Афзоиши қимати нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон

Қимати бисёре аз нашрияҳои мустақил дар Душанбе афзоиш ёфтааст.

Масъулони ин ҳафтаномаҳо мегӯянд, ки болоравии қимати коғаз, ки аз Русия ворид мешавад, онҳоро ночор сохтааст, ки арзиши нашрияҳоро боло бубаранд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки чунин болоравии нархи нашрияҳо ба коҳиши қобили мулоҳизаи тирожи ҳафтаномаҳо мунҷар хоҳад шуд.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи хусусии “Фараж”, мегӯяд, ки дар ҳафтаи гузашта қимати як кило коғаз аз 90 сенти омрикоӣ то як дулору панҷ сент афзоиш ёфт.

Вай афзуд: «Дар чунин шароите мо наметавонем арзиши қаблии шумораи ҳафтаномаи худро ҳифз кунем. Ба ин далел, ҳоло мо ҳар як нусхаи ҳафтаномаро бар ивази як сомониву сӣ дирам ба фурӯш мегузорем, ки дар муқоиса бо ҳафтаи пеш 20 дирам бештар аст.»

Вале бархе аз фурӯшандаҳои нашрияҳо дар хиёбонҳои Душанбе ҳар як нусхаи ин ҳафтаномаро ҳамакнун дар ивази як сомониву 80 дирам ба фурӯш гузоштаанд.

Яке аз ин фурӯшандаҳо, ки худро Саид муъаррифӣ кард, мегӯяд аз он нигарон аст, ки ҳамакнун бозори матбуъот коҳиш ёфта ва тирожи нашрияҳо низ пойин хоҳад рафт.

Вай гуфт: «Ин ҳафта нархи нашрияҳо афзоиш ёфта ва намедонем ин мавзӯъро ба муштариён чигуна фаҳмонем. Эҳтимолан шумори харидорон камтар хоҳад шуд.»

Дар ҳамин ҳол, як мард, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе шумораҳои ҷадиди чанд нашрияро харидорӣ мекард, аз афзоиши қимати онҳо огоҳ шуда, тасмим гирифт, ки танҳо як ҳафтаномаро харидорӣ кунад.

Вай гуфт, ки вазъи молияш имкон намедиҳад, ки нашрияҳои бештареро харидорӣ кунад. «Ҳуқуқи моҳонаи ман ҳудуди 300 сомонӣ аст ва дар гузашта ҳар ҳафта то панҷ шумораи нави нашрияҳоро мехаридам, ҳоло арзишаш боло рафтааст.»

Хуршеди Атовулло коҳиши тирожи нашрияи худ дар пайи афзоиши қимати онро баъид намедонад, вале мегӯяд, ки «мо ночорем ва илоҷи дигари ҳалли ин мушкил феълан вуҷуд надорад.»

Камоли Қурбониён, сардабири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, нашрияи расмии давлати Тоҷикистон, мегӯяд, ки болоравии қимати коғаз ба нашрияи онҳо асар нагузоштааст, зеро онҳо миқдори зарурии коғазро барои соли ҷорӣ дар авохири соли гузашта харидорӣ кардаанд.

Вай афзуд: «Ҳоло тирожи мо 28-29 ҳазор нусха аст ва танҳо як ҳазор нусха ба фурӯш гузошта мешавад. Бақияи нашрия тибқи обуна тавзеъ мешавад. Чун мо аз имкони молӣ бархурдор будем, тавонистем саривақт коғаз харидорӣ ва захира кунем.»

Саймуддин Дӯстов, муассиси нашрияи мустақилли “Нигоҳ”, мегӯяд, ки ин ҳафта қимати шумораи ҷадиди ин нашрияро боло набурдааст.

Вале вай афзуд: «Ночор мешавем, ки то як-ду ҳафтаи дигар арзиши ҳафтаномаро боло бубарем.»

Ба эътиқоди вай, низоми нархгузории нашрияҳо дар Тоҷикистон «нодуруст» ва аз сӯйи гурӯҳҳое танзим мешавад, ки «ҳамзамон соҳиби чанд расона ҳастанд.»

Оқои Дӯстов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои пешрафта то 70 дарсади махориҷи чопи нашрия аз чопи огаҳиҳо ва таблиғоти бозаргонӣ таъмин мешавад ва ба ин далел, афзоиши қимати коғаз дар нархи матбуъот чандон таъсире намегузорад.

Вай гуфт: «Мутаассифона, дар Тоҷикистон нашрияҳо танҳо аз роҳи фурӯши тирожи худ суд ба даст меоваранд ва болоравии қимати коғаз сареъан дар арзиши ин нашрияҳо асар мегузорад.»

Саймуддин Дӯстов муътақид аст, ки болоравии ахири нархи нашрияҳо дар вазъи озодии баён дар Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт. Вай афзуд: «Ҳар як нусхаи нашрияҳо то 45 сенти омрикоӣ арзиш хоҳад дошт. Бо дарназардошти вазъи иқтисодии мардуми Тоҷикистон ин қимат хеле баланд аст.»

Ин масъули нашрияи “Нигоҳ” бар ин назар аст, ки феълан барои сокинони Тоҷикистон қимати 70-дирамии нашрияҳо муносиб аст, вале иҷрои ин амр ғайримумкин шудааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мутмаин аст, ки афзоиши қимати нашрияҳо дастрасии мардум ба манобеъи иттилоъотиро маҳдудтар хоҳад сохт.

Оқои Қаршибоев мегӯяд, ки яке аз роҳҳои таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои дастрасӣ ба иттилоъот роҳандозии имтиёзот аз сӯйи давлат аст.

Вай афзуд: «Давлат метавонад таъмини коғаз ва маводди дигари зарурӣ барои интишори нашрияҳро бо имтиёзоте роҳандозӣ кунад ва ба ин тартиб, ҳуқуқи шаҳрвандон ба дарёфти иттилоъро таъмин созад.»

Гузашта аз ин, масъулони нашрияҳо мегӯянд, ки тасмимоти ахири шаҳрдории Душанбе дар бораи манъи фурӯши нашрияҳо дар бархе аз хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон аз сӯйи тавзеъкунандагони хусусӣ низ ба вазъи молии ҳафтаномаҳо асар мегузорад.

Ба гуфтаи онҳо, дар пайи иҷрои ин муқаррарот бозори нашрияҳо то андозае аз равнақ уфтода ва тирожи бисёре аз нашрияҳо ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи “Фараж”, мегӯяд, ки дар гузашта танҳо дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе то 1800 нусха аз ин ҳафтанома ба фурӯш мерафт. Ҳоло ин рақам баробари ҳич аст.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/04/110413_if_press.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *