Все записи автора admin

Шаҳрдории Душанбе «ТВ-1»-ро ба додгоҳ кашид

[b]Як намоиши Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон сабаби норозигии шаҳрдори Душанбе шуда, сарпечии телевизион аз пахши ҷавоби шаҳрдорӣ, акнун боиси баҳсе дар додгоҳ мегардад.[/b]

Дар аризааш ба суди ноҳияи Шоҳмансур, шаҳрдорӣ Шабакаи якумро ба нашри гузориши якҷониба ва паст задани шаъну эътибори худ айбдор мекунад.

Онҳое, ки ин гузориши телевизиониро дидаанд, мегӯянд, дар он хонаҳое нишон дода мешуд, ки зери ярч мондаанд ва осебрасидагон ёриҳои фаврии шаҳрдориро тақозо кардаанд.

Шавкат Сайидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, дар ин гузориши барномаи «Ахбор» дар шоми 2-юми май назари мақомоти шаҳр ҷой надошт, ҳол он ки аввалан хонаҳои мазкур худсарона ва дар ҷои хатарнок сохта шуда, бо вуҷуди ин шаҳр ба осебзадагон мадад расонда буд.

Ҷаноби Сайидов афзуд, шаҳрдорӣ ба унвони Шабакаи Якум ва Кумитаи радио ва Телевизиони Тоҷикистон роҷеъ ба ин гузориш номаи эътирозӣ навишта ва аз онҳо хост, ки дар ин бора раддия пахш кунанд. Аммо дархости шаҳрдорӣ иҷро нашуд ва акнун ягона чора муроҷиат кардан ба додгоҳ аст:

“Хабарнигорон, новобаста аз онки дар расонаи хусусӣ ва давлатӣ фаъолият мекунанд, аз фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фазои иттиллоти кишварро махлут созанд. Дар ин зимн шаҳрдорӣ бо истифода аз ҳуқуқҳое, ки қонунгузории кишвар муҳайё кардааст истифода карда ва барои ҳимояи шараф ва эътибори кории худ ва бо аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард, ки Шабакаи якуми телевизион расман бобати нодурустии гузориши хабарнигори худ дар барномаи «Ахбор» раддия чоп интишор карда ва ҳамзамон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад.”

Дар посух ба ин даъво Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон сукут ихтиёр кард, аммо Муҳаммад Ғоиб, мудири барномаҳои Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон гуфт, ки гузориш дар асоси муроҷиати сокинони Душанбе таҳия гашт ва ҳадаф аз он тасвири вазъи шаҳрвандон буд.
Дар мавриди он, ки чаро назари мақомоти шаҳр ба гузориш роҳ наёфт ва ин акнун сабаби эътирозҳо гашт, ҷаноби Ғоиб гуфт, ки мақомот на ҳамеша омодаи сӯҳбат бо хабарнигоронанд ва телевизион дар гузориши худ роҷеъ ба мушкилоти сокинони пойтахт вазифаи худро то ҳадди мумкин анҷом дод:

“Навор пахш шудааст. Ин радио бошад, ки бигӯянд бофтааст ва ё газета бошад, ки гӯянд дурӯғ навишта шудааст. Барои навор пеш аз ҳама журналист ҷавоб медиҳад. Телевизиони давлатӣ аст. Муроҷиати шаҳрвандонро ба назар гирифта ба маҳалли ҳодиса меравад. Дар аксари ҷойҳо назар гирифта намешавад. Чунки қабул намекунанд. Назди он одамҳо равӣ мегӯянд, ки раис нест. Мо ҳақ надорем. Як мактуби оддиро мепурсӣ мегӯяд, ки мо ҳақ надорем. Онҳо як бор бо телефон ба мо гап заданд. Ман гуфтам, ки расман ба Кумита нома нависед.”

Норозигӣ аз гузоришҳои якҷониба дар васоити ахбори умум ҳодисаи нав нест ва борҳо сабаби кашокаш дар додгоҳҳо шудааст. Аммо бори аввал аст, ки шаҳрдорӣ бо телевизиони давлатӣ вориди чунин баҳс шуда, шахси дуввуми раҳбарияти кишвар, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадсайид Убайдуллоев дар он шомил мегардад. Аз ин рӯ бархӯрди коршиносон ва таҳлилгарон ба ин қазия аз ҳам фарқ мекунад.

Зиннатуллоҳи Исмоил, узви Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бар ин аст, ки дар ҳоле як ниҳоди давлатӣ мавриди танқид қарор мегирад, шарт ва зарур аст, ки назари ин ниҳод низ инъикос ёбад. Танҳо дар он сурат гузориши хабарнигор аз барчаспи яктарафагӣ эмин мемонад. Аз ҷониби дигар меафзояд ҷаноби Исмоил, беҳтар буд,
ки ин мушкил дар ҷаласаи Шӯрои ВАО ҳалли худро пайдо мекард, то инки ба додгоҳ кашонида шавад:

“Журналистон, ки рисолати касбиашон расонидани иттилоот аст, бояд ҷонибҳое, ки ба иттилоъ вобаста мебошанд аз онҳо ва низ аз манбаъҳои мӯътамад истифода кунад. Мо дар Шӯрои ВАО бар ин ақида астем, ки кулли ин баҳсҳо то додгоҳ ҳал шаванд ва агар шаҳрдорӣ ба мо Шӯрои ВАО муроҷиат мекард, мо ин баҳсро то додгоҳ ҳаллу фасл мекардем ва албатта ин беҳтар аз он буд, ки баҳс ба додгоҳ кашонида шавад.”

Нашри гузориши танқидӣ аз фаъолияти шаҳрдорӣ дар Шабакаи якуми Тоҷикистон бори аввал рух намедиҳад. Дар чанд мавриди дигар низ ин расона фаъолияти баъзе аз ниҳодҳои шаҳрдориро номуассир хонда буд. Аммо ба ақидаи бархе аз соҳибназарон, ҳанӯз наметавон гуфт, ки ин гузоришҳоро аломати бартарӣ ёфтани назари танқидии Шабакаи аввал ба мушкилоти кишвар номид. Зеро дар мавриди айни чунин мушкилот, ки дар бақия шаҳру навоҳии кишвар фаровон ба назар мерасад, Шабакаи якум сукут меварзад.

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд вақте аз радио ва телевизонҳои давлатӣ умдатан ба унвони абзори идеологӣ истифода мешавад, нашри гузоришҳои интиқодӣ дар ҷомеа бардоштҳои гуногунеро ба вуҷуд меоранд: “То ҳанӯз ҳам онҳо худро ба сифати як бахши идеологии ҳукумат муаррифӣ мекунанд. Ва мушкили аслӣ ҳам аз ҳамин бармеояд. Шояд дидаву дониста ҳамин гуна барномаҳо пахш мешаванд ё шояд ба интрига ва ё чизҳое марбут аст, ки мо намедонем.”

Бо ин ҳол додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба баррасии шикояти шаҳрдорӣ алайҳи Шабакаи якум шурӯъ накардааст. Гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир мӯҳтавои шикоят омӯхта мешавад. Ба чӣ шакл ҳал шудани ин баҳси додгоҳӣ миёни ду ниҳоди давлатӣ метавонад рӯшан кунад, ки ин як баҳси қатории гузоришҳои яктарафа аст ё ангезаҳои дигаре дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634547.html

Банди «тӯҳмату таҳқир» аз Кодекси ҷиноӣ берун шуд

[b]Раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ дар мавриди ҳазфи бандҳои марбут ба «тӯҳмат» ва «тавҳин»-ро ба имзо расонид.[/b]

Ҳамакунун моддаҳои тӯҳмату таҳқир аз қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон хориҷ гардида, ба қатори қонуншиканиҳои шаҳрвандӣ шомил шуданд ва бо нашр шудан дар матбуоти расмӣ, ҳукми қонунӣ мегиранд.

Ҳазфи моддаҳои вобаста ба «тӯҳмат» ва «таҳқир» дар пайи ислоҳот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон иттифоқ афтод. Маҳофили хабарӣ ва рӯзноманигорони тоҷик низ аз ислоҳоти мазкур ба қонуни ҷиноии кишвар истиқбол карданд. Зеро аз чанд сол ба ин сӯ маҳз хабарнигорон буданд, ки дархости ҳазфи ин бандҳоро аз қонунгузории кишвар дар миён мегузоштанд.

Дар таърихи 10-уми марти соли ҷорӣ зимни як нишаст ба муносибати 100 солагии матбуоти тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод карда буд ки моддаҳои 135 (тӯҳмат) ва 136 (таҳқир) аз Кодекси ҷиноии Тоҷикистон берун карда шаванд.

Бо ин ҳама, коршиносон мӯътақиданд, ки лағви ин бандҳо аз қонун, мавридҳои баҳси додгоҳӣ бо хабарнигоронро коҳиш хоҳад дод. Дар ҳоле ки дар гузашта чунин мавридҳо, ки барои нашри матолиби танқидӣ хабарнигорон маҳкум ба зиндон шуда буданд, ҷо доштанд. Намунаи равшани он, ба се соли зиндон ва 35 ҳазор сомонӣ муҷозот шудани Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори минтақаии нашрияи «Нури Зиндагӣ» аст, ки наздик ба як сол дар зиндон ба сар бурда ва гуноҳаш ҳам «таҳқир»- и як масъули додситони ноҳияи Ашт зимни нашри як матлаб буд.

Бо назардошти он, ки банди муҷозот барои тӯҳмат ва таҳқир аз қонуни ҷиноӣ ҳазф шуд, имкони қабули қонуни нави матбуот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он низ бештар шудааст. Қонуни ҳозираи матбуоти Тоҷикистон дар 20 соли пеш, ҳанӯз дар соли 1990 аз сӯи порлумони Тоҷикистони Шӯравӣ қабул шуда буд. Аммо дар ин муддат чандин бор ба он тағйирот ва илова ворид намуданд.

Дар ҳафт-ҳашт соли пеш низ гурӯҳе аз созмонҳои журналистӣ бо пуштибонии созмонҳои байналмилалӣ тарҳе аз қонуни матбуотро барои қабул таҳия ва пешниҳод карда буданд, ки аз сӯи ниҳодҳо ва афроде, ки ҳаққи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, дастгирӣ пайдо накард.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24634444.html

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=204[/url]

Источник:

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=203[/url]

Источник:

Дастрасии озод ба сойтҳои ‘ифротгаро’ дар Тоҷикистон

[b]Алорағми ҳукми Девони олии Тоҷикистон дар мавриди масдудияти сойтҳои муртабит ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар ин кишвар, ин сойтҳо ҳамчунон қобили дастрасист.[/b]

Аз сӯйи дигар, манобеъи амниятии Афғонистон гузориш додаанд, ки гурӯҳҳои пайкорҷӯ, аз ҷумла «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», талошҳои худро барои ҷалбу омӯзиши ҷавонони тоҷик ва бозпас фиристодани онҳо ба қаламрави Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти теруристӣ тақвият кардаанд.

Девони (Додгоҳи) олии Тоҷикистон рӯзи 3 май фаъъолияти «Ҷамоъати Ансоруллоҳ», як гурӯҳи исломгарои навпоро, дар ин кишвар мамнӯъ эълом кард.

Тоҳир Қодиров, додраси Девони олӣ, он замон эълом карда буд, ки ширкатҳои иртибототи Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дастрасӣ ба сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет»-ро, ки ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» мутаъаллиқ дониста мешаванд, масдуд кунанд.

Аммо бо гузашти якуним моҳ аз аз он замон, дастрасӣ ба ин сойтҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҳамчунон имконпазир аст. Масъулони бархе аз ширкатҳои фароҳамгари хадамоти интернетӣ гуфтанд, ки дар бораи масдудсозии ин сойтҳо ҳеч гуна дастуре «аз боло» нагирифтаанд.

Сойтҳои «Иршод.ком» ва «Иршод.нет», ки Девони олии Тоҷикистон онҳоро ба «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» муртабит медонад, худро «минбари муҷоҳидин» муъаррифӣ мекунанд ва матолиби ин сойтҳо ғолибан аз даъвати мардум ба ҷиҳод ва «афзалтар будани ҷиҳод» бар соири ибодатҳо ва умури мазҳабӣ, аз ҷумла ҳаҷ ва таъмири масҷид, иборат аст.

Тибқи мусаввабаи Девони олии Тоҷикистон, «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як гурӯҳи «теруристӣ ва ифротгаро» шинохта шуда ва гуфта мешавад, ки фаъъолияти ин гурӯҳ амнияти Тоҷикистонро ба хатар меандозад.

Як мақоми амниятӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» «хатарноктарин гурӯҳи теруристӣ ва ифротгаро» барои амнияти Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва хатароти он аз Алқоъида ва Толибон бештар аст.

Вай ҳамчунин гуфт, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» як бахши Ҷунбиши Исломии Узбакистон, як гурӯҳи тандрави исломӣ дар минтақа, аст, ки аз сӯйи Алқоъида ҳимояти молӣ мешавад.

Зимнан, расонаҳои гурӯҳии Афғонистон бо такия ба манобеъи амниятӣ иттилоъ додаанд, ки аъзои «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ва шабакаи Ҳаққонӣ талош доранд фаъъолиятҳои теруристии худро аз манотиқи шимоли ғарби Покистон ба Тоҷикистон мутамаркиз кунанд.

Шабакаи телевизиюнии «Тулӯъ» аз қавли Шафиқулло Тоҳирӣ, муъовини сухангӯйи Идораи амнияти Афғонистон, хабар дод, ки «гурӯҳҳои теруристӣ, ки дар устони Вазиристони Шимолии Покистон мустақар ҳастанд, тавассути пайкорҷӯёни тоҷик ва узбак амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунанд.»

Шабакаи телевизиюнии «Ориёно» бо такия ба манобеъи амниятӣ хабар дод, ки «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» ҷавонони тоҷикро ба суфуфи худ ҷалб карда ва онҳоро барои омӯзиш ба урдӯгоҳҳо дар Покистон эъзом мекунад. Сипас ин афрод барои анҷоми амалиёти теруристӣ ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Манобеъи амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон аз ибрози назар дар ин бора худдорӣ карданд. Аммо дар баҳори соли ҷорӣ ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон чанд мазнун дар узвияти Ҷунбиши Исломии Узбакистонро боздошт карданд. Як узви дигари ин гурӯҳ дар Покистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ қасд доштааст теъдоде аз сокинони рустои «Қизилнишон»-и ноҳияи Қумсангирро барои омӯзиш ба Покистон бифиристад.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабӣ, дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки афзоиши фаъъолияти гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломӣ дар Тоҷикистон «ғайричашмдошт нест.»

Вай афзуд: «Ҷунбиши Толибон муваффақ шуд, ки дар масири хурӯҷи нерӯҳои ғарбӣ аз Афғонистон тавассути қаламрави Покистон монеъ эҷод кунад ва то андозае «пирӯз» шавад. Ҳоло мавзӯъи истифода аз ин масир барои нерӯҳои НОТУ норӯшан аст. Ҳамакнун Толибон ва гурӯҳҳои вобаста ба он талош хоҳанд кард, ки дар масири шимолӣ низ барои НОТУ мушкил эҷод кунанд.»

Ба эътиқоди оқои Ҳодизода, ин гурӯҳҳо бо шумули аъзои Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» дар манотиқи ҳаммарз фаъъол хоҳанд шуд, вале вай афзуд, ки суоли матраҳ ин аст, ки дар минтақаи ҳаммарзи кадом кишвар, Тоҷикистон ё Афғонистон?

Фаридун Ҳодизода гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд пайкорҷӯён умдатан дар манотиқе фаъъолият хоҳанд кард, ки ҳифозат аз марз дар он манотиқ душвортар аст.

Манобеъи пулис ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар додаанд, ки тӯли ду ҳафтаи ахир дар минтақаи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчии маводди мухаддир амалиёти вижае анҷом медиҳанд.

Аммо рӯшан нест, ки дар ин амалиёт оё марзбонони тоҷик бо гурӯҳҳои вобаста ба Ҷунбиши исломии Узбакистон ё «Ҷамоъати Ансоруллоҳ» низ даргир шудаанд ё хайр.

Аз сӯйи дигар, рӯзи сешанбеи 19 июн ҳамоише дурӯза дар бораи густариши ифротгароӣ дар Тоҷикистон ба ибтикори Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо оғоз шудааст.

Дар ин ҳамоиш, ки пушти дарҳои баста доир мешавад, коршиносон, диплумотҳои хориҷию маҳаллӣ, намояндагони давлат ва ҷомеъаи маданӣ роҳҳои муқобала бо ифротгароиро баррасӣ мекунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120619_if_ansarollah_islam.shtml

Пойгоҳи Русия камари расонаҳои мустақиллро мешиканад

[b]Намояндагони шуморе аз расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия, мустақар дар ин кишварро, ба ончи «миёншикании рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон» мехонанд, муттаҳам кардаанд.[/b]

Ин мавзӯъ рӯзи ҷумъаи 22 июн дар ҷаласаи марбут ба панҷумин солгарди таъсиси телевизиюни «Симои мустақили Тоҷикистон» (СМТ) матраҳ шуд.

Масъулони Симои мустақилли Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ду сол пеш бад-ин сӯ сокинони бархе аз манотиқи Тоҷикистон ба далели мухтал шудани барномаҳояш тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия ба ин телевизиюн дастрасӣ надоранд.

Ширкаткунандагони ҷаласа аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки давлати Тоҷикистон то кунун натавонистааст аз ин навъ «қонуншикании» пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави худ ҷилавгирӣ кунад.

Дар ҳоле ки телевизиюни Симои мустақилли Тоҷикистон аз Вазорати роҳ ва иртибототи ин кишвар барои пахши барномаҳояш мавҷи 29-ро харидорӣ карда, аммо дар пойизи соли 2009 рӯи ин мавҷ барномаҳои дигаре тавассути фиристандаҳои пойгоҳи низомии Русия пахш мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, тибқи қавонини Тоҷикистон, пойгоҳи низомии Русия ҳаққи пахши барномаҳои худро дар берун аз пойгоҳи худ надорад.

Гуфта мешавад пойгоҳи низомии Русия фиристандаҳоеро дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб насб карда ва ба василаи онҳо барномаҳои телевизиюни «ОРТ»-и Русияро рӯйи мавҷи барномаҳои СМТ ё Симои мустақилли Тоҷикистон бозпахш мекунад.

Бархе аз коршиносон мегӯянд дар ин қазия мақомоте, ки мавҷи нодурустеро ба СМТ фурӯхтаанд, муқассиранд, вале мақомот мегӯянд ин мавҷ замоне ки расман холӣ маҳсуб мешуд, дар ихтиёри телевизиюни СМТ қарор дода шудааст.

Баъзе аз рӯзноманигороне, ки дар ҷаласаи марбут ба панҷсолагии таъсиси телевизиюни СМТ ҳозир буданд, пешниҳод карданд, ки барои ҳалли ин қазия рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеъаи маданӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия як роҳпаймоии эътирозӣ баргузор кунанд.

Аз ҷумла, Саёфи Мизроб, сардабири нашрияи «СССР», дар ин бора гуфт: «Талаб кардани мавҷи нав ба маънои таслимшавии СМТ, таслимшавии тамоми журналистикаи (рӯзноманигории) Тоҷикистон, таслимшавии Сарқонун ва давлати Тоҷикистон дар назди як пойгоҳи низомии Русия аст.»

Вай афзуд: «Ба назари ман, ҳамаи мақомоти давлатие, ки фаъъолияти онҳо ба амнияти иттилоъотӣ марбут аст, комилан кори худро иҷро намекунанд. Кофӣ аст, ки ба ёд орем, чи тавр шабакаи ОРТ-и Русия қазияи халабонҳоро дар барномаҳояш бозтоб дод ва ин шабака дар Тоҷикистон ба ҷойи барномаҳои телевизиюни мустақилли мо, ки дар он мавзеъи Тоҷикистон бозтоб меёфт, пахш мешуд.»

Оқои Мизроб пешниҳод кард, ки дар сурати лозим рӯзноманигорон бояд роҳпаймоие эътирозӣ дар назди сохтмони пойгоҳи низомии Русия баргузор кунанд.

Аммо Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ ва дар гузашта мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки калиди ҳалли ин қазия дар дасти ҳукумат аст ва бояд аз ҳукумат талаб карда шавад, на пойгоҳи низомӣ.

Оқои Усмонов гуфт: «Бояд ба ҳамон муассисае муроҷеъат ва эътироз кард, ки бо СМТ шартнома (қарордод) дорад ва агар пойгоҳи низомии Русия қонуншиканӣ кардааст, ҳамон муассиса масъул аст, ки алайҳи онҳо ба додгоҳ шикоят барад.»

Дар ҳамин ҳол, Зинатуллоҳ Исмоъилов, раиси телевизиюни СМТ, гуфт, ки дар қарордоди миёни Тоҷикистон ва Русия дар бораи пойгоҳи низомӣ, омадааст, ки танҳо дар сурати дастрас набудани конолҳои русӣ тавассути моҳвора, пойгоҳи низомӣ метавонад фиристандае барои худ насб кунад, аммо чунин иҷозаро пойгоҳи низомӣ нагирифтааст.

Оқои Исмоъилов афзуд: «Аммо инҳо чи кор карданд, на танҳо фиристанда монданд, балки дар Душанбе, Қурғонтеппа ва Кӯлоб фиристанда монданд ва рӯйи мавҷи мо барномаҳои русиро на танҳо дар пойгоҳи худ, балки барои мардуми мо, пахш мекунанд.»

Ширкаткунандагон дар поёни ҷаласа гуфтанд, ки ниҳоди масъул барои ҳалли ин мавзӯъ қабл аз ҳама Идораи давлатии иртиботот ва Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ҳастанд, ки танзими фаъъолияти ҳамаи родию ва телевизинҳо дар кишварро бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар ниҳоят, тасмим бар ин шуд, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ бори дигар бо ирсоли номае ҳалли ин қазияро аз ин ниҳодҳо тақозо кунанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/06/120622_sq_independent_tv_russian_base.shtml

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

[b]Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад.[/b]

Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори Озодагон бо Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ТВ «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед.

[b]Матни пурраи сўњбатро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=202[/url]

Источник:

Зинатуллоҳи Исмоил: Телевизион барои ман бизнес нест!

[b]Телевизиони «СМТ», нахустин шабакаи телевизионии мустақил дар пойтахти кишвар имрӯз (18-уми июни соли 2012) панҷ сола мешавад. Ин расона тайи муддати фаъолияташ дар фазои иттилоотӣ тавонист теъдоди зиёди ҳаводоронро ҷамъ кунад. Аммо мушкилоти пахш дар басомад боиси нороҳатии масъулини шабакаву мухлисонаш гашта, сифати дастрасии барномаҳои онро мекоҳонад.[/b]

Дар арафаи таҷлили панҷсолагии шабакаи мазкур хабарнигори Озодагон бо Зинатуллоҳи Исмоил, муассис ва директори ТВ «СМТ» мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаашро ин ҷо мутолиа карда метавонед:

[b]Озодагон:[/b] Қаблан шуморо минҳайси сарвари «СМТ», ҳамзамон ҳайати эҷодии ин шабакаро ба 5-солагии он табрик мегӯем. Ҳоло бигӯед, ки идеяи таъсиси телевизиони мустақил кай пайдо шуд ва ҳадаф аз он аслан чӣ буд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Таъсис додани телевизиони мустақил орзуи ҳамаи онҳое буд, ки мехостанд расонаҳои мустақил бо забони тоҷикӣ, дар фазои иттилоотии кишвар нақш дошта бошанд ва тавонанд, барои дифоъ аз ормонҳои миллӣ ва дифоъ аз муқадасоти миллӣ рӯи кор биёянд. Ман ҳам, ки солҳои сол дар шабакаҳои мухталифи радиёӣ ва телевизионӣ кор мекардам, чунин орзу ҳам доштам ва бо кӯмаку дастгирии дӯстон ин расонаро таъсис додем. Бояд бигӯям, ки ман бо нишони эътироз аз Кумитаи телевезион ва радиои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рафтам, зеро барои фаъолияти баъдинаам имконияти комил вуҷуд надошт. Ҳамчунин, барои амалӣ намудани он нақшаву ҳадафҳое, ки ҳамчун як журналисти телевизион, ҳамчун як эҷодкор доштам, фазо танг буд имконият набуд ва аз ин хотир мо бо як гурӯҳ аз дӯстонамон машварат намудем ва аз пайи таъсиси як расонаи электронии мустақил гаштем. Албатта, ба вуҷуд овардани телевизиони мустақил дар шароити Тоҷикистон кори осон набуд, нест ва оянда ҳам шояд набошад. Ба он хотир, ки дар сари ҳар қадам мамониат ҳаст, мушкил ҳаст ва садд ҳаст.

Аз пайдо намудани утоқи корӣ, то ба қайд гирифтан дар Вазорати адлияи кишвар, ҳатто кор ба ҷое мерасид, ки ба мо эрод мегирифтанд, ки агар дар таркиби корхонаи шумо «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди СМТ» вожаи «мустақил» набошад, мо метавонем, онро ба қайд гирем. Вале мо аз аввал барон будем, ки бояд ҳатман вожаи мустақил бошад, чунки ин расона воқеан ҳам бояд мустақил бошад. Ва кӯшишҳои мо самар оварданд. Рӯзи 8-уми августи 2006 дар Вазорати адлия «СМТ»-ро ба қайд гирифтанд. Вале барои он ки пурра телевизион ба фаъолият шурӯъ кунад, боз қариб як соли дигар зарурат пеш омад, чунки гирифтани иҷозатнома аз Кумитаи телевизион ва радио ва аз дигар мақомоти давлатӣ хеле талошҳои дигарро ҳам талаб меекард. Муҳимтарин чизе, ки моро аз ин кор бознамедошт он буд, ки мо ҳадаф доштем мақсад ва хоҳиш доштем, ки ин расонаи мустақили электрониро ба вуҷуд биёрем. Аз ин хотир, ин ҳадафҳои мо ниҳоятан самар овард ва рӯзи 18-уми июни соли 2007 аввалин барнома тавассути ТВ «СМТ» пахш гардид ва муаррифии он бо ҳузури ҷомеаи журналистии кишвар, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид ва аз он рӯз мо ба фаъолият шурӯъ кардем.

[b]Озодагон:[/b] Тими «СМТ», ё ана ҳамон шахсиятҳое, ки дар таъсис ва рушди шабака саҳм доштанду доранд, киҳоанд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Барои ба вуҷуд овардани тарзи нави пешниҳоди барномаҳо ва шинохта шудани «СМТ» тими пурқудрати барномаҳои иттилоотӣ, ба вуҷуд овардани барномаҳои муаллифӣ устодон — Ӯрун Назаров (Ворис), Иброҳим Усмонов, Каримҷон Азизов (ҳоло сармуҳаррир шӯъбаи ахбори ТВ «Сафина»), Хилватшоҳи Маҳмуд (ҳоло сардабири хабаргузории Озодагон), Мирзо Тоиров ва чандин ҷавони дигар, ки мехостанд фаъолияти муаасир дошта бошанду минбар надоштанд, бо мо пайвастанду «СМТ»-ро муаррифӣ карданд. Ҳар касе, ки тӯли ин муддат барномаҳои моро тамошо кардааст, албатта баробари мо огаҳ аст аз мушкилоте, ки мо доштему дорем. Чунки дар дилхоҳ кишвари дунё ҳамин хел аст, ки барои рушди расонаҳои мустақил мамониатҳо ҳамеша ҳастанд. Вале муҳимтарин чиз он мебошад, ки мо ният дорем, ки бинандаи тоҷик, аудиторияи Тоҷикистон, имконияти интихоби шабакаро дошта бошад. Яъне, ин шабакаро на бо зурӣ, на бо роҳи пахш намудани шабакаҳои дигар, балки бо хоҳиши худ тавонад тамошо кунад ва аз барномаҳои он лаззати маънавӣ бигирад. Мо даъвои онро намекунем, ки мо муштарии хеле ва хеле зиёд дорем, барои мо муҳим он аст, ки мардум тавонистанд як шабакаи мустақили телевизиониро тамошо карда тавонанд. Барои ман ҳамчун муассис ва роҳбари ин шабака муҳим фоида ё ин ки суди иқтисодӣ аз ин нест. Барои ман телевизион ин бизнес нест. Барои ман телевизион ин ҳаловати маънавӣ аз пешаи интихоб кардаам мебошад.

[b]Озодагон:[/b] Оё «СМТ» ба он ҳадафҳое, ки дошт, ба онҳо расид ва то имрӯз чӣ корҳо ба нақша гирифта шуда буд, ки то ҳол иҷро нашудаанд?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Албатта вақте ки нақша ва ниятҳои инсон хатм мешаванд, будани инсон ҳам зери аломати бузурги суол меравад. Чунки инсон бо нақша, бо ният, бо орзу ва бо умед зинда аст. Ва аз ин хотир, мо ҳам ҳамеша вобаста бо тараққиёти кишвар ҳамқадем, чунки имрӯз бинандаи тоҷик ё аудиторияи Тоҷикистон бинандаи оддиву содда нест. Тавассути рушди технологияҳои навин мардум ба шабакаҳои мухталифи телевизионӣ дастрасии пайдо кардаанд, тариқи моҳвора ба шабакаҳои зиёд дастрасӣ пайдо кардаанд ва албатта дар баробари он вақте ки шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо карданӣ мешаванд, онҳо пеш аз ҳама фарқ мегузоранд, пеш аз ҳама муқоиса мекунанд. Барои он ки талаботи бинандагон қонеъ карда шавад албатта мо ниятҳо ва нақшаҳои зиёде дорем. Дар панҷ соли аввале, ки мо фаъолият намудем, муҳимтарин нақшае, ки мо амалӣ намудем, якум ин тарзи нави барномасозӣ ва пахши он буд. Дуюм, шикастани стереотипе, ки гӯё телевизион фақат барои як гурӯҳи шахсон фаъолият мекунад ва сеюм мо ба он талош намудем, ки журналистони ҷавонро ҷалб намоем. Зеро мо аз аввал тасмим гирифта будем, ки мактаби мустақили «СМТ»-ро дошта бошем. То ин ки ин мактаб аз бунёдаш бо тарзи нав ва бо тафаккуру диди нави пешниҳоди барномаҳо тавонад воқеияти кишварро барои бинандагон бозгӯ созад. Ман хушҳол аз он ҳастам, ки намояндагони ин мактаб феълан чӣ дар шабакаҳои мустақил ва чӣ дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии давлатӣ кору фаъолият доранд. Барои мо муҳим он аст, ки онҳо дасти худро дар ин ҷо рост карданд ва мо дар ин ҷо барои онҳо шароит фароҳам овардем, ки онҳо имконоти ақливу зеҳнии худро нишон диҳанд ва барномаҳои ҷолиб таҳия намоянд.

[b]Озодагон:[/b] Мушкилоти феълӣ чӣ аст ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Аввалин коре, ки мо мехоҳем ба анҷом бирасонем пеш аз ҳама ин вусъат бахшидани барномаҳоямон мебошад. Тавре ки мо ва бинадагони «СМТ» иттилоъ дорад мо мушкилоти фаннӣ ҳам дорем, ки ин мушкилоти «СМТ» нест ин мушкилоти ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аниқтараш мушкилоти Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон ва сохторҳои дигаре ҳаст, ки онҳо наметавонанд, як шабакаеро, ки ғайриқонунӣ фаъолият дорад (шабаки ОРТ-и Русия) дар кишвар ва барномаҳои телевизиони бегонаро тӯли 24 соат пахш мекунад аз он пешгирӣ кунанд. Дар баробари ин намехоҳанд, ба мо басомади дигареро диҳанд то ин ки мо хуб дар он фаъолият карда тавонем. Мо кӯшиш дорем, ки бо тарҳҳои дигар пеш аз ҳама мушкилоти фаннии «СМТ»-ро рафъ намоем ва орзуи дигар ин аст, ки барои моҳвораӣ намудани СМТ кӯшиш карда истодаем, ки онро амалӣ намоем. То ин ки мардум тавонанд аз берун ҳам аз вуҷудияти як чунин шабакаи мустақил огоҳӣ дошта бошанд. Аз воқеияти кишварашон аз нигоҳи журналистони мустақил ошноӣ падо карда тавонанд.

[b]Озодагон:[/b] Шумо ба журналистон, бинандагон ва умуман ҳаводорони «СМТ» чӣ таманниёт доред?

[b]Зинатуллоҳи Исмоил:[/b] Ба ҳамаи онҳое, ки тайи 5 соли будан бо мо буданду сарфи назар аз ҳама мушкилот бо ҳар роҳ моро дастгирӣ карданд, арзи сипос менамоям. Ҳоло бо воситаи зангҳои телефонӣ, тариқи барқияҳои худ, ба воситаи равобит тавассути почтаи электронӣ бе восита омадан ба шабакаи СМТ ва барои изҳор намудан аз он ки омода ҳастанд, ки моро дастгирӣ кунанд минатдории худро баён мекунам. Албатта, ҳар бинанда ҳаққи интихоби худро дорад, ман ҳамчун роҳбар ва муассиси «СМТ» ба ҳаққи интихоби бинандагон арҷ мегузорам. Албатта, кӯшиш мекунем, ки бо пешниҳоди силсилаи барномаҳо таваҷҷӯҳи мухлисон ва бинандагонро ба шабакаи худ ҷалб намоем ва бар он талош намоем, ки рисолати «СМТ» ин минбари озоди баёни андешаҳо ҳаст ва мо ин минбарро ба вуҷуд овардаем, дар оянда низ он идома ёбад ва мо барои бинандагони худ барномаҳоеро пахш намоем, ки баёнгари рӯзгори воқеии онҳо бошад.

[b]Мусоҳиб: Ибодуллоҳи Тоир
Аз идора: Озодагон ҳам ба табрикоти самимии мухлисону ҳаводорони ТВ «СМТ» ҳамроҳ асту ба ин расонаву масъулинаш комёбиҳои беш аз пеш, мавҷи «тоза»-ву «шаффоф» таманно дорад.[/b]

Источник: http://www.ozodagon.com/sr/item/16477

Бек Зуҳуров: «Аз мо талаб мекунанд, ки хомӯш набошем»

[b]Бек Зуҳуров гуфт, дар баҳсҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарон ҳам беҳурматӣ мекарданд.[/b]

Масдуд кардани торнамои «Азия-Плюс» аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистонро бархе аз коршиносон далели барҷастатар шудани нақши сензурии ин ниҳод дар расонаҳои электронӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 12-уми июн Хадамоти алоқа торнамои серхонандатарини кишвар — «Азия-Плюс»-ро расман ба далели «мушкилоти фаннӣ», аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқодҳои муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон масдуд кард. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва «Азия-Плюс» мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.

[b]Матни пурраи гузоришро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=201]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=201[/url]

Источник:

Бек Зуҳуров: «Аз мо талаб мекунанд, ки хомӯш набошем»

[b]Бек Зуҳуров гуфт, дар баҳсҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарон ҳам беҳурматӣ мекарданд.[/b]

Масдуд кардани торнамои «Азия-Плюс» аз сӯи Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистонро бархе аз коршиносон далели барҷастатар шудани нақши сензурии ин ниҳод дар расонаҳои электронӣ арзёбӣ мекунанд.

Рӯзи 12-уми июн Хадамоти алоқа торнамои серхонандатарини кишвар — «Азия-Плюс»-ро расман ба далели «мушкилоти фаннӣ», аммо дар асл барои фароҳам сохтани майдон барои интиқодҳои муаллифони беном аз ҳукумату раҳбарони Тоҷикистон масдуд кард. Бино ба созиши байни раҳбарияти хадамот ва «Азия-Плюс» мушкил рафъ гашт, вале масъулони торнамо ҳушдор гирифтаанд, ки дар ҳоли такрори чунин вазъ дастрасӣ ба сомонаи онҳо пурра қатъ хоҳад шуд.

Бек Зуҳуров, сарвари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, тасмими худро дар мавриди “Азия-Плюс” на сензура, балки масъулияти худ медонад. Вай дар сӯҳбат бо «Озодӣ» гуфт, дар баҳсҳои ҳошияи мақолаҳои «Азия-Плюс» на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд.

Ҷаноби Зуҳуров афзуд, масъулони сомона метавонанд, ин шарҳҳоро нагузоранд ва шарҳи таҳқиромезро роҳ надиҳанд: «Мо ҳам мефаҳмем. Аз осмони ҳафтум нафаромадаем. Журналистика бояд аз «бозори сиёҳ» фарқ кунад. Паҳн кардани ахбори бардурӯғ ҳам мисли қочоқи маводи мухаддир ва ҳатто бадтар аз он аст. Мо ҳам як бор чашм мепӯшем, ду бор чашм мепӯшем, дар ниҳоят бояд чораи мушаххас бояд биандешем. Аммо мардум ин вазъро дигар хел фаҳмида истодаанд. Ҳар рӯз ба мо менависанд, ки чаро нисбати раҳбари давлат ва дигарон ҳар гуна ҳарфҳои ношоиста менависанд, аммо мо

Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, муҳаррири торнамои «Азия-Плюс», мегӯяд, вақте Хадамоти алоқа барои як ё ду шарҳе, ки шояд иштибоҳан ба сомона роҳ ёфтаанд, як расонаро маҳдуд мекунад, бидуни шак, ҳарфи сензура дар миён аст: «Агар онҳо масъулияти танзими ҳодисаҳои минтақаи tj-ро ба зимма гирифтаанд, лоақал метавонистанд ба мо занг зада, гӯянд, ки фалон шарҳ дар бораи фалон мансабдорро аз саҳифа ҳазф кунем. Масъули фаннии сомона метавонад, хато кунад. Аммо на занг заданд ва на пешакӣ огоҳӣ доданд.»

Мавридҳои сайтбандӣ дар Тоҷикистон ду соли охир низ зиёд ба назар мехӯрд. Моҳи сентябри соли 2010-ум, пас аз шурӯи ноамниҳо дар водии Рашт, дар қатори чанд нашрияи мустақил фаъолияти сомонаҳои «Авесто», «Тоҷнюс», «[url=tjknews.com, centrasia.ru]tjknews.com, centrasia.ru[/url] аз сӯи он замон Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба далели «тахриб шудани ноқил» масдуд шуда буд. Баъдан вазири вақт Олим Бобоев далели онро амниятӣ унвон кард.

Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон дар баробари «Ҷамоати Ансоруллоҳ», фаъолияти сомонаҳояш — [url=irshod.net ]irshod.net [/url] ва [url=irshod.com]irshod.com[/url] — ро низ манъ намуд. Аммо тайи як соли охир умдатан сомонаҳое масдуд мешаванд, ки алайҳи ҳукумати Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд ва ҳам дар атрофи матолиб баҳсҳои озод бо ширкати умдатан муаллифоне, ки бо имзои мустаор менависанд, сурат мегиранд.

Моҳи марти соли равон ҷорӣ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо як дастур аз ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон хост, сомонаҳои — [url=Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org]Zvezda.ru, Tjknews.com, Maxala.org[/url] ва дар баробари онҳо шабакаи Фейсбукро масдуд кунанд. Баъдтар Фейсбук дигарбора фаъол шуд ва бақия то ба ҳол дастнорасанд. Бек Зуҳуров мегӯяд, ин сомонаҳо ҳамагӣ аз хориҷ чархонда мешаванд ва алайҳи ҳукумат ва амнияту суботи Тоҷикистон матлаб нашр мекунанд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то куҷо Хадамоти алоқаи Тоҷикистон метавонад расонаҳои электрониро сензура кард? Асомуддин Атоев, сарвари Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, мегӯяд, зарфиятҳои хадамот барои пурра сензура кардани интернет кифоят намекунад: «Ҳама кор нисбӣ аст. Нисбатан мешавад сензура ҷорӣ кард. Аммо ин муваққатӣ хоҳад буд. Он вақт, ки корбар аз технологияҳои гузаштан аз ин сайтбандиҳо огоҳӣ меёбад, ин мушкил ҳам рафъ мешавад. Аз дигар ҷониб, таҷрибаи ҳамин сайтбандиҳои Хадамоти алоқа нишон дод, ки бо бастани сомонаҳо маҳбубият ва шӯҳрати онҳо меафзояд, мардум аз онҳо бештар огоҳ мешаванд.»

Моҳи майи соли равон созмонҳои рӯзноманигорӣ зимни як нома ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дархост карда буданд, ки ниҳоят дар қонунгузории кишвар роҳҳои қонунии бастани сомонаҳо рӯшан карда шавад. Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, бо бастани сомонаҳо ҳам ҳукумат интиқод мешавад, ки озодии баёнро маҳдуд мекунад ва ҳам шартномаи байни ширкатҳои интернетрасон ва муштариёни онҳо поймол мешавад.

«Ҳамон механизми танзимкунандаи роҳандозии «блокировка»-и сайтҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Яъне, як сайт бояд дар кадом шароит ва чаро бояд баста шавад. Ягон қонун ё санад дар ҳеҷ як аз мақомоти ҳукуматӣ ё порлумони Тоҷикистон ба баррасӣ гирифта нашудааст. Ширкатҳои интернетрасон ҳам ҳеҷ як пешниҳоде дар ин замина ба мақомот пешниҳод накардаанд»,- афзуд ӯ.

Корманди як ширкати интернетрасон, ки нахост номаш зикр шавад, дар посух ба суоли мо, ки чаро бо Хадамоти алоқа дар бастани сомонаҳо ҳамкорӣ мекунанд, посухи кӯтоҳ дод: «мо тиҷорат мекунем, на сиёсат».

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24613227.html