Ҳафтаномаи «ASIA-Plus» боз ба додгоҳ кашида шуд

[b]Раиси бахши ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳафтаномаи «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кашида ва пардохти як милюн сомонӣ ғароматро аз ин нашрия тақозо кардааст.[/b]

Анвар Тағоймуродов иддаъо дорад, ки ин нашрия бо чопи матолиби таҳвиномез ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ латма задааст.

Вале масъулони нашрия ва вакили мудофеъи он ин итиҳомро бепоя медонанд. Бо ин вуҷуд, қарор аст якуми феврал додгоҳ дар ҷаласаи нахустини худ ин қазияро баррасӣ кунад.

Анвар Тағоймуродов ба унвони далел ба матлаби «Тафтиш ё инквизитсия», ки авоили моҳи декабр дар нашрияи «ASIA-Plus» чоп шуд, ишора кардааст, ки дар он аз мавориди шиканҷа алайҳи боздоштшудагон дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд интиқод шуда буд.

Муаллифи ин матлаб аз номи пайвандони афроде, ки иддаъо мекунанд мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, навиштааст, ки маъмурони пулис барои дарёфти гувоҳӣ аз онҳо аз зарбу шатм истифода кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин матлаб таъкид шудааст, ки созмони Афви Байналмилалӣ (Amnesty International) иддаъо дорад, ки дар фаъолияти бахши ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд аз шиканҷа ба сурати фаровон истифода мешавад.

Вале оқои Тағоймуродов ин иддаъоҳоро “беасос” хонда ва гуфтааст, ки «ASIA-Plus» бо чопи чунин матолибе эътибори чунин як ниҳоди қудратии Тоҷикистонро пойин бурда ва ин матлаб аз “таҳвин ва иттилоъоти муғризона” иборат аст.
Дар мақолаи «ASIA-Plus» аз ҷумла зикр шуда буд, ки шояд яке аз далоили ҳамлаи интиҳории моҳи сентябр ба бахши ҷароими созмонёфтаи пулис дар вилояти Суғд ҳамин вуҷуди мавориди густардаи шиканҷа дар ин ниҳод буда бошад.

Аммо бо ишора ба ин нукта, оқои Тағоймуродов дар шикояти худ ба додгоҳ навиштааст: «Аз ин навиштаҳои Р. Мирзобекова ва хабарнигорони дигар чунин бармеояд, ки онҳо омилони ин ҳамлаи теруристиро мешинохтанд, аз нияти бади онҳо огоҳ буданд ва эҳтимолан бо онҳо робита доштанд.»

Оқои Тағоймуродов ҳамчунин ба матлаби дигаре аз ин нашрия ишора кардааст, ки дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани мулло Мавлавии Абдуқаҳҳор, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Фаромуз Амонбеков, як сокини шаҳри Хоруғ, ҳикоят мекунад. Вай иддаъоҳои матраҳшуда дар ин матлабро низ “беасос ва бӯҳтон” номидааст.
Марат Мамадшоев, муҳаррири нашрияи «ASIA-Plus», дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки баъд аз чопи ин матолиб ҳеҷ вокунише аз сӯйи мақомоти пулис ба он ироа нашуда буд. Вай афзуд, ки ин иддаъои оқои Тағоймуродовро қабул надорад, зеро «куллияи иттиҳомот бепоя аст.»

Оқои Мамадшоев ҳамчунин аз он изҳори таъаҷҷуб кард, ки агар чопи ин матолиб ба эътибори бахши ҷароими созмонёфтаи пулис асар гузошта бошад, пас чаро оқои Тағоймуродов аз номи худ ба додгоҳ муроҷиъа кардааст?

Вай афзуд: «Оқои Тағоймуродов тақозо кардааст, ки як милюн сомонӣ ба суратҳисоби хусусии вай ирсол карда шавад. Магар бахши ҷароими созмонёфтаи пулис ба ширкати тиҷоратӣ табдил шудааст?»

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи нашрияи «ASIA-Plus», мегӯяд, ки феълан аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад, зеро қарор аст якуми феврал муҳокимаи нахусти додгоҳӣ оғоз ёбад.

Вале вай афзуд: «Даъвои оқои Тағоймуродов комилан бепоя аст. Гузашта аз ин, наҳваи таҳияи даъво аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст нест ва ман таъаҷҷуб мекунам, ки чаро додгоҳ ин гуна даъворо ба баррасӣ гирифтааст?»

Зимнан, барои бори нахуст нест, ки «ASIA-Plus» вориди қазияҳои додгоҳӣ бо афроди мухталиф мешавад. Соли гузашта чанд тан аз қуззоти тоҷик алайҳи нашрияҳои «ASIA-Plus», «Озодагон» ва «Фараж» ба додгоҳ шикоят карда ва пардохти панҷ милюн ғароматро аз ин ҳафтаномаҳо тақозо карда буданд.
Матолиби мавриди баҳс ба баррасии забоншиносон ироа шуд ва тӯли чанд моҳи ахир муҳокимаи ин қазия ба таъвиқ дароварда шудааст.

Соли гузашта Саломат Сафарова, як сокини Душанбе низ «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳ кашида ва пардохти 12 ҳазор сомониро тақозо карда буд. Вале нашрия дар ин қазия баранда шуд.

Соли 2007 масъулони ширкати «Ситора», ки гуфта мешавад ба яке аз духтарони Президент Раҳмон муртабит аст, нашрияи «ASIA-Plus»-ро ба додгоҳ кашида ва пардохти 250 ҳазор сомонӣ ғароматро тақозо карданд. Вале дар ниҳоят ин қазия бо созиши ҷонибҳо анҷом ёфт.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, мегӯяд, ки афзоиши мавориди ба додгоҳ кашидани нашрияҳои мустақил дар ин кишвар падидаи хуб аст, ки нишонгари ҳалли мадании қазияҳо мебошад.

Вале аз сӯйи дигар, ба гуфтаи оқои Қаршибоев, чунин ба назар мерасад, ки баррасии ин қазияҳо дар додгоҳҳо замони тӯлонӣ сурат мегиранд, ки дар ниҳоят, фаъолияти расонаҳоро бо мушкил мувоҷеҳ мекунанд ва ин амр мӯҷиби афзоиши худсонсурӣ дар миёни хабарнигорон мешавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2011/01/110127_if_court_asiaplus.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *