Все записи автора admin

Бори андоз барои матбуоти тоҷик бештар мешавад

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз муқаррароти Кодекси нави андоз, ки бори бори андозро барои расонаҳо бештар мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд.[/b]

[b]Нуриддин Қаршибоев[/b], раиси Анҷумани расонаҳои мутақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи созмонҳои журналиситии кишвар аз Кодекси нави андоз, ки бори андозро болои ВАО бештар мекунад, нигаронанад ва дар назар доранд, ки дар як номаи дастаҷамъӣ аз Кумитаи андоз дархост кунанд, то ба бандҳои Кодекс таҷдиди назар карда шавад.

Мутобиқи Кодекси нави андози Тоҷикистон, ки аз моҳи январи соли 2013 мавриди иҷро қарор мегирад, нашрияҳо бар иловаи молиёти мавҷуда, ӯҳдадоранд, андозҳои иловагиро пардохт намоянд.

[b]Ёқуби Саидзод[/b], рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, ки бар иловаи андозҳои дигаре, ки идораҳои нашрияҳо мепардозанд боз андоз аз даромади иловагӣ ба вазъи иқтисодии рӯзномаҳо, маоши кормандон таъсири манфӣ мерасонад.

Ба қавли Ёқуби Саидзод масъулони ҳафтаномаҳо аз соли нав ба он тараф маҷбур мешаванд, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молии худ нархи рӯзномаҳоро боло баранд.

Зимнан дар ҳамоиши созмонҳои журналистӣ ва дабирони нашрияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мавриди Кодекси нави андоз, ки дар он пардохти андози иловагӣ ҳатмӣ зикр гардидааст, изҳори ташвиш карда шуд.

[b]Завқибек Сиддиқов[/b], намояндаи Кумитаи андоз, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъйид кард, ки дар Кодекси андози ҷории кишвар барои матбуот имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, ки дар Кодекси нав аз 1-уми январи соли 2013 бардошта шудаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785667

ИЗҲОРОТ ОИД БА ДАСТРАСӢ БА ШАБАКАИ ФЕЙСБУК, СОМОНАИРАДИОИ ОЗОДӢ ВА ДИГАР СОМОНАҲОИ ХАБАРӢ

Душанбе, Тоҷикистон, 30 ноябри соли 2012. – Баста шудани шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон боиси нигаронии Сафорати ИМА мебошад. Иёлоти Муттаҳида боварӣ дорад, ки ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд дар озодона иброз намудани фикри худ, хоҳ дар майдони оммавӣ ва хоҳ дар шабакаи интернетӣ умумибашарист.

Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки ҳуқуқи озодона иброз намудани ҳар шаҳрвандро эҳтиром кунад ва маҳдудиятҳоро аз шабакаи Фейсбук, сомонаи Радиои Озодӣ ва дигар сомонаҳои хабарӣ бекор намояд.

Источник: Сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Барои навсозии «Шарқи Озод» беш аз 11 миллион евро пешбинӣ шудааст

[b]Лоиҳаи навсозии комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» мавриди баррасӣ қарор гирифт.[/b]

Аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин лоиҳа рӯзи 29-уми ноябр зимни вохӯрии Давлаталӣ Саидов, раиси кумита бо Др Бернд, директори депортаменти маблағгузориҳои содиротии «Ландес Бонк» матраҳ карда шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, баррасии лоиҳаи навсозии Комплекси табъу нашри «Шарқи Озод» бо мақсади харидории таҷҳизотҳои замонавӣ барои тайёр намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботи қатъидошта ва кортҳои пластикӣ ба маблағи 11,4 миллион евро пешбинӣ гардидааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7132—l-r-11-

ШӯРОИ КОТИБОНИ МАТБУОТИИ ТОҶИКИСТОН ТАЪСИС ЁФТ

[b]Котибони матбуотӣ ва роҳбарони хадамотҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.[/b]

Дар маҷлиси муассисони ташкилоти ҷамъиятӣ Оинномаи он тасдиқ гардида, раис, ҳайати раёсат ва ҳайати комиссияи тафтишотии он интихоб гардиданд. Раиси Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистон Давлаталӣ Назриев – сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ба ҳайати раёсати Шӯро Муҳаммадато Султонов – котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фотима Ғоибова – сардори маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ, Саъдулло Раҳматуллоев – роҳбари хадамоти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Гавҳарой Ҳомидова – сардори шуъбаи робита бо ВАО Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ, Суҳроб Қоҳирӣ – сардори шуъбаи робита бо ҷомеа, ВАО ва муносибатҳои байналмилалӣ, муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва таблиғоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Маҳмудхон Шоев – сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маорифи ҶТ, инчунин Намояндаи Кумитаи садо ва симо шомил гардиданд. Фаррух Малахов (Суди олии ҶТ), Момагул Шодиева (Вазорати молия) ва Каримхон Валиев (Хадамоти алоқа) аъзои комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.

Ба доираи фаъолияти Шӯро мусоидат дар самаранок сохтани кори хадамоти матбуотии вазорату муассисаҳо, фаъолияти касбию эҷодии котибони матбуотӣ, беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, тавсеаи дастрасӣ ба иттилои расмӣ ва табодули таҷриба дохил мешавад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти ном намудани созмони ҷамъиятӣ ба Вазорати адлия пешниҳод мешаванд.

Источник: http://khovar.tj/society/25538-sh1263roi-kotiboni-matbuotii-to1207ikiston-tasis-eft.html

Қироншоҳ Шарифзода раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

[b]Журналисти саршиноси тоҷик Қироншоҳи Шарифзода раиси Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон интихоб шуд. Оқои Шарифзода дар ин мақом, ҷойгузини Зиннатуллоҳи Исмоил шуд.[/b]

Котиботи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон рӯзи ҷумъа 30-юми ноябр ба «Озодӣ» гуфт, ки пас аз ҷаласаи ҳисоботи солона, масъалаи интихоби раиси ҷадиди Шӯро дар миён гузошта шуд. Дар миёни номзадҳое, ки аз тарафи намояндагони васоити ахбор дар ин ҷаласа пешниҳод шуд, Қироншоҳ Шарифзода, устоди Факултаи журналистикаи Донишгоҳ миллӣ ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО интихоб гардид. Аз тарафи рӯзноманигорон ва сардабирони ҳафтаномаҳо ва созмонҳои журналистӣ ҳамчунин номзадии профессор Иброҳим Усмонов, Мусо Асозода, Нуриддин Қаршибоев ва Аъзамхон Акбаров пешниҳод шуда буд, аммо онҳо номзадии худро пас гирифтанд.

Шӯрои ВАО аз сӯи як қатор созмонҳои журналистӣ, аз ҷумла, ИЖТ, АМРМТ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақили Тоҷикистон дар соли 2009-ум баъди пазируфтани Кодекси ахлоқи журналист таъсис шуда буд. Дар кори таъсиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, САҲА ва коршиносони Академияи расонаҳои «Дойче велле», ки дар таҳияи Кодекси жуналист саҳм доштанд, мусоидат намуда буданд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24785771

Нигаронии «Хабарнигорони бидуни марз» аз басташавии сомонаи «Озодӣ»

[b]Созмони “Хабарнигорони Бидуни марз” масдуд шудани сомонаи интернетии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Душанбе талаб намуд, ки сомонаи Озодӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбукро оҷилан фаъол кунанд.[/b]

Ёҳан Биҳр, сарвари ин созмон гуфтааст, ки онҳо бо нигаронӣ афзоиши тамоюли масдуд карадани сомонаҳои мустақил мушоҳида мекунанд. “Ин сеюмин мавҷи бастани манобеъи муҳими хабарӣ дар соли равон аст, ки аввалӣ дар моҳи март, мавҷи дуввум — дар тобистони соли равон ва инак мавҷи сеюм бо масдуд кардани боз ҳам Фейсбук ва сомонаи радиои Озодӣ ҷараён гирифтааст“, гутфааст Ёҳан Биҳр.

Ӯ афзудааст, ки ин гуна рафтор на танҳо қобили қабул нест, балки эҳтимодро аз вазорати мухобирот коста мекунад, «зеро ин ниҳоди давлатӣ изҳороти зидунақиз пахш кардааст».

«Бидуни шубҳа, бо масдуд кардани сомонаи Озодӣ, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад шуд, ки интернетро цензура мекунанд. Дар мавридҳои гузашта сомонаҳое, ки баста шуда буданд, баъди чанде дубора фаъол шуданд ва мо умедворем, ки аз ин таҷриба дар робита ба Озодӣ низ кор гирифта мешавад», изҳор кардааст созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121130/538/538.html?id=24786085

Ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон

[b]Фардо, 30-юми ноябр, соати 10:00 дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои Васитаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузор мегардад.[/b]

Аз дастгоҳи Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа фаъолияти яксолаи шӯро натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин шикоятҳои якчанд ташкилот ва шаҳрвандони алоҳида, ки аз тарафи идораи ҳафтаномаҳо ва рӯзноманигорон дар инъкоси мавзӯҳои мухталиф меъёрҳои ахлоқии касбии рӯзноманигорӣ вайрон шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Гуфта мешавад, дар кори ҷаласа ба ғайр аз ташкилоту созмонҳои дохилии марбут ба ВАО, ҳамчунин намояндагони ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ва корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7115-2012-11-29-11-05-18

Умед Бобохонов, раҳбари «Азия плюс» 50 сола шуд

[b]«50-сола шудам ва аз ин 25 солаш дар журналистика гузаштааст, оё вақти он нарасидааст, ки соҳаи фаъолиятамро дигар кунам…», — иброз медорад, раҳбари ширкати медиа-ҳолдингии «Азия Плюс».[/b]

Дар посух ба суоли хеш мегӯяд: «Ба фикрам пир нашудаам ва имкон дорад, ки дар кадом як соҳаи дигар низ малакаву ҳунари худро бисанҷам. Ҳоло ба хулосаи аниқ наомадаам, ки он бояд кадом соҳа бошад, аммо тағйирот дар зиндагии худро зарур мешуморам».

Маврид ба ёдоварист, Умед Мансурович Бобохонов, журналист, муассис ва бунёдгузори Гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» имрӯз, 29-уми ноябри соли 2012 ҷашни мавлуд дорад. Ӯ соли 1962 дар Душанбе ба дунё омада, мактаби миёнаи рақами 8-и пойтахт ба номи Павловскийро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳи олӣ фаъолияти эҷодиашро дар рӯзномаи маъруфи шӯравӣ — «Комсомолская правда» оғоз карда, соли 1995 нахустин оҷонсии иттилоотии мустақили ватаниро бо номи «Азия плюс» таъсис додааст.

Баъдан, доираи фаъолият ва стратегияи онро тавсеа бахшида, радиои ҳамном ва ҳафтаномаи «Азия плюс»-ро бунёд гузошт. Бо гузашти муддати начандон тӯлонӣ ин расонаҳо маҳбубият касб карда, аудиторияи худро дар Тоҷикистон пайдо карданд. Нақш ва таъсири Гурӯҳи расонаҳои мазкур дар ҷомеъаи Тоҷикистон муассир ва эҳсосшаванда аст.

Аз идора: Гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» рӯзноманигори ҳирфаӣ, муассис ва раҳбари медиа-ҳолдинги «Азия плюс» Умед Бобохоновро ба муносибати 50-умин солгарди умри бобаракаташ таҳният гуфта, ба ӯ комёбиҳои навро дар роҳи расидан ба қуллаҳои эҷод таманно дорад.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7111—-l-r-50—

Аз “профилактика”-и Facebook ду рӯз гузашт

[b]Рӯзи дуюм аст, ки шабакаи маъруфи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон баста аст.[/b]

Сешанбеи 27 ноябр аз маҳдудияти дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар Тоҷикистон ду рӯз гузашт. Ҳазорҳо онҳое, ки ба истифодаи ин шабакаи иҷтимоӣ одат доштанд, натавонистанд вориди Facebook шаванд. Танҳо гурӯҳи хурди корбарон бо истифода аз роҳҳои дигар вориди шабака шуда, норизоияти худро аз тасмими мақомот баён карданд. Тавре Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, “бештари муштариёни провайдерҳои вафодор тавассути Proxy вориди Facebook мешаванд”. Вай гуфт, ки тибқи баъзе хабарҳо, рӯзи сешанбе ин шабака танҳо тавассути шабакаи интернетии ширкати Билайн дастрас будааст.

Субҳи рӯзи 26-уми ноябр, Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон эълом кард, ки аз Хадамоти алоқа тавассути «смс» ё паёмак тақозо кардааст, ки шабакаи иҷтимоии Facebook баста шавад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, сабаби қатъи дастрасӣ ба Facebook-ро “корҳои профилактикӣ” хонд. Айни замон ӯ гуфт, ки хоҳиши сӯҳбат бо масъулини ин шабакаро дорад.

«Профилактика мегузаронем. Бубинед, Facebook соҳиб надорад. Кӣ ҳаст соҳиби он? Аз ҳар ҷо — аз Амрико, Олмон ва ғайра — занг мезананд, аммо хуб аст, агар соҳибаш биояд ва бо мо сӯҳбат кунад. Чизи дигар, оё ин Facebook ба давлат налог (андоз) месупорад? Дар ҳоле ки миллиардҳо фоида мебинанд», — гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Оқои Зуҳуров дар ин сӯҳбаташ иддао кард, ки Facebook ба майдони бесарусомон ва беназарот табдил ёфтааст ва бояд ба хотири таъмини амнияти кишвар “корҳои назоратӣ нисбат ба ин шабака” барпо шавад. Бег Зуҳуров гуфт, корҳои фаннӣ ё профилактиӣ нисбат ба шабакаи иҷтимоии Facebook муддати як рӯз идома пайдо хоҳад кард.

Дар ҳоле, ки рӯзи сешанбе дастрасии журналистон ба мақомоти Хадамоти алоқа низ маҳдуд буд, корбарони шабакаи Facebook нороҳатии худро аз амри басташавии ин сайт бо роҳҳои мухталиф баён мекарданд. Бархе дар шарҳҳои худ аз тасмими мақомот интиқод мекарданд, дигарҳо байни худ карикатураҳои тақлидкунандаи ин тасмимро тақсим мекарданд. Барои бисёриҳо даъвати Б.Зуҳуров барои мулоқот бо муассиси шабакаи Facebook Марк Тсукерберг мавриди таваҷҷӯҳ будааст.

Дар Тоҷикистон ҳудудан 50 ҳазор нафар аз шабакаи Facebook истифода мекунанд. Ин сайти интернетӣ дар баробари як василаи муоширату сӯҳбатҳои хусусии байни корбарон, ба маҳалли баҳсҳои ҷиддии масоили иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархе корбарон ба интиқоди ошкорои шахсиятҳои шинохташудаи ҷумҳурӣ мепардозанд ва ин чиз боиси он шудааст, ки дар гузашта низ мақомоти кишвар дастрасиро ба ин ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамчунин расонаҳои ошкоргӯи интернетӣ маҳдуд кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/second-day-facebook-blocked-tajikistan-/24782769.html

Дастрасӣ ба АМИТ «Ховар» низ маҳдуд шуд?

[b]Аз соати 10-и субҳи имрӯз воридшавӣ ба сомонаи ин агентии иттилоотии давлатӣ ғайриимкон аст.[/b]

Бо кӯшиши боз кардани www. khovar.tj ба рӯи муштариён саҳифаи интернет- провайдери «Тоҷнет» кушода мешавад. Садриддин Шамсиддинов, роҳбарии АМИТ «Ховар» ба Озодагон гуфт, ки сабаби боз нашудани саҳифаи онҳо танҳо мушкили техникӣ аст, ки баъд аз чанд лаҳза бартараф хоҳад шуд.

Дар ҳамин маврид, Рустам Маҷидов, коршинос ва як корбари фаъоли интернет мегӯяд, азбаски сомонаи мазкур дар хостинги «ТоҷНет» (ширкати Тоҷиктелеком) ҷойгир аст, ҳангоми бо ягон сабаб катъ шудани хадамоти хостинг ё домен, саҳифаи ин ширкат кушода мешавад: «Сабабаш метавонад гуногун бошад, аммо аксаран чунин ҳолат дар сурати насупоридани маблағ барои иҷораи фазои сервер (хостинг) ё домен ба вуқуъ меояд».

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи 25-уми ноябр дастрасӣ дар саросари Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook низ маҳдуд шудааст.

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/7085—-lr—