Раиси Кумита: Нақши журналистон дар пешгирии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бениҳоят калон аст

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар раванди пешгирии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ нақши ВАО-и кишварро бениҳоят калон арзёбӣ намуд.

Ӯ имрӯз дар нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки «дар ин раванди фаъолияти мақсаднок саҳми ВАО-и кишвар бениҳоят калон аст».

Ҳамозамон, Раиси Кумитаи мазкур омилҳои асосии пайвастани ҷавононро дар бехабар будан аз мақсаду мароми асосии ин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ арзёбӣ намуд.

 «Мо сабаби асосии пайватани ҷавононро ба гуруҳҳои ифротӣ гуфта наметавонем, вале сабаб якто буда наметавонад, омилҳо гуногунанд ва фикр мекунам, яке аз мушкилоти асосии ин зумраи ҷавонон дар ноогоҳ буданашон аз мақсаду мароми пинҳониву пасипардагии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аст. Бо назардошти он, ки аксари ҷавонон пушаймон шудаанд, аз ин роҳ баргаштаанд, онҳо зери таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, дар сурати ихтиёран омада арз карданашон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда истодаанд».

 Абдуллозода яқин аст, ки шиддати гаравидани шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ кам шудааст.

Тибқи иттилои сарчашмаҳои расмӣ зиёда аз 1100 нафар сокинони кишвар бюа ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ дохил шуда, дар ҷангҳои Сурия иштирок мекунанд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/12805-raisi-kumita-na-shi-zhurnaliston-dar-peshgirii-sha-rvandon-az-izbu-arakat-oi-irti-o-beni-oyat-kalon-ast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *