[b]Баҳриддин Сангмадов, хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи ниҳодҳои интизомии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон боздошт шудааст.[/b]
Ин хабарро ба РО дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор таъйид карданд ва гуфтанд, ки ин хабарнигор мавриди бозпурсӣ қарор дорад. Аммо масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аз ироаи иттиллоъ дар бораи сабаби боздошти Баҳриддин Сангмадов худдорӣ карданд.
Ин ҳам дар дар ҳолест, ки Баҳриддин Сангмадов, рӯзи гузашта аз зодгоҳаш дар ноҳияи Шӯрообод бедарак шуда ва пас аз талошҳои зиёд пайвандонаш хабар ёфтанд, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.
Файзимоҳ, хоҳарбузурги Баҳриддин аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод дар як сӯҳбати телефонӣ ба РО гуфт, ки «Баҳриддин соати 12 -и рӯзи гузашта, яъне панҷшанбеи 9 август, ҳамроҳ бо бародарам Зайниддин ва додари келинамон ба адир рафтанд. Аммо он гуна, ки Зайниддин гуфт, соатҳои 15.00 чаҳор нафар, ки яке аз онҳо бо либоси низомӣ ва бақия мулкӣ ва борхалта бар китф буданд, хоҳиш карданд, ба онҳо об диҳанд. Баҳриддин ва ҳамроҳонаш ба ин афрод об дода ва онҳо баъдан бар сари Баҳриддин порчаеро кашида ва гуфтанд, ки борҳоро ба ҷое мебаранд, шумо инҷо мунтазир бошед, мо бармегардем».
Аммо ба гуфтаи Файзимоҳ, ду соат мегузарад, вале аз Баҳриддин ва он афрод, ки якеаш бо лаҳҷаи афғонӣ сӯҳбат мекардааст, дараке нашудааст. Аҳли хонавода аз ин вазъ нигарон шуда ва дар талоши пайдо кардани Баҳриддин шуданд ва танҳо шаб хабаре ба онҳо расидааст, ки вай дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор аст.
Ҳодисаи бедарак ва баъдан боздошт шудани Баҳриддин Сангмадов, дар зодгоҳаш ноҳияи Шӯрообод дар ҳолест, ки муддати беш аз ду моҳи ахир неруҳои интизомӣ ва амниятӣ амалиёти вижаеро барои саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқбари афғон дар мантақаи марзии Шӯрообод бо Афғонистон роҳандозӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол Орзӯ Ҳамидов, сардабири нашрияи мустақили «Пажвок» нигаронии аҳли эҷоди ин нашрияро дар робита ба боздошти ҳамкорашон баён карда ва гуфт, «инҷо иштибоҳе сар задааст. Баҳриддин аслан дар шаҳри Кӯлоб зиндагӣ ва кор мекунад ва гоҳ — гоҳе барои аёдати волидонаш ба Шӯрообод меравад. Вай як журналист аст ва ҷузъ кори хабарнигорӣ ва саҳифабандӣ дар «Пажвок» ба дигар коре машғул нест».
Орзӯ Ҳамидов гуфт, ки дар зудтарин фурсат нисбати боздошти ҳамкорашон Баҳриддин Сангмадов ба созмонҳои дифоъ аз рӯзноманигорон, ба хусус НАНСМИТ ва Созмони журналистони Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
Зимнан, Баҳриддин Сангмадов, соли 1988 дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод таваллуд шудааст. Пас аз хатми донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2007, фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор ва саҳифабанди нашрияи «Пажвок» шурӯъ кардааст. Тайи панҷ сол аст, ки дар ин ҳафтанома кор мекунад.
Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24672934.html