Все записи автора admin

«TJ»- монополисти фазои интернетии Тоҷикистон?

[b]Муҳаммадӣ Ибодулло, раиси созмони «Ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати интернетӣ» мегӯяд, ки дар Тоҷикистон феълан 6251 торнамо расман ба қайд гирифта шудааст, ки ҳамаи ин сойтҳо танҳо ба домени «TJ» таалуқ доранд.[/b]

Бар асоси пажӯҳиши ин созмон, ки ахиран анҷом шудааст, дар доменҳои «RU», UZ”, “ORG”, «COM» ва доменҳои дигар, танҳо 12 торнамои тоҷикӣ вуҷуд дорад.

Муҳаммадӣ Ибодулло, раиси ин созмони интернетӣ мегӯяд, ки аз маҷмӯи торнамҳои расман сабти номшуда, ҳамагӣ 1058 сайт фаъол мебошанд.

Баъзе аз торнамоҳо ба хотири эҳтиёт аз масдуд шудан, ба доменҳои дигар, чун «org» ва «com» шомил шуданд. Масалан, TOJNEWS дар оғоз танҳо дар домени “tj” фаъолият мекард, вале баъдтар ба “org” ворид шуд. Ба қавли Муҳаммадӣ Ибодулло, агар ин сайт дар Тоҷикистон масдуд карда шавад, садҳо шаҳрвандон ва муҳоҷирон дар хориҷ метавонанд ба он дастрасӣ дошта бошанд.

Сомонаи хабаргузории «Азия плюс» ҳарчанд дар Тоҷикистон масдуд карда шудааст, вале хориҷ аз қаламрави Тоҷикистон фаъол аст.

Ба гуфтаи Муҳаммади Ибодулло, барои Тоҷикистоне, ки ҳудуди 7 миллион ҷамъият дорад, фаъоли будани 1058 сомона беҳад шумори ночиз аст.

Зимнан, Асомиддин Атоев, раиси Академияи технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Тоҷикистон мегӯяд, ки заъфи интернет ва камбуди торнамо ба андозае ҳаст, ки барои як сармоягузори хориҷӣ пайдо кардани иттилооти зарурӣ дар бораи Тоҷикистон беҳад мушкил аст. Хусусан, ба забони англисӣ ва русӣ дарёфти маълумоти лозим, андак аст.

Асомиддин Атоев меафзояд, ки тақрибан аксари ниҳодҳои давлатӣ, ба вижа бахши иқтисодӣ ва тиҷорат сомонаҳои худро боз кардаанд, вале миёни онҳо иртибот вуҷуд надорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24703243.html

Ҷоизаи байналмиллалӣ ба хабарнигори Би-би-сӣ

[b]Ӯрунбой Усмонов ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммети созмони байналмилалии “Human Rights Watch”-ро дарёфт кардаст.[/b]

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи душанбеи 10 сентябр аз ҷониби Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон мунташир шуд, таъкид шудааст, ин ҷоиза ба хабарнигори аз фишору таъқиб ранҷбурда эъто гардидааст.

Лавренс Мосс, як масъули ин созмон гуфтааст, ба Ӯрунбой Усмонов, ки барои фаъъолияти хабарнигорӣ мавриди таъқибу озори ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон қарор гирифта ва муддате дар боздоштгоҳ ба сар бурда буд, ба миқдори 6 ҳазор дулори омрикоӣ кумаки молӣ низ тахсис шудааст.

Ҳамчунин, оқои Мосс таъкид кардааст, эътои ҷоизаи “Human Rights Watch” ба Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори бахши ӯзбакии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон навъи ҷалби таваҷҷӯҳ ба мавориди саркӯбии озодии баён дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

Ҷоизаи Ҳелман-Ҳаммет ба ифтихори Лилиан Ҳелман, дромнавис ва Дашиэл Ҳаммет, нависандаи омрикоӣ аз ҷониби созмони “Human Rights Watch” таъсис шудааст. Ин ду нафар барои ақоиди сиёсӣ ва фаъъолияти касбии худ аз сӯйи Кумитаи Конграи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бозрасӣ шуда, хонуми Ҳелман муддати чанд сол дар ин кишвар коре барои худ пайдо карда натавониста ва оқои Ҳаммет муддате дар зиндон ба сар бурдааст.

Ӯрунбой Усмонов рӯзи 13 июни соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Миёна мамнӯъ аст, боздошт шуд.

Мақомҳои амниятии Тоҷикистон ӯро ба доштани иртибот бо Ҳизби Таҳрир муттаҳам карда ва гуфта буданд, ки боздошти оқои Усмонов ба фаъолиятҳои хабарнигорияш рабте надорад.

Аммо Ӯрунбой Усмонов ва шабакаи хабарии Би-би-сӣ мукарраран ба бегуноҳ будани ӯ таъкид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳама гуна ҳаракот ва аъмоли ӯ дар чорчӯби фаъолиятҳои хабарнигориаш сурат гирифтааст.

Додгоҳи вилояти Суғд Ӯрунбой Усмоновро рӯзи 14-уми октябри соли гузашта дар иртибот бо тарафдорони Ҳизби Таҳрир муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон карда ва тибқи Қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф кард.

Вале Ӯрунбой Усмонов ҳукми додгоҳро «ғайриодилона» унвон карда ва вакилони мудофеъи вай бо дархости табраъа шудани комили муваккилашон ба додгоҳи олӣ муроҷеъат карданд.

Вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябри соли гузашта шикояти Ӯрунбой Усмонов алайҳи ҳукми додгоҳи вилояти Суғдро баррасӣ карда ва ин ҳукмро бетағйир боқӣ гузошт.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120910_mm_hrw_usmanov.shtml

Ҳамрайъӣ барои журналистон шарти зарурист

[b]Ҷомеъаи хабарнигории Тоҷикистон ба хулосае омад, ки унвонии вазоратҳои қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд. Зеро вақтҳои ахир дар фаъолияти касбии онҳо мақомот монеъа эҷод менамояд…[/b]

Бахшида ба рӯзи ҳамраъйии журналистон дар толори хурди бинои «Шарқи озод» ҳамойиши вижа таҳти унвони «Нақши ВАО дар таъмини суботи ҷамъиятӣ ва ҳуввияти миллӣ» баргузор гардид.

Дар ин нишаст, Акбаралӣ Сатторов, райиси ИЖТ, Хуршед Ниёзов, котиби генералии Медиа-Алянси Тоҷикистон, Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Зафари Суфӣ, мудири кулли Гурӯҳи расонаҳои «Озодгон», Саймуддин Дӯстов, райиси бунёди «ИНДЕМ», Умед Бобохонов, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс”, Раҷаби Мирзо, роҳбари Маркази тадқиқоти сотсиологии “Бозтоб”, Қироншо Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Журналист”, Ҳуриниссо Ализода, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва намояндагони расонаҳои хабарии кишвар иштирок доштанд.

Дар нишасти мазкур бархе аз хабарнигорон ва муассисони расонаҳои кишвар аз муносибати сард ва бархӯрди дурушти ниҳодҳои қудратӣ тайи рӯзҳои ахир бо журналистон изҳори нигаронӣ карданд. Ба таъкиди онҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар вақти зарурӣ ба ВАО аз додани иттилоот ба ҳар баҳона худдорӣ мекунанд, аснои иҷрои рисолати касбии хабарнигорон ба онҳо монеъа эҷод менамоянд.

Иштирокдорони нишаст атрофи ҳаводиси Хоруғ, қатъ шудани алоқаи мухобирот ва интернет, инчунин чанд ҳодисае дигаре, ки дар Душанбе рух дода буд, ёдовар шуда атрофи ин ду мавзӯъ бештар сӯҳбат намуданд.

Дар мавриди ҳодисаи 6-уми сентябр (аз сӯхтори бозори Корвон ва то раҳпаймоии тоҷирон) қайд шуд, ки он рӯз садҳо нафар фурӯшандагони бозори «Корвон» дар пайи сӯхтори макони тиҷорати худ ба маркази шаҳр баромада, бо кӯчаи Саъдии Шерозӣ ҷониби корхонаи нассоҷӣ маъруф ба «Текстил» қадам мезаданд. Савдогарон изҳор медоштанд, ки ба шаҳрдорӣ барои расонидани арзу шикоят ва додхоҳӣ мераванд, на бештар аз он: «Дар ин росто журналистон инъикоси ҳодисаи мазкурро рисолати касбӣ дониста, пайи анҷоми вазифа буданд, аммо бархеи онҳо мавриди боздошт ва таҳдиди мақомот қарор гирифтанд, ки ин мӯъҷиби нигаронӣ аст».

Маврид ба ёдоварист, зимни сабт намудани рафти ҳодиса дар назди корхонаи мавсум ба «Текстил» чанд журналист- Зарринаи Хушвахт, Ибодуллоҳи Тоир, Саймуддин Дӯстов, Зеваршоҳи Муҳаммад ва Ҳарамгули Қодиру чанд тани дигар мавриди таҳдиду зӯроварӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, аксбардору садогири онҳо гирифта шуд ва баъдан баргардонида шуданд.

Дар поёни ҳамойиш, ҷомеъаи хабарнигорон ба хулосае омад, ки унвонии мақомоти қудратии кишвар муроҷиатнома ирсол намояд.

Источник: http://www.ozodagon.com/g/item/16643-ҳамрайъӣ-барои-журналистон-шарти-зарурист

«Узрхоҳии» пулис ва озодии Саймудин Дӯстов пас аз се соъати боздошт

[b]Саймудин Дӯстов, раиси сандуқи «ИНДЭМ» ва муассиси нашрияи «Нигоҳ», дар ҷараёни роҳпаймоии гурӯҳе аз муътаризон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» аз сӯйи маъмурони пулис боздошт шуд.[/b]

Баъд аз тақрибан се соъати боздошт дар бахши пулиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, маъмурон аз ӯ «пузиш хоста» ва ӯро озод кардаанд.

Дар суҳбат бо Би-би-сӣ оқои Дӯстов гуфт, ки субҳи имрӯз кормандони нашрияи «Нигоҳ» барои бозтоби тазоҳуроти туҷҷори бозори «Корвон» ба чанд минтақаи шаҳри Душанбе эъзом шуда буданд.

Вай гуфт: «Ман барои рӯшан сохтани қазияи боздошти ҳамкорам Зайниддин Орифӣ ба маҳалли корхонаи текстили (нассоҷии) шаҳри Душанбе омадам, ки дар он ҷо гурӯҳе аз туҷҷор гирдиҳамоӣ мекарданд. Маъмурони пулис чанд дафъа аз ман пурисданд, ки ман помирӣ ҳастам ё на. Сипас, маро маҷбур карданд, ки ҳамроҳи онҳо ба бахши пулис биравам.»

Дар бахши пулис оқои Дӯстов беш аз се соъат нигоҳ дошта шудааст. Саидҷаъфар Холиқов, раиси пулиси ноҳияи Шоҳмансур, ба маъмурон дастур додааст, ки бидуни иҷозаи вай касе аз тазоҳуркунандагон набояд озод карда шавад.

Ин дар ҳолест ки ба гуфтаи оқои Дӯстов, теъдоди боздоштшудагон низ зиёд набуд: «Ҳамроҳи ман ду нафар ба идораи пулис оварда шуданд. Сипас, боз чанд нафареро оварданд. Баъд ҳамаро озод карданд.»

Вай афзуд, ки нахуст бархӯрди маъмурони пулис хашин буд ва сипас, нармтар шудааст.

Оқои Дӯстов афзуд: «То замоне ки ба маҳалли тазоҳуркунандагон (Абдураҳмон) Бузмаков, раиси пулиси Душанбе, наомад, маъмурон бо тазоҳуркунандагон ва хабарнигорон бархӯрди хашин доштанд. Сипас, таҳти раҳбарии Бузмаков амалиёти пулис хеле ҳирфаӣ анҷом шуд. Вале маъмурони амниятӣ ҳамчунон дурушт рафтор мекарданд.»

Раиси сандуқи ИНДЭМ, ки муассиси хабаргузории мустақилли «Тоҷнюз» ҳам ҳаст, хабар дод, ки Саидҷаъфар Холиқов, раиси пулиси ноҳияи Шоҳмансур, дар ниҳоят аз ӯ пузиш хоста ва ӯро озод кардааст.

Дар посух ба ин суол, ки оё вай аз чунин бархӯрди маъмурони пулис ба ниҳоде шикоят хоҳад бурд ё хайр, оқои Дӯстов гуфт: «Шароите буд, ки боздошт нашавам, яъне имкони фирор буд. Вале ман амдан таслим шудам, то бифаҳмам, ки пулис чи ҳадафе дорад. Гузашта аз ин, маро суолоти маъмурон нороҳат карда буд, ки ман помирӣ ҳастам ё на.»

«Ба ин далел, мехостам ин мавзӯъро бо мақомоти пулис матраҳ кунам. Дуруст аст, ки ман метавонам аз боздошти ғайриқонунии худ ба додгоҳ шикоят бубарам. Вале бо дарназардошти тафоҳуми ниҳоӣ аз ин амр худдорӣ мекунам.»

Саймиддин Дӯстов бар ин назар аст, ки дар фурӯ нишондани эътирозоти марбут ба оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» нақши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси маҷлиси улёи порлумон ва шаҳрдори Душанбе, хеле бузург будааст.

Вай гуфт: «Ӯ нотарсона ба назди тазоҳуркунандагон рафт ва ба мушкилоти онҳо расидагӣ кард. Агар ӯ намебуд, бархӯрди маъмурони амниятӣ ва пулис бо тазоҳуркунандагон метавонист паёмадҳои номатлубе дошта бошад. Ин ҷо як нукта бояд мавриди назар бошад, ки бештари зиёндидагони ин оташсӯзӣ аз ҷумлаи ӯзбактаборони Тоҷикистон буданд. Ба ин далел, метавонам бигӯям, ки шаҳрдори Душанбе аз ихтилофоти қавмӣ низ ҷилавгирӣ кард.»

Боздошти беш аз сесоъатаи оқои Дӯстов дар ҳолест, ки шоҳидони айнӣ аз бархӯрди хашини маъмурони амниятӣ ва пулис бо чанде дигар аз хабарнигорон ва муътаризон хабар додаанд.

Аз ҷумла, хабарнигорони Би-би-сӣ низ гуфтанд, ки дар назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бархе аз кормандони амниятӣ ва пулис бо онҳо низ бадрафторӣ кардаанд.

Пештар гузориш шуд, ки Зайниддин Орифӣ, хабарнигори хабаргузории «Тоҷнюз» низ ба ҳангоми боздид аз маҳалли оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» боздошт шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120906_if_fire_dustov.shtml

Пешниҳоди «либоси ягона» барои журналистони тоҷик

[b]Созмонҳои журналистӣ барои фарқ кардани хабарнигорон дар инъикоси ҷараёни гирдиҳамоиҳо хостори либоси ягона шудаанд.[/b]

Ин пешниҳод дар ҳамоише бахшида ба рӯзи ҳамраъйии журналистон дар Душанбе садо додааст. Ба қавли Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, «инъикоси ҳаводиси марбут ба сӯхтори «Корвон» аз тарафи журналистон ва бархӯрди кормандони милиса бо онҳо» яке аз бахшҳои асосии ин ҳамоиш будааст.

Саймуддин Дӯстов, раиси бунёди «ИНДЭМ» ва муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ», дар ин ҳамоиш дар хусуси бархӯрди номуносиби кормандони умури дохилӣ бо журналистон дар ҳодисаҳои муҳим гузориш ироа кардааст. Вай аз ҷумла пешниҳод кардааст, ки як номаи дастиҷамъии созмонҳои журналистӣ ба вазорати умури дохилӣ пешниҳод карда шуда, даъват шавад, ки бо мақомоти аршади вазорат мулоқоти журналистон баргузор гардад.

Саймиддин Дӯстов аз ҷумлаи рузноманигороне мебошад, ки дар ҷараёни роҳпаймоии эътирозгарон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори «Корвон» аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда буд. Ӯро дар шӯъбаи умури дохилӣ 3 соат нигоҳ дошта, сипас бо узрхоҳӣ раҳо кардаанд.

Дар ин ҳодисаҳо ба хабарнигорони Би-би-сӣ низ аз тарафи кормандони милиса бадрафторӣ шудааст. Дар ҳамоиши журналистон таъкид шудааст, ки ба хотири ташхиси журналистон дар ҳодисаҳое назири эътирозҳои тоҷирони «Корвон», онҳо либоси махсус бо ранги махсус дар бар дошта бошанд. Хабарнигорон бовар доранд, ки дар он сурат маъмурони пулис ва амниятӣ онҳоро шинохта, чандон муносибати хашин нахоҳанд дошт.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24700889.html

Лимити барқ дар маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод»

[b]Тайи ду рӯз аст дар Маҷмаъаи табъу нашри “Шарқи озод”, ки макони асосии ҷойгиршавии расонаҳои Тоҷикистон мебошад, аз субҳ то баъди нисфирӯзӣ қувваи барқ хомӯш карда мешавад.[/b]

Хуршеди Атовулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, ба гумони ғолиб, хомӯш кардани барқ ба ҳодисаи сӯхтор дар “Корвон” рабт дорад.

— Мақомот бо ҳадафи монеъ шудан ба пӯшиши ҳодисаҳои митинг дар пайи ин сӯхтор, ки тоҷирони касодшуда дирӯз баргузор карданд, ба ин амал даст мезананд.
Сайёфи Мизроб, cармуҳаррири рӯзномаи «СССР» мегӯяд, дар пайи ҳодисаи сӯхтор дар Бозори “Корвон” ду рӯз пайи ҳам дар як вақт хомӯш шудани қувваи барқ ба ҳадафҳои сиёсӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе, бо фармони “Барқи тоҷик” сурат гирифтани ин иқдомро тасдиқ карданд.

Султонмурод Давлатов, масъули Шабакаи барқи шгаҳри душанбе ба хзабарнигори TojNews гуфт: «Хатти 110-уми барқ бо супориши “Барқи тоҷик” бурида шудааст. Ин хатти барқ аз зери Бозори “Корвон” мегузарад ва барои таъмир бурида шудааст. Дар назар то соати 13:00-имрӯз ин хат таъмир карда шуда, таъминоти қувваи барқ дар ин манотиқи пойтахт барқарор карда шавад.”

Источник: http://tojnews.org/node/3961

“Боздошти хабарнигорони Озодӣ як сӯитафоҳум будааст”

[b]Зарангези Наврӯзшоҳ ва Абдуллоҳи Ашӯр, ки ба дунболи пӯшиши эътирози донишҷӯён дар назди қасри раиси ҷумҳур боздошт шуданд, раҳо гардиданд.[/b]

Ба гуфтаи хабарнигори радиои Озодӣ Зарангези Наврӯзшоҳ, рӯзи ҷумъа, тақрибан соатҳои 13:30 ӯву ҳамкораш Абдуллоҳи Ашӯр барои сӯҳбат бо эътирозгарон – ҷавононе, ки барқарор шудани исмҳояшон дар феҳрасти донишҷӯёни донишгоҳҳои Қазоқистонро талаб доранд, назди Кохи раёсатҷумҳурӣ рафтанд.

— Вақте мо ба он ҷо расидем, 21 донишҷӯ ва падару модари чанд нафари онҳо дар назди дастгоҳи президент қарор доштанд. Онҳо гуфтанд, ки аз он ки аз ҳаққи таҳсил дар мактабҳои олии Қазоқистон ба таври ғайричашмдошт маҳрум шудаанд, шадидан норозӣ ҳастанд ва фикр мекунанд, ки ба масъала бояд президент Эмомалӣ Раҳмон мудохила кунад.

Ба нақли хонум Наврӯзшоҳ, ҳангоми мусоҳибаи онҳо бо донишҷӯён 6-7 ходими милиса бо либоси корӣ ва чанд нафар бо либоси мулкӣ, эҳтимолан ходимони амният дар атроф қарор доштанд ва талош мекарданд, эътирозгаронро пароканда кунанд.

— Онҳо мегуфтанд, ки шумо аризаи худро дар дасти як намояндаатон гузоред ва пароканда шавед, бигузор ӯ бо намояндаи дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ мулоқот карда масъаларо шарҳ диҳад. Вале ҷавонҳо пароканда шудан намехостанд, — мегӯяд Зарангези Наврӯзшоҳ.

Абдуллоҳи Ашӯр мегӯяд, ки полис талош дошт дар ҷараёни аксбардорӣ монеа эҷод кунад ва нагузорад, ки акси ҷавонҳои эътирозгар бардошта шавад.

— Фикр мекунам, ки сабаби боздоштшавии мо ҳам ҳамин аст, ки онҳо мехостанд бубинанд, ки мо чӣ аксҳое бардоштаем, — гуфт ин хабарнигори радиои Озодӣ.

Ҷавонҳои эътирозгар мегӯянд, ки сабаби муроҷиати онҳо ба раиси ҷумҳурӣ ин аст, ки аз посухи Вазорати маорифи Тоҷикистон қаноатманд нестанд. Вазорат бо пахши изҳороте имрӯз гуфт, ки баъди моҳи март низоми қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳои Қазоқистон тағйир ёфт ва баҳоҳое, ки ин довталабон аз рӯи имтиҳон супурда ба донишгоҳҳо дохил шудаанд, эътироф намешаванд. Вазорат гуфтааст, ки “низоми пешинаи имтиҳонсупорӣ ва шумори баҳоҳо ба меъёрҳои нави маорифи ин кишвар” мувофиқат намекунад.

Дар миёни ин ҷавонон чандин нафаре соли охир дар курсҳои омодагӣ ба дохилшавӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон таҳсил кардаанд, Шумори куллии донишҷӯён дар ҳудуди 90 нафар гуфта мешавад. Вале чанд рӯз пеш аз шурӯи таҳсил дар Қазоқистон ба онҳо гуфта шудааст, ки онҳо аз унвони донишҷӯ маҳрум шудаанд. Аксари эътирозгарон фикр мекунанд, ки шояд ҷойҳои онҳо дар донишгоҳҳои кишвари беруна ба дасти “фарзандони афроди бонуфуз ва сарватманд” гузаштаанд.

Зарангези Наврӯзшоҳ мегӯяд, ки баъди анҷоми мусоҳибаҳо дар роҳ ба сӯи дафтари кории Озодӣ дар назди тарабхонаи “Мерве” онҳоро ходимони полис манъ кардаанд, ки аз қафояшон савори ду мошини сабукрав расида омадаанд. Онҳо гуфтаанд, ки бо дастури раҳбарияташон бояд ин хабарнигоронро ба шӯъбаи умури дохилаи Исмоили Сомонӣ бубарандМаъурони пулисе, ки Зарангези Наврӯзшоҳ ва Абдуллоҳи Ашӯрро боздошт карданд, дар сӯҳбат бо Хуршеди Ҳамдам, раҳбари намояндагии радиои Озодӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки онҳо танҳо супорише, ки ба онҳо дода шуда буд, иҷро карданд. Ба таъкиди маъурони пулис раҳбарашон ба онҳо амр додааст, ки ин ду хабарнигор боздошт ва ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурда шаванд, то маълум гардад, ки онҳо ба чӣ хотире акс гирифтаанд ва бо ҷавонони таҷаммӯъкарда сӯҳбат кардаанд.

Аммо масъулони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо хабарнигорон бархӯрди хашин надоштанд, балки онҳо низ дарк карданд, ки ҳар ду хабарнигор вазифаи касбии худро иҷро кардаанд. Ин боздошт, ки на бештар аз 30 дақиқа идома дошт, бо раҳоии хабарнигорон анҷом ёфт. Дар ҳангоми бозгардони диктофон ва дастгоҳи аксбардори хабарнигорони Озодӣ ходимони полис гуфтанд, ки боздошти онҳо «як сӯитафоҳум» будааст.

Источник: http://www.ozodi.org/content/rferl-correspondents-freed-after-short-detention/24693565.html

Тақдири номуайяни расонаҳои миллӣ

[b]Сабти номи расонаҳо, механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ, шеваи пешниҳоди иттилои фаврӣ, маблағгузории пинҳонии нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ, манъи обунаи маҷбурӣ ва иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо бояд дар лоиҳаи нави Қонуни матбуот ҳалли худро ёбанд.[/b]

Ин аст тақозои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз муаллифони лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот”ва як гурӯҳи корӣ, ки се рӯз боз дар Варзоб ҷамъ омадаанд.

Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, ки аз ташаббускорони ин нишаст ҳам аст, ба TojNews гуфт, ки гурӯҳи корӣ иборат аз 12 нафар паҳлуҳои баҳсбарангези лоиҳаи мазкурро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор додаанд ва кӯшиш хоҳанд кард, то интизориҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин лоиҳа бароварда шавад. Аммо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ин тарҳ чӣ интизориҳо дорад?

Мо кӯшиш кардем, зимни сӯҳбат бо чанде аз фаъолон ва дастандаркорони муҳити расонаӣ теъдоде аз пешниҳодотро ҷамъ оварем.

— Матраҳтарин мушкили имрӯзи ВАО-и Тоҷикистон — дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ аст. Қонунгузор барои додани иттилои фаврӣ се рӯзро муқаррар намудааст, аммо механизми иҷро ва ҷавобгарӣ барои рад кардан мушаххас нест. Аз ин рӯ, масъулини ҳукуматӣ ва ҳатто созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон нисбат ба ҷомеаи журналистӣ ва талаботи он беэътиноӣ мекунанд. Бо назардошти рушди технологияи муосир ва талаботи ҷомеа, иттилоъ бояд ба аввалин дархости расона ва ё журналист оҷилан пешниҳод шавад,- мегӯяд котиби масъули нашрияи “Нигоҳ” Эраҷи АМОН.

Ба гуфтаи хабарнигори радиои “Озодӣ” Фахриддини Холбек, дар лоиҳаи қонуни нав бояд механизми ба қайд гирифтан ё аккредитатсияи хабарнигорони хориҷиву маҳаллӣ ва сабти номи нашрияҳо сода шавад.

— Бесарусомоние, ки ҳоло дар сабти ном ва андозбандии расонаҳои ватанӣ вуҷуд дорад, шояд, дар ҳеҷ кишвари дунё набошад,- меафзояд ҳамсӯҳбати мо.

Аммо коршиноси масоили иқтисодӣ Рустам Самиев ба ин назар аст, ки дар қонуни нав мафҳуми “маблағгузории пинҳонӣ”-и нашрияҳои хусусиву ҳукуматӣ ҳам бояд мушаххас шавад, то рақобати ошкоро омили пешбари соҳа гардаду таҷрибаи аз тариқи рекламаи созмонҳои хориҷӣ маблағгузорӣ намудани нашрияву расонаҳои алоҳида қатъ гардад.

Рустам Маҷидов, аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, обунаи иҷборро “проблемаи № 1” медонад: “Дар Тоҷикистон нафаре нест, ки аз обунаи маҷбурӣ ба нашрияву маҷаллаҳои ҳукуматӣ ва ҳизби ҳоким надонад. Ин проблемаи № 1 ва амали ғайриқонунӣ аст, ки ба он аз тариқи қонуни нав хотима бояд гузошт. Бо манъ кардани обунаи иҷборӣ, дар муҳити расонаии кишвар фазои рақобатнок ба вуҷуд омада, боиси рушди нашрияҳои миллӣ мегардад. Ин, дар навбати худ, ба таъмини амнияти иттилоотӣ, ки заъфи имрӯзи ҷомеаву давлати мост, оварда мерасонад”.

Ин ҳамсӯҳбати мо, ҳамчунин, бар он аст, ки “иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар таъсис ва идораи расонаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон бояд манъ карда шавад, зеро таҷрибаи чанд соли ахир нишон дод, ки масъулини нашрияҳо, ки худ шаҳрвандони кишварҳои хориҷианд ё аллакай аз кишвар рахти сафар бастаанд, ҳар сари чанд вақт ба иғвоҳои матбуотӣ даст мезананд”.

Аксари ҳамсӯҳбатони мо бар он буданд, ки бо назардошти ҳодисаҳои ахири Бадахшон ва интихоботи президентии соли 2013 ин лоиҳаи қонун барои озодии сухан ва матбуот дар Тоҷикистон ҳалкунанда хоҳад буд.

Ин буд мухтасари пешниҳодоти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки мо ҷамъ овардем ва ба аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи матбуот” пешниҳод хоҳем кард.

Ногуфта намонад, ки ба ҳайати ин гурӯҳи корӣ 12 нафар: Олим Салимов ва Акрамшо Фелалиев — вакилони Маҷлиси намояндагони МО ҶТ ва муаллифони лоиҳаи мазкур Шодӣ Шабдолов, вакили парлумон аз ҲКТ, Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз ҲНИТ, Маҳмудҷон Сараев, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АВАОМТ), Қироншоҳ Шарифзода, раиси Созмони ҷамъиятии “Ҷомеа”, намояндаҳои Вазорати адлия ва Маркази миллии қонунгузорӣ шомиланд.

Баъд аз баррасӣ ва хулосаи ин гурӯҳи корӣ лоиҳаи қонуни нав барои баррасӣ ба Раёсати Маҷлиси намояндагон ва сипас, ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Источник: http://tojnews.org/node/3848

Конфронси “муҳоҷирати меҳнатӣ ва ВАО”

[b]“Муҳоҷирати меҳнатӣ ва Васоити ахбори омма” — таҳти ин мавзӯъ дар шаҳри Душанбе 31-уми августи соли ҷорӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир мегардад.[/b]

Конфронси мазкур бо ташаббуси Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” дар кӯчаи М.Қурбонов, воқеъ дар паҳлуи Меҳмонхонаи “Гранд ҳотел”, доир мегардад.

Иштироки хабарнигорон дар конфронс озод аст. Оғози чорабинӣ: соати 10.00.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари СҶ “Перспектива+” ва ҳомии машҳури ҳуқуқи инсон, ба TojNews гуфт, ки ҳадафи ин конфронс — таҳлили инъикоси мавзӯъҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандон дар ВАО, мусоидат ба вазъи ҳуқуқии онҳо ва ҳамчунин, фароҳам овардани фазои муносиб барои ҳалли мушкилоти ин қишр дар ҳиҷрат мебошад.

Зимнан, CҶ “Перспектива+” аз ниҳодҳои қавии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки пайваста масоили марбут ба муҳоҷирати кории шаҳрвандонро пайгирӣ мекунад ва дар ин замина, баргузории чандин нишастҳои минтақавӣ ва байналмилалиро ҳам ба ӯҳда доштааст.

Источник: http://tojnews.org/node/3845

Ҳамоиши масъулони Би-Би-Сии форсӣ бо рӯзноманигорони тоҷик

[b]Мардуми Тоҷикистон аз Би-би-сӣ ба унвони яке аз муътабартарин расонаҳои хабарии ҷаҳон таваққуъоти зиёде доранд, вале рӯйдодҳо ва таҳаввулоте, ки дар ин кишвар иттифоқ меуфтанд, ба таври боиста дар Би-би-сӣ бозтоб намеёбанд.[/b]

Ин умдатарин мавзӯъе буд, ки шуморе аз рӯзноманигорони тоҷик баъд аз зуҳри рӯзи душанбеи 27 август дар як нишасти матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе бо намояндагони Би-би-сӣ, аз ҷумла Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, матраҳ карданд.

Ин ҳамоиш ҷузъе аз барномаи ҷашнвораи филмҳои мустанади Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд, ки қарор аст аз 31 август то 2 сентябр дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ин нишаст, ки дар толори Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон таҳти раёсати Акбаралӣ Сатторов, раиси ин иттиҳодия, доир шуд, Ҷеннӣ Нортон, сардабири Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ, Дено Таҳмосбӣ, масъули равобити умумии Би-би-сии Форсӣ, ва бархе аз гузоришгарони маҳаллии Би-би-сӣ ҳам ширкат доштанд.

[b]Матни пурраи гузоришро бо пахш кардани нишони зерин дар торномаи мо мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=209]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=209[/url]

Источник: