Қаршибоев: кормандони фурўдгоҳи Хуҷанд ҳуқуқи моро нақз карданд

[b]Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва шаҳрвандон аз сӯйи ширкати «ТоҷикЭйр» ва кормандони фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд гузориш дод.[/b]

Бино ба гузориши ин анҷуман, рӯзи 5-уми март гурӯҳе аз мусофирони парвози шумораи 62, дар самти Хуҷанд — Душанбе, ки дар миёни онҳо Нуриддин Қаршибоев, раиси ин анҷуман ва Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони шинохтаи тоҷик будаанд, дар посух ба эътирози худ ба амалкарди ғайриқонунии кормандони ширкат ва кормандони фурӯдгоҳ мавриди таҳдиди кормандони фурудгоҳ қарор гирифтаанд.

Ба гуфтаи оқои Қаршибоев, намояндагони ширкати “ТоҷикЭйр” бидуни ироаи далоил ва ҷубронпулӣ ба мусофирон эълом карданд, ки парвоз то замони номаълум ба таъхир меуфтад.

Мусофирони ин парвоз, тақозои эъломи вақти дақиқи парвоз ва ё фароҳам кардани ғизо ва ҷойи гарм барои мунтазир мондан, талаб кардаанд. Ин амр боъиси “ғазаби” кормандони фурӯдгоҳ ва ширкат шудааст.

Мусофирон дар толори фурӯдгоҳ пустерҳоеро бо шиъори “Мусофирон инсон ҳастанд, ҳаққи моро поймол накунед!” ва «ТоҷикЭйр — ширкати бемасъулият!» таҳия карда, мехостанд, эътироз кунанд, вале афроде бо либоси шахсӣ, ки худро муъаррифӣ накарданд ин пустерҳоро аз дасти онҳо бо зӯр гирифтанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақил дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки барои пӯшиши ин хабар ба фурӯдгоҳ хабарнигрони “Ҷаҳоннамо” ва “Азия” ҳозир шуданд, вале афроде, ки худро аввал кормандони амниятӣ ва сипас кормандони амнияти ҳавонавардӣ муъаррифӣ карданд, рӯзноманигронро аз муҳавватаи фурӯдгоҳ берун ронданд.

Оқои Қаршибоев гуфт: “Вазифаи ман ба унвони раиси анҷумани расонаҳои мустақил дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигрон дар ҳама вазъият аст, вале вақте ман аз афроди зӯргӯ пурсидам, ки худро муъаррифӣ кунанд, ҳеч яке аз онҳо номи худро нагуфт ва баръакс онҳо кортҳои сари синаи худро пинҳон карданд.”

Раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон афзуд, се нафар, ки бидуни муъаррифии номашон худро кормандони амнияти ҳавонавардӣ хонданд, ӯро канор бурда ва ба ӯ таҳдидҳо кардаанд. Вай исрор кард: “Агар ман раиси анҷуман намебудам, бовар дорам, ки маро кутак мезаданд.”

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон ва яке дигар аз ин гурӯҳи мусофирон дар фурӯдгоҳи Хуҷанд, ки шоҳиди ин саҳнаҳо буд, гуфт дар ин ҳодиса чандин қонун аз сӯйи кормандони фурӯдгоҳ ва ширкати “ТоҷикЭйр” «дағалона нақз шуд».

Вай гуфт: “Аввал ин, ки дар миёни мусофирон заноне буданд, бо кӯдакон, аммо ширкат ба мо эълом намекард, ки таъхир то соъати чанд аст, то ки афроде, ки дар Хуҷанд хона доранд, дар сардӣ намонанд, баргарданд хона ва дар замони лозим баргарданд. Ин як зулм бар мусофирон аст, ки ТоҷикЭйр ба мусофирон раво мебинад ва мардуми мо ҳамеша таҳаммул мекунад.”

Вай афзуд: “Дигар ин ки одамоне, ки дар Хуҷанд ҷойи зист надоранд, бояд бо хӯрок ва ҷойи гарм таъмин мешуданд, ин дар низомномаи ширкат ҳам ҳаст. Муъаррифӣ накардани худ, зӯргӯйӣ ба мусофирон, ҷилавгирӣ аз фаъъолияти журнолистон ва чандин намуди дигари нақзи ҳуқуқи инсон дар ин ҳодиса мушоҳида шуд.”

Хонуми Бобоназарова гуфт, ҳамроҳ бо гурӯҳи дигари мусофирон алайҳи ширкати “ТоҷикЭйр” ба додгоҳ шикоят ва аз ин ширкат ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳад кард.

[b]Пулиси тарсу ё ҳамдаст бо ҷинояткорон?[/b]

Аз сӯйи дигар мусофирони парвози шумораи 62-и Душанбе – Хуҷанд рафтори пулис дар ин ҳодисаро “нигаронкунанда” мехонанд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд корманди пулисе, ки дар ин фурӯдгоҳ ҳозир буданд, бо оғози даъво нопадид шуда ва ба ҷойи онҳо афроде бо либоси шахсӣ омаданд ва ба мусофирон зургӯйӣ карданд ва аз ҷумла Нуриддин Қаршибоевро канор бурданд ва ба ӯ таҳдид карданд.

Шоҳидони ин ҳодиса бовар доранд, ки дар фурӯдгоҳ гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ фаъолият мекунад, ки аз сӯйи пулис пуштибонӣ мешавад.

Мусофирони ин парвоз, дар бораи ин ҳодиса ва ҳадси худ тавассути “шумораи боварӣ” дар Вазорати кишвари Тоҷикистон, яъне 2212121 тамос гирифтанд, вале «ин ҳам бефоида» будааст.

Аммо кормандони шуъбаи «шумораи боварӣ» ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки тибқи муқаррароти кори ин бахши вазорат, онҳо “шикоятҳоро дарёфт карда ва ба вазир гузориш мекунанд ва сипас вазир ба бахшҳои зидахл дар бораи таҳқиқи ҳодисаҳо супориш медиҳад.”

Ба гуфтаи кормандони ин бахши вазорати кишвар, тибқи муқаррарот ба афроде, ки тавассути телефуни боварӣ шикоят кардаанд, дар миёни даҳ рӯз дар бораи коре, ки дар заминаи шикоят анҷом шуда, посух ирсол мешавад.

Би-Би-Си

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/03/120306_sq_media_tajikair.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *