Все записи автора admin

Акбари Саттор: “Наметавонам дар сафи оппозитсия бошам”

[b]Гуфтугӯ бо Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон ва мудири кулли шабакаи нашаротии “Чархи гардун”.[/b]

[i]Рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

Вай, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифижурналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.[/i]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Таъсири нашрияҳо ва навиштаҳои рӯзноманигорон буд, ки интихоби раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) бидуни алтернатива сурат гирифт. Зеро дар арафаи анҷумани ИЖТ ва махсусан як ҳафтаи пеш аз баргузории он масъалаи интихоби раис дар расонаҳо ба ҳар шакле инъикос ёфт, ки аксарият аз номзадии банда пуштибонии худро изҳор доштанд. Нафаре ҳам, ки мехост дар баробари раиси феълӣ номзадиашро пеш гузорад, шояд баъди мутолиаи ин навиштаҳо аз нияти худ даст кашид. Аз ҷониби дигар бардоштани бори вазнини ин вазифа душвориҳоеро дорад, ки на ҳар кас метавонад ба зимма бигирад. ИЖ-и имрӯза ИЖ-и давраи Шӯравӣ нест.

Аслан ин Иттифоқ як Иттифоқи фурӯрафтаву пошхӯрдае буд, ки танҳо ба ном вуҷуд дошт. Тайи панҷ соли гузашта мо талош кардем, ки онро барқарор карда, рӯзноманигоронро дар ҳайати он ба ҳам оварем. Вале ин як кори осон набуд. Зеро, масалан, муносибат бо мо комилан мутафовит ва то ҳадде хастакунанда ҳам буд. Барои мисол, созмонҳои байнулмилалӣ бар ин гумонанд, ки ИЖТ як созмони давлатӣ аст ва аз ин рӯ аз ҳамкорӣ бо мо ҳарос мекунанд. Баръакс, ниҳодҳои давлатӣ аз изҳороту баёния ва умуман мавқеъгирии ИЖТ, ки дар баробари мушкилоти озодии баён ва нисбат ба дигар масъалаҳо эътироз мекунанд ва гоҳо ИЖТ-ро фурӯхташудаи созмонҳои байнулмилалӣ меҳисобанд. Яъне, ки байни обу оташ. Дар чунин вазъият як роҳи миёнаву мӯътадилро пайдо кардан кори осон набуд. Ман тӯли панҷ сол чунин бархӯрдро эҳсос кардам. Шояд ҳамин мушкилҳоро дигарон низ пай бурданд ва гуфтанд, акнун, ки оғоз кардааст, бигузор ба анҷом расонад ва аз номзадии ман дастгирӣ карданд.”

[b]“ИЖТ моли Акбари Саттор нест…”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Аз ҷараёни кори анҷуман низ эҳсос мешуд, ки номзадии Шумо бидуни алтернатива пешниҳод мешавад. Ҳарчанд ташвиқ ҳам карданд, ки интихобот набояд бидуни рақобат баргузор шавад, аммо касе дигар пешниҳод нашуд. Ҳоло мегӯянд, ки ин “тарзи кор” аз қабл “гапзанон” шуда буд…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Як гурӯҳи тадорукотӣ, ки ба кори анҷуман машғул буданд, гуфтанд, ки раис, биё, як коре кунем, ки интихобот бо алтернатива сурат бигирад. Мисли баъзе аз ҳизбҳо нашавад. Нафареро меёбем, худамон пешбарӣ мекунем, вале медонем, ки ӯ намегузарад. Ман гуфтам: не. Зид баромадам. Барои чӣ? Барои он ки ман ҳеҷ вақт одами найрангбоз ва ба чунин дасисаҳову бозиҳо омехта набудам. Наметавонам бозӣ кунам. Ман одами реалӣ-воқеиам. Гуфтам дар ҳамон ҷо касе агар мард бошад, марҳамат ба майдон барояд. Ман ҳам дар баробари вай мебароям ва барномаи корамро пешниҳод мекунам. Бигузор вакилон ҳақ ва ихтиёри интихоб дошта бошанд. Мутаассифона, чунин нашуд. Танҳо номзадии Сайёфи Мизроб пешниҳод шуд, ки худи Сайёф ба ҷиҳати саломатӣ номзадиашро пас гирифт. Вале чуноне мушоҳида кардед, дар раёсати нав тақрибан роҳбарони ҳама созмонҳои журналистии Тоҷикистон аъзо шуданд. Аз ҷумла, Хуршеди Атовулло, Нуриддин Қаршибоев, Зиннатуллои Исмоил, Рустами Ҷонӣ ва чандин нафари дигар. Ҳузури онҳо дар раёсати Иттифоқи журналистон гуногунандеширо ба вуҷуд хоҳад овард. Ман аз таҷрибаи пешинаи кор дар Иттифоқ ба чунин натиҷа расидам, ки ҳатман дар раёсат бояд гуногунандешӣ, гуногунназариву гуногунмавқеӣ ҷо дошта бошад. Чун дар раёсати қаблӣ ҳама дорои як андеша ва назар буд ва ҳеҷ вақт баҳс ҳам рух намедод. Агар ҳамеша гапи раис гапи асосӣ бошад, он вақт кор пеш намеравад. Ба ман ҳатто гуфтанд, ки чунин шахсонро ҷамъ месозӣ, фикр намекунӣ, ки фардо аз дастат зада мегиранд. Ин моли Акбари Саттор нест. Моли ҷамъият аст. Панҷ сол пеш ҳам ман намехостам, ки раиси ИЖТ бошам. Танҳо як сухан, ки гуфтанд: “худат ба ИЖ ниёз надорӣ, лекин имрӯз ин Иттифоқ ба худат барин одам ниёз дорад” боис шуд, ки ба ин вазифа розӣ шавам. Ҳамон вақт ҳам пурсишҳо доир карда ба натиҷае расида буданд, ки ман метавонам бо ҳамаи ҷонибҳо забон биёбам. Ҳамин мӯътадилии хислати ман шояд сабаб низ шуда бошад, ки вакилон дар ду давра маро интихоб мекунанд.”

[b]“Сухан” дубора фаъол мешавад?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ҳоло ки интихоб шудед, муҳимтарин ва наздиктарин вазифаҳои ИЖТ чӣ хоҳад буд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Пеш аз ҳама такмили сохтори ИЖ. Зеро сохтораш бисёр заиф аст, чун манбаъи молиявиаш заиф мебошад. Дар анҷуман мушкилоти зиёди соҳа зикр карда шуд. Аз ҷумла, дар бораи тарбияи кадрҳо. Имрӯз аз Донишгоҳи миллӣ барои таҷрибаомӯзӣ тақрибан ки намеоянд. Ин мушкили рақами аввал аст. Дигар ин ки бо гузашти бист сол аз истиқлолият мо истиқлолияти иттиллоотӣ надорем. Мо кишвари мустақил ҳамагӣ як рӯзнома дорем. Ҳоло мо андеша дорем, ки АЖР яъне Оҷонси тадқиқоти журналистиро дар назди ИЖ ташкил намоем. Ин ниятро пештар низ доштем, аммо барои иҷрои он маблағ зарур аст. Азбаски муҳассилини факултетҳои журналистӣ аз ҳамкорӣ бо мо дурӣ меҷӯянд, мо тасмим гирифтем шӯъбаҳои ин Оҷонсиро дар назди ҳамин факултетҳо ифтитоҳ намоем. Он чизе, ки мо супориш медиҳем ва ё он чизе, ки худи рӯзноманигорони донишҷӯ пешниҳод ва омода мекунанд, мо дар асоси қарордод ба нашрияҳо мефурӯшем. Ҳамчунин талош хоҳем кард, ки “Сухан”-нашрияи ИЖТ-ро дубора фаъол созем. Пештар ду шумора чоп кардем, аммо боз ҳам мушкили молӣ имкон надод, ки ба чопи он идома диҳем.”

[b]“Ахлоқи исломӣ” ё “ахлоқи инсонӣ”?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Шумо беш аз бист сол аст, ки дар саҳнаи матбуот фаъолият доред ва бо такя ба таҷриба ва малакае, ки дар ин арса ҳосил кардед, оё метавонед бигӯед, ки нақши ҳокимияти чаҳорум дар Тоҷикистон то чӣ ҳад муассир аст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ман дар бораи “ҳокимиятҳо” гуфтанро дӯст намедорам. Вале аз он солҳое, ки барои аввалин маротиба ба чопи нашрияи хусусӣ даст задам, солҳои 1994-95-96 ҳамин чизро метавонам бигӯям, ки он замон мардум аз сиёсат ва аз тиру туфангу ҷанг безор шуда буд. Мо сари вақт ва дар маҳаллу замони лозим даст ба кор шудем. Он нашрияҳои фароғатие, ки ман таъсис додам, аз ҷумла “Чархи Гардун” ба инъикоси мавзӯи иҷтимоӣ, варзиш, ахлоқу одоб ва мушкилоти хонаводаҳо машғул шуданд. Аммо ҳамон вақт ҳам мушкилот буд. Масалан, зикри калимаи “исломӣ” дар матбуот кори саҳл набуд. Як вақт мо рубрика доштем бо номи “Ахлоқи исломӣ”. Аз чандин ҷо вокуниш шуд, ки чаро боз исломӣ? Ман гуфтам, ки на, мо он чизе, ки дар ислом ҳаст, онро гирифта ба мардум медиҳем, яъне панду ахлоқ, тарғиби чизи дигар нест. Баъди чунин суханҳову фишорҳо мо онро бо “Ахлоқи инсонӣ” иваз кардем. Ёдам ҳаст, як бор мо як шеъри Бозор Собирро, ки аз радиои «Озодӣ» шунида навишта карда буданд, бо сурати хандони шоир дар саҳифаи аввал чоп кардем. Он қадар аз ҷониби мардум вокуниш нишон дода шуд, ки мо тасаввур намекардем. Онҳо мегуфтанд, вақте хондем, фикр кардем дар Тоҷикистон сулҳ омадааст. Мо он вақт мавзӯъҳоеро ба мардум пешкаш кардем, ки ба дарди мардум мехӯрд. Барои мисол мо «телефони боварӣ» доштем. Мардум омада гап мезад, алами дилашро мебаровард, аламзада зиёд буд: фарзанд, модар падар ва бародар гум карда буданд. Лекин ин рисолати он давраи рӯзнома буд. Имрӯз талаботи мардум дигар шудааст. Ҳоло бо он қиссаҳои хонаводагӣ наметавон харидор пайдо кард. Ба онҳо ахбори босифат ва таҳлилҳои амиқ даркор. Вале ҳоло, ки мо мехоҳем ба ин корҳо машғул шавем, кадр надорем. Чандин рӯзноманигори боқуввати мо ҳоло соҳиби рӯзнома шуда аз навиштан бозмондаанд. Онҳо акнун манфиатҳои пулӣ ва молии рӯзномаи худро, манфиатҳои гурӯҳи худро пеш мебаранд. Манфиатҳои мо дигархелтар, манфиати пулӣ шуд. Аз манфиатҳои журналистӣ хеле дур шудем.”

[b]“Журналистика дар мо озод аст”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Яъне, ҳанӯз матбуот дар Тоҷикистон «ҳокимияти чаҳорум» нашудааст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Вақте ҳокимияти чаҳорум мешавад, ки сухани журналист қадр пайдо кунад. Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд матбуот идора мешуд, аммо қадр дошт. Ҳар як нуқта тафтиш мешуд. Имрӯз озодӣ додаанд, ки марҳамат гуфтан гиред, аммо вокуниш нест. Ҳам аз рӯи қонунгузорӣ ва ҳам аз журналистика мо озодиҳои бештар дорем. Шояд дар боло ҳам ҳамин тавр маслиҳат шуда бошад, ки монед гуфтан гиранд, дар хориҷа мегӯем, ки дар мо озодии сухан вуҷуд дорад. Дар Қазоқистон барои мисол қариб тамоми журналистика дар дасти магнатҳои нафту газ аст. Ҳатто созмонҳое, ки аз тарафи хориҷиён маблағгузорӣ мешаванд низ дар дасти онҳост. Дар мо чӣ? Соҳибрӯзнома худи рӯзноманигорон ҳастанд. Ягон хориҷӣ ҳеҷ кадом аз рӯзномаҳои моро маблағгузорӣ намекунад. Барои ҳамин журналистика дар мо озодтар аст.”

[b]“Камбағал толеънома мехонад”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Чун сухан дар бораи манфиатҳои молии нашрияҳо рафт, оё метавонед гӯед, ки ҳафтаномаҳои ғайридавлатии мо то чӣ андоза мустақиланд? Яъне, вобастаи гурӯҳ ва ё фармоишгар нестанд…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ман дар бораи фармоишот чизе намедонам, аммо он гоҳ метавон мустақил буд, ки аз ҷиҳати молӣ нашрия худкифо бошад. Дар асл ягон ҳафтаномаи мо худкифо нест. Маоши кам медиҳем, барои кадрҳои хубро ҷалб кардан пули хуб пешниҳод намекунем. Агар як нафар хоҳад дар ягон рӯзномаи мо реклама диҳад, даҳ нафари дигар аз дунболи ӯ медаванд, ки биёву рекламаатро ба мо низ бидеҳ. Бозори хеле заиф дорем. Яъне ҳар қадар, ки реклама зиёд шавад, ҳамон қадар метавон худкифо шуд. Дар мо кӣ реклама медиҳад? Аслан созмонҳои хориҷӣ ва он ширкатҳое, ки байни худ рақобат доранд. Ширкатҳои мобиливу дару тирезасозӣ, дигар нест. Масалан, мо хостем дар бораи тарабхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳафтаномаи “Вечерний Душанбе” як замима, як саҳифаи ранга чоп кунем, ки ин метавонист барои хориҷиён як рекламаи хуб шавад. Аз 38 тарабхона танҳо якеаш пул доду гуфт, ки моро реклама накунед (механдад). Мо аз онҳо пули зиёд напурсида будем, ҳамагӣ 100 доллар барои як саҳифаи ранга, ки барои тарабхона пуле нест. Аз рекламадиҳӣ метарсанд. Аз ин хотир ман гуфтаниам, ки то тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон рушд накунад, рӯзнома ҳам рушд намекунад. Ахбор ба кӣ даркор аст? Ахбор барои одаме, ки кор мекунад, даркор аст. Камбағал телевизор тамошо мекунад, гороскоп мехонаду бо ҳамин вассалом.”

[b]Радиои Озодӣ: Оне, ки пул доду хоҳиш кард, ки реклама накунед, шояд аз андозу дигар чизҳо тарсид…[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Шояд сабаб тарс ҳам бошад, чун мардуми мо аз озодона дар бораи тиҷорати худ гуфтан метарсанд. Баръакс, кӯшиш мекунанд, ки пинҳон кунанд. Чашм мерасад мегӯянд, баъзеҳо аз мақомотҳои тафтишӣ метарсанд, шояд.”

[b]Хуб аст, ки бо корду автомат намезананд…[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ин ҷо дар мавриди бархӯрди давлат бо расонаҳо ёдовар шудед. Инак, панҷ сол як давраи роҳбариро пушти сар кардед, муносибати давлатро бо расонаҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ба ҳар сурат аз соли 2005, ки фармони президент дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ содир шуд ва ҳоло онро ба ду маротиба дар сол коҳиш доданд, фикр мекунам, як дастгирии хеле хуби роҳбари давлат буд, ки расонаҳо ҳар се моҳ бо нафари аввал во мехӯрданд. Амри таҳти рақами 622 низ дастгирии хуб аст. Аммо ин чиновникҳои поёнӣ ҳастанд, ки ҳама корро расво мекунанд. Ният нияти хуб буд ва нав самараи худро медод, механизми худро пайдо карда буд, ки онро барҳам доданд. Худи раисҷумҳур қариб дар ҳамаи маҷлисҳо аз журналистон дифоъ мекунад ва мегӯяд, инҳо шахсоне ҳастанд, ки буғи ҷомеаро мебароранд. Ин бисёр кори хуб аст, хусусан, вақте ки мо ба созмонҳои байналхалқӣ, ки аъзояшон ҳастему ҳисобот медиҳем. Дар кишварҳои исломӣ аз мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ сухан мекунем, дар Аврупо мо пеш аз ҳама аз озодии сухан меболем. Имиҷи роҳбарияти давлат дар хориҷи кишвар мусбат аст, аммо ин судбозиҳои вақтҳои ахир метавонанд дар он халал ворид кунанд. Аз як тараф хуб аст, ки моро бо корду автомат намезананду ҳоло ба суд медиҳанд. Ин хуб аст, чун худи мо тақозои демократия кардем, аммо ин судбозиҳо аксарияташ беасос сурат мегиранд. Ин ҳам як расм шудааст дар ҷомеаи мо. Ҳозир ҳамсоя ҳамсояро, додар бародарро ба додгоҳ мекашанд. Қазияҳои додгоҳӣ на танҳо дар рӯзномаҳо, балки миёни ҷомеа ва хусусан миёни навоиладорҳо хеле зиёд шудаанд. Манфиатхоҳӣ зиёд шуд. Ҳозир миёни мансабдорони мо боз як расми дигар пайдо шудааст. Агар ягон мақолаи танқидӣ чоп кунӣ, мегӯянд, ҳа, ман медонам ин мақолаи “заказной” аст. Бародарони мансабдор, охир инҳо журналист ҳастанд ва ин вазифаи онҳо аст. Танқид кардан ин вазифаи асосии журналистика аст. Ифшо кардани камбудии шумо ин вазифаи ҷониву калидии журналист аст. Ман худам хуб медонам, ки кадом мақола супоришиву кадомаш бӯи шашлик ё бӯи доллар мекунад. Ман инро зуд эҳсос мекунам дар ҳар кадом рӯзномае, ки чунин мақоларо бихонам. Матлаби супоришӣ ин шахс ва ё ниҳодро, аз поя мезанад, решаатро меканад. Супоришӣ ин хел мешавад. Он чизҳое, ки ҳоло сарсарӣ менависанд куҷои он супоришӣ аст? Вале аз рӯи мушоҳидаҳои ман таҳмили андешаҳо ниҳоят зиёд шудааст дар журналистикаи тоҷик. Такя на ба факту рақамҳо, балки такя ба андешаҳои шахсӣ. Ин бад аст, албатта. Барои он ки мо худамонро набояд аз ҷомеа боло донем.”

[b]Чаро раисиҷумҳур танқид намешавад?[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки худи раисҷумҳур мехоҳад матбуот боҷуръаттар бошад ва зиёд танқид кунад, то буғи ҷомеа барояд. Пас, барои чӣ расонаҳои мо худи раисҷумурро интиқод намекунанд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Фикр мекунам ин худсонсурӣ ҳам ҳаст. Аз тарафи дигар ин як одоби хонаводагии мо аст, ки мегӯяд ба шахси аввали оила, ба падар ва ё модар чашм ало накун, гапи баланд назан. Аммо ба худи роҳбар ҳам нарасанд, аз ҳукумат аз нафарони аввали роҳбарият танқид кардан алакай худ интиқоди ҳукумат аст, ки рӯзномаҳои мухталифи мо ин корро мекунанд.”

[b]Радиои Озодӣ: Гӯиё бо роҳҳову усулҳое ба сармуҳаррирон ва муассисон мегуфтаанд, ки хуб интиқод кунед, аммо президент бояд истисно бошад. Шумо, ки роҳбари ИЖТ ва соҳиби чанд ҳафтанома ҳастед аз чунин сӯҳбатҳо огоҳӣ доред? Ё ҳанӯз ҳам сарнавишти “Рӯзи нав” намегузорад, ки ҷуръати интиқод пайдо шавад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “На дар фаъолияти рӯзноманигориам ва на дар рӯзномабарориам боре ҳам нашудааст, ки паси парда нишаста, чунин сӯҳбате карда бошем. Ин ҷо ҷуръат лозим нест, ин тарбияи шарқии мост. Ҷуръат он вақт пайдо мешавад, ки касбият баланд бошад. Ҳафтаномаҳои “Нерӯи сухан” ва “Пайкон” мушкилоти молӣ доштанд. Вақти аз чоп мондани “Рӯзи нав” ман раиси ИЖТ набудам.”

[b]Радиои Озодӣ: Дар бисёр сафарҳои хориҷа роҳбари кишварро ҳамроҳӣ мекунед. Раисиҷумҳур бо Шумо, ки роҳбари ИЖТ ҳастед, аз мушкилоти мавҷудаи ҷомеа мепурсад ё ӯ ҳам ба он чизе, ки дар телевизиони тоҷик нишон медиҳанд, бовар дорад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Чанд боре, ки бо президент дар сафарҳои сатҳи давлатӣ будам, ман ба ҳайси як рӯзноманигори оддӣ, на ба ҳайси раиси ИЖТ ширкат доштам. Боре ҳам нашудааст, ки ман дар ҳайати расмӣ ба унвони раиси ИЖТ сафар карда бошам. Баъдан ин сафарҳо фурсате ҳам намедиҳанд барои чунин сӯҳбатҳо.”

[b]Радиои Озодӣ: Дар даруни ҳавопаймо ё вақти истироҳат намепурсад, ки Акбаралӣ чӣ ҳол дорӣ?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Ин кори шахсӣ аст ва ба кори рӯзноманигории ман ҳеҷ дахолат надорад.”

[b]“Нияти депутатшавӣ надорам”[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Барои чӣ Акбари Саттор, ки ин қадар ҳафтаномаҳо дорад, ба қавле як рӯзномаи “ҷиддӣ” нашр намекунад?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Шояд ин суханонро касоне мегӯянд, ки аз муҳтавои ҳафтаномаҳои ман бехабаранд ва ё намехонанд. Ҳамин ҳафтаномаи “Авитсена”, ки дар бораи саломатӣ менависад, барои ман кори ҷиддӣ аст. Ҳар ҳафта дусад-сесад нафар кӯдакон меоянд, барои ман ин ҷиддӣ аст. Ман мақсади сиёсӣ надорам. Яъне мақсади депутатшавӣ, мақсади ба нерӯҳои сиёсӣ ва ё ҳукумат ворид шуданро надорам. Баръакс, ман сиёсати имрӯзаи давлатро дар ҳамин шакл дастгирӣ мекунам ва ман наметавонам дар сафи оппозитсия бошам. Аммо ҳамчун журналист дар ҳафтаномаҳои мо ҳам аз камбудиҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз кадрҳои нолоиқ менависанд. Ман аз аввали соли 90 фаъолияти рӯзноманигориро сар кардам, маро барои кор кардан ба рӯзномаи “Чароғи рӯз” ҳам даъват карданд. Ман гуфтам, ки ман наметавонам. Ман одами дар чаҳорчӯбаи қонун ҳастам.”

[b]Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, ки дигар намехостам дар вазифаи раиси ИЖТ кор кунам, аммо зиёд хоҳиш карданд ва ман маҷбур шудам, ки онро боз ба зиммаи худ гирам. Киҳо маҷбур карданд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Аз раёсати пешинаи ИЖТ, Нур Табаров, Мирзоҳаёт Давлатов ва дигарон. Имрӯз ҳам аз ҷониби худи рӯзноманигорон ҳамин хел хоҳиш шуд. Бо ҳукумат бошад, мо ягон сарукор надорем, ба ғайр аз андозсупорӣ.”

[b]Мавзӯъи арӯсу хушдоман дигар харидор надорад[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Ба унвони як шахси соҳибтаҷрибаи соҳаи матбуот фикр мекунед, ки имрӯз кадом мавзӯъҳо бозоргиранд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Агар медонистам, шояд, ки рӯзномаҳоям хеле бозоргир мешуданд. Ба фикри ман имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон интизори матолиби таҳлиливу ахбори дақиқ аст. Бо мавзӯъҳои сабук наметавон бозоргир шуд. Сифати баланд, таҳлилҳои боқувватро ҷомеа аз мо журналистон интизор аст. Дар он даврае, ки мо корро сар кардем, давраи бӯҳрониву ҷанги шаҳрвандӣ буд ва ба ин мавзӯъҳо дигар ҷомеаро ҷалб кардан намешавад. Мардум имрӯз он ахбореро интизоранд, ки ба дарди имрӯзаи онҳо бархӯрад.”

[b]Дар бораи Инсоф…[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, ки барои рӯзноманигорони тоҷик таъсиси як «профсоюз» ва ё иттиҳодияи синфӣ зарур аст?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Бархӯрди манфиатҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ҳатто дар сари таъсиси ҳамин кооператив ё Хадамоти алтернативии Почта, ки бо сармояи хориҷиҳо бояд ба фаъолият оғоз кунад. Ман ҳамеша такя мекунам ба инсоф. Ба инсофи онҳое, ки ҳоло вориди раёсат шуданд ва панҷ сол бо онҳо кор мекунам. Агар дидаву дониста аз ҳуқуқи як журналист дифоъ накунем, пас, ин роҳбарии мо чӣ маъно хоҳад дошт ва инсоф дар куҷо мемонад. Шояд, ки дар оянда Иттифоқ ба як созмони тавоно мубаддал гардад. Аммо ҳозир аз ин одамҳо хеле чизҳо вобаста аст. Масалан, ҳоло ки Нуриддин Қаршибоев, Зиннатулои Исмоил ва Хуршеди Атовулло, ки ҳар кадоме созмонҳои дигари журналистиро роҳбарӣ мекунанд, вориди раёсат шуданд, метавонанд рисолати ин иттиҳодияро низ ба анҷом расонанд. Барои мисол, агар дар мавриди масъалае ихтилофи назар буруз кард ва дар Иттифоқ гапашон нагузашт, онҳо метавонанд ба воситаи созмонҳои худ сухани худро бигӯянд. Бубинед, ҳоло масалан рӯзи 11 март -рӯзи Иди касбии рӯзноманигорон боиси ҷангҷолҳои зиёд мешавад. Ин рӯз ба ҷои он ки мардумро муттаҳид кунад, баръакс ҷудоӣ меоварад. Журналистҳо ба давлативу ғайридавлатӣ ҷудо шудаанд. Ман дар 5 соли кор инро мушоҳида кардам. Масалан, чорабинии асосиро дар ин рӯз вазорати фарҳанг доир мекунад ва мо онҳоро танҳо ҳамроҳӣ мекунем. Ҳоло бо ҷамъ овардани масъулини созмонҳои рӯзноманигорӣ ин ҷашнро минбаъд худи рӯзноманигорҳо метавонанд ба даст бигиранд. Мо ҷудо нашавем, ҷудо накунем, чун иди касбии мост. Вале ҳоло ҳамин тавр аст.”

[b]Ҳамкорӣ: Аз САҲА то Талко[/b]

[b]Радиои Озодӣ: Тӯли панҷ соли фаъолият дар раъси ИЖТ ҳамкориро бо созмону муассисаҳои дохиливу хориҷӣ чи гуна ба роҳ мондед, оё онҳо кӯмак карданд?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Тӯли ин панҷ сол мо ҳамкориҳои зиёд доштем, ҳам бо созмонҳои байнулмилалӣ, сафоратҳо ва низ ниҳодҳои давлатӣ. Ҳамкориҳои мо бо САҲА, сафорати Амрико ва Бритониё, созмони Интернюс нетворк ва аз ниҳодҳои давлатӣ каму беш бо Оҷонсии мубориза бо маводди мухаддир ва Идораи бозрасии давлатӣ ё ГАИ.”

[b]Радиои Озодӣ: Бо корхонаи Талко чӣ?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Бале, бо Талко низ барномаҳои ҳамкориро рӯи даст дорем, аз ҷумла як лоиҳаи якҷояро пиёда кардем. Фаъолияти котибони матбуотии вазорату идораҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.”

[b]Радиои Озодӣ:[/b] Ба унвони яке аз соҳибрӯзномаҳо, ки дар бозори матбуот фаъолият доред, метавонед бигӯед, ки болотарин тиражи нашрияҳои Шумо дар кадом солҳо иттифоқ афтода буд?

[b]Акбари Саттор:[/b] “Болотарин тиражро нашрияи «Дайджест-пресс» дошт, ки ин шумора то соли 2000 идома кард, яъне то саду бист ҳазор ва баъдан «Чархи гардун», ки то 80 ҳазор нусха мунташир мешуд.”

Шоколадро мехарад, нашрияро не

[b]Радиои Озодӣ: Ҳозир чаро чунин нест?[/b]

[b]Акбари Саттор:[/b] “Дар ҳар намуди тиҷорат аз ҷумла дар тиҷорати рӯзнома ҳам чанд омил нақш мебозад. Яке омили нуфус ва ё шумори аҳолӣ аст. Масалан агар аҳолии кишвар 10 миллион бошад, шояд 100 ҳазор нашрия чоп шавад. Аммо имрӯз мардуме, ки мехоҳад бихонад, пул надорад, вале онҳое, ки пул доранд ба мутолиа рағбату завқ надоранд. Дар маҷмӯъ теъдоди ҳама рӯзномаҳо кам аст. Мо бояд нархро поин барем ва арзон кунем. Аммо нарх он вақт арзон мешавад, ки тираж боло бошад ва реклама дошта бошем ва ё коғаз арзонтар дастрас шавад. Ин ҷо мехоҳам аз таҷриба як чизеро бигӯям. Мо як нашрия дорем бо номи «Аладдин», аз соли 1999 чоп мешавад, ба таври ранга ва бо забони русӣ. Баъдан мо нусхаи тоҷикии он «Анӯшервон»-ро таъсис додем. Метавон гуфт нусхаи тоҷикии «Аладдин». Ҳарчанд талош мекунем «Анӯшервон» аз як ҳазор дона зиёд намеравад, дар ҳоле ки «Аладдин» то 12 ҳазор нусха чоп мешавад. Ҳатто ба мактабҳо рафта ташвиқот ҳам кардем, нашуд. Мардуми мо ба тарбияи маънавии кӯдак чандон эътибор намедиҳад. Масалан, як шоколади 3 сомониро мехарад, аммо нашрияи 1 сомониро намехарад. Ҳоло баъзе аз ҳамватанони мо хонаҳои бошукӯҳ сохтаанд, дар баъзеаш будам. Гаронтарин ҷиҳоз харидорӣ шудааст, аммо барои мутолиаи фарзандон шароите, ки бояд бошад, фароҳам нест. Ба кӯдакҳо телефонҳои гаронбаҳо мехаранд, аммо нашрия намехаранд. Ҳоло ин пулдорҳои мо ашрофзода нестанд. Барои шаҳрӣ шудан чанд насл бояд иваз шавад. Барои он ки сокини пойтахт бошиву шаҳрӣ шавиву тафаккури шаҳрӣ дошта бошӣ, бояд чанд насл иваз шавад.

[b]Тафаккури мо ҳанӯз деҳотӣ аст…[/b]

Як вақт Сайёфи Мизроб назди ман омаду гуфт, биё, як нашрия мекушоем, ту маблағгузорӣ кун, номашро мегузорем “Элита”. Гуфтам “Элита”-ро барои кӣ нашр мекунӣ? Гуфт барои элитаи худамон. Ман гуфтам, ки мо дар куҷо элита дорем: на элитаи сиёсӣ, на фарҳангӣ ва на иқтисодӣ дорем. Нест, надорем. Оне, ки мо дирӯз аз қишлоқ омадем, соҳиби мошин, ҷои кор, хонаву пул ва пойтахтнишин шудем, маънои элита буданро надорад чун тафаккури мо ҳанӯз қишлоқӣ аст. Мо хонаҳоямонро имрӯз таъмири зебои аврупоӣ мекунем, дар тақлиду пайравӣ он чизеро аврупоӣ пӯшад, пӯшида истодаем, лекин тафаккурамон ҳамоно музофотӣ боқӣ монд. Он урфу одатеро, ки дар қишлоқ доштем гирифта бо худ овардаем. Ҳар кас аз деҳае худ як расмеро овард ва инҷо шуд шаҳр. Ҳама корамон нимкора:- нимакоммунист, нимисломист, нимҷангзада ва нимашаробӣ ва ҳамааш омехта шудааст. Дар журналистика ҳам ҳамин тавр аст. Барои онки ин ҳама имрӯз пулро диданд. Мо ҳатто муносибат бо пулро ёд нагирифтаем. Бубинед, чаҳор сум пул меёбад, муносибаташ тамоман дигар мешавад. Журналистҳои мо ҳам ҳамин хел. Дар журналистика ҳам тафаккури Шӯравӣ ба тиҷорат омехтааст. Аз як тараф мехоҳад тиҷорат кунад аз тарафи дигар тафаккур тафаккури кӯҳна. Ман шахсан худам будам журналисти оддӣ, будам муҳаррир, будам муассис. Ин се нафар аст, се нафари алоҳида. Ман ҳамчун журналисти оддӣ барои ҳар як ҷумла ва калимаам мубориза мебурдам. Мо дар ҷаласаҳо ҳамон ба истилоҳ “пятиминуткаҳо” мақолаамонро мефурӯхтем. Мавзӯъ пешниҳод мекардем. Далел меовардем, исбот мекардем, ки чаро ин мавзӯъ бояд навишта ва чоп шавад. Ҳозир ман маҷбур мешавам, ки фикр кунам ва мавзӯъ диҳам. Чаро ман бояд мавзӯъ диҳам. Ҳозир ман кордиҳанда нестам. Ҳоло ман як майдонча медиҳам, ки журналист пул кор кунад: ҳам ба худаш, ҳам барои ман. Ин аст фаҳмиши бозор. Бубинед, чи хеле пештар ҳам гуфтам, ду сол мешавад мо наметавонем ҳамон кооператив ё Хадамоти алтернативии Почтаро роҳандозӣ кунем. Ба хотири чӣ? Ба хотири он ки манфиатҳо бо ҳам бархӯрданд. Бояд манофеи гурӯҳи калони соҳибрӯзномаҳо, ки дар таъсиси он масъулият дорем, ба ҳам ояд, намеояд. Зеро намехоҳанд дар баробари нашрияи онҳо рӯзномае, ки нав таъсис ёфтааст, фурӯхта шавад. Лекин шарти хориҷиҳо, онҳое, ки ин лоиҳаро сармоягузорӣ мекунанд, маҳз чунин талабот дорад. Яъне, ду сол аст мо баҳси журналистӣ дорем, на тиҷоратӣ. Журналист ҳамеша мушкилот мекобад ва онро матраҳ мекунад, тоҷир бояд онро ҳал кунад. Сухани охир аз тоҷир аст. Ман аз кӯдакиам дар мағоза бузург шудаам. Падарам дӯкони сайёр (автолавка) дошт. Аз кӯдакӣ даруни пул калон шудам, ҳарчанд пули мо набуд, пули давлат буд. Мо пул ҳисоб мекардем, ҳар ҳафта 20-30 ҳазор, дарза-дарза пулро падарам ба бонки давлатӣ месупорид. Чашмам сер буд. Се соле, ки дар Санкт-Петербург мехондам шабҳо кор мекардам, рӯз дарс мехондам ва бегоҳ машқ-варзиш. Барои он ки ба кор дароям, ду ҳафта пушти дари сардабири «Тоҷикистони советӣ» нишаста будам. Ҳозир журналистшаванда, оне, ки мехоҳад кор бигирад, занг мезанаду бидуни кадом муқаддима ва ҳатто салом мепурсад, дар куҷоӣ? Хуб, масалан, дар сари дастурхон ё дар ҷаласа ҳастам. Мегӯяд, тезтар биё, ки вақт надорам, яъне ба кордеҳ ин тавр муносибат мекунад. Ҳамаи ин аз фаросати қишлоқии мо аст. Ҳоло мо шаҳрнишин нашудаем. Вале мехоҳем худамонро аз будамон зиёд нишон диҳем…»

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24363090.html

«Даҳони баста»-и милисаҳо дар Кӯлоб

[b]Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, мақомоти милисаи Кӯлоб дигар дар бораи кору фаъолияти худ ба онҳо иттилоъ намедиҳад.[/b]

Ба гуфтаи онҳо, тайи як моҳи ахир Шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ аз додани ҳамагуна иттилоъ ба хабарнигорон худдорӣ мекунанд.

[b]»…РАФТА АЗ ВАЗИР ПУРС»[/b]

Билоли Шамс, як тан аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, дар як соли пеш аксари сардорони Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб омодаи сӯҳбат бо рӯзноманигорон буданд, вале ҳоло бо далелҳои гуногун намехоҳанд, иттилоеро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузоранд.

Ӯ мегӯяд: «Вобаста ба ягон ҳодиса ё ягон коре, ки бевосита ба онҳо дахл дорад, муроҷиат мекунам ё баҳона мекунанд ва ё тамоман иттилоъ намедиҳанд. Барои мисол, чанд рӯз пеш барои гирифтани иттилоъ ба назди Искандаров, сардори ШКД-и Кӯлоб рафтам, гуфт, ки сӯҳбат намекунам. Сардори шӯъбаи корҳои дохилии Фархорро дар масъалаи дигаре пурсидам, гуфт, ки ин масъаларо рафта аз вазир пурс. Дар ҳоле, ки суолҳои мо бевосита ба фаъолияти кории худи онҳо дахл дошт. Ҳозир гирифтани иттилоъ тамоман аз ин ниҳод номумкин шудааст».

[b]ОЁ ФАРМОН АЗ БОЛО АСТ?[/b]

Сулаймон Холзода, яке дигар аз хабарнигорони маҳаллӣ мегӯяд, ба ӯ ҳам намояндагони Бозрасии давлатии автомобилӣ, мизҳои шиносномадиҳӣ гуфтаанд, ки «аз боло фармон аст, ки дигар ба рӯзноманигорон сӯҳбат накунед.»

Ҷаноби Холзода афзуд: «Ҳангоми муроҷиат мегӯянд, ки рафта аз вазири корҳои дохилӣ мактуб биёред, баъд сӯҳбат мекунем ва иттилоъ медиҳем. Ба гуфтаи баъзеи онҳо, гӯё Вазорати корҳои дохилӣ мактуб равон кардааст, ки ба журналистон ахбор надиҳед.»

Орзу Ҳамидов, хабарнигор ва муассиси ҳафтаномаи «Пажвок» дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар сурати талоши бештар барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти милиса, онҳо ба гирифтани иттилоъ аз маркази матбуотӣ ишора мекунанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ хабарнигори маҳаллӣ ба маркази матбуотии ин Вазорат дастрасӣ надорад. Аз сӯи дигар, ба қавли ӯ, ҳар як мансабдор ва масъул тибқи қонунҳои Тоҷикистон дар додани иттилоъ мустақиланд.

Орзу Ҳамидов афзуд: «Ин амали масъулини милиса фазои холии иттилоотии минтақаи Кӯлобро боз ҳам холитар мекунад. Аз тарафи дигар як рӯзноманигори маҳаллӣ то ба Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад, ки ин хабар кӯҳна мешавад ва аҳамияти худро аз даст медиҳад. Дар ягон гӯшаи дунё чунин нест ва ҳама масъулин салоҳият доранд, ки дар доираи он метавонанд, сӯҳбат кунанд. Имрӯз ҷинояткорӣ афзоиш ёфтааст ва фикр мекунам, ки милисаҳо барои коҳиш додани он аз ВАО истифода кунанд, на ин ки аз он гурезанд.»

[b]МАСЪУЛИН АЗ ШАРҲИ МАВЗУЪ ХУДДОРӢ МЕКУНАНД[/b]

Дар ҳамин ҳол, ягон масъули Шӯъбаи корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва мизҳои шиносномадиҳӣ розӣ нашуданд, то бо «Озодӣ» мавзӯъи иттилоъ надоданашонро шарҳ диҳанд. Танҳо як масъули милиса, ки нахост, номашро зикр кунем, гуфт, акнун пас аз додани иттилоъ онҳо аз масъулини болоӣ сарзаниш мешунаванд. Ӯ гуфт: «Мо дар болои худ роҳбар дорем. Гуфтанд, ки сӯҳбат накунед, намекунем.»

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар минтақаи Кӯлоб дуздии амволи сокинон, фавти мӯътодон аз ҳисоби истеъмоли зиёди маводи мухаддир, садамаҳои нақлиётӣ афзоиш ёфтааст, вале милисаҳои маҳаллӣ барои коҳиш додан ва пешгирии чунин ҳодисаҳо ҳеҷ тарғиботе тариқи Васоити ахбори омма анҷом намедиҳанд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо иттилоеро мехоҳанд дастрас кунанд, ки пахши он тариқи аз ВАО ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

Мӯъмин Аҳмадӣ

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24362142.html

Ҳимояти намояндаи САҲА аз Исмоилов ва Усмонов

[b]Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот хостори бозбинии ҳукми М.Исмоилов ва У. Усмонов шуд.[/b]

Дуня Миятович, намояндаи ин созмон гуфтааст, ки ин ду хабарнигоре, ки рӯзи ҷумъаи гузашта маҳкум шуданд, бо ҷурми фаъолияти касбӣ таъқиб мешуданд ва дархости бозбинии ҳукми онҳо бояд муроот шавад.

Дуня Миятович изҳори умедворӣ кард, ки иттиҳомоти алайҳи хабарнигори “Нури зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоилов ва гузоришгари бахши узбакии Бӣ-Бӣ-Сӣ дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов лағв хоҳад шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов 35 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, бо ҳукми додгоҳ барои 3 сол аз ҳаққи хабарнигорӣ маҳрум шуд. Аммо Урунбой Усмонов бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳизби Таҳрир 3 сол ҳукми зиндон гирифт, вале ба дунбол афв шуд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд: «Бовар кунед, аз ин ҳукм чандон розӣ нестам. Ба чӣ далел маро ҷарима ва ба мӯҳлати се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум мекунанд? Наход даҳони кормандони васоити ахбори оммаро бубанданд. Ҳоло он, ки мо ба фоидаи ҷамъият кор кардем. Мо бештар аз камбудиҳо гуфтем ва ба ислоҳи он таъкид намудем, на чизе бештар аз он.»

Урунбой Усмонов низ ба дунболи эълони ҳукми додгоҳ, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба хотири исбот кардани бегуноҳиаш ба додгоҳи болотар шикоят хоҳад бурд.

Хонум Миятович гуфт, ин ду қазияро зимни сафараш ба Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон матраҳ хоҳад кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24362889.html

«Додгоҳҳои намоишӣ» таҳдид ба рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аст»

[b]Ҳарчанд давлати Бритониё аз афв шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд истиқбол мекунад, вале дар заминаи ин, ки додгоҳ ӯро муҷрим шинохт, «тардидҳо дорад.»[/b]

Ин суханонро Девид Лингтон, раиси бахши Урупои вазорати хориҷаи Бритониё дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ алайҳи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт.

Ин мақоми давлати Бритониё гуфт: “Мо аз ин, ки хабарнигори маҳаллии Би-би-сӣ афв шудааст, истиқбол мекунем. Зеро акнун оқои Усмонов як шаҳрванди озод аст. Аммо мо дар бораи муҷрим шинохта шудани ӯ аз сӯйи додгоҳ ва ҳукми додгоҳ алайҳи ӯ сахт тардид дорем.”

Вай афзуд: “Мо ҳамчунин дар мавриди наҳваи баргузории муҳокимаи додгоҳ, тардидҳо дорем.”

Оқои Лингтон гуфт, давлати Бритониё аз теъдоди муҳокимаҳои додгоҳии хабарнигорон дар робита ба мавзӯъи “латма ба шаъну шараф”, ки аҳёнан метавонанд, боъиси зиндонӣ шудани онҳо шаванд, нигарон боқӣ мемонад.

Оқои Лингтон дар изҳороташ гуфт: “Озодии баён бояд дар меҳвари ҳар кишвари демукротик бошад. Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки усулҳои рӯзноманигории байналмилалиро бипазирад.”

“Рӯзноманигорон бояд бим аз таъқиб ва маҳкумият ба зиндон, фаъолияти худро анҷом дода таваонанд.”

Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар ин вилоятро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо маъоф кард.

Пас аз зӯҳри ҳамин рӯз додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Аштро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» дар «тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» муттаҳам шуда буд ва то баргузории муҳокимаи додгоҳ, беш аз 11 моҳ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ба ин хотир додгоҳ тасмим гирифтааст, ки аз ҷаримаи 52 ҳазорсомонии ӯ 17 ҳазор кам карда шавад.

Вай пас аз эъломи ҳукми додгоҳ аз толори додгоҳ озод шуд.

[b]“Додгоҳҳои намоишӣ”[/b]

Рӯзноманигорони Бидуни Марз рӯзи 14-уми октябр пас аз ин, ки додгоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон ду рӯзноманигорро дар мавориди мухталиф муҷрим шинохта ва алайҳи онҳо ҳукм баровардаанд, нигаронии худро баён кард.

Дар баёнияи ин ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон мехонем: “Мо аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов, ки тақрибан як сол, бидуни таваҷҷӯҳ ба вазъи саломаташ дар боздошт ба сар бурд, билохира озод шуд.”

Аммо баёния меафзояд: “Бо ин вуҷуд, ҳукми додгоҳҳо ҳам алайҳи ӯ ва ҳам алайҳи Урунбой Усмонов ғайри қобили қабул ҳастанд. Ин ду рӯзноманигор аллакай барои мустақилияти худ қимати хеле боло пардохтаанд. Онҳо бояд табраъа мешуданд ва ба онҳо ҳатто ҷубронпулӣ бояд дода мешуд.”

“Ба ин хотир мо аз тасмими онҳо дар бораи шикоят ба додгоҳи олӣ комилан пуштибонӣ мекунем.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз ҳамчунин навиштааст, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”

“Системи қазоӣ талош кард, обрӯйи худро наҷот бидиҳад. Аммо додгоҳҳои намоишӣ натавонистанд, истиқлолияти додгоҳро нишон бидиҳанд.”

Созмони Рӯзноманигорони Бидуни Марз Тоҷикистонро дар миёни 178 кишвари ҷаҳон дар феҳристи озодии баён дар ҷойи 115 қарор додааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111015_sq_media_reaction_urunboy.shtml

АКБАРИ САТТОР: «ҲАДАФИ МО БЕШТАР КАРДАНИ УЗВИ ИЖ НЕСТ»

[b]Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид. Муҳимтарин таҳаввули анҷумани 11-уми Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон интихоби дигарбораи Акбари Саттор ба унвони раиси ин иттиҳодия буд.[/b]

Интихоби ӯ ба ин мақом кори қобили пешбинӣ буд ва ҳамчунон бидуни рақиб дубора номзад шуд ва бо иттифоқи оро барои панҷ соли дигар ба симмати созмони собиқадортарини журналистони Тоҷикистон баргузида шуд. Оқои Саттор мегӯяд, барномаи ӯ дар панҷ соли оянда идомаи барномаи панҷ соли гузашта хоҳад буд. Яъне такмили Иттиҳодияи журналистон, ки бештару беҳтар битавонад барои ҳалли масоили рӯзномагирон ва рӯзноманигорӣ мусоидат кунад.

Акбари Саттор мегӯяд: «Барномаи мо асосан такмил додан аст. Ҳар он барномаеро, ки натавонистем иҷро кунем ва ё нимакора доштем, мехоҳем онро ба иҷро бирасонем. Масалан, мехостем як маркази таҳқиқоти журналистӣ дошта бошем, рӯзномаи «Сухан»-ро дубора нашр кунем, ки натавонистем. Аъзоро ҷавон кунем, аъзои раёсатро хеле ҷавон кардем. Аммо ҳадаф зиёд кардани аъзо нест. Дар раёсат мавқеъ ва нукта назарҳои мухталифро ҷой додем, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад.»

Гуфтанист, ки ҳамчунин Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”, ба унвони номзад ба раёсати Иттиҳодияи журналистон аз сӯи бархе вакилон муаррифӣ гардид, вале ӯ номзадии худро бозпас гирифта ва вориди рақобат нашуд. Оқои Сайёф ин иқдоми худро ба вазъи сиҳатии худ марбут донист ва гуфт, сиҳаташ феълан ба ӯ ин имконро намедиҳад, ки ин масъулиятро бар ӯҳда бигирад.

Аммо тасаввуроти комил ин аст, ки Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мисли Иттиҳодияи нависандагони кишвар ҳамчунон як созмони зери нуфузи ҳукумат ва ҳоло дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва аксари ҳозирин дар ин анҷуман низ масъулини ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ ё умдатан собиқадорону ҳаводорони давлат буданд.

Баҳси дигари бархе аз вакилони Анҷумани журналистон ин буд, ки раис ва аксари аъзои раёсати нави Иттиҳодияи журналистон масъулини расонаҳо интихоб шудаанд. Дар ҳоле ки Иттиҳодияи журналистон як созмони ҳирфаист ва ҳадафи аслии он ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон мебошад. Вале аъзои раёсати Иттиҳодияи журналистон, ки ҳама масъулин ва корфармоён ҳастанд дар сурати пеш омадани бархӯрди манифатҳо дар тарафи кӣ қарор хоҳанд гирифт: Дар тарафи корфармо, яъне худашон ва ё дар тарафи ҷабрдида?

Қироншоҳи Шарифзода, вакили Анҷумани Иттиҳодияи журналистон ва устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд: «Мо гуфтем, ки фақат сардабирон ва моликони рӯзномаҳо дар раёсат набошанд. Журналистони қаторӣ ҳам бошанд ва кордиҳандаҳо аксариятро набояд дар раёсат ташкил кунанд. Зеро мо солҳои охир шоҳиди нақзи ҳуқуқи худи хабарнигорон аз сӯи корфармоҳо ҳастем. Вале, мутаассифона, пешниҳодҳо ба эътибор гирифта нашуданд ба ҳамин хотир ман зид овоз додам ба ҳайати раёсат.»

Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, роҳи осонеро барои ҳалли чунин баҳсҳо пешниҳод мекунад. Ӯ мегуяд, ба манзури ҳалли баҳсҳои корӣ бояд Иттифоқи касабаи журналистон таъсис шавад. Ин дар ҳолест, ки худи Иттиҳодияи журналистон созмони коргарии рӯзноманигорон, яъне ба истилоҳ иттифоқи касаба ба шумор меравад.

Ба ҳар сурат, Акбари Саттор, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.

Дар панҷ соли пеш, баъди ба раёсати Иттиҳодияи журналистон нишастани Акбари Саттор, фаъолияти ин созмони журналистии бозмонда аз Шӯравии пешин ҷони дубора гирифт. Аммо боз ҳам бархе аз хабарнигорони тоҷик фаъолияти Иттифоқи журналистонро дар дифоъ аз ҳуқуқи журналистон муассир намедонанд, вале ин иттиҳодия ахиран дар чандин муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ имзо гузошта, мавқеи худро дар мавриди баҳсҳои додгоҳии нашрияҳо баён кардааст.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6336.html

Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид

[b]Интихоби дигарбораи ӯ ба ҳайси раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон имрӯз, 15 октябр, зимни баргузории Анҷумани 11-уми ин иттиҳодия дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.[/b]

Ҳарчанд гурӯҳе аз хабарнигорон номзадии Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”-ро ба раҳбарии Иттифоқи журналистон пешбарӣ карданд, аммо худи ӯ инро рад намуд.

Акбари Саттор, аз медиамагнатҳои Тоҷикистон, ки чандин нашрияҳои мустақил, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад, панҷ сол боз раҳбарии ин иттиҳодияро ба ӯҳда дошт. Вай ин вазифаро аз раҳбари собиқи ин иттиҳодия марҳум Мирзоҳаёт Давлатов гирифта буд.

Оқои Саттор, ки ҳамакнун то панҷ соли дигар дар садри Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон боқӣ мемонад, гуфт, ки фаъолияти иттиҳодияро таҳким мебахашад ва ҳам барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик ва покизагии забони матбуот талошҳо анҷом хоҳад дод.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд.

Дар ҳоле ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд. Аз ҷумла, то ҳанӯз баҳси ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бо муовини вазири корҳои дохилӣ, Анвар Тағоймуродов, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе идома дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24360479.html

Бо эъломи ҳукми додгоҳ Маҳмадюсуф Исмоъилов аз толори додгоҳ озод шуд

[b]Додгоҳи шаҳри Табошар Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигор дар шимоли Тоҷикистонро ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.[/b]

Ин хабарнигори нашрияи маҳаллии «Нури Зиндагӣ» пас аз 11 моҳи боздошташ ба иттиҳоми «таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ» пас аз эъломи ҳукми додгоҳ дар Хуҷанд дар рӯзи 14-уми октябр аз толори додгоҳ озод шуд.

Саодат Атоева, қозии парванда гуфт, ки ӯ ба пардохти ҷаримаи 52 ҳазору 500 сомонӣ ба давлат ва ба се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум шуд. Аммо ба далели ин, ки оқои Исмоъилов даҳ моҳу 26 рӯзи худро дар боздошт сипарӣ кард вай акнун танҳо бояд 35 ҳазор сомонӣ ба давлат ҷарима супорад.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили мудофеъи оқои Исмоъилов ҳукмb додгоҳро «одилона» хонд ва гуфт, ки алайҳи ҳукми ин додгоҳ ба додгоҳи истинофӣ шикоят нахоҳад бурд.

Ҳарчанд оқои Исмоъилов дар иттиҳомоти ворида ба ӯ, яъне «тӯҳмат, тамаъҷӯйӣ ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта шуд, бо дарназардошти озод шудани ин хабарнигор аз толори додгоҳ, Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ? ҳукми додгоҳро «мунсифона» хонд.

Вай гуфт: «Bн ҳукми додгоҳ дарвоқеъ тантанаи адолат дар Тоҷикистон аст ва озодии ин хабарнигор аз боздошт обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ хеле боло хоҳад бурд.»

Оқои Исмоъилов барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи мақомоти давлатии ноҳияи Ашт боздошт шуда ва аз 23 ноябри соли гузашта дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Вай аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ ба «тамаъҷӯӣ, маҳаллгароӣ, тӯҳмат ва таҳқир» муттаҳам шудааст.

Амирҷон Ғафуров, додситон ва айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ талаб карда буд, ин хабарнигори тоҷик ба муддати 16 сол маҳкум ба зиндон шавад ва тибқи қонуни авф 2 сол ҳукми вай кам карда шавад.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, дар баёнияи худ боздошти Муҳаммадюсуф Исмоъиловро маҳкум карда ва гуфта буд, ки аз дархости додситонӣ, яъне таъйини 16 сол зиндон ба иттиҳоми «тӯҳмат» ба ин хабарнигор «ваҳшатзада» шудааст.

Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори зиндонии тоҷик, дар ҷаласаи додгоҳ, ки имрӯз 13 октябр, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, зимни охирин суханаш аз додгоҳ дархости табраъа карда буд.

Қазияи додгоҳии ин хабарнигори нашрияи «Нури зиндагӣ» вокунишҳои густардаи созмонҳои дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМРМТ) ва ё НАНСМИТ пайваста боздошти ӯро ба чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои қудратӣ марбут мехонад.

Созмонҳои бонуфузи Гузоришгарони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон (CPJ) аз давлати Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки Маҳмудюсуф Исмоъиловро озод кунад.

Гузоришҳо ҳокист, ки тайи соли 2010 мtлодӣ дар Тоҷикистон чанд нашрия бо баҳонаҳои мухталиф ба додгоҳ кашида шуда ва хабарнигорони зиёде низ барои нашри матолиби интиқодомез бо фишори мақомоти давлатӣ ва афроди алоҳида рӯбарӯ шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_sq_aa_media_ismailov.shtml

Ҳушдори Би-би-сӣ дар робита ба маҳкумияти Урунбой Усмонов

[b]Шабакаи хабарии Би-би-сӣ бо судури баёнияе ҳукми додгоҳ дар бораи муҷрим шинохтани Урунбой Усмонов, хабарнигори худ дар Тоҷикистонро шадидан маҳкум кардааст.[/b]

Додгоҳи вилояти Суғд хабарнигори Би-би-сиро дар «иртибот бо ифротгароёни исломӣ» муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард, вале ҳамзамон ӯро тибқи қонуни афв аз иҷрои ҷазо маъоф кард.

Урунбой Усмонов ин ҳукми додгоҳро «беадолатӣ» унвон карда ва вакилони мудофеъи вай гуфтанд, ки ба додгоҳи истинофӣ шикоят хоҳанд бурд.

Дар биёнияи Би-би-сӣ омадааст, ин созмони расонаӣ муътақид аст, ки ҳеҷ гуна шавоҳиде барои таъйиди иртикоби тахаллуфе аз сӯи оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ пайдо нашудааст ва танҳо табраъаи комил ва бидуни маҳкумияти ин хабарнигор қобили қабул аст.

Би-би-сӣ мегӯяд, «сарфи назар аз ҳукми додгоҳ дар бораи афви ӯ оқои Усмонов мехоҳад ба додгоҳи таҷдиди назар барои дифоъ аз ҳайсият ва обрӯи худ шикоят бубарад.»

Питер Ҳорокс, раиси барномаҳои ҷаҳонии хабарии Би-би-сӣ дар ин баёния гуфт: «Мо ба дифоъи худ аз Урунбой идома хоҳем дод ва умедворем, ки таҷдиди назар дар бораи ҳукми додгоҳ номи неки ӯро ба унвони як нависанда ва рӯзноманигори шинохта барқарор хоҳад кард.»

Ӯ афзуд: «Мо ҳамчунин қасд дорем барои дарёфти посух дар мавриди бадрафторӣ ва эъмоли шиканҷа нисбати Урунбой дар боздоштгоҳ иқдом кунем ва нигарониҳои воқеъии худ дар робита ба навоқиси раванди таҳқиқи қонуниро дар ин қазия матраҳ кунем.»

Оқои Усмонов дар ҷараёни додгоҳ зимни ироаи посух ба пурсишҳо ба додгоҳ гуфт, ки пас аз боздошташ дар рӯзи 13 июн ӯ дар боздоштгоҳ шиканҷа шудааст, аз ҷумла мавриди зарбу шатм қарор гирифта ва маъмурини амниятӣ дастони ӯро бо сигор сӯзондаанд.

Баёния меафзояд: «Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ӯро маҷбур кардаанд, то эътирофотеро имзо кунад, ки барояш қироъат шуда буд.»

Ин дар ҳолест, ки вакилони мудофеъи оқои Усмонов низ тамоми далоилеро, ки бозрасон ҷамъоварӣ кардаанд, «берун аз эътибори қонунӣ» хондаанд, зеро ба гуфтаи онҳо «ин далоил бо истифода аз шиканҷа ва бо нақзи муқаррароти тафтишу таҳқиқ ба даст оварда шудаанд.»

Вакилони мудофеъ дар додгоҳ хостанд, ки Эраҷ Давлатов, масъули бахши амниятии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки Урунбой Усмоновро боздошт карда буд, “ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад” ва алайҳи Хуршед Досов, раҳбари гурӯҳи бозрасони бахши кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Саидмуҳиддин Саймудинов, бозраси ин парванда, “таъйиноти махсус бароварда шавад.”

Дар ҳамин ҳол рӯзи 13-уми октябр Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон бо интишори баёнияе аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки «иттиҳомоти бемаврид алайҳи Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов лағв ва онҳо бидуни шарту шароъит озод шаванд.»

Як соат қабл аз эъломи ҳукми додгоҳ дар робита ба Урунбой Усмонов, додгоҳи шаҳри Табошар ҳукми худро дар робита ба парвандаи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори маҳаллии ноҳияи Ашт содир кард.

Ин хабарнигори маҳаллӣ, ки аз 23 ноябри соли гузашта дар боздошт қарор дошт аз толори додгоҳ озод шуд, вале додгоҳ ӯро дар «тӯҳмат, таҳқир ва маҳалгароӣ» муҷрим шинохта ва ба пардохти беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима ва се соли худдорӣ аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Нина Огнианова, раиси барномаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯноманигорон гуфт, ки «ҳар ду хабарнигорон (Урунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоъилов) ба хотири гузоришгарии мустақилонаи худ дар бораи мавзӯъоти муҳимми иҷтимоъӣ таъқиб шудаанд, на барои чизе дигар.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/10/111014_l16_bbc_statement_urunbay.shtml

«Бо 52 сомонӣ нафақа 35 000 ҷаримаро чӣ гуна пардозам?»

[b]Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ дар бораи ҷарима шудани ӯ розӣ нест.[/b]

Раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов пас аз 10 моҳу 26 рӯз аз боздоштгоҳро вакилони дифоъ, рӯзноманигорону созмонҳои хабарнигории тоҷик ва ҳам дӯстону мухлисони қалами ӯ хуш истиқбол карданд.

Додгоҳи Табошар ба сурати умум Исмоиловро мутобиқи чаҳор банди асноди ҷиноии Тоҷикистон: тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ гунаҳкор ҳисобид. Вале ба гуфтаи Саодат Атоева, раиси мурофиа, додгоҳ бо истифода аз ҳаққи худ барои сабук кардани таъйини ҷазо онро аз ҳабс дар маҷмӯъ ба 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима иваз кард.

Вай ҳамзамон гуфт, ки бо назардошти тақрибан 11 моҳ дар боздоштгоҳ будани Исмоилов ҷаримаи ниҳоӣ 35 ҳазор сомонӣ аст. Ҳамчунин, бино ба қавли мақомоти додгоҳ ӯ тӯли се соли оянда наметавонад ба фаъолияти хабарнигорӣ машғул бишавад.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, ҳукми додгоҳро дар муқоиса ба дархости додситон, ки 14 соли зиндони Исмоиловро талаб карда буд, «одилона» арзёбӣ кард. Вай афзуд: «Гумон мекунам, ин натиҷаи ҳамраъйии рӯзноманигорон ва созмонҳои хабарнигорӣ аст. Чунин қазияҳо ба ҳамкасбони дигари мо сабақ бошад, ки ба нақзи ҳуқуқи касе роҳ надиҳанд.»

Муҳаммадраҳим Абдуманнофов, яке аз дӯстони Муҳаммадюсуф Исмоилов ва аз фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон қазиаи Исмоиловро иқдоме аз ҷониби мақомот ба хотири маҳдуд кардани озодии баён ва маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигорони ошкоргӯ донист: «Ин як маъракаи дастаҷамъонаи мақомоти ноҳияи Ашт ба муқобили як рӯзноманигори мустақиле буд, ки фаъолияти номуассири онҳоро танқид мекард. Онҳо бо ҳамин роҳ мехостанд чашми хабарнигорон ва нашрияҳои мустақилеро, ки мақомотро зери интиқод мегиранд, тарсонанд. Онҳо, хушбахтона, ба ин мақсади ниҳоии худ нарасиданд, баръакс имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси байнулмилалӣ паст заданд, худро дар додгоҳ шарманда карданд ва хатову камбудҳои худро бори дигар рӯи об оварда, ба ҳама намоиш доданд.»

Қамари Аҳрор, хабарнигори нашрияи «Озодагон» дар Хуҷанд гуфт, маҳкум шудани Исмоиловро фишори равонӣ ба рӯзноманигорони боҷуръат ва мунаққид, бахусус, рӯзноманигорони навқалам аст. Вай афзуд: «Додгоҳ Исмоиловро раҳо кард, вале ӯро айбдор эълон намуд ва ҳам зери 35 ҳазор ҷарима. Хуб, акнун посухи қариб 11 моҳ дар маҳбас нигаҳ доштани ӯро кӣ медиҳад? Ба фикри ман, мақомот бо ин кори худ мехостанд рӯзноманигорони дигар аз худсензура кор бигиранд ва аз навиштани мақолаҳои танқидӣ худдорӣ намоянд.»

Муҳаммадюсуф Исмоилов тақрибан пас аз як соати эълони ҳукм аз боздоштгоҳи муваққат, ба истилоҳ СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд раҳо гашт. Вайро дар озодӣ гурӯҳи рӯзноманигорону вакилони дифоъ ва дӯстонаш истиқбол карданд. Аз чеҳраи Муҳаммадюсуф аён буд, ки озодӣ ба вай рӯҳу нерӯи тозае бахшидааст. Аз ҳарфи аввали ӯ маълум гашт, ӯро аз ҳама бештар маҳрум гаштанаш аз кори рӯзноманигорӣ нигарон кардааст: «Барои ман тамоман норӯшан, ки чаро 3 сол аз машғул шудан ба рӯноманигорӣ маҳрум карданд. Ман ба фоидаи мардум, ҷомеа кор кардам. Ин ҷо маро ҷаримаи калон бастанд. 11 моҳ нигаҳ доштанд. Ин чӣ хел мешавад?»

Исмоилов ҳамчунин гуфт, агар рӯзноманигорони тоҷик аз таълифи мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ даст кашида, фақат ба таърифу тавсиф машғул бошанд, аз ин барои пешрафти Тоҷикистон суде нахоҳад буд.

Муҳаммадюсуф Исмоилов ба гуфтаи худаш, аз давлат 52 сомонӣ, баробари синнаш нафақаи беморӣ мегирад ва парастории ҳамсару 3 фарзанд ва як хоҳари бемораш низ бар дӯши ӯст ва ҳоло намедонад ҷаримаро аз куҷо пардохт хоҳад кард.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24360108.html

Вокунишҳо ба «озодӣ»-и Исмоилов ва Усмонов

[b]СPJ ва RSW агарчӣ аз раҳоии ду хабарнигори тоҷик хуш шуда, вале муҷозот шудани онҳоро маҳкум мекунанд.[/b]

Йоҳан Бир, мудири бахши АвроОсиёи созмони Хабарнигорони бидуни марз, мақараш дар Порис, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз раҳоии Муҳаммадюсуф Исмоилов оҳи сабук кашид, вале ин ки ҳам Исмоилов ва ҳам Урунбой Усмонов муҷозот шуданд, таассуфангез ва ғайри қобили қабул аст.

Музаффар Сулаймонов, масъули Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар вокуниш ба ин ду ҳукм низ гуфт, аз раҳоии Исмоилов хуш шудаанд, вале муҷозот шудани ӯву хабарнигори Би-би-сиро маҳкум мекунанд ва ҳамчунон ба бегуноҳии ҳарду исрор меварзанд.

Ҳарду созмон хостори бознигарии ҳукми рӯзи 14 октябр дар қиболи ду хабарнигори тоҷик шуда, хостори лағви ин ду ҳукм шуданд. Ба таъбири оқои Сулаймонов, додгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо лағви ин ҳукмҳо домани худро аз доғи нангине, ки аз муҷозоти хабарнигорон ба обрӯи онҳо зада шуд, пок кунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=135]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=135[/url]

Источник: