Ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола шуд

[b]Имрӯз ҳафтаномаи иттилоотиву сиёсии «Нигоҳ» 5-сола мешавад. Панҷ сол муқаддам як ҷаридаи нав, ки дар саҳфаҳои худ масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварро бо усул ва баёни хоса ҷой медод, ба майдони матбуоти тоҷик ворид шуд.[/b]

Ҳафтанома бо ташаббуси Саймиддин Дӯстов, раиси Созмони ҷамъиятии «ИНДЕМ» — муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» нашр шуд ва ҳамчун «нашрия барои интелектуалҳои кишвар» мавзеъгирӣ мекард. Сармуҳаррири нахустини он — журналисти шинохта ва муаррихи варзида Нуралӣ Давлат буд, ки баръакси тарҳҳои дигари матбуотӣ дар атрофаш на журналистони варзида, балки ҷавононро ҷамъ овард.

Дере нагузашта, номҳои журналистони ҷавон — Фазлиддин Асозода, Фаридун Раҳнавард, Ҳарамгули Қодир, Абдуазими Абдуваҳҳоб, Мушкинисо Хоҷаева, Эраҷи Амон ва дигарон вирди забонҳо гашт ва «Нигоҳ» ҳамчун нашрияи миллии мустақил эътироф шуд. Дар солҳои 2007, 2008 ва 2009, замоне, ки ҳама ҷоизаҳои бонуфузи журналистиро созмонҳои байналмилалӣ таъсис медоданд, «Нигоҳ» ва кормандонаш, тақрибан, ҳамаи онҳоро соҳибӣ мекарданд. Дар солҳои баъдӣ низ журналистони «Нигоҳ» аз беҳтаринҳо буда, худи нашрия бо унвонҳои «Беҳтарин нашрияи сол» ва «Беҳтарин ҳимоятгари ормонҳои миллӣ» сарфароз карда шудааст. Ба эътирофи умум, стратегияи мустақили хабарӣ, таҳлилҳои амиқи масоили иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ, усули хоси баёни журналистӣ, мустақилият аз ҳукумату аҳзоби сиёсӣ, гурӯҳҳои моливу пулӣ ва рекломдиҳандагони бузург, ҷуръати журналистӣ ва мавзеъгирии шадид дар масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон аз вижагиҳои «Нигоҳ» мебошанд.

Роҳи панҷсолаи «Нигоҳ» ҳамвор набуда, дар ин муддат нашрия ду бор баста шудааст. Ахирин бор дар моҳи октябри соли 2010 «Нигоҳ» зери фишор болои чопхонаҳои кишвар аз чоп монд, вале бо фаъол шудани «Кумитаи 29-уми сентябр» ва дастгирии ҷомеаи байналмилал дубора ба чоп расид. Ҳарчанд «Нигоҳ» сиёсати фош накардани баҳсҳои судиро амалӣ менамояд, аммо ҳудуди даҳ маротиба дар мурофиаҳои судӣ ғалаба кардааст. Ахирин баҳси судии «Нигоҳ» бо Гвардияи миллии ҶТ Тоҷикистон атрофи мақолаи «Дуздӣ дар ИБО-и «Роғон» буд.

Дар ҳоли ҳозир, «Нигоҳ» аз муваффақтарин нашрияҳои миллӣ маҳсуб ёфта, бо шиори «Иттилооти мустақил ва таҳлилҳои касбӣ барои одамони фаъол» мавзеъгирӣ менамояд.

Бо истифода аз фурсат, тими TojNews ҳайати эҷодии «Нигоҳ»-ро бо ҷашни мубораки 5-солагӣ табрик гуфта, ба эшон муваффақиятҳои нав ба навро орзуманд аст.

TojNews

Источник: http://tojnews.org/taj/index.php?option=com_content&task=view&id=21122&Itemid=28

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *