25-уми ноябри соли 2014, соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО дар бобати сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.
Дар ВКХ гуфтаанд, ки ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ даъват карда мешаванд.
Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия ва ҳамкориҳои дуҷониба паҳн карда хоҳанд шуд.