Все записи автора admin

Вокунишҳо ба «озодӣ»-и Исмоилов ва Усмонов

[b]СPJ ва RSW агарчӣ аз раҳоии ду хабарнигори тоҷик хуш шуда, вале муҷозот шудани онҳоро маҳкум мекунанд.[/b]

Йоҳан Бир, мудири бахши АвроОсиёи созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашид, вале ин ки ҳам Исмоилов ва ҳам Урунбой Усмонов муҷозот шуданд, таассуфангез ва ғайри қобили қабул аст.

Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар вокуниш ба ин ду ҳукм низ гуфт, аз раҳоии Исмоилов хуш шудаанд, вале муҷозот шудани ӯву хабарнигори Би-би-сиро маҳкум мекунанд ва ҳамчунон ба бегуноҳии ҳарду исрор меварзанд.

Ҳарду созмон хостори бознигарии ҳукми рӯзи 14 октябр дар қиболи ду хабарнигори тоҷик шуда, хостори лағви ин ду ҳукм шуданд. Ба таъбири оқои Сулаймонов, додгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо лағви ин ҳукмҳо домани худро аз доғи нангине, ки аз муҷозоти хабарнигорон ба обрӯи онҳо зада шуд, пок кунанд.

[b]БИ-БИ-СӢ: «БА ҲУКМИ ДОДГОҲ РОЗӢ НЕСТЕМ»[/b]

Ин дар ҳолест, ки Би-би-сӣ низ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи Урунбой Усмонов розӣ нест ва онро шадидан маҳкум мекунад. Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ гуфтааст, «Мо ба дифои худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Ӯ афзудааст: «Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем.»

Додгоҳи Хуҷанд Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сиро ба 3 соли зиндон маҳкум кард, аммо бар асоси қонуни афв аз адои ҷазо озод намуд. Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешуд, моҳи июн боздошт шуда, як моҳро дар зиндон сипарӣ кард.

[b]УСМОНОВ: «МАН АЙБДОР НАБУДАМ…»[/b]

Баъди як моҳ таҳти фишори созмонҳои маҳалливу байнулмилалии ҳомии хабарнигорон раҳо шуд, вале мурофиаи парвандааш дар додгоҳ аз моҳи август ба ин сӯ идома дошт. Айбдоркунанда барои Усмонов аз додгоҳ 5 сол ҳукми зиндон хоста буд, вале созмонҳои байнулмилалӣ иттиҳомоти алайҳи ӯро бофта номида, аз мақомоти Тоҷикистон раҳоии хабарнигорро талаб карда буданд.

Худи Усмонов имрӯз дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Ифандиёри Одина, раҳбари дафтари Би-би-сӣ дар Тоҷикистон зимни нигаронӣ аз ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов гуфт, ин ширкат ба ҳукми додгоҳ розӣ нест ва оқои Усмонов ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳад бурд. Ба гуфтаи Исфандиёри Одина, то чанд лаҳзаи дигар ширкати «ВВС» дар ин робита изхҳороти худро пахш хоҳад кард, ки дар он аз Урунбой Усмонов ҳимоят хоҳад кард.

Ӯ гуфт, «Бо он ки додгоҳ Урунбой Усмоновро ба се соли зиндон маҳкум ва дар чорчӯби иҷрои Қонуни афв аз адои ҷазо дар зиндон раҳо кард, ин ба маънии табраа ва ё сафед карданӣ вай нест. Ба ин далел, мо ба ҳукми додгоҳ мувофиқ нестем ва талаб дорем, ки хабарнигори мо сафед карда шавад. Яъне доғи судии вай бардошта шавад.»

Дар ҳамин ҳол Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов низ ҳукми додгоҳро «ғайриқонунӣ ва беасос» содир шудааст. Зеро ба таъкиди хонум Воҳидова «ҳукм, қаблан ҳукми айбдоркунӣ аст ва пурра аз рӯи фикри айбдоркунии мақомоти тафтишоти пешкашӣ содир шудааст. Яъне, суд далелҳои овардаи ҳимояро ба назар нагирифт ва Усмоновро дар он хусус айбдор кард, ки айбдории ӯ бевосита ба фаъолияти касбиаш, яъне журналистиаш рабт дорад.»

[b]ИСМОИЛОВ: «ШИКОЯТ МЕКУНАМ»[/b]

Дар ҳамин ҳол имрӯз, 14-уми октябр, додгоҳи шаҳри Табошар хабарнигори «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоиловро 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста ва аз толори додгоҳ озод кард. Қозии парванда ҳамчунин гуфт, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» наметавонад то се соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорияш идома бидиҳад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфт, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Ҷаноби Исмоилов дар як тамос ба Радиои Озодӣ гуфт: «Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он.»

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, дар сурати бознигарӣ нашудани ҳукмаш дар додгоҳҳои кишвар, маҷбур мешавад ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат кунад.

[b]ВАКИЛИ МУДОФЕЪ: «ҲУКМИ ОДИЛОНА БУД»[/b]

Аммо Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои Муҳаммадюсуф Исмоилов, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ аз ин ҳукми додгоҳ истиқбол кард ва онро як навъ «одилона» хонд.

Маҳмадалӣ Мақсудуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ дар як тамос аз Хуҷанд ба «Озодӣ» гуфт, аз натиҷаи ин додгоҳҳо чунин хулоса карда мешавад, ки хабарнигорони Тоҷикистон метавонанд аз худ дифоъ намоянд. Вай афзуд, ин қазия ҳамраъйии хабарнигорони тоҷикро нишон дод, ки барои озодии матбуот ва озодии баёни хеш мубориза бурда метавонанд. Ба назари ҷаноби Мақсудулло низ ҳукми додгоҳ дар баробари Муҳаммадюсуф Исмоилов одилона будааст.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори «Нури зиндагӣ» тӯли ёздаҳ моҳи ахир дар боздошт ба сар мебурд ва мақомот ӯро дар таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд. Қабл аз судури ҳукми Исмоилов ва Усмонов Кумитаи дифоъ аз журналистон ва ё CPJ, мақарраш дар Ню-Йорк, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ҳарду ин хабарнигорро фавран озод кунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24359707.html

Маҳмадюсуф Исмоилов аз додгоҳ дархост кард, ки ӯро табраъа кунанд

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни ироаи «охирин суханаш» аз додгоҳ дархости табраъаи худро кардааст.[/b]

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба Би-би-сӣ гуфт, ки паёми аслии «сухани охирини» оқои Исмоилов ба қозӣ ин буд, ки ҳадаф аз навиштани мақолаҳои интиқодиаш «такон додан ба рушди ҷомеъа» будааст.

Оқои Исмоилов гуфтааст, ки ҳеҷ хусусати шахсӣ алайҳи мансабдорони ноҳияи Ашт надоштааст ва ҳадаф аз навиштани мақолаҳояш нишон додани камбудиҳои ҷомеъа будааст.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ ба Би-би-сӣ гуфт, ки қазияҳои додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои байналмилалиеро ба вуҷуд оварданд.

Ба андешаи оқои Қаршибоев, қазияи додгоҳии ду хабарнигор дар як минтақа аз эҷоди мавонеъ дар густариши озодии баён дар Тоҷикистон дарак медиҳад ва сатҳи арҷ гузоштан ба арзишҳои демукросиро дар ин нишон медиҳад.

Зимнан, дар ҷаласаи қаблии додгоҳӣ Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз қозӣ талаб карда буд, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон кунад ва тибқи қонуни авф ду сол аз ин ҳукми ӯ кам карда шавад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифоъи Муҳаммадюсуф Исмоилов гуфта буд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи муваккилаш собит нашуданд ва ӯ бояд табраъа шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар тавҳини мақомдорони давлатии ноҳияи Ашт мутаҳҳам мешавад ва аз таърихи 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳе дар вилояти Суғд ба сар мебарад. Вай ҳамчунин дар «тамаъҷӯӣ, барангехтани маҳалгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ мукарраран боздошти ин хабарнигорро ба фаъолияти ҳирфаиаш ва нашри матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Ба ин хотир созмонҳои бонуфузи дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва дидбонҳои ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Муҳаммудюсуф Исмоиловро озод кунад.

Аз ҷумла, созмони Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) созмонҳое, ки аз озодии баён ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳимоят мекунанд, пештар хостори озодии Муҳаммадюсуф Исмоилов шуда буданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 милодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо далоили мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде барои нашри матолиби интиқодӣ бо фишорҳои мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Эҳтимол меравад, ки ҳукми додгоҳ дар робита ба парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов фардо, рӯзи 14 октябр дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд эълом шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111013_sq_aa_media_ismailov.shtml

Муҳаммадюсуф Исмоилов: «Маро озод кунед!»

[b]Ҳукми хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз зӯҳри фардо, 14 октябр, эълон хоҳад шуд.[/b]

Аммо субҳи имрӯз сухани охирини оқои Исмоилов дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд шунида шуд, ки ӯ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ худро гунаҳкор намешуморад.

Хабарнигори «Озодӣ» дар Хуҷанд мегӯяд, Муҳаммадюсуф Исмоилов ба қозии парванда гуфтааст, ки ӯро дар пайи фаъолиятҳои касбияш, яъне хабарнигорӣ боздошт намудаанд ва ӯ бояд сафед ва толори додгоҳ озод шавад.

Хабарнигори «Нури зиндагӣ» афзудааст, матолиби интиқодии худро на барои тӯҳмату таҳқири мақомдорон, балки барои ислоҳи вазъ навишта ва чоп кардааст. Ӯ гуфтааст, чанде аз мақолаҳояш вокунишҳои зиёдеро дар миёни сокинони ноҳияи Ашт ва мақомдорони ин ноҳия ба вуҷуд оварда, ҳатто бархе аз камбудҳо ислоҳи худро ёфта буданд. «Ҳадаф аз ин навиштаҳо танҳо рушди ҷомеа буд»,илова кардааст оқои Исмоилов.

Сухани охирини Муҳаммадюсуф Исмоилов дар ҳоле шунида шуд, ки намояндаи додситонӣ, ки парвандаи ӯро таҳқиқ намудааст, аз қозии парванда хоста буд, ки ин хабарнигори тоҷикро ба мӯҳлати 16 сол аз озодӣ маҳрум намояд. Вай ҳамзамон бо таваҷҷӯҳ ба иҷрои Қонуни афв гуфт, ин ҳукм ҳадди ақал 14 сол бошад.

Ин дархости додситон вокунишҳои мухталифро дар миёни хабарнигорон ва созмонҳои хабарнигории дохилу хориҷ ба вуҷуд овард. Аксари созмонҳои хабарнигорӣ ин дархости додситонро «берун аз тасаввур» хонданд. Зеро ба бовари онҳо Муҳаммадюсуф Исмоилов танҳо кори хабарнигории худро анҷом додааст ва намешавад барои баёни ҳақиқати ҳол ӯро ба 16 ё 14 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи вакилони мудофеи ин хабарнигори тоҷик, нафари таҳти ҳимояти онҳо ҷурмеро муртакиб нашудааст ва бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамин тавр сафед карда шавад.

Ахиран Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) низ бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран аз боздошт озод намоянд. Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Дуня Миятович мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар баррасӣ намояд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм мавқуф гузошта шуд.

Бархе аз нозирони ин қазия мегӯянд, шояд бо таваҷӯҳ ба нигарониҳои афзуни созмонҳои байнулмилалӣ мақомот назари худро дар мавриди қазияи Муҳаммадюсуф Исмоилов тағйир бидиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дигар интизор меравад рӯзи ҷумъа, 14 октябр, ҳукми хабарнигори бахши узбакии Радиои Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам мешавад, низ эълон гардад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24358166.html

Русия: Расонаҳои мустақилро «бӯғӣ» мекунанд

[b]Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия.[/b]

Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав, сӯҳбатҳои раҳбарон бо пешвоёни кишварҳои хориҷӣ ва танқиду таҳқири зердастон дар мазҳари ом иборат ҳастанд.

Телевизиони ғайридавлатии НТВ-и Русия то соли 2000-ум яке аз мунтақидони асосии Кремл ба шумор мерафт, вале вақте Владимир Путин сарвазир таъйин шуд, ӯ молики НТВ, ба истилоҳ олигарх Гусинскийро муддате ба ҳабс гирифт. Дар ин байн ширкати давлатии «Газпром» НТВ-ро аз худ намуда, онро дар амал ба канали сеюми давлатӣ табдил дод.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=134]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=134[/url]

Источник:

Русия: Расонаҳои мустақилро «бӯғӣ» мекунанд

[b]Бахши аввали силсилаи мақолаҳо дар бораи фазои иттилоот ва хабарнигорӣ дар Русия.[/b]

Ахбори телевизиони Русия ба монанди даврони Шӯравӣ якранг шудааст. Аксаран ин гузоришҳо аз ширкати раҳбарони кишвар дар кушоиши муассисаҳои нав, сӯҳбатҳои раҳбарон бо пешвоёни кишварҳои хориҷӣ ва танқиду таҳқири зердастон дар мазҳари ом иборат ҳастанд.

Телевизиони ғайридавлатии НТВ-и Русия то соли 2000-ум яке аз мунтақидони асосии Кремл ба шумор мерафт, вале вақте Владимир Путин сарвазир таъйин шуд, ӯ молики НТВ, ба истилоҳ олигарх Гусинскийро муддате ба ҳабс гирифт. Дар ин байн ширкати давлатии «Газпром» НТВ-ро аз худ намуда, онро дар амал ба канали сеюми давлатӣ табдил дод.

Ҳамин гуна, телевизиони ғайридавлатии РЕН-ТВ зиёд барои ҳифзи истиқлолаш талош варзид, вале билохира маҷбур шуд, 60 дарсади саҳмияҳояшро ба як сарватманди соҳаи нафту филиз таслим намуда, аз чорчӯби муқаррарнамудаи ӯ берун нашавад.

[b]ҲАМА ДАР ЗЕРИ ҚАНОТИ КРЕМЛ[/b]

Ба ақидаи коршиносон беш аз 80 дарсади аҳолии Русия ахборро аз талавизионҳои давлатӣ дастрас мекунанд ва аз ин рӯ, Кремл шабакаҳои телевизиониро зери қаноташ қарор додааст. Денис Волков, пажӯҳишгари Маркази омӯзиши афкори умуми Русия бо номи Левада, мегӯяд, мардум дар бораи ҷанҷолҳои байнулмилалии ин кишвар хабар надоранд, зеро телевизионҳо дар ин бора чизе намегӯянд. Волков қазияи марги вакили мудофеъ Сергей Матнитскийро мисол меорад, ки аз сабаби нарасонидани кӯмаки тиббӣ дар маҳбас ҳалок шудааст.

[b]ҚАТЛИ ХАБАРНИГОРОНИ «НОВАЯ ГАЗЕТА»[/b]

Бо васфи чунин ҳол шореҳи Радиои Озодӣ Грегорӣ Фейфер рӯзномаи “Новая Газета”-ро ҳамчун намунаи мавҷудияти ошкорбаёнӣ дар Русия пеш меорад. Гузоришҳои таҳқиқотии ин нашрия ба вижа аз Чеченистон ва фасоди мансабдорон бисёриҳоро нороҳат кардааст. Аз соли 2003-юм ба ин тараф чор хабарнигори “Новая Газета” ба қатл расидаанд. Яке аз моликони “Новая Газета” сармоядор Александр Лебедев, ки ҳамроҳ бо раҳбари охирини Шӯравӣ Михаил Горбачев 49 дарсади саҳмияҳои нашрияро дар ихтиёр дорад, пешниҳод кард, ки ба хабарнигорони ин нашрия ҳаққи нигаҳдории силоҳ дода шавад, зеро давлат аз ӯҳдаи ҳимояи онҳо набаромадааст.

[b]ЭҲТИЁҶ БА НАШРИЯҲОИ ОЗОД[/b]

Ҷои ёдоварист, ки 51 дарсади боқимондаи саҳмияҳои “Новая Газета” ба ҳайати таҳририяи ин нашрия тааллуқ дорад. Бо эътирофи нақши “Новая Газета”, баъзе шореҳон ишора мекунанд, ки он ҳамагӣ 200 ҳазор нусха чоп мешаваду асосан дар Маскаву Санкт-Петербург хонанда дорад.

Муовини муҳаррири “Новая Газета” Андрей Липский мегӯяд, «қаҳтии иттилоот» чунон бузург аст, ки ҳатто ҳокимони давр ба ин қабил нашрияҳои озод эҳтиёҷ доранд: “Ин як ҳоли зидду нақиз аст, вале ҳатто мақомот ба “Новая Газета” эҳтиёҷ доранд. Ҳадди ақал барои дарёфти як сарчашмаи маълумоти нороҳаткунандаи якдигар зарур аст.”

[b]»КОММЕРСАНТ» ДИГАР ТАНҚИД НАМЕКУНАД?[/b]

Агар ақидаи Липский воқеият дошта бошад, сабаби мавҷудияти радиои “Эхо Москви” низ ҳамин аст. Ин радио ба Газпром марбут бошад ҳам, лаҳни танқидии худро дигар накардааст. Аммо рӯзномаи “Коммерсант” бо тағйири моликаш лаҳни танқидиро канор гузошт. Собиқ муҳаррири Коммерсант” Кирил Рогов мегӯяд, вақте сарватманд Борис Березовский молики ин нашрия буд, Кремл рӯи он нуфуз надошт, вале вақте бахши бузурги саҳмияҳо ба дасти сарватманд Алишер Усмонов гузашт, рӯзнома мустақилияташро аз даст дод.

Рогов меафзояд: “Рӯзнома бо як вазъи аҷоиб мустақил буд. На Кремл ва на молики он — Березовский рӯи “Коммерсант” контрол надоштанд. Вале вақте Усмонов онро аз Березовский харидорӣ кард, назорати кори рӯзнома ташкил шуд.”

[b]КИШВАРЕ, КИ ХУД ОЗОД НЕСТ…[/b]

Рогов дар солҳои навадуми асри гузашта сомонаи маъруфи Полит.ру-ро ташкил кардааст. Ӯ мегӯяд, феълан дар Русия 40 миллион нафар ба интернет дастрасӣ доранд, вале ба ваҷҳи умум истифодабарандагони интернет шабакаи иттилоотиро на барои хабар, балки барои дарёфти маълумоти тафреҳӣ кор мегиранд.

Ӯ афзуд, дар кишваре, ки худ озод нест, матбуоти озод вуҷуд дошта наметавонад. Шореҳон ҳам бо ишора ба интихоботи парламентии моҳи декабр ва интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи март мегӯянд, вазъ зери назорати комили мақомоти Русия аст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24356038.html

САҲА хостори раҳоии хабарнигори тоҷик шуд

[b]Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфт, мақомот бояд Муҳаммадюсуф Исмоиловро фавран озод намоянд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, боздошт ва парвандаи Исмоиловро натиҷаи фаъолияти хабарнигории ӯ унвон кард.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи маҳалии «Нури зиндагӣ» дар шимоли Тоҷикистон, аз 23 ноябри соли 2010 ба ин тараф дар боздоштгоҳи ноҳияи Ашт ва шаҳри Хуҷанд зиндонӣ аст.

Ӯ ба тӯҳмат ва таҳқири мақомоти расмӣ, тамаъҷӯӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, Исмоилов бахши умдаи ин ҷурмҳоро моҳи августи соли 2010 содир кардааст. Замоне ки ин хабарнигори тоҷик дар нашрияи «Нури зиндагӣ» фаъолият мекард ва силсиламақолаҳоеро дар бораи фаъолияти додситонӣ ва дигар мақомдорони ноҳияи Ашт ба нашр расонида буд.

«Агар Тоҷикистон ҳар хабарнигорро барои танқиди мақомот ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ дорад ва ё ба зиндон афканад, пас, ин кишвар ба хатари саркӯб кардани афкори умум рӯ ба рӯ аст»,-таъкид намудааст Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот.

Намояндаи Созмони Амният ваҲамкории Аврупо бо танқиди фишори мақомот ба хабарнигори «Нури зиндагӣ» ҳамчунин гуфт, «Зиндонӣ шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов оқибати хуб надорад ва ин ҳама муддат дар боздоштгоҳ нигаҳ доштани журналист ба хабарнигорони тоҷик пайғоми таҳдидомез медиҳад.»

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот мегӯяд, се бор аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба қазияи Исмоилов расидагӣ кунанд. Аммо то ҳол ҳеҷ посухе дарёфт накардаст. Қарор аст, Миятович масъалаи Муҳаммадюсуф Исмоилов ва ҳамчунин қазияи хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ Урунбой Усмоновро дар як сафари қарибулвуқӯъяш ба Тоҷикистон бо мақомот баррасӣ кунад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ”, 11 моҳ пеш дар ноҳияи Ашт боздошт шуда, ҳоло дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд ба сар мебарад. Рӯзи севуми октябри имсол бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари ин хабарнигори тоҷик, ки тибқи чаҳор банди Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад, эълон мекард. Аммо ба далели маризии ёвари қозии парванда ин ҳукм то ҳанӯз эълон нашудааст.

Бо ин вуҷуд, талаби ҳабси дарозмуддати Исмоилов (14 сол) созмонҳои журналистӣ ва ҳамкасбони ӯро дар Тоҷикистон ва хориҷ аз кишвар такон додааст. Яке паси дигар ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) аз Ню-Йорк ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз Порис аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.

RSF дар изҳороте, ки рӯзи 30-юми сентябр пахш кард, гуфт, “муҳокимаи Исмоилов танҳо ба хотири ниқор гирифтан аст, на бештар аз ин.” Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, қароргоҳаш дар Ню Йорк низ муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро маҳкум кард ва гуфт, «мақомоти Тоҷикистон аз ин роҳ мехоҳанд, хабарнигорони тоҷикро битарсонанд.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24354724.html

Ҷаласаи шӯрои раҳбарони хабаргузориҳои миллии иттилоотии ИДМ дар Озарбойҷон

[b]Бахшида ба 20-умин солгарди таъсисиёбии кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи шӯрои раҳбарони хабагузориҳои миллии иттилоотӣ доир мешавад.[/b]

Дар ин нишаст масоили ҳамкориҳо дар фазои якҷояи иттилоотӣ матраҳ гардида, ҳамчунин, ҷараёни омодагиҳо ва инъикоси чорабиниҳо вобаста ба таҷлили 20- солагии кишварҳои муштаракулманофеъ таҳлил мешавад.

Гуфтанист,шӯрои иттилоотии кишварҳои ҳамсуд соли 1995 ташкил шуда, сарварии онро раҳбари ИТАР-ТАСС Виталий Игнатенко ба дӯш дорад. Шӯрои мазкур сарварони оҷонсиҳои миллии Тоҷикистон, Русия, Молдова, Қирғизистон,Қазоқистон,Белорусия,Арманистон ва Озарбойҷонро муттаҳид мекунад.

Шаҳлои Гулхоҷа, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18811&Itemid=30

Дар Фейсбук бо Радиои Озодӣ бипайвандед!

[b]Дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук чизе бештар аз сабти барномаҳои радиоӣ, видеоҳо ва навиштаҳои моро хоҳед дид.[/b]

Шумори корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Дар ним соли гузашта наздик ба 8 000 нафар ба сафи онҳо пайвастанд ва теъдоди умумии “фейсбукиён” дар кишвар ҳоло 22 620 нафарро ташкил медиҳад. Дар се моҳи охир даҳҳо гурӯҳу маҳфил ва ҷомеаҳои фейсбукии тоҷикистониён таъсис ёфтаанд, ки бархе аз онҳо акнун барои ом баста буда, дар дохили худ “меҷӯшанд” ва гоҳе ҳавру буғе ба берун меафкананд.

Радиои Озодӣ дар ин шабака нав нест, аммо ҳаргиз талош накардааст, хонандагонро дар гурӯҳ ё маҳфилҳои пӯшида ҷамъ оварад. Баръакс, тамоми маводе, ки Радиои Озодӣ дар ин шабака нашр мекунад, ба ҳар хоҳишманд дастрас буда, ҳар фейсбукие, ки мехоҳад, метавонад, ба ин мавод шарҳ нависад, назар диҳад, ҷанбаъҳои нави мавзӯъро ба миён гузорад ва ҳатто ба кормандони Радиои Озодӣ супорише фиристанд.

Сабти овозии ҳамаи барномаҳои Радиои Озодӣ, беҳтарин мақолаҳо, аксҳо, гузоришҳоеи видеоии моро метавонад дар сафҳаи вижаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук пайдо кунед. Аммо на танҳо ин, балки бештар аз ин ҳама, дар сафҳаи мо дар Фейсбук аксҳое, ки дар торнамои радио нашр нашудаанд ё дар замони мухталиф дар гузашта омода гаштаанд, дар шакли албомҳо пешкаши бинандагон мешаванд.

Инчунин дар сафҳаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ҳар сари чанд рӯз назарсанҷиҳое ҷараён мегирад, ки Шумо бо як клик ё “нохун задан” метавонед, назари хешро баён доред. Барои намуна, назарсанҷии охир, ақидаву сӯҳбатҳоро дар бораи завқу ормони ҷавонони тоҷик баҳам зад. Пурсиш ин буд, ки оё бузургтарин орзуи ҷавонони тоҷик чист ва дар посух ба он аз гузинаҳои “мансаби баланд”, “таҳсил ва дониши олӣ”, “издивоҷ”, “рафтан ба хориҷа”, “харидани мошини БМВ” аксарияти кул “таҳсил ва дониши олӣ”-ро интихоб карданд, ки метавонад, мояи ифтихори ҷавонони тоҷик бошад.

То ин лаҳза Радиои Озодӣ дар Фейсбук зиёда аз 4500 шарик, дӯст ва ҳамсӯҳбат дорад, ки бо як «нохун задан» маводи радио ба ҳами онҳо мерасад. Агар Шумо ҳам дар Фейсбук сафҳаи худро доред, дар бахши ҷустуҷӯ ё бо истифода аз ибораҳои кабуди ин навишта сафҳаи моро пайдо кунед ва тугмаи «писанд» (like)-ро фишор диҳед. Он гоҳ ба қатори дӯстону шарикону ҳамсафарони Радиои Озодӣ ҳамроҳ мешавед ва мо аз меҳмон шудани Шумо шоду сарафроз мегардем. Он гоҳ хоҳед тавонист, ба матолиби мо дар Фейсбук шарҳу назар нависед ва ё хабару маълумоти муҳиму наверо ба таваҷҷӯҳи ҳамкорони мо расонед, дар назарсанҷиҳо саҳм бигиред.

Бисёр вақт сӯҳбате, ки дар Радиои Озодӣ ё торнамои он сар шудааст, дар Фейсбук идома мекунад ва ҳамчунин хеле мешавад, ки ҷумла ё иборае дар Фейсбук ба гузориш ё таҳлиле сабаб гашта, дар барномаҳои Радиои Озодӣ садо медиҳад ва дар торнамои он ҷойгир мешавад. Чунин намунаҳо зиёданд.

Чизе, ки беш аз ҳама дар Фейсбуки тоҷикистониён ва дар навбати аввал миёни фейсбукиёни Радиои Озодӣ эҳсос мешавад, гармӣ ва меҳрубонии онҳост, ки ба ҳамаи мо нерӯи бузурге медиҳад. Ин ҷо ҳарфи дурушт тақрибан шунида намешавад, ҳарчанд гоҳе мубоҳисон дар ҳимоят аз мавзеи худ хеле сахту шадид сӯҳбат мекунанд, ба сатҳи таҳқиру тавҳин поин намеоянд. Ба ҳар ҳол, ин як хубию рӯшании фейбукиёни Радиои Озодист.

Субҳи имрӯз ҳамагӣ пас аз чанд лаҳзаи нашри аксҳо аз хокбориш ва чангбод дар Душанбе фейсбукиёни мо изҳори нигаронӣ карданд, ки чунин ҳаво барои беморони астма, аллергия ва дилкасалҳо хеле бад аст ва ё пешакӣ онҳоро огоҳ карда бошанд, ки эҳтиёт кунанд. Бо чунин дӯстону шарикон Радиои Озодӣ дар Фейсбук роҳи дарозеро дар пеш хоҳад дошт ва ҳамеша, то замоне ки ҳаст, ҳамсафари онҳо хоҳад буд. Роҳи сафед!

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24349577.html

Мавҷи «Азия-Плюс» ба тамоми Тоҷикистон паҳн мешавад

[b]Радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномаҳояш дар саросари Тоҷикистон ва ҳам аз тариқи интернет иҷоза гирифт.[/b]

Ҳайати литсензионии Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон дархости «Азия-Плюс»-ро пазируфт. Мудири кулли радиои «Азия-Плюс», Парвона Аҳрорӣ гуфтааст, мутахассисон дар ҳоли омӯзиши шароити пахши амвоҷи барномаҳо дар манотиқи гуногуни кишваранд ва бо назардошти густариши ҳавзаи пахш барномаҳои наве омода мешаванд.

Хонуми Аҳрорӣ ба хабаргузории «Азия-Плюс», ки бахше аз Гурӯҳи расонаии журналисти саршиноси тоҷик Умед Бобохонов аст, гуфтааст, “аммо шакл ва забони пахши барномаҳо бетағйир, дар доираи мусиқию ахбор ва русию тоҷикӣ боқӣ хоҳад монд.”

Дар риштаи пахши интернетии барномаҳо Радиои «Азия-Плюс» амалан ба нахустин радиои дохили кишвар табдил хоҳад ёфт, ки ин қаламрави навро расман фатҳ мекунад. “Ҳамаи онҳое, ки ҳоло барномаҳои худро дар интернет пахш мекунанд, иҷозаи расмӣ надоранд,” – гуфт Аҳрорӣ.

Аз он ҷо, ки шабакаи интернет моли як давлати мушаххас нест, пахши садо ё видео ва ҳамчунин маълумот дар он озод аст.

Радиои «Азия-Плюс» нӯҳ сол пеш таъсис ёфта, нахустин барномаи он дар рӯзи Истиқлолияти миллии Тоҷикистон — 9-уми сентябри соли 2002 рӯйи мавҷи 107-и FM дар ҳудуди шаҳри Душанбе пахш шудааст. Барномаҳои он асосан аз фишурдаи ахбор, барномаҳои мусиқӣ, мусоҳиба ва сӯҳбатҳои гирди мизи мудаввар иборат аст. Беш аз ҳама гурӯҳҳои мусиқии рӯз ба монанди «Парем», «Шамс», «Lady J», овозхони саршинос Парвина Юсуфӣ ва дигарон меҳмони радио будаанд.

Радиои «Азия-Плюс» бо Радиои Озодӣ дар пахши таблиғ ва барномаҳои мусиқӣ ҳамкорӣ кардааст.

Источник: HTTP://WWW.OZODI.ORG/CONTENT/ARTICLE/24349840.HTML

Cозмонҳои рӯзноманигорон умед доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қазияи Исмоилов таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз президенти кишвар хостори он шудаанд, ки қазияи хабарнигори ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсӣ гирад.[/b]

Роҳбарони чаҳор созмони рӯзноманигорӣ, Иттифоқи журналистон, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақил, Шӯрои ВАО ва Медиа Алянси Тоҷикистон дар номаи худ ба раисҷумҳур изҳор доштаанд, ки талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани Маҳмадюсуф Исмоилов боиси ташвиш ва нигаронии онҳост.

Дар ин нома аз ҷумла зикр мешавад, ки чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии ВАО хатар эҷод карда, метавонад ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократӣ латма ворид кунад.

«Созмонҳои миллию байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи башар, ки парвандаи мазкурро пайгирӣ менамоянд, чунин меҳисобанд, ки Исмоилов бо сабаби дар матбуот ба табъ расондани мақолаҳои танқидӣ мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Исмоилов борҳо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи қонун ва сохторҳои судиро танқид карда, саҳлангорӣ, сиёсати сусти иҷтимоию иқтисодӣ ва сӯистифода аз мансабро дар ноҳияи Ашт фош кардааст», омадааст дар изҳорот.

Созмонҳои рӯзноманигорӣ ба хотири он ки парвандаи мазкур дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди вокунишҳои шадид қарор гирифтааст, дар номаи худ ба президент илова кардаанд, ки — созмонҳои рӯзноманигорӣ ба Шумо — Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз Шумо роҳбари давлат, ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш дорем, ки парвандаи ҷиноятии хабарнигори рӯзномаи «Нури зиндагӣ», Маҳмадюсуф Исмоиловро таҳти назорати шахсии худ қарор диҳед. Мо умедвор ҳастем, ки риояи меъёрҳои эҳтимоли бегуноҳӣ ва адолати судӣ нисбат ба ҳамкори мо таъмин мегардад.

Бояд гуфт, ки Маҳмадюсуф Исмоилов 23-юми ноябри соли 2010 ба хотири барангехтани адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ва динӣ, тӯҳмат, таҳқир ва тамаъҷӯйӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи тартиботи қонуни ноҳияи Ашт дастгир ва ҳабс шудааст.

Фаридуни УМАРБЕК, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=18663&Itemid=30