Все записи автора admin

Ҳукуматҳо озодии баён дар Интернетро «таъқиб мекунанд»

[b]Freedom House ё Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия додааст.[/b]

Ҳамла ба озодиии Интернет дар саросари ҷаҳон дар ҳоли афзоиш буда, давлатҳои таъқибгар дар ин амр рӯз то рӯз аз васоили мураккабтар истифода мебаранд. Чунин аст хулосаи асосии гузориши солонаи “Озодӣ дар Интернет 2012”, ки созмони амрикоии Хонаи Озодӣ ё Freedom House рӯзи 24-уми сентябр нашр кард.

Санҷа Келлӣ, раҳбари таҳқиқоти нави Хонаи Озодӣ мегӯяд, давлатҳои таъқибгар акнун бар иловаи шеваҳои “суннатӣ”-е, чун филтр ё масдуд кардани матолиби нохушоянд ё ба зиндон кашондани фаъолони маъруфи Интернет, ба шеваҳои навтари таъқибу фишор даст мезананд. Хонум Келлӣ аз ҷумла афзоиши мавридҳои “дасткории фаъолонаи мӯҳтавои матолиби Интернет ва назорати ғайриқонунӣ”-ро таъкид мекунад. Аз 47 кишвари таҳқиқшуда чаҳорякаш блогнависони маошхӯрро барои беобрӯ кардани мухолифин, нашри иттилооти дурӯғ ва ҳимоят аз хатти машши давлатҳо истифода мебурдаанд. Хонаи Озодӣ мегӯяд, Русияву Чин дар ин авохир истифода аз чунин шеваро кам карданд, вале Беларусу Украинаву Эрон ва кишварҳои дигар -баръакс.

Гузориш мегӯяд, ҳамлаҳои сайберӣ ба мунтақидони давлатҳо ва масхараву беобрӯ кардани фаъолони Интернет хеле фарогиртар шуда, аз Бирма то Баҳрайн, аз Қазоқистон то Сурия ва аз Зимбабве то Узбакистон — ҳама давлатҳо аз ин роҳу шева кор мегиранд. “Озодӣ дар Интернет 2012” аз нақшаи эҳтимолии ҳизби ҳокими Русияи воҳиди раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин ҳам ёдовар шуда, ки бино ба гузоришҳои матбуоти Русия, барои хунсо кардани блогнависи мухолиф Алексей Навалний гӯиё 300 000 доллар ҷудо кардааст.

Санҷа Келлӣ мегӯяд, ҳарчанд Интернет дар Русия як муҳити нисбатан озодтар шинохта мешуд, мақомоти ин кишвар дар посух ба мавҷи ахири эътирозҳо, ки аксараш тавассути Интернет даъват мешуд, ҳамлаҳо ба ин шабакаро афзоиш дода, фаъолонро аз паёмадҳои нашри матлабҳои интиқодӣ дар Интернет тарс медиҳанд. Хонаи Озодӣ маҳдудиятҳои эъмолшуда дар роҳи ҳифзи сирри ҳуввият дар Қазоқистону Сурия ва Арабистони Саудиро аз шеваҳои дигари тақвияти назорат бар Интернет ном бурда, меафзояд, аз 47 кишвари мавриди таҳқиқ қариб нисфаш дар ин муддат қонунҳое тасвиб кардаанд, ки озодии баён дар Интернетро маҳдудтар мекунад.

Гузориш ҳамчунин аз афзоиши мавридҳои ҳамлаҳои ҷисмонӣ ва ҳатто ҳалокати блогнависону журналистони интернетӣ сар карда аз Осиёи Марказӣ то ба Ховари Миёна изҳори нигаронӣ кардааст. Ба сурати умум, Хонаи Озодӣ поёнтарин баҳои озодии баён дар Интернетро ба Эрону Куба ва Чину Сурия дода, кишварҳое, чун Узбакистону Беларус ва Покистон дар радифи давлатҳои “ноозод” ҷо гирифтаанд. Озарбойҷону Русия дар байни кишварҳоеянд, ки вазъи озодиашон дар Интернет шояд дар моҳҳои наздик бадтар шавад. Бо ин ҳол, Freedom House Эстония ва Амрикову Олмонро кишварҳои дар Интернет озодтарин ном бурдааст.

Тоҷикистон дар гузориши солонаи Freedom House арзёбӣ нашудааст, вале ба бовари таҳлилгарон, бо он силсилаи “сайтбандон”-е, ки дар соли 2011-ум ва соли ҷорӣ аз сӯи Хадамоти алоқа ва раисаш Бег Зуҳуров алайҳи торнамоҳо мушоҳида шуд, Душанбе ба эҳтимоли ғолиб дар шумори давлатҳои таъқибгар қарор мегирифт.

Хадамоти алоқа танҳо баъд аз оғози нооромиҳои Бадахшон барои қариб ду моҳ сайти “Азия-Плюс”-ро масдуд кард. Дар он рӯзҳо дастрасӣ ба сомонаҳои “Озодагон” ва Би-Би-Сӣ низ дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд. Дар моҳи сентябр “Тоҷнюс” низ аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомонааш дар сегменти Тоҷнет изҳори нигаронӣ кард. Бег Зуҳуров ҳамин тавр, ду моҳ пеш аз азмаш барои таъсиси як гурӯҳи вижа хабар дода буд, ки мебоист дар Интернет шарҳнависони беимзо ва мунтақидро “шикор” мекарданд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24718012.html

«Ҳукумат моро ба оғӯши мухолифон тела медиҳад»

[b]Масъулони торнамои «Тоҷнюс» мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи онҳоро бастааст.[/b]

Раёсати созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ», ки муассиси торнамои «Тоҷнюс» аст, рӯзи 20-уми сентябр бо пахши як баёния аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба ин саҳфа нигаронӣ карда, онро хилофи Қонуни асосии кишвар донист. Масъулони ин торнамо мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бидуни кадом огоҳӣ саҳфаи интернетии онҳоро бастааст.

Саймиддин Дӯстов, раиси созмони «ИНДЕМ», ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз 8-уми сетнябри соли ҷорӣ бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастрасӣ ба торнамои «Тоҷнюс» дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардидааст. Ҷаноби Дӯстов мегӯяд, бо иттилое, ки дастрас кардааст, ин дастур аввал тариқи «СМС» ё паёмак ва баъд дар як номаи расмӣ аз тарафи Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа, ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет расидааст.

Масъули «ИНДЕМ» дар сӯҳбат бо мо аз он изҳори таассуф кард, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет, ба гуфтаи ӯ, «ин дастури ғайриконститутсионии Хадамоти алоқаро» пуштибонӣ карда, домени «Тоҷнюс»-ро масдуд сохтаанд.

«Мо иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кул хатар ба амнияти иттилоотии кишвар арзёбӣ менамоем»,-таъкид шудааст дар баёния.

Раҳбари созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» дар баёнияи худ ин амали Хадамоти алоқаро ҳадафмандона медонад, ки ба бовари ӯ расонаи онҳоро ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон тела медиҳад.

Дар поёни ин баёния зикр шудааст, ки созмони «ИНДЕМ» мунтазири шарҳи вазъи ба амаломада аз тарафи Хадамоти алоқа ва ширкатҳои дастракунандаи интернет дар Тоҷикистон мебошад.

Тайи ду моҳи ахир бо дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон чанде аз торнамоҳои дохиливу хориҷи кишвар, аз ҷумла «Азия-Плюс», Би-би-сӣ, РИА Новости, Ютюб, дастнорас шуда, бархеи онҳо дубора фаъол шуданд. Ин иқдом пас аз шурӯи амалиёти низомии нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ рӯи даст гирифта шуд.

Масъулони торнамои «Азия-Плюс», ҳоло дастрасӣ ба он барқарор шудааст, мегӯянд, дар тӯли ин муддат онҳо як гурӯҳ аз хонандагон ва ҳамчунин рекламадиҳандагони худро аз даст додаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24714308.html

ИНДЕМ аз давлат хостори тавзеҳ дар бораи масдудияти сойтҳо шуд

[b]Созмони иҷтимоъии «ИНДЕМ» аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба мардуми ин кишвар иллати масдудияти сойти хабаргузории «Тоҷнюз»-ро тавзеҳ бидиҳанд.[/b]

Ин созмон рӯзи панҷшанбеи 20 сентябр бо интишори баёнияе Идораи умури иртиботот ва ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистонро ба нақзи қонуни асосӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла ҳаққи мардум ба дарёфти иттилоъот ва озодии баён, муттаҳам кард.

Тибқи ин баёния, талошҳои масъулони «ИНДЕМ» барои мушаххас кардани иллати масдудияти сойти хабаргузории «Тоҷнюз», вобаста ба ин созмон, бенатиҷа будааст.

Дар баёния омадааст, ки сойти «Тоҷнюз» дар чорчӯби қавонини Тоҷикистону ва ахлоқи рӯзноманигорӣ ва ба хотири ҳифзи манофеъи миллӣ фаъъолият мекунад.

Масъулони созмони «ИНДЕМ» аз мақомоти Тоҷикистон хостори тавзеҳоти расмӣ ва арзёбии ҳуқуқии ин иқдом шуда ва гуфтаанд, ки мақомоти Идораи иртиботот, фароҳамгарони интернет ва ширкатҳои телефуни ҳамроҳ бояд расман далели ин амалро шарҳ бидиҳанд.

Дар пайи нооромӣ дар Бадахшон дастрасӣ ба шуморе аз сойтҳои хабарӣ, аз ҷумла сойтҳои хабаргузориҳои «Тоҷнюз», «Аsia-plus», «Сентразия», дар Тоҷикистон масдуд шудааст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120920_mm_website_tojnews.shtml

Муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ ба Додситонии кул

[b]Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба Додситонии кул дар мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар рӯзи тазоҳуроти осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» дар Душанбе муроҷиат кардаанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи муроҷиат ба додситонӣ омода аст ва бо дарёфти имзои созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ ва имзои журналистоне, ки ҳангоми эътирози тоҷирони «Корвон» таъқиб шудаанд, барои баррасӣ ба Додситонӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.[/b]

Ба қавли ҷаноби Қаршибоев, қабл аз тасмими муроҷиат ба Додситонӣ, дар як нишаст намояндагони созмонҳо ва доираҳои журналистии Тоҷикистон ҷамъ омада ва ба хотири ин ки минбаъд кормандони интизомӣ дар ҳодисаҳои назири сӯхтори «Корвон» ба хабарнигорон маҳдудият эҷод нашавад, ба ҷазо кашида шаванд. Дар рӯзи эътирози тоҷирон ва фурӯшандаҳои бозори «Корвон» дар хиёбони Саъдии Шерозӣ Саймиддин Дӯстов, раиси созмони «ИНДЕМ» ва муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» беш аз се соат аз тарафи кормандони милиса боздошт ва бо журналистони дигар бархӯрди хашин шудааст.

Хабарнигорони Би-би-сӣ низ гуфтанд, ки дар назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бархе аз кормандони амниятӣ ва пулис бо онҳо низ бадрафторӣ кардаанд.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120920/538/16058.html?id=24714034

Бег Зуҳуров: «Азия-Плюс» аз паи ҳаргуна танқид наравад»

[b]Пас аз ду моҳи маҳдудияти дастрасӣ, торнамои «Азия-Плюс» дубора бо нишонии News.TJ боз шуд. Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо дастури ӯ торнамои «Азия-Плюс» фаъол шудааст.[/b]

Аммо ҷаноби Зуҳуров афзуд, «акнун вақти он аст, ки ин торнамо бамаънӣ бошад ва аз пайи ҳаргуна танқидҳои ноҷо наравад.» Дар ҳамин ҳол, Зебо Тоҷибоева, мудири иҷроияи Оҷонси хабарии «Азия-Плюс» гуфт, аз тариқи провайдери Телеком Технолоҷӣ боз шудани ин сомона имконпазир шудааст, вале ҳанӯз аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон номаи расмӣ аз ифтитоҳи сомона ба онҳо нарасидааст.

Аз шоми 23-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс” масдуд карда шуд. Дар ин замина раиси Хадамоти алоқаи кишвар ба расонаҳо гуфта буд, масдуд шудани сомонаи мазкур мушкили фаннист, на чизе дигар.

Источник: http://www.ozodi.org/archive/tajik_domestic_news/20120920/538/16058.html?id=24714419

Изҳороти СҶ “ИНДЕМ” оиди ғайриқонунӣ маҳдуд шудани дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии Тоҷнюс

Раёсати Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” бо камоли таассуф изҳор медорад, ки шурӯъ аз 8-уми сентябр бо супориши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дастрасӣ ба пойгоҳи интернетии оҷонси иттилоотии TojNews дар бахши тоҷикии Интернет ё Тоҷнет маҳдуд гардид. Бинобар, иттилоъи ба мо расида, ин супориш, аввал тариқи СМС-паём ва сипас бо мактуби расмии роҳбари Хадамоти алоқа, тадриҷан, ба ширкатҳои дастраскунандаи Интернет ва алоқаи мобилӣ расонида шудааст.

Мутаасифона, Интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои алоқаи мобилӣ, бархилофи талаботи қонунгузории ҷории миллию байналмилалӣ, инчунин, фарҳанги муомилоти корӣ, ки хоси ширкатҳои баобрӯ ва оммавӣ мебошад, аз ин амал ғайриқонунӣ дастгирӣ намуда, домени tojnews.org-ро бастанд. Талошҳои даҳрӯзаи мо барои дастрас кардани шарҳи расмии ин амал натиҷа надоданд.

Мо, иқдоми мазкурро хилофи талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои соҳавӣ дониста, онро поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон барои дастрасӣ ба иттилооти мустақил, озодии баён ва гуногунандешӣ, эҷоди монеа барои амалӣ намудани фаъолиятҳои касбии журналистӣ ва дар кулл хатар ба амнияти иттилотии кишвар арзёбӣ менамоем.

Дар ҳоле, ки ба эътирофи умум, TojNews дар фаъолиятҳои худ, меъёрҳои мустақилият аз ҳукумат, аҳзобу шахсиятҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу саноатӣ, рекломдиҳандагони бузург ва донорҳои хориҷиву байналмиллалиро риоя намуда, дар Тоҷнет ё бахши тоҷикии Интернет бо расонаҳои қавии хориҷӣ ва ғайримиллӣ рақобат мекунад, мо, ин амали ҳадафмандонаро кӯшиши тела додани расонаҳои мо ба оғӯши мухолифони ҳукумати феълӣ дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон медонем.

Мо мутмаинем, ки фаъолиятҳои мо дар доираи қонунгузорӣ ва ахлоқи касбӣ пиёда шуда, ба ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ дар муҳити иттилоотӣ равона шудаанд.

Дар баробари иттилоърасонӣ, мо, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва вусъати равандҳои демократӣ дар кишварро аз арзишҳои худ дониста, дар соли ҷорӣ, рисолати худро ба ҳайси як ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар ташаккули фарҳанги нави муносибати мақомот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаклдиҳии фарҳанги муошират дар форумҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебинем.

Маҳз ин арзишҳо моро водор месозанд, ки аз мақомоти зирабти ҷумҳурӣ шарҳи расмӣ ва баҳои ҳуқуқии ин иқдомро талаб намоем. Мо мутманем, ки чизе болотар аз волоияти қонун буда наметавонад.

Мо интизор дорем, ки роҳбарияти Хадомати алоқа, интернет-провайдерҳо ва ширкатҳои мобилӣ ин амали бешарафонаашонро барои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон расман шарҳ хоҳанд дод.

Ҳамчунин, мо изҳор медорем, ки ба дастгирии маънавӣ ва ҳуқуқии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ниёз дорем.

Источник: Индем.

Мудохилаи президент барои ҳалли мушкили ТВ форсизабон

[b]Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки мақомоти гумрук ба таври оҷил ба мушкили барои таҷҳизоти телевизиони муштараки форсӣ пешомада, расидагӣ кунанд.[/b]

Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, аз се моҳ ба ин сӯ таҷҳизоти телевизиони муштараки форсӣ аз расмиёти Хадамоти гумруки Тоҷикистон нагузаштааст ва аз ин хотир, кишвараш мусоидати раисҷумҳурро зарур шуморид.

Телевизиони муштараки форсӣ, ки аз тавофуқоти умдаи миёни се кишвари форсзабон – Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон аз соли 2006 аст, то ба имрӯз бо мушкилоти сиёсиву забонӣ ва инак, молиявӣ мувоҷеҳ мешавад.

Сафорати Эрон дар Душанбе эълом дошт, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақрибан 400 ҳазор доллар аз 2 миллион евро, қимати умумии таҷҳизот барои телевизион, боҷ талаб кардааст. Ин хадамот мегӯяд, ин таҷҳизот танҳо дар ҳоле аз боҷ озод мешавад, ки барои истифодаи корпуси дипломатӣ, яъне сафорати Эрон бошад, аммо дар ин маврид он моли сафорат нест.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти телевизиони муштараки форсӣ тамоми шароит фароҳам омадаанд, аз ҷумла як бинои думанзила дар шафати телевизиони «Баҳористон» бо студияву толорҳои зарурӣ барои телевизион омода шудаанд.

Расонаҳои Эрон хабар медиҳанд, ки ин телевизион «Наврӯз» унвон шудаву рӯзона 8 соат барнома пахш хоҳад кард. Ба қавли Алиасғари Шеърдӯст, мӯҳтавои барномаҳои ин телевизиони муштарак сирф фарҳангӣ ва барои низоми сиёсии тамоми кишварҳои форсизабон мувофиқ хоҳад буд. Вай афзуд, ҳайати эҷодии ин телевизион низ бо мувофиқаи кишварҳо ташкил мешавад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24713360.html

Интиқод аз фаъолияти сохторҳои давлатӣ дар ҳаводиси Хоруғ

[b]Як мақоми Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ба далели “суст будани кори сохторҳои давлатӣ” дар ҷараёни ҳаводиси шаҳри Хоруғ иттилоъот дар мавриди ин ҳаводис бештар аз манобеъи ғайрирасмӣ дарёфт шудааст.[/b]

Давлаталӣ Назриев, сухангӯи ин вазорат, ки рӯзи сешанбеи 11 сентябр дар ҳамоише бо номи “Таҳдидҳои муосир дар бахши фазои иттилоъотӣ ва нақши васоили ахбори умум (ВАО) дар Тоҷикистон” суханронӣ мекард, гуфт, агар манбаъҳои расмӣ дар бораи ҳаводиси шаҳри Хоруғ ба таври оҷил иттилоъ пахш мекарданд, хабарҳои нодурусту сару садоҳои зиёд пайдо намешуданд.

Оқои Назриев гуфт: “Мо хабарҳои расонаҳои урупоии ба забонҳои олмонию инглисиро таҳлил кардем. Як чизи ҳайратовар ва нигаронкунанда он буд, ки бисёр иттилоъи рӯзҳои аввали ин ҳодиса ба ҳақиқат мувофиқат намекарданд.”

Ӯ афзуд: “Аз ин ҳодиса чунин хулоса кардем, ки дар ин гуна ҳодисаҳо ташаббус бояд дар дасти ниҳодҳои давлатӣ бошад ва онҳо барои расонаҳо ва аҳли ҷомеъа иттилоъи заруриро сари вақт пахш кунанд.”

Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи “ИмрӯзNews” ва радиои “Имрӯз” низ аз фаъолияти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷараёни ҳаводиси шаҳри Хоруғ интиқод карда ва гуфт, ки иттилоъоти марказҳои матбуъоти Додситонии кулл ва Вазорати умури дохила дар бораи теъдоди талафоти ҷонӣ дар миёни сокинони ғайринизомии шаҳри Хоруғ, нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ба истилоҳи давлат “ғайриқонунӣ” мутафовит буданд.

Масалан, ба гуфтаи оқои Ҷонӣ, дар ҳоле ки дар баёнияҳои расмии ин ниҳодҳо аз боздошти 30 узви гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳри Хоруғ хабар дода шуд, аммо женерол Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи “Asia-plus” дар шаҳри Хоруғ ин хабарро такзиб кардааст.

Ба гуфтаи женерол Хайруллоев, то ҳол ҳеч узви гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон боздошт нашудаанд

Рустами Ҷонӣ гуфт, ки дар рӯзҳои аввали даргириҳо миёни нерӯҳои давлати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳри Хоруғ дар авохири моҳи июли соли ҷорӣ расонаҳои хориҷӣ ва мустақил дар бораи кушта шудани 20 ғайринизомӣ дар ин ҳаводис иттилоъ дода, аммо манобеъи расмӣ ин гуна хабарҳоро “бардурӯғ” хонда буданд.

Вале ҳоло ин иттилоъ таъйид шуда ва асомии афроди кушташуда дар расонаҳои мустақил мунташир шудаанд.

Давлаталӣ Назриев, сухангӯи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ки дар бештари ниҳодҳои давлатӣ марказҳои матбуъот вуҷуд дошта, аммо кормандони ин марказҳо таҷрубаи кофии кор бо расонаҳоро надошта ва ба омӯзиш ниёз доранд.

Оқои Назриев пешниҳод кард, барои ҳалли ин мушкил бо мусоидати ниҳодҳои хабарнигорӣ, назири Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон барои кормандони марказҳои матбуъоти ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар давраҳои омӯзишӣ баргузор шавад.

Гуфта мешавад, 30 апрели соли 2007 давлати Тоҷикистон консепсиюни “Сиёсати давлатии иттилоъотӣ”-ро тасвиб карда ва тибқи ин санад бояд дар сохторҳои давлатӣ зерсохторҳои вижаи кор бо ВАО таъсис шуда ва бо расонаҳо кор кунанд.

Зимнан, амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар вилояти Бадахшон рӯзи 24 июли соли равон дар пайи кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши кумитаи аманияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, оғоз шуд.

Женерол Назаров рӯзи шанбеи 21 июл дар як муноқиша бо афроди номаълум дар наздикии шаҳри Хоруғ кушта шуд ва мақомот афроди вобаста ба Толиб Айёмбеков, масъули посгоҳи марзии Ишкошимро, ки аз фармондеҳони бонуфузи мухолифон дар замони ҷанги дохилӣ дар Бадахшон маҳсуб мешуд, дар ин ҳодиса мазнун донистаанд.

Мақомот расман омори талафоти ҷонӣ дар миёни нерӯҳои давлатӣ дар амалиёти Хоруғро 17 нафар ва захмиёнро 40 нафар эълом кардаанд. Ҳамчунин, тибқи ин омор дар ин амалиёт 30 шӯришӣ кушта ва 40 нафар боздошт шудаанд.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/09/120911_mm_journalists_nazriev.shtml

У. Бобохонов: «Бастани сомонаи «АП» тасмими Бек Зуҳуров набуд»

[b]Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори «Озодӣ» бо Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари ширкати Медиа-Ҳолдинги «Азия плюс».[/b]

[b]Озодӣ: Баъди оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ, сайтҳои интернетӣ аз ҷумла сайти ««Азия-плюс» аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баста шуд. Масъулони ин Хадамот баста шудани ин сайтро ба баргузории корҳои профилактикӣ марбут донистанд. Аммо коршиносон далели баста шудани сайти мазкурро ба усули инъикоси ҳаводиси Хоруғ рабт медиҳанд, ки ба ҳукумат хушоянд набуд. Дар ин миён гуфта шуд, ки сайти шумо дар баробари онки шумораи муайяни хонандаҳои худро аз даст диҳад, ҳамчунин зарари моддӣ низ дидааст. Назари шумо чист?[/b]

Умед Бобохонов: Дуруст аст. Дар ҳамон рӯзҳои ҳаводиси Хоруғ мутаассифона сайти мо дар дохили Тоҷикистон баста шуд. Ман шахсан фикр мекунам, ки ин амал кадом мантиқе надорад. Фикр мекунам нафаре, ки ин қарорро қабул кард, иштибоҳ кард.

[b]Матни пурраи мусоњибаро дар торномаи мо бо пахш кардани нишони зерин мутолиа кунед:[/b] [url=http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=210]http://www.taj.nansmit.tj/analysis/?id=210[/url]

Источник:

У. Бобохонов: «Бастани сомонаи «АП» тасмими Бек Зуҳуров набуд»

[b]Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори «Озодӣ» бо Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари ширкати Медиа-Ҳолдинги «Азия плюс».[/b]

[b]Озодӣ: Баъди оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ, сайтҳои интернетӣ аз ҷумла сайти ««Азия-плюс» аз тарафи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон баста шуд. Масъулони ин Хадамот баста шудани ин сайтро ба баргузории корҳои профилактикӣ марбут донистанд. Аммо коршиносон далели баста шудани сайти мазкурро ба усули инъикоси ҳаводиси Хоруғ рабт медиҳанд, ки ба ҳукумат хушоянд набуд. Дар ин миён гуфта шуд, ки сайти шумо дар баробари онки шумораи муайяни хонандаҳои худро аз даст диҳад, ҳамчунин зарари моддӣ низ дидааст. Назари шумо чист?[/b]

Умед Бобохонов: Дуруст аст. Дар ҳамон рӯзҳои ҳаводиси Хоруғ мутаассифона сайти мо дар дохили Тоҷикистон баста шуд. Ман шахсан фикр мекунам, ки ин амал кадом мантиқе надорад. Фикр мекунам нафаре, ки ин қарорро қабул кард, иштибоҳ кард.

Агар ягон нафар дар ҳукумат барои мисол бо он чи ки мо менависем розӣ набошад, аз ёд набарорад, ки мо танҳо яке аз расонаи хабарӣ ва яке аз хабаргузориҳо ҳастем. Ва мо омода ҳастем нуқтаи назари дигарҳоро, нуқтаи назари ҳукуматро, сохторҳои қудратии Тоҷикистонро нашр намоем. Мушкилӣ дар он аст, ки худи онҳо мавқеашонро, фикру андешаашонро ба хонанда, ба мо журналистон намегӯянд. Ва воқеан мо то андозае хонандаҳои худро дар дохили Тоҷикистон аз даст додем. Гарчанде бисёрии одамҳо бо дастрасӣ бо фанновариҳои нави рамзшикану рамзгирҳо тавонистанд, ки аз ахбори сайти мо баҳравар бишаванд. Вале зарари моддӣ ҳам дидем. Чун дар сайт мо аз маводи таблиғӣ низ истифода мекунем. Вақте ба сайт тавассути прокси (рамзгир) ворид мешавӣ, бисёрии маводи таблиғӣ дида намешавад. Дар ин сурат ширкатҳое, ки ба воситаи сайти мо таблиғ мекунанд мегӯянд, ки дигар таблиғи худро тавассути сайти шумо анҷом намедиҳем. Ва ҳоло ман гуфта метавонам, ки мо ҳар ҳафта аз 2 то 3 ҳазор доллар зарар мебинем. Ва таъсири он то ба ҳоло мушоҳида мешавад.

[b]Озодӣ: Гуфта мешавад инъикоси якҷонибаи ҳаводиси Хоруғ аз сабабҳои баста шудани сайти «АП» аз тарафи мақомот шудааст. Ва гӯё «Азия-плюс» ин ҳаводисро аз мавқеи Русия тасвир кардааст.[/b]

Умед Бобохонов: Рости гап, ман намедонам, ки мавқеи Русия дар ин масъала чи гуна буд. Шахсан ман фикр мекунам мо то андозае, ки метавонистем кӯшиш кардем инъикоси ҳаводиси Хоруғ яктарафа набошад. Кӯшиш кардем ҳам аз он тараф маълумот ба даст оварем ва ҳам аз ин тараф. Мутаассифона аз тарафи ҳукумат, аз тарафи сохторҳои қудратии Тоҷикистон мавқеашонро саривақт гирифта натавонистем. Танҳо чизе, ки аз тарафи ҳукумат буд, баёнияҳои марказҳои матбуотии онҳо, ки чоп кардем.

[b]Озодӣ: Аммо чунин ҳарфҳое ҳам шунида мешавад, ки дар баҳсҳои байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, «АП» аз ширкатҳои мобилӣ дастгирӣ мекунад, чун ин ширкатҳо аз рекламадиҳандаи Шумо ба ҳисоб мерафтаанд. Ва Бек Зуҳуров ҳам тавре бо шумо бархӯрд кардааст, ки зиён бинед.[/b]

Умед Бобохонов: Ман фикр намекунам, нафаре, ки тасмими бастани сайти «АП»-ро гирифт, Бег Зуҳуров бошад. Фикр мекунам ба Бек Зуҳуров супориш доданд, ки ин сайтро бибандад ва ӯ ҳам баст. Ва дар он баҳсҳое, ки байни ширкатҳои мобилӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон пайдо мешавад, мо талош кардаем, ки фикри ҳарду ҷониб инъикос карда шавад. Аз ин рӯ ман фикр намекунам, ки сабаб ин бошад. Ва боз такрор ҳам шавад гуфтаниам, ки ин тасмими Бек Зуҳуров набуд, тасмими дигар одамҳо буд ва Зуҳуров танҳо онро иҷро кард.

[b]Озодӣ: Солҳои пеш шумо дар сафарҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикисто ба хориҷ аз кишвар ӯро ҳамроҳӣ мекардед. Ва аз эҳтирому эътибори мақомот бархӯрдор будед. Аммо ҳоло сайти шуморо мебанданд ва фишор ҳам рӯи кори шумо оварда мешавад. Фикр мекунед, ки далели чунин тағйири мавқеъ чи буда метавонад?[/b]

Умед Бобохонов: Аввалаш ин аст, ки ман умедворам он эҳтироме, ки мо пеш доштем, имрӯз ҳам дар нисбати нашрияи мо дар сохторҳои ҳукуматӣ ҳаст. Дигар инки чаро моро пеш ба сафарҳои хориҷӣ ҳамроҳ мебурданду ҳоло не инро беҳтар аст, ки аз худи ҳукумат пурсид. Аммо дар масъалаи иваз шудани муносибат бо нашрияи мо. Шояд баъзеҳо мегӯянд, ки матолиби интиқодӣ нисбати ҳукумат дар «Азия-плюс» бештар ва он нашрияи оппозисиюнӣ шудааст. Ман расман ба шумо гуфта метавонам, ки мавқеи газетаи «Азия-плюс» тағйир наёфтааст, на имрӯз ва на солҳои пеш. Шояд танқид зиёдтар шудааст. Лекин ба назари ман ин ҳолат як сабаби объективӣ дорад. Чун солҳои пеш коррупсия дар сохторҳои ҳукумату давлат ба ин андозае, ки ҳоло ҳаст, набуд. Дигар хатоҳое, ки имрӯз сохторҳои давлатӣ содир мекунанд, пеш ин гуна зиёд набуданд. Барои ҳамин ин табиӣ аст, ки вақте ҳукумат бештар хато мекунад ё масалан нафароне, ки чандон лоиқ нестанд ба ин ё он вазифа таъйин мешаванд, табиист, ки журналистон ва дар маҷмӯъ ҷомеа чунин чизҳоро танқид мекунад. Мавқеи мо пештар ҳам чунин буд ва имрӯз ҳам чунин аст, ки ба халқи худ хидмат кунем, мо мехоҳем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар аз пештар тараққӣ ёбад ва мо дар ин роҳ ҳар чизе аз дастамон бармеояд анҷом медиҳем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо расонидани хабар ба ҷомеа аст.

[b]Озодӣ: Вақте шумо ба Амрико сафар доштед, сарусадоҳое баланд шуданд, ки Умед Бобохонов ширкати медиа-ҳолдинги худро фурӯхтанист. Ва ҳатто ҳамчунин ҳарфҳое ҳам буд, ки дар ин бора гуфтушунидҳоеро ҳам бо кадом гурӯҳҳое анҷом додаед. Чанд кас аз ман ин масъаларо пурсид.[/b]

Умед Бобохонов: Ман ҳайрон мешавам, ки ин саволҳо аз куҷо пайдо мешавад. Ман то ҳол дар ин маврид бо ягон кас сӯҳбат накардаам. Ва фурӯхтанӣ ҳам нестам. Чун ин ширкатест, ки ҳам ман ва ҳам оилаамро нон медиҳад ва дигар инки «Азия плюс»-ро ман аз сифр шурӯъ кардам ва он ҳамчун як фарзанди ман аст. Ва аз ҷиҳати дигар шояд фарзандони ман дар оянда, ки бузург мешаванд, дар ин бизнес, дар кори журналистика, дар медиа-бизнес ворид шаванд. Дар чунин ҳолат барои фарзандон имконияти хуб мешавад, ки корро аз «Азияплюс» давом диханд.

[b]Озодӣ: Ҳоло дар нашрия исми Марат Мамадшоев, муҳаррири шумо зикр намешавад. Сабаб чӣ аст? Дуруст аст, ки Марат аз кор рафтааст?[/b]

Умед Бобохонов: Бале. Таассуфовар аст, ки Марат Мамадшоев як муҳаррири хеле қавӣ ва ҳирфаӣ аз кор рафт. Худи Марат гуфт, ки аз ҳад зиёд хаста шудааст ва мехоҳад муҳиту кору зиндагиашро иваз намояд.Ӯ як даъватнома аз як ширкати иттиллоотӣ аз Бишкеки Қирғизистон гирифт ва онро пазируфт. Ман ба ростӣ аз заҳмати тоқатшиканӣ ӯ ба унвони муҳаррир огоҳам ва умед мекунам, ки ин як ду соле, ки муҳити кору зиндагиаш тағйир меёбад, ба манфиати ӯ хоҳад буд. Аммо бояд бигӯям, ки ҳам кор ва ҳам маошаш дар инҷо хуб буд. Вале тасмим тасмими худи ӯст.

[b]Озодӣ: Кореро, ки то ҳол анҷом додаед, шуморо қонеъ мекунад?[/b]

Умед Бобохонов: Бале. Коре, ки ман анҷом додам, маро қонеъ мекунад. Аммо ҳоло бар ин фикрам, ки дар оянда мехоҳам боз ин корро давом диҳам ё беҳтараш онро иваз намоям. Баъзан фикр мекунам, ки шояд иваз намоям.

[b]Озодӣ: Нақшаву нияти ба сиёсат ворид шудан, ки надоред?[/b]

Умед Бобохонов: Дар бораи иваз кардани кор фикр мекунам, аммо дар бораи сиёсат фикр намекунам. Дар бораи кори эҷодӣ дар бораи кори илмӣ фикр мекунам.

[b]Озодӣ: Шумо гуфтед, ки тасмими баста шудани сайти «Азияплюс» ба Бек Зуҳуров тааллуқ надорад ва ниҳодҳои дигар марбут аст. Вале як чизи дигар ин аст, ки нашрияи «Азияплюс» дар чопхонаи «Шарқи Озод», ки ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад, ба нашр мерасад. Дар ҳоле, ки ёдатон бошад пештар нашрияҳоеро, ки ҳукуматро интиқод карданд аз ин чопхона берун ронданд ва дар ниҳоят ҳеҷ чопхонаи дигар нашри онҳоро ба гардан нагирифт. Барои шумо дар нашри газета мушкил эҷод накарданд?[/b]

Умед Бобохонов: Шукри худо дар чопи рӯзнома ягон монеа пеш наомадааст. Ман албатта интизор будам ва интизор ҳастам, ки чунин вазъ пеш омаданаш мумкин. Як рӯз, масалан мисли «Рӯзи нав» чуноне, ки чанд сол пештар рух дода буд ва ё «Нерӯи сухан» дигар моро чоп намекунанд. Фикр мекунам, ки эҳтимол дошт ин сенария бо «Азия плюс» ҳам татбиқ шавад. Аммо нашуд ва ман бисёр миннатдор аз он одамоне, ки ҳамчунин корҳоро тасмим мегиранд. Чаро ин корро накарданд, намедонам. Шояд бастани сайт осонтар бошад, нисбати бастани газета. Албатта мо умедворем он чизе, ки солҳои пеш бо дигар нашрияҳо пеш омад, барои нашрияи мо такрор намешавад.

[b]Озодӣ: Агар мабодо ширкати медиа-ҳолдингии «Азияплюс»-ро фурӯхтанӣ бошед, он чи миқдор метавонад арзиш дошта бошад?[/b]

Умед Бобохонов: 10 миллион доллари амрикоӣ.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24705125.html