Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки асноди пешниҳодкардаи ҲНИТ барои роҳандозии шабакаи телевизионӣ, номукаммал аст.
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфтааст, ки «асноде, ки ҲНИТ барои роҳандозии шабакаи телевизионӣ ба ин ниҳод фиристодааст, номукаммал аст.»
Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 11-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, «аз ҲНИТ фақат як ариза ба кумита ворид шуд. Аммо ин кофӣ нест ва барои ҳамин асноди онҳо дубора ҷиҳати такмил баргардонида шуд. Вале то кунун ин ҳизб дигар иқдоме накарда ва хомӯш ҳаст.»
ҲНИТ ба манзури таъсиси як шабакаи телевизионӣ дар моҳи гузашта ҳуҷҷат ё санади заруриро ба Кумитаи радио ва телевизион Тоҷикистон пешниҳод карда буд.
Дар ҳамин ҳол Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба дархости гурӯҳи расонаии «Азия плюс» ҷиҳати ташкили шабакаи телевизионӣ посухи рад додааст. Асадулло Раҳмонов сабаби рад шудани дархости «Азия плюс» -ро ба он марбут донист, ки бо як ном намешавад, чанд шабака таъсис дод. Дар ҳоле, ки бо номи «Азия плюс», нашрия, хабаргузорӣ ва шабакаи радиоӣ дар Тоҷикистон фаъол ҳаст.
Аз сӯи дигар, бо гузашти панҷ сол то кунун шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон фаъол нашудааст. Асадулло Раҳмонов дар ин робита гуфт, ки «мутаассифона дар ин тарҳ ширкати ҷониби Афғонистон муассир нест ва танҳо Тоҷикистон ва Эрон барои фаъолсозии ин шабакаи минтақавӣ талош доранд». Ба ин далел раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мегӯяд, ки «дар ин сурат ин шабака наметавонад сеҷониба бошад.»
Дар чанд соли охир Комиссияи муҷаввиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ танҳо ба телевизиони СМТ — Симои мустақили Тоҷикистон дар пойтахти кишвар иҷозатнома додааст. Созмонҳои хабарнигорӣ мегӯянд, ҳарчанд барои дарёфти муҷаввиз барои фаъолияти телевизиони мустақил бисёриҳо талош доранд, вале ҳосиле надоштаанд.
Аммо дар тӯли се соли охир ин кумита барои чанд радиои мустақил, аз ҷумла дар минтақаҳои кишвар, иҷозатнома додааст, ки онҳо бештар барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ чаҳор шабакаи телевизонии ҷумҳуриявӣ фаъол аст, ки ҳамаи онҳо марбут ба Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистонанд. Ин шабакаҳо бештар фаъолияти ҳукумат ва раисиҷумҳурро ба намоиш мегузоранд