[b]Чанде аз хабарнигорони дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз шеваи баргузории ҷашни 100-солагии матбуоти тоҷик, изҳори нигаронӣ карда, онро як навъ ҷудоиандозии журналистон, ба «худиҳо» ва «бегонаҳо» донистаанд. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи Тоҷикистон(АМВАОТ) низ бо пахши як изҳорот, чунин «тақсимкарданҳоро» ғайри қобили қабул дониста, аз чунин шеваи бархӯрд бо журналистон изҳори нигаронӣ кард.
Ин ҳам дар ҳоле, ки зимни мулоқот президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки миёни расонаҳои гурӯҳии давлатӣ ва хусусӣ фарқе гузошта намешавад. Пас, чӣ боиси ин нигарониҳо шудааст? Боди ҷудоиандозиҳо аз куҷо мевазад? Кӣ аз ин манфиатбардор аст?
Барои ҷавоб ёфтан ба ин ва дигар суолҳо ОИ TojNews тасмим гирифт бо ҷаноби Нуриддин Қаршибоев як сӯҳбати виртулаӣ доир намояд.[/b]
[b]Масрури Асадуллоҳ[/b]
[b]1. Оё боре шудааст ки Саймурод Фаттоев ба ҳимояи ВАО-и мустақил як ҷумла гуфта бошад ё коре карда бошад?
2. Оё ин дуруст аст, ки гӯё Саидали Сиддиков-мудири шӯъбаи иттилооти Дастгоҳи президент дар гузашта корманди ҶММ «Чархи гардун» будаасту бо Акбари Саттор муносибати хуб надорад?
3. Чаро Фаттоев «Озодагон», «Фараж», «Миллат»-ро аз «Нигоҳ»-у «СССР» ҷудо кард? Бо ин кораш чӣ мехоҳад?
4. Баҳои Шумо ба Саймиддин Дӯстов- чун менеҷер ва роҳбари ВАО чӣ гуна аст?[/b]
Дуруд ба муштариёни TojNews! Барои фароҳам овардани боз як имконияти ибрози назари банда ба дастандаркорони ин сомона ташаккур мегӯям.
Қабл аз ҳама, аз ин қаноатманд ҳастам, ки мавзӯи матраҳшуда миёни муштариён суолҳои зиёд пайдо накардааст. Мутмаинам, ки аксари ҳамкасбони мо аз ҷомеаи журналистӣ дуруст дарк кардаанд, ки боди ҷудоиандозиҳо аз куҷо мевазад. Дарки ин маънӣ, қадами устуворе дар таҳкими ҳамраъйии журналистони Тоҷикистон аст
Ман мавқеи худро дар ин бора дар маводи интишорнамудаи «Азия плюс» «Не вбивайте клин в солидарность журналистов Таджикистана!» ([url=http://www.news.tj/ru/news/ne-vbivaite-klin-v-solidarnost-zhurnalistov-tadzhikistana]http://www.news.tj/ru/news/ne-vbivaite-klin-v-solidarnost-zhurnalistov-tadzhikistana[/url]) возеҳ шарҳ додам. Ин маводро беш аз 3100 муштарӣ нохун зада ба мазмунаш ошно шуда, 18 нафари онҳо шарҳи худро гузоштаанд, ки сарфи назар аз мавқеашон ман ба назари онҳо эҳтиром мегузорам.
Масрури азиз,
Хуб мешуд, ки суолатонро ба Саймурод Фаттоев мефиристодед ва ҷавобашро талаб мекардед. Шояд вай барои ҳимояи ВАО-и мустақил кореро анҷом дода бошад?
Фаттоев дӯсти ман аст, вале ҳақиқат болотар аз ӯст. Мо як донишгоҳро хатм кардаем, дар як нашрия солҳо кор кардаем, аз як дастурхон нон хӯрдаем.
Соли 2010, вақте вазъи матбуоти мустақил бинобар ҳодисаҳои водии Рашт муташанниҷ буд, муроҷиати дастачамъона ҳам кардем, ки як мулоқоти рӯ ба рӯ дошта бошем. Ҷавобе нагирифтем. Дар дигар маҳфилу конфронсу ҷаласахои журналистон ширкат намеварзад. Мушовирони давлатии пешин дар робита бо ҷомеа ва журналистон фаъолтар буданд.
Дар ҳақиқат Саидалӣ Сиддиқов солҳои тӯлони ҳамчун муҳаррири «Вечерный Душанбе» корманди ҶДММ «Чархи гардун» буд. Ман дар бораи муносибати миёни Саидалӣ Сидиқов ва Акбари Саттор чизе намедонам. Биёед, фазои иттилоотиро ба ғайбат пур нанамоем. Суоли дигаратонро низ бо ҳамин сабаб беҷавоб мегузорам, зеро дар бораи ҷудоиандозии дӯстам далелу бурҳони қотеъ пешниҳод накардед. Ман омода хастам, ки масоили марбут ба рушди матбуоти мустақил ва озодии ВАО-ро дар маҳфили рӯ ба рӯ бо масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ баррасӣ намоям.
Дар зимн, ба фаъолияти Саймуддин Дӯстов — ҳамчун молик, роҳбар ва менеҷери ВАО баҳои баланд медиҳам, зеро ӯ тавонист дар панҷ соли охир мавқеи худ ва расонаҳояшро дар фазои иттилоотии Тоҷикистон пайдо ва устувор намояд.
[b]Наботов Сиёвуш
1. Ҷаноби Нуриддин Қаршибоев Шумо аз фармони Президент дар хусуси таъғирот ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ҷавобгарии жураналистонро нисбатан сабук пешбинӣ мекунад, чӣ таасуроте бардоштед?[/b]
Мӯҳтарам, Сиёвуш,
Президенти Тоҷикистон дар хусуси таъғирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки ҷавобгарии журналистонро нисбатан сабук пешбинӣ мекунад, фармоне имзо накардаанд. Фақат дар ҷаласаи идона бахшида ба рӯзи Иди матбуот, аз ваколатҳои конститутсионии худ истифода бурда ба Вазорати адлия супориш доданд, ки масъалаи ғайриҷиноӣ намудани (декриминализатсияи) моддаҳои 135 ва 136 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки ба тӯҳмат ва таҳқир марбут аст, баррасӣ намояд. Ин иқдом қобили дастгирист, зеро созмонҳои рӯзноманигорию ҳимояи ҳуқуқи инсон солҳост, ки амалро тақозо доранд.
[b]2.Баъд аз содир шудан ва қуваи қонунӣ пайдо кардани фармони нави Президент, ки дар боло зикр кардам, муносибати мансабдорон ва журналистон нисбати Фармони №622- ро чигуна арзёбӣ хоҳед кард?[/b]
-Ба андешаи ман, ғайриҷиноӣ намудани васоили тӯҳмат ва таҳқир бо баланд гаштани масъулияти мансабдорони давлатӣ мусоидат мекунад, зеро онҳо аз истифодаи фишангҳои маъмурӣ маҳрум мегарданд. Вале чизи дигар боиси изтироб аст, ки дар Тоҷикистон маъмулан зерсанадҳои ҳуқуқиро аз қонун боло мегузоранд, ки ин волоияти қонунро дар кишвар зери шубҳа мебарад. Агар мансабдорони давлатӣ, ҳамзамон журналистон дар чаҳорчӯбаи қонун амал карданро биомӯзанд, ҳоҷат ба қабули қарору фармонҳои иловагӣ намемонад, зеро бузурге фармудааст: «Агар озод будан хоҳӣ, ғуломи қонун бош!».
[b]Шахриёр[/b]
[b]Салом. Ба шумо ду савол дорам:
а) Фикр намекунед, ки агар нафарҳое ҳам нияти ҷудоиандозӣ доштанд, ранҷиши шумо ва чанд рӯзноманигори дигар онҳоро ба мақсад наздиктар кард?
б) Ба зиёфати Акбари Саттор меравед?[/b]
Бино бар гуфтаҳои боло, дар ҷавоби суоли аввали Шаҳриёри азиз ҳаминро зикр карданиам, ки нияти тафриқаандозон, ки холис набуд, ба мақсад нахоҳанд расид! Баръакс, мо бояд алорағми аъмоли онҳо ҳамраъйю муттаҳид бошем, бино бар ин аз ҳамкасбонамон тақозо дорем, ки манфиати ҷомеаро аз манофеи шахсию гурӯҳӣ боло гузорем! Созмоне, ки ман раҳбараш ҳастам бо давлати Тоҷикистон, роҳбарияти волои он мушкиле надорад, зеро дар чаҳорчӯбаи қонунгузории кишвар ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ фаъолият дорем. Агар кори мо ба чанд мансабдораке маъқул набошад, ин мушкили онҳост, зеро онҳо воқеияти имрӯзаро дуруст дарк карда наметавонанд. Ва барои ошкор намудани мавқею бозиҳои пасипардагии эшон, таҳкими озодии баён ва плюрализми воқеи дар ҷомеа, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, журналистон бояд дар сафи пеш бошанд, зеро ин рисолати аслию касбиии мост.
Дар зиёфати Акбари Саттор будам, зеро ин як зиёфат не, чорабинии муштараки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва идораи нашрияю созмонҳои журналистии кишвар буд. Хотиррасон мекунам, ки имсол бори аввал кӯшиши муттаҳид кардани воситаҳои ахбори оммаи давлатию мустақил ба назар мерасид. Вазорати фарҳанг бо Иттифоқи журналистон бо иштироки роҳбароини ВАО ва созмонҳои журналистӣ як комиссиюни муштараки тадорукот таъсис дода, нақшаи чорабиниҳои идона бахшида ба 100-солагии «Бухорои шариф» тартиб дода буданд. Вале дар марҳилаи охир бо супориши «боло» ҷашн ба таври дигар сурат гирифт, ки пайомадаш вокуниши дигар шуд.
Чорабинии 17 марти соли 2012, яке аз иқдоми тарҳрезишуда аз ҷониби комиссиюни муштараки тадорукот буд, ки пас аз як ҳафтаи ҷашни расмии садсолагии матбуоти тоҷикӣ алорағми ҷудоиандозон сурат гирифт.
[b]Уктами Чумазода
Салом Устод! Барраси ва таҳлил нишон дод, ки Фармони 622 -президенти кишварро ҳар мақомот ба таври худ ва бо фоизи муайян иҷро мекунад. Вобаста ба мушоҳида банда мақомотро дар иҷрои ин фармон ба 3 гурӯҳ тақсим кардам.
Гурӯҳи аввал фаъол буда, 80-100 фоиз иҷро мекунанд. Ба ин рӯйхат Вазорати адлия ва Шӯрои адлияро ворид намудан мумкин аст.
Гурӯҳи дуввум фармони 622-ро қисман иҷро мекунанд, аз ҷумла Кумитаи андоз
Ба гурӯҳи сеюм онҳое дохил мешаванд, ки Фармони мазкурро умуман иҷро намешавад. Ба ин гурӯҳ пеш аз ҳама Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи президенти кишварро ворид намудан мукин аст. Аз рӯзи ба имзо расидани фармони 622 то ба имрӯз ягон маротиба надидаам, ки раиси хадамоти алоқа ақалан ба як маводи танқиди посух гуфта бошад.
Таҷрибаи чанд соли фаъолияти рӯзноманигори нишон дод, ки мардум танҳо дар ҳолате тариқи матбуот ба раиси ҷумҳурӣ муроҷиат мекунанд, ки агар ба доди онҳо дар дигар ҷо нарасида бошанд.
Чун охирин ва ягона умед эшон ба президент муроҷиат мекунанд. Вале ба як яке аз ин мактубҳо аз тарафи дастгоҳ посух дода намешавад. Шумо сабаби инро дар чӣ мебинед? Чаро ба мактубҳое, ки ба номи президент навишта мешаванд, дастгоҳи раиси чумҳур посух намегӯяд? Кӣ бояд аз болои фармони мазкур назорат барад?
Саволи дигар он аст, ки дар вохӯрии Президенти кишвар бо журналистон ному насаби аксар рӯзноманигорони ҳафтаномаҳои хусусӣ хат зада шудаанд. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?[/b]
Мӯҳтарам Ҷумъазода
Албатта, таҳлилҳои Шумо асосе доранд, зеро иҷро нагардидани талаботи Фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи вокунишҳо ба маводи таҳлилию танқидии ВАО на фақат журналистонро ба ташвиш овардааст. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид намуд: «Ҷараёни иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидию таҳлилии воситаҳои ахбори омма» нишон медиҳад, ки на ҳамаи мансабдорон танқиди воситаҳои ахбори оммаро дуруст қабул мекунанд ва на ҳамеша аз он хулоса бароварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ меандешанд, — гуфт ӯ. — Баъзеҳо ҳатто ифшои камбудиҳои ин ё он соҳа ё ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеаро танқиди шахсияти худ пиндошта, изҳори норизоият ва ранҷиш мекунанд.
Илова бар ин, вокуниши баъзе шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма ба ҷузъ худсафедкунӣ ва бо чанд ҷумла аз сар соқит кардани масъала чизи бештаре нест».
Ба андешаи ман, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар вокуниши аслӣ ва вокеӣ ба маводи таҳлилию танқидии ВАО ибрати дигарон бошанд, зеро дар назди талаботи қонун ҳама баробар аст. Зиёда аз ин, назорати иҷрои ин фармон қисман ба ӯҳдаи онҳост. Ҳамзамон, ба риояи қонуният дар ҷумҳурӣ мақомоти прокуратура назорат мебарад. Ҳатто, мутобиқи талаботи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, гузоришҳои ВАО метавонанд барои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати масъулин асос бошанд. Дар сурати риоя нагардидани талаботи қонун, шаҳрванд ё ВАО метавонанд ба мақомоти марбута барои ҳимояиҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон муроҷиат намоянд. Барои ин, пеш аз ҳама донистани қонун ва роҳҳои татбиқи он дар зиндагии ҳамарӯза лозим меояд, ки дар ин самт журналистон бояд боҷуръату собитқадам бошанд.
Дар масъалаи хат задании ному насаби журналистони ҳафтаномаҳои хусусӣ, беҳтар мебуд ба масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ суол медодед. Ман фақат фарзия худро мегӯям, ин ҳама аз эҳтиёткории беасоси онҳо сарчашма мегирад. Ҳамзамон барои онҳо «Тафриқа андозу ҳукмфармои намо!»- шиори мақбул аст. Ин мушкилоти онҳост!
Ба ҳамаи онҳое, ки аз пайи журналистӣ — ин касби душвор ва боифтихор нон мехӯранд, бурдборию комёбиҳо таманно дорам!
Источник: