«Амнияти Атовуллоҳ дар замони муъолиҷа таъмин шавад»

[b]Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори табъидии тоҷики муқими Русия ва сардабири нашрияи «Чароғи рӯз»-ро маҳкум кардааст.[/b]

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон, ки мақарраш дар Ню-Йурк аст, аз мақомоти Русия хостааст, ки амнияти оқои Атовуллоҳро дар замони муъолиҷа таъмин кунанд.

Дар изҳороти ин созмони байналмилалӣ, ки рӯзи ҷумъаи 13 январ мунташир шуд, омадааст: «Нашрияи «Чароғи рӯз» бо интиқодоти тундаш аз давлати кунунии Тоҷикистон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар, шинохта шудааст. Вақте ки чопи ин рӯзнома дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд, Додоҷони Атовуллоҳ ба интишори он дар табъид идома дод.»

Додоҷони Атовуллоҳ, рӯзноманигори 56-солаи мухолифи давлати Тоҷикистон, шоми рӯзи 12 январ дар маркази шаҳри Маскав ҳадафи ҳамлаи фарде номаълум қарор гирифт ва шадидан захмӣ шуд.

Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон дар баёнияи худ гуфтааст: «Мо аз бозрасони ин қазия дар Русия дархост мекунем, ки ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳро ҷиддан таҳқиқ, амнияташро то замони шифо ёфтанаш таъмин ва ҳамлагаронро муҷозот кунанд.»

Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон, ки дар робита бо ин ҳамла боздошт шуда буд, «ба далели даст надоштан дар ин қазия» аз боздошт раҳо шудааст.

Қабл аз ин, расонаҳои Русия гузориш карда буданд, ки Бахтиёр Раҳимбердиев ба занни даст доштан дар ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ дар рестуроне дар Маскав тавассути нерӯҳои интизомӣ боздошт шудааст.

Клик ГБМ аз ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ «ваҳшатзада аст»

Клик Cозмонҳои рӯзноманигорӣ ҳамла ба Атовуллоҳро маҳкум карданд

Клик Сӯиқасд ба ҷони Додоҷони Атовуллоҳ

Нина Огнианова, ҳамоҳангсози барномаи Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, мегӯяд: «Додоҷони Атовуллоҳ як хабарнигори пуровоза ва душмандор аст, ки равобиташ бо давлати Тоҷикистон ба хотири фаъъолиятҳои ҳирфаияш носозгор аст. Фаъъолияти рӯзноманигории ӯ бояд дар ҷараёни бозрасӣ ба унвони яке аз ангезаҳои эҳтимолии ин ҳодиса дар назар гирифта шавад.»

Пештар бархе аз соҳибназарон эҳтимоли даст доштани мақомоти тоҷик дар ин ҳодисаро матраҳ кардаанд. Бархе аз дӯстон ва ҳамкорони оқои Атовуллоҳ ба ин назаранд, ки сӯиқасд ба ҷони вай як амали тарҳрезишуда аст.

Аркадий Дубнов, хабарнигори нашрияи «Московские новости»-и чопи Маскав, дар мусоҳиба бо хабаргузории «ASIA-Plus» иддаъо кардааст, ки ҳамла ба оқои Атовуллоҳ суфоришӣ аст ва «сарнахи онро бояд дар Душанбе ҷустуҷӯ кард.»

Аммо рӯзи шанбеи 14-январ Давлат Назрӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ дар вокуниш ба ин иттиҳомот гуфт: «Чунин иттиҳомот, бахусус ҳарфҳои Аркадий Дубнов, бояд бигӯям, ки чунин ибрози назарҳо фаъъолияти худи мақомоти Русияро метавонад зери шубҳа гузорад.»

Вай афзуд, ки давлати Тоҷикистон ҳама гуна зӯроварӣ ё аъмоли хушунатомезро маҳкум мекунад ва умедвор аст, ки мақомоти зидахли Русия «вазифаи худро бахубӣ анҷом медиҳанд» ва фарде, ки дар ин ҳамла даст дорад, ба ҷавобгарӣ кашида (муҷозот) мешавад.

Дар баёнияи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ишора шудааст, ки дар моҳи апрели соли 2011 мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоҳро ба «таҳқири Президент Раҳмон», «тарафдорӣ аз сарнагунии низоми конститутсионӣ аз роҳи зӯр» ва «ангехтани низоъи қавмию нажодӣ ва мазҳабӣ» муттаҳам карда буданд.

Қаблан созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (ГБМ) ва чанд созмони ғайридавлатии Тоҷикистон низ бо интишори баёнияҳое ҳамла ба ин рӯзноманигори мухолифи давлатро маҳкум карда буданд. ГБМ гуфт, ки аз ҳамла ба Додоҷони Атовуллоҳ дар Маскав «башиддат ваҳшатзада» аст.

Ин созмон низ аз пулиси Русия хост, ки ҳамаи тадобири мумкинро барои шиносоии фарди муҳоҷим ва афроди дигаре, ки пушти ин қазия ҳастанд, анҷом бидиҳанд.

Ин созмон низ ба монанди Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон таъкид кард, ки «бо таваҷҷуҳ ба фаъъолиятҳои ҳирфаии ин хабарнигори саршиноси мухолифи давлат ҳамаи фарзияҳо бояд таҳқиқ шаванд.»

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2012/01/120114_sq_cpj_atavollah.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *