Все записи автора admin

Парлумон қонуни нави ВАО-ро ба тасвиб расонд

[b]Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонуни нав дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд.[/b]

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр тарҳи қонун дар бораи Васоити ахбори оммаро тасвиб карданд. Муаллифони ин тарҳ дар ҷаласаи парлумон гуфтанд, ки қонуни нави матбуот дар муқоиса ба қонуни феълӣ соддатар ва дар он баъзе бартариҳо ба фаъолияти хабарнигорон дода шудааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, дар қонуни нав таъкид шудааст, ки мақомот ба суолу номаҳои хабарнигорон бояд дар тӯли се рӯз посух бидиҳанд. Дар ҳоле ки дар қонуни феълӣ ин муҳлат як моҳ таъин шудааст.

Хабарнигори парлумонии Радиои Озодӣ, ки ин ҷаласаро назорат дорад, гуфт, қонуни нави Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қонуни феълӣ чаҳор модда камтар мебошад. Қонуни нав аз 6 бобу 36 модда иборат буда, тарзи ташкили нашрияҳо ва фаъолияти хабарнигоронро танзим менамояд. Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон — Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд.

Тарҳи мазкур дар тӯли ин муддат 18 бор дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Олим Салимзода, яке аз муаллифони ин тарҳ, ҳамагӣ се рӯз пеш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки «тарҳи қонун дар он шакле, ки имрӯз омода шудааст, ҳам аз нигоҳи услуб ва ҳам аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи забон ва тарзи баён хеле такмил ёфтааст.»

Источник: http://www.ozodi.org/content/new-law/24796016.html

CPJ:Афзоиши бесобиқаи хабарнигорони зиндонӣ дар ҷаҳон

[b]Имсол теъдоди бесобиқаи хабарнигорон аз озодӣ маҳрум карда шудаанд – ба иттилои CPJ -Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, соли равон барои фаъолияти касбӣ 232 хабарнигор равонаи зиндон шудааст, ки назар ба як соли пеш 50 нафар бештар аст. Гузориши нави Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар ин бора ахиран нашр шуд. Ин гузоришҳо аз соли 1990 ба ин сӯ таҳия мешаванд.[/b]

Бар пояи иттилои CPJ, теъдоди хабарнигорони боздошт ва зиндонишуда аз ҳама бештар – 49 нафар дар Туркия аст. Дар Эрон 45 хабарнигор, дар Чин 32 корманди расонаи хабарӣ, ки бештари онҳо ӯйғур ё тибетиянд, дар чаҳордекори маҳбас ба сар мебаранд. Миёни кишварҳои шӯравии собиқ Озарбойҷон “рекордсмен” аст – дар ин кишвар 9 рӯзноманигор аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Хабарнигорон бештар бо иттиҳоми «терроризм» ва «хиёнат ба давлат» аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/news/20121211/538/538.html?id=24795037

ҚОНУНИ ВАО ДАР ТАРҲИ НАВ ҚАБУЛ ХОҲАД ГАШТ

[b]Шўрои Маҷлиси намояндагон дар ҷаласае, ки рўзи 10 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат доир гардид, се лоиҳаи қонуни конститутсиониро баррасӣ намуд.[/b]

Инҳо лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мебошанд.

Аз Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аъзои Шўро ҳамзамон лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи ветеранҳо», «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ»-ро муҳокима намуданд.

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Сафаралӣ Раҷабов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро доир ба аҳамият ва муҳтавои масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/25641-1178onuni-vao-dar-tar1203i-nav-1179abul-ho1203ad-gasht.html

Изҳороти Вакили олӣ Кэтрин Эштон аз номи Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон аз 10 декабри соли 2012

[b]Имрӯз, 10 декабри соли 2012, рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Ҳимояи ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун мавзӯъҳои умумиянд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсати хориҷиамон мавҷуданд.[/b]

Дар замони ҳозира, соли рафтаистодаро ба ёд оварда, натоиҷи фаъолияти самараноки ИА-ро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст менамоем. ИА дурнамои ҳуқуқи инсонро бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва мутобиқати сиёсати ИА оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи тамоми фаъолияти худ қабул кард. Бори нахустин аст, ки Вакили махсуси ИА оид ба масоили ҳуқуқи инсон (ҷаноб Ставрос Ламбринидис), бо мақсади мусоидати ҳуқуқи инсон тариқи муколама бо намояндагони давлатҳои рӯ ба тарақӣ, ва инчунин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, таъин карда шуд. ИА ҳамчунин ҷоизаи сулҳи Нобел дар октябри соли 2012 ба аломати эътирофи талошҳояш дар соҳаи оштии баъдиҷангӣ, демократия ва дастгирии ҳуқуқи инсон, ки ба вусъат додани минтақаи сулҳу субот дар қитъа мусоидат намуд, сазовор шуд. Мантиқист, ки тақдими ин ҷоизаи барҷаста ба рӯзи баҷашнгирии ҳуқуқи инсон рост меояд.

Соли ҷорӣ мавзӯи Рӯзи ҳуқуқи инсон ин ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва додани ҳуқуқи иштирок дар он мебошад. Мавзӯи мазкур махсусан муҳим аст дар партави раванди гузариш ба демократия, ки мо шоҳиди онро дар солҳои охир мебошем. Дар баъзе аз давлатҳои ҳамсояи ИА, ба мисли Тунис, Ливия ва Миср интихоботи демократии соли гузашта бо мувафаққият ташкил ва гузаронда кардашуда ба бисьёре аз шаҳрвандон нахустин бор овоздиҳии кушод ва иштирок дар ҳаллу фасли масалаҳое, ки ба ояндаи онҳо алоқаманданд, имконият дод. Чунин рағбат ба демократӣ кунондани ҷамъият инчунин дар дигар манотиқ ошкор аст.

Баъд аз даҳсолаҳои чазоҳои дохилӣ, дар Бирма/Мянма билохира тағьироти пуртаъсир рӯй медиҳад. Дар Сомали, мо қабули Конституцияи навро писандидем ва интихобот дар Серра Леоне чанде пеш рӯйдода дар вазъияти осоишта баргузор гардид.

Аммо дар пеш кори зиёде истодааст, барои дастгирии онҳое, ки баҳри тарафдории арзишҳои асоснок ва ба умеди рӯзҳои нек барои худ ва насли оянда ҳаёти худро ба хатар андохтаанд. Баргузории интихобот дар роҳи демократияи устувортар шуда, ки дар асоси ӯ тақвияти ҳуқуқи инсон имконпазир мебошад, фаққат аввалин қадам шумурда мешаваду халос. Ҳуқуқҳо дар ҷамъият бояд тавассути қонун, ва инчунин тариқи таҷрибаи ҳаррӯза, мустаҳкам карда шаванд. ИА хуб дарк мекунад, ки ҳукуматҳои гуногун барои таҳкими маҳдудиятҳо болои фаъолияти қонунии ташкилотҳои ғайридавлатӣ саъю кушиши навро андешидаанд — махсусан, аммо на танҳо болои фаъолияти ононе, ки маблағро аз хориҷа дарьёфт мекунанд. ИА саршори эҳсоси ҷасорат аст, ки дар оянда ҳам барои кори муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак расонад. Бо чунин мақсад, Фонди Аврупоӣ барои демократия, ҳамчун мисоли изҳори махсуси тарафдории ИА баҳри демократия дар Минтақа ва берун аз он, таъсис ёфт.

Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шахс дар риояи ҳуқуқи худ дар иштироки баробар озод бошад. Занон ва ҷавонон дар ҷунбишҳои демократӣ мавқеи муҳимтарин доштанд ва сарчашмаи илҳом барои мардумон дар саросари ҷаҳон буданд, ки мо шоҳиди он дар давоми соли ҷорӣ будем. Шахсони маъюб, мисли пешина, дар вақти истифода бурдани ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба монеаҳо дучор мешаванд, ва дар хусуси онҳо чора андешидан лозим аст то ин, ки монеаҳои мазкур бартараф карда шаванд. ИА кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ин ки ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон тавассути ташкилотҳои бисерҷониба ва байналмилалӣ дар рӯҳи мушорикати аслӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, барои дастгирии давлатҳои демократии навтаъсис ва андешидани чорабиниҳои муносиб бо мақсади он, ки ҳуқуқи ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва иштирок дар он барои ҳар кадом шахс амри воқеӣ гардад.

Источник: Press and Information Officer, Delegation of the European Union to Tajikistan

«Таъхири баҳси қонуни ВАО, ба интихоботи 2013 рабте надорад»

[b]Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз ду сол аст, ки мавриди баррасии маҳофили рӯзноманигорон ва ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад.[/b]

Қарор буд ин лоиҳа моҳи ноябр ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ҷиҳати арзёбӣ ва пешниҳод барои муҳокима ба парлумон фиристода шавад. Аммо пешниҳоди он боз ҳам ба таъхир афтодааст.

Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд. Тарҳи мазкур чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун ба дарозо мекашад.

Дар як сӯҳбат Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи мазкур дар ибтидо ба ин пурсиш, ки чаро қабули он ба ин кундӣ ва кашолкорӣ пеш меравад, гуфт:

Идомаи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=214]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=214[/url]

Источник:

«Таъхири баҳси қонуни ВАО, ба интихоботи 2013 рабте надорад»

[b]Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон беш аз ду сол аст, ки мавриди баррасии маҳофили рӯзноманигорон ва ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад.[/b]

Қарор буд ин лоиҳа моҳи ноябр ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон ҷиҳати арзёбӣ ва пешниҳод барои муҳокима ба парлумон фиристода шавад. Аммо пешниҳоди он боз ҳам ба таъхир афтодааст.

Тарҳи нави қонуни матбуот дар ду соли пеш аз сӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода ва Акрамшо Филолиев таҳия ва ҷиҳати беҳтар ва хубтар омода шудани он, як гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон ва мутахассисон ташкил ва ба ин кор ҷалб шуда буданд. Тарҳи мазкур чанд навбат дар маҳофили журналистӣ баррасӣ ва мулоҳизоти хабарнигорон роҷеъ ба он гирифта шудааст. Аммо ба сабабҳои номаълум қабули он дар парлумон то кунун ба дарозо мекашад.

Дар як сӯҳбат Олим Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи мазкур дар ибтидо ба ин пурсиш, ки чаро қабули он ба ин кундӣ ва кашолкорӣ пеш меравад, гуфт:

[b]Салимзода:[/b] Тарҳи Қонун дар бораи васоити ахбори оммаи Тоҷикистон баъд аз муддати тӯлонӣ, ки гурӯҳи корӣ болои он кор кард, дар вақтҳои наздик ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад. Ва агар ки Шӯро пазируфт, минбаъд барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад. Чаро мо дар пешниҳоди ин тарҳ таъхир доштем? Сабаби асосӣ ин муҳокима аз сӯи гурӯҳи корӣ ва ҳамкасбони мову шумо буд. Чунки худи онҳо мехостанд, ки қонун ҳамаҷониба баррасӣ шавад ва сипас ба Маҷлис пешниҳод карда шавад. Албатта дар матни нави лоиҳа тағйироти зиёде ворид карда шудаанд. Аҳли қалам ҳама он ниёзҳову назару пешниҳодҳое, ки доштанд, мо кӯшиш кардем, ки онҳоро дар ин тарҳ ҷо бидиҳем. Ба назари ман ба унвони яке аз муаллифон, тарҳи қонун дар он шакле, ки имрӯз омода шудааст, ҳам аз нигоҳи услуб ва ҳам аз нигоҳи дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳам аз нигоҳи забон ва тарзи баён хеле такмил ёфтааст.

[b]Озодӣ:[/b] Ду сол мешавад, ки ин лоиҳа мавриди коркард қарор дорад. Вале ҳанӯз ҳам мушаххас нашудааст, ки ба Шӯро кай пешниҳод мешавад. Баъзе сӯҳбатҳо мешавад, ки иллати таъхири он вобаста аст ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки барои баргузори он камтар аз як соли дигар мондааст?

[b]Салимзода:[/b] На. Ман қаблан ҳам зикр кардам, ки тарҳи аз ҷониби мо омодашуда фақат бо хоҳиши гурӯҳи корӣ, ки ҳамоно болои он кор мекард, пешниҳоди он ба таъхир афтод. Он ягон рабте ба интихоботи раиси ҷумҳурӣ надорад. Ва дар назар аст то охири ҳамин сол ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва мавриди тасвиб қарор бигирад.

[b]Озодӣ:[/b] Яке аз нуктаҳои баҳсбарангези Қонуни матбуот, тарзи сабти номи васоити ахбори омма ва мушаххас кардани ниҳодҳои масъул барои анҷоми ин кор аст. Яъне кадоме аз ниҳодҳо бояд ин масъулиятро бар дӯш дошта бошанд?

[b]Салимзода:[/b] Мувофиқи талаботе, ки қонунгузории Тоҷикистон дорад, вобаста ба тарзи ташкиливу ҳуқуқии васоитаи ахбор омма, ҳамаи онҳо аз қайди давлатӣ мегузаранд, сабти ном мешаванд ва ба хотири онки феҳристи васоити ахбори омма муназзам ва хуб пеш бурда шавад, онҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ягон чизе, ки боиси нигаронии аҳли қалам бошад, дар ин тарҳ вуҷуд надорад. Фақат мушаххасан барои сабти ном шудани нашрияҳо меъёрҳо дар тарҳи нав муфассал баён шудаанд, ки ин ё он нашрия вақте мехоҳад, ки таъсис ёбад, бояд чиро ба инобат бигирад, аз ойинномааш шурӯъ карда то он суроғае, ки ҷойгир мешавад.

[b]Озодӣ:[/b] Манзурам ин аст, ки минбаъд нашрияҳо дар вазорати адлия ё вазорати фарҳанг ва ё равзанаи ягонаи Кумитаи андоз сабти ном хоҳанд шуд?

[b]Салимзода:[/b] Сабти номи онҳо вобаста аст ба шакли ташкиливу ҳуқуқиашон. Чун баъзе аз онҳоро, ки муассисашон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аст, баъзеашон ниҳодҳои давлатӣ мебошад, инҳо аз равзанаи ягона вале дар вазорати фарҳанг фақат сабти ном мешаванд, яъне ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ба қайдгирӣ дар равзанаи ягона аст, албатта вобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва қисмеашон шояд дар вазорати адлия сабти ном бишаванд.

[b]Озодӣ:[/b] Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон масъалаи баста шудани бархе аз сайтҳо ба як мушкил табдил ёфта ва ҷомеаро нигарон кардааст. Дар ин авохир шабакаи иҷтимоии Facebook.com баста шуд, ки хеле сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, ки гуфта мешавад ба имиҷи байналмилалии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Оё ин масъала дар парлумон мавриди баррасӣ қарор намегирад?

[b]Салимзода:[/b] Баста шудани сайтҳо дар Тоҷикистон албатта рабте ба қонуне, ки мо таҳия кардаем, надорад. Ин баҳси ҷудогона аст. Умуман интернет ва фаъолияти интернет ин баҳси алоҳида аст. Албатта баста шудани Фейсбукро ман ҳамчун яке аз шаҳрвандони ин кишвар шахсан намеписандам. Бояд фаъол бошад ва то ҷое, ки аз он баҳсҳо, ки дар матбуот идома дорад, огоҳӣ ёфтам. Ин баста шудан, агар ҳамин хел гуфтан мумкин бошад, муваққатист.

Абдуқаюми Қаюмзод

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24793307.html

Пулти телевизиюн дасти мардум аст, ба ҳар коноле хоҳанд, «раъй” медиҳанд

[b]Агар барномаҳои як шабакаи телевизиюнӣ мутанаввеъ ва ҷаззоб набошанд, воқеъиятҳо, эҳсосоту авотиф ва манофеъи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар он бозтоб наёбанд, бинанда ба дунболи манобеъи дигари иттилоърасонӣ хоҳад рафт.[/b]

Ин вазъият гоҳо боъис мешавад, ки ақшору гурӯҳҳои ба ҳошия рондашуда ва маҳрум аз ахбору иттилоъот, аз ҷумла ҷавонон ва табақоти нодору камбизоъат, ба манобеъе рӯй оваранд, ки афкори ифротгароёна ва музир барои ҷомеъаро таблиғ мекунанд.

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 7 декабр дар ҷаласае, ки Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи Бритониё дар Душанбе баргузор кард, матраҳ шуд.

\’Телевизиюни ҷамъиятӣ\’

Ин ҷаласаи мизи гирд таҳти унвони \»Нақши телевизиюни ҷамъиятӣ дар пахши барномаҳои ҷаззобу мутанаввеъ ва ҷавобгӯйи интизороти мухотабон дар асри интернет\» бо ширкати намояндагони расонаҳо дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш аз ҷумла Морек Бекерман, мушовири ҳайъати уманои Сервиси ҷаҳонии Би-би-сӣ, ва Истивен Витл, нозири собиқи хатти машйи таҳририяи Би-би-сӣ, дар бораи чолишҳое сухан ронданд, ки ин расонаи бритониёӣ барои ҳифзи истиқлоли худ аз давлат, пойдорӣ дар баробари рақобат ва дифоъ аз асли \»ҷамъиятӣ (умумӣ) будани\» худ дар мароҳили мухталифе рӯбарӯ шудааст.

Морюс Лукосюнос, раиси собиқи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи Вилнюс, низ дар бораи \»Таҷрубаи табдили телевизиюни давлатӣ ба телевизиюни ҷамъиятӣ дар Литвонӣ\» суханронӣ кард.

Вай бо ишора ба гузаштани телевизиюнҳои саросарӣ ба системи пахши диҷитол гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин ки таҷҳизот барои дарёфти барномаҳои диҷитол маблағ мехоҳад, дар кишварҳои фақир мумкин аст ин амр бисёре аз гурӯҳҳо ё ақшори ҷомеъаро аз дастрасӣ ба талевизиюн маҳрум кунад.\»

Аз ин рӯ, вай муътақид аст, ки конолҳои телевизиюнӣ бояд барои таҳвил ба системи диҷитол барномарезии дақиқу фарогире дошта бошанд, то бахши аъзаме аз мухотабони худро дар фароянди гузор ба текнулужии нав аз даст надиҳанд.

Хатари ифротгароӣ

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, ҳадаф аз баргузории ин мизи гирдро табодули назар ва таҷруба барои \»беҳбуд бахшидан ба муҳтавои барномаҳои телевизиюнӣ\» дар Тоҷикистон хонд.

Вай гуфт: \»Эродҳое, ки дар бораи мундариҷаи барномаҳои телевизиюнии мо гирифта мешаванд, мунсифона ҳастанд. Ҳам шабакаҳои телевизиюнии давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ ниёзҳои на ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоъиро дар назар мегиранд.\»

Ин дар ҳолест, ки Истивен Витл, ки дар гузашта нозири хатти машйи таҳририяи Би-би-сӣ буд, гуфт: \»Воқеъият ин аст, ки агар телевизиюни давлатӣ ниёзҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоъиро дар назар нагирад, ҷомеъа ба манобеъи ифротӣ рӯй меоварад.\»

Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд давлат дар кунтрули барномаҳои телевизиюнияш қудратманд аст ва онҳоро ба минбари худ табдил диҳад, аммо дар заминаи ҷалби мухотабон ба телевизиюнҳои худ нотавон аст.

Оқои Витл афзуд: \»Имрӯз дастрасии мардум ба фанновариҳои ҷадид ва манобеъи мухталифи хабариро наметавон кунтрул кард. Пулт (фармон)-и телевизиюн дар дасти мардум аст ва онҳо ҳар шабакаеро, ки мехоҳанд, мегузоранд. Бо интихоби конолҳои мавриди назари худ онҳо дарвоқеъ ба ин ё он телевизиюн ба наҳве раъй медиҳанд.\»

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин таъкид шуд, ки бештари телевизиюнҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо пули давлат ё ҷомеъа ва ё аз ҳисоби молиёте, ки мардум ба давлат мепардозанд, фаъъолият мекунанд. Пас дар баробари тасмимоти мақомоти давлатӣ бояд манофеъ ва ниёзҳои мардум ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар таҳия ва пахши барномаҳо дар назар гирифта шаванд.

Инзиво ва ақабмондагӣ

Ширкаткунандагон масъулияти телевизиюни ҷамъиятӣ ё умумиро барои дастёбӣ ба эҷоди як ҷомеъаи дорои фарҳанг ва тамаддуни камоли матлуб бисёр муҳим хонданд.

Таъкид шуд, ки таҳия ва пахши барномаҳои хабарӣ, тафреҳӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва варзишии мавриди алоқаи гурӯҳҳои мухталифе аз ҷомеъа, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон, сиёсатмадорон, ақаллиятҳои қавмӣ ва ҳамаи ақшори дигари иҷтимоъӣ ба суди давлат ва миллат аст.

Бахусус дар ҷавомеъе, ки дар онҳо даромади мардум чандон боло нест, телевизиюн танҳо василаест, ки афкори умумиро шакл медиҳад ва диди онҳоро нисбат ба масоили фарҳангӣ, варзишӣ, беҳдоштию илмӣ ва ғайра фарохтар месозад. Дар ғайри ин сурат, мардуми зиёде беш аз пеш дар инзиво қарор гирифта ва аз ончи \»ҷомеъаи имрӯзин\» хонда мешавад, ақаб мемонанд.

Дар ҳамин ҳол, натоиҷи як пажӯҳиши Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон ҳокист, ки 77 дар сади ҷамъияти ин кишвар аз тариқи амвоҷи онолуг барномаҳои телевизиюнро тамошо мекунанд ва танҳо 22 дар сад аз онҳо онтенҳои моҳвораӣ доранд.

Омори корбарони телевизиюни кобелӣ дар Тоҷикистон ба 1 дар сад баробар аст. Телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки то моҳи июни соли 2015 пахши диҷитоли (рақамии) ҳамаи барномаҳои худро таъмин кунанд.

Бино ба иттилоъи расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 57 шабакаи родию ва телевизиюн вуҷуд дорад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2012/12/121207_sq_nansmit_media.shtml

Пулти телевизиюн дасти мардум аст, ба ҳар коноле хоҳанд, «раъй” медиҳанд

[b]Агар барномаҳои як шабакаи телевизиюнӣ мутанаввеъ ва ҷаззоб набошанд, воқеъиятҳо, эҳсосоту авотиф ва манофеъи гурӯҳҳо ва ақшори мухталифи ҷомеъа дар он бозтоб наёбанд, бинанда ба дунболи манобеъи дигари иттилоърасонӣ хоҳад рафт.[/b]

Ин вазъият гоҳо боъис мешавад, ки ақшору гурӯҳҳои ба ҳошия рондашуда ва маҳрум аз ахбору иттилоъот, аз ҷумла ҷавонон ва табақоти нодору камбизоъат, ба манобеъе рӯй оваранд, ки афкори ифротгароёна ва музир барои ҷомеъаро таблиғ мекунанд.

Ин матлаб рӯзи ҷумъаи 7 декабр дар ҷаласае, ки Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати хориҷаи Бритониё дар Душанбе баргузор кард, матраҳ шуд.

Идомаи маводро бо пахш кардани нишони зерин дар сомонаи мо мутолиа кунед: [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=213[/url]

Источник:

Баҳси таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон

[b]Имрӯз зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе, зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, мавриди баҳс қарор мегирад.[/b]

Намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, коршиносони шабакаи Би-би-сӣ ва расонаҳои дигари электронии кишвар, рӯзи ҷумъа дар бинои Маркази Исмоилия, ба баррасии масъалаи зарурати таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон, оғоз намуданд.

Ба қавли иштирокдорон, зимни ин ҳамоиш, бо намояндагони шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон роҳҳои истифодаи барномаҳо ва намоишҳои алоҳида дар чаҳорчӯби талаботи телевизиони ҷамъиятӣ дар шабкаҳои телевизиони Тоҷикистонро, мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои электронии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни радио ва телевизион, банди махсус дар мавриди таъсиси телевизони ҷамъиятӣ дар кишварро ворид намояд.

Бо вуҷуди он, ки дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, ба вижа дар Қирғизистон телевизиони ҷамъиятӣ фаъол мебошад, ин барои нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон ин мавзуъ мавриди баҳс қарор мегирад. Дар ҳоли ҳозир дар Русия заминаҳои фаннӣ ва қонунии таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ, омода шудааст.

Телевизиони ҷамъиятӣ комилан як телевизони мустақил буда, барномаҳои он бидуни фармоиш ва ё амри кадом ҷониб, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва ё ниҳоди дигар, омода ва пахш мешавад.

Телевизони ҷамъиятӣ ҳамчун минбари озод ва шаффофе дар ҷомеа хоҳад буд, ки дар он афкори гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, намояндагони аҳзоб, ходимони давлат ва ба сурати умум намояндагони ҳама ақшори ҷомеаи кишвар инъикос хоҳад ёфт.

Таъсиси телевизиони ҷамъиятӣ ба вижа барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, муҳим хонда мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24791706.html

МАҚОМИ ТЕЛЕВИЗИОНИ ҶАМЪИЯТӣ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

[b]Бо ибтикори Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон ва дастгирии шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би – Си 7 декабр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақоми телевизиони ҷамъиятӣ дар рушди гузоришҳои мухталиф ва барномаҳои ҷолиб дар шароити интернет» баргузор мегардад.[/b]

Дар кори мизи мудаввар сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлаталӣ Назриев, муовини сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Марк Оудгам, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили хабарии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ҳамчунин коршиноси бахши васоити ахбори оммаи шӯъбаи байналмилалии ҳамкории Би – Би — Си Марек Бекерман иштирок менамоянд.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ вазифаҳои васоити ахбори оммаи давлатию ҷамъиятӣ дар замони интернет, ҳамчунин гузариш аз пахши ахбори давлатӣ ба ахбори ҷамъиятӣ ва тамобюлҳои рушди сиёсати таҳририи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон муҳокима мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/25604-ma1179omi-televizioni-1207amiyat1251-dar-sharoiti-muosir.html