Все записи автора admin

Зуҳуров дар бораи мушкили алоқа ба Бадахшон ва қазияи ТВ СМТ «нақл» кард

[b]Райиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мушкили ТВ СМТ, ягона шабакаи мустақили пойтахтро шарҳ дода гуфт, мо роҷеъ ба ин масъала дар як вохурӣ ба масъулини Кумитаи ТВ ва радиои Тоҷикистону СМТ пешниҳод кардем, ба як хулоса биёянд, ки дар кадом басомад фаъолият мекунанд.[/b]

— Пасон ба мо муроҷиат кунанд, мо иҷозаи пахш медиҳем. Барои мо фарқ надорад, ки кӣ дар куҷо фаъолият мекунад. Вале гап сари он аст, ки се сол мешавад, ки онҳо ба як хулосаи аниқ наомадаанд,-афзуд Зуҳуров.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Асадулло Раҳмонов, райиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар ба роҳбарияти телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон (СМТ) пешниҳод карда буд, ки ба мавҷи дигар гузарад. Ба қавли ӯ, шабакаи русии ОРТ рӯи он мавҷе фаъолият мекунад, ин басомад ҳаққи қонунии СМТ мебошад. Ҷаноби Зуҳуров ҳамчунон қайд кард, ки пас аз ба фиристандаи дигар гузаштани ТВ СМТ мо муайян мекунем, ки гунаҳкор аст ва молиёти онро мепардозад.

Маврид ба тазаккур аст, ки телевизиони СМТ ягона телевизиони мустақил дар Душанбе мебошад, ки аз соли 2009 инҷониб мавҷи онро шабакаи ОРТ-и Русия ба таври ғайриқонунӣ азхуд намудааст ва ин мушкил то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст.

Бег Зуҳуров ба вазъи мушкили иртибот ва алоқаву интернет дар Бадахшон ишора карда гуфт, як тир (аммо номаълум аз куҷо) бойиси аз байн рафтани хати нахии нақли алоқа шудааст.

Ӯ, ки дар як нишасти матбуотии созмонёфта имрӯз, 26-уми июл дар ҳузури хабарнигорони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Шояд муштариён ҳам дар ҷои ноҳамвору бевасл шишта бошанд ва дастнорас шудаанд».

Ба суоли он ки оё касе, ё вазорате Хадамоти алоқаро ба қатъи иртибот маҷбур карда ва ё фармон додааст, Зуҳуров иброз дошт, ки не: «Ягон вазорат ба мо фармон дода наметавонад».

Источник: http://www.ozodagon.com/khabarho/tojikiston/5813————lr—

ИЗҲОРОТ ОИД БА ВАЗЪИЯТ ДАР ХОРУҒ

[b]Душанбе, Тоҷикистон, 26 июли соли 2012 — Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар робита бо хушунати ба наздикӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон суратгирифта ва талафоти ҷонии гузориш додашуда хеле нигарон аст. Мо дар робита бо ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиётҳои роҳбарияти Тоҷикистон нигаронем. Мо даъват ба амал меоварем, то ҳамаи тадбирҳо барои баровардани сокинони осоишта аз минтақаҳои ҷангӣ, аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки айни ҳол дар шаҳри Хоруғ маҳкам шудаанд, андешида шаванд.[/b]

Дар ин ҳолат, мо бори дигар Тоҷикистонро даъват менамоем, то ҳамеша ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла озодии сухан ва ҷараёни озоди иттилоотро эҳтиром намояд. Мо Тоҷикистонро даъвати қатъӣ ба амал меоварем, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалии худро тавассути гузаронидани тафтишоти шаффофи ҳодисаҳое, ки дар сарҳад ба вуқӯъ пайвастаанд иҷро намояд, ва ҳуқуқи ҳар як боздоштшударо, аз он ҷумла дастрасии онҳоро ба ҳимояи ҳуқуқӣ, муносибати башардӯстона, ва додрасии боадолат кафолат диҳад.

Посольство США в Душанбе

Источник: Посольство США в Душанбе

Русия телевизиони исломӣ боз мекунад

[b]Русия тасмим гирифтааст, ки моҳи август як шабакаи телевизионии исломиро ба кор андозад. Дамир Муҳиддинов-муовини раиси раёсати исломии Русия барои минтақаҳои аврупоии ин кишвар рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ин шаъбакаи телевизионӣ бо номи Al-TV ба забони русӣ роҷеъ ба кору зиндагии мусулмонони сокини Русия ва роҷеъ ба ислом барномаҳо пахш мекунад.[/b]

Рӯҳониёни ҷонибдори сиёсати Кохи Кремл фаъолияти ин шабакаро зери назорат хоҳанд дошт. Тасмими гушоиши ин шабакаи телевизионӣ баъд аз як ҳафтаи ҷароҳат бардоштани Илдус Файзов-муфтии ҷумҳурии Тотористон эълон шуд. Вай дар шаҳри Қазон баъд аз инфиҷори мошини бамгузоришуда ҷароҳат бардошт.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/world_news/20120726/538/16059.html?id=24657494

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо оид ба Тоҷикистон

ИТТИҲОДИ АВРУПО

Ҷаласаи 922-ми Шӯрои доимии САҲА

Вена, 26 июли соли 2012

[b]Изҳороти Иттиҳоди Аврупо оид ба Тоҷикистон[/b]

[b]Иттиҳоди Аврупо рӯйдодҳои ҷадид ва гузоришҳо оиди қурбониҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон суратгирифта изҳори нигаронӣ менамояд. Мо умедворем, ки зиддияти мусаллаҳ бино ба рӯй надодани талафотҳои минбаъда ҳар чӣ зудтар қатъ мегардад. Мо аз мақомотҳои ҳокимият ба барқарорсозии воситаҳои алоқа, таъмини бехатарӣ ва муҳайё кардани шароити мусоид барои расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии ғайринизомӣ, ва инчунин ташкил сохтани гузаргоҳ барои хоҳишмандони тарки доираи амалиёти ҳарбӣ даъват менамоем.[/b]

Иттиҳоди Аврупо изҳори нигаронӣ инчунин ҷиҳати оқибатҳои эҳтимолии рӯйдодҳои мазкур менамояд, ва аз тарафайни муҳориб дархост мекунад, ки то зоҳири худдорӣ намоянд ва инчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, то бо максади таъминкунии устуворӣ дар минтақа нақшаи амалиёт ва чорабиниҳои мувофиқ ва мутаносибро андешад.

Мо ҳамчунин зарурати риояи озодии ақида ва андеша, ва ҳуқуқи дастрасии иттилоот ба мардум таъкид менамоем. Ба назардошти ин, Иттиҳоди Аврупо ба нигаронии Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум дар изҳороти матбуотии 24 июли соли 2012 дар бораи муҳосираи муваққатии сомонаи Агентии хабарии Азия-плюс дар Тоҷикистон ҳамфикр мебошад. Мо бори дигар назари дар изҳороти 8 марти соли 2012 овозкардаи худ дар ҷавоб ба муҳосираи як қатор сомонаҳои дигар аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти Тоҷикистон таъкид менамоем. Бо назари Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии васоити ахбори умум оиди новобаста ба қонунияти масоили бехатарӣ бояд барои маҳдуд намудани чараёни иттилоъ асос набошанд, розигии комили хешро изҳор менамоем.

Европейский Союз

Источник: www.deltjk.ec.europa.eu

Конгресс ҳузури Амрико дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард

[b]Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 24 июл ҳузури Амрико дар Осиёи Марказиро баррасӣ кард. Дар ин бора бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” рӯзи 25 июл хабар дод.[/b]

Тавре дар хабари “Озодӣ” омадааст, муовини вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи ҷанубиву марказӣ Роберт Блейк аз ҷумла идомаи талошҳои Тоҷикистон ҷиҳати маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии матбуотро мояи нигаронии Вошингтон номида ва гуфтааст, азми давлат барои таъмини амният ва ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва ҳамин тавр сулҳу суботи дарозмуддат танҳо дар ҳамроҳӣ бо эҳтиром ба ҳуқуқи инсону ҳукми қонун, эҷоди ниҳодҳои шаффофу демократии давлативу шаҳрвандӣ ва фазои бозу номаҳдуди матбуот ба иҷро хоҳад расид.

Блейк гуфт: «Мо Душанберо ҳамчунон ба ҳимоят аз озодии мазҳаб ва эҳтиром ба озодии матбуоту худдорӣ аз дахолат ба бахши матбуот ташвиқ мекунем».

Ба андешаи Роберт Блейк, ислоҳот дар Осиёи Марказӣ хеле кунд сурат мегирад, вале Амрико ҳамкориаш бо «ин минтақаи аз нигоҳи стротегӣ муҳим»-ро боз ҳам тақвият хоҳад дод.

Хадамоти мониторинги АМВАОМТ

Источник:

Изҳороти созмонҳои журналистии Тоҷикистон

ш.Душанбе, 24 июли соли 2012

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» аз ҳамаи васоити ахбори омма ва рўзноманигорони кишвар даъват менамоянд, ки дар инъикос ва арзёбӣ намудани масоили марбут ба амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ дар маркази вилояти Кўҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ ниҳоят эҳтиёткор ва нозукбин буда, аз такя ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос ва низоъангез дар ин маврид канорагирӣ кунанд. Зеро дар чунин авзои ҳассос масъулияти рўзноманигор ҷиҳати пахши хабари воқеъбинона ва ғайриэҳсосӣ ба карат афзуда, сухани насанҷидаву бедалел боиси афзудани нофаҳмию овозаҳои беасос дар ҷомеа шуда метавонад.

Ҳамзамон созмонҳои журналистии мамлакат аз масдуд шудани сомонаи интернетии «Азия плюс» изҳори нигаронӣ намуда, ин амали носавоб ва кўтоҳандешонаро аз ҷониби Хадамоти алоқа нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар дар дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб медонанд ва умедворанд, ки қазияи мазкур ҳарчи зудтар ҳалли қонунии худро меёбад. Созмонҳои рўзноманигорӣ ҳамчунин аз он изҳори ташвиш доранд, ки дар баъзе сомона ва блогҳои интернетӣ ба ҳаводиси ахири Бадахшон тобиши сиёсиву динӣ дода шуда, дар ин миён баҳсҳои мазҳабиву маҳалгароӣ сар мезананд. Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост ва Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири ин Ватан аст. Аз ин рў истифодаи забони хусумат ва низоъангез дар ин мавриди мусибатбор ҳаргиз ҷоиз набуда, он метавонад боиси ташаннуҷи ҷамъиятӣ гардад.

Мо ба ҳуқуқи мақомоти босалоҳият дар маҳдуд намудани истифодаи иттилооти махфӣ арҷ гузошта, ҳамзамон аз мақомоти КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо мекунем, ки бо роҳи ташкили як маркази матбуоти муштарак ба воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ аз ҷараёни амалиёти низомӣ дар Кўҳистони Бадахшон мунтазам иттилооти расмӣ пешниход намоянд.

Дар ин лаҳзаи ҳассос аз масъулини мақомоти қудратӣ ва ҳамкасбони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки назокати сиёсӣ, сабру таҳаммулпазирӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун мусоидат намоянд.

[b]Акбаралӣ Сатторов, раиси ИЖТ,

Нуриддин Қаршибоев, раиси АМВАОМТ,

Хуршед Ниёзов, раиси Медиа Алянси Тоҷикистон,

Зинатулло Исмоилов, раиси Шўрои ВАО-и Тоҷикистон,

Саймуддин Дўстов, раиси ТҶ «Индем»,

Рустами Ҷонӣ, директори кулли «Ориён-медиа».[/b]

Источник:

ДИРЕКТОРИ ТВ «ПОЙТАХТ» ШУДАН МЕХОҲЕД?

[b]Шаҳрдории Душанбе барои ноил гаштан ба вазифаи директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт” муддати як моҳ — аз 25 июл то 25 августи соли равон озмун эълон менамояд. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонд.[/b]

Довталабоне, ки ҳуҷҷатҳои худро ба озмун пешниҳод менамоянд, бояд ҳатман соҳиби маълумоти олии касбии таҳсили рӯзона ва таҷрибаи кории роҳбарикунанда бошанд. Ба довталабони дар соҳаи журналистика таҷрибаи кории роҳбарикунанда дошта ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишварро хатмнамуда афзалият дода мешавад. Хоҳишмандон имкон доранд бо телефонҳои 221-62-56 – бо шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе дар тамос бошанд. Тавре ки аз шўъбаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, синн дар озмун маҳдудият надорад. Озмун 30 август ҷамъбаст гардида, натиҷаҳояш муайян мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Источник: http://khovar.tj/society/23526-direktori-tv-poytaht-shudan-meho1203ed.html

Нигаронии САҲА аз маҳудшавии дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс”

[b]Дуня Миятович гуфт, “маҷрои озоди иттилоъ набояд баста шавад»[/b]

Дуня Миятович , масъули вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии баён аз масдуд шудани дастрасӣ ба торнамои хабаргузории “Азия Плюс” ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ дар як баёнияи расмӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, маҳдудияти дастрасӣ ба ин торнамо ва дигар торнамоҳои хабарӣ дар Интернетро аз байн бардорад. Дастрасӣ ба торнамои “Азия Плюс” ба далоили номаълум имрӯз дар Тоҷикистон номумкин шуд, вале аксарият ҳадс мезананд, ки ин кори мақомот ба амалиёти махсусе иртибот дорад, ки дар шаҳри Хоруғ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ сурат мегирад.

Дуня Миятович гуфтааст, номумкин шудани дастрасӣ ба торнамои Радиои “Азия Плюс” “як таҳаввулоти таассуфангез аст ва бори аввал ҳам нест, ки торнамоҳо дар Тоҷикистонро масдуд мекунанд.” Ба гуфтаи Дуня Миятович, “бо вуҷуди нигарониҳои амниятӣ, набояд маҷрои озоди иттилоъ баста шавад ва амният бе матбуоти озод буда наметавонад.” Дар идомаи баёния ӯ гуфтааст, “Мардум бояд иттилоъ аз манобеъи гуногун дастрасӣ дошта бошад ва матбуот бояд тавонанд доир ба мушкилот гузориш диҳанд, ҳатто агар масъалаи ҳассоси амниятӣ бошад.

Таври маълум дар шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшон, амалиёте алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ идома дорад ва ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, дар ҷараёни ин амалиёт 42 нафар, аз ҷумла, 30 ҷангӣ ва 12 нафар аз кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 40 нафар аз аъзои гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла 8 шаҳрванди Афғонистон, ки узви ин гурӯҳ буданд, боздошт шудаанд. Ин гурӯҳҳоро бо раҳбарии Толиб Аёмбеков ба қатли генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Бадахшон муттаҳам мекунанд, ки рӯзи 21 дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/osce-asia-plus-/24655325.html

Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus дубора масдуд шуд

[b]Дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus, яке аз хабаргузориҳои мустақилли матраҳ дар Тоҷикистон, шоми рӯзи душанбеи 23 июл масдуд шудааст.[/b]

Дар ин бора масъулони ин хабаргузорӣ субҳи рӯзи сешанбе хабар додаанд.

Ба гуфтаи масъулони фароҳамгарони интернетии Тоҷикистон, онҳо ин сойтро пас аз дарёфти дастури мақомоти иртибототи Тоҷикистон масдуд кардаанд.

Зебо Тоҷибоева, масъули хабаргузории ASIA-Plus, дар мавриди сабаби ин амр ибрози беиттилоъӣ кард.

Вай гуфт: “Дирӯз соъати 7 шом фароҳамгарони интернетиамон бо мо тамос гирифтанд ва гуфтаанд, ки дастури дигаре аз мақомоти иртиботот дар бораи қатъи дастрасӣ ба ин сойтро дарёфт кардаанд. Мо зуҳри имрӯз бо мақомоти Идораи иртиботот дидор хоҳем дошт. Дар ин дидор шояд мушаххас гардад, ки чи хабар аст.”

Ин барои бори дувум дар ду моҳи ахир аст, ки бо дастури мақомоти давлатӣ дастрасӣ ба сойти ин хабаргузории мустақилли Тоҷикистон масдуд мешавад.

Дастрасӣ ба ин сойт дар авоили моҳи июн низ қатъ шуда буд. Он замон фароҳамгарони интернетӣ, ки ниҳодҳои давлатӣ нестанд, аз мақомоти Идораи иртибототи Тоҷикистон дар мавриди бастани дастрасӣ ба ин сойт дастур гирифта буданд.

Бег Зуҳуров ба хабарнигорон ин мавзӯъро чунин шарҳ дода буд, ки дар фурумҳои ин сойт баҳсҳое дар миёни хонандагон сурат мегирад, ки “на фақат ба мансабдорони қаторӣ, балки ба раҳбарону вазирони кишвар ҳам беҳурматӣ мекарданд”.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо барои қатъи дастрасӣ ба расонаҳои мустақил ва сойтҳои иҷтимоъии интернетӣ аз сӯйи созмонҳои мудофеъи озодии баён шадидан интиқод шудаанд.

Аз ҷумла Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар баҳори соли ҷорӣ пас аз масдуд шудани бархе аз сойтҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла, шабакаи иҷтимоъии Фейсбук, «Звезда.ру», «Маҳалла.орг» ва «Тҷкнюз.ком» ба давлати ин кишвар муроҷиъат карда буданд.

Кумитаи Дифоъ аз Хабарнигорон дар номааш унвонии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд: “Дафтари раёсати ҷумҳурии Раҳмон бояд интиқод ва баррасии фаъъолияти худ тавассути ҷомеъаро таҳаммул кунад ва аз сонсури расонаҳои интиқодӣ даст бардорад, зеро дар даст доштани идораи дафтари иҷтимоъӣ бидуни интиқод намешавад.»

Дар ҳамин ҳол Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон масдуд шудани сойти ASIA-Plus-ро маҳкум кард.

Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман гуфт: “Ин боз як амали нақзи ҳуқуқи конститутсионии (қонунии) мардум аст. Мо қатъан хоҳиш мекунем, ки давлат ҳар ихтилофи назареро, ки бо расонаҳо дорад дар доираи қонун ҳалл кунад.”

Оқои Қаршибоев афзуд, ки аз он нигарон аст, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон ахиран мехоҳад нақши сонсури расонаҳоро ба уҳда бигирад.

Вай гуфт: “Инҳо боз як ниҳоди бозрасии муҳтавои сойтҳои хабариро ҳам созмон додан мехоҳанд. Мутаасифона, Бег Зуҳуров мақоми сонсурро ба худ гирифтааст, ки ин аз салоҳияти вай берун аст.”

Аммо бархе аз нозирон мегӯянд, ки масдуд шудани дастрасӣ ба сойти ASIA-Plus ба ҳаводиси вилояти Бахашони Тоҷикистон муртабит аст.

Вазъият дар ин минтақаи Тоҷикистон пас аз қатли сартип-дуи (генерал-майори) Кумитаи амнияти кишвар, Абдулло Назаров, ноором буда ва гуфта мешавад аз субҳи рӯзи 24-уми июл дар ин вилояти кӯҳистонии кишвар амалиёти вижаи боздошти омилини қатли ин женерол оғоз шудааст.

Зоҳиран иртиботи телефунии собит, бесим ва интернет бо Бадахшон низ қатъ шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/07/120724_sq_asia_plus_media.shtml

МАҲДУД ШУДАНИ ДАСТРАСӣ БА СОМОНАИ «ASIA PLUS»

[b]Аз шоми 23-юми июл, дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии “Азия Плюс” номумкин шудааст.[/b]

Бино ба қавли ИТАР-ТАСС, ширкатҳои паҳнкунандаи интернет дар Тоҷикистон маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонаи мазкурро ба супориши раиси Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон, Бег Зуҳуров рабт додаанд.

Ин манбаъ навиштааст, кӯшиши назорати расонаҳои интернетӣ, ба ҳаводиси ахир дар Хоруғ ва ба мусоҳибаи фармондеҳони собиқи шарқи Тоҷикистон Толиб Айёмбеков бастагӣ дорад, ки дар ин сомона инъикос ёфта буданд. Бори аввал нест, ки бо супориши Бег Зуҳуров ширкатҳои провайдерӣ дастрасӣ ба расонаҳои электрониро дар кишвар маҳдуд мекунанд.

Айни ҳол Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди сабабҳои масдуд шудани сомонаи “Азия Плюс” изҳороти расмӣ пахш накардааст.

Источник: http://tojnews.org/node/3354