Дар пасманзари шартгузории Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин ва танзими расму оин, ки 15-уми январ зимни нишасти матбуотияш баъди гузориши 40-дақиқаина ба хабарнигорон гуфт, танҳо як суолӣ диҳанд, “Озодагон” аз Акбаралӣ Саттор, раиси Иттифоқи журналистон пурсид, ки ба чунин шева ва шартгузориҳо чӣ назар дорад.
Дар мавриди ҳисоботҳои расмие, ки аз як соати барои нишасти матбуотӣ ҷудо гардида, қисми зиёди вақт барои қироати онҳо меравад, Акбаралӣ Саттор афзуд: “Нишастҳои матбуотӣ на ба он хотиранд, ки масъулин дар мавриди фаъолияти худ ба хабарнигорон ҳисобот диҳанд, балки ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб диҳанд. Ҳисоботро бигузор ба мақомоти болоӣ аз ҷумла ба дастгоҳи раисиҷумҳур диҳанд. Аз ин хотир талаб кардани хабарнигорон ин аз ҳама чизи муҳим аст.”
Раиси Иттифоқи журналистон зарур гуфт, ки дар сурате агар вазирон дар нишастҳои матбуотӣ шеваҳоеро кор баранду аз посух ба суолҳо гурезанд ва маҳдудиятҳо гузоранд, хабарнигорон бояд онро дар навиштаҳояшон аз ин нишаст ҳатман таъкид кунанд, то масъулин зимни нишастҳои матбуотии баъдӣ камбудиҳои гузаштаро ба назар гирифта, такрор накунанд.