[b]Дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон иддае аз хабарнигорон ба иттиҳоми туҳмат ва тавҳин ба додгоҳҳо кашида шудаанд.[/b]
Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон бо интишори қатъномае аз талоши давлат барои лағви ҳукми эъдом истиқбол карда ва хостори ҳазфи моддаҳои марбут ба таҳқиру туҳмат аз қонуни кайфарии ин кишвар шудааст.
Ин эътилоф аз худдории давлати Тоҷикистон аз пазируфтани тавсияҳои СММ дар мавриди «ғайриҷиноӣ» кардани ҷароими марбут ба таҳқиру туҳмат ибрози таассуф кардааст.
Дар ин қатънома, ки рӯзи чаҳоршанбеи 22 феврал мунташир шуд, ҳамчунин пешниҳодҳое барои гузориши Тоҷикистон ба СММ дар заминаи мубориза бо шиканҷа, таъмини озодии додгоҳҳо, дастрасии озод ба зиндониён ва ҳимоят аз ҳуқуқи маълулон ироа шудааст.
Намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз қасди давлат ба тасвиби прутукули дувуми қарордоди байналмилалии ҳуқуқи башарро гоме муҳим дар заминаи лағви ҳукми эъдом дар Тоҷикистон хондаанд.
Ҳамчунин Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ талоши давлати Тоҷикистон барои пайвастан ба прутукули Кунвонсиюни СММ алайҳи шиканҷаро низ иқдоме бамаврид хондаанд.
[b]Ҳукми эъдом — амале ваҳшиёна[/b]
Сокинони Тоҷикистон дар мавриди ҳукми эъдом ва лағви он дар ин кишвар ақоиди зидду нақизе доранд.
Бархе аз сокинон бар ин ақидаанд, ки иддае аз ҷинояткорон, аз ҷумла қотилон ва кӯдакозорон (педофилҳо) бояд маҳкум ба эъдом (қатл) шаванд. Ба назари онҳо, аз ин роҳ давлат метавонад аз афзоиши ҷароиме назири қатл ҷилавгирӣ кунад.
Вале ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки ҳукми эъдом наметавонад роҳи ҳалле барои ҷилавгирӣ аз ҷароими сангин дар ҷомеъа бошад.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки ҳукми эъдомро бисёре аз рӯшанфикрони ҷаҳонӣ «амале ваҳшиёна» хондаанд.
Вай афзуд: «Бубинед се омил вуҷуд дорад, ки лағви ҳукми эъдом дар ҷомеъаро воҷиб мекунад. Аввал, ин иштибоҳи додгоҳӣ, дувум ин ки қонунҳои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаққи табиъии мардум ба зиндагиро ба расмият мешиносанд. Маҳкум кардани фард ба эъдом бо ин қонун мухолифат мекунад. Ва севум он ки ҳукми қатл ҷилави иртикоби ҷароимро намегирад.»
Ин ҳуқуқдони маъруф мӯътақид аст, ки ба фарди ҷинояткор бояд тибқи қавонини мавҷуд дар кишварҳо фурсат ё муҳлат барои ислоҳро дод. Хонуми Бобоназарова мегӯяд дар сурате ки ҳукми эъдом дар Тоҷикистон лағв шавад, ин иқдом Осиёи Миёнаро ба минтақае озод аз ҳукми эъдом табдил медиҳад.
Туркманистон нахустин кишвари Осиёи Миёна буд, ки ҳукми эъдом дар қонуни ҷазоро лағв кард ва ба дунболи ин кишвар мамолики дигари минтақа низ аз ҳукми эъдом даст кашидаанд.
Мақомоти ин кишварҳо бештар бо дарназардошти иштибоҳи додгоҳӣ ин ҳукмро аз қонуни ҷазои кишварҳояшон ҳазф кардаанд, зеро ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, системи қазоии ин кишварҳо комил нест ва имкони бегуноҳ ба эъдом маҳкум шудани афрод дар ин ҷо зиёд аст.
Иҷрои ҳукми эъдом (қатл) дар Тоҷикистон аз чанд солп еш ба ин сӯ ба таълиқ (мораториюм) даромада, вале ин навъи ҷазо дар қонуни кайфарии ин кишвар ҳамчунон вуҷуд дорад.
Аммо дар муколамаи давлати Тоҷикистон бо Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар пойизи соли гузашта, мақомоти тоҷик тавсияҳои ин ниҳод барои лағви ҳукми эъдомро пазируфтаанд.
[b]»Туҳмат макун, ба додгоҳ мекашам»[/b]
Яке дигар аз пешниҳодҳои ироашуда дар қатъномаи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон низ ба додгоҳҳо рабт мегирад.
Дар сарфасли ин қатънома зери унвони «Озодбаёнӣ дар Тоҷикистон» аз Қонуни кайфарӣ ё ҷазои ин кишвар ҳазф кардани моддаҳои 135 ва 136, яъне моддаҳои марбут ба «тавҳин ва туҳмат» матраҳ шуда ва онҳо хостори «ғайриҷиноӣ» кардани ин ду ҷурм ҳастанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, тавҳин ва тӯҳмат барои «муҳофизати мақомоти бесалоҳият аз сухани ҳақ дар ҷомеъа» аст.
Оқои Қаршибоев мегӯяд, ки дар тӯли даҳ соли фаъъолияти анҷуман ва назорат бар вазъи расонаҳо ва мушкилоти онҳо, кормандони ин созмон ба ин натиҷа расидаанд, ки ғайриҷиноӣ шудани моддаи 135 ва 136 қонуни кайфарӣ бар суди ҷомеъа хоҳад буд.
Оқои Қаршибоев афзуд: «Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон дар заминаи ғайриҷиноӣ кардани ин модда талошҳое ба харҷ додаанд, вале тасвиби он метавонист мунҷар ба фаъъолияти муассири хабарнигорон ва расонаҳо шавад.»
«Дар қонуни кайфарии бархе аз кишварҳои пешрафта низ ин модда вуҷуд дорад, аммо аз вай ҳеҷ гоҳ истифода нашудааст. Дар Тоҷикистон бархе аз мақомот нисбат ба интиқоди рӯзноманигорон аз фаъъолияташон таҳҳамулпазир нестанд ва барои дифоъ аз мавқеъи хеш хабарнигорро бо истифода аз ин модда ба додгоҳ мекашанд.»
Бисёре аз рӯзноманигорон дар Тоҷикистон бо ин назар мувофиқанд. Ба гуфтаи бархе аз рӯзноманигорон, ки бо мушкили додгоҳӣ рӯбарӯ шуда буданд, хуб буд, агар давлати Тоҷикистон дар остонаи таҷлил аз 100-умин солгарди матбуъоти Тоҷикистон моддаҳои марбут ба туҳмат ва тавҳинро аз қонуни кайфарӣ ҳазф карда ва ба қонуни шаҳрвандӣ (маданӣ) шомил кунад.
Дар қатъномаи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз гуфтугӯйи бози мақомоти давлатӣ ва ҷомеъаи мадании ин кишвар барои ҳалли мавзӯъҳои доғ истиқбол шудааст.
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/02/120222_zkh_humanrights_massmedia.shtml