Анҷумани миллии ВАО мустаќили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар мавзўи дастрасӣ ба ахбор “мизи гирд” барпо мекунад

Анҷумани милли воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) рӯзи 13 июн соли 2014 дар мавзӯи “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ” “мизи гирд” баргузор менамояд. Дар “мизи гирд” ширкати журналистон, намояндагони мақомоти қудративу ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар назар аст.

Тавре раиси Анҷумани миллии ВАО мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев гуфт, мақсади асосии чорабинии мазкур фароҳам овардани замина барои муколамаи озод миёни ҷомеаи журналистӣ ва мақомоти давлатӣ буда, дар он дастовардҳо, мушкилот ва пешомадҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот муҳокима мегардад.

Хадамоти мониторинги накзи ҳукуки ВАО ва журналистони Тоҷикистон

 

Барномаи чаласаи “мизи гирд”-и Анҷумани миллии воситаҳои ахбори мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ)

Мавзӯъ: “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ”

Мақсад: Муҳокимаи дастовардҳо, мушкилот ва пешомадҳои татбиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот

Санаи баргузорӣ: 13 июни соли 2014

Макони баргузорӣ: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи 2.

09.00 – 09.30 Бақайдгирии иштирокчиён

09.30 – 09.40 Сухани ифтитоҳӣ

09.40 – 09.55 Муаррифии ҳисоботи “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот: татбиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ”

Нуриддин Қаршибоев, Раиси АМВАОМТ

09.55-10.10 Муаррифии ҳисоботи “Вазъи дастрасӣ ба иттилоот            ҳангоми офатҳои табиӣ”

Уғулой Мухторова, таҳлилгари АМВАОМТ

10.10-10.25 Дар бораи натиҷаҳои назарсанҷӣ оид ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот

Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари бахши мониторинги АМВАОМТ

10.25-11.10 Саволу ҷавоб. Мубоҳиса.

11.10-11.30 Тавсияҳо. Ҷамъбасти “мизи гирд”

11.30 – 12.00 Як пиёла чой.

Мулоқоти ғайрирасмии иштирокдорони “мизи гирд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *