Акбар Ҷӯраев, яке аз пойгузорони телевизиони Тоҷикистон дар сини 80-солагӣ аз дунё даргузашт.
Акбар Ҷӯраев, аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шаби гузашта бар асари беморӣ дар сини 80-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикони ӯ, намози ҷанозаи Акбар Ҷӯраев имрӯз, 30-юми декабр дар масҷиди Сариосиёи Душанбе баргузор мешавад.
Акбар Ҷӯраев аз арбобони фарҳанги Тоҷикистон ба шумор рафта ва нахустин нафаре аст, ки тугмаи оғози барномаҳои телевизиони Тоҷикистонро ҳамчун коргардони ҷавон, ки ҳамагӣ 23-сол дошт, дар таърихи 3-юми октябри соли 1959 пахш кард.
Ӯ зодаи шаҳри бостонии Самарқанд буда ва кӯдакиашро пас аз истихдом шудани падараш ба унвони маъмури пулис, дар ноҳияи Кангурти вилояти Хатлон сипарӣ кард ва таҳсилоти миёнаро дар мактаби рақами 1-и ин ноҳия поён бурдааст. Пас аз хатми факултаи таърих-филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи аъло, ҳамчун саркоргарон барои кор ба телевизиони тоҷик омад.
Дар авохири солҳои 80 ва авоили солҳои 90-ум вай барои чанд мудат дар мақоми раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунин муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ ҳамчунин се дафъа дар мақоми муовини раиси Кумитаи радиои ва телевизиони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.
http://www.ozodi.tj/content/tajik-famous-tv-anchor-akbar-juraev-death/27456836.html