АРЗИ СИПОС ВА ХОҲИШИ СОДИҚОВ АЗ ЖУРНАЛИСТОН

Александр Содиқов, унвонҷӯи донишгоҳи Торонто бо ирсоли паёме аз тариқи саҳифаи иҷтимоии Фейсбук аз журналистон хостааст пайваста дар бораи ӯ навиштанро бас кунанд.

Александр Содиқов тобистони гузашта дар шаҳри Хоруғ ба иттиҳоми ҷосусӣ аз ҷониби мақомоти амният боздошт шуда буд ва баъди раҳоӣ ва иҷозаи хуруҷ ҳамакнун дар Канада ба сар мебарад.

Вай бо ирсоли паёме аз тариқи  шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба ҳамаи онҳое, ки дар мушкилтарин лаҳазот кӯмакаш карданд, изҳори сипос намудааст.

Вале ҳамзамон хостааст, ки аз ин ба баъд кӯшиш кунанд хеле камтар ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошанд.

— Кӯмаки шумо арзишманд буд, вале ҳоло ман мехостам аз шумо хоҳиш кунам, ки пайваста чизе навиштану «ба оташ равған рехтан»-ро бас кунед. Ба ман ва хонаводаи ман барои фаромӯш кардани ҳодисаҳое, тобистони гузашта аз сар гузарондем, вақт зарур аст, ки фаромӯш кунем ва ба ҳаёти каблӣ баргардем. Хоҳишмандам ба ин халал нарасонед, — навиштааст ӯ.

Дар паёмаш ба журналистон маслиҳат додааст:

— Ман боз аз дӯстдорони «сенсатсия»  аз ҷумлаи журналистонамон мехостам ба кори худ муносибати касбиёна дошта бошанд. Зарфи чанд рӯзи гузашта чандин нашрия гӯё «мусоҳибаи аввалини маро» баъди бозгаштам ба Канада чоп ё бозчоп кардаанд. Аввалан, ин «мусоҳибаи аввалини ман» набуд.  Дуюм, бо такя ба маводи ожонсии канадиёии СВС, баъзе «мутахассисоне», ки бо забони инглисӣ гуфтугӯ намекунанд, ҳарфҳоеро аз номи ман гуфтаанд, ки дигарон ва ё худи журналситон навиштаанд.

Александр Содиқов зодаи Тоҷикистон аст. Дар донишгоҳи Лидси Бритониё таҳсил кардааст ва аз соли 2011 шомили барномаи доктории  донишгоҳи Торонто шудааст.

Аммо тобистон гузашта бо иттиҳоми ҷосусӣ дар шаҳри Хоруғ боздошт гардид, вале баъдан зери фишори ҷомеаи илмии олам ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ аз боздоштгоҳ озод гардид.

Вай ҳақи хориҷ шудан аз кишварро надошт. Аммо 10-уми сентябр мақомоти амният ба вай иҷозаи хуруҷ додаанд. Ҳоло дар Канада аст.

http://www.tojnews.org/arzi-sipos-va-khohishi-sodiqov-az-journaliston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *