Раиси Кумитаи давлатии телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон гуфт, ки барои пахши гузорише интиқодӣ дар бораи вазъи шаҳри Душанбе аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ нахоҳад кард.
Асадулло Раҳмонов рӯзи ҷумъаи 11 январ дар як нишасти хабарӣ ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дар мавриди Шабакаи аввали телевизиюни Тоҷикистонро ғайримунсифона хонд ва гуфт, ки дар қиболи ин ҳукм ба додгоҳи истинофӣ шикоят бурдааст.
Дар назар аст, ин шикоят дар додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ шавад.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи августи соли гузашта ин шабакаро муваззаф карда буд, ки барои пахши гузориши интиқодӣ аз шаҳрдории Душанбе расман узрхоҳӣ кунад.
Зимнан, дар моҳи майи соли гузашта дар барномаи «Ахбор»-и Шабакаи аввали телевизиюни давлатии Тоҷикистон аз резиши яхч дар минтақаи мавсум ба «Ховарон», воқеъ дар маҳаллаи «Килуметри 9-ум»-и шаҳри Душанбе ва хароб шудани 5 манзили маскунии сокинон гузорише пахш шуда буд.
Дар ин гузориш аз он интиқод мешуд, ки манозили мардум зери селу гилоб монда, вале шаҳрдорӣ ба онҳо кумак накардааст. Шаҳрдории Душанбе дар шикояти худ ин гузоришро якҷониба ва навъе латма задан ба эътибори шаҳрдорӣ унвон карда буд.
Аммо оқои Раҳмонов гуфт, ки шабакаи телевизиюн шавоҳид ва далоили муътамаде дар бораи ин ҳодисаро, ки бар асари он 5 хонавода бесарпаноҳ монда буд, дар даст дорад ва дар додгоҳ бо ҷониби шаҳрдорӣ вориди баҳс хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи телевизиюн ва родиюи Тоҷикистон аз ин қазия ба унвони далел ба интиқоди бархе аз хабарнигорон аз фаъъолияти шабакаҳои расмии телевизиюни Тоҷикистон ёдовар шуд.
Иддае аз хабарнигорон дар нишасти хабарӣ аз гузоришҳои «пур аз ситоиш аз мақомот ва ниҳодҳои давлатӣ», ба нудрат мушоҳида шудани матолиби интиқодӣ ва пӯшиши якҷонибаи ҳаводиси кишвар, аз ҷумла, амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон дар тобистони соли гузашта дар шабакаҳои телевизиюни давлатӣ интиқод карданд.
Асадулло Раҳмонов дар посух гуфт: «Мавқеъи мо чунин аст. Мо аз мавқеъи ягон расона эрод нагирифтаем. Мавқеъи мо созанда ва инъикосгари дастовардҳои Тоҷикистон аст. Мақсади мо таъмини амният ва расондани хабари созанда аст. Гузоришҳои танқидӣ низ ҳаст ва мо барои ин гуна гузоришҳо бо суд (додгоҳ) рӯ ба рӯ шудаем.»
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва намояндаи порлумон, низ дар иҷлоси Маҷлиси Намояндагон дар ҳафтаи ҷорӣ аз пӯшиши якҷонибаи пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар расонаҳои расмӣ интиқод кард.
Вай гуфт, ки мусоҳибон дар родию ва телевизиюнҳои давлатӣ танҳо ба ҷанбаи мусбати ин ҳодиса таваҷҷуҳ карда ва авоқиби узвияти ин кишвар дар ин созмонро ташреҳ надодаанд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2013/01/130111_mm_rahmonov_tv.shtml