Асадуллоҳ Раҳмонов: “Ман ба Додоҷон ягон диски тӯйро надодаам”

Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизион, гуфт, ӯ ба Додоҷони Атовуллоҳ, журналист ва раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, навори тӯйи Рустами Эмомалӣ — писари раисиҷумҳури Тоҷикистонро надодааст.

Оқои Раҳмонов, ки рӯзи 12 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, онҳо дар бойгонии худ чунин наворро надоштанд ва намедонанд аз кадом тариқ ба дасти Додоҷони Атовуллоҳ расидааст.

“Ин гуна туҳматро бисёр шунидаем. Ин ҳамааш бофтааст, бовар накунед”,-афзуд ӯ.

Пахши тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “K+” дар ду моҳи пеш тавассути Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоҳ ба табъ расонданд.

Раҳбари ҷунбиши сиёсии «Ватандор» гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст.

Асадуллоҳ Раҳмонов дар идомаи сӯҳбаташ ба қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” (Қазоқистон) ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, қатъи дастрасии сокинони Тоҷикистон ба барномаҳои ин телевизион тариқи моҳвора аз онҳо вобаста нест. Оқои Раҳмонов афзуд, барои қатъи дастрасӣ ба барномаҳои “К+” таҷҳизот зарур аст, ки онҳо чунин таҷҳизот надоранд ва аз ҷои дигар ҳам наовардаанд.

http://www.ozodagon.com/casia/tj/11158-ramonov-man-ba-dodoon-yagon-diski-tyro-nadodaam.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *