Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид

[b]Интихоби дигарбораи ӯ ба ҳайси раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон имрӯз, 15 октябр, зимни баргузории Анҷумани 11-уми ин иттиҳодия дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.[/b]

Ҳарчанд гурӯҳе аз хабарнигорон номзадии Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”-ро ба раҳбарии Иттифоқи журналистон пешбарӣ карданд, аммо худи ӯ инро рад намуд.

Акбари Саттор, аз медиамагнатҳои Тоҷикистон, ки чандин нашрияҳои мустақил, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад, панҷ сол боз раҳбарии ин иттиҳодияро ба ӯҳда дошт. Вай ин вазифаро аз раҳбари собиқи ин иттиҳодия марҳум Мирзоҳаёт Давлатов гирифта буд.

Оқои Саттор, ки ҳамакнун то панҷ соли дигар дар садри Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон боқӣ мемонад, гуфт, ки фаъолияти иттиҳодияро таҳким мебахашад ва ҳам барои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони тоҷик ва покизагии забони матбуот талошҳо анҷом хоҳад дод.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд.

Дар ҳоле ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд. Аз ҷумла, то ҳанӯз баҳси ҳафтаномаи “Азия-Плюс” бо муовини вазири корҳои дохилӣ, Анвар Тағоймуродов, дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе идома дорад.

Источник: http://www.ozodi.org/content/article/24360479.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *