Все записи автора admin

Деҳқонони тоҷик ҳам ба «Фейсбук» меоянд?

[b]Дар Тоҷикистон «Фейсбук» ба тадриҷ ба абзоре барои ривоҷи соҳибкорӣ табдил мешавад[/b]
Одина Шомаҳмадов , деҳқони 55-солаи тоҷик дар байни себзори бузурге рӯи зону ноутбуки “Dell”-ро гузошта ва дар саҳифаи “Фейсбук” себҳои хубонии хоҷагии деҳқонияшро “реклама” мекунад. Вай ҷое ҳам навиштааст, ки “ҷаллобон ғам надиҳед”.

«Кош, чунин рӯз зудтар мерасид»,-мегӯяд Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон. Аммо ӯ мегӯяд, ҳаракат ба ин самт дар Тоҷикистон оғоз шудааст, зеро ширкату муассисаҳо дар кишвар ба тадриҷ дарк мекунанд, ки “Фейсбук” василаи хубе барои тарғиби мол ё хадамот аст.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=187]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=187[/url]

Источник:

Деҳқонони тоҷик ҳам ба «Фейсбук» меоянд?

[b]Дар Тоҷикистон «Фейсбук» ба тадриҷ ба абзоре барои ривоҷи соҳибкорӣ табдил мешавад[/b]

Одина Шомаҳмадов, деҳқони 55-солаи тоҷик дар байни себзори бузурге рӯи зону ноутбуки “Dell”-ро гузошта ва дар саҳифаи “Фейсбук” себҳои хубонии хоҷагии деҳқонияшро “реклама” мекунад. Вай ҷое ҳам навиштааст, ки “ҷаллобон ғам надиҳед”.

«Кош, чунин рӯз зудтар мерасид»,-мегӯяд Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон. Аммо ӯ мегӯяд, ҳаракат ба ин самт дар Тоҷикистон оғоз шудааст, зеро ширкату муассисаҳо дар кишвар ба тадриҷ дарк мекунанд, ки “Фейсбук” василаи хубе барои тарғиби мол ё хадамот аст.

Масалан, мағозаи фурӯши майу машрубот — “Майкада” дар Душанбе, танҳо соли гузашта ба “Фейсбук” омада ва бурд ҳам кардааст. Зафар Алигулов, корманди “Майкада” мегӯяд, «бисёр кӯмак мекунад. Вақте ягон маҳсулоти нав ба мағозаҳои “Майкада” ворид мешавад, харидорон ва кормандони сафоратҳо, ки аз Интернет истифода мекунанд, зуд аз он бохабар мешаванд.»

На танҳо ин, балки назару андешаҳо ва пешниҳодҳои муштариён дар саҳифаи “Майкада” дар “Фейсбук” ба гуфтаи Зафар Алигулов ба онҳо кӯмак кардааст. Яъне, онҳо хостҳои муштариёнашро фаҳмида ва мувофиқ ба завқи онҳо амал ва хидматрасониашонро беҳтар кунанд. Нисфи муштариён ва харидорони моли як соҳибкори дигари тоҷик аз “Фейсбук” будаанд. Ҷумъа Беромоф, ки чанд сол пеш дар Душанбе хадамоти интернетии фурӯши гулро бо номи “Миллион лепестков” ба роҳ монда буд, ба шарофати омадани “Фейсбук”, тиҷораташро ривоҷу равнақ додааст. “Панҷоҳ дарсади муштариёни мо корбарони “Фейсбук” ҳастанд. Майдони асосӣ барои рекламаи маҳсулотамон “Фейсбук” аст»,-афзуд вай.

Фоидаи ин шабакаи азими иҷтимоиро соҳибкорони дигар дар Тоҷикистон низ дарк карда ва дар “Фейсбук” лона мегузоранд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли “Роҳат-тур”, “ЗАРА” дар Фейсбук саҳифа ва мухлис ҳам доранд. Мағозаи “La Cite”, ресторани “Segafredo” дар Душанбе, мағозаи “Шапарак” дар Хуҷанд, намунаҳое дигар аз ширкатҳои хурду миёна аст, ки “маззаву фоида”-и Фейсбукро медонанд.

Аз ширкатҳои бузург дар Тоҷикистон, провайдерҳо ва ширкатҳои телефонӣ Фейсбукро бо ҳадафи васеъ кардани бозори худ истифода мекунанд. Константин Бондаренко, раҳбари Маркази бозори озоди Тоҷикистон мегӯяд, «Ширкатҳои бузурги мухобиротӣ фаъолона доир ба чорабиниву фаъолиятҳояшон хабар медиҳанд ва усулан аз ин абзор хуб истифода мекунанд.»

Дар Фейсбук «Тселл», «Мегафон», «Babilon», «Интерком» ва дигар ширкатҳоро метавон ёфт, аммо аз бонкҳои Тоҷикистон дар ин шабака дараке нест. Шояд аз он хотир бошад, ки ба гуфтаи Константин Бондаренко, бонкҳои Тоҷикистон ба ин навъи муомила бо мизоҷони худ омода нестанд: “Онҳо, масалан, вақте як иттилоъро аз тариқи торнамоҳо паҳн мекунанд, дигар мунтазири вокуниш ба он намешаванд ва ё омодаи посух додан ба он аксуламал нестанд. Аммо “Фейсбук” минбари дутарафа аст, вақте як кас иттилоъро паҳн мекунад, бояд омодаи муколама бошад…»

Шояд бонкҳои Тоҷикистон ҳоло чизи зиёду муштариёни эҳтимолиро аз даст надиҳанд, аммо то чанд соли дигар ангушти надомат мегазанд, ки чаро Фейсбукро барои ривоҷи кори худ истифода накарданд, ки “аҳолӣ”-и он дар тамоми ҷаҳон аз 800 миллион нафар ҳам гузаштааст. Ин гуфта ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон низ дахл дорад, ки ба ғайр аз “Тоҷик Эйр” дигаронаш аз Фейсбук “ҳазар” мекунанд.

Нашрияву маҷаллаҳои Тоҷикистон муддатҳо пеш дар “Фейсбук” лона гузошта буданд, ба мисли “Азия-Плюс”, маҷаллаи VIPzone, “Миллат”, “Озодагон” “Имрӯз-Нюс“, “Вечерний Душанбе” ва ҳоло фаъолона дар минбарҳои он барои ҷалби хонандагони бештар “ҷавлон” мезананд.

Саҳифаҳои Радиои Озодӣ ба русӣ ва тоҷикӣ дар Фейсбук ҳам аз саҳифаҳои пурбинанда дар Фейсбук ҳастанд. Ҳоло аҳолии “Фейсбук”-и тоҷикӣ бештар аз 30 ҳазор нафар аст, ки бозори бузурге ба ҳисоб намеравад, вале бо назардошти суръати омадани мардум ба Фейсбук ва ҳам болотар рафтани суръати интернет дар Тоҷикистон ин рақам бузургтару бузургтар хоҳад шуд. Соҳибони саҳифаҳои Фейсбук ҳам аксаран мардуми Душанбе ва навоҳии наздики онанд, вале шояд рӯзе Одина Шомаҳмадов деҳқони тоҷикро ҳам дар Фейсбук меёбед, ки саҳифаашро бо акси боғи бузург ва ё себи хубонии сурху зебое оро додааст ва дастранҷи худро бе миёнаравии кадом “ҷаллоб” ба Шумо пешниҳод мекунад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24520031.html

Кушодашудани саҳфаи Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон дар Фейсбук

[b]Дар шабакаи ичтимоии Фейсбук (Facebook) саҳфаи Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз шуд. Ба он мешавад, аз тариқи зайл мурур намуд.[/b]

Дар Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба Хадамоти матбуотии роҳбари давлат тааллуқ доштани онро тасдиқ намуданд.

Дар айни замон, теъдоди дӯстони ин саҳфа хеле кам — 3 нафар аст, вале фейсбукиён ин хабарро беш аз 62 маротиба «писандам омад» ё «лайк» кардаанд.

Маврид ба зикр аст, ки ин саҳфа баъд аз махдудшавии шашрӯзаи Фейсбук (аз 3-юм то шаби 9-уми март) дар кишвар рӯи кор омада, баъд аз ифтитохи саҳфаи инфиродии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дувумин саҳфаи мақомоти баландпояи кишвар дар шабакаи Фейсбук мебошад.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=24374&Itemid=30

Маҳдуд шудани саҳифаи Додоҷони Атовулло дар «Фейсбук»

15-уми марти соли ҷорӣ, саҳифаи дигарандеши тоҷик Додоҷони Атовулло дар шабакаи иҷтимои «Файсбук» масдуд карда шуд. Дар ин бора мавсуф ба хабаргузории «Фергана.ру» иттилоъ додаст.

Маъмурияти шабакаи мазкур ба саҳифаи ӯ навиштааст, ки «Нишонӣ, ному насаб ва дигар мушаххасоти шумо, (ки қаблан бо ҳамин ном сабт шуда буд), воқеӣ намебошанд. Дар сомона номҳо ва нишонии сохта роҳ дода намешавад».

Додоҷони Атовулло тақрибан 8 моҳ пеш ба сомонаи «Фейсбук» ҳамроҳ шуда буд. Дар ин мӯҳлат ӯ беш аз 2 ҳазор дӯст пайдо кард, вале нигоштаҳои ӯ, маъмулан «писандам омад» ё «like»-и зиёд намегиранд.

«Ман аввалин тоҷик будам, ки дар бораи президент Раҳмон навиштаам. Аввал одамон метарсиданд, ки ба ман нависанд, баъдан ин душвори рафъ шуду онҳо ба ман менавиштанду мукотиба мекарданд», -гуфтааст Додоҷони Атовулло.
Ба гумони ғолиб, маҳдуд кардани саҳфаи фейсбукии Додоҷони Атовулло аз ҷониби худи Фейсбук, бинобар шикоёти чандинмаротибаӣ сурат гирифтааст. Чунин амал таҷрибаи маъмулии ин шабакаи иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ, дар Маскав суиқасде ба ҷони Додоҷони Атовулло сурат гирифт, ки дар пайи он рӯзноманигори мухолиф чанд зарби корд хурда, ҷарроҳӣ шуд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ ӯ дар Федератсияи Русия қарор дорад.

Нилуфари КАРИМ, TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=24385&Itemid=30

Адолати Мирзо: «Муборизаи мо барои ҳақиқат буд»

Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ алайҳи ҳафтаномаи «Миллат»-ро бекор кард.

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар моҳи марти соли гузашта даъвои вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов алайҳи нашрияи “Миллат”-ро қонеъ карда ва ин ҳафтаномаро барои пардохти 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима ва узрхоҳӣ муваззаф карда буд.

Ин қарори додгоҳро зинаи кассатсионии додгоҳи шаҳри Душанбе низ таъйид карда буд. Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе акнун ҳам ҳалномаи додгоҳи Фирдавсӣ ва ҳам қарори додгоҳи кассатсиониро лағв карда ва ба баррасии такрорӣ ирсол кардааст.

Вазорати кишоварзӣ матлаби нашрнамудаи ҳафтаномаи «Миллат» зери номи «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар охири соли 2009 -ро тӯҳмате нисбати ин вазорат хонда ва тақозои пардохти 1 миллион сомонӣ товон карда буд.

Дар муқобил нашрияи «Миллат» ба додгоҳ даъвои мутақобила бурд ва аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ товон талаб кард.

Ба пай лағви ҳалнома алайҳи нашрияи «Миллат» аз сӯи Додгоҳи шаҳри Душанбе, аз хонум Адолати Мирзо, сардабири ин ҳафтанома пурсидем, ки ин қарорро чӣ гуна истиқбол карданд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Табиист, ки хуш истиқбол кардем. Ва ман қабл аз ҳама ин қадами нахуст дар ростои пирӯзиро ба ҷомеаи журналистии Тоҷикистон, ба ҳамаи онҳое, ки барои озодии баён кор мекунанд, табрик арз мекунам. Воқеан ин пирӯзии журналистикаи тоҷик аст, пирӯзии журналистони тоҷик аст, ба хотири он ки аз ҳамон рӯзи аввале, ки додгоҳ шурӯъ шуд, ба мо пешниҳоди оштӣ дода буданд то мо аз қазия берун биравем. Вале мо ба хотири он ки, ҳақ ба ҳақдор бирасад, ба хотири он ки қонун дар ҷои худ бошад, эҳтироми қонун аз сӯи мансабдорони тоҷик риоят бишавад, ин баҳси додгоҳиро идома додем.

[b]«Озодӣ»:[/b] Хуб пас аз ин, қадами баъдии шумо чист, оё дар баробари вазорати кишоварзӣ даъворо идома хоҳед дод ё хайр. Зеро дар оғоз, мавриди содир кардани ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ, шумо гуфта будед, ки мо то охир баҳсро идома медиҳед.

[b]Адолати Мирзо:[/b] Ҳоло мо мунтазири марҳилаҳои баъдии додгоҳӣ ҳастем, ки шурӯъ бишаванд. Аллакай вакили мудофеи мо дар ин маврид омодагиҳо мегирад. Ва мо ҳатман барои расидан ба зинаи ниҳоии ҳақиқат, муборизаро идома хоҳем дод.

[b]«Озодӣ»:[/b] Аммо фикр намекунед, ки ин қарор ба манфиати «Миллат» ба дунболи он содир шуд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чанд рӯзи пеш зимни мулоқот бо хабарнигорон аз ниҳодҳои ҳукуматӣ хост, ки баҳсҳо бо нашрияҳоро камтар кунанду корро бештар. Яъне Шумо бовар доред, ки баъд аз ин сӯҳбатҳо баҳсҳои мақомот бо хабарнигорону рӯзномаҳо ва фишорҳо алайҳи рӯзнома камтар мешавад?

А[b]долати Мирзо:[/b] Бибинед, Тоҷикистон қонунҳои нонавишта дорад, ки пешгӯинашавандаанд. Ва ин ки додгоҳ бо чӣ амре ба ин иқдом даст зада ва баҳсро ба манфиати «Миллат» ҳал кард, ман наметавонам ҳадс бизанам. Вале ман ба адолати суд, адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар дорам. На танҳо суханронии раисиҷумҳур, балки талошҳои зиёде ҳам аз сӯи ҳамкорони мо сурат гирифта буд ва номаҳои зиёде мо ба мақомоти қонунгузории Тоҷикистон ирсол карда будем. Ва фикр мекунам, ки дар пайи муроҷиатҳои пай дар пайи мо, ин иқдом сурат гирифтааст.

[b]«Озодӣ»:[/b] Шумо гуфтед, ки ин оғози муваффақияти журналистикаи тоҷик аст, ки як нашрия бар як мақоми ҳукумат то ҳадде ҳам бошад, муваффақ шуд. Шумо фикр мекунед, ки қазияи дигар нашрияҳо ва рӯзноманигорон дар баробари мақомот ба манфиати журналистон ва нашрияҳо анҷом хоҳад шуд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Дар ҳар коре ирода баранда аст. Агар ин иродаро ҳамкорони гиромии мо дошта бошанд, ки мубориза бикунанд, муқовимат бикунанд, ҳатман баранда хоҳанд шуд. Чун бубинед, дар оғоз, ки қазияи додгоҳии «Миллат» сурат гирифта буд ва мо шарти оштиро напазируфта будем, ҳатто хеле аз масъулони созмонҳои байналмилалии мудофеъ аз озодии баён, бо изҳори таассуф гуфтанд, ки мо бояд ин оштиро мепазируфтем. Аммо мо исрор доштем, ки таки танҳо низ мубориза хоҳем бурд, зеро мақоли хуби тоҷикӣ ҳаст, «Мурдани кампир ҳеҷ масъала нест, аммо аҷал одат мекунад.»

Ҳайати эҷодии нашрияи «Миллат» ва ҳуқуқшиносҳои мо ба ин натиҷа расиданд, ки мо бояд ҳаққи қонунии матбуотро ба исбот бирасонем, ки воқеан қонун дар Тоҷикистон аз ҳама дигар амру дастуроту бозиҳои пуштипардагӣ волотар аст.

[b]«Озодӣ»:[/b] Дар тӯли наздики дусоле, ки баҳси додгоҳии шумо бо вазорати кишварзӣ идома дошт, вазъият рӯи кори шумо таъсир гузошт?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Мо дар ҳеҷ маврид аз танқид, ки аслиҳаи аслии журналистон аст, даст накашидем. Сахттар аз қабл гуфтем, фоштар аз қабл гуфтем. Ва пинҳон намекунам, ки як муддат худдорӣ буд, он ҳам ба хотири таъсир нарасондан ба раванди марҳилаҳои додгоҳӣ буд. Вале дар ин байн мо ҳушёртар шудем.

[b]«Озодӣ»:[/b] Аммо оё дигар рӯзномаҳо дар зимни баҳси тӯлонии догоҳии шумобо вазорати кишоварзӣ, зери таъсир монданд, яъне сахтгӯиро камтар карданд ва ба худсензурӣ роҳ доданд?

[b]Адолати Мирзо:[/b] Бале, як замоне буд, ки сӯҳбатҳо миёни нашрияҳо буд, ки зарби дасти фалон вазир ё мансабдор сахттар асту эҳсосшаванда. Вале дар маҷмӯъ дар рафтори он нашрияву рӯзноманигороне, ки воқеан ҷасорату ҷуръат доранд, ман ақибниширо эҳсос накардам.

Дар ниҳоят мехоҳам аз ҳамаи онҳое, ки дар расидан то ин қарор моро ҳамроҳӣ ва кӯмак карданд, изҳори ташаккур ва сипос кунам.

[b]«Озодӣ»:[/b] Ташаккур Адолати Мирзо барои сӯҳбат.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517394.html

Хилватшоҳи Маҳмуд дабири Шӯрои ВАО интихоб шуд

Дар Шӯрои Воситаҳои Ахбори Оммаи Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯро ва кормандони дастгоҳи иҷроия ҷаласа баргузор гардид.

Тавре Зинатулло Исмоилов, роҳбари ин ниҳод хабар дод, дар он нақшаи кории Шӯро барои соли 2012 муҳокима шуда, дурнамои фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимнан, таъкид шуд, ки соли равон таваҷҷӯҳ бештар ба ҳамкории Шӯро бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеъа равона мегардад. Бо ин мақсад гузаронидани 10 вохӯрии аъзои Шӯро бо хонандагон, шунавандагон ва бинандагон дар шаҳру навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Шаҳритус, Панҷакент, Исфара ва Рашт дар назар аст. Инчунин бо мақсади ба ҷо овардани рисолати аслии Шӯро — ҳалли қазияҳои нашрияҳо то додгоҳ тадбирҳо андешида мешаванд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур раиси Шӯрои ВАО хабар дод, ки дар натиҷаи озмуни кушод барои ишғоли вазифаи Дабири кулл дар асоси алтернативӣ журналист Хилватшоҳи Маҳмуд (Хоҷаев) ба ин вазифа интихоб гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки Хилватшоҳ Хоҷаев (Хилватшоҳи Маҳмуд) таҷрибаи кории муваффақ дар ВАО-и кишварро дорад. Вай дар радиоҳои «Русское радио-Ориёно», ТВ «СМТ» ва алъон дар хабаргузории «Озодагон» ба ҳайси сардабир фаъолият карда, дар матбуоти даврӣ бо навиштаҳояш маъруф аст. Мавсуф барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи Лоҳутӣ дар соли 2010 мебошад.

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 дар ҷаласаи умумии намояндагони созмонҳои журналистии кишвар таъсис ёфта, барои татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24517431.html

Матбӯъот ва низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон: ситез ё ҳамкорӣ?

Имсол аз ташкил ва ташаккули матбӯъоти тоҷик дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин 100 сол матбӯъоти тоҷик роҳҳо ва рисолати гуногунро бар дӯш дошт.

Замоне дар хидмати ҷомеъа қарор гирифт, замоне комилан ҳадафҳо ва хостаҳои қудрати сиёсиро амалӣ менамуд, замоне дар муқобили баъзе аз арзишҳову масоили миллӣ истод ва замоне барои арзишҳову ормонҳои миллӣ талош варзид.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зеоин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=186]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=186[/url]

Источник:

Матбӯъот ва низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон: ситез ё ҳамкорӣ?

[b]Имсол аз ташкил ва ташаккули матбӯъоти тоҷик дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин 100 сол матбӯъоти тоҷик роҳҳо ва рисолати гуногунро бар дӯш дошт.[/b]

Замоне дар хидмати ҷомеъа қарор гирифт, замоне комилан ҳадафҳо ва хостаҳои қудрати сиёсиро амалӣ менамуд, замоне дар муқобили баъзе аз арзишҳову масоили миллӣ истод ва замоне барои арзишҳову ормонҳои миллӣ талош варзид.

Дар шароити муъосир матбӯъоти тоҷик фаъъолиятҳои гуногун дошта, усулан дар хидмати ҷомеъа қарор дорад. Сароғози матбӯъоти тоҷик рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд ва ин рӯзнома то ҳол сарманшаъи ифтихори рӯзноманигории тоҷик мебошад.

[b]Баҳси матбӯъоти миллӣ[/b]

Оё дар Тоҷикистон аз оғози истиқлол то кунун матбӯъоти миллӣ ташаккул ёфтааст? Масъалаи ташкил ва ташаккули матбӯъоти миллӣ дар Тоҷикистон то имрӯз мавриди баҳс қарор дорад.

Дар арсаи рӯзноманигорӣ шинохти илмие, ки матбӯъоти миллӣ бар асоси он таъйин шавад, вуҷуд надорад. Аммо аксари нашрияҳои Тоҷикистон ҳамеша муддаъии матбӯъоти миллӣ будан ҳастанд.

Дарвоқеъ, нашрияҳои мо то расидан ба сатҳи матбӯъоти умумимиллие, ки тавонад мавриди баррасӣ ва пазириши ҳамагӣ қарор бигирад, хеле роҳи дарозеро бояд тай намояд.

Албатта, бояд гуфт тамоми нашрияҳое, ки дар Тоҷикистон нашр мешаванд, як навъ матбӯъоти миллии мо маҳсуб мешаванд, чаро ки онҳо дар ҳудуди давлати Тоҷикистон интишор меёбанд ва махсуси миллати тоҷиканд.

Аммо бо ин арзиш матбӯъоти миллӣ будан ё набудани онҳо мушаххас намешавад. Балки матбӯъоти миллӣ бояд ба шакли як институти (ниҳоди) таъсиргузор дар сатҳи миллӣ шакл бигирад.

Нашрияҳои аввали солҳои истиқлол ҳарчанд аввалин намунаҳои ташаккулёбии матбӯъоти миллии моро ташкил медиҳанд, аммо натавонистанд, ки ҳамчун нашрияҳои сатҳи миллӣ шӯҳрат ёбанд ва ин ҳам чанд сабаб дошт:

Аввал, шароит ва фазое, ки онҳо дар он ба вуҷуд омада буданд, аз нигоҳи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ хеле муташанниҷ буд ва онҳо рисолати як воситаи итттилоърасонии миллиро иҷро карда натавонистанд;

Дувум, нашриёти ин солҳо вобаста ба мавзеъгириашон эътибори гуногун пайдо карданд. Яъне барои як тараф маҳбуб буданд ва барои тарафи дигар тамоман номақбул. Чунин тарзи шинохт барои эътибори умумимиллӣ пайдо кардани онҳо ҷиддан халал мерасонд;

Севум, шароит ва ташаннуҷи сиёсӣ имкон надод, ки онҳо дар маҷмӯъ ба сифати як ниҳоди иҷтимоъии таъсиргузор шакл бигиранд ва аксари онҳо бо дахолати сиёсӣ ва ё фишоровариҳо баста шуданд ё ин ки бо буҳрони эҷодӣ рӯбарӯ шуданд;

Чаҳорум, давраи фаъъолияти онҳо хеле кӯтоҳ буд ва мавҷудият дар чунин як фосилаи маҳдуди таърихӣ имкон надод, ки пояҳои институтсионалии (ниҳодии) онҳо устувор гардад;

Панҷум, матбӯъоти давлатие, ки дар ин солҳо вуҷуд дошт ё ба вуҷуд омад ва то имрӯз мавҷуд аст, нуфузи зиёде надорад ва дар фазои иттилоърсонии мо таъсиргузору хабарсоз нест. Ҳарчанд ин навъи нашрияҳо аз собиқадортарин нашрияҳои мо маҳсуб мешавад.

Дар ҳоли ҳозир нашрияҳои Тоҷикистон барои шакл гирифтан ба сифати матбӯъоти миллӣ талош доранд. Албатта, тақозои ҷомеъаи демукротик ин аст, ки матбӯъоти аз нигоҳи моликият гуногун бояд вуҷуд дошта бошад. Аммо матбӯъоте, ки мо онро дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ арзёбӣ кардан мехоҳем, бояд ба чанд меъёр посухгӯ бошад:

1. Давлат бояд матбӯъотро ба сифати як ниҳоди фаъъол ва таъсиргузор дар ҷомеъа ба расмият бишиносад. Дар ҳоле, ки нашрияҳои мо бо шумораи ками аҳолӣ дар тамос аст, ин чиз барои ҳукумати иҷроия қобили ташвиш нест ва нақши онҳо дар идоракунии ҷомеъа (таъсир гузоштан дар марказҳои тасмимгирӣ) хеле камранг мебошад;

2. Аз нигоҳи ҷуғрофиёи паҳншавӣ (тавзеъ) нашрияҳо бояд тамоми қаламрави кишварро фарогир бошанд, ки ин имкон диҳад, то онҳо барои ташаккул ва савқ додани афкори омма таъсир гузоранд;

3. Низоми идории муъосир дошта бошанд. Истиқлоли иқтисодӣ барои матбӯъоти миллӣ хеле муҳим аст ва дар шароите ки пешаи рӯзноманигорӣ ба сифати як сохтори тиҷорӣ дар тамоми дунё мавқеъ ва нуфузи бештар пайдо мекунад, масъалаи мудирияти матбӯъот маҳаки асосӣ мегардад;

4. Тирож ё адади нашри рӯзнома ё ҳафтаномае, ки мехоҳад худро нашрияе умумимиллӣ муъаррифӣ кунад, дар Тоҷикистон набояд камтар аз 50 ҳазор бошад (ин ҳам барои марҳилаи аввал), зеро фарогирии қисмати бештари аҳолӣ нуфузи матбӯъотро афзоиш медиҳад;

5. Шабакаи хабарнигорон бояд дар матбӯъоти сатҳи миллӣ вуҷуд дошта бошад. Тавозуни инъикоси мушкилоти тамоми минтақаҳои Тоҷикистон бе доштани шабакаи васеъи мухбирон дар аксарияти манотиқи кишвар имконнопазир аст;

6. Масъалаҳои миллӣ ва давлатсозӣ дар нашрияҳо бояд мавриди баҳс ва таҳлилҳои амиқи коршиносон ва рӯзноманигорон қарор бигиранд.

Бо назардошти ин авомил, метавон гуфт, ки матбӯъоти имрӯзи Тоҷикистон ҳанӯз ба дараҷаи матбӯъоти миллӣ нарасидааст.

Агарчи теъдоди нашри нашрияҳои русизабони Тоҷикистон нисбат ба матбӯъоти тоҷикизабон бештар аст, онҳо аслан ҳадафҳои тиҷоратӣ доранд. Барои инъикоси мушкилоти миллӣ таваҷҷуҳ камтар мекунанд ва мухолифати муносибатро ба вуҷуд овардан намехоҳанд.

Ин гуна муносибат ба тиҷорати онҳо таъсир мерасонад ва мувофиқи қонунҳои бозори иттилоъотӣ онҳо аз инъикоси масъалаҳои ҳалталаби миллӣ ва давлатӣ канорагирӣ мекунанд. Ин омил сабаб мешавад, ки онҳо дар матбӯъот ба сифати бозаргон амал кунанд.

Матбӯъоти тоҷикизабони мо дар паҳлӯйи ҳадафҳои тиҷоратӣ ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоъӣ низ дорад. Онҳо бештар ба бозори иттилоъотӣ аз роҳи ворид кардани иттилоъоти сиёсӣ ворид шудан мехоҳанд, аммо мушкилоти иқтисодӣ имкон намедиҳад, ки аз мавзеъгирии худ дифоъ кунанд ё устуворона идома диҳанд.

Аз ҷониби дигар, мақомоти давлатӣ ва баъзе аз мансабдорон дар симои матбӯъоти ба истилоҳ мустақил як унсури ҷомъеаи шаҳрвандиро намебинанд, балки ба он бештар ба як қудрати мухолиф муносибат мекунанд. Матбӯъоти давлатӣ бошад, барои онҳо ҳамчун як \»нафари худӣ\» мебошад.

Яъне матбӯъоти давлатӣ дар ҳама гуна маврид аз онҳо ба сифати мақоми давлатӣ ҳимоят мекунад, ки ин мухолифи усули рӯзноманигории демукротик мебошад. Ҳоло он ки сухан дар бораи мушкилоти ҷомеъа мераваду матбӯъот сарфи назар аз шакли моликият масоилро инъикос мекунад, сабабгори мушкилот будани мақоми давлатӣ ва ҳар ниҳоди дигарро бо дар ихтиёри хонанда гузоштани хабар ва маълумот нишон медиҳад.

Фаъъолияти камранги мақомотро \»хеле хуб\» нишон додани матбӯъот ё васоили иттилоърасонии умумӣ хосси кишварҳоест, ки низоми сиёсиашон ғайридемукротик, яъне тоталитарӣ (яккатоз) ё авторитарист (худкома) аст.

Ба ин манзур хулоса мешавад, ки матбӯъоти тоҷик дар роҳи талош барои расидан ба сатҳи матбӯъоти миллӣ қарор дорад. Роҳкори аслие, ки метавонад барои зудтар сипарӣ кардани ин роҳ мадад кунад, ҳамоно шинохти рисолати матбӯъот аз ҷониби ниҳодҳои дигари ҷомеъа, пеш аз ҳама ҳукумати иҷроия мебошад.

Яъне гузаштан аз шакли муносибат бо \»рақиб\» ба шакли муносибат бо \»ҳамкор\». Аз ҷониби дигар, матбӯъот ҳам бояд бештар ҳавасманди муносибати \»ҳамкорӣ\» бошад, на \»рақибона\».

[b]Зарфияти кунунии матбӯъоти тоҷик[/b]

Барои нақши бориз доштани матбӯъоти тоҷик дар низоми сиёсӣ, ҳалли муъаммоҳои вуҷуддошта ва истифода аз зарфиятҳо хеле масъалаи калидӣ ба шумор меояд. Ҳоло хеле эҳсос мешавад, ки матбӯъот дар низоми сиёсӣ таъсиргузор шудааст.

Аммо ба назари мо, аз зарфиятҳои дигаре, ки матбӯъоти мо дар ихтиёр дорад, дурусттар ва воқеъитар истифода шавад, таъсири он дар низоми сиёсӣ бештар мегардад ва ин ба рушди давлат ва миллат, бо нишон додани нуқс ва норасоиҳои иҷтимоъӣ ва ё иштибоҳкориҳо мусоъидат мекунад.

Мавҷудияти масъалаи ҳирфаӣ будан, бӯҳрони кодрӣ, низоми ғайримуқаррарии идорӣ, мушкилоти шадиди иқтисодӣ, шумораи ками адади нашр ва омилҳои дигар имкон намедиҳанд, ки аз зарфиятҳои матбӯъоти муъосири тоҷик ба таври муассир истифода шавад.

Пеш аз ҳама, матбӯъоти муъосири тоҷик ба сифати як сохтори тиҷорӣ мавқеъ надорад. Бештари нашрияҳо ба фурӯши нашрия иктифо мекунанд, ки ин наметавонад истиқлоли иқтисодии онҳоро таъмин кунад.

Ташаккул наёфтани бозори реклама (таблиғоти бозаргонӣ) дар матбӯъоти муъосири тоҷик нишонаи он аст, ки сохторҳои тиҷорӣ нақши онҳоро дар ташаккули афкори умумӣ камранг ё беранг медонанд. Яъне онҳо то ҳанӯз барои истифода аз зарфияташон пояҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ надоранд.

Аз ҷониби дигар, дар матбӯъоти мо мушкили ҳирфаӣ будан ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад. Пеш аз ҳама, риъоят нашудани усули ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ё ба назари эътибор нагирифтани онҳо, сатҳи матлабҳои матбӯъотиро хеле пойин бурдааст.

Дар шароите, ки пешаи рӯзноманигорӣ чун як низоми тиҷорӣ рӯз то рӯз мавқеъи бештар пайдо мекунад ва сифати мол аз нигоҳи касбӣ ё ҳирфаӣ ҷавобгӯйи талаботи бозор нест, таъсири манфии ин дар имиҷ ва рушди матбӯъот мерасад.

Бар асари камбуди дастмузд, ҷалб нашудани кодрҳои бомаҳорат бӯҳрони кодриро дар матбӯъот ба вуҷуд меорад. Яъне аксари нашрияҳои Тоҷикистон аз 5 корманди доимӣ бештар надоранд. Ин имкон намедиҳад, ки матлабҳои муаллифӣ ва ё мавқеъи худи идораи нашрия дар бораи мушкилоти ҷомеъа мушаххас гардад.

Яъне аз нигоҳи ақлонӣ ва иқтисодӣ матбӯъоти муъосири Тоҷикистон зарфиятҳои муҳиммеро дар ихтиёр надорад. Чунин мушкилот имкони амалӣ сохтани ҳадафҳои матбӯъотро чун як ниҳоди иҷтимоъӣ ё сиёсӣ душвор мегардонад.

[b]Матбӯъоти тоҷик ва қудрати сиёсӣ[/b]

Асоситарин унсури таъйинкунандаи равобити матбӯъот ба қудрати сиёсӣ масъалаи озодии сухан ё озодии матбӯъот мебошад.

Дар Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ озодии матбӯъот вуҷуд дорад. Қонуни асосӣ ва Қонун \»Дар бораи матбӯъот ва дигар ВАО (расонаҳо)\» заминаҳои ҳуқуқии озодии баёнро фароҳам сохтаанд. Яъне сонсури давлатӣ вуҷуд надорад. Аммо муносибати матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ва ё ҳукумати иҷроия танҳо аз ҳамин нигоҳ арзёбӣ намешавад.

Пеш аз ҳама, назарияи озодии матбӯъот озодии онро аз ҳокимияти иҷроия дар мадди назар дорад. Дар Тоҷикистон ҳарчанд матбӯъоти мустақил вуҷуд дорад, дар баробари ин ҳокимияти иҷроия низ матбӯъоти худро дорад ва ҳатто матбӯъоти давлатӣ имтиёзҳои бештареро нисбатан доро мебошанд.

Масалан, обунаи (иштироки) ҳатмӣ дар онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дастрасии бидуни мамонеъати онҳо ба сарчашмаҳои иттилоъ ва аз ҳисоби будҷеи давлатӣ фаъъолият кардани онҳо.

Мавҷудияти ин авомил муносибати матбӯъоти мустақилро ба қудрати сиёсӣ ғайримустақим мекунад. Пеш аз ҳама, ҳокимияти иҷроия ва ё мақомоти давлатӣ муносибати худро аз роҳи матбӯъоти давлатӣ бо матбӯъоти мустақил муъайян менамоянд.

Яъне ҳокимият ё қудрати сиёсӣ худро масъули вокуниш ба матлабҳои таҳлиливу танқидии матбӯъот ё дигар воситаҳои иттилоърасонии умумӣ ҳисоб намекунад, балки матбӯъоти давлатиро чун як шохаи таҳти кунтрулаш дар ин радиф масъул медонад. Ин шакли муносибат иртиботи матбӯъотро ба қудрати сиёсӣ хеле заъиф менамояд.

Дуруст ва мантиқӣ мешавад, агар матбӯъоти давлатӣ на дар хидмати мансабдорон, балки дар хидмати худи давлат қарор бигирад. Яъне ин пиндор, ки дар матбӯъоти давлатӣ вазирону дигар мансабдоронро танқид кардан мумкин нест, бояд аз тафаккури ходимони матбӯъоти давлатӣ берун шавад.

Ин пиндор агар аз матбӯъоти давлатии мо берун шавад, фикр мекунем, нуфузи онҳо дар баробари касбият, фаъъолияти муътадил ва дигар дастовардҳои арзандае, ки доранд, баландтар мешавад.

Аз ин нигоҳ, гуфтан мумкин аст, ки ду намуди иртиботи матбӯъот бо қудрати сиёсӣ ё ҳокимияти иҷроия вуҷуд дорад: Якум, матбӯъот ҳамчун институти (ниҳоди) иҷтимоъии баробарвазни ҳокимият, ки масъулиятро аз роҳи фош кардани навоқиси низоми идорӣ ва камбудиҳо болои ҳокимияти иҷроия бор мекунад; Дувум, матбӯъот ҳамчун як ниҳоди давлатӣ, ки бештар барои дастгирии иттилоъотӣ ё ташвиқи хостаҳои ҳокимияти иҷроия хидмат мерасонад.

Аммо дар як соли ахир ҳокимияти иҷроия дар Тоҷикистон барои ташаккули матбӯъот ва афзудани таъсири он дар ҷомеъа иқдомоти аҷиберо амалӣ кард, ки ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ наздиктар намуд. Мисоли барҷастааш фармони 622-и Президент Раҳмон ва таъйини баргузор кардани нишастҳои матбӯъотии мақомоти давлатӣ барои рӯзноманигорон аст.

Аз тарафи дигар, матбӯъоти мустақил низ аз зарфиятҳои худ барои иртиботи мустақим бо қудрати сиёсӣ истифода мекунад. Пеш аз ҳама, матбӯъоти мустақил дар ду маврид аз мавқеъи ҳукумати кишвар бамаврид дифоъ намуд. Якум, дар масъалаи муносибати Русия ва кишварҳои дигари ҳамсоя, аз қабили Узбакистон, бо дурнамои тавсеъаи арсаи энержӣ дар Тоҷикистон.

Барои аввалин бор ҳафтаномаи \»Миллат\» дар соли 2006 ин баҳсро ба миён гузошт, ки нерӯгоҳи \»Роғун\» бояд бо сармояи Тоҷикистон сохта шавад ва ҳамчун моликияти кишвар боқӣ бимонад. Дар ҳамон шабу рӯз ин амрро бархе аз соҳибназарон мавзеъгирии нодурусти нашрия шарҳ доданд ва аммо имрӯз собит шуд, ки он як назари дуруст будааст.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расид ва ин идеяи матбӯъотро дастгирӣ кард ва тарҳи ин нерӯгоҳро моликияти истисноии давлат эълом намуд.

Мисоли дигар, матбӯъоти Тоҷикистон мавзеъгирии Русия баъд аз сафари раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев дар соли 2010 ба Тошкандро мавриди интиқод қарор дод, ки ин як навъ ҳимояти мустақим аз манфиъатҳои миллии мо буд.

Мавриди дигар ҳимояти огоҳона ва бамавқеъи матбӯъоти Тоҷикистон дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳи \»Роғун\» ва баҳсҳои обии Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамчунин, матбӯъот дар баҳси маъруф ба \»қазияи халабонҳо\» усулан аз мавзеъи ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон ҳимоят кард.

Ба назари мо, ин робитаи матбӯъотро бо қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон наздиктар мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо худи ҳокимияти иҷроия матбӯъотро ба сифати як ҳамкор ё қудрат эътироф мекунад?

[b]Нақши матбӯъот дар ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеъа[/b]

Таъсири мустақим дар сатҳи ҷаҳонбинӣ ва мавзеъгирии шаҳрвандони кишвар, фаъъол сохтани ҷомеъа ва дарёфти имконоти дохилаи он аз рисолатҳои матбӯъот бояд бошанд. Матбӯъот дар ҷомеъаи демукротик бояд аз ин имконоташ истифода кунад. Дар мисоли Тоҷикистон ин зарфият то куҷо истифода мешавад, мавзӯъи хеле баҳсбарангезест.

Хоҳу нохоҳ нақши матбӯъот дар ба вуҷуд овардани иртиботи сиёсӣ беназир аст. Матбӯъот ҳамчун ташаккулдиҳандаи шуъури сиёсии мардум ва ё шахс ҳамин имконро дар ихтиёр дорад. Аммо ба сабаби вуҷуди чанд мушкил, ки дар боло зикр шуд, таъсири имрӯзии матбӯъоти тоҷик дар маҷмӯъ дар фарҳанги сиёсии мардум камтар эҳсос мешавад.

Пеш аз ҳама, ин чанд сабаб дорад. Аввал ин ки майли мардум ба рӯзномаҳо камтар мебошад. Яъне шумораи мардуми рӯзномахон хеле кам аст ва ин таъсири онро камранг мегардонад.

Аз ҷониби дигар, барои бедор кардани таваҷҷуҳи аҳолӣ матбӯъоти мо бояд аз шигардҳои гуногун истифода кунад. Дар сурати анҷом дода натавонистани ин нақш, онҳо дар мавзеъгириҳои шаҳрвандии мардум камтар таъсир мегузорад.

Агар матбӯъот тавонад, ки ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги сиёсиии аҳолиро ба сӯйи беҳбудӣ тавсеъа бахшад ва шуъури сиёсии онҳоро ташаккул диҳад, пас мардум аз роҳи фарҳанги сиёсӣ ҳокимияти иҷроия ва сохторҳои дигари ҷомеъаро ба фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ \»маҷбур\» менамоянд ё ҳукумат бо таваҷҷуҳ ба дараҷаи бедории сиёсии мардум масъулияти худро бештар эҳсос ва иҷро мекунад.

[b]Робитаи матбӯъот бо сиёсати воқеъӣ[/b]

Сатҳи муносибатҳои кунунии сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот чӣ гуна аст? То чӣ андоза онҳо аз рисолати ҳамдигар бохабаранд ва то чӣ андоза ба ҳам таъсир мерасонанд? Инъикоси воқеъияти сиёсӣ дар матбӯъот чӣ гуна сурат мегирад? Ин пурсишҳо бояд суолҳое бошанд, ки ҳар нашрияи муддаъии миллӣ будан бояд ба онҳо ҷавоб гӯяд.

Пеш аз ҳама, муносибати сохторҳои давлатӣ бо матбӯъот дар Тоҷикистон ба таври мусбат камтар вуҷуд дорад. Сохторҳои давлатӣ дар симои матбӯъоти мустақил мухолифи худро мебинанд, ки ин шинохти демуротики матбӯъотро зери суол мегузорад.

Албатта, дар ҷаҳони мудерн истиқлоли матбӯъот ба маънии мухолифи давлат будан нест, балки рисолати матбӯъот он аст, ки дар мавриди норасоиҳо ва нодурустиҳои ҳукумат ва ҳар ниҳоди дигари иҷтимоъӣ мавзеъгирӣ кунад. Аммо ҳамин мазеъгириҳоро баъзан сохторҳои давлатӣ ба сифати як навъ мухолифат мепазиранд.

Дар баъзе маврид матбӯъот худро чун мухолифи ин сохторҳо нишон доданӣ мешавад. Дар ҷомеъаи демукротик рисолати матбӯъот дар хидмати мардум будан аст, бояд ҳокимият ва сохторҳои давлатиро маҷбур (бо воситаи анҷом додани рисолати касбӣ) кунад, ки барои иҷрои масъулияташон ба мардум гузориш диҳанд, чун дар ҷомеъаи демукротик ҳокимият дар дасти мардум аст.

Баъзан аз надонистани рисолати якдигар матбӯъот ва сохторҳои давлатӣ бо мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз ҷумла, бештари қазияҳои додгоҳӣ миёни матбӯъот ва сохторҳои адвлатӣ аз ҳамин маншаъ мегирад. Сохторҳои давлатӣ дахолати мустақими матбӯъотро дар инъикоси мушкилот ва фош кардани фаъъолияти худ намепазиранд, ки ин хосси ҷомеъае демукротик нест.

Ҷуръати матбӯъоти мо барои инъикоси воқеъияти сиёсӣ бар асоси шароит ва авзоъи сиёсӣ камтар аст. Албатта, дар замоне ки қудрати сиёсӣ дар кораш мушкил дорад, камтар мехоҳад, ки бо матбӯъот ҳамкорӣ кунад. Канорагирии сохторҳои давлатӣ аз ҳамкорӣ бо матбӯъот инъикоси воқеъияти сиёсиро мушкил мекунад.

Аммо ин бад-он маъно нест, ки матбӯъот воқеъияти сиёсиро дар сурати мавҷуд будани шароити \»хуб\» инъикос намояд. Балки бояд матбӯъот усулу роҳҳои қонунии ҷамъоварӣ ва инъикоси воқеъияти сиёсиро коркард ва истифода кунад.

Агар ҳукумати иҷроия ва сохторҳои дигари давлатӣ ба инъикоси воқеъияти сиёсӣ алоқаманд набошанд, пас дар инҷо фосилагирии матбӯъот аз ҳокимият пайдо мешавад, ки на ҳамеша паёмадҳои мусбате ба дунбол дорад. Дар ин маврид матбӯъот барои ошкор кардани камбуду нуқси он роҳҳои дигареро ҷустуҷӯ мекунад, ки ин масъалаи озодии баёнро зери шубҳа мебарад.

[b]Матбӯъот ва амнияти иттилоъот[/b]

Агар мо матбӯъоти Тоҷикистонро зимни инъикоси масъалаҳои ҷаҳонӣ дар контексти (бофтори) матбӯъоти миллӣ баррасӣ кунем, он чӣ нақше дошта метавонад?

Масъалаи амнияти иттилоъот, ки ҷузъе аз амнияти миллӣ ҳам ҳаст, хеле муҳим аст. Ғолибан таъмини амнияти иттилоъот танҳо вазифа ва рисолати расонаҳо, аз ҷумла матбӯъот нест. Вале бар асоси имконот ва зарфиятҳои табиъие, ки расонаҳо доранд, метавонанд хеле нақши барозанда дар таъмини амнияти миллӣ дошта бошанд.

Дар шароти тезутунд гаштани муносибатҳои ҷаҳонӣ расонаҳо, бахусус матбӯъот, ба таври дигар вазифа доранд, ки моро аз таҷовузи иттилоъотӣ ҳифз намоянд. Расонаҳои давлатӣ ҳамчун ҳамоҳангсози сиёсати иттилоъотии давлат бояд ин масъулиятро бештар иҷро кунанд.

Аммо бо вуҷуди доштани шумораи зиёди расонаҳо ҳанӯз ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъро аз сарчашмаҳои дигар — расонаҳои хориҷӣ суроғ мекунанд. Ин нишон медиҳад, ки маҳсулоти расонаҳои дохилӣ ба бозор ба талаботи харидор ҷавобгӯй нестанд. Сифати ин маҳсулот дар бозори иттилоъотӣ таъсири манфӣ мерасонад ва амнияти миллиро таҳдид мекунад.

Матбӯъоти миллӣ ҳамчун низоми асосии ҳимояткунандаи амнияти иттилоъотӣ, арзишҳои миллӣ, асосҳои давлати миллӣ ва манфиъатҳои миллӣ бояд амал кунад. Яъне, пеш аз ҳама, кормандони матбӯъот арзишҳои миллӣ ва манфиъатҳои миллиро бояд шиносанд.

Дар сурати шинохта натвонистани онҳо, масъалаи амнияти миллӣ ва ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ зери суол қарор мегирад. Барои ин, албатта, фароҳам кардани шароити мусоъид лозим аст. Бояд низоми сиёсӣ барои нақши матбӯъот дар пешрафту устувории давлатдории миллӣ имкон фароҳам оварад.

Низоми сиёсии Тоҷикистон аз нигоҳи қонун шароити демукротики фаъъолияти матбӯъотро таъмин менамояд, аммо воқеъият нишон медиҳад, ки унсурҳои дигари системи сиёсии ҷомеъа, пеш аз ҳама мақомоти давлатӣ, аз рушди матбӯъот дар баъзе мавридҳо монеъ мешаванд.

Мисоли барҷастааш дар чанд соли ахир ба додгоҳ кашидани нашрияҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ аст. Шароити ғайрирасмии монеъшавии унсурҳои системи сиёсӣ низ дида мешавад. Ҳамаи ин фаъъолияти матбӯъот мухтал месозад ва матбӯъот наметавонад ҳамчун ниҳоди иҷтимоъию сиёсӣ таъсири бештаре дар ҷомеъа дошта бошад.

Вақте ки матбӯъот аз ҷониби унсурҳои системи сиёсӣ эътибор ё эътирофро эҳсос намекунад ва мақомоти давлатӣ дар симои матбӯъот як шарики худ ва асоситарин унсури ҷомеъаи шаҳрвандиро намебинанд, пас ин тарзи муносибат барои амнияти иттилоъотӣ ва дар маҷмӯъ, барои амнияти миллиии кишвар хатар дорад.

Ба назари ман, бояд ҳукумати кишвар барои таъмини амнияти иттилоъотӣ барои матбӯъот шароити хубтари фаъъолият фароҳам кунад. Хусусан дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамкории танготанги мақомоти давлатӣ ва матбӯъот ба роҳ монда шавад. Яъне дар ин гуна маворид на матбӯъот ба суроғи мақомоти давлатӣ барои дарёфти иттилоъ бираванд, балки бояд мақомот бештар ҳавасманд бошанд, ки дар ихтиёри расонаҳо иттилоъоти зарурӣ ва ба нафъи амнияти миллиро бигузоранд.

Ин шакли фаъъолият таноқузи иттилоъотиро дар баробари расонаҳои хориҷӣ то андозае аз байн мебарад. Ҳамчунин, барои роҳандозии шаклҳои дигари ҳамкории муассири матбӯъот бо ҳукумати иҷроия аз таҷрубаи кишварҳои дигар низ бояд истифода шавад (ба мисли кумакҳои молӣ), ки ин ҳам барои таъмини амнияти иттилоъотӣ метавонад заминаро фароҳам намояд.

Хулоса, масъалаҳои марбут ба муносибати матбӯъот бо низоми сиёсӣ зиёданд, хусусан дар ҷомеъаҳои пасоистеъморӣ. Вуҷуди чунин муъаммоҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки аз тагнойи идеулужии яккатози шӯравӣ берун омадааст, бебаҳс аст ва мояи нигаронии амиқ намебошад.

Аммо шинохт, эътироф ва ҳалли ин муъаммоҳо масъалаи бисёр муҳиммест, ки бояд дар низоми сиёсӣ ва ҳокимият мавриди баррасӣ қарор бигирад. Яъне бояд ба ин тафаккур бирасем, ки матбӯъот, хусусан матбӯъоти мустақил, душмани ҳукумат нест ва набояд бошад.

Балки рисолати матбӯъот ин аст, ки ҷомеъаро аз нуқсон ва хатокориҳои низоми сиёсӣ огоҳ кунад ва ҳамзамон матбӯъот рисолат дорад, ки дар мавридҳои дастёбии давлат ба муваффақиятҳое аз он ҳам самимона истиқбол кунад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120316_ea_is_press_politics.shtml

Нигоҳе гузаро ба матбӯъоти тоҷик дар масири сад сол

[b]Рӯзи 11-уми март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ шуд. Ин рӯзномаи «Бухорои шариф» буд, ки аз ҷониби як зумра рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик таъсис дода шуд.[/b]

То он замон, агар дар Осиёи Миёна, ки аз ибтидо қаламрави забону адаб ва тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ) буд, матбӯъоти русӣ (нашрияҳои «Туркестанские ведомости»-1870, «Туркестанская туземная газета»-1870, «Окраина» — 1890,) ва туркии чағатоии узбакӣ («Туркистон вилоятининг газети») вуҷуд дошт, вале ҳеч рӯзномае ба забони сокинони асливу қадимии минтақа набуд.

Ин дар ҳолест, ки вақте барои тарғиби сиёсатҳои Русияи подшоҳӣ мавзӯъи ташкили матбӯъот бо забони маҳаллӣ пеш меояд, тибқи навиштаи окодемисиян Бартолд, бояд аввалин нашрия «бо тоҷикӣ ва қирғизӣ» мебуд, вале баъдтар он ба забони туркии чағатоии узбакӣ мунташир мешавад.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишонии зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=185]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=185[/url]

Источник:

Нигоҳе гузаро ба матбӯъоти тоҷик дар масири сад сол

[b]Рӯзи 11-уми март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд 100 сол сипарӣ шуд. Ин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд, ки аз ҷониби як зумра рӯшанфикрон ва фарҳангиёни тоҷик таъсис дода шуд.[/b]

То он замон, агар дар Осиёи Миёна, ки аз ибтидо қаламрави забону адаб ва тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ) буд, матбӯъоти русӣ (нашрияҳои \»Туркестанские ведомости\»-1870, \»Туркестанская туземная газета\»-1870, \»Окраина\» — 1890,) ва туркии чағатоии узбакӣ (\»Туркистон вилоятининг газети\») вуҷуд дошт, вале ҳеч рӯзномае ба забони сокинони асливу қадимии минтақа набуд.

Ин дар ҳолест, ки вақте барои тарғиби сиёсатҳои Русияи подшоҳӣ мавзӯъи ташкили матбӯъот бо забони маҳаллӣ пеш меояд, тибқи навиштаи окодемисиян Бартолд, бояд аввалин нашрия \»бо тоҷикӣ ва қирғизӣ\» мебуд, вале баъдтар он ба забони туркии чағатоии узбакӣ мунташир мешавад.

Аз таърихи ташкил ва ташаккули матбӯъот дар сарзамини Фарорӯд яқинан рӯшан мешавад, ки русҳо (чи дар даврони подшоҳӣ ва чи дар даврони болшевикӣ) бо тамаддуни форсию тоҷикӣ мушкил доштаанд. Яъне ягона тамаддуне, ки дар ин сарзамин аз сиёсатҳо ва манфиъатҳои русҳо дар дарозмуддат метавонист монеъ шавад, тамаддуни тоҷикӣ буд.

Ба ин манзур русҳо аз ҳар роҳе мехостанд, ки ин фарҳанг таҳти фишор қарор бигирад. Яке аз ангезаҳои мантиқии эҷод ва роҳандозии ҷараёни понтуркисм дар Осиёи Миёна тавассути русҳо низ талоши расидан ба ҳамин аҳдоф будааст.

Ба ин манзур, таъсиси \»Бухорои шариф\» як падидаи ҷолиб дар тамаддуни асри 20 барои миллати тоҷик мебошад. Он замоне сари кор омад, ки дар Бухоро ва дигар мантақаҳои қаламрави тамаддуни тоҷикӣ муборизоти шадиде алайҳи фарҳанг ва тамаддуни мо дар ҷараён буд.

Баъдан дар чандин марҳилаи сарнавиштсоз аз \»Бухорои шариф\» ба унвони як санад ва далели қотеъ дар муқобили душманони миллати тоҷик истифода шуд. Аз ҷумла, дар солҳои бистуми асри 20 яке аз далелҳои радднопазири Аллома Айнӣ алайҳи понтуркистон ҳамин рӯзномаи \»Бухорои шариф\» буд.

Матбӯъоти тоҷик аслан аз ҷониби муҳаққиқон даврабандии илмӣ нашудааст, аммо усулан онро метавон ба се давраи шартӣ: тошӯравӣ, шӯравӣ ва замони истиқлол ҷудо кард.

[b]Давраи аввал: матбӯъоти тошӯравӣ[/b]

Нашрияи \»Бухорои шариф\» 11-уми марти соли 1912 дар Бухоро таъсис ёфт. Муассисонаш Мирзосироҷи Ҳаким ва Мирзомуҳиддин Мансуров буданд. Муҳаррираш Мирзоҷалол Юсуфзодаи озарбойҷонӣ буд.

То моҳи январи соли 1913 153 шумораи ин нашрия ба табъ расид. Дар ибтидо ба ҷуз рӯзи ҷумъа, 6 маротиба нашр мегашт. Баъдан 4 ва дар марҳилаҳои баъдӣ 3 бор дар ҳафта нашр мешуд.

Таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ (форсӣ) ба осонӣ даст надодааст. Он натиҷаи талош ва заҳмати бисёр гарону миллатхоҳонаи нухбагони фикриву фарҳангии тоҷикони асри бист мебошад.

Аллома Айнӣ, ки яке аз муаллифони ҳамешагии ин нашрия буд (ҳарчанд худи устод бар асари авомили сиёсиву амниятӣ ин паҳлӯйи фаъъолияти гаронбори худро дар осораш зикр намекунад) дар мавриди рӯйи кор омадани он менависад:

\»Ҷавонбухориён бо латоиф-ул-ҳияли бисёр дар соли 1330 ҳиҷрӣ ба воситаи вакили сиёсии Русия аз амир рухсати нашр кардани як рӯзномаро гирифтанд\».

Аммо баъдан ин рӯзнома боз ҳам бо дахолат ва дархости вакили сиёсии Русия аз ҷониби амир Олимхон баста шуд. \»Бухори шариф\» замимае ҳам бо номи \»Тӯрон\» ба забони туркии узбакӣ дошт.

Бояд гуфт, ки баъд аз қатъи фаъъолияти рӯзномаи \»Бухорои шариф\» матбӯъоте, ки дар Бухоро ва дигар минтақаҳои Осиёи Миёна таъсис ёфтаанд, бештар дузабона буданд.

Яке аз нашрияҳои дузабона маҷалаи \»Ойина\» буд, ки ба забонҳои форсиву туркӣ нашр мешуд. Бунёнгузор ва муҳаррири он, ки 20 августи соли 1913 дар Самарқанд таъсис шуд, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, рӯшанфикри маъруфи тоҷик, буд.

Сайидризо Ализода, донишманд ва рӯзноманигори маъруф, яке аз муаллифони доимӣ ва асосии ин маҷалла будааст. Ба навиштаи устод Айнӣ, Беҳбудӣ ҳангоми сафарҳояш масъулияти нашри маҷалларо ба зимаи Ализода мегузошт ва дар ин ҳангом матолиби тоҷикии маҷалла нисбат ба матолиби узбакӣ бештар ба табъ мерасид.

То моҳи феврали соли 1915 68 шумораи ин маҷалла чоп шуд, ки бештар ба масоили ислоҳи мактабу маъориф ва дин таваҷҷуҳ доштааст.

Нашрияи дигар \»Садои Туркистон\» буд, ки соли 1914 ташкил шуд. Ҳамагӣ 66 шумора аз он ба табъ расид. Муҳаррири ин нашрия Убайдуллохоҷа Асадуллохоҷаев буд.

Нашрияи \»Садои Фарғона\» 3 апрели соли 1914 ташкил шуд ва то соли 1916 ба табъ расид. Муҳаррир ва ношири он Обидҷон Маҳмудов буд. Ин нашрия бештар ба забони туркӣ матолибе интишор медод. Ҳамчунин, замимае бо номи \»Тирик сӯз\» низ дошт.

\»Рӯзномаи моварои баҳри Хазар\» аз 14 декабри соли 1914 то феврали соли 1917 дар Ишқобод бо забонҳои тоҷикиву туркманӣ нашр мешуд. Ин нашрияи манфиъатҳои ҳукумати подшоҳии Русияро бештар бозтоб медод.

\»Хуршеди ховар\» маҷаллаи муҳоҷирони эронӣ дар Ишқобод буд, ки аз соли 1917 то соли 1926 нашр шудааст. Ин маҷалла асосан бо забони форсӣ ва баъзан бо забони туркии озарӣ низ матолибе интишор медод.

Нашрияи \»Ҳуррият\» солҳои 1917-18 дар Самарқанд асосан ба забони узбакӣ чоп мешуд. Баъзе аз ахбори расмӣ ва шеърҳоро ба забони тоҷикӣ (форсӣ) низ нашр кардааст. Муҳарриронаш Акобиршоҳ Мансурзода ва Абдурауфи Фитрат буданд.

\»Изорулҳақ\» маҷаллаи диниву фалсафии понтуркистон буд. Ин маҷалла соли 1918 дар Тошканд бо забони узбакӣ ташкил шуд, аммо баъзе шеъру матолиби тоҷикӣ низ дошт.

[b]Давраи дувум: матбӯъоти шӯравӣ[/b]

\»Шуълаи инқилоб\» ҳафтаномаи кумитаи вилоятии Ҳизби кумунисти Туркистон буд, ки 10 апрели соли 1919 дар Самарқанд ташкил шуд ва то декабри 1921 91 шумора аз он ба табъ расид.

Муҳаррири ин нашрия Сайидризо Ализода буд. Устод Айнӣ аз муаллифони доимии \»Шуълаи инқилоб\» буд ва беҳтарин осори рӯзноманигории худро дар ин нашрия мунташир кардааст.

Ин ҳафтанома баъд аз қатъи нашри \»Бухорои шариф\» дувумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Осиёи Миёна дар оғози қсадаи 20 буд. Рӯйи кор омадани \»Шуълаи инқилоб\» талош ва заҳамоти арзандаи миллатхоҳонаи Сайидризо Ализода, устод Айнӣ ва дигар дастандаркорони шуъбаи форсии ҳизби кумунисти Туркистон буд.

Масъала ин ҷост, ки дар ибтидо дар Туркистони шӯравӣ тоҷикон ҳатто ба унвони ақаллияти миллӣ низ эътироф нашуда буданд. Баъдан бо эҳтимом ва талошҳои хастагинопазири як гӯруҳ фарҳангиёни тоҷик дар Туркистон шуъбаи форсӣ (аз ҳисоби тоҷикон, афғонҳо ва эрониён) таъсис шуд.

Нашрия ба ҷуз Осиёи Миёна дар Эрон ва Афғонистон низ маҳбубият ва хонандаи зиёде доштааст.

Аз муҳиммтарин хадамоти \»Шӯълаи инқилоб\» мубориза бо понтуркистон буд, ки \»душманони миллати тоҷик, ва забону фарҳанги он\» маҳсуб мешуданд.

Ба навиштаи пажӯҳишгарон, понтуркистон ҳамеша ба дунболи мутаваққиф кардани нашрия буданд ва иддаъо доштанд, ки чунин миллате бо номи \»тоҷик\» вуҷуд надорад ва нашрияе бо ин забон ҳам ҳаққи мавҷудият надорад. Ин нашрия ба матбӯъоти нави тоҷикӣ — матбӯъоти ҳизбиву шӯроӣ асос гузошт.

\»Қутулиш\» низ унвони нашрияе буд, ки 28 июни соли 1920 дар Тошканд нашр шудааст. Баъдан дар Когон (Бухорои нав) ба табъ мерасид. Асосан бо забони тоҷикӣ (форсӣ) матолибе интишор медод.

Баъзе аз матолиби ин нашрия узбакӣ буд. Муҳаррираш Абдуқодир Муҳиддинов буд, ки баъдан аз раҳбарони ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон буд. Абдулвоҳиди Мунзим, Абдуррауфи Фитрат ва устод Айнӣ низ аз муаллифони ин нашрия буданд.

Нашрияи \»Учқун\» дар моҳи апрели соли 1920 таъсис шуд ва ҳамагӣ 8 шумора аз он чоп шуд. Ин нашрия бо забонҳои тоҷикиву узбакӣ матолибн нашр менамуд. Файзуло Хоҷаев ва Фитрат аз фаъъолтарин муаллифони он буданд.

Нашрияи \»Бухоро ахбори\» ургони ҳукумати муваққатии инқилобии Бухоро буд, ки асосан бо забони узбакӣ нашр мешуд. Аз тоҷикон, устод Айнӣ, Аббос Алиев ва Абдуқодир Муҳиддинов дар ин нашрия мақолоте интишор додаанд.

\»Рӯшноӣ\» нашрияе барои яҳудиёни Бухоро буд, ки аз декабри соли 1921 то миёнаҳои соли 1922 бо забони тоҷикӣ (форсӣ), ба шеваи яҳудиёни Бухоро, дар Тошканд ба табъ мерасид. Баъдан яҳудиён нашрияҳои дигаре бо номҳои \»Байрақи сурх\» ва \»Адабиёти советӣ\» низ доштанд.

Пас аз мутаваққиф шудани чопи \»Шуълаи инқилоб\» \»Овози тоҷик\» севумин нашрияи комилан тоҷикӣ (форсӣ) дар Фарорӯд буд. Ба иборати Устод Айнӣ, \»Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунуданд, баромад оқибат \»Овози тоҷик\».

Рӯзи 25 августи соли 1924 нахустин шуморааш бо номи \»Овози тоҷики камбағал\» бо сардабирии Абдулқаюми Қурбӣ ва котибмасъулии Сайидризо Ализода нашр шуд. Ин рӯзнома ҳам бо кӯшишҳои гаронбору арзишманди фарҳехтагони тоҷик ташкил шуд.

Дар шароите ки Фарорӯдро мавҷи понтуркисм бо дастгирии русҳо аз ҳам мепошид, ин рӯзнома ба нафъи миллати тоҷик таъсис ёфт. Аз декабри соли 1924 ин нашрия мақоми ургони Кумитаи ҳизби кумунистии Ҷумҳурии мухтори шӯравии Тоҷикистонро гирифт.

То 1 июни соли 1925 нашрияи \»Овози тоҷик\» ин мақомро ҳифз кард ва баъдан ургони Кумитаи марказии Ҳизби кумунисти Узбакистон шуд ва номи \»Ҳақиқати Узбакистон\»-ро гирифт.

\»Ҷумҳурият\», ки акнун нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аввалин шуморааш 15 марти соли 1925 бо номи \»Иди тоҷик\» нашр шуда буд. Муҳаррири аввалини он Аббос Алиев буд. ин нашрия муддате бо номи \»Бедории тоҷик\» ҳам нашр шудааст.

Баъдан номи он чанд бор иваз шуд ва ба номҳои \»Тоҷикистони сурх\», \»Тоҷикистони советӣ\», \»Тоҷикистони шӯравӣ\» ва ҳамакнун бо номи \»Ҷумҳурият\» мунташир мешавад.

Сардабиронаш дар давраҳои гуногун Аббос Алиев, Абулқосим Лоҳутӣ, Алӣ Исмоъилзода, Сайидбоқир Қосимов, Маҳдӣ Таҳмосов, Қулӣ Обдинов, Сайфулло Абдуллоев, Нисормуҳаммад, Дяков, Муҳаммад Мусавӣ, Қосим Дайламӣ, Ғуломризо Ализода, Аминҷон Шуқуҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов ва Камоли Абдурраҳим буданд.

Нашрияи \»Қизил Тоҷикистон\» аз моҳи октябри соли 1928 ба ин сӯ ба табъ мерасад. Ҳоло ҳамчун нашрияи Ҳукумати Тоҷикистон ба забони узбакӣ бо номи \»Халқ овози\» нашр мешавад. Муҳаррираш ҳоло Ҳайдар Ҷураев аст.

Нашрияи русизабони \»Советский Таджикистан\» аз моҳи ноябри соли 1925 ба ин сӯ нашр мешавад. ин нашрия дертар номи \»Коммунист Таджикистана\»-ро гирифт. Ҳоло ҳамчун нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон бо номи \»Народная газета\» ба забони русӣ ба табъ мерасад.

Нашрияи \»Мулло Мушфиқӣ\» аз моҳи апрели соли 1926 ба ин сӯ нашр мешавад. Аввал ин нашрия \»Ширинкор\», баъдан \»Мулло Мушфиқӣ\» ва \»Мушфиқӣ\» ном гирифт. Ҳоло бо номи \»Хорпуштак\» ба табъ мерасад. Маҷаллаи ҳаҷвӣ буд ва дар замони Шӯравӣ бисёр маъруф буд.

Дар охири солҳои бистум нашрияҳои дигаре монанди \»Раҳнамои мухбирон\», \»Саводи меҳнат\», \»Дониш ва омӯзгор\», \»Роҳбари дониш\» низ ба табъ расидаанд, ки хадамоти арзишмандеро барои фарҳанг ва ҷомеъаи Тоҷикистон анҷом додаанд.

Шумораи нахусти нашрияи \»Комсомоли Тоҷикистон\» 5 апрели соли 1930 ба чоп расид. Ҳоло ин нашрия бо номи \»Ҷавонони Тоҷикистон\» ба унвони нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон нашр мешавад.

Муҳаррири аввалинаш Мақулшоев буд. Ин нашрия аз маъруфтарин рӯзномаҳо дар замони шӯравӣ буд. Дар солҳои бозсозӣ ва ибтидои солҳои навадум хеле нақши барозанда дошт.

Дар солҳои 30-юми қарни гузашта як силсила нашрияҳои шаҳриву вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар Тоҷикистон ташкил шуданд. Нашрияи \»Пионери Тоҷикистон\» барои кӯдакону наврасон соли 1932 таъсис ёфт, ки ҳоло бо номи \»Анбоз\» ба табъ мерасад.

Маҷаллаи адабии нависандагони Тоҷикистон, ки дар моҳи августи соли 1932 бо номи \»Барои адабиёти сотсиалистӣ\» ташкил шуд, баъдан бо номҳои \»Шарқи сурх\» ва аз аввали солҳои ҳафтодум бо номи \»Садои Шарқ\» нашр мешавад. Ҳоло он маҷаллаи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Яке аз маҷаллаҳои маъруф дар замони Шӯравӣ маҷаллаи \»Занони Тоҷикистон\» буд, ки аз соли 1932 то 1957 бо номи \»Бо роҳи Ленин\» нашр мешуд. Баъдан номи \»Занони Тоҷикистон\»-ро гирифт. Ин маҷалла вижаи занону духтарон буд, ки ҳоло низ бо номи \»Фирӯза\» нашр мешавад.

Маҷаллаи кӯдаконаи \»Машъал\» аввал бо номи \»Пионер\» нашр мешуд. Оғози нашраш соли 1952 аст. Ҳоло ин маҷалла бо номи \»Истиқбол\» нашр мешавад.

Нашрияи \»Маъориф ва маъаданият\» аз соли 1932 то соли 1938 бо номи \»Барои маъорифи кумунистӣ\» чоп шуд. Баъдан номи \»Газетаи муаллимон\» ва аз соли 1959 номи \»Маъориф ва маъданият\»-ро гирифт.

Баъдан боз ба \»Газетаи муаллимон\» (1981) табдили ном кард ва ҳоло бо номи \»Омӯзгор\» дар Тоҷикистон нашр мешавад. Яке аз муҳаррирони варзидааш Буринисо Бердиева буд.

\»Чашма\» нахустин маҷаллаи мусавварест, ки барои кӯдакони синни кӯдакистон соли 1986 таъсис ёфт. Дар охири даҳаи 1980 ин аз маҷаллаҳои маъруф барои кӯдакон буд.

Давраи сеюм: Замони истиқлол

Бо таваҷҷӯ ба хусусият ва касбияташон матбӯъоти солҳои аввали даҳаи 1990-ро низ метавон шомили матбӯъоти замони истиқлол кард. Тасвиби қонуни Ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 \»Дар бораи матбӯъот ва расонаҳои дигар\» барои рӯйи кор омадани матбӯъоти озод замина фароҳам сохт.

Ин матбӯъот пас аз неҳзатҳои миллию озодихоҳӣ ва ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои сиёсиву иҷтимоъии авоили даҳаи 1990 рӯйи кор омад. Дар даҳаи 1990 рӯзномаҳои тоза, аз қабили \»Чароғи рӯз\», \»Адолат\», \»Ҳафтганҷ\» \»Растохез\», \»Ҷоми Ҷам\», \»Сухан\», \»Нидои ранҷбар\», \»Голос Таджикистана\», \»Тоҷикистон\», \»Курер Таджикистана\», \»Чархи гардун\», \»Дайджест пресс\», \»Бизнес и политика\», \»Паёми Душанбе\», \»Варзиш\», \»Илм ва ҳаёт\» (соли 1989), \»Минбари ислом\», \»Наврӯзи Ватан\», \»Наҷот\», \»Оинаи зиндагӣ\», \»Паёми ҳақ\», \»Сомон\», \»Ҷунбиш\», \»Садои мардум\» таъсис ёфтанд.

Вале ин даврае буд, ки матбуъот ба далели бурузи ҷанги дохилии панҷсола ва буҳрони фарогири иқтисодӣ дучори варшикастагӣ шуд. Бисёре аз нашрияҳо дар оғози даврони истиқлол баста шуданд ва тирожи бархе дигар аз нашрияҳо башиддат коҳиш ёфт.

Аммо аз оғози солҳои 2000 нашрияҳои наве монанди \»Нерӯи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\», \»Фараж\» \»Озодагон\», \»Миллат\», \»Нигоҳ\» рӯйи кор омаданд. Матбӯъоти давраи истифлол шева ва равишҳои мухталифи фаъъолият дошту дорад.

Танҳо баъд аз гузашти наздик ба бист соли истиқлоли Тоҷикистон ба рӯзноманигорон муяссар гардид, ки рӯзномаро ба вуҷуд биёваранд. Ва аввалин рӯзнома (на нашрия)-и замони истиқлол \»ИмрӯзNews\» мебошад.

Ибтикори таъсиси ин рӯзнома ба Рустами Ҷонӣ таъаллуқ дорад. Аммо бояд зикр кард, ки дар давоми бист соли истиқлоли Тоҷикистон даҳҳо номгӯй нашрияву маҷаллаҳо рӯйи кор омаданд, вале бинобар сабабҳои гуногун муваффақ нашуданд ва чопашон бозмонд.

Ба гунаи мисол, метавон аз нашрияҳои \»Самар\», \»Суруш\», \»Посух\», \»Сухан\», \»Ҳафтганҷ\», \»Мардумгиёҳ\», \»Ҷаҳоннамо\», \»Саноати Тоҷикистон\», \»Автобис\», \»Восточный экспресс\», \»Мисбоҳ\», \»Бидуни сиёсат\», \»Фардо\», \»Дирафш\», \»Кишоварз\», \»Бомдод\», \»Реклама сервис\», \»Афродита\» ва ғайра ном бурд.

Дар ин миён, нашрияҳои муваффақе, аз қабили \»Пайкон\» ва \»Зиндагӣ\», буданд, ки бо марги муассисонашон чопашон мутаваққиф шуд.

Дар оғози солҳои дуҳазорум дар Тоҷикистон матбӯъоти ҷиддиву сиёсие, аз қабили \»Неруи сухан\», \»Рӯзи нав\», \»Одаму олам\» таъсис ёфта ва фаъъолият карданд, ки таъсири чашмгире дар фазои сиёсиву иттилоъотии кишвар доштанд.

Ҳоло маъруфтарин нашрияҳои кишварро чунин тасниф кардан мумкин аст:

Матбӯъоти расмӣ: \»Ҷумҳурият\», \»Народная газета\», \»Халқ овози\», \»Садои мардум\», \»Бонувони Тоҷикистон\» ва нашрияҳои ҳукуматҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.

Матбӯъоти соҳавӣ: нашрияҳои вазорату кумитаҳо ва дигар мақомоти давлативу ширкатҳои тиҷоративу созмонҳои ҷамъиятӣ. Маъруфтарин нашрияҳои соҳавии Тоҷикистони муъосирро \»Омӯзгор\», \»Адабиёт ва санъат\», \»Нақлиёт\», \»Боҷу хироҷ\» ташкил медиҳанд.

Матбӯъоти мустақил: Нашрияҳои мустақилли имрӯзии Тоҷикистон, ки маъруфияти бештар доранд, асосан \»Чархи гардун\», \»Азия плюс\», \»Тоҷикистон\», \»Миллат\», \»Фараж\», \»Нигоҳ\», \»СССР\», \»Озодагон\», \»ИмрӯзNews\», \»Бизнес и политика\», \»Оила\», \»Муҳббат ва оила\» мебошанд.

Матбӯъоти ҳизбӣ: \»Минбари халқ\», нашрияи Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, \»Наҷот\», нашрияи Ҳизби наҳзати исломӣ, \»Нидои ранҷбар\», ки ба ҳизби кумунист таъаллуқ дорад, \»Иттиҳод\», ки нашрияи Ҳизби сусиёлист аст ва \»Меҳргон\», ки нашрияи Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аст.

Маҷалаҳо: Маҷаллаҳои нисбатан машҳури Тоҷикистон имрӯз \»Садои Шарқ\», \»Тоҷикистон\», \»Илм ва ҳаёт\», \»VIPZONE\» ва \»Элита\» мебошанд.

Ҳоло тибқи омори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, бештар аз 400 номгӯйи матбӯъоти гуногун дар ин кишвар номнавис шудааст ва бештари онҳо нашр мешаванд.

Албатта, дар ин матлаб зикри маъруфтарин нашрияҳои тоҷикӣ ва Тоҷикистон аз оғози нашри \»Бухорои шариф\» то кунун рафт, вагарна дар муддати сад сол теъдоди зиёди матбӯъот дар кишвар таъсис шуду фаъъолият намуд. Ҳар кадоме аз онҳо ҷойгоҳи махсуси худро дар фазои иттилоърасонии кишвар доштанд.

Дар ин авохир таъсири матбӯъот дар умури сиёсӣ каме бештар шудааст. Ҷуръати сиёсии матбӯъот ҳам бо таваҷҷуҳ ба фазои имрӯзӣ чашмрастар гардидааст. Вале ду мушкили пешорӯйи имрӯзи матбӯъотро наметавон нодида гирифт. Яке камтар риъоят шудани одоби журналистӣ ва ғаразҷуйиву кинатӯзӣ аз тариқи матбӯъот ва дигаре ба додгоҳ кашидани нашрияҳо ва рӯзноманигорон.

Ин ду мушкил бархоста аз батни ҷомеъаи мо ҳастанд, ки вуҷудашон боъиси ба тундӣ рушд кардани арсаи рӯзноманигории тоҷик мешавад. Баъзан баҳсҳои матбӯъотии мо шеваи ҷанги хиёбонии кӯдаконаро мегиранд. Ҳатто баъзан чунин матлабҳо ба қалами донишмандону фарҳангиёни мо таъаллуқ доранд, ки боъиси афсӯсу нигаронист.

Аммо масири садсолаи матбӯъоти тоҷик нишон медиҳад, ки он ҳамеша барои иҷрои рисолати асливу асосии хеш кӯшида, аз манфиъатҳои милливу давлатӣ ҳимоят кардааст.

Ҳоло матбӯъоти тоҷик дар низоми расонаҳои гурӯҳии кишвар ҷойгоҳи вижа дошта, барои ҳимоят аз манфиъатҳои миллӣ, устувор шудани пояҳои давлатдорӣ дар марҳилаи ҷадиди миллатсозиву давлатсозии мо нақши боризе дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120309_ea_tajik_press_100_years.shtml