Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи телевизиону радиои назди ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 17 феврал аксияи умумиҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон таҳти унвони «Ман худам овоз медиҳам»-ро оғоз намуд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманннон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар доир гардида, ҳадаф аз он ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба иштирок дар маъракаи интихоботии парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда аст.
«Назарпурсии аз ҷониби КМИР доиргардида нишон дод, ки як қисмати муайяни интихобкунандгони ҷавон дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъ тасаввуроти кофӣ надоранд», — қайд кард Додозода.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали аксия ихтиёриён аз ҳисоби донишҷӯёни макотиби олӣ дар макони сериздиҳом ба ҳамсолони худ шиору лавҳа, буклет ва тақвимҳо дар бораи интихоботро тақсим кардаанд.
«То ахири аксия ба ҷавонон беш аз 40 ҳазор нусха маводи таблиғи интихобот бо номҳои «Ман худам овоз медиҳам», «Ман худро канор мегирам» тақсим карда хоҳанд шуд», — зикр кард намояндаи КМИР.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки то интихобт раҳбарияти КМИР Тоҷикистон бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар вохӯриҳо мегузаронад. «Аксияи «Ман худам овоз медиҳам» имрӯз дар бозорҳои бузурги пойтахт доир мегардад», — афзуд Додозода.