Мурофиаи судӣ бо даъвои шоир Аскар Ҳаким алайҳи ҳафтаномаи «Самак», ки нимаи дуюми 17 феврал дар Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт бояд доир мешуд, ба сабаби наомадани ҷониби даъвогар баргузор нашуд. Тақдири мурофиаи минбаъда бошад, номаълум боқӣ монд.
Мурофиаи қаблӣ, ки бояд 14 феврал баргузор мегашт, бинобар ҳузур надоштани ҷониби даъвогар дар суд ба 17 феврал мавқуф гузошта шуда буд.
Даъвои такрории шоир Аскар Ҳакимро нисбат ба ҳафтаномаи «Самак» Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт 10 феврали соли равон ба баррасӣ гирифт.
Мурофиаи пешакӣ бо даъвои шоир Аскар Ҳаким нисбат ба нашрияи «Самак» ҳанӯз 24 сентябри соли 2013 дар суди ноҳияи Фирдавсӣ доир шуда буд, ки он ҳангом, баъди шинос намудани тарафҳо бо маводи судӣ аз ҷониби судя Азимова Махфиратҷон, вакили ҳимояи нашрияи «Самак» Иноятулло Иноятов ба суд дархост дар бораи бебаррасӣ монондани парвандаи даъвогӣ пешниҳод кард.
Дар дархост гуфта мешуд, ки бинобар талаботи қонунгузориҳои амалкунанда, дар сурати ба ҳисоби пулӣ ифода ёфтани даъво, ҷониби даъвогар боҷи давлатиро бояд пардохт намояд, аммо дар дохили маводи парванда расиди боҷи давлатӣ дида намешавад.
Суд баъди омӯзиши моҳияти масъала дар хонаи машваратӣ бо таъинот аризаи даъвогиро беҳаракат мононда, барои ислоҳи камбудӣ ба ҷониби даъвогар 10 рӯз муҳлат дод. Аммо ба сабаби ислоҳ нашудани камбудиҳо аз ҷониби шоир Аскар Ҳаким 7 октябри соли 2013 бо қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ парванда алайҳи ҳафтаномаи «Самак» қатъ гардид.
Аскар Ҳаким соли гузашта баъди нашри як мақола бо унвони «Зиёиёни бе мушкили тоҷик» дар ҳафтаномаи «Самак» худро таҳқирдида ҳисобида, бо талаби 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар бо аризаи даъвогӣ аз болои муаллиф ва нашрия ба суд муроҷиат карда буд.
http://faraj.tj/news/4567-askar-1202akim-in-navbat-1203am-ba-sud-naomad.html