Акбар Ҷӯраев, яке аз пойгузорони телевизиони Тоҷикистон дар сини 80-солагӣ аз дунё даргузашт.
Акбар Ҷӯраев, аз поягузорони телевизиони тоҷик ва муовини пешини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шаби гузашта бар асари беморӣ дар сини 80-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикони ӯ, маросими ҷанозаи Акбар Ҷӯраев имрӯз дар Душанбе баргузор мешавад.
Акбар Ҷӯраев аз арбобони фарҳанги Тоҷикистон ба шумор рафта ва нахустин нафаре аст, ки тугмаи оғози барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ҳамчун коргардони ҷавон, ки ҳамагӣ 23-сол дошт, дар таърихи 3-юми октябри соли 1959 пахш кард.
http://www.pressa.tj/article/akbar-churaev-poyguzori-televizioni-tochikiston-darguzasht