кумитаи 29»-ро ташкил карданд, дар охир дар ҳама ҷо эълон доштанд, ки мо масъалаҳои матбуоти тоҷикро ҳал кардем. Аммо «Пайкон» чоп намешуд. Агар он бародарон ин ҷо мебуданд, дар рӯяшон мегуфтам. Мутаассифона, нестанд ва аз қафо гап задан ҷавонмардӣ нест. Ин ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қалам ба дасти бархе касон расид. Агар Салими Аюбзод, Додоҷони Атовуллову Мирзои Салимпур ва Соҷидаи Мирзо ин ҷо мебуданд, ба ростӣ, журналистикаи тоҷик дигар мебуд. Акнун онҳое, ки худро журналист мегӯянд, савдогари сухананд, принсип надоранд. Ба мо барои як таҳқиқ 1 ҳазор сомонӣ медоданд. Бархеро чор – панҷ моҳ таҳқиқ мекардем. Як ҳамин гуна таҳқиқ доштем дар ноҳияи Рӯдакӣ. Онро ҳам дар Шӯрои васоити ахбори ом (ВАО) муҳокима карданд, ки чаро дер чоп кардем. Ҳоло он, ки дар ин таҳқиқ мо қариб 900 сомонӣ харҷ кардем. Худатон гӯед, ки агар натиҷа нашавад, ман онро чӣ тавр чоп кунам? Аммо Шӯрои ВАО аз мо интиқод кард, ки чаро саривақт матлабро нашр накардед. Ин дардро ба кӣ мегӯед? Ҳама барои худаш кор мекунад.”

[b]»КОЛЛЕКТИВИ ХУБ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳам БМС ва ҳам «Пайкон» созмону нашрияи як худи Шумо буданд. Чун Шумо ҳам рафтед, онҳо ҳам баста шуданд. Назари худатон чӣ аст?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Вақте компютерҳову дастгоҳҳоямонро мусодира карданд, ман ба худ андешидам, ки агар набошам, нисбати кормандони «Пайкон» ягон парванда мекунанд. Ростӣ, ҷои таъриф нест, ман ба ҳамаи бачаҳо гуфта будам, ки агар ягон маводро нашр мекунеду аз мақомот мепурсанд, бигӯед, ки фалонӣ, яъне ман иҷоза додам. Онҳо аз номи ман ҳазар мекунанд. Барои ҳамин нахостам, ки бачаҳо таҳти зарба раванд. Ростӣ, як коллективе ҷамъ омада буд, ки бовар кунед, шояд дар ягон ҷои дигар пайдо нашавад. Фазлиддин дар «Нигоҳ» кор мекарду барои кормандони «Пайкон» маош медод. Ба ҷои он, ки ман ба Фазлиддин маош диҳам. Мефаҳмед? Мо ҳамин хел коллектив будем.”

[b]»СОХТОРИ СУДӢ ЯК БОЗОР ШУДААСТ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Чаро Шумо дар нашрияатон зиёд ба парвандаҳои ҷиноӣ ва мавзӯъҳои марбут ба додгоҳу ҳифзи ҳуқуқ тамаркуз мекардед, дар ҳоле ки нашрияҳои дигар асосан ба сиёсату фарҳанг ва моҷароҳои оилаиву ҳангомаҳо сарукор доранд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, гап дар ин аст, ки агар мақомоти қудративу додгоҳҳо дар ҷои худ бошанд, медонед зиндагӣ чӣ тавр мешавад? Ҳоло касе аз касе тарс надорад. Сохтори судӣ як бозор шудааст. Ман дар миёнашон мегардам, медонам. Адвокатҳое, ки ҳастанд, нақши худро намебозанд, балки нақши миёнаравро мебозанд. Ин дурӯғ нест. Ман даҳҳо мисол метавонам орам.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Аммо бо нашрияву газета чӣ кор метавон кард?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Мебахшед, бо газета метавон хеле кор кард. Масалан, як мақола навиштем, таҳти унвони «Ҳукми 12-асраву 26-сола». Се кас муроҷиат карда буд. Дар пайи матлаб ҳукмҳояшонро 11-солӣ кам карданд. Як мақолаи дигар аз Мастчоҳ доштем. Як девонаро, ки ҳуҷҷат дорад, 15 сол ҳабс карда буданд. Мо мақола навиштем — «Девона дар ҳабсхона». Баъд аз нашри он ӯро раҳо карданд.”

[b]ҶУМЪАИ ТОЛИБ — ШАХСИ ҶАНҶОЛӢ?[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Мегӯянд, ки Шумо як шахси, ба қавле, «ҷанҷолӣ» ҳастед. То «Пайкон» ҳам чунин, ба истилоҳ «саргузаштҳо» доштед. Оё ин дуруст аст?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Ман як шахси ҷанҷолӣ нестам. Шояд зиндагии маро ҳамин гуна сохта буданд. Вақте дар нашрияи ноҳиявӣ кор мекардам, ҳар моҳ як ё ду матлаб менавиштам. Гап мешунидам, аммо менавиштам. Касеро гӯш намекардам, менавиштам дар нашрияи «Меҳнат», ки баъдтар ба «Субҳи кӯҳсор» табдили ном кард. Ҷанҷол мехест. Масалан, қиссаи як кӯдаки шашсоларо навишта будам, ки ӯро кушта, пора-пора карда, дар чанд қабристон гӯр карда буданд. Ман ҳамин ҷиноятро кушода будам. Ё як духтари нӯҳсоларо таҷовуз карда, ба дарё афканда буданд. Аммо тасодуфан дар як бутта дармонда буд. Ман инро таҳқиқ карда, муҷримонро ошкор карда будам. Ин гуна нест, ки ман баъд аз маҳбас ба ин корҳо даст мезадагӣ шудам. Одамони оддӣ дӯстам медоштанд, салому алейки самимӣ доштанд, аммо мансабдорон ин гуна набуданд.”

[b]ҲАШТ МОҲ ДАР ЗИНДОН[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Агар соҳибмансабҳо қабул надоштанд, метавонистанд ба гунае муҷозот ҳам кунанд…

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Аз нашрияи ноҳиявӣ аз кор рафтам. Нашрияи «Нури ҳақ»-ро ташкил кардам. Як сол фаъолият кардам. Дидам, ки кор аз ҳад гузаштааст ва маро ҷисман нобуд мекунанд. Бас кардам ва ба соҳибкорӣ гузаштам. Чор сол бо соҳибкорӣ машғул шудам. Аммо боз маро ба ҳукумат даъват карданд. Маҷбур карданд, ки биёям. Натиҷаи ин корам, ки аз қиссааш ҳама огаҳ ҳастед, маҳбас шуд.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дар маҳбас чанд муддат будед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “8 рӯз кам, 8 моҳ.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Дуруст аст, ки ба истилоҳ, ба пешвози омадани Кондолиза Райс, котиби пешини давлатии Амрико ба Тоҷикистон Шуморо озод карданд?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Бале, барои омадани Кондолиза Райс ё ман ё раиси Ҳизби демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бояд озод мекарданд.”

[b]»ЗАМИН ДОРЕМ, КОР МЕКУНЕМ»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ҳоло, ки шаш моҳ боз дар деҳаед, аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред? Оё ягон кас кӯмак мекунад?

[b]Радиои Озодӣ:[/b] “Аз ҳисоби ин ҳама, ки мебинед. қариб 1 гектар боғ дорем. Боз чор гектар замини обӣ дорем. 30 тонна картошка мегирифтам. Вақте дар ҳукумат кор мекардам, бо писарам дунафарӣ меҳнат мекардем. Замин буд. Хоҷагии деҳқонӣ доштам. Мол дорем. Шароит барои кор ҳаст.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Худатон кор карда наметавонед, кӣ кор мекунад?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Албатта, бачаҳоям. Дигар кӣ?”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Барои табобататон, албатта, пули зиёд кор доред. Танқисӣ намекашед, ягон нафар кӯмак мекунад?

Ҷумъаи Толиб: “Барои табобат ҳама чиро дорам. Ҷиянҳоям кӯмак мекунанд. Мушкили хосе надорам, аммо мушкил танҳо ин аст, ки бояд решаи маризиро пайдо кунем. Ду моҳ дар Душанбе дар назди як чинӣ, ҳамонҳое, ки маркази тиббӣ кушода буданд, табобат гирифтам. Гуфт, ки ман туро табобат мекунам. Аммо чӣ зиддияте шуду ӯ рафт. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна ба 200 сомонӣ алаф мехаридам. Пас аз он ки ӯ рафт, хеста ин ҷо омадам.”

[b]»ПАЙКОН ЧОП МЕШАВАД…»[/b]

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Имрӯзҳо аз куҷо иттилоъ мегиред? Нашрияву маҷаллаҳоро мехонед ё радио гӯш мекунеду телевизион мебинед?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Не, ягон чӣ намехонаму намебинаму гӯш намекунам. Ин пайи қадами Шумо буд, ки омада шиштам. Дар як олами дигар ба сар мебарам. Оилаам ҳамкурсам аст, ҳатто бо ӯ бо имову ишора сӯҳбат мекунам. Дар як хона танҳо ба сар мебарам. Гоҳҳо набераҳоям меоянд, наздам медароянд. Тамом. Ин ҷо ҳатто телефон намегирад. Аммо ба худ қавл додаам: ё ин дафъа мехезаму хизмати мардумро мекунам, ё телефонамро батамом кушта мепартоям. Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад, ки рӯбарӯ нишаста, одамро мефурӯшад.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Оё ба муштариёни «Пайкон» паёме доред?

[b]Ҷумъаи Толиб:[/b] “Сиҳату саломат бошанд. «Пайкон» мебарояд, албатта, мебарояд!”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Шумо ҳам сиҳату саломат бошед, Ҷумъабой. Худо шифоятон диҳад!

Фарҳоди Милод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24348360.html

Дархости созмонҳои хабарнигорӣ аз Раҳмон дар мавриди Исмоилов

[b]Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон дар номае аз Президент Раҳмон ба унвони кафили таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон хостаанд, ки раванди муҳокимаи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нури зиндагӣ”-ро таҳти назорат бигирад.[/b]

Дар ин нома, ки рӯзи сешанбеи 4 октябр мунташир шуд, ибрози умедворӣ шудааст, ки дар қиболи оқои Исмоилов асли бароат ва адолати додгоҳӣ риъоят шавад.

Зери ин нома руасои Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон ва созмони “Медиа Алянси Тоҷикистон” имзо гузоштаанд.

Ниҳодҳои рӯзноманигории Тоҷикистон дар ин нома бори дигар аз тақозои намояндаи додситонӣ барои маҳкумияти Маҳмадюсуф Исмоилов ба муддати 14 сол зиндон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки ин гуна ҳукми сангин барои фаъолияти хабарнигории оқои Исмоилов таҳдиде ҷиддӣ барои озодии баён дар кишвар маҳсуб мешавад ва ба эътибори байналмилалии Тоҷикистон, ки роҳи демукросиро дар пеш гирифтааст, латмаи ҷиддӣ хоҳад зад.

Парвандаи ҷиноии оқои Исмоилов аз моҳи майи соли ҷорӣ бад-ин сӯ аз сӯйи додгоҳи шаҳри Табошари вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, баррасӣ мешавад.

Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ», дар моҳи ноябри соли гузашта ба иттиҳоми таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ дар ноҳияи Ашт аз сӯйи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда буд.

Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи мустақилли “Нури зиндагӣ”, ин иддаъоро рад карда ва гуфт, ки ин хабарнигор барои чопи силсилае аз матолиби интиқодӣ дар бораи фаъъолияти раиси ноҳия, додситони пешин ва дигар мақомҳои давлатии ноҳияи Ашт боздошт шудааст.

Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки ба қавле ба “иззати нафси масъулони давлатии ин ноҳия” расидааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон ё НАНСМИТ низ боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут хондааст.

Чанде аз созмонҳои бонуфузи мудофеъи ҳуқуқи хабарнигорон дар ҷаҳон низ аз давлати Тоҷикистон қотеъона хостаанд, ки Маҳмадюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ), созмонҳои бонуфузи байналмилалие, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, хостори озодии оқои Исмоилов шудаанд, вале мақомоти тоҷик ба ин дархостҳо посухе надодаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111004_mm_appeal.shtml

Муроҷиатномаи созмонҳои журналистӣ ба Президенти Тоҷикистон

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мухлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш мекунанд. Чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Парвандаи ҷиноятии Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» аллакай моҳи чорум аз чониби суди шаҳри Табошари вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор дорад. Маҳмадюсуф Исмоилов рӯзи 23 ноябри соли 2010 аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс карда шудааст. Ба вай тибқи моддаҳои 135 (Тӯҳмат), 136 (Таҳқир), 189 қисми 2 (Барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ» ва 250 (Тамаъҷӯйӣ) КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст. Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, ҳатӯлкорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст.

Рӯзи 29 сентябр дар суд, дар ҷараёни музокираи тарафҳо айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии прокурори шаҳри Табошар Амирҷон Ғафуров аз суд пурсид, ки рӯзноманигорро 16 сол аз озодӣ маҳрум карда, бо истифодаи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» мӯҳлати ҷазо ду сол кам карда шавад. Вале адвокатҳои рӯзноманигор Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов дар амалҳои рӯзноманигор мавҷуд набудани таркиби ҷиноятиро исбот карда, талаб доранд, ки зерҳимояи онҳо сафед карда шавад. Ба андешаи дигар коршиносони миллӣ ва байналмилӣ низ дар ҷараёни оғоз кардан ва тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Исмоилов як қатор вайронкуниҳои дағалонаи меъёрҳои протсессуалии қонунгузории ҶТ роҳ дода шудааст.

Бо сабаби он, ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифт, созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо – Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хохиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор хастем, ки риояи меъёрхои эҳтимолияти бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо — М.Исмоилов таъмин мегардад.

[b]Акбаралӣ САТТОРОВ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Нуриддин ҚАРШИБОЕВ, раиси АМВАОМТ

Зинатулло ИСМОИЛОВ, раиси Шӯрои оид ба ВАО ҶТ

Хуршед НИЁЗОВ, Дабири кулли Медиа Алянси Тоҷикистон

ш. Душанбе, 4 октябри соли 2011[/b]

Источник:

Шӯрои Ҳуқуқи Башар: «Иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ лағв шавад»

[b]Намояндагони омрикоии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев ба давлати Тоҷикистон аз ҷумла тавсия кардаанд, ки иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон лағв шавад.[/b]

Ин ҷаласа рӯзи душанбеи 3-юми октябр дар Женев баргузор шуд, ки дар он ҳайъати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои бори нахуст гузориши мукаммали худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа кард.

Пас аз муъаррифии ин гузориш тавассути Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсияҳо ироа карданд ва ба бархе аз саволоти худ аз аъзои ҳайъати Тоҷикистон посух ҷустанд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=132]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=132[/url]

Источник:

Шӯрои Ҳуқуқи Башар: «Иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ лағв шавад»

[b]Намояндагони омрикоии Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар Женев ба давлати Тоҷикистон аз ҷумла тавсия кардаанд, ки иттиҳомот алайҳи хабарнигори Би-би-сӣ дар шимоли Тоҷикистон лағв шавад.[/b]

Ин ҷаласа рӯзи душанбеи 3-юми октябр дар Женев баргузор шуд, ки дар он ҳайъати мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои бори нахуст гузориши мукаммали худро дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ироа кард.

Пас аз муъаррифии ин гузориш тавассути Бахтиёр Худоёров, вазири адлияи Тоҷикистон, намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба давлати Тоҷикистон тавсияҳо ироа карданд ва ба бархе аз саволоти худ аз аъзои ҳайъати Тоҷикистон посух ҷустанд.

[b]Тавсияҳои намояндагони Шӯрои ҳуқуқи башар[/b]

Намояндаи Омрико пас аз муъаррифии гузориши Тоҷикистон аз бархе аз ислоҳотҳое, ки дар қонунгузорӣ ва системи қазойии Тоҷикистон ба манзури беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар анҷом ёфт тақдир кард.

Аммо ӯ аз номи кишвараш ба давлати Тоҷикистон барои беҳбуди ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон панҷ тавсия ироа кард, ки яке аз онҳо лағви «иттиҳомот» алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон аст.

Омрико ҳамчунин аз вазъи Маҳмадюсуф Исмоилов, хабанигори боздоштшудаи маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард ва аз гуфт, ки кишавараш умедвор аст, қазияи ин хабарнигор низ «бидуни ин ки ба оқои Исмоилов осебе бирасад» ҳал шавад.

Намояндаи Омрико ҳамчунин аз қонуни марбут ба волидайн, ки ба тозагӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст, ибрози норизоятӣ карда ва гуфт, ки бархе аз бандҳои ин қонун ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандонро нақз мекунад.

Ин қонун аз ҷумла рафтани афроди то синни 18о ба масҷидро мамнӯъ кардааст.

Аз сӯйи дигар Омрико тавсия дод, ки давлати Тоҷикистон муқарраротеро, ки пӯшиши ҳиҷоб барои занону духтаронро дар бархе аз муассисот мамнӯъ мекунад, лағв кунад. Ин кишвар ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ба фатвои уламои Тоҷикистон, ки рафтани занон ба масҷидро дар ин кишвар мамнӯъ карда, таҷдиди назар шавад.

Аммо суханронии ҷониби Русия дар рои ҳуқуқи башари СММ дар Женев дар бораи гузориши вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон кӯтоҳ ва умдатан мусбат буд.

Русия аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои мубориза бо фақр ва одамфурӯшӣ тақдир карда ва ду тавсияи ин кишвар низ ин буд, ки давлат муборизаро алайҳи ин падидаҳои номатлуб идома бидиҳанд.

Утриш ва чанд кишвари дигари урупоӣ ва Омрико аз вуҷуди мавориди суистифода аз нерӯи кӯдакон дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва дар ин замина тавсияҳое ироа карданд.

Намояндаи Афғонистон аз Тоҷикистон хост, то дар роҳи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати умумии афроди мустаъид ба кори мард аз кишвар иқдом бикунад.

Итолиё аз гузоришҳои мабнӣ бар вуҷуди бадрафториҳо нисбат ба сарбозони ҷадид дар артиши Тоҷикистон ишора карда ва хост, ки давлат барои беҳбуди вазъ дар ин замина иқдомоти лозим иттихоз бидиҳад.

Дар ҳамин ҳол Зулфикор Замонов, масъули Созмони ғайридавлатии Дафтари ҳуқуқи башар ва қонун дар Тоҷикистон ин ҷаласаро муҳим арзёбӣ карда ва гуфт, ки барои бори нахуст аст, ки ҳайъате баландпоя, аз ҷумла вазири адлия, Додситони кулл ва Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба саволҳои марбут ба мушкилоти мавҷуд дар арсаи ҳуқуқи башар дар сатҳи СММ посух мегӯянд.

Вай гуфт: «Ин таҷрибаи ҷадид аст, натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои ҳамаи кишварҳо. Акнун ҳар чаҳор сол давлатҳо ба СММ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар гузориш медиҳанд. Ба онҳо тафсияҳо ироа мешавад ва дар ҷаласаи баъди онҳо ҷавобгӯ хоҳанд буд, ки ин тавсияҳо чи гуна амалӣ шуд.»

Ин дар ҳолест, ки Дафтари ҳуқуқи башар ва қонуни Тоҷикистон яке аз созмонҳои ғайридавлатиест, ки гузориши олтернативии созмонҳои ғайридавлатии ин кишварро ба СММ ироа кард.

Вай гуфт гузориши онҳо бо гузориши давлатӣ бо ин аз ҳам фарқ мекунанд, ки дар гузориши олтернативӣ бар масоили мутафовит аз гузориши давлатӣ таваҷҷӯҳ шудааст.

[b]Мавзӯъи шиканҷа дар маркази таваҷҷӯҳ[/b]

Яке аз масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки дар гузориши олтернотифи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ба он таваҷҷӯҳи вижа зоҳир шудааст, мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон аст.

Ин масъала мукарраран дар гузоришҳои созмонҳои мухалифи байналмилалӣ матраҳ шуда ва дар ин замина интиқодҳои шадидуллаҳне садо додаанд.

Ахиран Созмони Афви Байналмиллал зимни нигаронӣ аз афзоиши мавориди шиканҷаи боздоштшудагон дар Тоҷикистон ҳамчунин иддаъо кард, ки маъмурони амниятии ин кишар ба як нафар аз афроди мазнун дар боздоштгоҳ таҷовуз кардаанд.

Аммо борунес Вивиен Стерн, аз аъзои Маҷлиси Аъёни порлумони Бритониё ва аз пажӯҳишгарони маъруф дар умури зиндонҳо ва системи додгустарӣ, ки батозагӣ дидоре аз Тоҷикистон анҷом дод гуфт, ки давлати ин кишвар ахиран дар заминаи ҳуқуқи башар пешрафтҳое дошта, ки ба имиҷи ин кишвар дар ҷараёни муъаррифии гузориши мукаммали ҳуқуқи башар дар СММ таъсири мусбат хоҳад дошт.

Вай гуфт, ворид кардани бархе тағйирот ба қонун дар бораи муқаррароти дидор бо зиндониён, дидори омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар аз зиндонҳо ва созишномаи қарибулвуқӯъи давлати Тоҷикистон бо Салиби Сурх дар бораи иҷозати кормандони онҳо барои дидор аз муассисоти пӯшида аз ҷумлаи чунин пешрафтҳо маҳсуб мешаванд.

Хонум Стерн гуфт, ки ҳарчанд барои фарде, ки дар дохили кишвар аст чунин пешрафтҳо зуд ба чашм намехуранд, вале таъкид кард, ки «беҳбуди системи зиндонҳо ва рафъи мавориди шиканҷа дар ҳар кишваре замони зиёдеро тақозо кардааст, ин равандест, ки дар бархе аз кишварҳо зудтар ва дар бархе аз кишварҳо дертар оғоз шудааст.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111003_sq_humanrights_tajikistan.shtml

Муҳокимаи додгоҳии хабарнигори «Озодӣ»

[b]Мурофиаи додгоҳии хабарнигори Радиои Озодӣ — Давлатмурод Язгулиев имрӯз дар шаҳри Ашқобод шурӯъ мешавад.[/b]

Қарор аст, имрӯз (4 октябр) дар Ашқобод муҳокимаи додгоҳии хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ шурӯъ шавад, ки ба таҳрики яке аз наздиконаш ба худкушӣ муттаҳам мешавад.

Давлатмурод Язгулиев, ки рӯзи 27 сентябр боздошт шуд, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ як узви хонаводаашро барои худкушӣ таҳрик кардааст. Аммо хешовандонаш мегӯянд, ин як парвандаи бофта аст ва мақомоти Туркманистон мехоҳанд, аз ин роҳ аз Давлатмурод Язгулиев барои фаъолияти хабарнигориаш ниқор бигиранд.

Ин хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ ягона хабарнигоре буд, ки моҳи июл инфиҷори маргбор дар як анбори силоҳ дар шаҳри Ободони Туркманистонро гузориш дод, агарчӣ мақомот мегуфтанд, ҳодисаи бузурге рух надодааст. Ӯ барои ин кораш аз мақомоти пулис ҳушдор низ гирифта буд.

Стив Корн, мудири Радиои Озодӣ гуфт, «мақомоти Туркманистон ба таври ошкор нороҳатии худ аз гузоришҳои бетарафонаву ошкори Язгулиев доир ба инфиҷори шаҳри Ободонро нишон доданд ва иттиҳомоти пурнайранги мақомот алайҳи Давлатмурод Язгулиев танҳо ба хотири хомӯш кардани ӯст.»

Ин хабарнигори 42-сола аз соли 2007 то кунун барои Радиои Озодӣ кор мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24348082.html

Мурофиаи додгоҳии Исмоилов боз ба таъхир афтод

[b]Мурофиаи додгоҳии хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» — Муҳаммадюсуф Исмоилов боз ба таъхир афтодааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи ҷаноби Исмоилов аз қавли раиси додгоҳи шаҳри Табошар — Саодат Алиева, иллати ин таъхирро ба бемории яке аз ёварони қозии додгоҳ рабт додааст.

Қарор буд, мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов имрӯз, 3 октябр, идома карда ва ҳукми ӯ низ эълон шавад. Рӯзи ҷумъа додситон аз додгоҳ хост, то ин хабарнигори тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд. Аммо вакилони дифои ӯ ин иттиҳомотро бепоя медонанд ва мегӯянд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамзамон «сафед» карда шавад.

Дар ҳоле ки вакилони Исмоилов мегӯянд, бахши зиёде аз иттиҳомоти зидди шахси зерҳимояи эшон тасдиқ нашудаанд, натиҷаҳои ташхиси забоншиносӣ, зоҳиран сабаби пойфишории мақомоти додситонӣ шудааст.

Амирҷон Ғафуров, ёрдамчии додситони шаҳри Табошар, дар ҷараёни баррасии парвандаи рӯзноманигор дар додгоҳ гуфтааст, бар асоси таҳлили забоншиносии мақолаҳои рӯзноманигор, ҷурми ӯ исбот шудааст ва биноан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, Исмоилов ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар такон додааст. Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню-Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи ҷумъаи 30-юми сентябр гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин.”Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, «мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.»

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои дигари журналистӣ аз ҷумла Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон(НАНСМИТ), Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-АФРӮЗ, ҳамчунин созмони Медиа-Алянс хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори рӯзномаи маҳаллии “ Нури зиндагӣ” шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24347037.html

Додгоҳи Исмоилов ба таъхир афтод, намояндаи ИМА дар СММ аз сарнавишти журналист ёдовар шуд

[b]Мурофиаи додгоҳии хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» — Муҳаммадюсуф Исмоилов ба таъхир афтодааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеи ҷаноби Исмоилов аз қавли раиси додгоҳи шаҳри Табошар — Саодат Алиева, иллати ин таъхирро ба бемории яке аз ёварони қозии додгоҳ рабт додааст. Қарор буд, мурофиаи додгоҳии Муҳаммадюсуф Исмоилов имрӯз, 3 октябр, идома карда ва ҳукми ӯ низ эълон шавад. Рӯзи ҷумъа додситон аз додгоҳ хост, то ин хабарнигори тоҷикро ба 14 соли зиндон маҳкум кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми паст задани шаъну эътибори эшон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашидаанд.

Пайгарди қонунии хабарнигор боиси эътироз ва маҳкумияти созмонҳои хабарнигорӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар шуд. Имрӯз дар Швейсария намояндаи ИМА дар СММ иттиҳомоти зидди Исмоиловро интиқод кард.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20111003/538/538.html?id=24347291

Машварати ИМА ба Тоҷикистон: «Қазияи Маҳмадюсуф Исмоиловро бидуни осебе ба журналист ҳал кунед»

[b]Намояндаи ИМА дар СММ аз Тоҷикистон даъват кард, ки созишномааш бо Кумитаи байналмилалии Салиби сурхро дар заминаи боздиди зиндонҳо зудтар ба имзо расонад. Вай гуфт, ки ИМА аз қонуни тоза ба имзорасидаи масъулияти волидон нигарон аст, ки ба қавли ӯ, милёнҳо хурдсолонро аз масҷидравӣ манъ мекунад.[/b]

Илова ба ин, муҷозоти 5 то 12 соли зиндон барои таъсиси мактабҳои ғайриқонунии динӣ аз масоили дигари мавриди нигаронии ИМА аст, ки озодии мазҳабро халалдор мекунад. “Тоҷикистон ҳамоно иштибоҳан бисёр намояндагони динро чун экстремисти мазҳабӣ унвон мекунад, ки натиҷааш тадбираҳои амниятӣ мебошад.

“Мо аз қарори додситонии Тоҷикистон хуш шудем, ки чанд иттиҳоми зидди журналисти ВВС Ӯрунбой Усмоновро бекор кард. Вале мо нигаронем, ки мизони худсонсурӣ дар матбуот баланд шуда, ҳамлаҳои пайваста болои журналистон, идомаи пайгарди қонунии журналистони мустақил аз ҷониби сохторҳои ҳифзи тартибот, мисле оне, ки зидди хабарнигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова, сурат мегирад”.

Вай афзуд, ки ИМА ба Тоҷикистон машварат медиҳад, дар амри беҳбуд бахшидани вазъи ҳуқуқи башар иқдом карда, иттиҳомоти боқимондаи хабарнигори ВВС Ӯрунбой Усмонов бардошта шуда, бидуни осебе ба шахсияти журналист, қазияи Маҳмадюсуф Исмоилов ҳалли худро пайдо кунад. Амрико машварат медиҳад, ки қонунҳои поймолкунандаи озодии мазҳаб дар Тоҷикистон, ба мисли манъи масҷидравии кӯдакону занон, ҳиҷобпӯшии духтарон дар мактабу донишгоҳҳо ва ришмонии омӯзгорон бекор шуда, назорати иҷрои қонун нисбати истифодаи маҷбурии нирӯи инсон дар пахтачинӣ ва қочоқи инсон идома дода шавад.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20111003/538/538.html?id=24347393