Анҷумани ИЖТ: Ба курсии Акбари Саттор ки хоҳад нишаст?

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи КВД «Шарқи Озод» ҷаласаи аъзои раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир гардид.

Дар ҷараёни он ба ҷуз аз масъалаҳои ҷорӣ, масъалаи даъвати анҷумани навбатии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Қарор шуд, ки Анҷумани навбатӣ 16-уми январи соли 2016 даъват карда шавад.

Дар назар аст, ки дар Анҷуман, масъалаи интихоби Раиси нави ИЖТ ва аъзои раёсати он баррасӣ гардад.

Сайёфи Мизроб, муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» аз зумраи номзадҳои асосӣ ба ин маснад дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 28-уми августи соли ҷорӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, ки аз бунёдгузорони матбуоти замони истиқлол ҳисоб мешавад, ба таври ногаҳонӣ аз дунё гузашта буд.

 

http://faraj.tj/news/11881-an1207umani-izht-ba-kursii-akbaralyi-sattor-ki-ho1203ad-nishast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *