Все записи автора admin

Нигоҳе гузаро ба матбӯъоти тоҷик дар масири сад сол

[b]Рӯзи 11-уми март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ шуд. Ин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд, ки аз ҷониби як зумра рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик таъсис дода шуд.[/b]

То он замон, агар дар Осиёи Миёна, ки аз ибтидо қаламрави забону адаб ва тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ) буд, матбӯъоти русӣ (нашрияҳои \»Туркестанские ведомости\»-1870, \»Туркестанская туземная газета\»-1870, \»Окраина\» — 1890,) ва туркии чағатоии узбакӣ (\»Туркистон вилоятининг газети\») вуҷуд дошт, вале ҳеч рӯзномае ба забони сокинони асливу қадимии минтақа набуд.

Ин дар ҳолест, ки вақте барои тарғиби сиёсатҳои Русияи подшоҳӣ мавзӯъи ташкили матбӯъот бо забони маҳаллӣ пеш меояд, тибқи навиштаи окодемисиян Бартолд, бояд аввалин нашрия \»бо тоҷикӣ ва қирғизӣ\» мебуд, вале баъдтар он ба забони туркии чағатоии узбакӣ мунташир мешавад.

Аз таърихи ташкил ва ташаккули матбӯъот дар сарзамини Фарорӯд яқинан рӯшан мешавад, ки русҳо (чи дар даврони подшоҳӣ ва чи дар даврони болшевикӣ) бо тамаддуни форсию тоҷикӣ мушкил доштаанд. Яъне ягона тамаддуне, ки дар ин сарзамин аз сиёсатҳо ва манфиъатҳои русҳо дар дарозмуддат метавонист монеъ шавад, тамаддуни тоҷикӣ буд.

Ба ин манзур русҳо аз ҳар роҳе мехостанд, ки ин фарҳанг таҳти фишор қарор бигирад. Яке аз ангезаҳои мантиқии эҷод ва роҳандозии ҷараёни понтуркисм дар Осиёи Миёна тавассути русҳо низ талоши расидан ба ҳамин аҳдоф будааст.

Ба ин манзур, таъсиси \»Бухорои шариф\» як падидаи ҷолиб дар тамаддуни асри 20 барои миллати тоҷик мебошад. Он замоне сари кор омад, ки дар Бухоро ва дигар мантақаҳои қаламрави тамаддуни тоҷикӣ муборизоти шадиде алайҳи фарҳанг ва тамаддуни мо дар ҷараён буд.

Баъдан дар чандин марҳилаи сарнавиштсоз аз \»Бухорои шариф\» ба унвони як санад ва далели қотеъ дар муқобили душманони миллати тоҷик истифода шуд. Аз ҷумла, дар солҳои бистуми асри 20 яке аз далелҳои радднопазири Аллома Айнӣ алайҳи понтуркистон ҳамин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд.

Матбӯъоти тоҷик аслан аз ҷониби муҳаққиқон даврабандии илмӣ нашудааст, аммо усулан онро метавон ба се давраи шартӣ: тошӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард.

[b]Давраи аввал: матбӯъоти тошӯравӣ[/b]

Нашрияи \»Бухорои шариф\» 11-уми марти соли 1912 дар Бухоро таъсис ёфт. Муассисонаш Мирзосироҷи Ҳаким ва Мирзомуҳиддин Мансуров буданд. Муҳаррираш Мирзоҷалол Юсуфзодаи озарбойҷонӣ буд.

То моҳи январи соли 1913 153 шумораи ин нашрия ба табъ расид. Дар ибтидо ба ҷуз рӯзи ҷумъа, 6 маротиба нашр мегашт. Баъдан 4 ва дар марҳилаҳои баъдӣ 3 бор дар ҳафта нашр мешуд.

Таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ (форсӣ) ба осонӣ даст надодааст. Он натиҷаи талош ва заҳмати бисёр гарону миллатхоҳонаи нухбагони фикриву фарҳангии тоҷикони асри бист мебошад.

Аллома Айнӣ, ки яке аз муаллифони ҳамешагии ин нашрия буд (ҳарчанд худи устод бар асари авомили сиёсиву амниятӣ ин паҳлӯйи фаъъолияти гаронбори худро дар осораш зикр намекунад) дар мавриди рӯйи кор омадани он менависад:

\»Ҷавонбухориён бо латоиф-ул-ҳияли бисёр дар соли 1330 ҳиҷрӣ ба воситаи вакили сиёсии Русия аз амир рухсати нашр кардани як рӯзномаро гирифтанд\».

Аммо баъдан ин рӯзнома боз ҳам бо дахолат ва дархости вакили сиёсии Русия аз ҷониби амир Олимхон баста шуд. \»Бухори шариф\» замимае ҳам бо номи \»Тӯрон\» ба забони туркии узбакӣ дошт.

Бояд гуфт, ки баъд аз қатъи фаъъолияти рӯзномаи \»Бухорои шариф\» матбӯъоте, ки дар Бухоро ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна таъсис ёфтаанд, бештар дузабона буданд.

Яке аз нашрияҳои дузабона маҷалаи \»Ойина\» буд, ки ба забонҳои форсиву туркӣ нашр мешуд. Бунёнгузор ва муҳаррири он, ки 20 августи соли 1913 дар Самарқанд таъсис шуд, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, рӯшанфикри маъруфи тоҷик, буд.

Сайидризо Ализода, донишманд ва рӯзноманигори маъруф, яке аз муаллифони доимӣ ва асосии ин маҷалла будааст. Ба навиштаи устод Айнӣ, Беҳбудӣ ҳангоми сафарҳояш масъулияти нашри маҷалларо ба зимаи Ализода мегузошт ва дар ин ҳангом матолиби тоҷикии маҷалла нисбат ба матолиби узбакӣ бештар ба табъ мерасид.

То моҳи феврали соли 1915 68 шумораи ин маҷалла чоп шуд, ки бештар ба масоили ислоҳи мактабу маъориф ва дин таваҷҷуҳ доштааст.

Нашрияи дигар \»Садои Туркистон\» буд, ки соли 1914 ташкил шуд. Ҳамагӣ 66 шумора аз он ба табъ расид. Муҳаррири ин нашрия Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев буд.

Нашрияи \»Садои Фарғона\» 3 апрели соли 1914 ташкил шуд ва то соли 1916 ба табъ расид. Муҳаррир ва ношири он Обидҷон Маҳмудов буд. Ин нашрия бештар ба забони туркӣ матолибе интишор медод. Ҳамчунин, замимае бо номи \»Тирик сӯз\» низ дошт.

\»Рӯзномаи моварои баҳри Хазар\» аз 14 декабри соли 1914 то феврали соли 1917 дар Ишқобод бо забонҳои тоҷикиву туркманӣ нашр мешуд. Ин нашрияи манфиъатҳои ҳукумати подшоҳии Русияро бештар бозтоб медод.

\»Хуршеди ховар\» маҷаллаи муҳоҷирони эронӣ дар Ишқобод буд, ки аз соли 1917 то соли 1926 нашр шудааст. Ин маҷалла асосан бо забони форсӣ ва баъзан бо забони туркии озарӣ низ матолибе интишор медод.

Нашрияи \»Ҳуррият\» солҳои 1917-18 дар Самарқанд асосан ба забони узбакӣ чоп мешуд. Баъзе аз ахбори расмӣ ва шеърҳоро ба забони тоҷикӣ (форсӣ) низ нашр кардааст. Муҳарриронаш Акобиршоҳ Мансурзода ва Абдурауфи Фитрат буданд.

\»Изорулҳақ\» маҷаллаи диниву фалсафии понтуркистон буд. Ин маҷалла соли 1918 дар Тошканд бо забони узбакӣ ташкил шуд, аммо баъзе шеъру матолиби тоҷикӣ низ дошт.

[b]Давраи дувум: матбӯъоти шӯравӣ[/b]

\»Шуълаи инқилоб\» ҳафтаномаи кумитаи вилоятии Ҳизби кумунисти Туркистон буд, ки 10 апрели соли 1919 дар Самарқанд ташкил шуд ва то декабри 1921 91 шумора аз он ба табъ расид.

Муҳаррири ин нашрия Сайидризо Ализода буд. Устод Айнӣ аз муаллифони доимии \»Шуълаи инқилоб\» буд ва беҳтарин осори рӯзноманигории худро дар ин нашрия мунташир кардааст.

Ин ҳафтанома баъд аз қатъи нашри \»Бухорои шариф\» дувумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Осиёи Миёна дар оғози қсадаи 20 буд. Рӯйи кор омадани \»Шуълаи инқилоб\» талош ва заҳамоти арзандаи миллатхоҳонаи Сайидризо Ализода, устод Айнӣ ва дигар дастандаркорони шуъбаи форсии ҳизби кумунисти Туркистон буд.

Масъала ин ҷост, ки дар ибтидо дар Туркистони шӯравӣ тоҷикон ҳатто ба унвони ақаллияти миллӣ низ эътироф нашуда буданд. Баъдан бо эҳтимом ва талошҳои хастагинопазири як гӯруҳ фарҳангиёни тоҷик дар Туркистон шуъбаи форсӣ (аз ҳисоби тоҷикон, афғонҳо ва эрониён) таъсис шуд.

Нашрия ба ҷуз Осиёи Миёна дар Эрон ва Афғонистон низ маҳбубият ва хонандаи зиёде доштааст.

Аз муҳиммтарин хадамоти \»Шӯълаи инқилоб\» мубориза бо понтуркистон буд, ки \»душманони миллати тоҷик, ва забону фарҳанги он\» маҳсуб мешуданд.

Ба навиштаи пажӯҳишгарон, понтуркистон ҳамеша ба дунболи мутаваққиф кардани нашрия буданд ва иддаъо доштанд, ки чунин миллате бо номи \»тоҷик\» вуҷуд надорад ва нашрияе бо ин забон ҳам ҳаққи мавҷудият надорад. Ин нашрия ба матбӯъоти нави тоҷикӣ — матбӯъоти ҳизбиву шӯроӣ асос гузошт.

\»Қутулиш\» низ унвони нашрияе буд, ки 28 июни соли 1920 дар Тошканд нашр шудааст. Баъдан дар Когон (Бухорои нав) ба табъ мерасид. Асосан бо забони тоҷикӣ (форсӣ) матолибе интишор медод.

Баъзе аз матолиби ин нашрия узбакӣ буд. Муҳаррираш Абдуқодир Муҳиддинов буд, ки баъдан аз раҳбарони ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон буд. Абдулвоҳиди Мунзим, Абдуррауфи Фитрат ва устод Айнӣ низ аз муаллифони ин нашрия буданд.

Нашрияи \»Учқун\» дар моҳи апрели соли 1920 таъсис шуд ва ҳамагӣ 8 шумора аз он чоп шуд. Ин нашрия бо забонҳои тоҷикиву узбакӣ матолибн нашр менамуд. Файзуло Хоҷаев ва Фитрат аз фаъъолтарин муаллифони он буданд.

Нашрияи \»Бухоро ахбори\» ургони ҳукумати муваққатии инқилобии Бухоро буд, ки асосан бо забони узбакӣ нашр мешуд. Аз тоҷикон, устод Айнӣ, Аббос Алиев ва Абдуқодир Муҳиддинов дар ин нашрия мақолоте интишор додаанд.

\»Рӯшноӣ\» нашрияе барои яҳудиёни Бухоро буд, ки аз декабри соли 1921 то миёнаҳои соли 1922 бо забони тоҷикӣ (форсӣ), ба шеваи яҳудиёни Бухоро, дар Тошканд ба табъ мерасид. Баъдан яҳудиён нашрияҳои дигаре бо номҳои \»Байрақи сурх\» ва \»Адабиёти советӣ\» низ доштанд.

Пас аз мутаваққиф шудани чопи \»Шуълаи инқилоб\» \»Овози тоҷик\» севумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд буд. Ба иборати Устод Айнӣ, \»Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунуданд, баромад оқибат \»Овози тоҷик\».

Рӯзи 25 августи соли 1924 нахустин шуморааш бо номи \»Овози тоҷики камбағал\» бо сардабирии Абдулқаюми Қурбӣ ва котибмасъулии Сайидризо Ализода нашр шуд. Ин рӯзнома ҳам бо кӯшишҳои гаронбору арзишманди фарҳехтагони тоҷик ташкил шуд.

Дар шароите ки Фарорӯдро мавҷи понтуркисм бо дастгирии русҳо аз ҳам мепошид, ин рӯзнома ба нафъи миллати тоҷик таъсис ёфт. Аз декабри соли 1924 ин нашрия мақоми ургони Кумитаи ҳизби кумунистии Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистонро гирифт.

То 1 июни соли 1925 нашрияи \»Овози тоҷик\» ин мақомро ҳифз кард ва баъдан ургони Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Узбакистон шуд ва номи \»Ҳақиқати Узбакистон\»-ро гирифт.

\»Ҷумҳурият\», ки акнун нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аввалин шуморааш 15 марти соли 1925 бо номи \»Иди тоҷик\» нашр шуда буд. Муҳаррири аввалини он Аббос Алиев буд. ин нашрия муддате бо номи \»Бедории тоҷик\» ҳам нашр шудааст.

Баъдан номи он чанд бор иваз шуд ва ба номҳои \»Тоҷикистони сурх\», \»Тоҷикистони советӣ\», \»Тоҷикистони шӯравӣ\» ва ҳамакнун бо номи \»Ҷумҳурият\» мунташир мешавад.

Сардабиронаш дар давраҳои гуногун Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Алӣ Исмоъилзода, Сайидбоқир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қулӣ Обдинов, Сайфулло Абдуллоев, Нисормуҳаммад, Дяков, Муҳаммад Мусавӣ, Қосим Дайламӣ, Ғуломризо Ализода, Аминҷон Шуқуҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов ва Камоли Абдурраҳим буданд.

Нашрияи \»Қизил Тоҷикистон\» аз моҳи октябри соли 1928 ба ин сӯ ба табъ мерасад. Ҳоло ҳамчун нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба забони узбакӣ бо номи \»Халқ овози\» нашр мешавад. Муҳаррираш ҳоло Ҳайдар Ҷураев аст.

Нашрияи русизабони \»Советский Таджикистан\» аз моҳи ноябри соли 1925 ба ин сӯ нашр мешавад. ин нашрия дертар номи \»Коммунист Таджикистана\»-ро гирифт. Ҳоло ҳамчун нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон бо номи \»Народная газета\» ба забони русӣ ба табъ мерасад.

Нашрияи \»Мулло Мушфиқӣ\» аз моҳи апрели соли 1926 ба ин сӯ нашр мешавад. Аввал ин нашрия \»Ширинкор\», баъдан \»Мулло Мушфиқӣ\» ва \»Мушфиқӣ\» ном гирифт. Ҳоло бо номи \»Хорпуштак\» ба табъ мерасад. Маҷаллаи ҳаҷвӣ буд ва дар замони Шӯравӣ бисёр маъруф буд.

Дар охири солҳои бистум нашрияҳои дигаре монанди \»Раҳнамои мухбирон\», \»Саводи меҳнат\», \»Дониш ва омӯзгор\», \»Роҳбари дониш\» низ ба табъ расидаанд, ки хадамоти арзишмандеро барои фарҳанг ва ҷомеъаи Тоҷикистон анҷом додаанд.

Шумораи нахусти нашрияи \»Комсомоли Тоҷикистон\» 5 апрели соли 1930 ба чоп расид. Ҳоло ин нашрия бо номи \»Ҷавонони Тоҷикистон\» ба унвони нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон нашр мешавад.

Муҳаррири аввалинаш Мақулшоев буд. Ин нашрия аз маъруфтарин рӯзномаҳо дар замони шӯравӣ буд. Дар солҳои бозсозӣ ва ибтидои солҳои навадум хеле нақши барозанда дошт.

Дар солҳои 30-юми қарни гузашта як силсила нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар Тоҷикистон ташкил шуданд. Нашрияи \»Пионери Тоҷикистон\» барои кӯдакону наврасон соли 1932 таъсис ёфт, ки ҳоло бо номи \»Анбоз\» ба табъ мерасад.

Маҷаллаи адабии нависандагони Тоҷикистон, ки дар моҳи августи соли 1932 бо номи \»Барои адабиёти сотсиалистӣ\» ташкил шуд, баъдан бо номҳои \»Шарқи сурх\» ва аз аввали солҳои ҳафтодум бо номи \»Садои Шарқ\» нашр мешавад. Ҳоло он маҷаллаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Яке аз маҷаллаҳои маъруф дар замони Шӯравӣ маҷаллаи \»Занони Тоҷикистон\» буд, ки аз соли 1932 то 1957 бо номи \»Бо роҳи Ленин\» нашр мешуд. Баъдан номи \»Занони Тоҷикистон\»-ро гирифт. Ин маҷалла вижаи занону духтарон буд, ки ҳоло низ бо номи \»Фирӯза\» нашр мешавад.

Маҷаллаи кӯдаконаи \»Машъал\» аввал бо номи \»Пионер\» нашр мешуд. Оғози нашраш соли 1952 аст. Ҳоло ин маҷалла бо номи \»Истиқбол\» нашр мешавад.

Нашрияи \»Маъориф ва маъаданият\» аз соли 1932 то соли 1938 бо номи \»Барои маъорифи кумунистӣ\» чоп шуд. Баъдан номи \»Газетаи муаллимон\» ва аз соли 1959 номи \»Маъориф ва маъданият\»-ро гирифт.

Баъдан боз ба \»Газетаи муаллимон\» (1981) табдили ном кард ва ҳоло бо номи \»Омӯзгор\» дар Тоҷикистон нашр мешавад. Яке аз муҳаррирони варзидааш Буринисо Бердиева буд.

\»Чашма\» нахустин маҷаллаи мусавварест, ки барои кӯдакони синни кӯдакистон соли 1986 таъсис ёфт. Дар охири даҳаи 1980 ин аз маҷаллаҳои маъруф барои кӯдакон буд.

Давраи сеюм: Замони истиқлол

Бо таваҷҷӯ ба хусусият ва касбияташон матбӯъоти солҳои аввали даҳаи 1990-ро низ метавон шомили матбӯъоти замони истиқлол кард. Тасвиби қонуни Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 \»Дар бораи матбӯъот ва расонаҳои дигар\» барои рӯйи кор омадани матбӯъоти озод замина фароҳам сохт.

Ин матбӯъот пас аз неҳзатҳои миллию озодихоҳӣ ва ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сиёсиву иҷтимоъии авоили даҳаи 1990 рӯйи кор омад. Дар даҳаи 1990 рӯзномаҳои тоза, аз қабили \»Чароғи рӯз\», \»Адолат\», \»Ҳафтганҷ\» \»Растохез\», \»Ҷоми Ҷам\», \»Сухан\», \»Нидои ранҷбар\», \»Голос Таджикистана\», \»Тоҷикистон\», \»Курер Таджикистана\», \»Чархи гардун\», \»Дайджест пресс\», \»Бизнес и политика\», \»Паёми Душанбе\», \»Варзиш\», \»Илм ва ҳаёт\» (соли 1989), \»Минбари ислом\», \»Наврӯзи Ватан\», \»Наҷот\», \»Оинаи зиндагӣ\», \»Паёми ҳақ\», \»Сомон\», \»Ҷунбиш\», \»Садои мардум\» таъсис ёфтанд.

Вале ин даврае буд, ки матбуъот ба далели бурузи ҷанги дохилии панҷсола ва буҳрони фарогири иқтисодӣ дучори варшикастагӣ шуд. Бисёре аз нашрияҳо дар оғози даврони истиқлол баста шуданд ва тирожи бархе дигар аз нашрияҳо башиддат коҳиш ёфт.

Аммо аз оғози солҳои 2000 нашрияҳои наве монанди \»Нерӯи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\», \»Фараж\» \»Озодагон\», \»Миллат\», \»Нигоҳ\» рӯйи кор омаданд. Матбӯъоти давраи истифлол шева ва равишҳои мухталифи фаъъолият дошту дорад.

Танҳо баъд аз гузашти наздик ба бист соли истиқлоли Тоҷикистон ба рӯзноманигорон муяссар гардид, ки рӯзномаро ба вуҷуд биёваранд. Ва аввалин рӯзнома (на нашрия)-и замони истиқлол \»ИмрӯзNews\» мебошад.

Ибтикори таъсиси ин рӯзнома ба Рустами Ҷонӣ таъаллуқ дорад. Аммо бояд зикр кард, ки дар давоми бист соли истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо номгӯй нашрияву маҷаллаҳо рӯйи кор омаданд, вале бинобар сабабҳои гуногун муваффақ нашуданд ва чопашон бозмонд.

Ба гунаи мисол, метавон аз нашрияҳои \»Самар\», \»Суруш\», \»Посух\», \»Сухан\», \»Ҳафтганҷ\», \»Мардумгиёҳ\», \»Ҷаҳоннамо\», \»Саноати Тоҷикистон\», \»Автобис\», \»Восточный экспресс\», \»Мисбоҳ\», \»Бидуни сиёсат\», \»Фардо\», \»Дирафш\», \»Кишоварз\», \»Бомдод\», \»Реклама сервис\», \»Афродита\» ва ғайра ном бурд.

Дар ин миён, нашрияҳои муваффақе, аз қабили \»Пайкон\» ва \»Зиндагӣ\», буданд, ки бо марги муассисонашон чопашон мутаваққиф шуд.

Дар оғози солҳои дуҳазорум дар Тоҷикистон матбӯъоти ҷиддиву сиёсие, аз қабили \»Неруи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\» таъсис ёфта ва фаъъолият карданд, ки таъсири чашмгире дар фазои сиёсиву иттилоъотии кишвар доштанд.

Ҳоло маъруфтарин нашрияҳои кишварро чунин тасниф кардан мумкин аст:

Матбӯъоти расмӣ: \»Ҷумҳурият\», \»Народная газета\», \»Халқ овози\», \»Садои мардум\», \»Бонувони Тоҷикистон\» ва нашрияҳои ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Матбӯъоти соҳавӣ: нашрияҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлативу ширкатҳои тиҷоративу созмонҳои ҷамъиятӣ. Маъруфтарин нашрияҳои соҳавии Тоҷикистони муъосирро \»Омӯзгор\», \»Адабиёт ва санъат\», \»Нақлиёт\», \»Боҷу хироҷ\» ташкил медиҳанд.

Матбӯъоти мустақил: Нашрияҳои мустақилли имрӯзии Тоҷикистон, ки маъруфияти бештар доранд, асосан \»Чархи гардун\», \»Азия плюс\», \»Тоҷикистон\», \»Миллат\», \»Фараж\», \»Нигоҳ\», \»СССР\», \»Озодагон\», \»ИмрӯзNews\», \»Бизнес и политика\», \»Оила\», \»Муҳббат ва оила\» мебошанд.

Матбӯъоти ҳизбӣ: \»Минбари халқ\», нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, \»Наҷот\», нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, \»Нидои ранҷбар\», ки ба ҳизби кумунист таъаллуқ дорад, \»Иттиҳод\», ки нашрияи Ҳизби сусиёлист аст ва \»Меҳргон\», ки нашрияи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аст.

Маҷалаҳо: Маҷаллаҳои нисбатан машҳури Тоҷикистон имрӯз \»Садои Шарқ\», \»Тоҷикистон\», \»Илм ва ҳаёт\», \»VIPZONE\» ва \»Элита\» мебошанд.

Ҳоло тибқи омори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бештар аз 400 номгӯйи матбӯъоти гуногун дар ин кишвар номнавис шудааст ва бештари онҳо нашр мешаванд.

Албатта, дар ин матлаб зикри маъруфтарин нашрияҳои тоҷикӣ ва Тоҷикистон аз оғози нашри \»Бухорои шариф\» то кунун рафт, вагарна дар муддати сад сол теъдоди зиёди матбӯъот дар кишвар таъсис шуду фаъъолият намуд. Ҳар кадоме аз онҳо ҷойгоҳи махсуси худро дар фазои иттилоърасонии кишвар доштанд.

Дар ин авохир таъсири матбӯъот дар умури сиёсӣ каме бештар шудааст. Ҷуръати сиёсии матбӯъот ҳам бо таваҷҷуҳ ба фазои имрӯзӣ чашмрастар гардидааст. Вале ду мушкили пешорӯйи имрӯзи матбӯъотро наметавон нодида гирифт. Яке камтар риъоят шудани одоби журналистӣ ва ғаразҷуйиву кинатӯзӣ аз тариқи матбӯъот ва дигаре ба додгоҳ кашидани нашрияҳо ва рӯзноманигорон.

Ин ду мушкил бархоста аз батни ҷомеъаи мо ҳастанд, ки вуҷудашон боъиси ба тундӣ рушд кардани арсаи рӯзноманигории тоҷик мешавад. Баъзан баҳсҳои матбӯъотии мо шеваи ҷанги хиёбонии кӯдаконаро мегиранд. Ҳатто баъзан чунин матлабҳо ба қалами донишмандону фарҳангиёни мо таъаллуқ доранд, ки боъиси афсӯсу нигаронист.

Аммо масири садсолаи матбӯъоти тоҷик нишон медиҳад, ки он ҳамеша барои иҷрои рисолати асливу асосии хеш кӯшида, аз манфиъатҳои милливу давлатӣ ҳимоят кардааст.

Ҳоло матбӯъоти тоҷик дар низоми расонаҳои гурӯҳии кишвар ҷойгоҳи вижа дошта, барои ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ, устувор шудани пояҳои давлатдорӣ дар марҳилаи ҷадиди миллатсозиву давлатсозии мо нақши боризе дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120309_ea_tajik_press_100_years.shtml

«Садои Шарқ» — нахустин нашрияи миллии адабӣ дар Тоҷикистон

Моҳномаи «Садои Шарқ» яке аз бособиқатарин нашрияҳои форсизабон дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 85 сол боз ба хатти сириллик чоп мешавад

Дар саҳифаи аввали ҳар шумора аз ин маҷалла, ки ба хатти сирилик дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мунташир мешавад, ин иборат ба чашм мехурад: «Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.»

Маҷалла аз моҳи майи соли 1964 ба баъд бо номи «Садои Шарқ» нашр мешавад. Номҳои қаблии он «Раҳбари дониш» (1927-1932), «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (1932-1937) ва «Шарқи сурх» (1937) будааст.

Ин маҷалла то кунун ду бор мутаваққиф ҳам шудааст. Бори аввал аз моҳи апрели соли 1938 то июни соли 1940 ва бори дувум дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум (1941-1945).

[b]Матни пурраи маколаро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=183]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=183[/url]

Источник:

«Садои Шарқ» — нахустин нашрияи миллии адабӣ дар Тоҷикистон

[b]Моҳномаи «Садои Шарқ» яке аз бособиқатарин нашрияҳои форсизабон дар Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 85 сол боз ба хатти сириллик чоп мешавад[/b]

Дар саҳифаи аввали ҳар шумора аз ин маҷалла, ки ба хатти сирилик дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мунташир мешавад, ин иборат ба чашм мехурад: «Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.»

Маҷалла аз моҳи майи соли 1964 ба баъд бо номи «Садои Шарқ» нашр мешавад. Номҳои қаблии он «Раҳбари дониш» (1927-1932), «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (1932-1937) ва «Шарқи сурх» (1937) будааст.

Ин маҷалла то кунун ду бор мутаваққиф ҳам шудааст. Бори аввал аз моҳи апрели соли 1938 то июни соли 1940 ва бори дувум дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дувум (1941-1945).

Аз нимаи соли 1946 интишори муназзами он бо ҳамон номи «Шарқи сурх» дубора оғоз шуд, ки дар соли 1964 ба «Садои Шарқ», унвони кунунии он, тағйири ном кард.

[b]Нахустин нашрияи адабӣ[/b]

Дар соли сеюми таъсиси ҷумҳурии шӯравии Тоҷикистон чанд нафар аз кормандони Комиссариати (вазорати) маъорифи ин ҷумҳурӣ ба нашри маҷаллае илмӣ, таълимӣ, иҷтимоъӣ ва адабӣ иқдом карданд ва шумораи аввали он моҳи августи 1927 бо номи «Дониш ва биниш» дар Душанбе нашр гардид.

Вале ба сабаби дар Душанбеи он рӯзгор набудани чопхонаи муҷаҳҳаз ва муҳаррирону кормандони адабӣ, минбаъд маҷалла дар Самарқанд ба нашр омода шуда ва дар Тошканд зери назари Собит Манофзода ба чоп расид.

Донишманди фақид Раҳим Ҳошим менависад: «Дар Самарқанд мутасаддии тайёр кардани маҷалла Нарзулло Бектош буд, ки мудири шӯъбаи илмии комиссариати маъориф буда, барои кораш дар маҷалла музд намегирифт. Маҷалла кормандони адабии доимӣ надошт, кори онро ходимони нашриёт ба ҷо меоварданд, фонди муъайяни ҳаққи қалам ҳам надошт.»

Аз баҳори соли 1928 Муҳаммад Мӯсавӣ сардабир ва Раҳим Ҳошим котиби масъули маҷалла буданд ва роҳбари маънавии онро устод Садриддин Айнӣ бар ӯҳда доштааст. Маҷалла ҳарчанд тамоюли омӯзишию парваришӣ дошт, вале дар нашри осори адабӣ ва ташаккули адабиёти навин дар Тоҷикистон нақши муҳимме доштааст.

Нахустин навиштаҳои Айнӣ, Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар ҳамин маҷалла мунташир шудаанд. Маҷаллаи «Раҳбари дониш» бо нашри аввалин осори қаламкашони ҷавон, аз ҷумла осори Пайрав, Деҳотӣ, Азизӣ, Зеҳнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон дар тарбият ва роҳнамоии суханварон саҳим будааст.

Маҷалла бо нашри як силсила мақолаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Раҳим Ҳошим ва дигарон дар роҳи покизагӣ ва рушди забони форсии тоҷикӣ хидмати арзишманде кардааст.

Дар маҷалла доир ба масоили назария ва таърихи адабиёт матолиби арзишманде нашр шуда, ҳамчунин намунаҳои осори гузаштагон ва адабиёти ҷаҳон ба таври муттасил ба чоп расидаанд.

Аз соли 1932 баъд аз таъсиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон маҷалла бо номи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» нашр гардида, дар роҳи рушди адабиёти навини тоҷик ва таблиғи мероси гузаштагон хидмати арзишманде кардааст.

Пайдоиш ва ташаккули анвоъи нави адабӣ ва адабшиносӣ ва тарҷумаи бадеъӣ дар Тоҷикистон ба ҳамин маҷалла бастагӣ дорад. Ҳамчунин, маҷалла ба нашри матолибе доир ба масоили забон ва гузор аз алифбои арабӣ ба лотинӣ мусоъидат намудааст.

Маҷаллаи «Садои Шарқ» дар қиёс бо пешгузаштагони худ — «Раҳбари дониш» ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» аз назари муҳтаво, сифат ва адади нашр мазияти бештаре дорад.

«Раҳбари дониш» дар тӯли панҷ соли мавҷудияти худ сиёсати ҳизби кумунисти шӯравиро дар арсаи адабиёт дунболагирӣ кардааст. Шиъори асосии маҷалла «Барои адабиёти пролетарӣ!» будааст.

Маҷалла бо таъкид ба ин шиъор зоҳиран талош дошт ҳадафи аслии фарҳангии ҳизб — эъмори «адабиёти нав»-ро ба иҷро дароварад. Аз мақолаҳои нашршуда дар ин боб метавон ба ин натиҷа расид, ки дигар ҳизб дар ин давра ба ҳеҷ гуна гурӯҳҳои фарҳангӣ эътимод надошта ва танҳо бунёди «адабиёти нави плоретарӣ»-ро дар такия ба «адибони коргару деҳқон» имконпазир медонистааст.

Дигар адабиёт ҳамчун осори ҳунар дар тафсири мақолаҳои дар маҷалла ба чоп расида арзиши зебошинохтияшро аз даст додааст. Нақди адабии ин солҳо маҳз ҳамин раъйи истротежики «ҳизб ва давлати Шӯравиро пазируфта ва ба гуфтаи мунтақидон, ҳамчун «дастёри гапдаро» барои адабиёти тоҷик «хидмати хирсонае» кардааст.

Нақли қавли поён аз мақолаи Шарифҷон Ҳусейнзода «Мубориза дар ҷабҳаи адабиёт» аст, ки дар шумораи шаши маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар соли 1930 унташир шуда ва моҳияти ҳадафи маҷалла ва нақдии адабии он давраро бозгӯ мекунад:

«Аз давраи адабиёти буржуазӣ (муаллиф адабиёти гузаштаро дар назар дорад) ба мо як мероси адабии аз ҷиҳати санъат пухта коркарда тайёр намудагӣ боқӣ мондааст. Бинобар ин, намояндагоне, ки аз онҳо (аз табақаи буржуй) ба сӯйи мо гузаштаанд, ба шарафи зоёнидани адабиёти пролетарии тоҷик сазовор нестанд, зеро ки онҳо инқилобро ба дараҷаи мукаммал фаҳмида натавонистанд.»

«Мавҷҳои инқилоб дар рагу пайу хуни онҳо ҳоло ҳам ҳазм нашудааст. Бинобар ин, аз тарафи онҳо зоида шудани адабиёти навро умед кардан хато мебошад.»

Бунёд кардани адабиёти нави тоҷик ба ҷавонони меҳнаткаши тоҷик махсус мебошад, ки онҳо дар мактабҳои шӯроӣ машғули тарбиятгирӣ мебошанд. Дар замони наздик бо асарҳои дурахшони худ ба майдон ҷилва кардани онон табиъӣ аст. Адабиёти нав зоида шуда истодааст. Вай соҳибони худро аз миёни фарзандони деҳқон, коргарон омода карда истодааст.»

Дар даҳаи 20 садаи гузашта «сиёсати миллӣ»-и шӯравӣ бо таъйини марзҳои маснуъӣ қисмате аз миллати тоҷикро «ҳал» (таҳлил) мекард. Дар ин даврони «каҷдорумарез» маҷаллаи «Раҳбари дониш» ба сарнавиштии тоҷикон чандон бепарво набудааст.

Маҷалла оид ба ин масъала аввал мақолаи Абдуқодир Муҳйиддинов «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек»-ро дар шумораҳои 8 ва 9, ва баъд мақолаи Аббос Алиев «Масъалаи миллӣ дар Бухоро ва атрофи он»-ро дар шумораҳои 11 ва 12-и худ дар соли 1928 мунташир сохт.

Дар мақолаи Аббос Алиев омадааст: «Рафиқ Муҳйиддинов хеле дуруст нишон медиҳад, ки дар давраи амирони манғитӣ забони давлатии амир порсӣ будааст. Инро ҳамаи мо медонем. Лекин масъалаи муҳим дар ин ҷост, ки барои чӣ ҳукумати мирӣ, ки аксарият аз қабилаи турк буданд, забони модарии худашонро забони ҳукуматӣ қарор надода, забони порсиро таъйин кардаанд?»

«Маълум аст, ки ҳукумати амирӣ тарафдори миллати мазлум набуда ва намехост, ки ҳар як миллат баробар бошад. Лекин амирони манғит медонистанд, ки онҳо барои мамлакати Бухоро бегонаанд.»

«Ҳукумати амирӣ бахубӣ медонист, ки аксарияти халқи мамлакат, алалхусус халқи Бухоро, тоҷиконанд. Амирони манғит медонистанд, ки дар ин сарзамин порсҳо барои истиқлоли забон ва адабиёти худашон солҳои дарозе бо туркҳо, арабҳо ҷангида, хун рехтаанд. Барои ин ки ҳукумати амирро халқи маҳаллӣ бегона нашуморад ва ҳуҷум карда онро маҳв накунад, амирон бо забони халқи маҳаллӣ — забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд ва барои ин ки халқро беҳтар ба худ бибанданд, забони тоҷикиро забони давлатӣ қарор дода буданд.»

«Ин сабаби муҳиммро амирони Бухоро фаҳмида буданд, вагарна на онҳо ошиқи чашмони сиёҳи тоҷикӣ ва на душмани забони модарии худашон буданд.»

Масъалаи забон ва ҳувияти мардуми форсизабони Варорӯд дар оғози даврони Шӯравӣ аз масоили ҳассос ва баҳсбарангезе буда ва саромадони фарҳанг ва матбуъоти тоҷик ба рағми сиёсатҳои саркӯбгаронаи давлати Шӯравӣ талошҳои зиёде барои густариши худогоҳии тоҷикон анҷом додаанд.

Аббос Алиев дар мақолаи дигаре таҳти унвони «Сабаб чист, ки халқи Бухоро ӯзбак номида шудаанд», ки дар шумораҳои 11 ва 12-и маҷаллаи «Раҳбари дониш» чоп шуд, ба масоили миллӣ дар Осиёи Миёна рӯй оварда ва аз мақомоти вақти ҷумҳурии шӯравии Узбакистон интиқод кардааст.

Вай менависад: «Сабаби дурусте дар хусуси ӯзбак будани халқи Бухоро табиъӣ нест, лекин ду баҳона дар Бухоро шунида мешавад. Баҳонаи аввал. Чун Бухоро дохили Ӯзбекистон аст, халқи он ӯзбак бошанд. Забон, урф ва одат ҳеҷ дахле надорад.»

«Баҳонаи дувум. Баъзеҳо калимаи тоҷикро аз рӯйи назарияи динӣ мефаҳманд. Ба хаёлашон мерасад, ки тоҷик — яъне шиъа, суннӣ — яъне ӯзбак. Ба ҳамин сабаб диндорон барои ин ки шиъа нашаванд, аз баҳри тоҷикӣ ҳам гузаштаанд. Бисёр муҳим аст, ки идораҷоти ҳукуматӣ, ҳатто шӯъбаи маъориф ҳам тоҷикро шиъа шинохта ва фақат шиъаҳои Бухороро тоҷик меноманд.»

«Ин баҳонаро муқобилият ва муборизаҳои баъзе миллатчиҳои ӯзбак, ки дар Бухоро буданд ва ҳастанд, пурқувват мекунанд. Баъзе аз коргарони масъули миллатчии Бухоро барои ин ки устали (курсии) ҳукумат аз дасташон наравад, ба тамоми қувва мекӯшанд, ки тамоман калимаи «тоҷик»-ро аз миён бардоранд.»

Маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар атрофи масъалаи забони тоҷикӣ ва гузор алифбои лотинӣ дар соли 1929 низ матолиби зиёдеро ба нашр расонд, ки ин кӯшишҳоро дар ин замина окодемисиян Муҳаммадҷон Шакурӣ «давраи инкори ҳастии таърих» унвон кардааст.

Ҷараёни забонсозӣ, тағйири алифбо (он ҳам ду бор) заминаи устуворе барои содагароиву соданависӣ фароҳам овард, ки оқибат боъиси саросар одигароиву одинависӣ ва меъёрҷӯйиҳо боъиси фаромӯшии муҳиммтарин суннатҳои урфию расмӣ ва иқтибосгароию иқтибосгирӣ аз забонҳои бегона омили барҳам задани табиъати аслии овозӣ, имлоӣ, савтӣ ва қолабҳои калимасозиву ҷумлабандиҳо гардид.

Матолибе, ки дар ин боб маҷалла чоп кардааст, ки мавзеъгирии ду гурӯҳро дар таъйини мақоми «забони адабии тоҷик» аз як сӯ, ва посдорони «забони ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ», аз сӯйи дигар, ба намоиш мегузорад.

Аз ҷумла Диёров Сирус (Баҳром Сирус) аз ҷонибдорони забони Рудакӣ буда ва навиштаааст: «Забони Рӯдакӣ» пас аз Инқилоби Уктобир зоҳир шуда, ба майдон наомадааст ва ё дар натиҷаи будани чанд нафар рафиқони эронӣ дар Тоҷикгиз (яъне Нашриёти давлатии Тоҷикистон) ва ё дар матбуъот ба вуҷуд наёмадааст ва чӣ қадар ки ба мо маълум аст, Рӯдакӣ (ки ҳазор сол пеш аз ин мурда рафтааст), дар Тоҷикгиз ва ё дар матбуъот бо эрониҳои аз тарафи Сухарево гуфта шудагӣ дар як ҷо кор намекарданд…»

Баҳром Сирус, ки аз рӯшанфикрони саршиноси тоҷик дар он замон буд, ин суханонро дар мақолае дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар соли 1930, як солп ас аз гузор ба хатти лотин навиштааст.

Вай меафзояд: «Чунин маълум мешавад, ки Сухарево ҳам монанди баъзе миллатчиёни тоҷик касалии «эронтарсӣ» дорад ва чанд нафар муҳоҷирини эрониро барои маданияти тоҷикҳо як омили муҳим ва хатарноке мешуморад. Чаро нашуморад? Зеро мувофиқи гуфтаҳои ӯ: «Муҳоҷирини эронӣ як бор забони маҳаллиро хӯрда буданд! Ҳозир, боз ҳам ҳамон кори худро такрор карда истодаанд. Як масале ҳаст, ки мегӯяд: «Чашмони одами тасончак калон мебошад.»

Аммо Пруфессур Шилд аз тарроҳони сохтани «забони махсуси адабии тоҷик» талош кардааст собит созад, ки забони мардуми Осиёи Миёна бо забони ҳазорсолаи порсӣ ё забони роиҷ дар Эрону Афғонистон тафовут дорад. Ин талошҳо нишон медиҳад, ки то чи андоза зимомдорони Шӯравӣ ба эҷоди як ҳувияти ҷудогона барои тоҷикон алоқаманд будаанд.

Пруфессур Шилт менависад: «Дар миёни зиёиёни тоҷик мубоҳисае давом дорад. Онҳо мегӯянд, ки чӣ тавр бояд навишт? Дар забони тоҷикӣ ва ё дар забони адабии форсӣ? Чунон менамояд, ки аксар зиёиён ҳозиранд ин масъаларо дар шакли сохтани забони махсуси адабии тоҷик ҳал намоянд. Инҳо ду лаҳҷаи гуногуни як забони муттаҳид бошанд ҳам, тарафдорони фикри охирӣ ба фикри ман ҳақ доранд.»

Вай дар ин мақола, ки дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» дар соли 1928 чоп шуда, меафзояд: «Миллатҳое, ки бо забони кӯҳистонӣ гап мезананд, ҳақ доранд талаб кунанд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ дорад ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забониро доро мебошанд.»

[b]Гирифторӣ ва раҳоӣ[/b]

Дар тӯли солҳо дар ин маҷалла ашхоси мутаъаддиде сардабир буданд. Вале дар ин миён, Убайд Раҷаб, шоъири саршинос, солҳои тӯлонитаре ба унвони сардабир хидмат карда ва дар пешрафти табъу нашри маҷалла саҳми боризе гузоштааст.

Вай аз соли 1966 то 1979 сардабир буд. Дар ин сол дар пайи чопи румони «Гузашти айём» аз нависандаи фақид Ҷумъа Одина дар панҷ шумораи «Садои Шарқ» (шумораҳои 8-12-и соли 1976) Убайд Раҷаб аз ин симат барканор ва Лоиқ Шералӣ, шоъири маъруфи дигар, ба ҷои вай мансуб шуд, ки то поёни солҳои навади қарни гузашта сардабири маҷалла буд.

Румони «Гузашти айём» баробари мунташир шудан бо истиқболи гарми хонандагон ва мунтақидони адабӣ рӯбарӯ шуд. Мунтақидоне чун Соҳиб Табаров, Абдухолиқ Набиев, Худойназар Асоев, Атахон Сайфуллоев ва дигарон суханони ситоишомезе дар бораи ин румон чоп карданд.

Вале бо гузашти фурсате кӯтоҳ марҳилаи сиёҳсозии муаллиф ва ошкор сохтани «нуқсонҳои ғоявӣ» дар румон шурӯъ шуд. Ҳатто Атахон Сайфуллоев, ки дар тақризи аввалаш аз ин румон хуш истиқбол карда буд, дар тақризи сонӣ онро сиёҳ кард.

Соҳиб Табаров дар соли 1988, яъне дар замони бозсозии горбачёвӣ, ки фазои матбуъот ва фарҳанг нисбатан озод шуда буд, дар бораи ин румон дар мақолае дар нашрияи «Адабиёт ва санъат» чунин шаҳодат додааст: «Роҳбарони идеологие ёфт шуданд ва ба камина фармон доданд, ки ба асарҳои ин адиб (Ҷумъа Одина) ва махсусан ба романи номбурда тақризи манфӣ нависам.»

Он вақт қисмати нависанда ва асари ӯ дар дасти мақомоти болоӣ ё роҳбарони идеулужик буд. Айнан чунин амалкарде нисбат ба румони » Нанг ва номус»-и Муҳиддин Хоҷаев, повест ё достони «Як рӯзи дароз, рӯзи бисёр дароз» ва румони «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим» аз Урун Кӯҳзод, нависандаи маъруф, низ сурат гирифт.

Вале дар мавриди румони «Гузашти айём» ҳодисаи фавқулъодае рух дод. Ин асар аввал бо тасмими бюрои (девони) Кумитаи марказӣ ва баъд бо тасмими Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Тоҷикистон ҳамчун як асари «зиддисёсӣ, зараровар ва бадномкунандаи воқеъияти сотсиалистӣ» маҳкум шуд.

Дар ин санад таъкид шуда буд: «Ин китоби зиёновар ва бадномкунандаи воқеъияти замони мо ба ин шакл набояд ба чоп расад.» Ин санад меафзояд: «Ҳайъати раисаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бояд амалкарди Убайд Раҷаб, сардабири «Садои Шарқ»-ро, ки румони зиддисиёсӣ ва зиёновари Ҷумъа Одинаев, «Гузашти айём»-ро чоп кардааст, усулан мавриди барарсӣ қарор бидиҳад.»

Баъд аз ин фатво Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон низ бо пахш баёния ва гузорише дар анҷумани ҳафтуми нависандагон ин румонро маҳкум кард. Таъсири ин ҳодиса ба тафаккур ва иродати масъулин то ҷое буд, ки баъдтар маҷаллаи «Садои Шарқ» шеърҳои Бозор Собир «Бухоро», «Аҳмади дониш», «Забони модарӣ»-ро низ чоп накард.

Ин шеърҳои шоъирро Бӯринисо Бердиева, сардабири рӯзномаи «Маъориф ва маданият» чоп кард ва ба истилоҳи мардуми маҳаллӣ, хеле «гап ҳам шунид.» Аз ҷумла, чаҳор мисраъи зерини шеъри «Аҳмади дониш» барои мақомоти боло «аполотичний» (зиддисиёсӣ) буд ва ғаммазон маънии шеърро тақризи шоъир ба Ленин таъбир карда буданд:

Медид ҳайкале, ки набудаш қиёс ҳеҷ,

Медид ҳайкале, ки набудаш шинос ҳеҷ,

Чарминапӯш, кепии чарминааш баланд,

Бо ҳайъате, набуд ба бухороӣ хос ҳеҷ.

Аз далоили тарди румони «Гузашти айём» аз тарафи мақомоти вақт ва тавқифи китоби он дар моҳи феврали соли 1979 метавонист бозтоби қиёми босмачиён (қиёми мусаллаҳона бар зидди русҳо дар солҳои нахусти барқарории ҳукумати Шӯравӣ), бармало сохтани кӯтоҳиҳои артиши Шӯравӣ дар оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва низ нишон додани пуштиҳамандозиҳо ва ҳақкушиҳои бархе аз сарон ва масъулони ҳизбӣ ва минтақаӣ буда бошад.

Ҳарчанд Убайд Раҷаб, шоъири саршинос, дар даврони сардабирияш сифати маҷалларо боло бурда ва адади нашри онро ба даҳҳо ҳазор расонда буд, вале хидматҳои арзишмандаш ӯро аз як тавтеаи сиёсӣ раҳоӣ набахшид.

Дар солҳои сардабирии Лоиқ Шеръалӣ низ маҷалла ба пешрафтҳои қобили мулоҳизае даст ёфт. Бахусус, муҳтавои он, сифати осори мундариҷ дар он рӯ ба беҳӣ ниҳод. Нашри матолибе, ки ба арзишҳои таърихӣ ва адабию фарҳангии миллӣ ихтисос доштанд, бештар гардид.

Дар бахшҳои назм, наср, гузоришҳои иҷтимоъӣ ва сиёсӣ, аз осори ҷавонон, мероси адабӣ, тарҷумаҳои нав, нақди адабӣ, тақриз ва китобиёт осори пурарзиши адабиёти тоҷик, ҳамзабонон ва ҷаҳон арзёбӣ ва мунташир мешуд.

Бо шурӯъи бозсозии горбачёвӣ ва эҷоди фазои нисбатан бози сиёсӣ то ҷое сонсури матолиби нашрия аз байн рафт. Дар ин замина, аз ҷумла ин имкон фароҳам омад, ки масоили муҳимми забон ва адабиёти миллӣ ба баҳс кашида шавад.

Бори нахуст масъалаҳои дардноки таърихи тоҷикон, аз ҷумла таҳоҷуми русҳо ба Иморати Бухоро ва бумборони ин шаҳри қадимӣ, шарҳи чигунагии қарор гирифтани шаҳрҳои куҳани Самарқанд ва Бухоро дар маҳдудаи ҷумҳурии Узбакистон ва ҷараёни тақсимоти ҳудуди миллӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва «ҷабри сиёсӣ бар тоҷикон» ҳамчун «қавме аз миллати бузурги форс» (сухани Айнӣ) ба баҳс кашида шуд ва матолиби зиёде дар ин боб мунташир гардид.

Шароите фароҳам омад, ки ба василаи нашри осори бадеъӣ ва илмӣ роҳи ботинан ба ҳам пайвастани дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва сунани миллӣ ва фарҳангии худ ва ҳамзабонон эъмор ва осори шоъирон ва нависандагони Эрону Афғонистон бе мамонеъат мунташир гардад.

Масъалаи навназарӣ ба таърих ва назарияи адабиёт дар матолибе, ки нашр мешуд, авлавият дошт. Дар боби интиқод аз дунболаравии мунфаъилонаи адибон ва ҳунари тоҷик аз милали дигар, бахусус русҳо, фарҷоми худшиносии таърихӣ ва фарҳангӣ, мақолоти мутаъаддиде ба чоп расид.

Бори нахуст ба таври густарда масоили тағйири алифбо ва мушкилоти гуногуне, ки аз раҳгузори фитнаи алифбо гиребонгири ҷомеъаи тоҷикон будааст, низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.

Аз замони сардабирии Убайд Раҷаб то оӯози ҷанги дохилӣ адади нашри маҷалла ба 28213 боло рафт, аммо дар замони нооромиҳо то ба 300 пойин омад. Солҳои баъд низ адади нашр аз 2000 бештар набудааст. Маҷалла гоҳо дар як сол ду бор нашр шудааст, ки ин ҳодиса ба нуфузи қаблии он миёни хонандагон латма задааст.

[b]Суоли вақт[/b]

Вақт ҳамзамон дасти таҳрирашро ба сарнавишти бисёре аз матолибе, ки тӯли солҳо дар маҷалла мунташир шудааст, ворид кардааст.

Агар шумораҳои дар замони истиқлоли кишвар нашршударо истисно кунем, дигар ин маҷалла, пеш аз ҳама, фарзанди ҷомеъаи табақотии Шӯравӣ буд, ки Тоҷикистон — «писари ҳафтумини сотсиализм» (сухани Лоҳутӣ) аз тобеъияти идеулужии он наметавонист озод бошад.

Бо фурӯпошии Шуравӣ ва касби истиқлоли Тоҷикистон бисёре аз масъалаҳои сиёсии дар маҷалла дарҷшуда аҳаммияташро гум кардааст. Дигар масъалаи «Раҳбарии партия оид ба адабиёт ва санъат» , ки бахши умдаи матолиби маҷалларо аз соли нашр то охири солҳои навад дар бар мегирифт, арзиш надорад.

Ҳамчунин, осоре, ки шоъирону нависандагони тоҷик дар васфи пешвоёни ҳизбӣ эҷод мекарданд, дигар ба дарди хонанда намехӯрад. Вале он чи нашр шудаву мафқуд аст ва он чи қобили зиндагист, порае аз фарҳанги тоҷикон аст, ки дар ҷилдҳои ин маҷалла барои имрӯзиёну ояндагон ҳифз мешавад, барои бардошти ҳар кас ба қадри ҳимматаш.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120308_ea_press_sedae_sharq.shtml

Додгоҳ ҳалнома алайҳи «Миллат»-ро бекор кард

[b]Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзӣ Қосим Қосимро алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.[/b]

Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.

Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517394.html

Эъломи барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ барои хабарнигорон

[b]Барои бори нахуст Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба даҳ тан аз хабарнигорони кишвар ҷоизаи Абулқосим Лоҳутиро эъто кард.[/b]

Интизор меравад, 17 март ҳайъат раисаи Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон ин ҷавоизро дар маросиме ба барандагон тақдим кунад.

Ҳарчанд, тибқи иттилоъи манобеъи огоҳ, қарор буд эътои ин ҷавоиз дар маросими таҷлил аз садумин солгарди интшори нахустин шумораи “Бухорои шариф” бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта баргузор шавад.

“Фергана.ру”, як сойти иттилоъотии Русия, бо такя ба манобеъи худ навишта буд, ки дар соли ҷорӣ яке аз ин ҷавоиз ба хабарнигори родию “Озодӣ” ихтисос ёфтааст ва ба ин далел мақомот тасмим гирифтаанд, ки маросими эъто ба таври мустақил баргузор шавад.

Зимнан, дар ин маросим ба ҷуз ду тан аз хабарнигорони расонаҳои Русия намояндагони расонаҳои дигари кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон даъват нашуданд.

Ҳамчунин, нафароне, ки аз онҳо умдатан ба унвони “хабарнигорони мунтақид” ном бурда мешавад, низ дар ин маҳфил ширкат надоштанд. Теъдоде аз хабарнигорон ба нишони эътироз низ аз ширкат дар ин маросим сарфи назар карданд.

Дар маҷмӯъ, дар соли ҷорӣ даҳ тан аз хабарнигорони кишвар барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шудаанд.

Аз ҷумла, дар миёни ин афрод Абдуқаюми Қаюмзод (родию “Озодӣ”), Абдуғафори Камол (шабакаи телевизиюнии “Ҷаҳоннамо”), Фирӯза Саидова (Родиюи давлатии Тоҷикистон), Сайёфи Мизроб (сардабири нашрияи мустақили “СССР”), Зафар Саидов (телевизиюни “Сафина”), Ҷумъа Қувват (нашрияи “Нури Нуробод”), Гавҳар Умарова (Донишгоҳи давлатии ҳунарҳои зебои Турсунзодаи Тоҷикистон), Игор Сатторов (ҳафтаномаи “Алюминийи Тоҷикистон”), Солеҳбой Дадабоев (нашрияи “Ҳақиқати Суғд”) ва Айниддин Қурбонов (рӯзномаи «Истиқлол» дар ноҳияи Темурмалик) мебошанд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки чаро дар соли ҷорӣ теъдоди барандагони ин ҷоъиза дар муқоъиса бо солҳои қаблӣ бештар аст, гуфт, ки ин мавзӯъ ба ҷашни садсолагии “Бухорои шариф” рабт дорад.

Вай гуфт: “Қаблан, мо ҳамасола ба чаҳор ё панҷ нафар хабарнигор ин ҷоизаро тақдим мекардем. Имсол тасмим шуд, ки ба хотири таҷлил аз садумин солгарди интишори шумораи нахустини “Бухорои шариф” теъдоди барандагони ҷоизаи Лоҳутӣ то ба даҳ нафар афзоиш дода шавад.”

Зимнан, соли гузашта бахши пулии ҳар ҷоизаи Лоҳутӣ ҳазор сомонро ташкил медод. Тибқи иттилоъи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, феълан рӯшан нест, ки дар соли ҷорӣ бахши пулии ин ҷоиза муъодили чанд сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, мизони ҷоизаи пулӣ ба кумакҳои созмонҳои сармоягузор бастагӣ дошта ва музокирот дар ин замина идома дорад.

Вале вуҷуди масъули нашрияи “Алюминийи Тоҷикистон” дар феҳристи барандагони ҷоизаи имсоли Лоҳутӣ чунин сару садоҳоро низ ба дунбол дошт, ки ширкати “Талко” аз фароҳамкунандагони ҳазинаи молии ин ҷоиза аст.

Аммо, ба гуфтаи масъулони Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, ширкати “Талко” танҳо дар таҳияи нишонҳои ин ҷоиза кумак карда ва бо таъмини молии ин тарҳ иртиботе надорад.

Зимнан, соли гузашта Вазорати кишоварзии Тоҷикистон яке аз сармоягузорони ҷоизаи Лоҳутӣ буд ва Толибшоҳи Саидзода, хабарнигори нашрияи «Миллат» ба хотири қазияии додгоҳӣ бо ин вазоратхона аз гирифтани ин ҷоиза худдорӣ кард.

Зимнан, ин ҷоиза соли 1968 таъсис ёфта буд ва ҳамасола “барои беҳтарин журнолистон” иттихоз мешавад.

Вале рӯзи шанбеи гузашта Президент Раҳмон дар суханронии худ дар маросими таҷлил аз Рӯзи матбуъоти тоҷик пешниҳод кард, барои беҳтарин хабарнигорон ҷоизаи давлатии Садриддин Айнӣ таъсис дода шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120314_if_press_prize.shtml

Мактаб ва матбуоти форсизабон дар Варорўд

[b]Таҷаддудхоҳиву равшангароии Осиёи Миёна марбут аст ба кору пайкори Аҳмади Дониш, ки тавонист дар давраи тору зулмот ва қафомонии кишвараш аз пешравию дигаргунӣ, раҳоиву озодӣ, илму маъориф сухан ба миён оварад.[/b]

Бо ҷуръату ҷасорати беҳамтояш номаш вирди забонҳо шуд. Гурӯҳе, ки дар сари қудрат ва ҷонибдорони онҳо буданд, бо нафрату ғазаб аз ӯ ном мебурданд, гурӯҳи дигар, ки роҳи ислоҳи ҷомеъаву пешравии миллату меҳанро мехостанд, бо ифтихору самимият.

Аҳмади Дониш ва пайравонаш дар охири садаи 19 ба назарияи маъорифпарварӣ бо нигоштаҳояшон пояи қавие гузоштанд ва маъорифпарварону таҷаддудхоҳони оғози садаи 20, ки дар таърих бо номи ҷадидон шинохта шудаанд, ба фаъъолияти амалӣ пардохтанд.

Бо таъсиси аввалин мактабҳои усули нави форсии тоҷикӣ дар оғози садаи 20 дар Самарқанду Бухоро Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдулқодири Шакурӣ, Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, Садриддини Айнӣ, Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ толибъилмонро аз торикӣ ба равшанӣ ҳидоят карданд.

Китобҳои дарсии Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Ҳоҷӣ Муъин, Исматулло Раҳматуллозода, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Абдулқодири Шакурӣ, «Раҳбари хат»-и Мунзим, «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон», «Заруриёти диния»-и Садриддин Айнӣ, «Роҳбари форсӣ»-и Муҳаммадрасул Расулӣ, «Мухтасари таърихи ислом»-и Фитрат ва бисёр дигар китобу васоити таълимӣ барои толибъилмони ин мактабҳо на танҳо дар Осиёи Миёна, балки дигар кишварҳои форсизабони дигар низ маъруфу машҳур гардиданд.

Сайидризо Ализода яке аз он равшанфикрону таҷаддудхоҳон ва бунёдгузорони матбуъоти тоҷик дар оғози садаи 20 мебошад. Ӯ дар соли 1887 дар ноҳияи Боғишамоли Самарқанд дар хонаводаи ҳунарманди шоҳибоф, марди босавод ва илмдӯст Мирмӯҳсин ба дунё омадааст.

«Мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати панҷ сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, баназдикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб ба 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигаҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?»

Бино ба таъкиди худи Ализода, мардуми Боғишамоли Самарқанд «ҳама эрониёнанд, ки дар соли 1200-и ҳиҷрӣ (1786-и мелодӣ) дар ҷанги амири Бухоро Мирмаъсум ва хони Марв Байрамъалихон, ки ба воситаи хиёнати ваҳшиёнаи амири Бухоро Марв суқут кард ва Байрамъалихон мақтул гардид, ба унвони асирон аз Марв ба Бухоро омадаанд ва қисме дар Бухоро монда, боқӣ ҳамагӣ бa шаҳрҳои гуногуни Туркистон пароканда шудаанд. Аз ҷумла, як қисми онҳо дар Самар¬қанд ҳастанд, ғолиби онҳо дар маҳалли Боғишамол сукунат доранд.»

Сайидризо Ализода аз анъанаҳои беҳтарини илму фарҳанги ин маркази форсизабонон, Самарқанди бостонӣ, баҳраманд гардида, дар ҳамин ҷо касби илм кард ва забонҳои гуногунро омӯхт.

Аз рӯйи мушоҳидаи яке аз олимони маъруфу тарҷумонҳои машҳури тоҷик Раҳим Ҳошим, вай «ба хондани газета (нашрия) ва китобҳое, ки дар Озарбойҷон, Эрон ва Ҳиндустон чоп шуда, дар даҳаи аввали асри мо (садаи 20) дар Самарқанд низ дастраси талабон мегардиданд, майлу рағбат пайдо кард ва ин яке аз воситаҳои муҳимми ҷустуҷӯҳои илмӣ ва адабии ояндаи вай гардид.»

«Шиносоии ӯ бо Шайх Абулқосим ном марди олим ва рӯҳонии тараққипарвари озарбойҷонӣ, ки дар он солҳо дар Самарқанд дар бадарға ҳаёт ба cap мебурд, дар муъайян намудани роҳи ҳаётии ояндаи ӯ нақши муҳимме доштааст. Ализода дар мактаби усули наве, ки Шайх Абулқосим дар райони (ноҳияти) Боғишамол таъсис карда буд, ба муъаллимӣ cap карда ва солҳои зиёд тавъам бо фаъъолият дар соҳаи матбуъот ба кори муъаллимӣ низ иштиғол дошт.»

[b]Ализода ва рӯзномаҳои маҳаллӣ[/b]

Сайидризо Ализода бо матбуъоти маҳаллӣ, ки бо забонҳои русиву туркӣ чоп мешуданд, ҳамкорӣ дошт ва муддате дар матбаъаи Демурови шаҳри Самарқанд чун ҳуруфчин ва баъдтар дар рӯзномаи русии «Самарқанд» ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъъолият кардааст.

Ифои вазифа дар нашрияи сусиёл-демукротҳои Осиёи Миёна, «Самарқанд», ки бунёдгузораш роҳбари сусиёл-демукротҳои Туркистон Морозов буд ва дар мақолаҳояш сиёсати ғосибонаи ҳукумати подшоҳии русро нисбат ба мардумони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикони кӯҳистони Зарафшон, мавриди интиқоди шадид қарор медод, дар бедорӣ ва худшиносии ӯ нақши муҳимме бозид.

Бад-ин васила, ба кори матбаъаву матбуъот ошноӣ пайдо кард. Забони русиро хуб омӯхта, бо адабиёти рус ошно гардид, ки дар фаъъолияти минбаъдаи ӯ — омӯзгорӣ, таълифи китобҳои дарсиву луғат, матбуъот ва тарҷумонӣ нақши муҳимме бозид.

Ӯ аз рӯзҳои нахусти таъсиси нашрияҳои маъорифпарвари машҳури тоҷик, яке аз шахсиятҳои маъруфи сиёсии Осиёи Миёна Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, рӯзномаи сезабонаи тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русии «Самарқанд» ва маҷаллаи дузабонаи тоҷикӣ ва ӯзбекии «Ойина» ҳамчун масъули бахши тоҷикӣ дарду алами форсизабонони Осиёи Миёнаро ба рӯйи сафҳа меовард.

Таваҷҷуҳи маъорифпарвар ва адиби оташинсуханро бештар масоили мактаби мардуми форсизабони шаҳри Самарқанд ба худ кашида буд, ки тарзи таълим дар мактабу мадрасаҳои кӯҳна равшанфикрону мунавварфикронро қонеъ намесохт ва онҳо бо ҳар роҳу васила аз пайи ислоҳи мактабу маъориф буданд. Дар силсиламақолаҳояш дар рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» муъаммову мушкилоти ин мактабҳоро мавриди баррасӣ қарор медод.

Дар хабари «Мактаби мардуми Боғишамол» дар шумораи ҳафтуми рӯзномаи «Самарқанд» ӯ навишта буд, ки «мактаби исломия, ки ба тариқи усули ҷадид дар Боғишамол аз муддати панҷ сол то кунун кушода ва дар он аз 60 то 80 нафар шогирд ба луғати туркиву форсӣ ва русӣ ба хондан машғул буданд, баназдикӣ бинобар бепулӣ ва қадри мактаб надонистан баста шуда, шогирдонаш боз ба бекорӣ ва говчаронӣ рӯ ниҳоданд. Қариб ба 10 ҳазор эрониёни Боғишамол як мактабро зинда нигаҳ надоштанд, ки хеле ҷойи таассуф аст. Аз ин зиёдии нуфуси боло чӣ фойида?»

«Чи гуна давлатмандони моро беҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан 10 ҳазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва макотиб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд?!!!»

Дар шумораи 11-и рӯзнома дар «Мактуб ба идора» дар ҷавоб ба хабари боло кинояомез навишта: «Чи гуна давлатмандони моро беҳиммат гуфта, ки дар тӯйи хатна ва арӯсӣ ақаллан 10 ҳазор, дар азо ва мурда бештар аз 5 ҳазор ва дар зиёфат ва меҳмонӣ… ҳазор танга харҷ мекунанд, аммо дар роҳи мадорис ва макотиб, ки тарвиҷи дин ва тараққии миллати ислом ба воситаи онҳост, ду пули сурх ҳам сарф намекунанд?!!!»

Дар рӯзномаи «Самарқанд» ва маҷаллаи «Ойина» аз рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбори афғония»-и Маҳмуди Тарзӣ мақолаҳо ойид ба мушкилиҳои макотиби нав дар Афғонистон нашр мешуд ва таъкид мегардид, ки чунин камбуду норасоиҳо дар мактабҳои Самарқанд низ ба назар мерасанд.

Аз тарафи дигар, «Сироҷ-ул-ахбор»-и Маҳмуди Тарзӣ низ матолиби нашрияҳои Маҳмудхоҷаи Беҳбудиро ба табъ мерасонд, ки аз ҳамкории хуби тарафайн шаҳодат медиҳад.

Маҷаллаи «Ойина» хабар дода буд, ки «мақолаҳои ба форсӣ таълифкардаи муҳассили бухороӣ аз Истонбул Абдуррауфи Фитрат-афандиро бо номи «Тараққӣ ва тамаддун», ки дар шумораи 44-и собиқ ҷаридаи «Самарқанд» табъ шуда буд, маҷаллаи мӯътабари «Сироҷ-ул-ахбор» барои худ тамоман рӯйнавис кардааст.»

[b]Ализода ва ҳафтаномаи «Шуълаи инқилоб»[/b]

Масъалаи мактабу маъориф, матбаъаву матбуъот дар солҳои аввали таъсиси давлати Шӯроӣ, ки дар қаламраваш баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳову халқиятҳоро эълом дошт, таваҷҷуҳи Сайидризо Ализодаро бештар ба худ кашид. Ӯ бо азму талоши беандоза 10 апрели соли 1919 дар шаҳри Самарқанд ба нашри нахустин ҳафтаномаи тоҷикии «Шуълаи инқилоб» муваффақ шуд.

Ӯ ҳамзабонони худро бо ҳадафу мақсади ҳукумат ошно карда, вобаста ба талаботи замони нав мардумро ба истифодаи мукаммал аз шароити мувофиқ ва имконоти мавҷуда даъват менамуд. Чун маъорифпарвар ба анъанаҳои он ҷараён содиқ монда, мардумро ба илмомӯзӣ ва ширкати фаъъолона дар ислоҳу ба низом овардани идораи давлат тарғибу ташвиқ мекард, ки дар он айём аз ҳар намояндаи бедордили ин қавму миллат ҳушёриву ҷонбозиро талаб дошт.

Вале мутаассифона, чун солҳои пеш миллати дар хоби ғафлату ҳоли парешон вақти муносибро аз даст дода, аз имкони мавҷуда ба таври зарурӣ истифода намекард ва ба таъкиди паёпайи фарзанди ҷонсӯзу дилбандаш таваҷҷуҳ намедод. Зиёда аз ин, ба нашрияи ягонаи хеш дар ҳудуди Осиёи Миёна бепарвоӣ зоҳир намуда, на ёрии моддӣ медод, на аз нигоҳи маънавӣ дастгирӣ мекард.

Аз сӯйи дигар, душманону мухолифини форсизабонон бо ҳар роҳ мехостанд нашри ҳафтаномаро боздоранд, ки Сайидризо Ализода чун шахси сиёсатмадор ба ҳар рафтору кирдори онҳо ҷавоби мувофиқ медод ва намегузошт, ки шуълаи умеди ҳамзабононаш хомӯш гардад.

Дар шумораи дуюми ҳафтанома мақолаи «Як сӯиқасди ғаразкорона ба маҷаллаи мо»-ро ба табъ расонда, аз кӯшиши нахустини ин гурӯҳ хонандагонро огоҳ карда буд: «Ҳанӯз шумораи аввали маҷаллаи мо қадам ба майдони матбуъот нагузошта, ҳанӯз «Шуълаи инқилоб» шуълаи дурахшони худро ба ҷое наафшонда буд, ки дастаи шабпаракон аз тарси ин ки чашмони ғаразбинашонро хираву торик кунад, ба даври ҳам гирд омада, аз пайи хомӯш кардани ин шӯъла камар бастанд ва барои қатли ин бачаи зоиданашуда омода гардиданд. Инҳо барои буридани забони як ҷамоъаи Туркистон, ки тақрибан ду милюн нуфус дорад, шамшерҳои худро тез карданд.»

«Ин ҷанобон ба баҳонаи ин ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад. Дар сурате ки дар ин мамлакат як ҷамоъаи форсизабоне ҳам ҳаст, ки ҳама ба матбуъоти форсӣ ташна мебошанд ва аз матбуъоти туркӣ истифода кардан наметавонанд»

«Ин ҷанобон ба баҳонаи ин ки забони расмии Туркистон туркист, розӣ нашуданд, ки дар ҳамаи Туркистон ақаллан як ҷаридаи форсӣ вуҷуд дошта бошад. Дар сурате ки дар ин мамлакат як ҷамоъаи форсизабоне ҳам ҳаст, ки ҳама ба матбуъоти форсӣ ташна мебошанд ва аз матбуъоти туркӣ истифода кардан наметавонанд. Дар сурате ки ба ҷуз матбуъоти мутаъаддидаи туркӣ ва русӣ барои як мушт австриёгиҳо (утришиҳо), маҷорҳо, полякҳо (лаҳистониҳо) ва укройнҳо ба забони миллии худашон рӯзномаҳои ҷудогона интишор меёбад ва ба яҳуду арманиҳо ихтиёри нашри ҷаридаи миллӣ дода шуда.»

Ҳарчанд ғарази аслии онҳо, яъне боздоштани нашри ягона нашрияи форсизабононро хуб медонист, вай ба ин кирдори онҳо аз нигоҳи сиёсӣ баҳо додааст, ки дигар аз нашри ҳафтанома монеъ нашаванд:

«Шумо душмани забони форсӣ нестед, шумо хуб медонед, ки аз ин забон шуморо зараре намерасад. Матлаби шумо ҷойи дигар аст: чун маҷалла нашри афкори фирқаи иштирокиюн аст ва маслаки ин фирқаро тарвиҷ мекунад, лиҳозо шумо ба ин гуна баҳонаҳо мехоҳед ин маҷалларо нобуд кунед. Пас, шумо дар ҳақиқат, дар зидди (мухолифи) фирқаи иштирокиюн (кумунистӣ) ҳастед.»

Бесаъйиву беэътиноии форсизабонони Туркистони шуравӣ Ализодаро ба риққат оварда буд, ки гилаомез навиштааст: «Ҳарчанд зулму ситами дигаронро кашидем ва ҳар қадар ки ҷабру озори бегонагонро дидем, лекин дареғо, ки ҳеч бедору ҳушёр нашудем. Афсӯс, ки ҳеч дарси ибрат нагирифтем. Мо гӯё ки ба зулму ситам кашидан хӯ гирифтаем, дар бандагию асорат зистан оддӣ шудаем. Мо гӯё ки фақат барои кашидани бори дигарон офарида шудаем. Мо бояд ки аз ин зиндагонии хорию расвоӣ ҷудо нашавем!..»

«Мо аз ҳодисаҳои даҳшатангези даҳр, аз воқеъаҳои ибратомези замон панд намегирем, панд гирифта, айбҳои худро ислоҳ намекунем, хатоҳои хешро дуруст наменамоем. Гӯё ки ба маданияти пешинаамон, бо шарафу номуси собиқамон қобилият ва истеъдоди мо низ як ҷо рафтааст ва маҳв шудааст. Ҳар гоҳ ин аҳволоти худро ба назари диққат гирифта, фикри гавде (амиқ) намоем, яқин хоҳем кард, ки аз рӯзи сиёҳи оянда, аз яъсу навмедиҳои рӯоваранда ба ҳеч ваҷҳ халосӣ ёфтан барои мо мумкин нест.»

[b]Ализода ва масъалаи забон[/b]

Дар як силсила нигоштаҳояш Сайидризо Ализода масъалаи забонро ба миён гузошта, аз таваҷҷуҳи ҳукумати нав ба забонҳои миллӣ ва вазифаҳои оянда хонандагони ҳафтаномаро огоҳ кардааст. Ӯ аз як тараф, чун маъорифпарвар ва равшанфикри миллат ба ин масъала мутаваҷҷеҳ гардад, аз тарафи дигар дар замони муборизаи шадиди понтуркистҳо ва маҳдудияти ҳаққу ҳуқуқи форсизабонҳо ба ҳар васила, мамонеъат аз нашри ягона нашрияи форсизабонон ва таъсиси макотиби нав ба забони модариашон, наметавонист ба ин масъала таваҷҷуҳ накунад.

Дар мухбирномаи «Шуъбаи форс дар ҳузури идораи корҳои миллӣ» ойид ба вазифаи ин шуъба иттилоъ ва дар айни замон ба хонандагон ҳушдор медиҳад: «Забон рукни азими миллат аст, ки ба маҳзи гум шудани забон ҳамон миллат, ки мутакаллим ба он забон аст, гум ва нопадид хоҳад шуд. Ҳеч миллате дар дунё наметавонад ҳастӣ ва мавҷудияти худро таъмин кунад, магар бо нигаҳдорӣ ва муҳофизати забони модарии худ. Аз ин рӯ, ҳар миллат ҳақ дорад забони модарии худро гиромӣ дорад, азиз шуморад, муҳофизат кунад, то ки аз вартаи инқироз ва нобудӣ худро халос намояд…»

Бо азму талоши Ализода ва ҳиммати ҳаммаслаконаш ҳафтанома то 8 декабри соли 1921 91 шумора нашр гардида, хонандагонашро бо воқеъаву рӯйдодҳо, таҳаввулоту тағйироти олам, дигаргуниҳои шаҳру вилояти Самарқанд, кишвари Туркистон, аморати Бухоро, суқути аморат ва таъсиси Ҷумҳурии халқии Бухоро ошно карда, дарду алами тоҷикону форсизабонони Варорудро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.

[b]Ализода ва «Овози тоҷик»[/b]

Баъди анқариб се соли хомӯшӣ дар остонаи тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна, 25 августи соли 1924, дар Самарқанд рӯзномаи нахусти даврони нав, «Овози тоҷик»-ро ба нашр расонданд, ки дар сармақолаи Ализода «Дебоча ва маром» ва мақолаҳои устод Садриддин Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома», Муҳаммадҷон Раҳимӣ «Ҷарида чист?», А. Қурбӣ «Аҳолии кӯҳистон ва маъориф» дар шумораи аввалин, ҳадаф, мақсаду маром ва самти минбаъдаи фаъъолияти рӯзнома хеле хуб ифода ёфта буд.

Аз нигоҳи Сайидризо Ализода, котиби масъули рӯзномаи «Овози тоҷик», «рӯзнома тоҷиконро бо вазифаҳои давлатӣ шинос мекард, давлат дар навбати худ бо ёрии рӯзнома ниёзҳои халқро» бояд мефаҳмид.

Дарвоқеъ, рӯзномаи «Овози тоҷик» доир ба масоили муҳимми давру замон, монанди тақсимоти марзии Осиёи Миёна, манфиъатҳои тоҷикон, мактабу маъориф, таърих, забону адабиёт ва фарҳанги мардуми тоҷик мақолаҳои зиёде ба табъ расонда, ниёзҳои мардуми тоҷикро ба ҳукумати вақти шӯравӣ расонд. Вале, мутаассифона, на ҳамеша ҳукумат ба дарди дили мардуми тоҷик гӯш андохт.

[b]Ализода: муаллифи кутуби дарсӣ[/b]

Қисмати дигари фаъъолияти Сайидризо Ализода марбут ба таълифи китобҳои дарсист, ки «Дабистони тоҷик», «Соли нахустин» (1920) ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ» (1926)-ро дар солҳои аввали даврони шӯравӣ пешкаши хонандагони тоҷик гардондааст.

Ба иборати пруфессур Д. Хоҷаев дар давраи тақдирсоз интишори «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и устод Айнӣ муждаи фараҳбахше аз адабиёти қадиму оламшумули тоҷик ва «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-и Сайидризо Ализода (чопи дувумаш соли 1927) аз таърихи афкори забоншиносии мардуми тоҷик буд.

Аз асрҳои миёна то Инқилоби Октябр дар мадрасаҳои тоҷикии Осиёи Миёна дар шарҳу тавзеҳи кулли қоъидаҳои сарфу наҳв ва луғат забони арабӣ ва громери он нақши муҳим дошта, аз забони форсии тоҷикӣ чун воситаи шарҳу эзоҳи он қавоъид истифода мекарданд.

Сайидризо Ализода бо таълифи «Сарфу наҳви тоҷикӣ» чун забоншиноси беҳамто бори аввал бунёди грамматикаи нормативии (громери меъёрии) тоҷикиро барои мактабҳои таҳсилоти ибтидоию миёна гузошт.

Ӯ дар Анҷумани якуми забоншиносони тоҷик дар соли 1930 дар Сталинобод (Душанбеи кунунӣ), ки яке аз чорабиниҳои (тадобири) муҳимми ҷумҳурии худмухтори тоҷикон ва дорои аҳаммияти бузурги таърихӣ маҳсуб меёфт, ширкат варзидааст.

[b]Ализодаи мутарҷим[/b]

Шохаи дигари фаъъолияти пурсамари эҷодии Сайидризо Ализодаро тарҷумаи осори адибони машҳури халқҳои дигар ташкил медиҳад, ки бино ба таъкиди Раҳим Ҳошим «яке аз устодон ва ҳаққан аз асосгузорони тарҷумаи бадеъӣ аз русӣ ба тоҷикӣ (форсӣ) мебошад ва дар соли 1912, ҳангоми муҳарририаш дар журнали (маҷаллаи) «Ойина» ба тарҷумаи бадеъӣ шурӯъ кардааст.»

Тарҷумаи асарҳои «Сад фоиз»-и адиби омрикоӣ Синклер Эптун (1938), «Дубровский» (1935), «Духтари капитан» (1936), «Моткаи қарамашшоқ» (1937), «Ҳикояҳои Белкин» (1938)-и асосгузори адабиёти рус Александр Пушкин, «Семент» (1936)-и адиби рус Фёдор Гладков, «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфтааст» (1938)-и нависандаи рус Николай Островский, «Каждум аз меҳроб» (1938)-и адиби ӯзбек Абдулло Қодирӣ ба забони форсии тоҷикӣ мутаъаллиқ ба қалами ӯст.

Дар нашрҳои минбаъдаи баъзе аз ин осор ба забони тоҷикӣ (форсӣ) бо таваҷҷуҳ ба сиёсати давр ва бинобар эълони «хоиниву ҷосусӣ ба давлат» номи мутарҷим Сайидризо Ализодар зикр нашудааст.

Ӯ инчунин намунае аз осори Фирдавсӣ, Навоӣ, Низомиро низ ба забони русӣ тарҷума карда, дар тарғибу ташвиқи мероси ғании мутафаккирони бузурги Шарқ барои оламиён ҳиссаи арзандае гузоштааст. Китобҳои маъруфи «Таърихи давлатдории Русия»-и Карамзин, «Туркистон»-и Бартолд, «Таърихи умумии Аврупо», «Таърихи Жопун»-ро ба тоҷикӣ баргардондааст.

Бино ба маълумоти набераи Сайидризо Ализода — Фарҳод Ализода, бо супориши шоҳи Афғонистон Амонуллохон оид ба таърих ва маърифати ислом китобҳои зиёдеро, ба мисли «Асри саъодат», «Муросилот-мактубот», «Одоби икром», «Таърихи ислом», «Таърихи Туркистон», «Қонуниятҳои динӣ», «Маданияти ислом», «Зарурати ислом», «Фан дар бораи коинот»-ро ба забони форсӣ навишта, ки дар матбаъаи шаҳри Лоҳури Покистон чоп шудааст.

«Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рӯз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муъайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Сайидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта, бо онҳо сӯҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд.»

Дар ин шаҳр дар давоми солҳои 1923-1934 даҳ асари Сайидризо Ализода нашр гардидааст. Вай мураттиби нахустин «Луғати русӣ-тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, 1933-34) иборат аз 61 ҳазор калима буд, ки Раҳим Ҳошим аҳаммият ва хусусияти ин луғатро чунин ба қалам додааст:

«Ба ин луғат аввалин бор бисёр истилоҳҳои косибӣ ва ҳунармандӣ, номи асбобу анҷомҳои корӣ, истилоҳҳои гуногуни илмӣ ва адабӣ дароварда шуда буд, ки то он рӯз дар ҳеҷ куҷо қайд ва нашр нашуда буданд ва барои ёфтан ва муъайян кардани онҳо устод Айнӣ ва хусусан Сайидризо Ализода шахсан, баъд аз кор ба пеши косибу ҳунармандҳо рафта, бо онҳо сӯҳбат карда, пас аз таҳқиқ он калимаҳоро ба луғат дароварда буданд.»

Рӯзноманигор, адиб ва мутарҷими маъруфи тоҷик Сайидризо Ализода бо адибони кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон равобити хубу ҳамкориҳои самарбахш дошт. Аз ҷумла, вай бо шоъир ва мунавварфикри маъруфи Эрон Маликушуъаро Баҳор мукотибаи дӯстона доштааст.

Дар бархе аз рӯзномаҳои форсии оғози садаи 20 нигоштаҳояш ба табъ расида, бино ба иттилоъи пруфессур Худойназар Асозода, ҳамроҳи яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ ва адиби машҳури равшангарои Афғонистон Маҳмуди Тарзӣ, асари адиби шинохтаи фаронсавӣ Жулн Верн «Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз»-ро ба форсӣ баргардон кардааст.

[b]Ализода — қурбонии терури истолинӣ[/b]

Ӯ низ чун садҳову ҳазорҳо нафар бегуноҳон тӯъмаи терури даврони шахспарастии истолинӣ гардид. Маъмурони режими Шӯравӣ ӯро соли 1938 ҳангоми дарс дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба ҳабс гирифта, тибқи одати сиёсии он солҳо, ба ҷосусӣ муттаҳам карданд.

Вай аввал дар ҳабсхонаи Тоболск, баъдан дар ҳабсхонаи Владимир, дар камераи яккаса (селули инфиродӣ) азобу шиканҷа кашида, мувофиқи асноди расмӣ, соли 1945 дар ҳабсхонаи Владимир аз бемории сил ҷон ба ҷонофарин супурд.

Дар соли 1987 бо саъйу кӯшиши наберааш Фарҳод Ализода хоки Сайидризо Ализодаро аз шаҳри Владимир ба зодгоҳаш оварда, дар қабристони «Панҷоб»-и Самарқанд дафн карданд.

Дар Самарқанд мактаб ва кӯчае ба номи Ализода номгузорӣ шуда, ҳайкали биринҷии вай бунёд гардидааст. Хонааш ба осорхона табдил ёфтааст, ки муҳаққиқону пажӯхишгарон аз Эрону Олмон, Русияву Фаронса, Жопун, Инглистону Омрико ва кишварҳои дигари дунё барои касби иттилоъи бештар дар бораи рӯзгору осори ин донишманди фарзона ва фидоии миллат зиёрат мекунанд.

Месазад, ки дар Душанбе, пойтахти давлати мустақилли тоҷикон ба хотири азму талош, ҷонбозиву ҳаққталошӣ ва кору пайкораш дар ҳимоят аз манфиъатҳои тоҷикон дар 125-умин солгарди зодрӯзаш ва 100-умин соли таъсиси матбуъоти форсӣ дар варорӯд кӯчае ба номи ӯ гузошта шавад, то мардуми Тоҷикистон бештару беҳтар фарзандони фарзонаи хешро бишносанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_ea_alizadeh_tajik_press.shtml

“Бухорои шариф” нахустин рўзномаи форсизабон дар Осиёи Миёна

[b]Рӯзи 11 марти соли 2012 ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ дар Вароруд — «Бухорои Шариф», ки ба рӯзноманигории тоҷик асос гузошт, 100 сол пур мешавад.[/b]

Дар сод соли фаъъолияташ матбуъоти форсии тоҷикӣ мушкилоти зиёдеро аз сар гузаронд: дар даврони аморати Бухоро аҳли дарбор ва рӯҳониёни муҳофизакор бо ҳар восита мардумро аз рӯзномахонӣ дур нигоҳ доштан мехостанд.

Бино ба таъкиди устод Айнӣ, «ҷавонони Бухоро кайҳо боз дар фикри нашри рӯзномае буданд, лекин чораи инро намеёфтанд. Зеро ҳукумати Бухоро, ки ба ягон кори оддии маданӣ роҳ намедод, ба нашри рӯзномае, ки дар пеши назараш чун муфаттише шуданаш мумкин буд, чи гуна роҳ дода метавонист.»

«Элчихонаи ҳукумати рус ба нашри як рӯзномаи озодфикр рухсат додан он тараф истад, ба ин кор аз ҳукумати амир ҳам бештар монеъ мешуд.»

Дар солҳои аввали таъсиси давлати шуравӣ, бино ба сари ҳокимият омадани понтуркистҳо, чи дар ҷумҳурии Туркистони шӯравӣ ва чи ҷумҳурии халқии шӯроии Бухоро бо пуштибонии роҳбарони вақти шӯравӣ, бо ҳар роҳу васила ба табъу нашри ҷаридаву маҷалла, таъсиси макотиби нав ва интишори китобҳои дарсӣ барои фарзандони мардуми тоҷик бо забони модариашон монеъа эҷод мекарданд. Вале бо ин ҳама монеъаву мушкилот 11 марти соли 1912 шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» ба табъ расида, ба рӯзноманигории тоҷик поя гузошт.

[b]Заминаҳои пайдоиши рӯзнома[/b]

Сафари аҳли илму маърифат ба мамолики мутараққии дунё ва ошноии онҳо бо комёбиву муваффақият, дастоварду навгониҳои мардумони кишварҳои дигар ҳамеша манфиъатовар аст, ки аллома Аҳмади Дониш бо дидани як мамлакати нисбатан мутараққии дунё — Русия олами наверо кашф кард ва ба хулоса омад, ки низоми нави ҷаҳон боъиси тараққиву тамаддуни аҳли Фаранг гардидааст.

Пайравону шогирдони ӯ дар охири садаи 19 ва оғози садаи 20 ба туфайли сафарҳои зиёдашон ва ошноӣ бо мамолики Шарқу Ғарб ба ин натиҷа расиданд, ки мардуми бедору ҳушёр рӯ ба тараққӣ оварда, аммо аҳли Бухоро дар хоби ғафлатанд.

Аз ҷониби дигар, таъсиси рӯзномаҳои форсӣ дар садаи 19 дар сарзаминҳои мухталиф-Ҳиндустону Эрон, Туркияву Афғонистон, Мисру Инглистон ва ба рағми ҳамаи монеъаҳо нашрияҳои форсии охири садаи 19 ва оғози садаи 20 «Ахтар», «Қонун», «Ҳаббулматин», «Парвариш», «Чеҳранамо», ҷаридаву маҷаллаҳои туркиву тоторӣ ва озарбойҷонии «Сирот-ул-мустақим», «Тарҷумон», «Мулло Насриддин» ва монанди инҳо, дастраси мунавварфикрон ва ислоҳталабони Осиёи Миёна мегардид, ки аз байни одамони одӣ низ касони назаркунанда ба матбуъот пайдо шудан гирифтанд.

Таҳаввулоту дигаргуниҳо, ҷунбишу инқилобҳои пайиҳам дар оғози садаи 20 ва ошноии мунавварфикрону тараққихоҳони тоҷик бо адабиёту матбъуоти ҳамзабонону халқҳои дигар дар амри бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳӣ, пайванди ҷунбиши ислоҳталабонаи ҷадиди Бухоро бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодихоҳони кишварҳои дигар нақши муҳим бозид.

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро бо вуҷуди маҳдудияти фаъъолияташон ва таъқиби ошкору ниҳон аз ҷониби ҳукуматдорон бо ҳар роҳу восита мекӯшиданд, ки камбуду норасоиҳои ҷомеъаро рафъ сохта, мардуми Бухороро ба сӯйи тараққию тамаддун ҳидоят намоянд. Мактаби ҷадиди Абдулвоҳиди Мунзим, ки ҳамроҳ бо шарикдарсонаш Садриддин Айнӣ, Ҳамидхоҷаи Меҳрӣ ва Аҳмадҷони Ҳамдӣ таъсис дода буд, дар муддати кӯтоҳ дар байни мардум эътибору нуфузи зиёде пайдо карда, боъиси эҷоди муборизаи ошкори навгароёну муҳофизакорон гардид.

Китобҳои «Мунозира» ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ»-и Фитрат, «Тӯҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзосироҷи Ҳаким низ барои тавсеъаву густариши андешаҳои маъорифпарварӣ иншо гардид. Фитрат аз номи як фарангӣ таъкид дошт, ки «агар мутолиъаи ҷароиди исломиро ҳаром нагуфта, балки худатон низ гоҳо мехондед, имрӯз илоҷи дарди исломро аз ман, ки кофирам, намепурсидед.»

Ба назари маъорифпарвари тоҷик, матбуъот, аз як тараф, дармонбахши дардҳои ҷомеъа ва аз ҷониби дигар, тарғибгари ахлоқи хубу некӯст, ки бад-ин маънӣ дар ҷойи дигари китобаш «Мунозара» дар баҳси мударриси бухороӣ бо фарангӣ таъкид мекунад: «Матбаъа кушода, халқро ба воситаи ҷароид ба ахлоқи ҳасана тарғиб намоед.»

Мирзосироҷи Ҳакими огоҳ аз вазъи сиёсӣ, иҷтимоъӣ ва иқтисодии Бухоро баъди сафарҳои тулонӣ ба мамолики Шарқу Ғарб барои ҳамватононаш «Туҳафи аҳли Бухоро»-ро пешкаш намуд ва сабаби ба ин кори хайр даст заданашро чунин тавзеҳ додааст:

«Чун дар Фарангистону Русия расм аст, ки сайёҳони он ҷо маҳзи касб кардани иттилоъ аз чигунагии милали олам ва маълумот ҳосил намудан аз фарқи мухталифи рубъи маскун ва донистани тамоми баҳру барии рӯйи замин солҳои дароз бо машаққатҳои зиёд ва заҳматҳои ҷонгудоз мулк ба мулк, шаҳр ба шаҳр рафта, ободиҳо ва харобиҳои дунёро дида, тараққии ҳар милалу фирқаро фаҳмида, ҳамаро ба силки таҳрир дароварда, тақдими бародарони динӣ ва ватании хеш медоранд.»

«Он ҳама мулкгирӣ ва футӯҳоти пай дар пайи дували Фаранг аз натиҷаи саёҳати мардумони боъилми онҳост. Натиҷаи кашфи Омрико аввал аз баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат аст. Ин ходими миллат низ ба онон таассӣ намуда, баъд аз он ҳама сафару саёҳати чандинсолаи иҷмолии худро, ки бо таҷрубиёте, ки аз ин мусофиратҳо ҳосил намудам, ба силки таҳрир дароварда, дарҷи ин маҷалла намуда, тақдими миллати худ намудам.»

Адиби навандеш ҳамаи мулкгирӣ ва футуҳоти пайдарпайи дували Фарангро дар саёҳати мардумони боъилми онҳо дарёфта, кашфи Омрикоро аввал дар баракати илм, баъд аз ҳиммати саёҳат донистааст.

Он ҳама таҷрибаву сабақҳое, ки ҳини сафару саёҳати худ омӯхтааст, чунин ба риштаи назм кашидааст:

Чист сафар? Мояи илму ҳунар.
Чист сафар? Таҷрубаи хайру шарр.
Ҳаст сафар мояи анҷомҳо,
Ҳаст сафар пухтакуни хомҳо.
Ҳар кӣ сафар кард, хӯрад заҳру қанд,
Ҳар кӣ сафар кард, шавад ҳушманд.
Ҳар кӣ аз ин шарбати мо нӯш кард,
Кашмакаши даҳр фаромӯш кард.
Он чӣ дар аснои сафар дида шуд,
Бе каму нуқсон ҳама вочида шуд.

Ҳамин баракати илм ва ҳиммати саёҳат буд, ки баъди бозгашт аз сафар Мирзосироҷи Ҳаким ҳамроҳ бо тараққихоҳи дигар Мирзомуҳиддини Мансур, тоҷири машҳури Бухоро, дар пайи таъсиси як рӯзномаи тоҷикӣ шуд.

[b]Чорасозии Мирзомуҳиддин ва Мирзосироҷи Ҳаким[/b]

Соли 1912 Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким, бино ба иттилоъи устод Айнӣ, «аввал мудири матбаъаи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиъати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд.»

«Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиъат кард. Мирзомуҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод.»

Равшанфикрону тараққихоҳони Бухоро барои муҳаррирӣ аз Боку Мирзоҷалол Юсуфзодаро даъват карданд, ки дар кори табъу нашр таҷрубаи кофӣ ва бо рӯзномаю маҷаллаҳои Қафқоз ҳамкории доимӣ дошт. Дар маҷаллаи номдори Озорбойҷон «Мулло Насриддин», ки дар Тифлис чоп мешуду дар Бухоро ҳам ихлосмандону ҳаводорони зиёде дошт ва дар мактаби эҷодии ду тан аз адибони маъруфи Озарбойҷон Мирзоҷалил Маҳмадқулизода ва Алиакбари Собир, ки бунёдгузор ва сардабири моҳвораи мазкур буданд, чун адибу рӯзноманигори варзида ба камол расидааст.

Ӯ забони форсиро хуб медонист ва аз осори адибони форсизабон баҳраи зиёде бардошта буд, ки маҳз ба шарофати Мирзоҷалол нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» на танҳо дар қаламрави аморату байни мардуми Осиёи Миёна, балки Эрону Афғонистон, Русияву Ҳиндустон ва Қафқозу Туркия ва дигар мамолики мусулмонӣ муштариву хонанда пайдо кард.

Ин рӯзнома дар чаҳор моҳи аввал ҳафтае шаш маротиба, баъди таъсиси рӯзномаи «Тӯрон» ба забони ӯзбекӣ, ҳафтае чаҳор бор чоп мешуд.

Азбаски хароҷоти чоп бештар гардида, фоида камтар буд, Левин баъди нашри чанд шумора аз соҳибимтиёзии рӯзнома даст кашид ва ҷавонбухороиён бо ҷамъоварии маблағ барои идомаи нашри рӯзнома ширкати «Бухорои шариф» -ро соҳибимтиёзи рӯзнома эълон карданд ва дар шумораҳои охири худ хабар доданд, ки ба баракати «кумаки тараққихоҳон ва арбоби ҳиммат ва ҳамияти Бухоро» мушкилоти молии рӯзнома рафъ ва имкони идомаи нашраш фароҳам гардидааст.

[b]Ғояи омоли рӯзнома[/b]

Мирзоҷалол дар шумораи аввалини «Бухорои шариф» эълом дошт, ки «саҳифоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмия ва адабия ва фанния ва билъумуман мақолоти нофия боз аст. Мақолоти муғойир бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳад гардид» ва ин нукта басо муҳим аст дар мушаххасоти мақсаду маром ва ғояву омоли рӯзнома.

Барои хотирҷамъии ҳукуматдорони Бухоро ва сафоратхонаи рус дар ҳамин шумора таъкид шудааст, ки «мизони мундариҷот мутобиқати Қуръони шариф ва зарурати ислом хоҳад буд. Рӯзномаи мо аз ёрморкаҳо (бозорҳои макора), мисли Нижниновғуруд ва ғайра маълумот дода, аз моли алтиҷораи дохил ва хориҷ ва маҳсулоти Бухорои шариф ва атрофу тавобеъи он, мисли пунба, пашм, пӯсти кароқӯл, қимати мизони нон, гӯшт, абрешим, чой ва ғайра иттилоъот хоҳад дод.»

«Левин ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора ба элчихона муроҷиъат кард. Мирзомуҳиддин ҳам, ки бо корҳои тиҷораташ бо элчихона рафтуой дошт, тарафи рухсат додан ба рӯзномаро гирифт ва барои ба идораҳои рус шиносондани мардуми Бухоро, барои ривоҷи пахтакорӣ лозим будани рӯзномаро фаҳмонда, барои итминони хотири элчихона Ҳайдархоҷа Мирбадаловро, ки дар он ҷо хидмати мутарҷимиро ба ҷо меовард, ба мудирии рӯзнома тавсия кард. Сафоратхона ба шарти дар дасти худаш будани ҳаққи сензорӣ аз ҳукумати Бухоро барои нашри рӯзнома ба номи Левин ва Ҳайдархоҷа имтиёз ва иҷозат гирифта дод.»

«Мақсаду маслаки «Бухорои шариф» битараққӣ буда, эҳтиёҷот ва лавозими аҳолии Бухоро ва умуми исломро шарҳ хоҳад намуд: дар интишор намудан ва ҳусни иҷтимоъ соъӣ хоҳад буд.»

«Мундариҷоти умумия: телеғрофоти аҷенти Петербурғ, мақомоти илмия, ҳикоёти таърих, мустахбироти Исломбул, Мадинаи мунаввара, Миср, Теҳрон, Табрез, Рашт, Тошканд, Марғелон, Андиҷон, Хуҷанд, Самарқанд, тарҷумаи аҳволи ашхоси машҳурин.»

Мирзоҷалол аз як тараф, бо таъкид ба ибрози андешаву мулоҳиза дар доираи Қуръони шариф ва аҳкоми ислом ҳукуматдорону рӯҳониёни Бухороро хотирҷамъ ва аз тарафи дигар, бо нияти иттилоърасонии доимӣ аз ярмаркаҳо, молҳои тиҷоратии дохилию хориҷӣ кормандони сафорати Русияро дилпур месохт, ки ин рӯзнома ҳам чун нашрияҳои расмии ҳукумати подшоҳӣ дар Туркистон ба манфиъати онҳо хидмат хоҳад кард.

Дар нахустшумораи рӯзнома омада, ки «то ба ҳол дар Бухорои Шариф ба нашри рӯзнома мутавассил нашудаанд» ва «иллати аслӣ ва сабаби адами рӯзнома дар чунин нуқта ва маркази муҳим он будааст, ки аз ҷиҳати амри моддӣ касе ҷилав наафтода, то матбаъа ва лавозимро муҳайё намояд. Чун алҳол матбаъа ҳозир аст, шурӯъ ба таъсис ва нашри ҳамин варақпора мекунем.»

Баъдтар навишта, ки ҳарчанд «аморати Бухоро дорои се милюн нуфус аст, то акнун аҳолии Туркистон ва Мовароуннаҳр як рӯзнома ба забони миллӣ ва исломии худ надоштанд. Ҳоло аз ғайрат ва ҳиммати миллатписандонаи чанд нафар маъорифпарвар ва тараққихоҳони Бухорои Шариф ин рӯзномаи мусаммо ба «Бухорои Шариф» ба забони форсӣ, ки забони расмии Бухоро ҳаст, таъсис шуда ва аз адам ба вуҷуд омада ва ба табъу нашри он иқдом намуда шуд. Ҳоло барои 9-10 милюн нуфуси исломии Туркистон ва Мовароуннаҳр ҳамин як рӯзнома аст ва фақат.»

[b]Назаре ба шумори аввал[/b]

Муҳаррири рӯзнома Мирзоҷалол Юсуфзода дар саҳифаи аввали шумораи якум мақолаи «Ғояи омол»-ро пешкаши хонандагон намуда, аз хонандагон ширкати фаъъолонаро дар табъу нашри рӯзнома тақозо ва хоҳиш дошт, ки «аввал, дар ҳамроҳӣ ва муъовинати мо музоиқа нафармоед. Сониян, ҳарчи аз мундариҷоти рӯзнома дар назарашон нобаҷо омад, ба шарҳу тафсил ба идора нависанд, ки агар саҳв аз ҷониби мост, бо итминону ташаккур ислоҳи саҳви худ намуда бошем. Агар саҳву иштибоҳ аз ҷиҳати нуқсон ва қусури ифодаи бурҳон аст, ки дар такмилаш бикӯшем. Махсусан, тараққии инсоният беш аз ҳама чиз бо интиқодоти саҳеҳа метавонад буд.»

Саҳифаи дуюму сеюми шумораи аввали рӯзномаро хабаре аз марги валиъаҳд Сайид Миръабдуррасул таҳти унвони «Таассуф», дар «Ихтор» бо забони туркӣ дар бораи дар сурати иҷозат баъзан чопи мақолаҳои туркӣ дар рӯзномаи «Бухорои Шариф», силсилахабарҳои «Телегрофоте, ки даҳуми морт ба идораи мо расидааст», мақолаи Мирзосироҷи Ҳаким «Баъзе фавоиди рӯзнома», силсилаи «Ахбори маҳаллӣ» бо имзои Бухороӣ, хабарҳои «Саёҳати вазири ҷанг ба Туркистон» дар хусуси ташрифи вазири ҷанги Русия ба Туркистон аз 21 март то 31 март ва нияти боздидҳояш аз Тошканду Самарқанд, Бухорову Чорҷӯй, Ишқободу Кушкӣ ва Андиҷон, «Муҳорибаи Туркия ва Итолиё» ва чанд хабару эълони тиҷоратиро дар бар гирифтааст.

Ин ҷо ба як нукта бояд равшанӣ андохт, ки бародари гиромӣ Наҷмиддини Ковиёнӣ дар нигоштааш «Пажӯҳиш бар замона ва корномаи рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар маҷаллаи «Ориёи бурунмарзӣ» дар такия ба гуфтаи муаллифони «Таърихи матбуъоти тоҷик» таъкид карда, ки «таҷаддудхоҳони Бухоро бахубӣ огоҳ буданд, ки рӯҳониён ва калтакдорони амир метавонанд дар заминаи пахши рӯзнома монеъа эҷод кунанд. Аз ин рӯ, оқоён Қ. Л. Левин, Ҳайдархоҷа Мирбадалуф ба қушбегии Бухоро Мирзо Насруллоҳ муроҷиъат карданд ва аз ӯ дархост намуданд, ки номае мабнӣ бар ҳимоят аз нашр ва пахши рӯзномаи «Бухорои шариф» интишор бидиҳад ва ӯ ҳамчунин номаеро содир кард. Рӯзнома «Ризоятнома»-и қушбегиро чоп кард, ки дар он омада буд: «Ҳар касе ки ба рӯзномаи мазкур муштарӣ шаванд, ихтиёр доранд, мо бо он монеъ намешавем.»

Мутаассифона, чунин «Ризоятнома»-и қушбегӣ дар шумораи нахустин ва шумораҳои аввали рӯзнома ба чашм нахӯрд. Вале таҳти унвони умумии «Ахбори маҳаллӣ ва Туркистон» дар шумораи сеюми рӯзнома ба чунин мазмун эълон ба табъ расидааст: «Идораи рӯзнома ба хонандагони гиромии худ ихтор мекунад, ки то боз шудани идора дар Бухоро муштариҳои солиёна ва шашмоҳа метавонанд ба китобфурӯш Саидмуродхоҷа руҷӯъ намуда, муштарӣ шаванд. Маълум мешавад, ки фурӯшандагони рӯзнома ба қимати хотирхоҳи худ мефурӯшанд. Идора ба муштарикин эъломи ихтор менамояд, ки аз тарафи идора ба рӯзномаи мо се тин қимат гузошта шудааст. Таваққуъ мекунем, ки аз ин қимат гаронтар нахаред.»

Дар хабари дигари ҳамин силсила аз хусуси пешниҳоди шумораи аввал ба намояндаи сиёсии имперотурии Русия, амири Бухоро, қушбегӣ ва қозикалон иттилоъ додааст: «Рӯзи якшанбе, баъди нашри нумраи аввали рӯзномаи мо ношири рӯзнома дар чаҳор попка (пӯша) чаҳор нумра ба «политически огенти» (кордори сиёсӣ) аълоҳазрати имперотурӣ нишон додааст, ки яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби «политически огенти» Русия дар Бухоро ва яке барои ҷаноби қӯшбегӣ ва яке барои ҷаноби қозикалон аст.»

Аз огентгарии (ожонси) сиёсӣ ношири мо ба ҳамроҳии бародар туқсабо (як дараҷаи низомӣ дар иморати Бухоро) хидмати қӯшбегӣ мушарраф гашта ва ду попка (пӯша) ба эшон пешниҳод намуданд: яке барои ҷаноби олии амир ва яке барои худи ҷаноби қӯшбегӣ. Эшон аз мазмуни рӯзнома мутталеъ гардида, дар бораи муҳарририни рӯзнома суол намуда ва баъд марҳаматан ноширро мураххас фармуданд.

Вақти пешниҳод намудани попка (пӯша) қозикалон аз нашри рӯзнома, ки аз ахбори олам мардумро хабардор мекунад, изҳори шодмонӣ фармудаанд. Баъд ноширро ба сари дастурхон даъват намуда ва бо ширинӣ мураххас намудаанд.»

Бе шакку шубҳа, роҳандозии чунин тарзи муъомила ва пешкаши шумораи аввали рӯзнома ба амир, қӯшбегӣ (садри аъзам) ва қозикалон ва нашри хабари бо хушнудӣ истиқбол шудани ношири рӯзнома аз ҷониби қӯшбегӣ ва қозикалон чун ризоятномаи аморат хидмат карда, ки мардум бе ҳеч мамониъат ба рӯзномаи «Бухорои шариф» обуна шаванд.

Дар саҳифаи дувуму сеюм бештар масъалаҳои маъориф, кишоварзӣ, обёрӣ, пунбакорӣ, пиллапарварӣ, ҳифзи сиҳҳати омма, бозаргонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирифт .

Номаҳои хонандагон, ки хусусияти интиқодӣ ва ислоҳӣ дошт, зери унвони «Номаҳои ворида», «Мактуб аз Бухоро ва Самарқанд» нашр мешуд.

Бархе аз нигоштаҳо аз дохил ва хориҷ ба имзои «Мухбири махсус» чоп шудааст, ки рӯзнома дар Ишқобод, Самарқанд, Истонбул ва дигар шаҳрҳо хабарнигорон доштааст.

[b]Вазоифи рӯзнома аз нигоҳи бунёдгузор[/b]

Мирзосироҷи Ҳаким чун яке аз бунёдгузорони нашрияи «Бухорои шариф» бо шарҳи «матбаъаҳо ахбороти явмияеро аз мактуб ва телегроф чоп карда, дар миёни аҳолӣ мунташир мекунанд ва дар хориҷа ҳам бо воситаи пустахонаҳо мефиристанд ва номи он гуна авроқро газета, яъне ҷарида мегӯянд, ки ин ҷаридаи мазкур, дар боби ҳар гуна матолиб баҳс мекунад ва сухан мерасонад ва мундариҷоти он иборат аст аз иқтисодӣ, яъне корҳои тиҷоратӣ ва сиёсӣ, илми деҳқонӣ, маъишат ва ахлоқ» дар мақолааш «Баъзе аз фавоиди рӯзнома» ҳадафи таъсиси рӯзномаро шарҳу эзоҳ дода ва онро «ойинаи ҷаҳоннамои ҳама халқи олам» қаламдод ва «ҳамаи мардумро аз зулмоти ҷаҳолат ва нодонӣ бароварда, дохил ба рӯшноии илм ва ирфон месозад. Рӯзнома чизест, ки ҷумларо воқифи ҳоли ҳамдигар мекунад, агар моён имрӯз ҷароид хонем, баъд мефаҳмем, ки зиндагонӣ ва маъишати Аврупо чи гуна будааст» маънидод кардааст.

Бо таъкид ба «ҳар фарде аз афроди башар мултафити ин маънӣ буда ва ҳаст, ки хабардор будан беҳтар аз бехабарӣ аст ва донистан афзал аз нодонӣ», нақши ҷаридаро дар маърифати умумӣ тавзеҳу тарҷеҳ дода, чун дигар маъорифпарварону таҷаддудхоҳон бар он буд, ки «ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад, гӯё забон надорад ва ҳоли одами безабон ҳам ба ҳама кас маълум аст».

Ин маънӣ дар «Саёҳатномаи Иброҳимбек»-и адиби маъорифпарвари Эрон Зайнулобиддини Мароғайӣ ба тарзи «сабаби умдаи тараққиёти милали мағрибзамин аз маёмин (саъодат)-и матбуъоти он мамлакатҳои некбахт аст, ки тамоми нақоиси автон (ватан)-и худашонро аз ҳар табақае аз табақоти миллат ва аз ҳар шуъбае аз шуъаботи мамлакат, ки дидаву мешунаванд, пас аз ҳусул (ҳосил)-и итминони комил ва сидқи он машҳудот (дида) ва масмуъот (шунида)-и худашонро бидуни ҳеч мулоҳизоти шахсия ва ағроз (ғараз)-и нафсия дар саҳоифи авроқи матбуъа ба пеши анзори амвия (омма) гузошта, мураҷҷаҳ (бартарӣ)-и корро ба ислоҳи он нуқсон даъват мекунанд».

«Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода ва ба забони ғолиб бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем, дар хусуси забон ва шеваи нашароти мо ҳар чӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд. Бо итминон ва ташаккур қабул мекунем.»

Яъне яке аз вазифаҳои муҳимии матбуъот ифшои нуқсонот баъди ҳусули итминони комил будааст, ки онро имрӯз ҳақиқатнигорӣ ба қалам медиҳем. Маҳз ба туфайли матбуъоти ҳақиқатнигорашон кишварҳои дигар тараққиву рушд кардаанд, ки «мураҷҷаҳи кор низ ба маҳзи шунидани ёдоварии матбуъот бидуни фавти дақиқа ба таҳқиқи он нуқсон иқдом карда, ҳар гоҳ қавли матбуъот саҳеҳ аст, фавран асбоби ислоҳи онро фароҳам оварда, аз гӯянда ҳам ташаккур мекунад. Агар аҳёнан иштибоҳе дар кор бошад, онро ҳам ба забони хуше баён карда, ба рафъи иштибоҳи матбуъот мепардозад.»

Ин ҷо масъулияту равобити дутарафаи бо камоли масъулият пардохтани матбуъот ба ифшои камбуду нуқсон ва кӯшидани масъулин бо камоли майл ба ислоҳу рафъи он хеле хуб баён гардидааст, ки ба назари маъорифпарвари маъруфи эронӣ «сакана (сокинон)-и хушбахти он саҳафотро ҳам забони гӯё ҳаст, ҳам дидаи бино ва ҳам гӯши шунаво.» Онҳо афсӯс мехӯрданд, ки «бадбахтона аз он се неъмат маҳрумем.»

[b]Огаҳиҳо ва хабарҳои тиҷорӣ[/b]

Саҳифаи чаҳоруми шумораи аввали «Бухорои шариф» пурра ба хабарҳои тиҷорӣ ва реклом (огаҳӣ) ихтисос ёфта, унвони 35 номгӯй китобҳои нави нашриёти кутуби исломии Л. Н. Левин дар Бухорои нав, аз қабили «Девони бузурги Ҳофиз», «Бедил», «Девони Машраб», «Баёз» бо нархаш ва 5 эълону реклом ҷой дода шудааст.

Матолиби шумораи аввали нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба он далолат мекунад, ки бо таъсиси он бунёдгузорону муассисон ду ҳадаф доштаанд: иттилоърасонӣ ва касби манфиъати молӣ.

Барои интишори эълону реклом ва хабарҳои тиҷорӣ дар саҳифаҳои сеюму чаҳорум муассису идораи рӯзнома 20 тин ва дар саҳифаи аввалу дуюм 30 тин муқаррар намуда буд, ки иқтисоди бозорӣ чунин муносибатро тақозо мекунад. Қисми зиёди расонаҳои хабарии кишварҳои ҷаҳон фаъъолияти худро аз ҳамин ҳисоб ба роҳ мондаанд, ки дар даврони шӯравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон чунин тарзи фаъъолият мамнӯъ буд.

Бо гузашти солҳо, расонаҳои хабарии Тоҷикистон боз ба ин тарзу усул баргаштанд, ки имрӯз аз ин ҳисоб бархе аз расонаҳои хабарии кишвар маблағи муъайяне ба даст меоваранд ва он ҳам ҳамон идомаи анъанаи нахустрӯзномаҳои мост.

[b]Мирзоҷалол ва инъикоси масоили муҳимми замон[/b]

Мирзоҷалол Юсуфзода чун сармуҳаррири рӯзнома дар инъикоси масоили муҳимми аморати Бухоро ва ҷаҳон аз жонрҳои гуногун истифода мебурд. Хабар дар рӯзномаи «Бухорои шариф» ҷойгоҳи вижа дошт, ки зери унвони ахбори дохила, хориҷа, маҳаллӣ, тиҷорӣ, санъатӣ ва телегрофотӣ ба табъ расидааст. Дар хабарҳои хориҷӣ инъикоси ҷанги Итолиё ва импротурии Усмонӣ мавқеъи бештарро касб кардааст.

Мирзоҷалол на танҳо хонандагонро аз воқеъаю рӯйдоди дохилу олам хабардор мекард, балки барои чидани дурри маънӣ дари хазинаи маърифатро боз менамуд, то ки худро шиносанд ва ҳам ба ҳаводиси олам ба чашми ибрат нигаранд.

Дар мақолаи «Чӣ бояд кард?» ин маънӣ хеле хуб тавзеҳу эзоҳ ёфтааст: «Ҳар кӣ нигоҳ ба унвони мо фармояд, хоҳад гуфт дар чи хусус шумо мегӯед, чи бояд кард? Арз мекунем: дар ҳама ҳолат чи бояд кард?» ва ба гузаштаи миллати куҳантаърихи ориёӣ рӯ оварда, аз бузургоне чун Фирдавсӣ, Имом Ғаззолӣ, Фахриддини Розӣ, Имом Бухорӣ ва Саъдиву Ҳофиз ёдовар мешавад, ки ба туфайли файзу баракати таълиму дониш, ашъору сайри маънии гуфтори онҳо замоне мардуми форсигӯй «ноз ба саканаи Фирдавс» менамудем.

Ба ин рӯзноманигори нуктасанҷу воқеъбин иқрору таъкиди муҳтоҷию нотавонии аҳли ислом гарон буд, вале инкори воқеъият гаронтар!

«Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъият набуд, авлоди одам бештарашон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафҳои саҳро ва самари дарахтон ва шикори ҳайвонҳои заъифро хӯрда, ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳгоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъамзоданд.

Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусалмонҳо, ба шумор меравем. Дарвоқеъ ва ҳақиқат ҳам ҳамин тавр аст, ки ин сӯ муҳаббатро фаромӯш намуда, ба ҳолати ваҳшият баргаштаем. Пас, дар ҳамин ҳолат чӣ бояд кард?»

Ба назари Мирзоҷалол, бояд аввалан нохушӣ ва маризии худамонро дарк кунем ва аз пайи табобати дардамон шавем. Бо чашми ибратбин бубинем, ки ҳар сол милюнҳо тун пунба (пахта)-ву пашмро ба ҳамсоягон фурӯхта, тани худро мепӯшонем ва агар метавонистем пунбаи худро матоъ бофем, сарвати мо даҳ баробар зиёд мешуд. Агар ин нохуширо бифаҳмем, бино мегузорем ба бунёди корхона ва таҳсили санъатҳои лозима. Ва оқибат дар ҳар чизе, ки муҳтоҷ ба ҳамсоя будем, ҳамсоя муҳтоҷ ба мо мегардад.»

Мирзоҷалол чун аксарияти маъорифпарварон ислоҳи норасоиҳоро дар талаби илм мебинад ва дар зиёда аз дусад номгӯй силсиламақолаҳояш дар рӯзнома ба суолҳое ҷавоб гуфта, таваҷҷуҳи хонандагонро ба масъалаҳое ҷалб намуд, ки ба маснади тараққихоҳон, дармонбахши дардҳо, ифшогари розу ниёзҳо, донандаи таъриху ҷуғрофиё, сиёсати давлатҳо ва ёри мушфиқ будани рӯзнома эътимод ҳосил шуд.

Таҳқиқи амиқи масъалаҳои муҳимми давру замон аз мақола ба мақола ва ифшои моҳиронаи гиреҳҳои печида аз маърифати баланду ҷаҳонбинии фарохи муаллиф гувоҳӣ медиҳад. Таҳлили амиқи мушкилоту муъаммои рӯзгор дар вазъияти мураккабу печидаи аморати Бухоро дар оғози садаи бистум ғайрату ҷасоратро талаб мекард, ки гӯшзадии муъаммо кифоя набуд.

Ҷустуҷӯ ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби Мирзоҷалол, Мирзосироҷи Ҳаким, Абдуррауфи Фитрат, Садри Зиё, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, устод Айнӣ, Сайидризо Ализода, Абдулвоҳиди Мунзим, Абдулқодир Муҳиддинов, Мирхон Порсозода барин даҳҳо равшанфикрону ислоҳотхоҳони тоҷик гувоҳи густариши нуфузу эътибори ҷараёни ҷадидия дар ҷомеъа мебошад.

[b]Замон ва забон[/b]

Мирзоҷалол ба масъалаи забон низ таваҷҷуҳ карда: «Ҳанӯз шумораи аввали рӯзномаи «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён дар матбаъа ҳозир шуданд ва ба мақолаҳо нигоҳ карда ва фармуданд, ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикист, рӯзнома ҳам ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст. Мо дар хусуси забон шояд як вақте як маълумоти муфассал бидиҳем, иҷолатан арз мекунем, ки аввалан, уламо ва файласуфони рӯйи замин дар ин хусус мекӯшанд ва сайъ менамоянд, то як забони умумӣ имтиёз ва ихтиёр намуда, ҳамаи мардуми рӯйи заминро таҳлим намоянд.»

«Сониян, мо бояд сайъ намуда, аз барои ҳар забоне мизоне бардорем, ки ҳалли он забон ва онҳое, ки ба он забон мансуб ҳастанд, забони миллии ҳамдигарро бифаҳманд. Риштаи қавмият аз ҳам гусехта шуда, яке бо исми дарӣ, дигаре бо исми порсӣ, дигаре ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд.»

«Адибони моҳир ва комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд.»

Тараққии ҳар қавм марбут ба ин аст, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд. Умедворем, ки ба қадри имкон рӯзномаи мо форсии сода ва ба забони ғолиб бошад. Аз оқоён хоҳиш дорем, дар хусуси забон ва шеваи нашароти мо ҳар чӣ салоҳ медонанд, изҳор бифармоянд. Бо итминон ва ташаккур қабул мекунем.»

Мирзоҷалол баъди тавзеҳу ташреҳи гурӯҳи забонҳои туркӣ ба шарҳи гурӯҳи забонҳои форсӣ пардохта, менигорад: «Форс ҳам миллати махсус буда, дар атрофи олам порча-порча шуда, ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо ин ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки бухороӣ забони самарқандӣ, ҳар ду забони хуросонӣ, ҳар се забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ ва… -ро намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусехта шуда, яке ба исми дарӣ, дигаре ба исми порсӣ, сеюмӣ ба номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шудаанд.»

Ёдоварии як забон ба номҳои гуногуни форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ ҳақиқати бебаҳс аст, вале ҳадафи Мирзоҷалол аз забони ҳамдигарро нафаҳмидани бухороӣ, самарқандӣ, кошонӣ, хуросонӣ ва … шояд баъзе нозукиҳои шеваи гуфтор бошад.

Тафовути онҳо дар се кишвар бо ҳамдигар аз нуқтаи назари реша ё маншаъ нест, балки натиҷаи сарнавишти таърихии мутофовит аст. Ба ҳар ҳол, ин ихтилофот ночиз буда, ба ҳеч ваҷҳ марбут ба қоъидаҳои дастурӣ ва захираи луғавӣ нест. Дар асл фаҳмидани забони ягонаи меъёр аз аҳди Сомониён ва ашъори шаҳдбори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҳофизу Камол, Шайх Саъдиву Ҷомӣ ва Мавлоно то ба имрӯз барои сокинони манотиқи гуногуни форсизабон ҳеч мушкиливу душворие надорад.

Бад-ин маънӣ Мирзоҷалол ҳам дар давоми мақола навишта: «Адибони моҳир ва комили ҳар забон гуфтаанд: тараққии ҳар қавм бо ин мешавад, ки ҳарф задан ва сухан гуфтани худашонро тобеъи навиштан ва китобат намоянд, на ин ки навиштаҳои худро тобеъи ҳарф задани авомуннос намоянд.»

Дар рӯзнома дар бораи пайдоиши забони форсӣ, посдорӣ ва рушди он ва тадриси дастури забон матолиби зиёде, аз қабили «Муҷмалӣ дар хусуси забон», «Забони Эрон ва ё Ориён» андешаву мулоҳизаҳои ҷолибе баён шудааст, ки то имрӯз қимати худро гумм накардаанд.

Мирзоҷалол аз шумораи 53 зери унвони «Қавоъиди форсия» ба нашри дастури забони форсӣ мепардозад, ки муаллиф дар муқаддима нигоштааст: «Дер вақте мо дар хаёл доштем, ки қоъидаҳои забони форсиро хурда-хурда дар рӯзномаи «Бухорои шариф» интишор бидиҳем, то хонандагону нависандагонро иттилоъ ҳосил ояд».

Рӯзнома дар бист шумора ба ташреҳи дастури забони форсӣ ба таври мухтасар, бо истифода аз манобеъи мӯътабар ва ба шеваи омӯзишӣ ҳамроҳ бо таъриф ва ироаи мисолҳо мепардозад.

[b]Рӯзнома ва омӯзиши забони хориҷӣ[/b]

Мирзоҷалол баробари хуб донистани забони модарӣ омӯхтани забони хориҷиро ниҳоят зарурӣ мешуморад. Забондониро яке аз омилҳои муҳимми омӯзиши улуми дунявӣ меҳисобад. Аз тарафи дигар, мардум ба воситаи забон «аз фикр ва тасаввури ҳамдигар хабардор» мешаванд ва «баъд аз ин бо мурури айём забони аслии худашонро соф ва холис намуда» истеъмол хоҳанд кард.

«»Вақте ки дар олами башарият зикре аз ҷамъият набуд, авлоди одам бештарашон дар биёбонҳо ва ҷангалистон мисли ҳайвоноти ваҳшӣ алафҳои саҳро ва самари дарахтон ва шикори ҳайвонҳои заъифро хӯрда, ба сар мебурданд, Мадинаи мо мунаввар, Маккаи мо таваҷҷуҳгоҳи авлоди башар буд, маданият бо исломият дар дунё тавъамзоданд. Ҳоло ваҳшитарин халқи рӯйи замин мо, мусалмонҳо, ба шумор меравем.»

Ин нуктаи муҳим дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо аҳаммияти дучанд касб менамояд, ки аз як тараф, омӯзиши забонҳои дигар талаби замон, аз ҷониби дигар, тозаву покиза нигоҳ доштан, қудрату тавонмандӣ бахшидан ба забони модарӣ қарзи ҳар фарди худогоҳу миллатдӯст мебошад.

Муассис ва муаллифи дигари рӯзнома Мирзосироҷи Ҳаким, ки ҳангоми сафарҳояш илми табобатро омӯхта буд, на танҳо дар хусуси ҳифзи сиҳҳатии омма менавишт, балки дар нигоштаҳояш ба масъалаҳои ислоҳи мактабу маъориф дахолат ва ҳамватанонашро ба омӯхтани илмҳои замонавию забонҳои хориҷӣ ҳидоят мекард. Тараққии тиҷорату саноъатро ба донистани забони хориҷӣ марбут медонист, ки зарурати онро ҳангоми сафарҳояш ба мамолики Шарқу Ғарб хуб эҳсос карда буд.

Вай аз ҷумла менвисад: «Барои тараққии тиҷорат ва махсусан, саноъат, мо бояд забони хориҷиро ёд гирифта, ба муъовинати ҳамон забон тарзи саноъату тиҷорати хориҷиро ёд бигирем ва барои донистани инҳо бояд мамолики хориҷӣ рафта, дар онҷо тарзи саноъату тиҷоратро дарс хонда, аз рӯйи илм ва дониш шуруъ ба тараққии тиҷорат ва саноъати худамон намоем ва кутуби лозимиро ба забони худ тарҷума намуда ва аз рӯйи онҳо қадам ба тариқи таҷаддуд ва тараққӣ бигузорем ва илло, ин тавре ки мо ҳастем, на ин ки тараққӣ, баръакс таназзул хоҳем кард.»

Мирзосироҷи Ҳаким дар бораи омӯхтани забони хориҷӣ ба нуктаи дигаре ҳам таъкид кардааст: «Агар як шахс ва ё ин ки як миллат бихоҳад мағлуби ҳаводиси дунёӣ нашавад, бояд ҳамеша дар мубориза ва талош бошад. Бояд аз аҳволи олам бохабар буда ва ба ҷамъи милали олам омезиш дошта ва ҳама матбуъоту корҳои ҷадидро аз онҳо ёд гирифта, ақиб намонад, ки то зери пойи аҷониб поймол нашавад.»

[b]Рӯзнома ва осори адибон[/b]

Дар рӯзнома намунаҳое аз ашъори шоъирони тоҷик ва осори адибони русу ҷаҳон, аз қабили Л. Толстой «Яздонро ё шайтонро», «Худо ҳақро мебинад, лекин зуд кашф намекунад», «Инсонро замини зироъатӣ бисёр лозим аст», «Гарон тамом мешавад», «Муҳаббат кунед якдигарро», «Духтари соҳибмансаби чинӣ», «Асири қафқозӣ», «Сулҳдорӣ», ҳикояҳои Чехов, масалҳои Крилов ва дигарон дар тарҷумаи «Р. И.» ба нашр расидааст, ки гирдовариву таҳия ва интишори онҳо дар шакли маҷмуъа на танҳо имкони ошноӣ бо нахусттарҷумаҳои адабиёти дигар халқҳоро ба форси тоҷикӣ, балки муқоисаву баррасии онҳоро бо тарҷумаҳои дигар фароҳам месозад.

Ҳамин тариқ, нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» равзанае буд, ки дар тирашабҳои Бухорои даврони манғития ба сари мардум нури маърифат мепошид.

Бино ба таъкиди устод Айнӣ, аҳли қалами рӯзнома «ба мағзи ҷавонон фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир карда, ба хотири падарон хаёлҳои тарбия ва хонондани бачагонро оварданд. Аз ин таъсирҳо мадраса ҳам хушк намонд. Шогирдони мадраса ислоҳи ҷадвалҳои дарсро талаб мекарданд… Ҳатто баъзе мударрисҳо талаб ва рағбати умумии талабагонро дида, аз ӯҳдааш набароянд ҳам, ба таври худ ба ислоҳи таълим сар карданд.»

Бинобар ин, баъди нашри 153 шумора аз 2 январи соли 1913 бо фармони гумоштаи сиёсии рус Петров рӯзномаи «Бухорои шариф» аз нашр боз дошта шуд.

Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон бо тасмими Шӯрои Олии Тоҷикистон аз рӯзи нашри аввалин рӯзномаи форсии Осиёи Миёна «Бухорои шариф», ки бо 11 март мусодиф буд, ба унвони иди ҳирфаии рӯзноманигорони тоҷик «Рӯзи матбуъоти тоҷик» таҷлил мегардад, ки арҷгузорӣ ба хидмату ҳиммати фарзонафарзандони миллат ва хайрхоҳону ҳамкорони онҳо мебошад.

Пайнавишт:

1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро.-Душанбе:Адиб, 1987.

2. Айнӣ С. Марсия//Ойина, 1914 , 25 январ, №14.

3. Зиёияи алим (таъзиянома) //Ойина, 1914 , 11 январ, №12.

4. Мароғаӣ З. Саёҳатномаи Иброҳимбек.-Душанбе, 1991

5. Фитрат А. Мунозара. Душанбе, 1992.

6. Ҳаким М. Туҳафи аҳли Бухоро.- Душанбе, 1991.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_ea_bukharai_sharif.shtml

Аксари фейсбукиёни тоҷик ҷавононанд

[b]Тоҷикистон бо 34 ҳазору 640 корбари шабакаи «Фейсбук» миёни кишварҳои ҷаҳон дар мақоми 170-ум қарор дорад.[/b]

Socialbakers , ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, дар таҳқиқи худ гуфтааст, теъдоди корбарони шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 12 ҳазору 580 нафар афзоиш ёфт.

Тоҷикистон дар ин робита аз Узбакистони ҳамсояаш пешгом буда, дар мақоми баъд аз Эфиопия қарор дорад.

Бештари корбарони шабакаи «Фейсбук» афроди аз 18 то 24-сола буда, намояндагони синну соли аз 25 то 34 дар мақоми дуввум қарор доранд. Аксари корбарони шабакаи «Фейсбук»-ро дар Тоҷикистон мардон ташкил медодаанд. Бар асоси ин пажӯҳиш, 69 дарсади корбарони «Фейсбук» дар Тоҷикистон мардон ва танҳо 31 дарсад хонумҳо будаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афроди то 24-сола дар шабакаи «Фейсбук» сабти ном кардаанд.

Дастрасӣ ба шабакаи «Фейсбук» дар ҳафтаи гузашта маҳдуд гардида, вале баъдан дар пайи дархостҳо ва баёнияҳои созмонҳои байнулмилалӣ ва Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон дубора фаъол гардид. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маҳдудияти дастрасӣ ба сафҳаи «Фейсбук»-ро мушкили фаннӣ номид.

Бино ба иттилои расмӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 2 миллион сокини Тоҷикистон ба интернет дастрасӣ доранд. Ин нуктаро худи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар мулоқоташ бо хабарнигорон (рӯзи 10-уми март) дар Душанбе баён дошт. Ӯ илова кард, «6 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ низ метавонанд ҳар лаҳза ба ин шабака пайваст шаванд.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24512482.html

Моддаи 137. Ҷазо барои тӯҳмату таҳқир ҳанӯз боқист?

[b]Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, нафақат ду банди Кодекси ҷиноӣ, балки ҳамаи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир поксозӣ шаванд.[/b]

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои вобаста дастур дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ лағв кардани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» омода кунанд. Ин ду банди қонуни ҷиноӣ бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Яъне барои тӯҳмат ва таҳқир бар асоси ин ду банд, дигар алайҳи журналист ва ё гӯяндаи сухан парвандаи ҷиноӣ боз намешавад ва ин баҳсро додгоҳи шаҳрвандӣ файсала хоҳад кард. Албатта, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди раисиҷумҳур, он бо истиқболи маҳофили журналистӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Зеро то ҷое метавонад таҳдиди рафтан ба зиндонро коҳиш диҳад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=177]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=177[/url]

Источник:

Моддаи 137. Ҷазо барои тӯҳмату таҳқир ҳанӯз боқист?

[b]Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, нафақат ду банди Кодекси ҷиноӣ, балки ҳамаи моддаҳои марбут ба тӯҳмату таҳқир поксозӣ шаванд.[/b]

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои вобаста дастур дод, ки тарҳи ислоҳотро ҷиҳати аз банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ лағв кардани моддаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» омода кунанд. Ин ду банди қонуни ҷиноӣ бояд ба қонуни шаҳрвандӣ интиқол шаванд.

Яъне барои тӯҳмат ва таҳқир бар асоси ин ду банд, дигар алайҳи журналист ва ё гӯяндаи сухан парвандаи ҷиноӣ боз намешавад ва ин баҳсро додгоҳи шаҳрвандӣ файсала хоҳад кард. Албатта, дар сурати пазируфта шудани пешниҳоди раисиҷумҳур, он бо истиқболи маҳофили журналистӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Зеро то ҷое метавонад таҳдиди рафтан ба зиндонро коҳиш диҳад.

Аммо ин дар ҳолест, ки ҳуқуқдонҳо мегӯянд, агар ислоҳот ба Кодекси ҷиноӣ ба сурати бунёдӣ сурат нагирад, ин таҳдид ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Зеро банди 135 ва 136-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқирро ба сурати умумӣ пешбинӣ мекунад. Дар ҳоле ки дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон бандҳои дигаре ба ин монанд, ки муҷозот барои таҳкиқ ва тӯҳматро пешбинӣ мекунад, мавҷуд аст. Аз ҷумла, банди 137-и Кодекси ҷиноӣ муҷозоти то панҷ сол маҳрумият аз озодиро барои таҳқир ва тӯҳмати президенти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад. Дар пешниҳоди раисиҷумҳур аз ислоҳи ин банд ҳарфе гуфта нашудааст.

Ҷунайд Ибодов, аз ҳуқуқдонҳои саршиноси Тоҷикистон мегӯяд, ин ислоҳот бояд ба манзури на танҳо ислоҳи як банди қонун бошад, балки бояд ҳамаи Кодекси ҷиноӣ аз ҳамин намуди ҷиноят поксозӣ шавад: «Албатта, ин дар шароити мо як иқдоми инқилобист. Аммо савол пайдо мешавад, ки чаро дигар моддаҳо не? Чаро моддаи 137 не? Он ҷо гап дар бораи президент меравад, бештар ин модда пеши назар меояд. Боз ғайр аз ин, чанд моддаи дигар аст, таҳқири суд, таҳқири мақомоти давлатӣ, таҳқири милиса ва ғайра. Чаро ин моддаҳо бояд ислоҳ нашаванд. Ба назарам, агар ҳамаи Кодекси ҷиноӣ аз ҳамин намуди таркиби ҷиноят пок шавад, бисёр хуб мешавад.»

Ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, дар сурати ислоҳи танҳо ду банди Кодекси ҷиноӣ, танҳо шаҳрвандони оддӣ ҳаққи даъво барои алайҳи журналист кушодани парвандаи ҷиноиро нахоҳанд дошт. Вале бандҳои дигари ин қонун ба раисиҷумҳур, мақомоти давлатӣ, додгоҳҳо ва милиса ҳақ медиҳад, ки даъвое алайҳи рӯзноманигорон ворид кунанд. Барои ҳамин мегӯянд, коршиносон, Кодекс бояд ба сурати бунёдӣ аз ин вожаҳои «тӯҳмат» ва «таҳқир» озод шавад.

Иноят Иноятов, ҳуқуқдони дигари тоҷик ва коршиноси ҳуқуқии расонаҳо мегӯяд, ҳоло ин фурсат вуҷуд дорад ва бояд як коммисияе ба манзури таҳияи пешниҳодҳои раисиҷумҳур аз сӯи мақомот ва ҳуқуқдонҳои мустақил таъсис шавад: «Пас аз баромади президенти кишвар бояд як гурӯҳи корӣ таъсис шавад, ки вай ба омода кардани тарҳи Қонун дар барои даровардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси шаҳрвандӣ машғул шавад ва ин гурӯҳ бояд ҳамчунин банди 137-ро низ мавриди таҳқиқ қарор диҳад ва барои ислоҳи он ба президент мавқеъашонро баён кунанд.»

Аммо бархе масъулони расонаҳо ба ин боваранд, ки пешниҳоди лағви ду банди тӯҳмат ва таҳқир бештар таҳти шароити созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст. Зеро созмонҳои ҳуқуқи башар ва аз ҷумла САҲА (ОБСЕ) борҳо аз Тоҷикистон хостори лағви ин бандҳо аз қонуни ҷиноӣ шуда буд. Баъид аст, ки мақомот ба ислоҳи ин ду банд бихоҳанд бандҳои дигари вобаста ба таҳқиру тӯҳмат алайҳи мақомотро низ лағв кунанд. Ва ҳамчунин биму ҳарос аз таъқиби ҷиноӣ дар зеҳни рӯзноманигрон боқӣ хоҳад монд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот» мегӯяд, «вақте мо ба Кодекс тағийрот ворид мекунем ва он ҷо шахсияти мақоми аршади кишвар дастнорас боқӣ мемонад, пас бо ҳар васила метавонад, ки иттиҳом ворид кунанд ва парванда боз намоянд.»

Бар изофаи ин, дар банди шашуми Қонуни матбуоти Тоҷикистон низ, бар асоси ислоҳоти соли 1999 гуфта шудааст, ки «интишори маълумот ё ахборе, ки… шаъну эътибори давлат ва президентро халалдор месозад, дар воситаҳои ахбори омма манъ аст.»

Ба гуфтаи таҳлилгарон, қонун бояд ҳаққи фитрии инсонро ҳимоят кунад, назири шараф ва номуси ӯро, аммо эътибор ҳаққи фитрии инсон нест, балки онро инсон бар асари пайкору фаъолияти худ ба даст меорад. Истифода аз ин банди қонун низ ҳамеша хабарнигоронро тарсондааст.

Ба ҳар ҳол, коршиносон мегӯянд, таҷрибаи муҷозоти ҷиноӣ барои тӯҳмат ва таҳқири мақомоти давлатӣ раҳбари давлат дар бархе аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ мавҷуд аст. Аммо қонунгузории Русия муҷозоти ҷиноӣ барои таҳқиру тӯҳмати раиси ҷумҳурро пешбинӣ намекунад. Дар кишварҳои аврупоӣ низ чунин муҷозоте вуҷуд надорад. Аммо коршиносон мегӯянд, шояд руасои ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Миёна ба чунин навъи ҳимоят ҳанӯз ниёз дошта бошанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24513045.html