АИ «Sugdnews» ният дорад Фейсбукро ба ҷавобгарӣ кашад

Субҳи имрӯз аз саҳифи расмии АИ «Sugdnews», ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҳамчун www.sugdnews.tj. амал мекунад, тамоми хабару маълумот ҳазф карда шудаанд ва илова кардани иттилову навишта низ маҳдуд шудааст. Агентӣ дар сурати ҳал нашудани ин вазъият ният дорад Фейсбукро ба ҷавобгарӣ кашад. 

Дар ин бора директори агентии «Sugdnews» Баҳманёр Надиров иттилоъ медиҳад.

“Аз субҳ боз дар телефонии мобилиам паёмҳо дар мавриди пок шудани ахбор аз саҳифаи расмии www.sugdnews.tj дар фейсбук огоҳӣ меомад”, — мегӯяд Баҳманёр Надиров. — Бар замми ин, каме дертар маълум гардид, ки аз саҳифаи расмӣ он ахборе, ки хабарнигорон ё дӯстон дар саҳифаҳои шахсии худ паҳн карда буданд, пок гардидаанд”.

Айни замон аз Facebook садҳо постҳои хабарӣ, ки ба саҳифи www.sugdnews.tj тааллуқ доранд, пок шудаанд.

Ҳангоми кӯшиши паҳн намудани ахбор дар саҳифаи фесбукӣ дар ҷавоб чунин паём меояд: “Мо пости интишор намудаи шуморо пок кардем, зеро “спам” ба назар мерасад”.

Ғайр аз ин, Facebook пешниҳод мекунад, ки худро бо “меъёрҳои ҷомеа” шинос намоед, ки риоя нашудани он ба хориҷ кардани интишорҳо оварда мерасонад. Бо вуҷуди ин, мақолаҳои (зӯроварӣ ва рафтори ҷиноӣ, таҳдидҳо, шахсони хавфнок, ташкилотҳо ва ғ.), нашрияи www.sugdnews.tj ба ҳеҷ ваҷҳ мувофиқ нест ва бинобар ин, манъ кардани маҳдудияти ахбор дар сомона ҳанӯз маълум нашудааст.

Кӯшишҳои пайваст шудан бо маъумурияти Facebook то ҳол ҳеҷ ҷавобе надодааст.

Ҳуршедҷон Ниёзов, муассиси “Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон” ва ИА «Sugdnews», гуфт, ки бо ҳамкорони дохил ва коршиносони дар Украина, Қазоқистон ва Русия буда барои ҳалли вазъият муроҷиат кардааст, вале то ҳол натиҷае надодааст. Агар ин мушкилӣ бартараф нашавад, агентӣ ният дорад, ки нисбати Facebook ба судҳои байналмилалӣ муроҷиат намояд.

http://www.faraj.tj/index.php/tj/khabari-r-z/17013-agentii-ittilootii-sugdnews-niyat-dorad-fejsbukro-ba-sud-di-ad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *