Ҳабибулло Ташрипов бо пардохти ҷарима дар додгоҳ озод шуд

[b]Ҳабибулло Ташрипов, як масъули Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон, дар “қаллобӣ дар ҳаҷми бузург” муҷрим шинота шуда ва бо пардохти 61 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шудааст.[/b]

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ахиран оқои Ташриповро, ки пештар дар симати раиси бахши тиҷоратии Кумитаи родию ва телевизиюни давлатии Тоҷикистон ифои вазифа мекард, дар тасарруф, қаллобӣ ва ҷаъли аснод муҷрим шинохтааст.

Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки вай дар «ҳаҷми бузург» ҳамаи ин ҷароимро муртакиб шудааст. Бо ин вуҷуд, додгоҳ тасмим гирифтааст, ки оқои Ташрипов бо пардохти 61 ҳазору 512 сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шавад.

Ҳабибулло Ташрипов моҳи сентябри соли гузашта аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ боздошт шуда буд.

Он замон гузориш шуда буд, ки оқои Ташрипов, ки гуфта мешавад аз наздикони Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюн аст, ба ҳангоми гирифтани сӣ ҳазор дулор ришва боздошт шудааст.

Бархе аз соҳибназарон боздошти як мақоми Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба иттиҳоми ришваситонӣ бо чунин маблағи бузургро барои ин кишвар бесобиқа хонда буданд.

Дар гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон барои иртикоби чунин ҷароиме муттаҳамонро барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон мекарданд.

Вале қозии додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҳабибулло Ташриповро танҳо ба пардохти ҷарима маҳкум кардааст. Зеро тибқи мусаввабаи додгоҳ, оқои Ташрипов зиёни воридшударо ба давлат бозпардохтааст.

Дар мусаввабаи додгоҳ омадааст, ки тибқи қонуни ҷазои Тоҷикистон, оқои Ташрипов дар се банди ин қонун муҷрим шинохта шуда ва бо пардохти ҷарима аз толори додгоҳ озод карда шавад.

Ҳамчунин, додгоҳ ҳукм кардааст, ки молу мулки оқои Ташрипов мусодира карда шавад ва ӯ наметавонад тӯли якуним соли оянда дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон ба симате интисоб шавад.

Додгоҳ ҳамчунин Ҳалим Раҳимов ном шаҳрвандро ба ҷурми ҳамдастӣ бо оқои Ташрипов дар тақаллуби аснод ба пардохти 3500 сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст. Зимнан, ҳукми додгоҳ алайҳи ин ду нафар ба иҷро даромада ва ҷонибҳо дархости истиноф (кассатсия) накардаанд.

Як масъули Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки масъулони ин ниҳод бо ҳукми додгоҳ мувофиқанд, зеро дар ниҳоят, иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Ташрипов дар додгоҳ собит шудааст.

Вале ба гуфтаи вай, ахиран дар қонуни ҷазо ё кайфарии Тоҷикистон ислоҳоте ворид карда шуд, ки тибқи он, афроди муҷрим ё муртакиби бархе аз ҷиноёт, назири қаллобӣ, тасарруф ва тақаллуби аснод бо пардохти ҷарима метавонанд аз маҳбас озод шаванд.

Ба ин тартиб, ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон мехоҳад зиёни молие, ки дар пайи фаъолияти ин афрод ба буҷети кишвар ворид шуда, ҷуброн кунад ва муҷримон тавонанд “кору фаъолияте” дошта бошанд.

Абдуқаюм Юсупов, ҳуқуқдони мустақил, мегӯяд, ки дар моҳи июни соли гузашта ба ибтикори Президент Раҳмон дар қонуни ҷазои Тоҷикистон ислоҳоте ворид карда шуда буд.

Ҳадафи ин ислоҳот сода кардани муҷозот барои иртикоби ҷароими ба истилоҳ “иқтисодӣ ва молӣ” унвон шудааст. Оқои Юсупов мегӯяд, ки агар зиёни иқтисодии ин гуна ҷароим ҷуброн карда шавад, додгоҳ метавонад шахси гунаҳгорро бо пардохти ҷарима аз зиндон озод кунад.

Вай гуфт, ки дар ивази як рӯзи зиндон 17,5 сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст. Бо дарназардошти ҳаҷми умумии ҷаримаи Ҳабибулло Ташрипов чунин баровард мешавад, ки ҳукми додгоҳ алайҳи ин масъули собиқи Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон муъодили 10 соли зиндон будааст.

Зимнан, дар бархе аз кишварҳо аз чунин таҷруба зиёд истифода мешавад. Вале маъмулан қонуни ин кишварҳо муқаррар кардааст, ки ҳаҷми ҷарима аз ҳаҷми зиёни ворида бояд бамаротиб бештар бошад.

Ба унвони мисол, дар Русия барои ришваситонӣ шахси мазнун бояд ба буҷети кишвар маблағи то даҳ маротиба бештар аз ҳаҷми ришваро пардохт кунад ва сипас, ӯ метавонад аз зиндон озод шавад.

Дар ҳамин ҳол, Иззатулло Шарипов, раиси идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо хабаргузории «ASIA-Plus» гуфтааст, ки ҳоло теъдоди 10 ҳазор маҳбус дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ки ин рақам бештар аз зарфияти зиндонҳост.

Ба гуфтаи оқои Шарипов, вай хостори ин аст, ки шумори зиндониён аз роҳи ҷойгузин кардани ҷарима ва корҳои иҷборӣ ба ҷойи ҳукми зиндон дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.

Источник: http://www.bbc.co.uk/tajik/institutional/2011/06/110601_if_court_corruption.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *