[b]Дар Тоҷикистон ҳарчанд нашрияҳои мустақил вуҷуд доранд, аммо дар баробари ин, ҳокимияти иҷроия низ нашрияҳои худро дорад, ки ҳатто онҳо назар ба нашрияҳои мустақил имтиёзҳои бештареро соҳибанд.[/b]
Мувофиқи таъинот ва ё вазифа, нашрияҳои давлатӣбояд дар хидмати халқ бошанд, чунки онҳо марбут ба халқанд ва аз ҳисоби пули халқ фаъолият мекунанд. Ба ин далел, метавон гуфт, ки нашрияҳои давлатӣвазифадоранд хидматгузори умум ва инъикосгари воқеиятҳои имрӯзи ҷомеа бошанд. Аммо суоли матраҳ ин, ки феълан нашриҳои расмии Тоҷикистон воқеан чунин рисолатро иҷро мекунанд? Ин расонаҳо аз лиҳози касбият то чи ҳад посухгӯ ба талабот ҳастанд? Оё, агар ҳамин обуна набошад, имкон дорад, ки нашрияҳои мазкур дар бозори иттилоолтӣхаридор пайдо кунанд? Ва ниҳоят, имрӯз нашрияҳои давлатӣдар фазои иттилоотӣчӣнақш доранд? Ин ҳама пурсишҳое мебошанд, ки пешорӯи таҳлилгарон гузошта шуд ва посухашро аз шарҳи эшон мехонем.
Дар робита ба ин Саймиддин Дӯстов — раиси Шӯрои муҳаррирони нашрияи “Нигоҳ” мегӯяд: “Расонаҳои чопии давлатӣ феълан аз низоми имтиёзноки ташкили обунаи маҷбурӣ бархӯрдор ҳастанд ва буҷаи онҳо низ аслан аз ҳисоби маблағҳои обунаи иҷборӣ ва ғайриқонунӣ пур карда мешавад, ки фикр мекунам ин як таҷрибаи нангин ва ғайриқонунист”.
— Имрӯз,- мегӯяд ӯ,- агар як ба утоқҳои идораву ниҳодҳои кишвар дароед, мебинед, ки бастаи ин нашрияҳо дар он ҷо хоб аст. Тақрибан касе онро намехонад. Аз ин нигоҳ, ба ақидаи номбурда, нашрияҳои давлатӣ аслан дар Тоҷикистон нуфузу эътибори лозима надоранд ва ҳамчунин онҳо имрӯз афкорсоз нестанд.
Вай афзуд: “Ин нашрияҳо феълан таъсиргузор нестанд. Ҳарчанд дар як ҳафта теъдоди умумии чопи онҳо беш аз 100 ҳазор адад аст. Зеро, ба андешаи ӯ, мӯҳтаво ё контенти ин рӯзномаҳо ба хости дили мардум ва хонанда набуда, балки ба инъикоси фаъолиятҳои ҳукумат дар самтҳои гуногун бахшида шудааст, ки дар ҳоли дур будани ҳукумат ва то андозае номардумӣ будани Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни умум маҳбубият надоранд.
Саймиддин Дӯстов бар он бовар аст, ки тақрибан ҳеҷ яке аз нашрияҳои давлатӣҳатто 5 дар сади шумораашонро дар бозори озод фурӯхта наметавонанд.
Ҳамчунин, профессор Равшан Раҳмонӣ мегӯяд: “Чун масъалаи мавриди назар мавқеи нашрияҳои давлатӣаст, аз ин рӯтабиист, ки ин нашрияҳо қабл аз ҳама ҳадаф, мақсад ва мароме, ки давлат дорад, онро таблиғу ташвиқ мекунанд. Яъне, ба ақидаи вай, ин нашрияҳо ҳама ҷанбаъҳои сиёсати давлатро дар меҳвари инъикоси худ қарор медиҳанд.
— Лекин,- мегӯяд ӯ,- баъзан чунин менамояд, ки бештари масъалаҳо ва он ҳадафу мақсадҳое, ки мардум мехоҳад, аз тариқи ин нашрияҳо яктарафа инъикос меёбанд. Ҳамчунин, ӯ таъкид намуд, ки мутаассифона, дар мавриди нашрияҳои давлатӣяк ҳақиқати талхе ҳаст, яъне инъикоси масоили доғи ҷомеа, ки ба хотири ислоҳ ва пешбурди он бояд бозтоб гардад, қариб ки дар ин нашрияҳо баррасӣнамешавад. Ба андешаи номбурда, “бисёр маврид ин нашрияҳо ба баҳсҳои беҳудае, ки дар нашрияҳои мустақил ба миён меоянд, шарик мешаванд ва зоҳиран гӯё фикр мекунанд, ки ин дифоъ аз манофеи милливу давлатист, аммо ба назари ман, ин ҳеҷдифое нест ва барои хонанда ягон манфиат надорад”.
Дар ҳамин ҳол, Тиллои Некқадам — муҳаррири нашрияи “Садои мардум” мӯътақид аст, ки нашрияҳои давлатӣдар баробари инъикоси сиёсати ҳукумати кишвар ва фаъолияти он, ҳамзамон дигар масоилро низ мавриди баррасӣқарор медиҳанд. Вай мегӯяд: “Аз ҷумла, “Садои мардум”, ки нашрияи парлумон аст, дар радифи инъикоси фаъолияти ин ниҳоди қонунгузор мавзӯъҳои дигарро низ ба нашр мерасонад”.
Пайванди Гулмурод — устоди факултаи рӯзноманигории ДМТ дар ин маврид мегӯяд: “Масъала ин аст, ки феълан то чи ҳад нашрияҳои мо дар гӯшаву канори ҷумҳурӣдастраси умуманд? Ин суоле мебошад, ки посух ва таҳлили бештаре мехоҳад. Аммо масъалае, ки оё нашрияҳои расмии мо инъикоси тамоми масоили имрӯзаи ҷомера фаро мегиранд ё не, ин масъалаи бисёр мушкил ва ҳалталаб аст. Азбаски ҳоло ин нашрияҳо ба таври густурда ба тамоми манотақи кишвар намерасанд, аз ин рӯ, гумон мекунам, ки барои ҳаллу баррасии ин масъала ҳоло вақт лозим аст, зеро нашрияҳо дар ҳама қишри ҷомеа бояд дастрас бошанд ва бояд дастандаркорони и ин нашрияҳо андешида бошанд, ки то чӣандоза бояд имрӯз иттилои муҳимро дастраси мардум гардонанд, то рӯзномаашон хонданӣгардад”. Ба бовари номбурда, вақте рӯзномаҳои давлатӣ дар ҷомеа ҷойгоҳи муҳим пайдо мекунанд, ки рӯзномаҳои кишварҳои дигар дар такя ба ин нашрияҳо, ба дидгоҳу назари рӯзноманигороне, ки дар ин нашрияҳо ифои фазифа мекунанд, матолибе пахш намуда ва иқтибосе гирифта бошанд, вале то ҳол нашрияҳои расмии мо ба ин дараҷа нарасидаанд. Аз ин рӯ, ба ақидаи вай, мебояд сари ин масъала ҳам масъулин андешае дошта бошанд.
Пайванди Гулмурод ҳамчунин илова намуд, ки аз нигоҳи фаврияту оҷилият нашриҳои расмии мо назар ба дигар расонаҳои хабарӣқафотаранд ва ин мушкил ҳам ҳалталаб боқӣмодааст.
— Аз сӯи дигар,- мегӯяд ӯ,- масоили вижаву муҳими рӯз бояд дар ин нашрияҳо мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирад, зеро дар пайдо кардани роҳҳои ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудуву нуқсонҳои ҷомеаву давлат нашрияҳо, ба вижа нашрияҳои давлатӣ нақши муассир доранд.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз таҳлилгарон бар он назаранд, ки тақрибан кулли нашрияҳои давлатии Тоҷикистон бештар ба таблиғу ташвиқи ҳукумат, сиёсати он ва ҳамчунин ба танқиду сиёҳкунии ҳизбҳои мухолиф, аз ҷумла ҲНИТ пардохтаанд. Ба гунаи мисол, дар саҳифаи аввали нашрияи расмии Ҳукумат “Ҷумҳурият” дар шумораи сешанбе, 21.02.2012, №23(22 004) матлабе бо унвони “Ҳизби ҷавонони Тоҷикистон ё ячейкаи ҲНИТ дар пушти парда” ба табъ расидааст. Дар нашрияи мазкур ин гуна мақолаҳои зиёд ба чашм мерасанд. Аз ин лиҳоз, инъикоси мавзӯъҳои мубрам ва дардхӯри ҷомеа аз мадди назари ин нашрияҳо дур мондаанд.
Дар ин маврид Саймиддин Дӯстов ҳамчунин илова намуд, ки ин нашрияҳо феълан зидди нерӯҳои ба истилоҳ оппозитсионӣ ё шахсиятҳои мухолиф ҳар гуна мавод ба табъ мерасонанд ва аҷиб ин ки, ба инъикоси воқеиятҳои ҷомеаи кунунии Тоҷикистон коре надоранд.
Табриз МАҲМУДОВ
Источник: http://www.faraj.tj/index.php?newsid=950