Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон (АРМТ) гуфтааст боздошти Маҳмадюсуф Исмоилов ба чопи матолиби интиқодии ӯ рабт дорад.
Маҳмадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи мустақили “Нури зиндагӣ” ду ҳафта қабл аз сӯйи кормандони додситонии ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистон боздошт шуда ва танҳо ду рӯзе қабл хабари дастгир шудани ӯ мунташир шуд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси АРМТ рӯзи душанбеи 13 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол маҳалли нигаҳдории оқои Исмоилов маълум набуд ва танҳо имрӯз рӯшан шудааст, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешавад.
Оқои Қаршибоев гуфт, ки додситонии ноҳияи Ашт ба ин хабарнигори маҳаллӣ бар асоси чаҳор моддаи Қавонини ҷиноӣ ё кайфарии Тоҷикистон, яъне, тӯҳмат, таҳқир, барангехтани низоъи маҳаллгароӣ ва тамаъҷӯйӣ парвандаи ҷинойӣ боз кардааст.
Аммо Ҷумъаи Мирзо, сардабири нашрияи “Нури зиндагӣ” мӯътақид аст, ки Маҳмадюсуф Исмоилов барои чопи матолиби интиқодӣ дар бораи фаъолияти пулис ва кормандони додситонӣ боздошт шудааст.
Оқои Мирзо ба унвони мисол аз матолиби интиқодие чун “Ашт валангор мешавад”, “Қотили Наргис кист?” ва “Худкушӣ дар Ашт” ном бурд, ки пас аз чопи ин матолиб фишору таҳдид болои хабарнигор зиёд шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон гуфтанд, ки аз Маҳмадюсуф Исмоилов аз лиҳози ҳуқуқӣ пуштибонӣ карда ва барои ҳимояти ӯ вакили мудофеъи ботаҷрубаро таъйин хоҳанд кард.
Оқои Қаршибоев гуфт, ки боздошти Маҳмадюсуф Исмоилов ба фаъолияти хабарнигории ӯ рабт мегирад
Маҳмадюсуф Исмоилови 50-сола дар канори “Нури зиндагӣ” бо нашрияи “Истиқлол” ҳамкорӣ карда ва бо матолиби интиқодию таҳлилии худ дар миёни хонандагон шӯҳрат дошт.
Дар ҳамин ҳол, Анҷумани Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон аз афзоиши мавориди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва таҳдиду иттиҳомот алайҳи нашрияҳои мустақил хабар додааст.
Гуфта мешавад. Дар зарфи як соли ахир беш аз 10 мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳои мустақили Тоҷикистон сабт шудааст.
Дар соли ҷорӣ нашрияҳои мустақили “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Пайкон”, “Asia-Plus” ва “Миллат” барои чопи матолиби интиқодӣ дар мавриди фаъолияти ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ба додгоҳ кашонда шуданд.
Дар соли гузашта додгоҳи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Пӯлод Умаров, сардабир, Сурайё Умарова, сармуҳосиби нашрияи ӯзбакзабони “Тонг” (Субҳ) ва Додоҷон Қосимов, тоҷири маҳалиро ба иттиҳоми тақаллубкорӣ дар таҳияи асноди молӣ аз ду то дуву ним сол ба ҳабс маҳкум кардааст.
Ҳамзамон, ин додгоҳ бар асоси моддаи 71-и қавонини ҷиноӣ ё кайфарии Тоҷикистон иҷрои ҳукми ҳабсро то ба ду сол ба таъвиқ андохт.
Ҳамчунин, Озодбек Хосабеков, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия Плюс”-ро додгоҳи ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон барои чопи матлаби ба гуфтаи додгоҳ “бӯҳтономез” ба 200 соъат корҳои иҷборӣ маҳкум карда буд.
Радио ВВС
Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101213_mm_journalist_arrest.shtml