Все записи автора admin

Соли 2011 тоҷикон дар интернет чӣ меҷӯстанд?

[b]Корбарони тоҷикистонии интернет дар давоми сол борҳо ба вожаҳое чун “Роғун”, “IRS” ва “парчам” рӯ овардаанд.[/b]

Шояд барои он ки тарҳи нерӯгоҳи Роғун тамоми сол сари забонҳо буду шикоятҳо аз ширкати Innovative Road Solutions Ltd баланд мешуду дар моҳи сентябр он ба як бор ҳамаи ҳайати раҳбарии худро иваз кард ва маълум шуд, ҳошияи роҳи пулакии Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ низ зери назораташ будааст. Аммо баландтарин парчами ҷаҳон дар Душанбе як бор дар моҳи май парафшон гашт, сипас дар иди истиқлолият ва баҳси он дар Фейсбук тамоми сол ба андозаи 165 метри баландияш дар авҷ буд.

[b]ҶУСТУҶӮИ ХАБАРҲО[/b]

Бо вуҷуди бархе аз ҳамнавоиҳо ҷустуҷӯҳо аз Тоҷикистон дар ҷӯяндаи Google аз Яндекси русӣ, Facebook аз Мой миру В контакте як андоза фарқ мекард. Барои намуна, вақте ки дар аввали сол бисёриҳо аз Google бо калимаҳои “Камароб”, “Рашт”, “Алии Бедакӣ”, “Мулло Абдулло” иттилоъ меҷустанд, вожаҳои асосӣ дар Яндексро “алпинизм в Таджикистане”, “игры” ва “недвижимость в Таджикистане” ташкил медоданд.

Аммо калидвожаҳои машҳури нимаи дувум ва охири соли 2011 қариб дар ҳамаи ҷӯяндаҳои интернетӣ камобеш ба ҳам монанд шуда, “Роғун”, “Рогун”, “Рагунский ГЭС”, “истиқлолият”, “независимость Таджикистана”, “летчики”, “халабонҳо”, “Садовничий”, “мигранты”, “муҳоҷирони тоҷик” ва “депортатсия” бартарӣ пайдо кардаанд.

Сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия-Плюс», Марат Мамадшоев, мегӯяд, бешубҳа, дар ҷараёни “бӯҳрони марбут ба халабонҳои рус” беш аз ҳама ибораи «чораҳои «ассиметрӣ»-и президенти Русия Дмитрий Медведев маъруф гаштааст, зеро он ба ҳаёти қариб ҳар оилаи тоҷик асар дошт: «Таъсири ин қазия на танҳо фазои Русия ва Тоҷикистонро ҳатто берунтар аз он қаламрави кишварҳои ИДМ-ро фаро гирифт.»

Аз нигоҳи ҷаноби Мамадшоев, қазияи халабонҳо нишон дод, байни ду кишваре, ки ҳамдигарро “шарики стратегӣ” меномиданд, аслан ҳеҷ муносибати хубе вуҷуд надоштааст. Ин бӯҳрон сабаб гашт, то сиёсати хориҷии Душанбе, амалкарди раисиҷумҳур ва ҳукумати ӯ зери заррабин қарор гирад. Узви Маҷлиси Намояндагон ва раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт: «Мо мисли пеш наметавонем бигӯем, ки президент медонаду командааш. Хусусан, вақте ки амалкардҳои манфии ин команда он қадар ба миллат таъсир расонидааст, ки ҳар шаҳрванд дар пӯсту ҷонаш онро ҳис мекунад, билохира, мо бояд ба президент бигӯем, ки билфосила дар фикри тағйири командааш бошад.”

Чунин назарҳо чанд ҳафта баъд аз иди пуршукӯҳи истиқлолият садо дод, ки дар ҷараёни он бо ифтитоҳи муассисаҳои нав ва ҷамъомадҳои шукргузорона элитаи ҳоким паём медод, ки дар 20 сол ба дастовардҳои бузурге ноил гаштааст.

Дар ин байн ҳабси ду журналист, Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов низ сабаби ҷустуҷӯи корбарони интернет бо истифода аз номи онҳо шуд. Коршиноси мутақил Рашид Ғанӣ мегӯяд: «Боздошти журналистон, ба вижа журналисти Би-би-сӣ Урунбой Усмонов, аз як масъалаи дохилӣ ба як ҷанҷоли байналмилалӣ кашонида шуд. Президент маҷбур шуд шахсан онро таҳти назорат гирад. Албатта, чунин ҳодисаҳо ба обрӯи байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонид.»

[b]ҶУСТУҶӮИ ШАХСИЯТҲО[/b]

Ҷолиб аст, ки корбарони интернет дар Тоҷикистон дар давоми сол номи афроди мухталиферо ба ҳайси калимаи ҷустуҷӯ истифода кардаанд. Дар семоҳаи аввали сол “Бозор Собир”, “Ҳоҷӣ Мирзо” ва “Алим Шерзамонов” аз ин қабил будаанд. Шоири номвари тоҷик 6-уми январ, сафари, ба гуфтаи ӯ, охиринаш ба Тоҷикистонро поён дода, ба Амрико баргашт, аммо, зоҳиран, сӯҳбатҳои ӯ то нимаи соли 2011 хабарсоз боқӣ монданд. Аз ҷумла зарбаи, ба навиштаи матбуот, иттилооотии ӯ ба ҲНИТ бо пешниҳоди бастани ҳизби исломии Тоҷикистон.

Таваҷҷӯҳро ба Бозор Собир бори дигар нахустнамоиши спектакли «Шабе дур аз ватан» дар Душанбе барангехт. Агар воизи оташсухан Ҳоҷӣ Мирзоро барканорӣ аз мавъиза дар сархатти ҷустуҷӯҳо қарор дода бошад, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон Алим Шерзамонов бо изҳороти худ, ба монанди истифода накардани донишомӯзон дар маросими пешвози меҳмонони олирутба ва сарпечии эътироизияш аз ширкат дар анҷумани ҳизб, ки хатари ҷудоӣ дар ин созмонро ба бор овард, машҳур шуд.

Бештарин ҷустуҷӯи номи Низомхон Ҷӯраев на танҳо дар робита ба парвандаи ҷиноии се додрас зидди нашрияҳо ва вакил Солеҳҷон Ҷӯраев ба вуқӯъ пайваст, балки ҳамчунин ба талаби Тоҷикистон аз Русия дар мавриди истирдодаш ба Душанбе. Ноиби сарвазир Асадулло Ғуломов, овозхон Сӯҳроби Сафарзод ва мухолиф Султон Қувватро зимни хабари даргузашташон, Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси зиддикоррупсиониро баъд аз чанд изҳороташ, донишманд Акбари Турсонро пас аз таъин шуданаш ба мақоми мудири пажӯҳишгоҳ, овозхон Фарзонаи Хуршед, вазири собиқ Ёқуб Салимро зимни овозаҳои озодии эҳтимолиашон бо қонуни афв, соҳибкор Сафармад Рустамов мулаққаб ба “Кабуд”-ро баъд аз ҳабсаш ҷустуҷӯ карданд.

Семоҳаи охири сол ҷӯяндагони иттилоъ беш аз ҳама номи афроде чун Эшони Нуриддин, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Саидмукаррами Абдулқодирро паҳлуи вожаҳое мисли “ошӯро”, “муфтӣ” ва “уламо” чидаанд, то аз баҳси шадиди байни Шӯрои исломии Тоҷикистон ва хонадони Тӯраҷонзодаҳо огаҳӣ ёбанд. Сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматулло Сайфуллозода мегӯяд, бе ин баҳс ҷомеаи Тоҷикистон ба маротиб оромтар буда метавонист: «Мутаассифона, доираҳои мансабхоҳе ба курсиҳои давлат таи солҳои дароз роҳ ёфтаанд, ки чунин фитнаҳоро бармехезонанд ва суботу оромии ҷомеа ва заҳматҳои ба сулҳу осоиш расиданро барбод медиҳанд. Ва нигаронии ҷомеаро ба бор меоранд.»

Аммо “чемпион”-ҳои ҷустуҷӯи хонандагон дар Тоҷикистон чи дар Google-у Яндекс ва чи Ютюбу РуТюб ва Йоҳу дар тамоми соли 2011 номҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло будаанд. Навори бозпурсии Бедакӣ ва қатли Мулло Абдуллоро дар шабакаҳои пахши видео ҷамъулҷамъ наздик ба ним миллион нафар боз кардаанд. Таваҷҷӯҳ ба номи Мулло Абдулло дар нимаҳои сол коҳиш ёфта, вале баъдан дубора бештар шудааст, ки сабаби ин зеру бам рӯшан нест.

Корманди Маркази омӯзишҳои стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Комёб Ҷалилов мегӯяд: «Ман борҳо таъкид карда будам, ки баъзе гурӯҳҳо аз хориҷ ишора мекарданд, ки мардуми минтақаи Рашт аз гурӯҳи Мулло Абдулло ва дигарон пуштибонӣ мекунанд ва онҳо метавонанд ба таври давомдор дар ин минтақа бимонанд ва ба вазъи Тоҷикистон таҳдид кунанд. Аз ҳамин хотир ман ин иқдоми неруҳои мусаллаҳи кишварро муҳимтарин василаи ҳалли ин мушкили Тоҷикистон медонам.”

Аз афроди дигар номи овозхони саршинос ва модари Шабнаму Фарзона – Сурайёи Қосим, эҳтимолан дар робита ба афв ва озодии Фарзонаи Хуршед ва раиси Ҳизби демокрaти Тоҷикистон, Масъуд Собиров, ба далели пешниҳоди ёдоварӣ ва қадрдонӣ аз фаъолони замони эълони истиқлолияти Тоҷикистон, монанди Қадриддин Аслонов, Тоҳири Абдуҷаббор ва дигарон мояи кунҷковии корбарони интернетӣ дар соли 2011 шудаанд.

Мирзонабии Холиқзод, Салими Аюбзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24435124.html

«Бонуфузтаринҳои Тоҷикистон наздиктаринҳои Раҳмон ҳастанд»

www.bbc.co.uk
Ширкати МедиаГруп “ASIA-Plus” гурӯҳи расонаӣ, назарсанҷии коршиносие барои мушаххас кардани 20 чеҳраи бонуфузтарин дар Тоҷикистонро анҷом додааст.Бино ба натоиҷи ин назарсанҷӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ, Маҳмадсаъид Убайдуллоев, раиси порлумон ва шаҳрдор, Ҳасан Асадуллозода, раиси бонки “Ориёнбонк”, Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазир ва Матлубхон Давлатов, раҳбари дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин тартиб, бонуфузтарин афроди кишвар интихоб шудаанд.

 

Феҳристи бист чеҳраи бонуфузтарини Тоҷикистонро умдатан афроди мансабдори давлат ва афроди наздик ба раҳбарият ташкил додаанд.

 

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон, ду мухолифи давлати кишвар низ дар ин феҳрист ҷой гирифтаанд.

 

Муҳиддин Кабирӣ дар ин феҳрист ҷои 12-ум ва Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ҷойи 15-умро касб кардаанд.

 

МедиаГруп зимни муаррифии натоиҷи назарсанҷии худ менависад, ки нахуст мехостааст, феҳристи сарватмандони Тоҷикистонро мушаххаст ва мунташир кунад, аммо ба далели ин ки “иттилоъи расмӣ дар бораи даромадҳо дар ин кишвар аз воқеъият дур аст” ин ширкат тасмим гирифтааст, феҳристи бонуфузтаринҳоро чоп кунад.

 

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси порлумон ва шаҳрдор дар феҳристи пурнуфузтарин чеҳраҳои Тоҷикистон, пас аз Раҳмон ҷои дуввумро ишғол кардааст

 

Назарсанҷӣ дар бораи бонуфузтарин афроди Тоҷикистон дар миёни сӣ коршиноси тоҷик анҷом гирифтааст.

 

Ин коршиносон асомии бист фарди бонуфузтарини Тоҷикистонро номбар карда ва ба ҳар яки онҳо дар заминаҳои сиёсиву кодрӣ, иқтисодиву молӣ, интизомиву низомӣ ва иҷтимоъӣ аз як то панҷ имтиёз медиҳад.

 

Дар ҳоле ки ин назарсанҷӣ тавассути маркази ихтисосие анҷом нагирифтааст, аммо Саодат Олимова, мутахассиси афкори умумӣ дар маркази таҳлилии “Шарқ”, гуфт натоиҷи ин назарсанҷӣ баёнгари воқеъиятҳои “ба чашм аён” мебошад.

 

Вай мегӯяд: “Дар Тоҷикистон тавассути назарсанҷиҳо мушаххас кардани чеҳраҳое, ки дар сиёсат ҳарфи аслиро мезананд, душвор аст, зеро афроди калидӣ ҳам дар сиёсат ва ҳам дар иқтисод пушти парда мемонанд.

 

Вай афзуд: “Барои мисол дар кишваре, ки 67 дар сади иқтисодашро иқтисоди сояӣ ташкил медиҳад, мушаххас кардани бозигари аслӣ мушкил аст. Аммо назарсанҷии коршиносӣ, ки Азия Плюс анҷом дода, ҳадди ақал воқеъиятҳои зоҳириро нишон медиҳанд.

 

Ин дар ҳолест, ки назарсанҷиҳо дар Тоҷикистон дар мавзӯъоти мухталифи сиёсӣ камтар анҷом мешавад.

 

Саодат Олимова дар посух ба ин савол, ки чаро марокизи тахассусӣ камтар ба назарсанҷиҳои сиёсӣ мепардозанд, гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ дар ин кишвар зиёданд ва назарсанҷиҳои зиёде ҳам анҷом медиҳанд, вале мавзӯъоти онҳо аз фармоишгари назарсанҷӣ бастагӣ дорад.

 

Вай гуфт, ки марокизи ҷомеъашиносӣ наметавонанд назарсанҷиҳоро ройгон анҷом бидиҳанд ва фармоишгарони онҳо умдатан созмонҳои байналмилалӣ аст.

 

Натоиҷи ин назарсанҷиҳо ба фармоишгарони онҳо таслим мешаванд ва дар аксари маворид аз ҷомеъа пӯшида мемонанд.

 

Ба навиштаи ширкати МедияГруп назарсанҷии коршиносон ҳокӣ шудааст, ки “меъёри аслиро дар сатҳи нуфузи афроди номбаршуда, наздикии онҳо ба маркази тасмимгирӣ, яъне раиси ҷумҳурӣ ва наздикони ӯ ташкил додааст.”

 

Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон дар ин феҳрист ҷойи 9-умро касб карда ва Таҳмина ва Озода Раҳмоноваҳо, духтарони раиси ҷумҳурӣ ҷойҳои 16 ва 20-умро ишғол кардаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/12/111227_sq_asiaplus_survay.shtml

Оё матбуот ҷои баҳси мову ман аст? (Қисми дуюм)

Нишасти маҷозӣ

22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба воситаи почтаи электронӣ як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи нишасттро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=153]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=153[/url]

Источник:

Оё матбуот ҷои баҳси мову ман аст?

[b]Нишасти маҷозӣ[/b]

[b]22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба воситаи почтаи электронӣ як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]

[b]Гардонандаи сӯҳбат: Абдуфаттоҳ Воҳидов, ҳамоҳангсози лоиҳаи мониторинги нақзи ҳуқуқи журналистони назди Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Иброҳим Усмонов, профессор

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор

Аҳмадшоҳи Комил, рӯзноманигор[/b]

[b]Қисми дуюм[/b]

[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]

Дӯстони гиромӣ, ҳамкасбони азиз! Моҳе қабл мо пешниҳод доштем, ки масоили марбут ба маҳалгароиро дар матбуоти Тоҷикистон матраҳ намоем. Вале, бинобар баррасии қазияи халабонҳои рус, ин мавзӯъ мавқуф гузошта шуд. Ниҳоят имрӯз мавриди баррасӣ кардани мавзӯъ фаро расид ва ба ҳамин хотир шуморо ба сӯҳбат даъват менамоем. Хотиррасон менамоем, ки нишастҳои маҷозӣ дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Назокати сиёсии сухан дар воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бо дастгирии Намояндагии Internews network дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар навбати аввал, мехостам андешаҳоятонро перомуни масъалаи бо вуҷуди мавҷуд будани қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ ба иззати нафси миллатҳои ғайр расидани рӯзноманигорони тоҷик иброз мекардед.

[b]Иброҳим Усмонов:[/b]

Ба назари ман чанд сабаб мавҷуд аст. Аввал, саводи нокифояи сиёсӣ доштани журналист. Шояд журналистон ҳаргиз қасди бад надоранд, вале ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллати худ, манфиатҳои миллатҳои дигарро поймол мекунанд. Дуюм, дар байни журналистони мо баъзан журналистоне дучор меоянд, ки худашонро аз журналистони дигар боло медонанд ва бо ҳамин хотир алайҳи миллатҳои дигар ба таври бошуурона маводи таҳқиркунанда менависанд ва бо ҳамин корашон намоиш додан мехоҳанд, ки онҳо қаҳрамонӣ кардаанд. Сеюм, журналистон, аксар вақт журналистони камтаҷриба, дар муқобили воқеаҳои дар кишварҳои дигар баамаломада ба эҳсосот дода мешаванд.

[b]Рашид Ғанӣ Абдулло:[/b]

Масъалаи ба иззати нафси миллатҳо ё мардумони дигар расидан ба тарбияи маънавӣ ва сиёсии журналист бастагӣ дорад. Зеро вақте ба иззати нафси миллати ғайр мерасед масъалаи низоъи баёни миллатҳо ба миён меояд.

Тарафи дигар масъала. Журналисти хуб метавонад масъалаи бамиёномадаро дуруст шарҳ диҳад ва роҳи ҳалли масъаларо ба миён гузорад.

Таҳқири миллатҳои дигар роҳи сабуки расидан ба шӯҳрат аст. Чунин шӯҳрат албатта бепоя аст.

Дар чунин ҳолатҳо журналистон бояд фаромӯш накунанд, ки давлатҳо фишангҳои мухталифи таъсир расондан ба мамлакати моро доранд. Яъне мо бояд амнияти миллӣ ва давлатиамонро фаромӯш накунем. Ба ибораи мардуми худамон гӯем, «пойро баробари кӯрпа дароз кардан лозим аст».

Мо дар ин шабу рӯзе, ки атрофамонро кишварҳои мухталиф иҳота карда, ҳар кадоме даъвое ба сарамон доранд, бояд тавре рафтор кунем, ки ба давлатамон осеб нарасад

[b]Қироншоҳ Шарифзода:[/b]

Аввал ин ки мутаассифона, журналистони мо, чун як ҷузъи таркибии ҷомеаамон, қонунҳоро намедонанд, қонунписанд ва қонунриоякун нестанд, куҷо расад ба риоя намудани меъёрҳои ахлоқи касбӣ?

Дигар, ба иззати нафси миллатҳои дигар расидан дар маводи интишории махсусан матбуоти ғайридавлатиамон бештар шудааст. Сабаби аслӣ – риояи нашудани принсипи таҳаммулпазирӣ аст, ки худи сармуҳаррирон (сардабирон) ба зердастону муаллифони беруна «намуна» ҳастанд.

[b]Аҳмадшоҳи Комил:[/b]

Ба ростӣ, дар навиштаҳои хабарнигорон маводи мустақим ба мавзӯъи миллатгароиро нахондаам, вале гоҳе масъалаҳое, ки марбут ба равишҳои миллатҳои дигар аст, ба чашм мехӯрад. Аммо бояд мунсифона нигоҳ кард, ки матлаби ин гуна мавод то кадом андоза ба иззати нафси миллатҳои дигар мерасад. Аз сӯйи дигар, агар чунин матлаб воқеан мухолиф ба меъёрҳои ҳуқуқи Тоҷикистон бошад, фикр мекунам маъмурони ҳуқуқ бисёр базудӣ ба дунболи ин гуна мавод ва муаллифи он хоҳанд шуд. Ман аз он тарс дорам, ки дар кишвари мо ҳомиёни ҳуқуқ дар хеле маврид берун аз талаботи меъёри қонунҳо хабарнигоронро ба додгоҳ мекашанд. Мо ин гуна мисолҳо дорем. Ва ҳамин равиши мақомдорони давлати мо низ боиси афзоиш тарс дар миёни хабарнигорон – худсонсурӣ шудааст.

[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]

Мехостам диққати шуморо ба масъалаи маҳалгароӣ дар матбуотӣ тоҷик ҷалб намоям. Ба андешаи Шумо, оё дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ ҳаст? Он дар чӣ зуҳур меёбад? Оқибаташ чӣ мешавад? Чӣ бояд кард, ки ин зуҳурот аз байн равад?

[b]Иброҳим Усмонов: [/b]

Ба савол якбора ҷавоб дода мегӯям, ки, мутаасифона, дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ мавҷуд аст. Агар журналистони тоҷик тавонанд худашонро аз маҳаллашон боло гузоранд, яъне худашонро ҳамчун намояндаи миллат намоиш диҳанд ва нотавонии мардуми маҳалли дигарро танқид накунанд, он гоҳ маҳалгароӣ аз байн меравад.

[b]Рашид Ғанӣ Абдулло:[/b]

Маҳалгароӣ як зуҳуроти воқеӣ аст. Чун ҳамаи зуҳуроти дигар маҳалгароӣ дар матбуот ҳам зуҳур меёбад. Аз ин маълум мегардад, ки ин ё он рӯзнома ё соҳиби он ба маҳалли худ муҳаббати хоса дорад. Ин ҳолати бад нест. Ба ҳамин восита мо рангорангиҳои кишварамонро мебинем, зеро ҳар нафар, аз он ҷумла журналист ҳам маҳалли худашро аз дигарон беҳтару хубтар медонад.

Вале таносуби байни маҳалгароӣ ва миллатгароӣ аз байн наравад. Маҳалгароӣ бояд миллатгароиро фурӯ набарад ва эътидол бояд мавҷуд бошад.

Тарафи дигари масъала. Ташаккулёбии ҳар миллат аз маҳал ибтидо мегирад. Яъне одам аввал ҳуввияти маҳаллӣ пайдо карда, сипас ин ҳуввият ба миллат бурда мерасонад, яъне минтақаи нисбатан васеъро фаро мегирад.

Ҳуввияти аввал марҳилаи маҳалро аз сар мегузаронад. Ин ҳолат хоси ҳамаи миллатҳо аст. Дар ИМА мардуми соҳили уқёнуси Ором аз мардуми уқёнуси Атлантика фарқ мекунанд. Вале дар мавриди миллӣ онҳо манфиатҳои ягонаашонро ҳимоя мекунанд. Дар Россия ҳам чунин наст. Тавре медонем, дар тӯли даҳсолаи охир аксари роҳбарони олимақоми рус мардуми як минтақа ҳастанд, вале бо вуҷуди ин онҳо манфиатҳои миллатиашонро дар мақоми аввал мегузоранд, на минтақаашонро.

Муҳимаш, таносуби маҳалгароӣ ва миллатгароӣ бояд мавҷуд бошад.

[b]Қироншоҳ Шарифзода:[/b]

Мутаассифона, маҳалгароӣ дар миёни рузноманигорон ва ВАО ҳаст. Ба ҳайати эҷодӣ ва муҳтавои дилхоҳ нашрияе мустақиламонро як назари иҷмолӣ андозед ва хоҳед фаҳмид, ки аксар аз як минтақа, як маҳал ҳастанд ва маводи таърифию танқидӣ низ ба минтақаҳо тақсим шудаанд.

Ин албатта, оқибати нек надорад. Аввал доираи муштариёнро бо ин заҳр олуда месозад, минбаъд ба дигарон сироят мекунад ва м.и.

Маҳалгароиро мутаасифона, бо қонун низ пешгирӣ кардан наметавон. Дар ин масъала маърифати шахс, тарбияи хунии ҳар кас омили ҳалкунанда аст.

[b]Аҳмадшоҳи Комил:[/b]

Ман бо сароҳат метавонам бигӯям, ки ҳама анвоъи матбуоти озод, ки барои мо дастрас аст, тобеъи андешаҳои маҳалгароӣ ва матбуоти русзабонамон гирифтори бемории гурӯҳбозӣ хастанд. То ҷое, ки ошно ҳастам, наметавонам намунае аз нашрияҳоро як нашрияи миллӣ, саросарӣ ва ё ҳаддиақал пуштибони армонҳои миллат бихонам. Имрӯз хонандаи тоҷик ба дунболи мутолиъаи маводи аксаран хому бетаҳрир, сабуку кӯчабозорӣ, нохудогоҳона аз пайи андешаҳои маҳалгароӣ ва гурӯҳбозон меравад. Тавре мушоҳида мешавад, бештарин масъулони хабарнигориҳо комилан тобеъи андешаҳои маҳалгароӣ ва гурӯҳбозӣ ҳастанд. Бархе аз нашрияҳо то ҳадде пойбанди ин равишҳои носолим ҳастанд, ки қаҳрамонсозӣ аз ҳаммаҳалҳояшон, муарифӣ кардани шахсиятҳои беҳунару беарзиш ва таърифу тавсифи бешармона дар бораи онҳоро ба барномаи хабаргузориҳояшон табдил додаанд. Ба як сухан, матбуоти озоди кишвари мо ба манбаъи маҳалгароӣ табдил шудааст.

[b]Абдуфаттоҳ Воҳидов:[/b]

Барои сӯҳбати пурмӯҳтаво ба Шумо ташаккур мегӯям. Аз фурсат истифода бурда ҳамаи шуморо бо фарорасии Соли нав муборакбод мегӯям. Саломат бошед. То сӯҳбатҳои навбатӣ дар торномаи АМВОМТ.

АМВАОМТ

Источник:

Оё матбуот ҷои мову ман аст?

[b]Нишасти маҷозӣ[/b]

[b]22 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.[/b]

[b]Дар конфронси маҷозӣ шахсони зерин ширкат доштанд:[/b]

[b][i]Гардонанда Нуриддин Қаршибоев, Раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)[/i][/b]

[b][i]Сайидюнуси Истаравшанӣ, коршиноси фалсафа ва ҳикмати исломӣ, устоди маркази омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва фурсатҳои мутолиотӣ дар Эрон[/i][/b]

[b][i]Умед Ҷайҳонӣ, рузноманигор, таҳлилгари масоили сиёсӣ

Шокир Хакимов, олими ҳуқуқшинос

Дориюш Раҷабиён, рӯзноманигор

Хилватшоҳ Хоҷаев, сардабири хабаргузории иттилоотии «Озодагон»

Иззат Амон, таҳлилгари сиёсӣ

Зафари Мирзоиён, рӯзноманигор[/i][/b]

[b]Қисми аввал[/b]

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]

[b]Дӯстони гиромӣ, ҳамкасбони азиз! Моҳе қабл мо пешниҳод доштем, ки масоили марбут ба маҳалгароиро дар матбуоти Тоҷикистон матраҳ намоем. Вале азизон, бинобар баррасии қазияи халабонҳои рус, ин мавзӯъро мавқуф гузошта шуд. Азбаски мавзӯи маҳал ва муносиботи байни миллатҳо барои муттаҳидии миллат ва давлати Тоҷикистон, ба назари мо, муҳим аст, мехостем сари ин мавзӯот баргардем ва зимни як нишасти маҷозӣ назари Шуморо дар ин бобат бифаҳмем.

Ба ҳамин хотир, саволҳои зеринро ба шумо пешкаш менамоем.

Оё дар матбуоти тоҷик маҳалгароӣ ҳаст? Он дар чӣ зуҳур меёбад? Оқибаташ чӣ мешавад? Чӣ бояд кард, ки ин зуҳурот аз байн равад?

Бо кадом сабабҳо журналистони тоҷик бо вуҷуди мавҷуд будани қонун ва меъёрҳои ахлоқ баъзан дар маводҳояшон ба иззати нафси миллатҳои ғайр мерасанд?[/b]

[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]

То ҷое, ки ман аз торномаҳои бархе аз рӯзномаву расонаҳои Тоҷикистон дарёфтаам, бунёдгузорон ва ё сардабирони ин расонаҳо зодаи яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ҳастанд. Аз ин рӯ, гумон дорам, ки ин расонаҳо ба масоъили он минтақа каме бештар таваҷҷуҳ мекунанд ва рухдодҳоро баррасӣ мекунанд ва яке аз падидаҳои маҳалгароӣ дар расонаҳо ҳамин аст. Яке аз пайомадҳояш ҳам шояд ин шавад, ки хонандагон аз ин гуна расона рӯйгардон хоҳанд шуд. Маъмулан, рӯзномахонон рӯзномаро аз барои огоҳ шудан аз кишвару ҷаҳон мехаранд ва масоъили маҳаллӣ чандон ҷолиб нестанд. Агар рӯзномае ё расонае дар пӯшиши хабарӣ ё таваҷҷуҳ ба маҳалле вижа ифроту тафрит кунад, хонандагон низ аз хариданаш худдорӣ хоҳанд кард.

Аммо маҳалгароиро бояд аз маҳалдӯстӣ ҷудо кард. Тоҷикистон худ аз рустоҳову шаҳрҳову шаҳристонҳову устонҳо падид омадааст ва оне, ки зодгоҳашро дӯст медорад, табъан зодбумашро низ дӯст хоҳад дошт, чун он зодгоҳ бахше хурдакак аз он зодбум аст. Боре, бузургсозии зодгоҳу барҷастасозияш дар баробари зодбум нописанд ва нохушоянд аст.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]

Албатта, маҳалдӯстӣ чизи дигар аст. Вале истифодаи лаҳҷа дар саҳифаҳои матбуот то кадом андоза роиҷ аст?

[b]Хилватшо Хоҷаев:[/b]

Дуруд ба гардонандаи мизи гирд ва кулли ширкатдорон. Бояд гуфт, маҳалгароӣ (маҳалчигӣ) дар кулли манотиқи кишвар ва қишрҳои мухталифи ҷомеа чун заҳрпечак паҳн шудааст ва матбуоти тоҷик низ ҳам мисли як шохаи ҷомеа истисно нест. Инро ҷаноби оқои Нуриддин Қаршибоев, ки ба симмати райиси АМВАОТ чанд сол боз фаъолият доранд, беҳтару хубтар аз ҳар каси дигар медонанд. Ҳам дар ТВ-и давлатӣ ва ҳам дар расонаҳои ҳукуматӣ ва ҳам дар ВАО-и мустақил агар дурусттар назар кунем, падидаҳои маҳалгароиро рӯшан мебинем…. Оқибаташ хеле бад аст. Мегӯед чи тур? Таври мисол: 1 моҳи ахир матлабҳое ба нишонии нашрияҳо меоянд… Табиист, ки бо имзои мустаор ва аз ҳар идораву мақомот. Аммо дар поварақи онҳо пас аз имзои эшон сабт шуда: журналист. Ин ҳам як нишони заъфи мо аст, ки аз пешаи мо, касби мо дигарон истифодаи сӯъ мекунанд. Бархе аз муассисон ва сармуҳаррирони мӯҳтарам ҳам ба ин паҳлӯи масъала аҳамият дода ва ё надода, ин мактубу бӯҳтонномаҳоро ба нашр мерасонанд. Худое накарда, агар мушкиле ба сари нашрия биёяд, аз ин матлабҳо ва ё ҳангомае хезад, ҳиҷ вақт сохҳиби аслии маводи мазкурро намеёбед…Чӣ расад ба меъёр ва этикаи журналистӣ… Агар дигарон аз ин пеша ва ин ҳирфа истифода карда, ҳадафҳои худро пиёда кунанд. Фикр накунед, ки ман мухолифи навиштани матлаб бо имзои мустаорам, на. Ман алайҳи онҳое садо баланд кардам, ки аз касб, пеша, ҳирфаи журналистӣ истифода мекунанд.

[b]Иззат Амон:[/b]

Устоди гиромӣ! Ба гумони ман, маҳалгароӣ дар тамоми мамолик дида мешавад. Ҳатто Маскав, ки мо дар он ҷоем, берун аз маскавиҳоро ҳатто одам намеҳисобад. Ҳамин тавр, ба шаҳрҳои аврупоӣ ҳам, ки зуд-зуд сафар дорам, ин мушкилро ҳис кардам. Вале дар матбуоти мустақили Тоҷикистон ростӣ инро боре ҳис накардаам. Ин таъриф нест, ин воқеият аст. Шояд дар рӯзномаҳои ҳукуматӣ бошад, вале афсӯс, ин рӯзномаҳоро касе намехонад, ба ҷуз аз аъзоёни ҳукумат, ки маҷбурӣ обуна шудаанд.

[b]Шокир Хакимов:[/b]

Будани маҳалгароӣ аз пастии сатҳи тафаккури миллӣ ва номукаммалии ҷомеаи мо гувоҳӣ медиҳад. Барои доираҳои муайани сиёсӣ ин стратегияи идораи давлат аст. Рохи ҳал ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ ва, албатта, бисёрҳизбӣ. Маҳз ин дигар омилҳо шарти стратегии рушди устувори ҷомеа ва бунёди давлати муосир мебошад. Зеро ки рушди соҳибкорӣ ва равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ дар заминаи дигар манфиатҳо шаҳрвандонро муттаҳид намуда, арзишҳои миллиро ҳхимоя мекунад.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]

Ташаккур! Ба андешаи Шумо, рӯзноманигорони тоҷик то кадом дараҷа назокати суханро ҳангоми инъикоси мавзӯи муносибати байни миллатҳо риоя мекунанд?

[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]

Аз он ҷо, ки аксари расонаҳои чопии Тоҷикистон бештар дар пойтахт фурӯхта мешаванд ва камтар ба маҳалҳо мерасанд, маҳалгароии расонадорон ё расонанигоронро ба ин зудӣ ва осонӣ намешавад аз миён бардошт. Боре, расонадорон, ки ҳамвора дар андешаи афзоиши даромади худ ҳастанд, бояд аз пӯшиши хабарҳо ва таваҷҷуҳ ба маҳаллашон бигзаранд ва аз ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон хабар биёранд то рӯзнома ва ё расонаашон аз чорчӯби як маҳал берун барояд ва расонае миллӣ шавад. Аз диди ман, ин яке аз роҳҳоест, ки метавонад расонаҳоро миллӣ кунад.

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b]

Маҳалгароӣ як ҳақиқати торихию иҷтимоъӣ ва ҷуғрофиёии Тоҷикистон аст ва раҳоӣ аз он мусталзими ҷаҳонбинии васеъ, ҷаҳонгаштагӣ, фосила гирифтан аз пархошҳои бисёр ночизу бемаънии дарунқавмӣ аст, ки барои ҳама муяссар намешавад. Зеҳни афроди гирифтор дар муҳити кӯчак ҳамеша гирифтори масоил ва мушкилоти кӯчак аст. Роҳи муқобила бо он паҳн кардани вусъати дид аст; нахуст вусъати диди худи рӯзноманигорон, ки ғолибан бузургтарин омилҳои тавсеъаи маҳалгароӣ дар Тоҷикистон ҳастанд. Пазириши забони меъёри порсӣ, ки фаротар аз марзҳои сиёсии мо биравад ва тамоми марзҳои фарҳангии моро фаро бигирад, яке дигар аз роҳкорҳои дармони маҳалгароист. Хандадор аст, вақте мебинем, ононе, ки барои Самарқанду Бухоро ашки тимсоҳ мерезанд, ҳамин як тикка хоки Тоҷикистонро ҳам бо ҷидду ҷаҳд тикка-пора мекунанд ва мардуми онро ба «тоҷикони асилу ноасил» тақсим мекунанд. Парвариши зеҳнияти миллӣ муҳимтарин роҳи муқобила бо маҳалгароист. Ҳеҷ фарди маҳалгарое ба ростӣ миллати худро дӯст надорад ва суди чандоне аз ӯ барои миллат ҳосил нахоҳад шуд.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]

Ташаккур, Дориюши азиз! Назари Шумо ба истифотаи лаҳҷаи ин ё он маҳал бо танз дар навиштаҳои рӯзноманигорон чи гуна аст?

[b]Дориюш Раҷабиён:[/b]

Корбурди гӯишҳои мухталиф дар расонаҳои ҷаҳон собиқа дорад. Бавижа дар навиштаҳои танзомез. Аммо фикр намекунам дар кишварҳои ғарбӣ ё ҳатто Русия маҳалгароӣ ба андозае қавӣ бошад, ки дар Тоҷикистон ҳаст. Аз ин рӯ дар кишварҳои дигар ин навъ… корбурди гӯишҳо ҳассосиятбарангез нест. Шахси ман дар корбурди лаҳҷаҳои мухталиф дар навиштаҳо ишколу эроде намебинам, чун шояд кӯчактарин зодгоҳамро Тоҷикистон медонам. Аммо агар мухотаб мубтало ба маҳалгароист, хондану шунидани он матолиб барояш азоби алиме хоҳад буд ва дар ҷомеъа ҳисси хусуматро доман хоҳад зад.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]

Шояд пештар ҳам хидмати дӯстон арз шуда буд, ки муҳимтарин омили маҳалгароӣ, чӣ дар васати рӯзноманигорон ва чӣ дар авсоти дигар, ҷаҳолат ва нодонӣ аст. Яъне, касе ки маҳалгарост ва ба ҳама чиз аз равзанаи маҳаллу минтақаи худ нигоҳ мекунад… ва ашёро бо меъёри маҳал арзёбӣ менамояд, ин бархоста аз нодонии ӯст. Вагарна, маҳал яъне ҷое, ки ӯ таваллуд ва бузург шудааст ва чизе аст, ки аз ихтиёри ӯ хориҷ аст; ӯ метавонист дар ҷое дигар зоида шавад. Ончи метавонад мояи бартарӣ ва меъёри арзёбии ашхос қарор бигирад, бояд чизе хориҷ аз ихтиёри онҳо бошад. Масалан, лаёқат, истеъдод, дониш, биниш ва аз ин қабил сифот, ки ҳама метавонанд дошта бошанд ва дар ҳитаи ихтиёри онҳо ҳам ҳаст.

Ҳол, чун меҳвари баҳс ин ҷо рӯзноманигорон ҳастанд, арз шавад хидмати азизон, ки ин ҷамоат ба ҷои он, ки худ маҳалгаро бошанд, ки мутаассифона ҳастанд, бояд барои решакан кардани он гом бардоранд. Яке аз роҳҳои решакан намудани ин мараз он аст, ки анҷуманҳои рӯзноманигорӣ навъе рақобати (албатта ғайри илзомӣ) бар нашрияҳо дошта бошанд. Масалан, кӯшиш кунанд, ки дар як нашрия, рӯзноманигорони мухталиф ва аз навоҳӣ ва манотиқи гуногуни Тоҷикистон машғул ба кор бошанд. Агар дар як нашрия рӯзноманигорони мухталиф фаъолият дошта бошанд, ҳатман бо ҳам нишасту бархост доранд ва якдигарро аз наздик хоҳанд шинохт. Ва ҳамин боис мешавад, ин бемории саъбулилоҷ то ҳудуде решакан гардад. Ин корро ҷаноби оқои Қаршибоев худ метавонанд ба роҳ андозанд.

Ва ё роҳи дигар ин, ки, агар матлабе дар нашрияе ба чашм хӯрад, ки аз он бӯи маҳалгароӣ ба машом мерасад, онро тавбех кунанд. Ҳол банда намедонам роҳи ин тавбех чӣ гуна аст, аммо метавон пайдо кард.

[b]Зафари Мирзоиён:[/b]

Дар мавриди маҳалгароӣ инҷониб ду ҳафта пеш рӯи як саҳифаи ҳафтаномаи «Самак» нигари худро ба интишор расонда будам. Пиромуни ба иззати нафси ақвоми дигар расидан бояд ҷанобашонро огоҳ созам, ки мо ба табъи зудранҷи бархеҳо кор надорем ва барои андаконда будани дигарон масъулия ҳам надорем. Ин ки мо қавми бародарамонро бо талаффузи тоҷикӣ ӮЗБАК» мегӯем , шеваи гуфтори тоҷикӣ аст, зеро аз Алишери Навоӣ сар карда, то Аҳмади Дониш Ӯзбик нанавишта буданд, ӮЗБАК навишта буданд. Мо ку малол нестем, ки ӯзбакон моро ТОЖИК мегӯянду менависанд. Агар мо торихи чаповулгарии қарақчиёни қатағану қунғуроти ҳамдиёронамонро рӯи қоғаз меоварем, ба ҷуз бозшинохти гузаштаамон чизи дигаре нест. Тоҷик аз ҳамин нашинохтани гузаштаи худ ба ин рӯз расидааст ва ҳатто эҳсосе ҳам намекунад, ки яке аз таҳрикгарони маҳалгарои саҷоёирамагардон мебошад, ки бидуни таӯсим кардани одамон ба ийлу тайп, улусуурук наметавонанд хешро озод гуморанд. Агар жарфтар биандешед, ғолибан таҳрикдиҳандагони музофотгарои ғайритоҷикон мебошанд. Масалан, тоҷики мастчоҳӣ маҳалгаро нест, хуҷандии ғайритоҷик маҳалгарост, ҳамчунон тоҷики даштичумӣ маҳалгаро нест, вале ғайритоҷики кӯлобӣ, ё кангуртӣ маҳалгарост. Хулоса, набояд гузошт, ки дар миёни рӯзноманигору равшанандешони воқеӣ кирми маҳалгароӣ ҷой дошта бошад. Қавми дигаро ситеза кардан бефарҳангиву бетарбия будан аст, аммо торихро бояд ба ояндагон фаҳмонд. Яҳудиён медонанд, ки Холокост, яъне чи; арманиҳо медонанд, ки бо патриотизми туркиву пантуркистӣ1,5 миллион ҷони арманӣ рабуда шуд. Аммо тоҷик аз миллионҳо сари буридаи Темури Ланги гучастик бояд надонад? Дар бораи бадбахтиҳои гузашта бояд зиёд гуфта шавад, ки такрор нашаванд. Ҳатто дар дини мубини ислом, ки мо ҳама пайравонаш мебошем, бояд андешаҳои миллӣ ҷой карда шавад, яъне дини мо бояд таблиғгари андешаҳои миллиамон бошад. Имрӯз пантуркизм бо сарварии Ислом Карим дасти таҳдид болои сарамон ниҳодааст ва мо бояд барои шиками сер шуда, дар наздашон ба зону бизанем? Мо безорем аз он дипломатияи ғуломгароёна. Гурӯсна мемонем, вале пеши пантуркистҳо сар фурӯд нахоҳем овард.

[b]Сайидюнуси Истаравшанӣ:[/b]

Бо камоли эҳтиром ба дидгоҳи ҷаноби Устод Мирзоён, аммо камин бо таҳлили эшон мувофиқ нестам. Маҳалгароӣ асосан жен надорад; яъне метавонад миёни тоҷикони холис ҳам пайдо шавад ва миёни нохолис ҳам. Чун иллати он жен нест, балки ҷаҳолат ва … нодонӣ аст. Далелаш ҳам ин аст, ки ин мараз дар васати тоҷикони ба истилоҳ холис ҳам фаровон дида мешавад ва ниёз ба овардани намуна ҳам нест ва азизон худ медонанд.

Нуктаи дигар он, ки камина миёни маҳалгароӣ ва миллатгароӣ ба маънои манфии он ҳеҷ тафовуте намебинам. Ҳар ду аз як манбаъ сарчашма мегиранд. Албатта, муродам миллатгароӣ ба маънои манфии он аст. Ва он, ҷое аст, ки мо хештанро аз тариқи кӯбидани миллате дигар муаррифӣ кунем. Масалан, миллатгароии худро бо таҳқири милали дигар собит намоем, мисли он ки таҳқири ӯзбакҳо ҳамвора вирди забони мо бошад ва бо ин, бихоҳем бигӯем, мо ҳам ҳастем.

Ба назари қосири камин, миллатгароӣ хуб аст, аммо мусбати он. Ва он ҷое аст, ки мо хештанро бар дигарон таҳмил кунем ва ба сухани дигар, чунон ороста ба ахлоқи писандида ва пешгом дар тамоми арсаҳои ҳаёт бошем, ки дигарон ночор аз пазириши мо бишаванд, чуноне ки собиқан будем. Агар дар собиқ забони мо (порсӣ) ва фарҳанги мо, мавриди пазириши ҳамаи ҳамсоягони мо аз ҷумла ӯзбакҳо буд, ба ин хотир буд, ки онҳо моро одамони бофарҳанг медонистанд, на ин ки “кӯбанда”.

[b]Умед Ҷайҳонӣ:[/b]

Аз он ҷо, ки забони навиштории расонаҳо усулан яке аз гунаҳои корбурдии забони меъёр аст, истифодаи лаҳҷа дар саҳифаҳои матбуот чандон дуруст нест. Лаҳҷаро метавон дар достону ҳикоёт ба кор бурд чун забони корбурдии ин осор ҳарчанд забони меъёри навишторист, аммо вижагиҳои сабки адабӣ инро иҷоза медиҳанд. Маъмулан забони матбуъот ҳамон забони меъёри навишторӣ аст. Ман дар расонаҳои тоҷикӣ лаҳҷаро камтар дидаам ва жаргонро бештар. Корбурди жаргон дар расонаҳо аз бех нописанд аст.

[b]Нуриддин Қаршибоев:[/b]

[b]Ташаккур аз Шумо барои ибрози назаратон, ки хеле ҷолиб аст. Мо метавонем ҳамфикр бошем, ё назари каси дигаррро қобили қабул надонем, вале ҳатман таҳаммул карда тавонем. Азбаски вақти мо ба поён мерасад, аз дӯстоне, ки назарашонро феълан баён карда натавонистанд, эҳтиромона хоҳиш дорам, ки ақидаи худро дар ин саҳифа гузоранд ё ба нишонии банда ирсол доранд. Ҳазор раҳмат![/b]

АМВАОМТ

Источник:

Оё матбуот ҷои баҳси мову ман аст? (Кисми аввал))

[b]Нишасти маҷозӣ[/b]

21 декабри соли равон бо ибтикори Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар фазои Facebook як нишасти маҷозӣ дар мавзӯи «Назокати сухан дар ВАО Тоҷикистон» доир гардид, ки фишурдаи он сӯҳбатро манзури шумо мегардонем.

[b]Матни пурраи нишастро дар торномаи мо бо пахш кардани нишонии зерин мутолиа намоед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=152]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=152[/url]

Источник:

Тасмими таъсиси иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО

[b]Ассотсиатсияи журналистони «Медиа Алянси Тоҷикистон» бо кӯмак ва маблағгузории намояндагии «Интернюс Нетуорк» дар Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Мушкилоти ҳамкории камтаъсири намояндагони ВАО ва мудофиёни ҳуқуқи башар» баргузор намуд.[/b]

Мавзӯи асосии ин нишаст ҳал намудани мушкилоти ҳуқуқии журналистон, хусусан баррасии парвандаҳои журналистон дар рафти мурофиаҳои судӣ буд. Баромадкунандагони мизи гирд он журналистоне буданд, ки нисбати онҳо парвандаи судӣ боз шуда буд. Аз ҷумла хабарнигори бахши ӯзбекии радиои ВВС дар Тоҷикистон Урунбой Усмонов дар мавзӯи «Баррасии мавзӯъҳои хатарнок дар ВАО: таъсири он ба фаъолияти касбӣ ва амнияти журналистон», Раҷаби Мирзо «Мо кистем — журналист ё террорист?» баромад карданд. Дар ҷамъбаст аз ҷониби ташкилкунандагони мизи гирд лоиҳаи тавсияҳо, аз қабили:

1. Созмон додани иттиҳоди адвокатҳои соҳаи ВАО ва ба он ҷалб намудани ҳуқуқшиносони ҷавону болаёқат;

2. Таҳкиму тавсеаи ҳамкории ҳомиёни хуқуқи инсон, ВАО ва созмонҳои рӯзноманигорӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорон, ВАО;

3. Амалӣ намудани барномаҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон, сардабирон ва муассисони ВАО дар мавзӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо дар чаҳорчӯбаи қонунгузории Тоҷикистон;

4. Таъсиси Хазинаи фавқулоддаи дастгирии ҳуқуқии ВАО қабул гардид.
Ҳамчунин дар ин мизи гирд коршиносон, намояндагони созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва доираи васеи хабарнигорон иштирок доштанд.

Аҳлиддини НУРИДДИН, TojNews

Источник:

Нашрияҳоро боз аз элак мегузаронанд

[b]Вазорати фарҳанг аз масъулини рӯзномаҳо тақозо кардааст, ки нашрияҳои худро ба сурати шахси ҳуқуқӣ дубора сабти ном кунанд.[/b]

Мақомот ҳадаф аз ин тақозоро мутобиқсозии фаъолияти нашрияҳо ба муқаррароти ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ унвон мекунанд. Аммо масъулини нашрияҳо мегӯянд, вазъи ба миёномада натиҷаи зидду нақизи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон мебошад ва нашрияҳо набояд барои посухи носуфтагии қонунҳоро бидиҳанд. Ба ин манзур, масъулони нашрияҳо ва созмонҳои журналистӣ аз мақомот дархост кардаанд, ки сабти номи такрории нашрияҳоро ба таъхир андозад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=151]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=151[/url]

Источник:

Нашрияҳоро боз аз элак мегузаронанд

[b]Вазорати фарҳанг аз масъулини рӯзномаҳо тақозо кардааст, ки нашрияҳои худро ба сурати шахси ҳуқуқӣ дубора сабти ном кунанд.[/b]

Мақомот ҳадаф аз ин тақозоро мутобиқсозии фаъолияти нашрияҳо ба муқаррароти ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ унвон мекунанд. Аммо масъулини нашрияҳо мегӯянд, вазъи ба миёномада натиҷаи зидду нақизи қонунҳои амалкунанда дар Тоҷикистон мебошад ва нашрияҳо набояд барои посухи носуфтагии қонунҳоро бидиҳанд. Ба ин манзур, масъулони нашрияҳо ва созмонҳои журналистӣ аз мақомот дархост кардаанд, ки сабти номи такрории нашрияҳоро ба таъхир андозад.

Хуршеди Атовулло, раиси МТЖ Тоҷикистон ва сардабири ҳафтаномаи «Фараж» ба ин пурсиш, ки агар бознависии нашрияҳо ҳатмӣ ҳаст, чӣ мушкиле ба сари нашрияҳо ба ҷуз аз сарфи вақт хоҳад омад, гуфт: «Маркази таҳқиқоти журналистӣ се нашрия дорад, дар сурате, ки мо ба тақозои онҳо амал кунем, бояд се суратҳисоб, се муҳосиб дошта бошем ва ҳамаи ҳисобу китоб мустақил бошад. Бар иловаи ин, ҳамаи онҳо бояд ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд дар равзанаи ягона ба қайд гирифта шаванд ва аз ҳадди аққали 712 сомонӣ аз ҳар нафар бояд андоз супоранд. Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон 70 дарсади рӯзноманигорон ин қадар моҳона намегиранд. Ин албатта мушкилоти фаровоне ба думбол хоҳад дошт.»

Аммо ба ин сурат идомаи кори нашрияҳое, ки сабти номи дубора нашуданд ва ё шахси ҳуқуқӣ нестанд, ғайри қонунӣ аст?

Акбари Саттор, раиси ИЖТ мегӯяд намешавад гуфт, ки рӯзномаҳо ғайри қонунӣ комилан кор мекунанд. Зеро таноқуз дар худи қонун аст. Қонуни матбуоти амалкунанда дар шароите қабул шуда буд, ки холдингҳои матбуотӣ ё медиа холдингҳо вуҷуд надоштанд. Аммо акнун ин созмонҳо ба вуҷуд омадаанд ва ин як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Ва бинобар ин бояд қонунгузорӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ шавад.

Оқои Саттор мегӯяд, ки як роҳи ҳалли ин мушкил, қабули қонуни нави матбуот аст: «Лоиҳаи нави Қонуни матбуот, ки омода шуд, муҳокима гардид, вале то ҳол дар парлумон хоб аст, агар мушкили асосӣ ҳамин аст, агар ҳамин қонун қубул шавад, масъала ҳал мешавад. Аз сабаби он, ки ин ҷо айби муассисон нест, бояд то як давраи муайян ҳамин кор ба таъхир гузошта шавад, ки қонуни нав қабул шавад ва масъала ҳал шавад».

Аммо оё қабули нави Қонуни матбуот ба ин зудӣ имкон доранд, ки мушкили нашрияҳо холдингоҳи матбуотӣ рафъ шавад?

Акрамшо Фелалиев, вакили МН ва аз муаллифони тарҳи нави Қонуни матбуот мегӯяд, ки қонуни нави матбуот тақрибан дар ҳоли такмил шудан аст. Оқои Фелалиев ба ин пурсиш, ки оё имкон дорад то соли нав ин қонун қабул шавад ва мушкили пешомада ҳал гардад, гуфт: «Гуруҳи корӣ таъсис шудааст, на танҳо аз ҳисоби кумитаи мо, балки аз ҳисоби рӯзноманигорон, дигар ниҳодҳои ҳукуматӣ ва баррасӣ мекунанд. Муҳлат то 23-юми декабр буд, агар дар ин давра ба мувофиқа наоянд, боз онро тамдид мекунанд.»

Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз бознависии номи нашрияҳо, ҳеҷ ангезаи дигаре ва хоса ҳадафи фишор ва маҳдуд кардани нашрияҳоро надорад. Ва танҳо ба қонунгузорӣ мутобиқ кардани фаъолияти онҳост. Масъулони матбуот низ мегӯянд, мехоҳанд ба ҳамин чиз бовар кунанд, аммо агар ҳарчи зудтар барои қабули қонуни нав иқдом шавад.

Раҳматкарими Давлат

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24420713.html

Ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола шуд

[b]Имрӯз ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола мешавад. Панҷ сол муқаддам як ҷаридаи нав, ки дар саҳфаҳои худ масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварро бо усул ва баёни хоса ҷой медод, ба майдони матбуоти тоҷик ворид шуд.[/b]

Ҳафтанома бо ташаббуси Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» нашр шуд ва ҳамчун «нашрия барои интелектуалҳои кишвар» мавзеъгирӣ мекард. Сармуҳаррири нахустини он — журналисти шинохта ва муаррихи варзида Нуралӣ Давлат буд, ки баръакси тарҳҳои дигари матбуотӣ дар атрофаш на журналистони варзида, балки ҷавононро ҷамъ овард.

Дере нагузашта, номҳои журналистони ҷавон — Фазлиддин Асозода, Фаридун Раҳнавард, Ҳарамгули Қодир, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Мушкинисо Хоҷаева, Эраҷи Амон ва дигарон вирди забонҳо гашт ва «Нигоҳ» ҳамчун нашрияи миллии мустақил эътироф шуд. Дар солҳои 2007, 2008 ва 2009, замоне, ки ҳама ҷоизаҳои бонуфузи журналистиро созмонҳои байналмилалӣ таъсис медоданд, «Нигоҳ» ва кормандонаш, тақрибан, ҳамаи онҳоро соҳибӣ мекарданд. Дар солҳои баъдӣ низ журналистони «Нигоҳ» аз беҳтаринҳо буда, худи нашрия бо унвонҳои «Беҳтарин нашрияи сол» ва «Беҳтарин ҳимоятгари ормонҳои миллӣ» сарфароз карда шудааст. Ба эътирофи умум, стратегияи мустақили хабарӣ, таҳлилҳои амиқи масоили иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ, усули хоси баёни журналистӣ, мустақилият аз ҳукумату аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу пулӣ ва рекломдиҳандагони бузург, ҷуръати журналистӣ ва мавзеъгирии шадид дар масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз вижагиҳои «Нигоҳ» мебошанд.

Роҳи панҷсолаи «Нигоҳ» ҳамвор набуда, дар ин муддат нашрия ду бор баста шудааст. Ахирин бор дар моҳи октябри соли 2010 «Нигоҳ» зери фишор болои чопхонаҳои кишвар аз чоп монд, вале бо фаъол шудани «Кумитаи 29-уми сентябр» ва дастгирии ҷомеаи байналмилал дубора ба чоп расид. Ҳарчанд «Нигоҳ» сиёсати фош накардани баҳсҳои судиро амалӣ менамояд, аммо ҳудуди даҳ маротиба дар мурофиаҳои судӣ ғалаба кардааст. Ахирин баҳси судии «Нигоҳ» бо Гвардияи миллии ҶТ Тоҷикистон атрофи мақолаи «Дуздӣ дар ИБО-и «Роғон» буд.

Дар ҳоли ҳозир, «Нигоҳ» аз муваффақтарин нашрияҳои миллӣ маҳсуб ёфта, бо шиори «Иттилооти мустақил ва таҳлилҳои касбӣ барои одамони фаъол» мавзеъгирӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсат, тими TojNews ҳайати эҷодии «Нигоҳ»-ро бо ҷашни мубораки 5-солагӣ табрик гуфта, ба эшон муваффақиятҳои нав ба навро орзуманд аст.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=21122&Itemid=28