Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мегӯяд, корпартоии журналистон ба дастгирӣ аз наворбардори «Озодагон» Абдураҳим Шукуров, ки баъди як рӯзи ҳабс бо пардохти ҷарима ва ба авбошӣ муттаҳам шуданаш озод шуд, баргузор намешавад.
Вай дар суҳбат бо TojNews гуфт, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иқдоми корпартоии расонаҳои хабариро дастгирӣ накарда буд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар изҳороти дастаҷамъонаи созмонҳои журналистӣ ва сармуҳаррирони нашрияҳои кишвар ба Рамазон Равҳимов, номи Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон дар ҷойи аввал меистад.
Дар ин изҳорот, ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, шарт гузошта шуда буд, ки агар онҳоро барои як сӯҳбати рӯбарӯ напазирад, журналистони ин расонаҳо корпартоии дарозмуддат хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти расонаҳои дигар, ки зери ин мактуб имзо кардаанд, мегӯянд баъди озод шудани Абдураҳим Шукуров, ҳоҷати корпартоиро намебинанд ва илова мекунанд, ки талаби онҳо дар мавриди ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латукӯб ва боздошти ғайриқонунии хабарнигор ҳанӯз ҳам ҷориянд ва мақомот набояд дар ин кор хунукназарона муносибат кунанд.
Ёдрас мекунем, ин нома дар пайи як ҷаласаи изтирории роҳбарони расонаҳо навишта шуда, дирӯз, 26-уми декабр ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ирсол шуд, ва дар пайи он бегоҳии ҳамон рӯз Абдураҳим Шукуров, дар суди шаҳри Душанбе ба майдаавбошӣ муттаҳам шуда, бо пардохти 320 сомонӣ ҷарима озод шуд.
Аз ин пештар, созмонҳои хабарнигорӣ ва бархе аз сардабирони нашрияҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26-уми декабр бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ боздошт ва лату кӯби Абдураҳим Шукуров, наворбардори “Озодагон”-ро маҳкум карда, аз мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муҷозоти омилони онро тақозо карданд.
http://www.tojnews.tj/akbarali-sattorov-jurnaliston-korpartoi-namekunand