[b]Ҳамасола рӯзи 3-ми май журналистони тоҷик, Рӯзи озодии суханро ҷашн мегиранд. Дар назар аст, ки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд, рӯзи 5 майи соли равон, дар «Кохи матбуот» ин рӯзро бо дастгирии намояндагони мақомоти Суғд ва созмони ОБСИ таҷлил хоҳанд кард.[/b]
Вале як назарпусие, ки мо оид ба ҷойгоҳи озодии баён дар кишвар миёни журналистони суғдӣ доир намудем, собитгари он буд, ки назарҳо дар ин бора мухталифанд. Суоле ки мо бо чанде аз коршиносон ва журналистон дар миён гузоштем ин буд: Оё шумо то куҷо дар фаъолияти худ озодии баёнро эҳсос мекунед?
Алишери Толиб, хабарнигори мустақил аз маркази Суғд дар робита ба ин суол чунин ибрози назар кард:
-Пеш аз ҳама зимни фаъолияти корӣ дар расонаҳо, ман озодии баёнро аввалан эҳсос мекунам. Чун масалан имрӯз қонунҳои Тоҷикистон ва Сарқонуни кишвар ба мо озодии баёнро кафолат додаст. Фикр мекунам, ки агар хабарнигор дар такя ба қонунҳо ва Сарқонун амал кунанд, ин озодиро бештар эҳсос мекунад. Вале ҳангоми фаъолияти корӣ фишор ва ё барои озодбаёнӣ таҳдиду фишор мешавад, яъне албатта ин ҳолатҳо дида мешавад.
Аммо имрӯз як ҳолати аҷиб дар ҷомеа ба миён омадааст. Махсусан бештари вақт ба худи хабарнигор фишор оварда намешавад, зеро вақте ба хабарнигорон фишор меоранд, онҳо аз ҳар ҷониб ҳимоят мешаванд. Бештар аз сӯи созмонҳои байналмиллалӣ дифоъ аз ҳаққи хабарнигорон дида мешавад. Аммо бештар қаҳрамонҳои худи хабарнигорон боиси фишору таҳдидҳо аз сӯи мақомот ва дигар афроди ҷомеа қарор мегиранд, ки ин бисёр боиси нигаронӣ аст -мегӯяд рӯзноманигори ҷавон Алишер.
-Аз ин лиҳоз ҳар хабарнигор, хосса шахсан банда баъди он, ки ягон мақола ва ё матлаб менависам, аз фаъолияти минбаъдаи қаҳрамони худ нигарон мешавам. Пас аз он ки суханҳои онҳоро нашр мекунем, оё кафолат ҳаст то онҳо аз сӯи ягон нафар фишор ва ё мавриди озор қарор нагиранд? Ин аст бештар мавриди нигаронкунанда дар озодии баён.
Аммо дар ин маврид Маъсуми Муҳаммадраҷаб хабарнигори радиои «Озодӣ» дар вилояти Суғд чунин мегӯяд:
-Дар давоми фаъолияти кории худ ман маҳдудияти озодии баёнро чандон ҳис намекунам. Аммо дар сурати умум бигӯям барои хабарнигоре, ки мехоҳад воқеъан як мақолаи таҳқиқотӣ нависад ва ё барномаи таҳқиқотию таҳлилӣ кунад имкон ҳаст, фазои мо то дараҷае маҳдуд нест. Барои таълифи мақолаву омода кардани гузоришҳо дарҳо боз аст. Танҳо барои ин журналист бояд заҳмат кашад, ҷустуҷӯ намояд, яъне аз баён кардани проблемаҳо наҳаросад.
Ҳаминро низ қайд бояд кард, ки озодии баён дар марказ нисбатан фарозтар аст, нисбат ба марказҳои вилоятҳо. Ва ба навбати худ назар ба марказҳои вилоят, фазои озодии баён дар маҳалҳою ноҳияҳо маҳдудтар аст. Хусусан дар бархе аз ҷамоатҳо. Шояд аз он ҷиҳат, ки фазои зиндагӣ дар марказ озод аст. Аммо дар маҳаллҳо худи фазо маҳдуд аст. Вақте, ки худи фазо маҳдуд шуд, пас озодии баён ҳам буда наметавонад. Озодии баён вобаста аст аз худи фазои иқтисодию иҷтимоии мардум, ки он ҷо зиндагонӣ мекунанд-
Вале Дилбар Самадова, коршинос дар ин хусус чунин назар дорад:
-Ҳар нафаре, ки худро журналист ҳисоб мекунад, ман гумон мекунам, ки боби якуми Сарқонун басанда аст, ки давлати мо демократӣ эълон шудааст.
Ва ҳар нафаре, ки як зарра худро инсони комилҳуқуқ эътироф мекунад, бояд аз рӯи ҳамин чиз амал кунад, ки ӯ дар давлати демократӣ фаъолият мекунад ва вобаста ба ин қонунгузориҳои кишварро риоя кунад.
Бештар ман гумон мекунам, ки дар кишвар бахусус дар вилояти Суғд озодии баён вуҷуд дорад. Вале на ҳар як журналист аз ҳамин чиз истифода мекунад. Яъне на ҳар як журналист аз ӯҳдаи корӣ худ баромада наметавонад. Ин як камбудӣ аст. Яъне ман дар назар дорам бештар эҳсос мешавад худсензура. Мо худамонро худамон зери ин ё он фишор қарор медиҳем — мегӯяд Дилбар Самадова.
Ба ҳар ҳол нисбат ба солҳои пештара имрӯз воқеъан озодии сухан эҳсос мешавад. Ман дар назар дорам расонаҳои мустақиле, ки дар ҷумҳурӣ нашр мешаванд. Хеле маводҳое ба нашр мерасад, ки ҷавобгӯи талаботи демократӣ аст.
Вале як чизи дигареро қайд қардан мехоҳам, ки имрӯз мутаассифона баъзе аз қонунҳое, ки фаъолияти журналистро танзим мекунанд, ҷавобгӯи давлати демократӣ нестанд. Новобаста аз он, ки Президенти кишвар дар вохӯрӣ бо журнавлистон баъзе чизҳоро ишора кард ва ваъда ҳам дод, ки дар қонунгузорӣ баъзе дигаргуниҳо бояд дароварда шавад.
Дилбар Самадова мегӯяд: -Аммо бо вуҷуди ин ман гумон мекунам, ки ягона чизе, ки озодии сухани моро пурра таъмин мекунад, муттаҳидии худи журналистон аст. Агар худи журналистон муттаҳид шаванд ва ҳуқуқҳои худро аз рӯи қонун истифода кунанд, пас вазифаи худро дар назди ҷомеа адо карда метавонанд.
Моҳирахон Хоҷаева.
Источник: http://www.tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=25303