Все записи автора admin

Ҳушдори САҲА аз маҳдудият ба озодиҳои интернетӣ

[b]Масъули САҲА дар умури матбуот аз хатари афзоянда ба озодии интернет дар Осиёи Миёна ҳушдор дод.[/b]

Дуня Миятович, масъули Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар умури матбуот ин нуктаро рӯзи сешанбе дар нишасти минтақавии «13-умин конфронси Осиёи миёнагии ВАО» дар Душанбе баён дошт.

Хонум Миятович аз ҳукуматҳои минтақа хост, дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунанд. Вай аз ҷумла афзуд, бастани торнамоҳо, полудани иттилоот, таъқиби хабарнигорон ва муқаррароти сахтгирона ва зербунёдҳои номуносиб мисли як сирояте барои Интернет аст.“

Дуня Миятович, гуфтааст, агарчӣ ҳукуматҳо ҳақ доранд барои муқобила бо ҷиноятҳои интернетӣ иқдом кунанд, аммо дар ин зимн озодии сухан набояд осеб бинад. Дуня Миятович дар ҷараёни сафараш қарор аст, бо Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мулоқот кунад.

Аз ҷониби дигар Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки сензура дар Тоҷикистон манъ аст, вале интернет бояд ба навъе идора шавад.

Ин суханони масъули САҲА дар ҳоле садо медиҳад, ки дар тобистони соли ҷорӣ як гузориши ин созмон аз маҳдудиятҳои ҳар чи бештари кишварҳои узви ин созмон дар истифодаи интернет ҳикоят мекард.

Созмони мустақар дар Вена бо нашри гузориши худ навишта буд, ки кишварҳое ҳастанд, ки даст ба масдуд ва ё филтркунии интернет зада, бо ин амали худ қариб ба таври доимӣ принсипҳои озодии баён ва матбуотро поймол кардаанд.

Дар ин гузориш инчунин гуфта мешуд, ки маводи масдудшаванда асосан марбут ба порнографияи кӯдакона аст, ки бар асоси машварати байни мақомот ва провайдерҳо ба чашм мехӯрад. САҲА мегӯяд, ки чунин корҳо бояд дар чаҳорчӯби қонунҳои мушаххас анҷом шавад. Ин гузориш мегуфт, ки дар 20 кишварҳои аврупоиву Осиёи Марказӣ аз пахши матнҳои шадидлаҳни танқидкунандаи ҳукумат ҷилавгирӣ мекунанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24405618.html

Сулҳи пинҳонии генерал Тағоймуродов ва «Азия-Плюс»

[b]Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони «Азия-Плюс» бо мусолимат анҷом ёфт.[/b]

Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, нашрияро барои мақолае роҷеъ ба шиканҷа ба додгоҳ кашида ва талаб кард, барои зарба ба шаъну шарафи муассисаи ӯ нашрия ва муаллифи матлаб 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

Ҳоло маълум мешавад, ҷаноби Тағоймуродов аз даъвои худ ва ҳам 1 миллион сомонӣ даст кашидааст. Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи рӯзномаи «Азия-Плюс», ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳанӯз дар моҳи октябр ва бинобар даст кашидани генерал Тағоймуродов аз даъвояш содир шуд ва дар таърихи 10 ноябр ба тасвиб расид. Аммо дар мавриди фарҷоми ин баҳси пурсарусадо бино бар шарти мусоҳила то кунун ҳеҷ расона иттилоъ надодаст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=150[/url]

Мирзонабии Холиқзод

Источник:

Сулҳи пинҳонии генерал Тағоймуродов ва «Азия-Плюс»

[b]Даъвои додгоҳии генерал Анвар Тағоймуродов бо нашрияи русизабони «Азия-Плюс» бо мусолимат анҷом ёфт.[/b]

Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҷанҷоли пурғавғоро бе сару садо ва ба шарти пахш накардани иттилоъ дар бораи фарҷоми парванда хотима диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, Анвар Тағоймуродов, нашрияро барои мақолае роҷеъ ба шиканҷа ба додгоҳ кашида ва талаб кард, барои зарба ба шаъну шарафи муассисаи ӯ нашрия ва муаллифи матлаб 1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ бипардозад.

Ҳоло маълум мешавад, ҷаноби Тағоймуродов аз даъвои худ ва ҳам 1 миллион сомонӣ даст кашидааст. Ба қавли Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи рӯзномаи «Азия-Плюс», ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳанӯз дар моҳи октябр ва бинобар даст кашидани генерал Тағоймуродов аз даъвояш содир шуд ва дар таърихи 10 ноябр ба тасвиб расид. Аммо дар мавриди фарҷоми ин баҳси пурсарусадо бино бар шарти мусоҳила то кунун ҳеҷ расона иттилоъ надодаст.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи “Азия-Плюс”: «Яъне Анвар Тағоймуродов аризаи худро пас гирифт ва аз даъвои худ даст кашид ва тарафҳо ба ин шароити мувофиқат намуданд. Ва дархости намояндаи Анвар Тағоймуродовро додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба эътибор гирифта ва онро аз идомаи баррасӣ боздошт. Як талаби онҳо ин буд, пас аз қатъ намудани аризаи даъвогӣ, набояд ҳафтаномаи «Азия плюс» дар саҳифаҳои худ аз ин пешниҳоди ҷониби даъвогӣ хабар ё мақола менавишт ё ба расонаҳо хабар медод.»

Ҳамин тавр ҳафтаномаи “Азия Плюс” бо риояи ин шарти муросо дар робита ба натиҷаи баҳси худ бо Генерал Тағоймуродов, аз пахши хабар худдорӣ кардааст.

Баъд аз чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “Азия-Плюс” таҳти унвони

Баъд аз чопи матлаби Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “Азия-Плюс” таҳти унвони «Бозрасӣ ё инкивизитсия ?»

дар таърихи 21-уми декабри соли гузашта дар мавриди истифода аз шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ, Анвар Тағоймуродов сардори пешини Раёсати ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД ва ҳоло муовини вазири умури дохилӣ ин нашрияро ба «тавҳину бӯҳтон» муттаҳам кард.

Анвар Тағоймуродов, нашрия ва муаллифи мақола Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашид ва1 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кард.

Намояндагии Анвар Тағоймуродовро дар ин баҳси додгоҳӣ ҷаноби Коров аз сӯҳбат бо радиои Озодӣ даст кашида ва заминаҳои расидан ба созишро ошкор накард.

Ҳамин тавр рӯшан нест, ки чаро Анвар Тағоймуродов аз даъвои худ гузашт. Вале бархе бо ишора ба ду куштори ахири боздоштшудаҳо дар идораҳои пулиси шаҳри Душанбе, ҳалокати Сафаралӣ Сангов дар идораи пулиси Сино-1 ва Баҳромиддин Шодиев дар идораи пулиси Шоҳмансур мегӯянд, агар “Азия Плюс” ба додгоҳ ҳам мерафт, ҳамин ду ҳодиса кофӣ буд, ки истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо собит шавад.

Генерал Тағоймуродов дар авҷи баҳсҳои додгоҳиву матбуотӣ бо “Азия-Плюс” аз мақоми раҳбари Раёсати ҷиноятҳои созмонёфта ба мақоми баландтар — ноиби вазири корҳои дохилӣ гузашт.

Рӯзноманигорон мусолиҳаи додгоҳии ҳафтаномаи «Азия Плюс» бо намояндаи аршади ниҳоди қудратиро ба гунаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд.

Намояндаи Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов аз поёни ин баҳс истиқбол мекунад ва мегӯяд, ки бинобар мустақил набудани додгоҳҳои Тоҷикистон ва он, ки баҳсҳо одилона сурат намегиранд, хуб аст, ки ин даъво бо некӣ ба охир расид: «Дар акси ҳол агар шахси мансабдори ҳукумат, масалан Тағоймуродов ба даъвои худ идома медод, шояд дастболо ҳам мешуд, вале ин ки чунин тасмим гирифт, дуруст аст.»

Вақте ки Анвар Тағоймуродов ҳафтаномаи «Азия Плюс»-ро ба тавҳину тӯтҳмат мутаҳам мекард, масъулони ин нашрия мегуфтанд, ки санадҳои катбиеро барои собит кардани истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар даст доранд.

Рӯзноманигори тоҷик Фазлиддин Асоев бар ин аст, ки агар рӯзноманигори “Азия Плюс” ба таври ҳирфаӣ мавзӯи шиканҷро инъикос намекард ва ба ишттибоҳҳо роҳ медод, шояд тарафи даъвогар ба муросо намерафт: «Ин мақомдор чун натавонист далелҳоеро, ки пештар таъкид мекард, собит кунад ба чунин тасмим расид, ки роҳи мусолиҳаро пеш гирад. Фикр мекунам, ки агар рӯзноманигор Рамзия Мирзобекова — муаллифи мақола ба хатогиҳо роҳ медод, генерал ҳаргиз гузашт намекард.»

Дарвоқеъ дар баҳсҳои додгоҳие, ки мақомдорони ҳукумати Тоҷикистон ва ё вазоратхонаҳои ин кишвар бо нашрияҳои мустақил пеш мебаранд, кӯшиш мекунанд “обрӯи рехта”- и худро бо эълони маблағҳои ҳангуфти даъвоӣ ҷуброн кунанд. Онҳо аз маблағҳое сӯҳбат мекунанд, ки ягон нашрия дар Тоҷикистон тавони пардохташро надорад. Дар ду-се соли охир нашрияҳояи мустақили Тоҷикистон “Фараж”, “Миллат”, “Озодагон” ва “Пайкон” дар заминаи мақолаҳои интиқодии худ мавриди баҳсҳои додгоҳӣ қарор доштанд. Дар аскари ҳолатҳо даъвогарон идораҳои давлатӣ буданд.

Мирзонабии Холиқзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24399858.html

Хабарнигорони тоҷик — «гаравгон»-и қонунҳои духӯра

[b]Хабарнигорони тоҷик дар дуроҳа мондаанд. Ё бояд сарчашмаи иттилоъро ифшо кунанд ва ё худ муҷозот шаванд.[/b]

Пас аз мурофиаи додгоҳии Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сӣ, мавзӯи ҳуқуқи рӯзноманигор дар мавриди пинҳон нигоҳ доштани сарчашмаи ахбор доғ шуд.

Қонун дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори умуми Тоҷикистон ба журналист ҳаққи маҳфуз нигоҳ доштани манбаи иттилоъро медиҳад ва танҳо додгоҳ ҳаққи талаби ифшои онро дорад.

Аммо ба гуфтаи Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, дар банди 144-уми Кодекси мурофиаи ҷиноии Тоҷикистон омадааст, ки мақомоти таъқиби ҷиноӣ ҳаққи тақозои фошсозии сарчашмаи хабарро доранд. Яъне, амалан, ҳатто нозири Кумитаи андоз ё корманди Хадамоти оташнишонӣ низ ҳуқуқ дорад, ки журналистро барои махфӣ доштани сарчашмаи хабараш ба додгоҳ бикашад.

Хонум Воҳидова мегӯяд, «агар имрӯз мо аз ин гуна мухолифатҳои қонун ҷилавгирӣ накунем, эҳтимоли ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидану таъқиби тамоми журналистону расонаҳои хабарии Тоҷикистон вуҷуд дорад.»

Ба иддаои хабарнигорон, ҳоло дастрасии онҳо ба иттилоъ, бахусус, дар музофоти Тоҷикистон маҳдуд аст, биноан, онҳо водор мешаванд, ки шарти маҳфуз нигоҳ доштани манобеи хабарро бипазиранд.

Тилав Расулзода, хабарнигори тоҷик, мегӯяд, дар таҷрибаи кории худ борҳо шудааст, ки ӯро мақомоти тафтишотӣ даъват намуда ва талаби ифшои сарчашмаҳои хабари нашркардаашро пеш овардаанд. Агарчӣ ба қавли ӯ, на ҳамеша иттилои зарурӣ ба расонаҳо дода мешавад.

Ба гуфтаи ҷаноби Расулзода, ҷомеаи хабарнигоронро лозим аст, ҷӯёи роҳу чораҳое шаванд, ки ҳокимияти қонунгузорро ба ислоҳи мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар моил кунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, бархе аз мақомот ба ислоҳи қонуни матбуот ва додани ҳақ барои махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъ ба хабарнигорон манфиатдор нестанд.

Ӯ мегӯяд, «одамони манфиатдори зиёде ҳастанд, аз ҷумла дар мақомоти қудратии кишвар, ки намехоҳанд духӯрагиҳо дар қонунҳои ҷориро ислоҳ кунанд. Зеро ин як механизми ҷазо додани журналистон аст, ки мехоҳанд ҳамеша журналистонро битарсонанд.»

Хабарнигорони тоҷик мегӯянд, бояд ба порлумони кишвар пешниҳод карда шавад, ки дар тарҳи нави қонуни матбуоти Тоҷикистон, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад, масъалаи комилан махфӣ нигаҳ доштани манобеи хабарӣ ворид карда шавад. Зеро, ба иддаои хабарнигорон, бисёре аз сарчашмаҳои ахбор, бахусус, кормандони ниҳодҳои давлатӣ, бинобар тарси ифшо шудани ҳуввияти хеш аз додани иттилои дақиқ ба расонаҳо худдорӣ мекунанд. Ва ин ба мушкили хабарнигорон дар мавриди ба даст овардани иттилоъ хоҳад афзуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24401134.html

Оё телевизиони тоҷик бинандаи худро қонеъ мекунад?

ТЕЛЕВИЗИЗОН — ДАСТГОҲИ ҚАВИИ ИДЕОЛОГӢ

Ин назарсанҷӣ ҳокист, ки беш аз 70 дарсади тамошобини телевизион дар русто ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки телевизион аз давраи пайдоиши худ дар Тоҷикистон, ки ба даҳаи 60-уми асри гузашта рост меояд, то ба ин сӯ ҳамчун як дасгоҳи қавии иделогӣ барои ҳукумат хизмат мекунад.

Солҳои шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам бахшҳои муҳими телевизионҳои давлатӣ зери назар ва барномаҳои ҳукуматӣ ба нақша гирифта мешаванд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=149]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=149[/url]

Источник:

Оё телевизиони тоҷик бинандаи худро қонеъ мекунад?

[b]ТЕЛЕВИЗИЗОН — ДАСТГОҲИ ҚАВИИ ИДЕОЛОГӢ[/b]

Ин назарсанҷӣ ҳокист, ки беш аз 70 дарсади тамошобини телевизион дар русто ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки телевизион аз давраи пайдоиши худ дар Тоҷикистон, ки ба даҳаи 60-уми асри гузашта рост меояд, то ба ин сӯ ҳамчун як дасгоҳи қавии иделогӣ барои ҳукумат хизмат мекунад.

Солҳои шӯравӣ барномаҳои муҳими телевизион, аз қабили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби ҳукумат тарҳрезӣ мешуд. Ва ҳоло ҳам бахшҳои муҳими телевизионҳои давлатӣ зери назар ва барномаҳои ҳукуматӣ ба нақша гирифта мешаванд.

Шабакаи аввал, телевизиони фарҳангӣ-фароғатии «Сафина», шабакаи иттилотии «Ҷаҳоннамо», телевизиони наврасону кӯдакон бо номи «Баҳористон» ҳоло ба пахши рақамӣ гузашта сифати намоишҳои худро аз лиҳози фаннӣ тадриҷан беҳтар кардаанд. Вале оё намоишҳои ин телевизионҳо то куҷо дархӯри хостаҳои мардуми кишваранд. Ва оё ин телевизионҳо ба ҳама ниёзҳои мардум посухгӯ ҳастанд?

[b]»ТЕЛЕВИЗИОНҲОИ ТОҶИКИСТОН МАРО ҚОНЕЪ НАМЕКУНАНД»[/b]

Алишер, як сокини ҷавони пойтахт дар посух ба ин суоли Озодӣ чунин гуфт: «Шахсан маро ягон телевизиони Тоҷикистон қонеъ намекунад. Агар барои фаҳмидани ягон хабари нав ин ё он телевизиони Тоҷикистонро тамошо карданӣ шавам, мебинам, ки боз ҳам хабарҳои як ду ҳафтаи пешро нишон медиҳанд, барои ҳамин он қадар тамошо намекунам.»

Ва аммо мусоҳиби дигари мо, ки худро Гулчеҳра муаррифӣ кард, мегӯяд вай хонанишин аст ва телевизион беҳтарин воситаи истироҳату фароғат ва ҳам омӯзиш барояш маҳсуб меёбад: «Масалан ман ҳамроҳи кӯдаконам телевизиони «Баҳористон»-ро тамошо мекунем. Бисёр чизҳои хуб барои кӯдакон нишон медиҳад.»

Ин дар ҳолест, ки Лутфулло Давлатов, директори телевизиони «Сафина» бо ишора ба чанде барномаҳои муваффақи ин шабака гуфт, солҳои ахир мухлисону ҳаводорони ин телевизион ба маротиб афзудааст. Ва ин амр масъулияти кормандонро бештар мекунад, то дар чунин як даврони босуръат пешрафт кардани фановариҳои муосир ва афзоиши расонаҳои иттилоотӣ, бозори худро аз даст надиҳанд.

Ҷаноби Давлатов афзуд: «Як чизро ногуфта наметавонам, ки барои боло бурдани сифати кор ва сатҳи касбият албатта мутахассисони босаводу ботаҷриба хеле зарур аст. Афсус, ки донишгоҳҳои мо журналистони босаводу барои мо даркориро тарбият намекунанд.»

[b]РАҲОӢ АЗ ШАБАКАҲОИ УЗБАКӢ[/b]

Ва аммо дар ҳамин ҳол Акрам Урунов, сарвари телевизиони мустақили СМ-1 -и шаҳри Хуҷанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо баробари арзи вуҷуд кардани чанде телевизионҳои хусусӣ, муваффақ бар он шудем, ки мардуми вилоят дигар барномаҳои телевизиони Узбакистонро тамошо намекунанд: «Чуноне ёд доред, солҳои пештар мардуми вилояти мо бештар телевизион Узбакистонро тамошо мекарданд, ки ин моро бисёр ранҷ медод. Чунки ба забони модарӣ ва расму одоти мардум ин бетаъсир намонда буд. Ҳоло мардум тамоман барномаҳои Узбакистонро тамошо намекунанд..»

[b]ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИК ЧӢ ҲОЛ ДОРАД?[/b]

Ва аммо коршиносон бар ин назаранд, ки бо гузашти беш аз ним аср аз таъсис ёфтани телевизион дар Тоҷикистон, дар фаъолияти онҳо тарзу шакл ва услуби наву тозаро кам мешавад дид. Ба гуфтаи онҳо, телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба тарғиби фаъолияти сарварони давлат ва ҳукумат машғул ҳастанд ва дар рушд бахшидани завқу салиқа ва донишу ҷаҳонбинии мардум чандон талоше надоранд.

Беҳзод Исмоилов, коршиноси мустақил мегӯяд: «Барномаҳои телевизионҳои Тоҷикистон бештар ба саргарм кардани мардум машғуланд. Ин як воситаест, ки таваҷҷуҳи одамонро ҷониби дигар баранд ва нагузоранд, ки мардум дар бораи сиёсат ва дигар мушкилоти ҷомеа фикр кунанд ва назар дошта бошанд.»

Барои нахустин бор соли 1928 телевизион дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кор шуруъ кардааст. Дар Тоҷикистон соли 1959 мардум нахустин намоиши телевизиониро тамошо карданд. Намоишҳои аввалини телевизион дар Тоҷикистон ба тарзи мустақим сурат мегирифтанд. Ва охирҳои солҳои 60-ум телевизион намоишҳои худро ба навор мегирифтагӣ шуд. Дар ҳоли ҳозир 4 шабакаи давлатӣ ва 14 телвизиони мустақил дар Тоҷикистон ба тарзи нави пахш, яъне рақамӣ гузаштаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24397510.html

«Ҷанги иттилооти»-и Русия алайҳи Тоҷикистон дар пайи қазияи халабонҳо

[b]Қазияи зиндонӣ шудани халабони Русия дар Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ” миёни ду кишварро тақвият додааст. Дар ҳоле, ки дар 24 соъати охир расонаҳои Русия бо чопи матолиби шадидуллаҳн алайҳи ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа ба халабонҳо ва мавқеъи давлати Тоҷикистон дар ин қазия интиқод кардааст, ба назар мерасад расонаҳои Тоҷикистон дар он чи «ҷанги иттилоотӣ» номида мешавад, бо камбуди мавод барои матолиби ҷавобӣ рӯбарӯ ҳастанд.[/b]

Ба нувони мисол бархе аз нашрияҳои Русия навиштаанд, ки ҳукми додгоҳ алайҳи халабони Русия ба мавзӯъи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсати кишвар рабт дорад. Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон дурустии ин хабарро ба расонаҳои тоҷикӣ таъйид ё такзиб намекунанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=148]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=148[/url]

Источник:

«Ҷанги иттилооти»-и Русия алайҳи Тоҷикистон дар пайи қазияи халабонҳо

[b]Қазияи зиндонӣ шудани халабони Русия дар Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ” миёни ду кишварро тақвият додааст. Дар ҳоле, ки дар 24 соъати охир расонаҳои Русия бо чопи матолиби шадидуллаҳн алайҳи ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа ба халабонҳо ва мавқеъи давлати Тоҷикистон дар ин қазия интиқод кардааст, ба назар мерасад расонаҳои Тоҷикистон дар он чи «ҷанги иттилоотӣ» номида мешавад, бо камбуди маводд барои матолиби ҷавобӣ рӯбарӯ ҳастанд.[/b]

Ба нувони мисол бархе аз нашрияҳои Русия навиштаанд, ки ҳукми додгоҳ алайҳи халабони Русия ба мавзӯъи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсати кишвар рабт дорад. Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон дурустии ин хабарро ба расонаҳои тоҷикӣ таъйид ё такзиб намекунанд.

Тибқи иттилоъи шабакаи телевизиюнии НТВ-и Русия, Рустам Ҳукумов соли гузашта аз сӯйи маъмурони интизомии ин кившар дар шаҳри Шелковои вилояти Маскав ба иттиҳоми қочоқи ҳеруин боздошт шудааст. Ба гузориши ин расона маъмурони интизомӣ аз оқои Ҳукумов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳудуди 10 килугромм ҳерунро кашф ва мусодира карда ва додгоҳи ин шаҳр Рустам Ҳукумувро ба мӯҳлати 9,5 сол равонаи зиндон кардааст.

Ахиран Додгоҳи олии Русия ба муҳокимаи шикояти истинофии вакилони мудофеъи оқои Ҳукумов аз ин ҳукми додгоҳи шаҳри Шелково оғоз кардааст. Бархе расонаҳои Русия навиштаанд, ки дар гузашта мақомоти тоҷик талошҳои ноком барои озоди Рустам Ҳукумов анҷом додаанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, Амонулло Ҳукум аз пайвандони президент Раҳмон аст ва гузашта аз ин, яке аз фарзандонаш бо духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон издивоҷ кардааст.

Нашрияи “Ивестия”-и чопи Маскав бо такя ба манобеъи вазорати хориҷаи Русия иддаъо кардааст, ки барои бори нахуст нест, ки мақомоти тоҷик дар равобит бо Русия аз чунин наҳва истифода мекунанд. Ин манбаъ афзудааст: “Чунин бархурд маъмулан зимни мустақар кардани нерӯҳои низомии Русия дар ин кишвар ва ё имзои созишномаҳои иқтисодӣ рух медиҳанд ва ин як амри маъмулӣ шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, куллияи ин иттиҳоми расонаҳои Русияро бепоя хонд ва афзуд, ки “хабарнигорони ин кишвар алайҳи Тоҷикистон ҳамлаи иттилоъотӣ анҷом медиҳанд.” Ба эътиқоди вай, дар “ҷанги иттилоъотӣ” қавоиде вуҷуд надорад ва расонаҳои гурӯҳии Русия ба пахши итилоъи бепоя машғул шудаанд. Бо ин вуҷуд, ин манбаъ аз зиндонӣ шудани писари Амонулло Ҳукум дар Русия ба далели қочоқи маводди мухаддир изҳори беэътилоӣ кард.

Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи таҳлилии мавсум ба “ИНДЭМ” мегӯяд, ки аз боздошт ва зиндони шудани писари Амонулло Ҳукум дар Русия барои қочоқи маводди мухаддир иттилоъ доштааст. Вай афзуд: “Бо дарназардошти ин нукта, ки Амонулло Ҳукум шахсияти пурнуфузтарин дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва яке аз чеҳраҳои пурнуфузи сиёсии Тоҷикистон аст, чунин эҳтимол метавонад вуҷуд дошта бошад, ки боздошт ва зиндони шудани халабони рус ба мавзӯъи озодии писараш аз зиндони Русия бастагӣ дошта бошад.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз фарзияҳоро наметавон сарфи назар кард ва дурустии ин иддаъои расонаҳои русӣ танҳо замоне метавонад собит шавад, ки агар баъд аз чанд моҳ писари Амонулло Ҳукум аз зиндони Русия озод шавад. Аз сӯйи дигар, оқои Дустов бар ин назар аст, ки халабони рус воқеъан қавонини Тоҷикистонро нақз кардааст ва ҳукми додгоҳ мунсифона буд. Вай ин суолро матраҳ кард, ки чаро мақомоти Русия тӯли 8 моҳ дар ин робита хомӯш буд?

Оқои Дӯстов гуфт: “Русҳо бар ин бовар буданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар бораи даст доштани халабонҳои рус ба қочоқи аслиҳа иттилоъ доранд. Ва замоне, ки маводди тафтишот ба дасти вакилони мудофеъ расиданд, ин тарси ҷониби Русия аз байн рафт ва онҳо дар атрофи ин мавзӯъ шӯру валвала бардоштанд.”

Ба эътиқоди ин таҳлилгари тоҷик, фаъолияти халабонҳои рус ба фаъолияти Виктор Бут, шаҳрванди Русия, ки ҳоло барои қочоқи аслиҳа аз сӯйи додгоҳе дар Омрико муҳокима мешавад, мушобеҳ аст. Вай афзуд, ки тибқи иттилоъи вай дар гузашта Виктор Садовничий, халабони маҳкумшудаи рус «дар қочоқи аслиҳа дар яке аз кишварҳои офриқоӣ даст доштааст.»

Парвиз Муллоҷонов бо ишора ба печидагиҳои қазияи халабонҳо мегӯяд, ки на ҳама аз асрори боздошти ин халабонҳо то ҳол рӯшан шудааст. Бо ин вуҷуд, оқои Дӯстов мегӯяд, ки Президент Раҳмон бо дарназардошти «худкома будани низоми Тоҷикистон” аз судури чунин ҳукм бояд огоҳ мебуд. Вай гуфт: “Вале, фикр мекунам, ки адами таҳлилгарони қавӣ дар атрофи раиси ҷумҳур, вай натавонистааст пайёмадҳои воқеъии ин амрро пешбинӣ кунад.»

Ҳоло, ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, як занги телефунӣ ба Президент Раҳмон аз сӯйи Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки ҳамзамон номзад ба мақоми раисиҷумҳурии ин кишвар аст, метавонад мушкили халабони русро ҳал кунад. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон бархе аз давраҳои сиёсӣ дар Русия мехоҳанд тавассути тақвияти «ҷанги расонаӣ» аз эҳсосот ва тамоюлоти зиддитоҷикӣ дар ҷомеъаи ин кишвар барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон истифода кунанд.

Аммо дар ин миён коршиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки афкори умум дар Тоҷикистон, ки то ҳол ба суди Русия будааст, ба дунболи фишорҳои афзояндаи Русия метавонад зиддирусӣ шавад ва ин вазъ дар ниҳоят давлати Тоҷикитсонро водор мекунад, то мавзеъгирии худро нисбат ба Русия тағйир бидиҳад. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки дар ниҳоят халабони рус ба кишвараш истирдод мешавад, зеро, ҳар ду кишвар ба ташаннуҷи равобит алоқаманд нестанд.

Би-Би-Си

Источник: http://ruzgor.tj/matbuot/6517.html

Ӯрунбой Усмонов: Озодии баён нишонаи демукросӣ дар кишвар аст

[b]Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, тавассути пусти электронӣ ё имейли uzbek@bbc.co.uk ба суолоти хонандагони сойти интернетӣ ва шунавандагони радиои Би-би-сӣ посух гуфтааст.[/b]

[b]Би-би-си: Оқои Усмонов, нахуст дар бораи хонавода ва падару модари худ иттилоъ медодед.[/b]

Ӯрунбой Усмонов: Ассалому алайкум! Ман дар рустои Исфисори вилояти Суғди Тоҷикистон чашм ба олам кушодаам.Падарам Усмон Умар ва модарам Зиннатой духтари Абдулло аз рӯшанфикорони ҷомеъа буданд. Масалан, падарам дар канори ӯзбакӣ ба забонҳои русӣ ва арабӣ хуб сӯҳбат мекард. Нақши волидайн дар рӯ овардани ман ба фарҳанг ва адаб бузург аст. Дар хонаводаи мо ҳамеша маҳофили адабӣ баргузор мешуд ва дар онҳо ҳунарпешаҳо ширкат мекарданд. Аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбакистон Раҳима Мазоҳидова, ҳунарпешаи саршинос ба манзили мо меомад. Падарам ошиқи адабиёту ҳунар буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби мутавассита маро ба шаҳри Тошканд мебурд. Он замон дар тиётри ба номи Муқимӣ намоишномаи “Тошболта ошиқ”-ро тамошо карда будам. Аммо баъдан ба ин тиётр нарафтем. Пас аз издивоҷ далели ин амр бароям рӯшан шуд. Намоишномаи “Тошболта ошиқ” чанд лаҳзаи ҳаҷвӣ дар бораи намозхонҳо дошт. Дар синни 12 солагӣ намоишномаи “Нодирабегим”-ро дар тиётри шаҳри Андиҷон тамошо кардам. Тамошои намоишномаҳо меҳри маро ба навиштани дром бедор кард. Пас аз ду сол 3 намоишнома навиштам. Ҳамин тур, ба хабарнигорӣ рӯй овардам.

[b]Матни пурраи мусоҳибаи маҷозиро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=147]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=147[/url]

Источник:

Ӯрунбой Усмонов: Озодии баён нишонаи демукросӣ дар кишвар аст

[b]Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон, тавассути пусти электронӣ ё имейли uzbek@bbc.co.uk ба суолоти хонандагони сойти интернетӣ ва шунавандагони радиои Би-би-си посух гуфтааст.[/b]

[b]Би-би-си: Оқои Усмонов, нахуст дар бораи хонавода ва падару модари худ иттилоъ медодед. [/b]

Ӯрунбой Усмонов: Ассалому алайкум! Ман дар рустои Исфисори вилояти Суғди Тоҷикистон чашм ба олам кушодаам.Падарам Усмон Умар ва модарам Зиннатой духтари Абдулло аз рӯшанфикорони ҷомеъа буданд. Масалан, падарам дар канори ӯзбакӣ ба забонҳои русӣ ва арабӣ хуб сӯҳбат мекард. Нақши волидайн дар рӯ овардани ман ба фарҳанг ва адаб бузург аст. Дар хонаводаи мо ҳамеша маҳофили адабӣ баргузор мешуд ва дар онҳо ҳунарпешаҳо ширкат мекарданд. Аз шаҳри Қӯқанди Ӯзбакистон Раҳима Мазоҳидова, ҳунарпешаи саршинос ба манзили мо меомад. Падарам ошиқи адабиёту ҳунар буд. Ҳангоми таҳсил дар мактаби мутавассита маро ба шаҳри Тошканд мебурд. Он замон дар тиётри ба номи Муқимӣ намоишномаи “Тошболта ошиқ”-ро тамошо карда будам. Аммо баъдан ба ин тиётр нарафтем. Пас аз издивоҷ далели ин амр бароям рӯшан шуд. Намоишномаи “Тошболта ошиқ” чанд лаҳзаи ҳаҷвӣ дар бораи намозхонҳо дошт. Дар синни 12 солагӣ намоишномаи “Нодирабегим”-ро дар тиётри шаҳри Андиҷон тамошо кардам. Тамошои намоишномаҳо меҳри маро ба навиштани дром бедор кард. Пас аз ду сол 3 намоишнома навиштам. Ҳамин тур, ба хабарнигорӣ рӯй овардам.

[b]Баҳодур, Урупо: Салому алейкум, оқои Усмонов! Суоли ман марбут ба нақши нависанда ва шоъир дар ҷомеъа аст. Замоне, ки банда дар мактаб таҳсил мекардам, аксҳои бузурги нависандагон Абдулло Қодирӣ, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор, Садриддин Айнӣ ва дигарон дар девор овехта шуда ва обрӯю эътибори онҳо дар ҷомеъа хеле зиёд буд. Ба назари ман, ҳоло эътибори шоиъру нависандагон дар ҷомеъа ва дар миёни мардум коста шудаст. Шумо ба ин назар мувофиқ ҳастед? Далели ин амр бо пули худ интишор кардани китобҳояшон аст?[/b]

Коста шудани обрӯю нуфузи ҳар шоъир ё нависанда ба худи ӯ бастагӣ дорад. Бояд сухан ва амали адиб яксон бошад. Агар ӯ дар китобаш як иде ё ғояро ба риштаи тасвир кашида, вале дар асл тарғибгари идеи дигар бошад, дар ҷомеъа эътиборе нахоҳад дошт. Дар шароити кунунӣ низ шоъир ё нависандаи якрӯ соҳиби обрӯю эътибор аст.

Дар масъалаи чопи китоб. Ҳоло адибони зиёд китобҳои худро бо сармояи хеш мунташир мекунанд. Қаблан маҳофили адабӣ баргузор шуда, асари ҷадид аз ҷониби удабо ва уламо баррасӣ шуда ва барои беҳбуди он тавсияҳо ироъа мешуд. Сипас, ин асар ба феҳристи чопи кутуб шомил мешуд. Ҳоло чопи китоб сода буда, дар муддати ду моҳ ё камтар аз он китоб мунташир мешавад. Яъне, касе пули зиёд дошта бошад, чопи китоб барояш мушкиле надорад. Аммо умри ин гуна китоб дароз нахоҳад буд.

[b]Абдулло, муҳоҷир: Нахуст Шуморо бо мавлудатон ва иди Қурбон табрик мегӯям. Коҳиши ҷиддии теъдоди китобхон ба поин рафтани савияи китобхонӣ иртибот мегирад ё дур шудани нависанда аз мардум?[/b]

Барои табрикот ташаккур! Дар посух ба суолатон аз мисоле истифода мекунам. Дар шаҳри Хуҷанд шахсе бо номи Адҳам Музаффаров зиндагӣ мекард. Ин мард, ки дар синни 80 фавт кард, асари “Ӯтган кунлар” (Рӯзҳои гузашта)-и Абдулло Қодириро азбар карда буд. Падари ӯ, Музаффар мингбошии (ҳазора, рутбаи низомии даврони Амири Бухоро) соҳиби китобхонаи нодире буд. Дар солҳои 37-и қарни гузашта барои ҳифзу нигаҳдории кутуб бо алифбои арабӣ хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Ба ин хотир Музаффар мингбошӣ ҳамаи кутуби нодирро ба коми оташ андохтааст. Адҳам, писари ӯ тавонистааст, чанд китоб, аз ҷумла “Ӯтган кунлар”-ро наҷот диҳад. Ман дар манзили ин фард, ки баъдан додситон шуда буд, ин кутубро дидаам.

Мисоли дигар. Ду моҳе қабл, дар яке аз рустоҳо мулоқоти шоъирон бо сокинон баргузор шуд. Ба гуфтаи як шоъир, ки дар мулоқот ширкат дошт, пас аз дидор як ҷавони сару рӯяш пур аз хок ба наздаш омада ва дар мавриди шеъру адаб сӯҳбати тӯлонӣ кардааст. Ин мард аз рустое, ки аз маҳали мулоқот 7 килуметр дур буд, пиёда ба нишаст омадааст, то бо шоъри писандидааш дидор кунад. Ин ҷавон гуфтааст, китоби шоъири писандидааш дар русто аз даст ба даст гаштааст.

Ҳадаф аз овардани ин мисолҳо, дар сурати вуҷуд доштани осори хуб китобхонҳои воқеъӣ ҳам пайдо мешаванд. Ба бовари ман, ҳеч компютер ё текнулуҷии мудерни қарни мо наметавонад ба китобхонӣ асар гузорад. Дуруст аст, ки ҳоло теъдоди китобхонҳо ҷиддан коҳиш ёфтааст. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамасола дар бораи теъдоди кутуби ҷадид ва теъдоди хонандагон дар китобхонаҳо гузоришҳои расмӣ мунташир мешуд. Аммо ин арқом теъдоди хонандагони воқеъӣ набуд. Бовар дорам, китобҳои пурхонанда, ки бар асари аз даст ба даст гаштан фарсуда шудаанд, дар даврони мо низ пайдо хоҳад шуд. Аммо харидории китоб ба мафкураи мардум ва имкони молии онҳо бастагӣ дорад. Бархе аз ҷавонон китобро умдатан дар компютер мехонанд. Масалан, агар вориди сойти интернетии “зиё.уз” шавед, осори адибони ӯзбаку ҷаҳонро пайдо карда метавонед. Бар асоси ин сойт метавонед аз теъдоди афроди ташнаи адабиёт ва аз шоъирону нависандагоне, ҳазорҳо нафар хонанда доранд, огоҳ шавед.

[b]Собир, сокини Ӯзбакистон: Дар мизи ҳар нависанда китоби писандидааш ҷой гирифтааст. Кутуби саримизии Шумо кадомҳоянд?[/b]

Ман осори Достаевскийро ҳамеша мутолиъа мекунам. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ китоби “Ҷиноят ва ҷазо” ва “Телба”-и ӯро хонда ва муддати як моҳ зери таъсири ин асарҳо будам. Ба андешаи банда, шохаҳои нозуки рӯҳияи инсонро ба риштаи тасвир кашидан ва корномаҳои қаҳрамони асарро ба таври комил нишон додан ин ҳунар, маҳорат ва истеъдоди адиб аст, ки хонандаро моту маҳбут месозад.

Ҳамчунин, осори адибони ӯзбак, адабиёти Омрикои Лотинӣ, Жопун ва Фаронсаро мутолиъа кардаам.

[b]Аз нависандагони ӯзбаку тоҷик кадомеро бештар мутолиъа кардаед?[/b]

Ман наметавонам бигӯям, ки аз ин нависанда бештар хушам меояд. Дар адабиёти ӯзбак румонҳои “Ӯтган кунлар” (Рӯзҳои гузашта) ва “Меҳробдан чаён” (Каждум аз меҳроб)-и Абдулло Қолириро ҳар боре мехонам, нукоти тозаеро пайдо мекунам. Дар ин румонҳо чеҳраҳои ӯзбаконаи бо маҳорат офаридашуда, санъати сухан ва тимсолҳои бадеӣ ҳар хонандаро мафтун мекунад.

Дар овони ҷавонӣ аз мутолиъаи осори “Беш болали йигитча” (Ҷавони соҳиби панҷ фарзанд)-и Худойбердӣ Тӯхтабоев, “Чинор”-и Асқад Мухтор, “Юлдузли тунлар” (Шабҳои ситорадор)-и Пиримқул Қодиров, “Икки эшик орасида” (Дар миёни ду девор)-и Ӯткир Ҳошимов ва “Лолазор”-и Мурод Муҳаммад Дӯст лаззат бурдаам. Ҳамчунин, ҳикоёту қиссаҳои зиёди ӯзбакиро хондаам, ки агар он осор дар шакли китоб мунташир шавад, муштарии зиёде хоҳад ёфт.

Аз адибони тоҷик асари “Марги судхур”-и Садриддин Айниро бо завқ мутолиъа кардаам. Дар адабиёти ҷаҳон симоҳои афроди хасис зиёданд. Аммо симои Қорӣ Ишкамба бо хусусияти хоси худ аз онҳо тафовут дорад. Масалан, ба ҳангоми тарошидани мӯйи сар Қорӣ Ишкамба аз додани пул барои қисматҳои кал ё бемӯйи сараш аз ҷумлаи чунин тафовут аст…

[b]Абдулло Азимов: Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, дар Ӯзбакистон, вазъияти озодии баён дар ояндаи наздик беҳбуд меёбад?[/b]

Беҳтар аст, ки ман дар бораи озодии баён дар Тоҷикистон, ки дар ин ҷо ба сар мебарам, сӯҳбат кунам. Дар Тоҷикистон ба таври расмӣ сонсур вуҷуд надорад. Ҳаводиси кишвар дар расонаҳо ва нашрияҳои мустақил зуд ва як андоза озод тасвиру тафсир мешаванд. Ҳамзамон, дар миёни хабарнигорон сонсури инфиродиро эҳсос кардан мумкин аст. Ин вазъият аз даврони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон манша мегирад, дар он солҳо даҳҳо журнолистон кушта ва захмӣ шуда буданд. Аммо дар солҳои ахир афзоиши мавориди зиндонӣ шудани хабарнигорон, баста шудани нашрияҳои мустақил ва ба додгоҳ кашондани хабарнигорон ё нашрияҳои мустақил ба вазъияти озодии баён дар ин кишвар асари номатлуб гузоштааст.

Бо дарназардошти вазъи озодии баён ба сатҳи демукросӣ дар кишвар баҳо медиҳанд. Кишваре, ки қасди бунёди давлати дунявӣ ва демукросиро дорад, бояд сари ин масъала андеша кунад.

[b]Нигора: Хонаводаи Шумо барои фаъолияти эҷодиатон чи гуна шароитро фароҳам меорад?[/b]

Бори дигар ба Достоевский муроҷиъа мекунам. Толстойи бузург ба Достаевский бо чашми ҳавас менигарист. Чаро? Зеро хонуми Достаевский осори ӯро хуб дарк мекард. Бахту барори ҳар эҷодкор хонаводаи ӯ, бахусуси хонуми ӯ аст, фаъолияти ӯро дарк мекунад. Шукр, ки хонаводаам адабиётро дарк арда ва бар ҳангоми кор барои ман шароити лозимиро фароҳам мекунад. Осори маро мутолиъа карда, андешаҳои худро дар ин замина иброз медоранд. Дар бештари маворид андешаҳои онҳоро ба назар мегирам.

[b]Би-би-си: Суоли навбатӣ дар бораи вазъи кунунии забони ӯзбакӣ аст. Рушди компютеру Интернет забонро ғанӣ сохтааст ё қашшоқ?[/b]

Дар солҳои ахир филмҳоеро тамошо мекунам ё нашрияҳои ӯзбакиро мутолиъа мекунам. Ба назар чунин мерасанд, ки забони ӯзбакӣ фақир мешавад. Масалан, ҳоло ба ивази ибороти пурҷозиба ибороти беобу рангро истифода мекунанд. Суханҳо дар мавқеъи худ ва дар чаҳорчӯби қавоиди имлоӣ истифода намешаванд. Чунончи, ба ҳангоми ҳисоб калимаи бар акси зиёдро ба кор мебаранд. Забон ҳам як мавҷуди зинда аст. Вай ҳамеша дар ҳоли рушд буда, аз забонҳо ё гӯйишҳои мухталиф ба он вожаю калимот ворид мешаванд. Ин таҳаввулро ҳар нависанда ё журнолист дар назар бигирад. Зеро ин афрод дар ғанисозии забон саҳми бузург доранд.

[b]Сардор, Ӯзбакистон: Барои барқарорсозии равобити адабӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон чи бояд кард?[/b]

Ҳамеша “Адабиёт бидуни марз аст” мегӯянд. Аз шунидани хабаре, ки дар маҷаллаи “Адабиёти ҷаҳон”-и чопи Тошканд тарҷумаи осори адибони Тоҷикистон мунташир шудааст, шод шудам. Ҳафтаи гузашта дар телевизиюни Тоҷикистон намоишномаи “Садо аз тобут”-и Абдулло Қаҳҳор пахш шуд. Ин намоишнома, ки солҳои қаблӣ сабт шуда буд, такрор ба такрор намоиш дода мешавад. Ба андешаи ман, таваҷҷӯҳ ба адабиёти ҳамдигар ба таҳкими дӯстӣ миёни ин кишварҳо мусоъидат хоҳад кард.

Дар солҳои қаблӣ ҳафтаҳои адабиёт ва ҳунари Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ва Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ба ҷашну тантана мубаддал мешуд. Ёд дорам, дар чунин як ҳафтаи фарҳангӣ Бобомурод Ҳамдамов, сарояндаи ӯзбак дар назди меҳмонхонаи “Ленинобод”-и шаҳри Хуҷанд тарона мехонду аз ҷумлаи 5 ҳазор тамошочӣ бештари онҳо рақс мекарданд. Ё сафари ҳунарии Ҷӯрабек Муродов ва Далер Назарови тоҷик ба Ӯзбакистон як ҳодисаи муҳими фарҳангӣ маҳсуб мешуд.

Ман худ аз адабиёти тоҷик се қиссаро ба забони ӯзбакӣ тарҷума кардам. Ҳоло китобҳои “Хубон” ва “Қария” (Пир)-и Меҳмон Бахтӣ ба забони ӯзбакӣ дар дасти чоп аст. Дар ҳоле ки “Хубон” ба забонҳои русӣ, туркӣ, гурҷӣ, қирғизӣ ва соири забонҳо мунташир шудааст, барои аввалин бор ба забони ӯзбакӣ тарҷума мешавад.

Мардуми кишварҳо ҳамеша ба омӯзиши фарҳангу ҳунари ҳамдигар талош мекунанд. Банда бовар дорам, ки ин гуна талошҳо дар назар гирифта шуда, ба мисли дӯстии Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода шоъирону нависандагон ва аҳли ҳунари тоҷику ӯзбак низ барои таҳкими дӯстию равобит миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон хидмат хоҳанд кард.

[b]Би-би-си: Сипос. Дар поёни сӯҳбат агар ба ҳаводорони Би-би-си таманное дошта бошед, бифармоед![/b]

Ман баро ҳамаи онҳое, ки вақти гаронбаҳои худро дареғ надошта аз ман суол кардаанд, ташаккур мекунам. Ҳамчунин, онҳоро бо фарорасии Иди Қурбон табрик мегӯям.

[b]Би-би-си: Ба Шумо сиҳатмандӣ, хушбахтии хонаводагӣ ва фаъолияти бобарори эҷодӣ таманно дорем.[/b]

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/11/111107_mm_talking_point_usmanov.shtml